Загрузил mironss2021

М 14 ва 15 усулхои тахлили физико-химияви

реклама
Усулҳои физико-химиявии
анализ ё таҳлил
Накша



Усулҳои физико-химиявии таҳлил, таснифи
усулҳои физикӣ ва физико-химиявии (асбобии)
таҳлили миқдорӣ: электрохимиявӣ, спектралӣ
(оптикӣ), хроматографӣ ва дигарҳо.
Тавсифи умумии ин усулҳо.
Истифодаи усулҳои физико химиявӣ барои
муайян намудани таркиб, хосият ва сифати
маводи хӯрока, оби нӯшока, шир, шароб ва
дигарҳо.

Дар лабораторияхои истехсолот ва
тадкикоти дар катори усулхои оддии
химиявии тахлил инчунин усулхои
физико-химиявии тахлил васеъ
истифода бурда мешавад. Онхо аз
дигар усулхо бо хассоснокии баланд ва
бо тези ба анчом расидани
муайянкунихои тахлили фарк мекунад.

Хангоми гузаронидани тахлил бо усули
физико-химияви ба итмом расидани
реаксияи тахлили (нуктаи эквиваленти)
ба таври визуали () не, балки бо ёрии
тачхизотхои махсус муайян карда
мешавад. Ин тачхизотхо тагирёбии
хосиятхои физикии моддаи ё маводи
тадкикшавандаро, ки дар нуктаи
эквиваленти ба амал меояд, ба кайд
мегирад. Аз руи ин хосиятхо дар бораи
мавод хулосахои зурури бароварда
мешавад.

Дар аксар холатхо барои гузаронидани
тахлил ягон хел реаксияи химияви
гузаронида намешаваду, танхо ягон
нишондихандахои хосиятхои физикии
маводи тадкикшаванда - чараёнгузарони,
фурубарии рушнои, нуршикани,
лаппиши мавчи ва дигархо чен карда
мешавад.


Аз байни ин усулхо бештар 3-тоаш
ахамияти амали дорад, ба монанди:
электрохимияви, оптики ё спектрали ва
хроматографи мебошад.
Усули электрохимияви ба вобастагии
байни таркиби моддаи тадкикшаванда ва
хосияти электрохимиявии он асос карда
шудааст. Ба ин усул инчунин усулхои
тахлили кондуктометри, потенсиометри,
полярографи дохил мешавад.


Дар усули спектрали ва ё оптики алокаи
байни таркиби моддаи тадкикшаванда ва
хосияти оптикии он истифода бурда
мешавад. Ба ин гурух усулхои
рефрактометри, колориметри ва
спектрофотометрии тахлил дохил
мешавад.
Усули хроматографи - ба таъсири
байнихамдигарии модда ва сорбент асос
карда шудааст ва барои тахлили
омехтахои мураккаб истифода бурда
мешавад.


Хангоми гузаронидани тахлилхо бо усули
физико-химияви тачхизотхои нисбатан тархи
оптики ва баркии мураккаб дошта мавриди
истифода карор мегирад. Бинобар ин номи
дигари ин усул усули тахлили инструменти
мебошад.
Бо сабаби соддаги, бо тези ичрошави, сахехи ва
хассосияти баланд доштан усули физикохимияви дар сохахои гуногуни саноат ва хочагии
халк васеъ истифода бурда мешавад. Ахамияти
асосии ин усулхо аз он иборат аст, ки дар асоси
натичаи онхо на танхо назорати тахлили бурда
мешавад, инчунин мунтазам гузарониши рафти
корхои технологи дар саноат ба рох монда
мешавад.

Усули электрохимияви (ё электрогравиметри)
барои микдоран муайян намудани металлхои
чудогона, баъзе оксидхо ва намакхои
бадхалшаванда истифода мегардад. Он ба
электролизи махлулхо асос карда шудааст. Аз
руи массаи моддаи чудошуда, дар бораи
мавчудияти он дар таркиби моддаи
тадкикшаванда мухокима ронда мешавад. Дар
ин усул электродхое истифода бурда мешаванд,
ки ба талаботхои зерин чавоб дода тавонад: он
на бояд бо моддахои таркиби махлул ба
реаксияи химияви дохил шавад; аз таъсири
оксигени хаво оксид нашавад. Тахшинии
хангоми электролиз хосил шуда, ба электрод
зич чамъ шавад. Ба ин талаботхо бештар
электроди пластинаги чавоби пурра дода
метавонад.
 Ба
диккататон ташаккур
Скачать