Загрузил salim.bobonazarov.sb

Презетация Концепции СМОД

Реклама
МОНИТОРИНГИ ИҶТИМОӢ
ВА МУКОЛАМАИ ҶАМЪИЯТӢ
Мақсад ва мафҳумҳои асосӣ
Маълумоти умумӣ оиди барнома
Дастрасӣ ба адолат як ҳуқуқи бунёдии инсон аст, ки дар бисёр конвенсияҳо
ва ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ, инчунин дар Ҳадафҳои Рушди Устувор 2015-2030
эътироф шудааст. Инро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон,
инчунин санадҳои миллии стратегӣ ва барномавӣ, аз он ҷумла Барномаҳои
ислоҳоти судӣ ва ҳуқуқӣ кафолат медиҳанд.
Филиали Ассотсиатсияи “Хелветас Свисс Интеркооперейшн” дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар консорсиум бо БРСММ, бо дастгирии
молиявии Хукумати Швейтсария лоиҳаи «Дастрасӣ ба адолат»-ро
амалӣ менамояд.
Ҳадафи асосии лоиҳа такмили платформаи дастрасӣ ба адолат барои
шаҳрвандҳои осебпазир, хусусан занон ва оилаҳои онҳо, тавассути
таъсис ва бехтар намудани низоми давлатии ёрии ҳуқуқии ройгон,
инчунин тақвияти иқтидори ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи ислоҳот
дар волоияти қонун.
Мақсад
Ташкил ва таҳкими платформа барои муҳокимаи масъалаҳои
асосии дар ҷараёни мониторинги иҷтимоӣ муайяншуда тавассути
муколамаи ҷамъиятӣ бо мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ
дар сатҳи маҳаллӣ дар соҳаи волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат,
инчунин баланд бардоштани иқтидори ҷонибҳои манфиатдор ва
мустаҳкам намудани ҳамоҳангсозии онҳо.
Вазифаҳо
• Таҳия ва татбиқи воситаҳои мониторинги иҷтимоӣ, бо тавсифи нақшҳои шахсони ҷалбшуда;
• Ташкили платформаи муколамаи ҷамъиятӣ дар заминаи шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ ва методӣ
оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти
иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои интихобшуда;
• Баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар бораи консепсияи мониторинги
иҷтимоӣ ва муколамаи ҷамъиятӣ, инчунин тартиби гузаронидани он бо мақомоти давлатӣ
дар соҳаи волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ дар сатҳи маҳаллӣ;
• Эҷод намудани робитаи устувор байни мақомотҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ
ва кумитаҳои маҳалла тавассути баргузори муколамаҳои ҷамъиятӣ
• Баргузории муколамаи ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳои дастрасӣ ба адолати
судӣ дар сатҳи маҳал, бо истифода аз Шӯрои ҳамоҳангсозӣ-методӣ оид ба
таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони ҶТ дар назди Ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо
• Тақвият додани дониш/маҳорати намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти
маҳаллӣ, ки дар раванди муколама иштирок доранд.
Мафҳуми мониторинги иҷтимоӣ
• Мониторинг - як раванди мунтазами ҷамъоварӣ ва таҳлили иттилоот барои пайгирии
пешрафти нақшаҳои ба нақша гирифташуда ва санҷиши риояи стандартҳои
муқарраршуда мебошад.
• Мониторинги иҷтимоӣ - ин системаи давра ба давра ҷамъоварӣ, ҷамъбаст ва таҳлили
иттилооти ҷамъовардашуда ва пешниҳоди маълумоти ҷамъовардашуда, барои қабули
қарорҳои муштарак бо Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ», ки ба баланд
бардоштани сифати ёрии ҳуқуқии аз ҷониби бюрои давлатии ҳуқуқӣ пешниҳод мегардад,
равона шудааст.
• Аҳамияти мониторинги иҷтимоӣ дар муколамаи иҷтимоӣ дар сатҳи маҳаллӣ:
Дар доираи ин дидгоҳ/барнома байни намояндагони Мақомотҳои иҷроияи
ҳокимияти давлатӣ ва намояндагони кумитаҳои маҳаллаҳо муколамаҳо баргузор
мегарданд. Мақсад аз баргузории муколамаҳо, ин ба даст овардани созиш ва/ё
ҳалли масъалаҳои волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ, инчунин масъалаҳо
вобаста ба афзоиши саводнокии ҳуқуқии аҳолӣ мебошад.
Воситаҳои баргузории мониторинги иҷтимоӣ
A
B
C
D
Е
Муколамаи ҷамъиятӣ
МАФҲУМ
НАҚШ
ЗАМИНА БАРОИ МУКОЛАМА
Саволҳо
Ташаккур ба диқататон!
Скачать