Загрузил rasulovrasul2008

Таърихи Халқи Тоҷик синфи 10

реклама
Н. ЊАКИМОВ
ТАЪРИХИ
ХАЛЌИ ТОЉИК
Китоби дарсї барои синфи 10-уми
муассисањои тањсилоти умумї
Вазорати маориф ва илми
Љумњурии Тољикистон
тавсия кардааст
ДУШАНБЕ
МАОРИФ
2017
ББК 63.3 (2 тољик)+74.263.1
Њ-27.
Њ-27. Н. Њакимов, Таърихи халќи тољик. Китоби дарсї
барои синфи 10-ум. Душанбе, Маориф, 2017, 288 сањ.
Хонандагони азиз!
Китоб манбаи донишу маърифат аст, аз он бањравар шавед ва онро эњтиёт кунед. Кўшиш намоед, ки соли хониши оянда њам ин китоб бо намуди аслиаш дастраси додару
хоњарчањоятон гардад ва ба онњо њам хизмат кунад.
Љадвали истифодаи китоб:
№
Ному
насаби
хонанда
Синф
Соли
тањсил
Њолати китоб
(бањои китобдор)
Аввали
сол
Охири
сол
1
2
3
4
5
ISBN 978-99947-1-460-5
© МАОРИФ, 2017
Моликияти давлат
САРСУХАН
Таърих як ќисми хотираи халќ аст. Бо њама пастию баландињояш, бо њама хубу бадињояш, бо њама фардњои љоњилу оќилаш дар ёди њамзамонону дар сабти ќаламкашонаш
боќї мемонад. Њар давру замони таърихї хусусиятњои худро
дорад. Бо њамон хусусиятњояшон давлатњою халќњо, њокимону ќањрамонњо ва ањли зањмат ба таърих ворид мешаванд.
Тољик давлатњои абарќудрату императорї (Њахоманишиёну Сомониён), мустаќилу дар ињотаи давлатњои абарќудрат (Тахористон, Суѓд, Ѓуриёну Тољикистони Шўравї) ва
хурду тобеъ (Тоњириён, Саффориён, Куртњо, Сарбадорон)
дошт. Тољик инчунин, шоњони одилу (Анўшервони Одил,
Исмоил) ќањрамонњои бењамто (Рустам, Исфандиёр, Спитамен, Муќаннаъ, Восеъ), шањрњои номї (Балх, Њирот, Нишопур, Бухоро, Самарќанд, Гурганљ, Хуљанд) дошт. Њамаи
ин номњо сањифањои дурахшону њузнангези халќи тољик буданд ва дониста мешаванд. Бо њамаи ин хонандаи мо шинос аст. Акнун дар ин китоб хонанда боз бо як сањифаи ба
ќаъри таърих рафтаи халќи тољик - Тољикистони Шўравї,
ки пур аз тазодњои сиёсї, иљтимої, фарњангї ва инсонист
шиносої пайдо мекунад. Китоб, ки солњои 1917-1945-ро дар
бар мегирад, давраи бенињоят пурмољаро, њассос, печидагињои сиёсї, иќтисодї ва тамаддунии халќи тољикро фаро
гирифтааст. Хусусиятњои хоси ин давраи таърихи халќи
тољикро амали назарияи пролетарии имконияти сохтмони
сотсиализм дар мамлакати аз љињати иќтисодї, фарњангї ва
сиёсї ќафомонда (ба мисли Тољикистони ибтидои асри ХХ)
ташкил медињад, яъне хонандагон дар синфњои 8 ва 9 – иттилоъ пайдо карда буданд, ки тољикон аз асри Х111 сар карда, дар сари ќудрат (давлат) набуданд. Дар њоле, ки бис-ёр
халќњои љањон дар Аврупо ва Осиё давлатњои мутамаддин
таъсис дода, иќтисодиёту фарњанги онњо аз тољикон ба садсолањо пеш рафта буд. То соли 1918 тољикон дар њайати њукуматњои бегонапарасту ѓосиб (Бухоро, Афѓонистон, Русия)
3
буданд. Сулолањои њукмрони ин давлатњо турку (манѓиту)
афѓонї (паштунї) буданд. Ин китоб хонандаро ба равандњои таъсисёбии давлатњои миллии тољикон – РАСС Тољикистон, РСС Тољикистон ва Тољикистони солњои 1917-1945
ва инчунин ба таърихи мухтасари онњо ошно месозад. Аљоиботи дигар он ки таърихчиёну сиёсатмадорони даврони
шўравї, барои хизмати инќилобњои солњои 1917 ва 1920-ро
нишон додан бо овози баланд љор заданд, ки тољикон баъди њазор соли бедавлат мондан акнун дар даврони шўравї
соњибдавлат гардиданд. Вале хомўш аз он ки њамеша забони
давлатии њукуматњои туркию паштунии Бухорою Кўќанд ва
Афѓонистон тољикию дарї буд. Ќисмати дигари тољикони
дар Эрону (Хуросон, Систон, Мозандарон) Чин зиндагї
мекардагї умуман фаромўш гардида буданд. Дар асри ХХ
таърихи давлатдории тољиконро фаќат дар њудудњои Русия
ва мустамликаи он Бухоро ба назар гирифтанду халос. Аз
ин рў, дар матни ин китоб аз боби барои чї ин тавр ранг
гирифтани масъала њам сухан меравад.
Мавзўи њар як дарс дар фаслу бобњо мушаххас оварда
шудааст, ки омўзгорро аз љустуљўйи мавзўи дарсї озод мекунад. Њар як дарс бо мавзўъчањо ва саволњои пурсишу мустањкамкунї таъмин аст. Маводди ин китоб, ки барои муассисањои тањсилоти умумї, литсею гимназияњо пешнињод
шудааст, аз камбудињо орї нест. Аз ин рў, муаллиф фикру
андеша ва пешнињоди њамаи онњоеро, ки барои пуррагї ва
бењбудии китоб равона шудааст, бо мамнуният ќабул хоњад
кард.
Муаллиф
4
ФАСЛИ 1
ТОЉИКИСТОН ДАР ДАВРАИ БУНЁДИ АСОСЊОИ
ЉОМЕАИ СОТСИАЛИСТЇ. ГУЗАРИШ АЗ
ФЕОДАЛИЗМ БА СОТСИАЛИЗМ (1917-1937)
МАВЗЎИ 1. ТОЉИКИСТОН ДАР ДАВРАИ БУНЁДИ
ДАВЛАТИ МИЛЛЇ - ШЎРАВИИ СОТСИАЛИСТЇ
(1917-1924)
§ 1. ТАШКИЛЁБИИ СОХТОРИ ИДОРАЊОИ
ДАВЛАТИИ ЊОКИМИЯТИ ШЎРАВЇ
Хусусиятњои ташкили њокимияти давлатї дар Тољикистон. Хусусиятњои ташкили њокимияти давлатї дар Тољикистон хеле зиёданд. Аввалан, тољикон пеш аз инќилоб
њукуматњои миллии худро надоштанд, онњо дар њайати
њукуматњои бегонапараст (манѓитњо ва паштунњо), ѓосиб
(Русия) ва ѓайра ќарор доштанд. Аз ин рў, баъди инќилоб
барои таъсиси давлату њукумати миллї душворињои зиёде пеш омада буд. Масалан, дар њайати њукумати аввалини пролетарии Туркистон њатто ягон намояндаи халќњои
мањаллї вуљуд надошт. Хусусияти дигари таъсиси њокимияти давлатї дар њайати чанд давлат (аморати Бухоро, Русия, Афѓонистон ва чанди дигаре) зиндагї доштани тољикон буд. Ба ин хусусиятњо боз дар ду давра (баъди инќилоби
октябри соли 1917-и Русия ва сентябри соли 1920-и Бухоро)
ба сари ин масъала омадани тољикон, дар шакли интихобї
(дар ќисмати русиягї) ва таъйинї (дар ќисмати Бухорої)
омадани њокимият њам дохил буданд. Дар ин ду ќисмат сохторњои сиёсї куллан фарќ доштанд. Њукуматњои русиягї
аксаран дар асоси демократияи пролетарї (сотсиалистї) ва
демократияи халќї ба вуљуд омада буданд.
Таъсиси аввалин њукуматњои пролетарї дар Тољикистон.
Аниќ аст, ки дар Тољикистон давлату њукумати пролетарї
зери таъсири давлату њукумати таъсисдодаи Инќилоби сотсиалистии октябри соли 1917-и Русия ва ќонуну ќарорњои
5
ќабулкардаи Анљумани дуюми умумирусиягии шўроњо ва
њукумати таъсисдодаи он сурат гирифта буд. Дар ќисмати
русиягии Тољикистон (вилоятњои Суѓд ва Кўњистони Бадахшон) аввалин њукуматњои мењнаткашон баъди Инќилоби
сотсиалистии октябри соли 1917-и Русия ва барпо гардидани Њокимияти Шўравї дар Туркистони русї аз ноябри
соли 1917 то апрели соли 1918 дар шакли шўроњо, дар асоси
њуљљатњои меъёрию њуќуќии ќабулкардаи Анљумани дуюми
умумирусиягии шўроњо ташкил ёфта буданд.
Шўроњо њамчун шакли ташкилоти љамъиятї зодаи инќилоб ё ихтирои Ленину болшевикњо набуданд. Шўроњо ихтирои љамъияти ибтидої буда, њукуматњои давру замон онро
дар таљрибаи зиндагї ва давлатдорї истифода мекарданд.
Вале аз љомеаи синфї (ѓуломдорї) сар карда, шўроњо бештар
њамчун органњои идорањои давлатї ва ташкилотњои љамъиятии табаќањои болоии њукмрон хизмат мекарданд. Аввалин
шуда шўроњоро њамчун ташкилоти љамъиятии мењнаткашон
болшевикњо дар рафти инќилоби якуми солњои 1905-1907-и
рус, њамчун ташкилоти роњбарикунандаи инќилоб истифода бурданд. Дар солњои 1908-1917 шўроњо худро њамчун
органи (муассисаи) роњбарикунанда ва ташкилотчии хоњишу мароми инќилобиёну мењнаткашон собит карда буданд.
Аз ин рў, инќилоби аввалини ѓалабакардаи Русия шўроњои
коргарон, аскарњо ва дењќонони дар Инќилоби сотсиалистии октябри соли 1917 њиссаи асосї гузоштаро њамчун сохтори сиёсии ояндаи худ - Шўрои сотсиалистї ќабул кард.
Аввалин њукумати ташкилдодаи Инќилоби сотсиалистї
Шўрои Комиссарони Халќї ном гирифт, ки онро В. И. Ленин сарварї мекард. Ин Њукумат дар раванди кори Анљумани дуюми умумирусиягии шўроњо таъсис дода шуда буд. Ин
ваколатро ба анљуман Шўрои Муваќќатии Инќилобї барои
роњбарї кардан ба шўриши яроќноки 25-уми октябри соли
1917 дода буд, ки он бо ташаббуси КМ РСДРП(б) ва Шўрои
намояндагони коргарону аскарњои шањри Петроград 19уми октябри соли 1917 ташкил ёфта буд. Анљумани дуюми
6
умумирусиягии шўроњо аз ин ваколат истифода бурда, 26уми октябр аввалин њукумати коргару дењќон – Шўрои Комиссарњои Халќиро таъсис дод, яъне, шўроњо њамчун асоси
сиёсии давлату њукумати ояндаи инќилоби ѓолиб эътироф
ва ќабул гардиданд.
Инќилоби сотсиалистї дар Туркистони русї њам ба
таъсиси сохтору муносибату њукумати нав, агарчи таќлид
ба Русия буд, овард. Њукумати навтаъсиси Туркистонро
Шўрои Комиссарони Халќї ва давлати мухтори навтаъсиси
онро њам Љумњурии Мухтори Шўравии Сотсиалистии Туркистон номиданд.
Шўроњои Туркистон зодаи Инќилоби февралии соли
1917-и рус буданд ва нисбати шўроњои Русия хусусиятњои
худро њам доштанд. Ин хусусият он буд, ки шўроњои Туркистон љанбаи миллї њам доштанд: шўроњои Туркистони русї
ва шўроњои мањаллї аз март то аввали тобистони соли 1917
њар кадом мустаќил буданд ва мустаќилона баромад мекарданд. Дар шўроњои русї баъзан мањаллиён њам аъзо буданд, вале дар шўроњои мањаллиён фаќат мусулмонњо аъзо
буданд. Аз ин рў, шўроњои мањаллиёнро аксаран шўроњои
коргарони мусулмон меномиданд. Аз аввали тобистон муттањидшавии шўроњои русї бо мањаллї сар шуда, бо номи
шўроњои муттањидаи коргарону аскарњо ва дењќонон баромад мекардагї шуданд. Дар арафаи инќилоб дар Туркистон баробари шўроњои муттањидаи коргарону аскарњо
ва дењќонон шўроњои касбї – шўроњои њунармандон њам
мављуд буданд, ки дар таъсиси њукуматњои мањаллї маќоми худро доштанд ва иштирок њам карданд. Вале дар њама
шаклу њолат дар асоси ќарорњои ќабулкардаи Анљумани дуюми умумирусия- гии шўроњо ва њукумати таъсисдодаи он,
яъне Њокимияти Шўравї дар Туркистон њам бе замина набуд. Шўроњои Туркистон њам органи олии худ – Анљумани
кишварии шўроњоро доштанд, ки он њам ваколати таъсиси
њукуматро доро буд. То инќилоби сотсиалистї шўроњои
кишварии Туркистон ду анљумани худро (7-15-уми апрели
7
соли 1917 анљумани якум, ки масъалаи асосиаш њамоњангсозии муносибат бо КИМ-и Њукумати Муваќќатї ва 29.09 –
10.10-и соли 1917 анљумани дуюм, ки масъалаи асосиаш њокимияти сиёсї буд) гузаронида буданд.
Њукумати инќилобии Туркистонро Анљумани сеюми
кишварии Туркистон, ки 15-27-уми ноябр дар Кохи Озодии
шањри Тошканд баргузор гардид, таъсис дода буд. Таъсиси
њукумати аввалини шўравии Туркистон нисбати Русия хело
тўл кашид ва душвор гузашт, чунки дар кори анљуман болшевикњо, максималистњо, эсерњо, меншевикњо, сотсиалистњо
њам иштирок доштанд ва њар кадом бо лоињањои фраксиявии ташкили њокимият баромад мекарданд. Дар анљуман
болшевикњо бо максималистњо ва эсерњои чап, ки дар бисёр
масъалањо бо њамдигар наздикї доштанд, якљоя баромад
карданд ва ин имконият надод, ки эсерњои рост бартарии
намояндагии худро амалї созанд. Анљуман њукумати коалитсиониеро аз њисоби болшевикону максималистон – 5 нафар, эсерњои чап – 6 нафар ва 1 – котиб (болшевик) таъсис
дод. Дар њайати њукумати таъсисдодаи анљуман ягон намояндаи ањолии мањаллї набуд. Анљуман махсусан ќайд карда
буд, ки аз сабаби суст будани ташкилотњои коргарии мањаллиён ба њокимият роњ додани намояндагони онњо бармањал
аст, чунки бетаљрибагии онњоро истифода бурда, ба сари
њукумат намояндагони бою аксулинќилобчї меоянд, яъне
дар ибтидо инќилоби Туркистон ба принсипњои инќилобии худ эътибор надод.
Луѓат
1. ШКХ (Шўрои Комиссарони Халќї) - маќомоти олии иљроияи Њокимияти Шўравї, ки 27.10.1917 таъсис дода шуда буд.
2. Давлати Шўравї- аввалин давлати коргару дењќон, ки аз
25 – уми октябри (7 ноябри) соли 1917 то декабри соли 1991 вуљуд
дошт.
3. Диктатура - мафњуми лотинї буда, маънои луѓавиаш њокимияти номањдуд аст.
8
4. Диктатураи пролетариат - њокимияти номањдуди пролетарї, ки дар натиљаи Инќилоби Октябри соли 1917 дар Русия ба
вуљуд омада, дар давраи гузариш аз капитализм ба сотсиализм
амал кардааст.
5. Назорати коргарї - чорабиние буд, ки онро Њокимияти Шўравї аз ноябри соли 1917 барои назорат кардан аз болои
истењсолот, харид, фурўш, захира ва пешгирї кардани саботаж
љорї карда буд.
6. Фраксия - вожаи лотинї ва фаронсавї буда, ба маънои
људо ё таќсим шудан дар дохили як њизб бо барнома ва шартњои
худ аст. Дар њайати Думаи Давлатии Русия ва њизби сотсиал-демократии Русия фраксияњои зиёд вуљуд доштанд: фраксияњои
коргарї, болшевикї, меншевикї, сотсиал-демократї.
Саволњо:
1. Зарурати таъсиси њукумати навро шарњ дињед ва фањмонед?
2. Фарќ ва умумиятњои таъсиси њукуматњои Русияи Шўравї
ва Туркистонро шарњ дињед ва фањмонед?
3. Дар таъсиси њукумати Туркистон кадом фраксияњо ва
њизбњо иштирок доштанд, шарњ дињед?
§ 2. ЊУЉЉАТЊОИ АВВАЛИНИ ЉОМЕАСОЗИИ
ЊОКИМИЯТИ ШЎРАВЇ
Тавсифи умумии масъала. Дар рафти Инќилоби Октябр
вазифаи асосии инќилоб - ба даст гирифтани њокимияти сиёсї ва љорї гардидани диктатураи пролетарї иљро гардида
буд, вале ин диктатура фаќат дар шакли эъломия вуљуд дошт.
Агарчи њокимияти марказї ва ќонунбарор ба дасти инќилобчиён даромада буд, њанўз њам њокимияти мањаллї ва иљроия
дар дасти дастгоњи идории куњна буд.
Ба инќилоби ѓалабакарда таъсиси органњои нави давлатдорие лозим буд, ки ќонуну ќоидањо ва принсипњои синфии
ин њокимиятро дастгирї ва дар амал љорї карда тавонад. Ин
корро ба воситаи барњам додани идорањои пештараи давлатдорї амалї кардан мумкин буд. Дар шароити Тољикистон
ин органњои куњнаи давлатдорї: Кумитањои иљроияи уездї,
9
Комиссариати маљбуриятњои њарбї, думањои шањрии Хуљанд
ва Ўротеппа, полиси уездї, суди уездї, кумитањои љамъиятии
бехатарї, маъмурияти волостї, приставї, оќсаќолњо (старшинањо) судњои халќї, ќозигї, сохтору идорањои маъмурию
хољагї буданд, ки адои вазифа доштанд. Дар Хуљанд дар раванди барпогардии Њокимияти Шўравї фаќат вазифаи комиссари уезд аз байн рафта буду бас.
Раванди ба даст гирифтани њокимияти сиёсї дар
ќисматњои тољикистонии Туркистон воќеаи фаврї ё дар як
рўз ба амал меомадагї набуд. Ин раванд аз ноябри соли 1917
оѓоз ёфта, то охири соли 1918 тўл кашида буд. Аз ин рў, раванди барњам додани идорањои пештараи давлат ва таъсиси
наваш њам кори фаврї дар тамоми давлат шуда наметавонист. Барои татбиќи он ду чиз - ќонун ва мутахассис лозим
буд. Он чи ки ба ќонун вобаста буд, онро Анљумани дуюми шўроњои умумирусиягї октябри соли 1917 таъмин карда
буд. Акнун ин ќонунњоро амалї кардан даркор буд. Барои
татбиќи амалии ин ќонунњо маъмурияти (аппарати) махсус
– њокимиятро дар њама зинањо, аз поён то ба боло доштан
лозим буд. Ин кори осон набуд. Чунки маъмуриятњои вуљуддошта гарчи аз доираи ќонуни шўравї берун эълон карда
шуда бошанд њам, баъзеи онњо, дар натиљаи интихобот ба
њукумат омада буданд. Аз ин рў, онњо худро намояндаи халќ
медонистанд ва амал мекарданд. Ба Њукумати Шўравї зарур буд, ки ин сохторро ё ќабул ва ё пароканда намояд. Имконияти воќеии ин њар ду њам нигоњ доштани маъмурияти
куњна (ба шарте, ки ќонунњои Њокимияти Шўравиро ќабул
мекарданд) ва њам фавран пароканда кардани онњо буд. Ин
органњо ин корро накарданд. Дуюмаш он ки муассисањои
идорї ќарорњои Њукумати Шўравиро ќабул накарданд.
Давлат ба зўран барњам додани онњо ва таъсиси органњои
нав шурўъ намуд. Ин раванд дар таъсиси баъзе органњои
идории Туркистони шўравї то охири соли 1919 ва дар Бухорои Шарќї то охири соли 1921 давом ёфт.
Кашолёбии ин ивазшавии сохтор ба муќобилияти сахти синфї ва
10
имконияти њукумати нав дар иваз карда тавонистани онњо
вобаста буд.
Дар њама њолат барњам додани идорањои куњнаи давлатї
дар асоси декретњо ва ќарорњои Њокимияти Шўравї амалї
карда мешуд, ки дар давраи худ бо номњои декретњою декларатсияњо ва ќарорњо машњур буданд. Аз љумлаи чунин
декретњо ва ќарорњо, ки дар асоси онњо чорабинињои сиёсї,
иќтисодї ва фарњангї гузарониданро дар назар дошт, «Эъломияи њуќуќњои халќи зањматкаш ва мазлум», мурољиатнома «Ба њама мењнаткашони мусулмони Русия ва Шарќ», «Ба
њамаи Шўроњо» ва декрет «Дар бораи замин» буданд.
Эъломияњо. Муњимтарин эъломияи ќабулкардаи Њукумати аввалини инќилобї «Эъломияи њуќуќњои халќи зањматкаш ва мазлум» буд. Ин эъломияро ШКХ ва шахсан
В.И.Ленин тартиб дода буданд. Эъломияро Кумитаи Иљроияи Марказии умумирусиягї 3-юми январи соли 1918 ќабул
карда, барои њукми ќонунї гирифтанаш онро 5 (18)-уми
январ ба маљлиси муассисон, ки кораш њоло идома дошт,
пешнињод кард. Аз сабаби он ки аксарияти намояндагони
маљлиси муассисон эсерї-меншевикї буданд, ин њуљљатро
ба муњокима ќабул кардан нахостанд. 18-уми январи соли
1918 эъломияро Анљумани муттањидаи шўроњо тасдиќ кард.
10-уми июли соли 1918 бошад, эъломия њамчун ќисми таркибии конститутсияи шўравї ќабул гардид.
Эъломияи њуќуќњои халќњои Русия. Лоињаи эъломияро В.И.Ленин тайёр карда, онро ШКХ 2 (15)-уми ноябри
соли 1917 тасдиќ намудааст. Дар эъломия чунин принсипњои
асосии сиёсати миллии шўравї эълон шудаанд: баробарї ва
истиќлолияти халќњо; њуќуќи халќњои Русия барои худмуайянкунии озод то људошавї ва ташкили давлати мустаќил;
бекор кардани њама гуна имтиёзу мањдудияти миллї ва миллию динї; инкишофи озоди аќаллиятњои миллї ва гурўњњои
ќавмї (этникї).
Мурољиатномањо. Муњимтарин њуљљати оид ба масъалаи
сиёсї ва миллии дохилї ќабулкардаи њукумати инќилобї
11
мурољиатномаи Анљумани дувуми умумируссиягии шўроњо
«Ба њамаи мењнаткашони мусулмони Русия ва Шарќ» буд, ки
онро 20-уми ноябри соли 1917 Шўрои Комиссарони Халќи
Љумњурии Шўравии Русия ќабул карда буд. Мурољиатнома
эълон дошт, ки њамаи мазњабњо, урфу одатњо, муассисањои
миллї ва мадании мусулмонон озод ва дахлнопазир эълон
карда мешаванд, њамаи њуќуќњои халќњои мусулмон чун
њуќуќњои тамоми халќњои Русия бо тамоми иќтидори инќилоб ва маъмуриятњои он - шўроњои намояндањои коргарон,
аскарон ва дењќонон муњофизат карда мешавад.
Мурољиатнома «Ба њамаи шўроњо». Ин мурољиатномаро Комиссариати корњои дохилї 22-юми декабри соли 1917
ќабул карда буд. Дар ин њуљљат дар бораи таъсиси идорањои
шўравї дар мањалњо сухан мерафт. Ин аввалин њуљљате буд,
ки дар асоси он дар њудудњои дурдасти собиќ Русияи шўравї,
аз љумла дар Туркистону ќисматњои он њокимияти шўроњо
ба њукумати ќонунї табдил ёфтанро сар карда буданд.
Декретњо. Муњимтарин декретњои Њукумати Шўравї
барои халќњои мазлуми Русия аввалан декрет «Дар бораи
сулњ» ва барои тољикони шўравї декрет «Дар бораи замин»
буданд.
Дар декрети шўравї «Дар бораи сулњ» мароми ањолии
кураи замин, дар бораи дар сулњу оромї нигоњ доштани
љањон ва аз љанги давомёфтаистодаи љањонї ба таври яктарафа баромадани Русия ва ба ин иќдом рафтани давлату
халќњои дигарро даъват кардани Њукумати Шўравї сухан
рафта бошад, дар «Декрет дар бораи замин» сухан дар бораи њалли масъалае мерафт, ки он асрњо боз асоси муборизаи сиёсию иќтисодии умуман љомеаи буржуазиро ва хусусан Русияро ташкил медод.
Декрет ин масъаларо бечунучаро ба манфиати дењќонони безамину камзамин њал намуд.Замин моликияти умумихалќї (давлатї) эълон гардид ва дар асоси ќарор ба дењќонон ройгон ва ба истифодаи якумра таќсим шуданашро дар
назар дошт.
12
Луѓат
1. Декрет – калимаи лотинї буда, маънои указ, ќарорро дорад ва њамчун номи акти њуќуќї фањмида мешуд ва мешавад.
2. Указ – указ, фармони сарварони давлат дар назар дошта
мешавад.
3. Деклоратсия – вожаи лотинї буда, маънои изњорот ва
огоњномаро дорад.
Саволњо
1. Маќомоти идораи кишвари Туркистонро номбар кунед.
2. Маќомоти идораи уезди Хуљанд ва минтаќаи Помирро
номбар кунед.
3. Маќомоти навташкили шўравии уезди Хуљанд ва минтаќаи
Помирро номбар кунед.
§ 3. МАЗМУН ВА МУЊТАВОИ ЭЪЛОМИЯЊО ВА
МУРОЉИАТНОМАЊОИ АВВАЛИНИ ЊОКИМИЯТИ
ШЎРАВЇ
«Эъломияи њуќуќњои халќи зањматкаш ва мазлум». Эъломия на фаќат акти муњимми конститутсионии Љумњурии
Шўравї, балки яке аз њуљљатњои бузургтарини таърихи башарият дар амалї сохтани маќсаду мароми инќилоби пролетарї нисбат ба њамаи инќилобњои пештара буд. Масалан,
бузургтарин инќилоби буржуазии Фаронса ва “Эъломияи
њуќуќи инсон ва шањрванд”-и ќабулкардаи он баробарию
бародариро эълон карда буд, вале дар амал ин баробарию
бародарї фаќат нисбати буржуазия татбиќ карда шуда буду
халос. Эъломияи шўравї музаффариятњои Инќилоби Октябрро мустањкам, намуда, принсип ва вазифањои асосии
давлати сотсиалистиро эълон кард. Маќсад аз эъломия баробари вазифањои диктатураи пролетариатро (нест кардани истисмори одам аз тарафи одам, барњам додани синфњои
истисморгар, сохтмони сотсиализм) аниќ шарњ додан боз
ин ќонунњоро то андозае ба шароити Русия, ба типи шўравии давлат ќонунан мувофиќ кунондан буд. Эъломия аз 4
фасл иборат буд. Дар фасли аввал асосњои сиёсии Давлати Шўравии Сотсиалистї муќаррар шуда буданд. Дар он
Русия љумњурии шўроњо эълон шуда буд, ки дар марказ ва
13
мањалњо тамоми њокимият ба шўроњо тааллуќ дошт. Љумњурии Шўравї дар асоси иттифоќи ихтиёрии миллатњои озод
њамчун федератсияи љумњурињои миллии шўравии сотсиалистї таъсис меёфт.
Фасли дуюм вазифаи асосии давлати сотсиалистї –
барњам додани моликияти хусусї будани замин, љорї кардани назорати коргарї, милликунонии саноат, бонкњо, захирањои табиат, ташкили идоракунии хољагии халќ, љорї
гардидани уњдадории умумии мењнат, ташкили Артиши
Сурх, пурра беяроќ гардондани синфњои доро ва ќабули
декретњоро дар назар дошт.
Дар фасли сеюм принсипњои асосии сиёсати берунаи
Давлати Шўравї – мубориза барои сулњ, бекор кардани
шартномањои махфї, эњтиром намудани истиќлолияти миллии њамаи халќњо, пурра даст кашидан аз сиёсати њамкорї
бо давлатњои буржуазие, ки оммаи мењнаткашони мамлакатњои мустамлика ва тобеъро ба ѓуломї гирифтор кардаанд, бекор кардани ќарзњои њукумати подшоњї ва њукумати муваќќатии буржуазї, тарафдорї кардани ќарори ШКХ
дар бораи эълон шудани истиќлолияти Финландия, аз Эрон
баровардани ќўшунњои Русия, эълон кардани озодї ва истиќлолияти Арманистон љой дода шуда буд.
Дар фасли чањорум масъалаи аз идоракунии Давлати
Шўравї дур карда шудани синфњои истисморгар дарљ ёфта
буд.
Эъломия таъкид мекард, ки Њокимияти Шўравї бо барпо кардани асоси федератсияи љумњурињои шўравии Русия,
ба дењќонону коргарони њар яки ин љумњурињо имконият
медињад, ки дар хусуси иштирок доштанашон дар њукумати
федералї ва дигар муассисањои федералии шўравї, худашон
мустаќилона ба њам оянд.
Эъломияи њуќуќњои халќњои Русия. Дар эъломия сиёсати њукумати подшоњї ва њукумати муваќќатии буржуазї, ки як миллатро ба миллати дигар муќобил мегузошт,
мањкум шудааст. Эълон шудани њуќуќи халќњои собиќ мазлум ба таъсиси давлати миллии худ, барои барњам додани
14
низои байни миллатњо ва нобоварї ба халќи рус, барои
муайян намудани ягонагии манфиатњои њамаи миллатњои
мамлакат, барои дарк намудани зарурати якљояшавии ќувваи онњо, барои њалли вазифањои умумї шароит фароњам
овард. Ба сиёсати зулми миллии њукумати подшоњї ва њукумати муваќќатї, сиёсати иттифоќи ихтиёрии халќњои Русия
муќобил гузошта шуда буд. Мувофиќи эъломия Њукумати
Шўравї њуќуќи худмуайянкунии њамаи миллатњо, њатто људошавии онњоро эътироф намуд ва дар асоси он 3 (16)-юми
декабри соли 1917 дар бораи њуќуќи худмуайянкунии халќи
Украина, 18 (31)-уми декабри соли 1917, истиќлолияти Финландия, 29-уми декабри соли 1917 (11 январи 1918) истиќлолияти Арманистон, 7-уми декабри соли 1918 истиќлолияти
Эстония, 22-юми декабри соли 1917 истиќлолияти Латвия
ва Литва, 31-уми декабри соли 1919 истиќлолияти Белорусро эътироф кардан декретњо ќабул кард. Ин декретњо барои дар байни халќњо барќарор гардидани дўстї ва боварї
наќши калон бозида буданд ва ба муттањидшавии халќњои
Русия дар атрофи Њокимияти Шўравї, ки ба ташкилёбии
СССР (ИЉШС) оварда расонд, мусоидат карда буданд.
Мурољиатнома «Ба њамаи мењнаткашони мусулмони
Русия ва Шарќ». Чї тавре ки дар аввал ќайд шуда буд, мурољиатнома зањматкашони мусулмонро ба озодона ва бемонеа ташкил намудани њаёти худ, дастгирии инќилоби сотсиалистї ва њукумати ташкилкардаи инќилоб даъват кард.
ШКХ ба мусулмонони Шарќи мустамликавї мурољиат
намуда, хабар дод, ки Њокимияти Шўравї њамаи шартномањои истилогаронаи њокимони пештараи Русияро нисбат
ба халќњои мустамлика ва мазлуми Русия бекор ва нест кард.
Русияи Шўравї якумин шуда, байраќи озодии халќњои мазлумро барафрохт ва аз онњо дар роњи азнавсозии љањон интизори хайрхоњї ва дастгирї шуд.
Мурољиатнома «Ба њамаи шўроњо». Дар мурољиатнома аз љумла омадааст, ки «…Шўроњо бояд тамоми муассисањои ањамияти маъмурї, хољагї, молиявї ва фарњангию
маърифатї доштаро ба худ тобеъ намуда, љараёни зиндаги15
ро дар мањалњо пурра ба низом дароранд, то ки Русия бо
шабакаи муассисањое фаро гирифта шавад, ки онњо сохти
ягонаи Љумњурии Шўроњоро ташкил дињанд». Ќайд карда
шудааст, ки ин ташкилотњо «…то хурдтаринашон дар њалли
масъалањои хусусияти мањаллї дошта комилан соњибихтиёранд, вале фаъолияташонро бо декрету ќарорњои умумии
њокимияти марказї мутобиќ гардонанд». Мурољиатнома
ба бунёди сохти бонизоми давлати диктатураи пролетарї,
ки асоси онро шўроњо ташкил медоданд, мусоидат менамуд. Мазмуни мурољиатнома дар Конститутсияи соли 1918
РСФСР (ЉФШСР) инкишоф дода ва ба њукми ќонун дароварда шуда буд.
Ин њама њуљљатњое буданд, ки дар асоси онњо кулли
масъалањои сиёсї, иќтисодї, фарњангї ва миллии Давлати
Шўравї бояд њалли худро меёфтанд.
Луѓат
1.Эъломия – њуљљатест, ки њукуматњо ба воситаи он хоњишу
маром ва маќсадњои худро эълон менамоянд.
2. Мурољиатнома – њуљљатест, ки њукумат иљро ва ё риояи тартиботро аз шањрвандон талаб мекунад.
Саволњо:
1. Эъломияњои нахустини Њокимияти Шўравиро номбар кунед?
2. Мурољиатномањои аввалини Њокимияти Шўравиро намбар
кунед?
3. Мазмун ва муњтавои эъломияњо ва мурољиатномањоро
шарњ дињед?
16
§ 4. РАВАНДИ БАРЊАМ ДОДАНИ ИДОРАЊОИ
ДАВЛАТИИ КУЊНА
Барњам додани сохторњои куњнаи давлатї. Чї тавре
медонем, њудуди Тољикистони имрўза ба њайати ду давлат
дохил буд: вилоятњои Суѓд ва ВМКБ ба Русия ва вилояти
Хатлону ноњияњои тобеи љумњурї ба аморати Бухоро. Дар
ин минтаќањо инќилобњои сотсиалистї њам дар ду давра:
нояб- ри соли 1917, ноябри соли 1918 дар ќисмати русиягї
ва феврал-майи соли 1921 дар ќисмати бухороиаш ба вуќўъ
омада буд. Ин њукуматњои сарнагунгашта гуногунсохтор
буданд. Инќилоб фаќат њукуматњоро аз сари њокимият дур
карда буд. Барњам додани сохтори њукумати сарнагунгашта
ба мисли худи инќилоб кори фаврї буда наметавонист. Аз
љињати дигар, то њукумати нав таъсис наёбад, органњои пештараи давлатиро барњам додан (иваз кардан) мумкин нест.
Инќилоб њукумати марказиро сарнагун сохта, Анљумани
дуюми умумирусиягии шўроњо Њукумати Русияи Шўравиро
дар симои Шўрои Комиссарони Халќї бо сардории В.И.Ленин, Анљумани сеюми Шўрои кишвари Туркистон ЉМШС
Туркистонро дар симои ШКХ бо сардории Ф.Колесов таъсис дода буданд. Вазифаи ин њукуматњо барњам додани сохтори идории куњна дар асоси принсипњои нави инќилобї
буд. Њукуматњои шўравї сараввал идорањои (органњои) ваколатдори амрдињанда (ќонунбарор)-ро бо ќарорњои худ
барњам доданд. Дар кишвари Туркистон ин органњо КМ
њукумати муваќќатии Туркистон, комиссариатњои соњавї,
комиссари њарбии Туркистон, кумитањои иљроияи вилоятї,
уездї ва волостї буданд. Дар аморати Бухоро чунин орган
худи амир ва дар бекигарињо намояндаи амир бекњо буданд.
Њамаи ин органњоро инќилобњои сотсиалистї ва халќї ба
тариќи инќилобї аз сари њокимият дур карданд.
Аз рўйи њамин принсип моњи декабри соли 1917 думањои
шањрии Хуљанду Ўротеппа (Истаравшан) ва сохтори оќсаќолгарї дар натиљаи гузаронидани интихоботњо, судњои
њакамї ва ќозигї то охири соли 1919 аз байн бурда шуданд.
17
Дар Помири Ѓарбї ва Шарќї аз сабаби он ки таъйину сабукдўш кардани маъмурон дар ихтиёри фармондењи
ќитъаи сарњадии Помир буд бо барпо шудани Њокимияти
Шўравї ин ваколат ба ихтиёри Сегонаи њарбї-сиёсии Помир гузашт. Аз ин рў, дар Помир барњам додани сохтори
куњна баробари барњам задани аќсулинќилобчигї то тобистони соли 1921 давом кард.
Дар Бухорои Шарќї бо барпо гардидани Њокимияти
Шўравї сохтори бекигарї то майи соли 1921 барњам дода
шуд, вале бо сабаби дер давом ёфтани љанги шањрвандї баъзе мансабњои мањаллї - раис, охун то соли 1923 боќї монда
буданд.
Масъалаи органњои ќудратї - артиш ва милиса бошад,
чї дар ќисмати туркистонї ва чї дар ќисмати бухороии
Тољикистон дар рафти инќилоб аз байн бурда шуда ва ё ба
ќўшуну милисаи шўравї табдил ёфта буданд.
Барњам додани судњои куњна ва таъсиси судњои нав.
Яке аз маќомоти низомёфтаи давлатї судњо буданд. Дар
Туркистон ин маќомро судњои округї, палатањои судї ва
судњои њарбї ташкил медоданд. Баъди инќилоб ќуввањои
аксулинќилобї ба ташкил додани суиќасдњои зиддишўравї,
тайёр кардани исёнњо, иѓво ва ѓоратгарї даст заданд. Судњои куњна барои њимояи тартиботу ќонуниятњои инќилобї
ќодир набуданд. Аз ин рў, њанўз 22-юми ноябри соли 1917
мувофиќи нишондоди «Декрет дар бораи судњо» сохтори куњнаи судї ва прокурорї бекор эълон шуда, вазифаи
онњо ба зиммаи Комиссариати халќии адлия гузошта шуда
буд. Комиссариати халќии адлия инчунин вазифадор шуда
буд, ки низоми судии нави шўравиро то моњи январи соли
1918 таъсис дињад. Дар асоси ин нишондод 12-уми декабри
соли 1917 ШКХ кишвари Туркистон ќарори барњам додани суд-њои њавзагї (округї), палатањои судї ва судњои
њарбиро баровард, вале аз сабаби паст будани маърифати
њуќуќии ањолї, ки ба судњои шариатї (ќозигї) эътиќоди калон
доштанд ва пурзўр будани аксулинќилобчигї
дар давраи муќарраршуда гузаронидани интихобот ба су18
дњои нав муяссар нагардид. Бинобар ин, муњлати фаъолияти
судњои куњна аз 17-уми феврали соли 1918 баъди ба њайати судњо дохил кардани намояндагони шўроњо дароз карда
шуда буд. Вале аз сабаби муносибати душманона доштани
судњои куњна нисбат ба Њокимияти Шўравї вазифаи онњоро шўроњо ба дасти худ гирифтанд. Ин њолат соли 1917 дар
шўроњои Тошканд, Чорљў, Кушка ва аввали соли 1918 дар
аксарияти шўроњои кишвари Туркистон ба амал омада буд.
Аз љумла дар уезди Хуљанд њам судњои куњнаи волостњои
Нов, Ѓўлакандоз, Уралск, Унљї ва шањри Хуљанд масъулияти худро ба судњои навинтихобшудаи шўравї супориданд.
Моњи декабри соли 1917 суди оштидињандаи шањри Ўротеппа (Истаравшан) барњам дода шуд. Ба љойи он суди халќї
таъсис дода, машваратчиёни судї интихоб шуданд, вале
аксарияти судњои куњна боќї монда буданд. Ин њамзистии
муваќќатї дер давом накард. Аз моњи марти соли 1918 сар
карда, дар назди шўроњо трибуналњои инќилобї таъсис ёфтанд, ки маќсадашон мубориза бар зидди душманони сохти
шўравї буд.
Аз тобистони соли 1918 бошад, барњамхўрии муассисањои судии куњна сар шуд. Аввал судњои њарбї-округї
июли соли 1918 ва аввали соли 1920 тамоми сохторњои судњои куњнаи ќозигї ва подшоњї барњам дода шуда буданд.
Луѓат
1. Идорањою маќомотњои давлатии куњна - њама идораю сохторњои давлатии пештара дар назар аст.
2. Идорањою маќомотњои нави давлатї - њама идораю сохторњои Давлати Шўравї таъсисдода дар назар аст.
Саволњо
1. Идораю маќомоти давлатии пешинаи њукумати подшоњиро дар Туркистон номбар кунед?
2. Идораю маќомоти давлатии пешинаи аморати Бухороро
номбар кунед?
19
§ 5. РАВАНДИ ТАЪСИСИ МАЌОМОТЊОИ НАВИ
ЊОКИМИЯТИ ШЎРАВЇ
Таснифи умумї. Таърих исбот кардааст, ки ба даст гирифтани њокимияти сиёсї нисбат ба нигоњ доштани он осонтар аст. Аз ин рў, дар њама давру замон сулолае, гурўње, њизбе
ва ё шахсе, ки ба сари ќудрат меомад, пеш аз њама такягоњи
худ - њукумати нав ва маќомоти ќудратии давлатї - артиш,
милиса, суд, прокуратураи ба худ содиќро таъсис медод ва
ё мустањкам мекард. Инќилоби октябри соли 1917 њам аз ин
истисно нест. Инќилоб њокимияти сиёсиро ба даст гирифта, дастгоњи давлатии пештараро асосан барњам ва дастгоњи
давлатии навро таъсис дод.
Таъсиси милитсияи шўравї. Дар уезди Хуљанд моњи марти соли 1917 политсия ба милитсия табдил ёфта, вазифаи
нигоњ доштани тартиботи љамъиятиро дар асоси оинномаи
нави милитсияи халќї ба уњда гирифт. Агарчи милитсияи
халќї ном дошт, он пурра маќоми ќудратии њукумати муваќќатї буд. Дар рафти инќилоби октябрї дар Туркистон
њам дружинањои коргарї таъсис ёфта, вазифаи њимояи коргаронро аз зўроварї ва фишори милитсияи давлатї ва юнкерњо ба зимма гирифта буд. Мањз њамин дружинањо ќувваи
асосии нигоњ доштани тартиботи инќилобї гардида, 10-уми
ноябри соли 1917 ба маќомоти расмии давлатї табдил ёфта,
номи “Милитсияи коргару дењќон”- ро гирифтанд. Милитсияи тољик низ моњи ноябри соли 1917 њамчун шуъбаи милитсияи Русия дар назди Шўрои Комиссарони Халќии уезди
Хуљанд таъсис ёфта, вазифаи њимояи тартиботи инќилобї
ва сарњади шўравиро ба уњда дошт. Дар шимоли Тољикистон ва Помир раванди ташаккулёбии милитсияи шўравї то
охири соли 1918 давом ёфт.
Таъсиси Артиши Сурх. Ќадами минбаъдаи диктатураи
пролетариат њимояи худ ба воситаи артиш буд. Дар рафти тайёрї ба инќилоб гвардияњои сурхи коргару дењќон
ташкил ёфта буданд. Баъди гирифтани њокимияти сиёсї ин
20
гвардияњо аз сабаби низомї набуданашон давлатро муњофизат карда наметавонистанд. Аз моњи декабри соли 1917
Њукумати Шўравї ба таъсиси Артиши Сурх сар кард ва то
бањори соли 1918 Артиши Сурхи коргару дењќон бо тамоми
сохтораш ташкил ёфт.
Моњи ноябри соли 1917 дар уезди Хуљанд аввалин отрядњои коргарї дар байни ањолии дења, шањрак ва шањрњои
руснишину истгоњњои роњи оњани Хуљанд (Урсатевск), Ѓафуров, Драгомирово (Спитамен) ва Придиново (Ќайроќќум)
таъсис ёфтанд, вале ин гвардияњои сурхи ташкилёфта ќудрати нигоњ доштани Њукумати Шўравиро надоштанд. Аз
ин рў, зарурати ташкили ќўшуни доимї пеш омад. 23-юми
марти соли 1918 Шўрои Комиссарони Халќи Туркистон дар
бораи таъсиси Артиши Сурхи доимии коргару дењќон ќарор ќабул кард. Дар асоси њамин ќарор 18-уми апрели соли
1918 дар уезди Хуљанд ислоњоти њарбї гузаронида шуд. Аввал дар назди шўроњои шањрї сексияњои њарбї бо сардории комиссари њарбї таъсис ёфтанд. Моњи сентябри њамон
сол комиссариатњои њарбии волостњои Шањристон, Далён
ва Ѓончї таъсис ёфтанд. Баробари таъсис ёфтани комиссариати њарбии уездї Раёсати маљбуриятњои њарбии Хуљанд
пароканда карда шуд. Ќисмњои њарбии Хуљанд ба њайати
Артиши Сурхи Шўравї њамчун ќўшуни иттињодї дохил
гардиданд. Иттињоди аввалини љумњурињои собиќ шўравї
иттињоди њарбї буд.
Баробари судњои халќии шўравї њамчун маќомоти њифзи инќилоб моњи сентябри соли 1918 Комиссияи Фавќулодаи Туркистон (КФТ) дар њайати Комиссияи Фавќулодаи
Умумииттифоќ (КФУ) таъсис ёфта буд. Вазифаи ин маќомот мубориза бар зидди аксулинќилобчигї, ќаллобї ва ѓоратгарї муќаррар шуда буд, яъне то ибтидои бањори соли
1918 раванди аз байн бурдани дастгоњи куњна ва бунёди сохтори нав ба анљом расида буд. Њамаи идорањои њокимият
аз як шакли сохтор ба шакли дигар гузаронида шуданд. Ташаккули сохтори шўравї ва муносибати нави давлатдорї
оѓоз ёфт.
21
Таъсиси сохтори судии шўравї. Судњои куњна бештар
таъйиноти љазодињї доштанд ва дастгоњи истисмори мењнаткашон њам буданд. Сиёсати нави судии шўравї ин таъйиноти судњоро таѓйир доданї буд. Мебоист судњо ба муассисаи
тарбияи њуќуќї ва ахлоќии љомеа табдил меёфтанд. Аз ин
рў, њанўз 22-юми ноябри соли 1917 мувофиќи нишондоди
«Декрет дар бораи судњо» сохтори куњнаи судї ва прокурорї бекор карда, вазифаи онњо ба зиммаи Комиссариати
халќии адлия гузошта шуда буд. Комиссариати халќии адлия инчунин вазифадор карда шуда буд, ки низоми судии
нави шўравиро то моњи январи соли 1918 таъсис дињад.
Дар асоси њамин њуљљатњо Шўрои Комиссарони Халќии
Туркистон 12-уми декабри соли 1917 дар бораи барњам додани судњои округї, палатањои судї, судњои њарбї ва иваз
намудани онњо ба судњои нави шўравї, ки мебоист дар
асоси интихоботи озод ва риояи демократияи халќї гузаронида мешуданд, ќарор ќабул кард. Бо сабаби сар задани
иѓвогарињои зиддишўравї ва набудани кадрњои њуќуќшиноси тамоюли шўравидошта ин ќарор дар ваќташ иљро нагардид. Баръакс, ШКХ Туркистон 17-уми феврали соли 1917
аз Комиссариати адлияи РСФСР дар бораи дароз кардани
муњлати фаъолияти судњои куњна, иљозат пурсид. Ин хоњиш
бо илова намудани намояндагони шўроњо ба њайати судњо
ќонеъ гардонда шуд. Аз ин рў, парокандакунии судњои куњна на яку якбора, балки бо пайдо кардани ивази онњо алаќаманд буд ва ин раванд дар баъзе минтаќањои шимоли Тољикистон (Масчоњи Кўњї) то ибтидои соли 1920 давом ёфта
буд.
Амалан барњамдињии судњои куњна аз июни соли 1918 аз
ќарори ШКХ Туркистон оѓоз ёфта буд ва њамаи судњои собиќ империяи Руссияро фаро гирифта буд. Судњои ќозигї
то аввали соли 1920 амал мекарданд. Масалан, судњои округи Ўротеппа моњи марти 1918 ваколатњои худро ба судњои
халќии шўравї супорида буданд. Аввалин судяњои Ўротеппа Мирзо Ќосимов ва Мирзо Саидов буданд.
Савол ва супориш:
22
1. Раванди таъсисёбии Артиши Сурхи Шўравиро шарњ дињед.
2. Судњои куњна кай барњам дода шуданд?
3. Судњои нав чї ном доштанд ва дар кадом солњо таъсис ёфтаанд?
4. Милисаи шўравї кай таъсис ёфта буд?
5. Оё медонед, ки ќабул ба милиса ва хизмати њарбї чї тавр сурат
мегирифт?
Харитаи сиёсии Осиёи Миёна дар соли 1918
§ 6-7. ЧОРАБИНИЊОИ АВВАЛИНИ ИЌТИСОДИИ
ШЎРАВЇ ДАР ТОЉИКИСТОН
Љорї гардидани назорати коргарї ва моњияти он. Дар
асоси ќарорњои Анљумани дуюми шўроњои умумирусиягї
ва Анљумани сеюми шўроњои кишварї дар бораи миллї
кардани корхонањои саноатї ва мусодираи замин, њукумати
Туркистон гузаронидани чорабинињои иќтисодиро аз љорї
кардани назорати коргарї сар кард.
14-уми ноябри соли 1917 Кумитаи Иљроияи Марказии
умумирусиягї «Лоињаи ќоидањо дар бораи назорати коргарї»-ро ќабул карда буд. Ин ќоидањо талаб мекард, ки
назорат аз болои истењсолоти љамъиятї, таќсими мањсулот
ташкил ва пурзўр карда шавад. Сабаби асосии љорї карда
23
шудани назорати коргариро Њокимияти Шўравї дар он медид, ки диктатураи пролетариат яку якбора саноат ва муносибатњои истењсолии сотсиалистиро ба вуљуд оварда наметавонад. Барои ин лозим буд, ки аввалан коргарон њунари
ташкил ва идора кардани истењсолотро омўзанд. Омўхтан ба
воситаи назорати коргарї осонтар буд. Њокимияти Шўравї
дар назар дошт, ки бо љорї карда шудани назорати коргарї
душманони синфї муассисањои истењсолиро аз кор мононда ё вайрон карда наметавонанд. Аз тарафи дигар, назорати коргарї доираи фаъолияти корхонањои хусусї ва соњибкоронро танг карда, кори ташкил намудани истењсолоти
љамъиятиро осон гардонд, яъне маќсади назорати коргарї
он буд, ки синфи коргарро ба истењсолоти љамъиятї наздик
ва омода намояд. Баъди ќабули ќоидањо 14-уми ноябри соли
1917 Њокимияти Шўравї декретро дар бораи љорї намудани назорати умумии коргарї ќабул кард. Амалї гардидани
ин декрет дар Туркистон дар нимаи дуюми соли 1918 сар
шуд. Пеш аз њама назорати коргарї дар корхонањои коркарди пахта ва равѓанкашї љорї карда шуд. Ин чорабинї
дар давоми моњњои апрел-июни соли 1918 гузаронида шуд.
ва натиљаи хуб дод. То охири бањори соли 1918 дар тамоми корхонањои саноатии Туркистон назорати коргарї љорї
гардид. Дар њама љо кумитањо ва ташкилотњои фабрикї-заводї ва конии назорати коргарї таъсис ёфтанд. Ташаббускори ин назорат бештар њизби болшевикї буд.
Дар рафти љорї шудани назорати коргарї Њокимияти
Шўравї баъзе нозукињои истењсолот, ба мисли таъмини
корхона бо ашёи хом, таљњизот ва ташкили кори мураттаби
корхонаро аз худ кард. Ин таљриба шуури коргаронро таѓйир дод. Синфи коргар худро соњиби корхона њис мекардагї
шуда, муносибаташро ба мењнат, корхона, ба интизоми кор
ва баланд бардоштани мањсулнокии мењнат дигар кард. Ин
дар оянда боиси осон шудани милликунонии саноат гардид.
Ибтидои љамъиятигардонии истењсолоти саноатї. Чї тавре аз маќсади љорї гардидани назорати коргарї пай бурдем,
инќилоби ѓалабакарда ва Њукумати навташкили Шўравї
24
маќсади таъљилан миллигардонии корхонањои саноатиро
надошт, зеро ба истифодаи онњо њанўз тайёр набуд, вале
муносибати душманонаи баъзе саноатчиён (иљро накардани
фармоишњои њарбии њукумат, вайронкорињои маъмурияти
корхонањо) Њукумати Шўравиро маљбур карданд, ки муносибати худро нисбати саноат таѓйир дињад, милликунониро
тезонад.
Дар таљрибаи собиќ шўравї милликунонии саноат аввал бо роњи кашида гирифтани (экспроприатсияи) корхонањои хурду миёна оѓоз гардида буд, ки дар муќобили њама
гуна душманињои зиддишўравї амалї мегардид. Саноати
онваќтаи Тољикистонро (агар чунин номидан раво бошад)
мањз саноати хурду миёна ташкил медод. Дигар ин ки њамон
корхонањои саноатии камшумори Тољикистон боз моликияти саноатчиёни мањаллї набуданд. Њамин вазъи њуќуќии
масъала кашидагирии онњоро осон карда буд.
Милликунонии саноат дар Тољикистон аз корхонањои
пахтатозакунї ва равѓанкашї сар шуда, назар ба марказ дар
муддати хеле кўтоњ гузаронида шуд.
Дар асоси ќарори шўрои уездии Хуљанд аз 24-уми марти соли 1918 7 заводи пахтатозакунии уезди Хуљанд ва заводњои собунпазии Хуљанду Ўротеппа, 2 заводи пахтатозакунии Конибодом миллї эълон шуданд. Умуман, дар
соли 1918 њамаи заводњои пахтатозакунї ва равѓанкашии
бародарон Алибоевњо, Пинхасов, Мањкамбоев, Потеляхов,
Ашўрбоев, Турсунов, Мирмуъминов, Имонхонов, ширкати истењсоли нафти «Санто», конњои ангиштсанги Шўроб,
шуъбаи Хуљандии заводи чарми љамъиятњои «Кавказ»,
«Меркурий» ва «Шарќї», дорухонањо, љамъиятњои суѓурта,
наќлиёт, муассисањои пиллахушккунї ва хазинаи пахта миллї карда шуданд. Идора ва роњбарї кардан ба корхонањои
миллишуда ба зиммаи Шўрои Олии хољагии халќ ва идоракунии он дар мањалњо ба зиммаи шуъбаи хољагии халќи
назди шўроњои уездї гузошта шуда буд.
25
Дар сиёсати иќтисодї ва муносибати Њукумати Шўравї
ба саноат милликунонии саноат маънои барњам додани сармоядории калон - сармоядории буржуазї, зербинои иќтисодии сармоядорї ва аз байн бурдани буржуазия њамчун
синф ва таъсиси заминаи иќтисодї ва саноатии љамъияти
нав - сотсиализмро дошт. Милликунонии саноат дар рафти
инкишофи инќилоб дар охири соли 1917 ва то миёнаи соли
1918 дар назар дошта шуда буд, вале ба сиёсат табдил наёфт.
Баъди душворињои њарбию молиявии аввали соли 1918 – бо
сабаби оѓози љанги шањрвандї ва тавсияи Анљумани якуми
шўроњои хољагии халќ, ки охири майи соли 1918 баргузор
гардида буд, 28-уми июни соли 1918 ШКХ декрети милликунонии саноати вазнинро ќабул карда буд, ки ба сиёсат
табдил ёфт. Дар Тољикистон чунин корхонањои саноати вазнини мањсулоти саноатї мебаровардагї набуд. Захирањои
табиии уезди Хуљандро, ки ба саноати вазнин баробар буд,
баъд эътироф карданд. Дар асоси ќарори Анљумани дуюми
умумирусиягии шўроњо истифодаи онњо танњо барои љамъият эълон ва эътироф гардида буд.
Дар Помир ва Бухорои Шарќї ягон корхонаи саноатї
вуљуд надошт ва њољат ба милликунонии саноат набуд, вале
захирањои табиии онњо ба Туркистону Русия баробар карда
шуда буданд.
Ибтидои ислоњоти обу замин. Тољикистон кишвари
аграрї буд. Инќилоб мебоист масъалаи заминро њал мекард.
Яке аз ќонунњои аввалини Њокимияти Шўравї «Декрет дар
бораи замин» аст, ки дар Анљумани дуюми Шўроњои Умумирусиягї ќабул шуда буд. Барои татбиќи фаврии ин декрет
дар Туркистони миллї на шароит буд на имконият. Аввалан
дењќонони тољик њоло ташкилоти сиёсии худро надоштанд,
сониян роњњо ва усули таќсими заминро њам намедонистанд,
чї миќдор замин ва ба кї таќсим кардани он њам маълум
набуд. Аз ин рў, Њокимияти Шўравї «Декрет дар бораи замин»-ро дар шароити Туркистон дар якчанд давра гузаронид. Давраи аввалро, ки то ибтидои љанги гражданї давом
26
ёфт, давраи ќонунэљодкунии Њокимияти Шўравї доир ба
њалли масъалаи замин номидан мумкин аст. Дар ин марњила
ќонуну идорањое ба вуљуд омаданд, ки метавонистанд милликунонии замин ва таќсими онро ба љо оваранд. Моњи декабри соли 1917 ШКХ Туркистон «Декрет дар бораи замин»
ва дар асоси њамин декрет бо Шўрои Комиссариати халќии
зироат «Дар бораи тартиби гузаронидани ислоњоти замин
дар кишвар» ќарор ќабул намуд. Аз 27-уми январи соли 1918
дар Туркистон гузаронидани ислоњоти замин оѓоз гардид,
ки он аз њудуди имрўзаи Тољикистон фаќат уезди Хуљандро
фаро гирифта буд.
Барои гузаронидани ислоњоти замин чї чизњоро донистани Њокимияти Шўравї лозим буд? Аввалан категорияи
моликиятдорї ба замин, сониян кї будани соњиби бевоситаи он ва баъд миќдори замин. Чунин нишонањо барои
дењањои руснишин кайњо боз маълум буданд. Дар дењањои
руснишин замин аз они давлат буд, вале истифодабарандагони он дењќонон буданд. Њисоби замини дар ихтиёри онњо
буда маълум буд. Дар дењањои миллї заминњои давлатї,
мулкњои шахсии феодалї ва ваќфњо њам буданд, ки миќдори
онњо ба ѓайр аз соњибонашон дигар ба њељ кас маълум набуд. Аз ин рў, дар дењањои руснишин гузаронидани ислоњот
фаќат ба ќонун муњтољ буд. Худи дењќонон ба гузаронидани
ислоњот тайёр буданд. Барои њамин дар мањалњои руснишин
барои гузаронидани ислоњоти замин ташкилотњои махсус
- комитетњои камбаѓалон таъсис ёфтанд. Дења ва дењќони
тољик ба ин кор њоло тайёр набуданд. Дар њалли масъалаи
замин дар чунин вазъият фаќат њокимият мебоист фаъолият
кунад. Ва чунин њам шуд. Њокимияти Шўравї ќонун ва ќоидањои мусодиракунии заминњои бою помешиконро ќабул
карда, ба таъсиси органњои татбиќкунандаи ин ќонунњо сар
кард, вале бо сабаби маълум набудани њаљми замини мусодирашаванда лозим дониста шуд, ки сараввал кор аз ба њисоб гирифтани заминњои мусодирашаванда оѓоз ёбад. Дар
Хуљанд, Ўротеппа, Конибодом комиссияњои махсуси ба њи27
соб гирифтани замин ба ченкунии фонди замини таќсимшаванда сар карданд.
Мутахассисони заминченкун намерасиданд. Комиссияњо
кори зиёдеро анљом доданд, вале худи ислоњотро гузаронида натавонистанд, зеро имконият нашуд. Љанги шањрвандї
сар шуд. Дар сиёсати Давлати Шўравї - њимоя ба љойи аввал баромад ва ислоњот дуюмдараља шуд. Ба њар њол дар
бањор ва тобистони соли 1918 инќилоб ба дењоти тољик њам
сар дароварда буд. Чизе, ки ба чашму дили дењќон таъсир
карда буд, ќатъият дар амалї кардани наќшањо ва ќонунњои
ќабулкардаи шўроњо буд.
Моњи январи соли 1918 Шўрои кишварї дар бораи таъсис додани кумитањои обу замин ќарор ќабул кард. Моњи
феврали соли 1918 Комиссариати зироати Туркистон дењќононро даъват кард, ки кумитањои обу заминро таъсис дињанд.
Ин мурољиатро ба њисоб гирифта, дар тамоми волостњои
уезди Хуљанд кумитањои обу заминро таъсис доданд. 2-юми
апрели соли 1918 Комитети обу замини Хуљанд ќарор кард,
ки заминњои киштнашудаи уезд ба дењќонони безамину камзамин дода шаванд. Сабаби асосии аз кишт мондани ин заминњо манъ карда шудани истифодаи ќувваи кории дигарон
буд. Њокимияти Шўравї истифодаи ќувваи кории дигаронро дар замини бою феодалњо манъ кард. Дар аввали соли
1918 Њокимияти Шўравї ба кашида гирифтани заминњои
зиёдатии феодалон сар карда буд. Моњи апрели соли 1918
Шўрои Хуљанд заминњои дар Саритўќай, Чумчуќарал ва
Даштиамин будаи заминдорони калонро кашида гирифта,
ба дењќонон таќсим кард. Меъёри замини таќсимшуда њамон
ќадаре буд, ки дењќонон бе истифодаи ќувваи кории шахсони дигар аз уњдаи киштукори он баромада тавонанд. Вале
на њамаи заминњои мусодирашуда соњиби худро ёфтанд. Аз
ин рў, Њокимияти Шўравї дар ин заминњои бесоњибмонда
њамон соли 1918 иттияњодияњои кооперативии обёриро бо
номњои «Санљак- арал» ва «Парчаюз» таъсис дод. Ба ѓайр аз
ин ба тоза кардани љўйборњо сар карданд. Аз љумла барои
28
тоза кардани канали Янгиариќ дењќонони дењаи Басманда
ба бою сармоядори худ дањ њазор сўм љарима муќаррар карданд ва онро ситонида, ба тоза кардани канали номбурда
сарф намуданд. Давраи аввали ислоњоти обу замин њама
минтаќањои љумњуриро фаро нагирифт. Масалан, минтаќаи
Помирро, ки дар он њоло шароити гузаронидани ислоњоти
обу замин фароњам наомада буд.
Луѓат
1. Ислоњот – таѓйирот, дигаргунї.
2. Ислоњоти замин – соли 1918 Њокимияти Шўравї шартњои
истифодаи заминро эълон карда буд, ки бо номи «Ислоњоти замин» машњур гашт. Дар шароити Осиёи Миёна ислоњоти истифодаи об њам зарурат дошт, барои њамин ислоњотњои замини
шўравї дар ин минтаќа обро њам дар назар дошт.
З. Ислоњоти обу замин – ин чорабинии Њокимияти Шўравї
оид ба њалли масъалаи моликиятдорї нисбат ба замин ва об буд.
Ислоњоти обу замин дар Тољикистон дар амал дар чор давра гузаронида шуда буд: солњои 1918 – 1920, 1921 - 1923, 1926 - 1929 ва
1930 – 1937.
Савол ва супоришњо:
1. Вазифањои назорати коргариро муайян кунед.
2. Маќсади љамъиятигардонии истењсолотро шарњ дињед.
3. Ислоњоти обу заминро шарњ дињед.
4. Барои чї ислоњоти замини солњои 1918-1920 дар Тољикистон «ислоњоти замину об» номида шуда буд?
§ 8. САБАБЊОИ АСОСИИ ЊАРАКАТИ ЗИДДИШЎРАВЇ ВА ЉАНГИ ШАЊРВАНДИИ
СОЛЊОИ 1918 - 1923 ДАР ТОЉИКИСТОН
Назарияи љангњо ва љангњои шањрвандї. Љангњо аз рўйи
моњияташон ба љангњои забткорона, миллї-озодихоњї ва
шањрвандї (гражданї) људо мешаванд. Љангњои забткорона
(ѓоратгарона, таљовузкорона) моњиятан бо давлати дигар ва
торољу истисмори халќи он аст. Љангњои миллї-озодихоњї
њимояи марзу буми давлат аз таљовуз ва истисмори аљнаби29
ён, њимояи истиќлолияти миллї аст.Љанги шањрвандї (мулкї, гражданї, бародаркуш, дохилї) љангест, ки дар дохили
як давлат ва одатан дар байни як халќ рух дода, ањолї ба ду
гурўњи дар аќида бо њам зид људо шуда, барои њокимияти
сиёсї мељанганд. Намунаи онњо њоло аз ибтидои љамъияти
синфї маълум аст. Љанг байни ќабила барои мавзеи шикор,
љанг байни ѓуломону ѓуломдорон, љанг байни дењќонон ва
феодалон, љанг байни сохти феодалї ва капиталистї, байни
коргарон ва буржуазия. Њамаи инњо шаклњо ва намунањои
љанги гражданї мебошанд. Љанги шањрвандї (гражданї)
шаклњои гуногунро гирифта метавонад. Ба ёд оред љангњои
граждании дар Рими Ќадим, дар асрњои миёна дар Олмон,
дар давраи нав дар Америка, дар асрњои Х1Х ва ибтидои
асри ХХ дар Чин, Њиндустон ва Русия рўйдодаро. Дар њама
њолат ин љангест байни сохтори куњна ва нав.
Омилњои дохилии љанги шањрвандї. Агар ин љанг байни
сохтори куњна ва нав бошад, дар Тољикистон њам ин љанг
шудааст. Ин љанг солњои 1918-1923 шуда гузаштааст. Ин
љанг байни сохтори куњна–маъмурияти собиќ Русияи подшоњї ва тарафдорони он - феодалони мањаллї аз як тараф,
аз тарафи дигар сохти нави шўравї ва тарафдоронаш буд.
Дар њар ду њолат њадафњои гурўњњо њокимияти сиёсист. Як
гурўњ тарафдорони сохтори буржуазї ва дигаре тарафдорони сохтори шўравї - сотсиалистї шудаанд. Онњоро зоњиран
аќида људо кардааст. Дар амал бошад, табаќаи њукмрони
пештара, ки инќилоб имтиёзњояшро аз байн бурдааст, он
имтиёзњоро баргардонданї буд ва табаќаи поёнї, ки инќилоб ва Њокимияти Шўравї барои ў имтиёзњои зиёде эълон
карда буд, сохти навро маъќул ёфта, барои њимояи он бархостааст. Ин манфиатњои сиёсии табаќањо њамдигарро ба
љанги тан ба тан овардаанд. Њар як гурўњ ба ѓайр аз манфиатњои синфию табаќавию сиёсии худ боз шиорњои худро
дошт, ки ба воситаи онњо такягоњи худро ба даст даровард.
Дар таљрибаи Тољикистон тарафдорони њокимияти нав ба
ќарорњою дигаргунињои иљтимої, ки бањри некуањволии
30
халќ равона шуда буданд, такя карданд,аммо муќобилони
њокимияти нав ба маънавиёти мардум- ба диндории онњо
такя карданд. Њокимияти Шўравї бо роњи гузаронидани
ислоњоти иќтисодї, љорї кардани назорати коргарї, миллї
кардани корхонањои саноатї ва муассисањои давлатї, љорї
кардани рўзи кори 8-соата, мусодираи замин ва таќсим кардани он дар байни дењќонон, манъ кардани истифодаи ќувваи корї дар хољагињои бойї – феодалї мехост, ки оммаи
мењнаткашро аз ќафои худ барад.
Гурўњи мухолиф маънавиёти миллї-диндории мардумро истифода бурд. Дар шароити Туркистон гурўњои
зиддишўравї бештар тарафдор пайдо карданд. Дар аввал
мухолифони њокимияти нав декрету ќонунњои Њокимияти
Шўравиро бо фањмишу шарњи худ ба мардум фањмонда тавонистанд. Масалан, озодии дин ва баробариро чунин шарњ
доданд: озодии болшевикї ин озодии куфрист, нашинохтани Худост. Баробарии зану марди шўравї ин умумї гардондани занњо, њатто фарзандон аст. Болшевикњо баробарї, бародарї гуфта њамаро ба куфр мебаранд.
Сабаби асосии дар шимоли Тољикистон ба вуљуд омадани њаракати зиддишўравї, аввалан, ќисми таркибии империяи Русия будани ин минтаќа ва ѓалабаи Инќилоби Октябри
соли 1917 буд, ки он бо ќадамњои музаффарона дар тамоми
њудуди империяи Русия ва аз он љумла дар Туркистони русї
њам пањн гардида буд. Баъдан, сабаби ин њаракат эъломияњо, ќонунњо ва чорабинињои аввалини Њокимияти Шўравї
буданд, ки ба манфиати оммаи зањматкаш нигаронида шуда
буданд ва раванди амалї гардондани назарияи инќилобии
марксизм - бунёди љомеаи ситсиалистї оѓоз гардида буд.
Асоси сиёсии ин чорабинињоро таъмини диктатураи коргарону дењќонон ва асоси иќтисодии онро моликияти умумихалќї-давлатї, кооперативї-колхозї ва бунёди фарњанги
пролетарии мењнаткашон ташкил медоданд, яъне инќилоби
сотсиалистии октябрии соли 1917 собиќ њокимонро аз њокимият ва мулкдоронро аз моликият мањрум месохту коргару
31
дењќонро ба сари њокимият мебаровард. Аз ин рў, њокимони
аз сари њокимият рафтаву мулкдорони бемулкгардида њама
воситаро истифода бурда, раванди инќилобии саршударо
ба манфиати худ ё ба тарафдории худ равона карданї буданд. Ин равандро онњо бо роњи осоишта халалдор карда
натавониста, роњи муќовимати яроќнокро пеш гирифтанд,
ки дар таърих бо номњои «босмачигарї», «љанги гражданї»,
«љанги бародаркуш», «њаракати зиддишўравї» маълум аст.
Омилњои хориљии љанги шањрвандии солњои 1918-1923
дар Тољикистон. Омили асосии хориљии љанги шањрвандии
солњои 1918-1923 дар Тољикистон империализми байналмилалї дар симои ИМА, Англия, Фаронса ва иттифоќчиёни
онњо буд, ки намехостанд на фаќат дар Русия, балки дар мустамликањои собиќи он сотсиализм бо њукуматњои миллии он
амалї гардад. Империализми байналмилалї дар њама њолат
зидди инќилобњои иљтимої ва таъсиси њукуматњои инќилобии зањматкашон буд. Аз ин рў, онњо чї ќадаре тавонистанд,
ба мустањкамгардии диктатураи пролетарї ба воситаи ёрии
иќтисодї ва њарбии худ муќобилат карданд. Њукуматњои
буржуазии Англия, Фаронса, ИМА, Љопон ва думравони
онњо ба њаракатњои аксулинќилобии Русия ва мустамликањои собиќи он бо пул, яроќ ва аз љињати њуќуќї ёрї доданд. Дар Осиёи Миёна дањњо љосусону консулгарињои давлатњои мазкур ба ташкили њаракати аксулинќилобї машѓул
буданд. Дар Кошѓару Машњад марказњои ёрии худро барои
босмачигарии минтаќа таъсис дода, њатто барои роњбарии
ин њаракат ба мисли Анварпошшо, Салим, Дониёл, Сурайё
ва дигарњо гумоштагони худро фиристода буданд.
Луѓат
1. Љанги шањрвандї (бародаркуш, гражданї) - яке аз намудњои љанги дохилї буда, маќсади асосиаш ё ба сари њокимият омадан аст ва ё баргардонидани њокимияти (имтиёзњои) аз дастрафта.
2. Туркистони русї - мафњумест, ки маънои генерал-губернатории Туркистон, њукмронии Русияро дар Туркистон, мустамли-
32
каи Русия будани ќисматеро аз Осиёи Миёна ифода мекунад.
3. Фраксия - гурўњ, гурўњи њизбї ё љамъиятї дар њайати њукумат ва ё зидди њукумат, сиёсат ва амале.
Савол ва супориш:
1. Намудњои љангњоро номбар кунед.
2. Љангњои шањрвандї боз ба кадом номњо ёдовар мешаванд?
3. Туркистони русї гуфта, чї дар назар дошта мешавад?
§ 9. ОЃОЗИ ЊАРАКАТИ ЗИДДИШЎРАВЇ ВА ЉАНГИ
ШАЊРВАНДИИ СОЛЊОИ 1918 - 1923
Сабабњои ба вуљуд омадани њаракати зиддишўравї дар
Тољикистон. Дар Тољикистон љанги шањрвандї солњои 1918
- 1923 ба вуќўъ омад. Ин љанг байни сохти куњна - маъмурияти Русияи подшоњї, тарафдорони он, феодалони мањаллї ва
тарафдорони сохти нав буд. Як гурўњ тарафдорони сохтори буржуазї ва дигаре тарафдори сохтори сотсиалистї буданд. Табаќаи њукмрони пештара имтиёзњои худро аз даст
додан намехост, табаќаи поёнї бошад, имтиёзњои барои ў
эълонкардаи Њукумати Шўравиро маъќул ёфта, барои њимояи он бархост. Дар Тољикистон тарафдорони њокимияти
нав ба ќарорњою дигаргунињои иљтимої, ки ба некуањволии
мењнаткашон нигаронида шуда буд, такя карданду муќобилони њокимияти нав ба диндории омма. Њокимияти Шўравї
бо роњи ќабули ќонуну ќарорњои сиёсию иќтисодї, иљтимоию фарњангии ба манфиати мењнаткашон нигарондашуда,
ба мисли љорї кардани назорати коргарї, миллї кардани
корхонањои саноатї ва муассисањои давлатї, љорї кардани
рўзи кории 8-соата, мусодираи замин ва таќсим кардани он
дар байни дењќонон, манъ кардани истифодаи ќувваи корї
дар замини сарватмандон оммаи мењнаткашро ба худ љалб
карда буд. Дар Туркистон гурўњи зиддишўравї тарафдори бештар пайдо кард. Онњо ќарору ќонунњои Њокимияти
Шўравиро ба таври худ ба мардуми одии зањматкаш фањмонида тавонистанд. Масалан, шиорњои шўравии озодии дин
33
ва баробариро чунин шарњ доданд: озодии болшевикї ин
озодии куфрист, яъне нашинохтани Худост; баробарии зану
мард умумї гардидани занњо, њатто фарзандон аст.
Дар ташвиќоти зиддишўравї рўњониён сањми асосї
доштанд. Онњо мегуфтанд, ки агар ба њимояи имон ва дини
худ нахезед, кофир мешавед. Ѓазотро фатво медоданд. Ин
кор бештар ба онњо дар дењањои дурдаст муяссар мешуд. Ин
гурўњ њадафњои сиёсї надошт, вале њокимиятхоњон онњоро
барои маќсади асосии худ, яъне ба даст овардани њокимият
истифода бурда тавонистанд. Дар аввали тобистони соли
1918 дастањои ба ном «муљоњидон» ва ё «босмачиён» пайдо
шуда, кишварро ба љанги шањрвандї кашиданд.
Сабаби асосии дар шимоли Тољикистон ба вуљуд омадани њаракати зиддишўравї аввалан, ќисми таркибии империяи Русия будани ин минтаќа ва ѓалабаи инќилоби октябри
соли 1917-и рус буд, ки он бо ќадамњои музаффарона дар
тамоми њудуди империяи Россия ва аз љумла дар Туркистон
њам пањн гардида буд. Баъдан, сабаби ин њаракат эъломияњо, ќонунњо ва чорабинињои аввалини Њокимияти Шўравї
шуданд, ки манфиати оммаи мењнаткашро њимоя ва раванди амалї гардондани назарияи инќилобии марксизм-ленинизм, бунёди љомеаи сотсиалистиро оѓоз карда буданд. Асоси сиёсии ин чорабинињоро таъмини њукмронии диктатураи
коргарону дењќонон, асоси иќтисодии онро ташкили моликияти умумихалќї-давлатї, кооперативї-колхозї ва асоси
мадании онро бунёди маданияти халќи мењнаткаш ташкил
медод, яъне инќилоби сотсиалистии октябри соли 1917 собиќ њокимонро аз тахт ва мулкдоронро аз моликият мањрум
сохту коргарону дењќононро соњиби мулк гардонд ва ба
сари њукумат овард. Аз ин рў, њокимони аз сари њокимият
рафтаву мулкдорони бемулкгардида њамаи воситањоро истифода бурда, раванди инќилоби оѓозёфтаро ба маљрои дигар, ба манфиат ва тарафдории худ равона карданї буданд.
Онњо ин равандро бо роњи осоишта њал карда натавониста,
роњи муќовимати яроќнокро пеш гирифтанд.
Раванди оѓози љанги шањрвандї. Яке аз сабабњои дар
34
Туркистон сар шудани љанги шањрвандї фаъолияти зиддишўравии «Ташкилоти њарбии Туркистон» буд, ки дар
тамоми минтаќањои кишвар шуъбањои худро дошт. Таъсисгарон ва идеологњои ин ташкилот асосан мансабдорони
дараљањои гуногуни њукумати ЉМШС Туркистон буданд.
Масалан, Е.Т. Чунковский, ки Комиссари олии ин ташкилот
буд, вазифаи мушовири граждании дараљаи 5-ум, К.О.Осипов муовини Комиссари олии «Ташкилоти њарбии Туркистон» вазифаи Комиссари њарбии ЉМШС Туркистонро ба
уњда дошт. Стерлигов, Урядов, Корнилов, Зайтсев рутбањои
баланди њарбии ЉМШС Туркистонро доштанд.
Дар ташкилоти номбурда генерал Л.Л.Кондратьев, полковникњо Карнилов, Зайтсев, аз мањаллиён собиќ намояндаи
Думаи давлатї Абдуќањњоров ва узви њизби љадидони Туркистон Мањмудхољаи Бењбудї (1913-1919) мавќеи калон доштанд. Љосусони амрикої Галлефон, Шуломан ва Студен,
дипломати Дания капитан Брун, консули Белгия Де Старк,
олмонињо Симмерман ва Валбрюон дар Туркистон амалиёти љосусии худро ба манфиати империалистони хориљї сар
карда буданд. Њамаи номбурдагон бештар бо Тредуэлл ба
манфиати ИМА кор мекарданд.
Хуллас, Англия, ИМА, Туркия, Афѓонистон бештар дар
зери шиори ташкил додани давлати ягонаи мусулмонї ва
ё пантуркистии Осиёи Миёна сиёсати ба мустамликаи худ
табдил додани ин кишварро рўйпўш карданї мешуданд.
Онњо бо дастгирии љосусони «Ташкилоти њарбии Туркистон» бо генерал Дутов, ки роњи оњани Оренбург - Туркистонро дар наздикии Оренбург ишѓол карда буд, бо хони
Хева Љунайдхон, амири Бухоро Олимхон ва сардорони
њаракати зиддишўравии Фарѓона Эргаш ва Эшмат робита барќарор намуда, ба кори созмонњои зиддиинќилобии
«Уламо» ва «Шўрои исломия» роњбарї мекарданд.
Барои муттањид намудани ќуввањои аксулинќилобии
Туркистон аввали соли 1918 ба Тошканд полковник Бейли,
капитан Блэккер ва консули дар Кошѓар будаи англисњо
35
Макартней бо ваколати махсус - барќарор намудани робита бо њукумати навташкилёфтаи шўравї омада буданд, вале
маќсади асосии онњо ёрї додан ба оѓози љанги зиддишўравї
буд.
Дар саросари Туркистон аксулинќилоб тайёр мешуд.
Байни Дутов ва босмачиёни Фарѓона барои ташкил намудани Иттифоќи Љанубї-Шарќї ризоият ба вуљуд омада буд.
Барои осонтар ба даст даровардани яроќ ва дигар лавозимоти љангї ќуввањои зиддишўравї Ўшу Андиљонро ишѓол
намуданд, то ки аз Њиндустон гирифтани ёрї осон гардад.
Моњи июли соли 1918 дар Туркистон таљовузи англисњо
сар шуд. Онњо бо ёрии феодалони туркман Њокимияти
Шўравиро дар Закаспий барњам заданд. Барои тайёр кардани мавќеи хуби љангии зидди Туркистони Шўравї империализми байналмилалї амири Бухороро њам тайёр кард.
Дар шимол роњи алоќаро ба Русияи Шўравї атаман Дутов,
дар Закаспий англисњо бастанд. Дар љануб ва љануби ѓарбии аморати Бухоро ба сохтани истењкомњои њарбї ва љамъ
овардани ќўшун сар карданд. Дар шарќ ва љанубу шарќ
босмачиёни Фарѓона Њокимияти Шўравиро барњам заданд.
Охири соли 1918 Туркистон пурра дар њалќаи муњосира
монд.
Луѓат
1. Ташкилоти њарбии Туркистон (ТВО - Туркистанская военная организация) – ташкилоти табаддулотхоњи њарбии Туркистони Шўравиро мегўянд, ки соли 1918 дар Тошканд таъсис ёфта,
дар тамоми шањрњои ЉМШС Туркистон шуъбањои худро дошт.
Асосгузорони ин созмон генералњо Л.Л. Кондратович, И.В. Савитский, мушовири дараљаи 5-уми давлатї Джунковский, комиссари халќї оид ба корњои њарбии ЉМШС Туркистон К.Осипов ва
комиссари њарбии шањри Тошканд буданд. Маќсадашон барњам
додани Њокимияти Шўравї дар Туркистон буд. Онњо наќша доштанд, ки моњњои марту апрели соли 1919 дар тамоми Туркистон
36
исён бардоранд, вале сиррашон дар Њафтрўд фош гардида, ќисман њабс шуданд. Дар Тошканд бо сардории К.Осипов боќимондаи ин ташкилот «Комитети муваќќатї»-и исёнгаронро ташкил
дода, 19-уми январи соли 1919 исён бардошта, сараввал комиссари њарбии Туркистонро ќатл намуданд. Бо дастгирии омма ин
исён пахш гардид. К. Осипов гурехта ба босмачиёни Фарѓона
њамроњ шуд. Аз он љо ба Мастчоњ омада, яке аз мушовирони беки
Мастчоњ гардид. Баъдтар ба Бухоро рафта, мушовири њарбии
амир Олимхон ва хизматгори корпуси љосусии Англия гардид.
2. Интервенсия – калимаи лотинї буда, маънои бо зўрї ба њудуди давлати дигар зада даромаданро дорад.
3. «Ватан дар хатар аст» – аввалин даъвати шўравї барои њимояи инќилоби иљтимої дар Русия, ки онро В.И.Ленин соли 1918
навишта, эълон карда буд.
4. Артиши Сафеди Туркистон – мафњуме буд дар радифи Артиши Сафеди Русия дар солњои љанги шањрвандии солњои 19181922, ки дар Туркистон бо сардории генерал Монстров аз њисоби
гвардиягиёни сафед ва казакњои дар водии Фарѓона ва Њафтруд
буда таъсис додашуда буд.
5. Гвардияи Сурх – дастањои аввалини њарбии шўравиро то
таъсиси Артиши Сурхи Шўравї њамин тавр меномиданд.
6. Комиссияи фавќулода (КФ) – Созмоне буд, ки онро барои
мустањкам кардани Њокимияти Шўравї Шўрои уезди Хуљанд
соли 1918 таъсис дода буд.
7. Отряд – дастаи њарбї, ки шуморааш ба вазифањои ба зиммааш гузошташуда вобаста буда, метавонист ним взвод, взвод,
рота, баталион, полк, армия, гурўњи ќўшунњоро дар бар гирад.
8. Артиши Сурх – Лашкари Шўравї, ки рўзи таъсиси он ба
23-юми феврали соли 1918 рост меояд.
9. Аскари сурх – тарљумаи тањтуллафзии «красноармеец»-и
русї буда, сарбозони аввалини шўравиро чунин меномиданд.
10. Босмачї – узви дастаи зиддишўравиро чунин меномиданд.
Босмачиён худро муљоњид ва муборизи роњи њаќ меномиданд.
11. Босмачигарї – њаракати зиддишўравии солњои 1918-1935
12. Дастањои босмачиён – дастањои муташаккил ва ѓайримута-
37
шаккил, ки солњои 1918 - 1935 дар Тољикистон бар зидди Њокимияти Шўравї муборизаи мусаллањона бурдаанд.
14. Бекигарии Масчоњ – њокимияти Султонбек ва Саид Ањмадхоља дар солњои 1920 - 1923 дар Масчоњ, ки аз тарафи Њокимияти Шўравї њам шинохта шуда буд. Њатто бањори соли 1920
байни Саид Ањмадхоља ва КИМ-и Туркистон шартномаи иборат
аз 3 банд баста шуда буд.
Савол ва супориш
1. Сабабњои сар задании љанги шањрвандиро наќл кунед.
2. Ташкилоти аксулинќилобии Туркистонро шарњ дињед.
3. Аввалин ташкилкунандаи дастаи босмачигари кї дониста
мешавад?
4. Босмачиён худро чї меномиданд?
§ 10 -11. МУБОРИЗА ЗИДДИ ЌУВВАЊОИ ЗИДДИШЎРАВЇ ДАР ВИЛОЯТИ СУЃД ДАР
СОЛЊОИ 1918 - 1923
Оѓози љанги шањрвандии шимоли Тољикистон. Оѓози
љанги щањрвандї дар вилояти Суѓд ба амали зиддишўравии «Ташкилоти њарбии Туркистон» вобаста буд, ки дар
Тошканд бо сардории К. Осипов ва дар Хуљанд бо сардории Стерлигов исён тайёр карда буд, вале исёни Хуљандро
тавонистанд пешгирї намоянд. Баъди тасодуфан дар хонаи
яке аз аъзои ин ташкилот таркидани бомба сирри онњо фош
гардид.
Аксари аъзои онро ба њабс гирифтанд. Ба њайати ташкилоти исёнгарони Хуљанд бештар эсерон ва њарбиёни австровенгерии дар Хуљанд буда дохил буданд. Стерлигов
австровенгерњои дар ќалъа њабсбударо яроќнок карда, бар
зидди Шўрои депутатњои Хуљанд исён карданї буд. Аммо
аскарони дар ќалъабуда дар бораи тайёрї ба шўриш ба кумитаи њизбии Хуљанд хабар доданд. Кумитаи њизбї сафарбарии умумии коммунистонро гузаронида, дар шањр њолати
њарбї эълон кард. Дар тамоми кўчањои шањр дидбонгоњњо
гузошта, сардори шўриш, эсери чап Урядов
38
ва тарафдорони ў њабс карда шуданд, вале гурўњ пурра пароканда нашуда буд. Моњи декабри соли 1918 дар Хуљанд
боќимондагони гурўњи Стерлигов исёни аксулинќилобї
тайёр карданд, аммо болшевикон сирри онњоро фош карда,
Стерлигов ва шариконашро њабс намуданд, то ки саршавии
амалиёти исёнгаронро дар Драгомирово (Спитамени њозира) ва дигар шањрњои шимоли Тољикистон боздоранд.
Рафти мубориза зидди аксулинќилобчигї дар солњои
1918 - 1920. Њаракати зиддишўравї дар шимоли Тољикистон
маќсади сарнагун сохтани њокимиятро дошт, вале бештар
хусусияти торољгариро гирифта буд. Чунки аксари ањолии
шањрњою шањракњои коргарї ба аксулинќилобчиёну босмачигарї бетараф набуданд ва барои њимояи худ, дастањои худмуњофиз ташкил карда буданд. Аз ин рў, босмачињо бештар
дар дењањои дурдаст ва кўњистон амал карда, гоњо ањолии
дењањои гирду атрофи шањрњоро ѓорат мекарданд, вале ба
шањрњо ва шањракњои коргарнишин њуљум намекарданд.
Амалан њам босмачигарї дар шимоли Тољикистон ба ѓайр
аз Масчоњи Ќўњї то соли 1922 дигар дар њељ љой маркази
доимии худро надошт. Фаќат дар соли 1919 ба босмачиён
муяссар гардида буд, ки дар Мастчоњи Кўњї њокимияти сиёсиро ба даст гиранд. Бинобар ин, чї њаракати зиддишўравї
ва чї ѓалабаю шикасти он њам ба ѓалабаю шикасти љанги
шањрвандии Туркистону Русия вобаста буд.
Ѓалаба аз болои њаракати зиддишўравї дар шимоли
Тољикистон ба рафти барњамдињии Мухторияти Ќўќанд ва
аксулинќилобчигии Туркистон сахт алоќаманд аст. Асоси
ин њаракат гарчи дар округи Хуљанд њам буд, вале оѓозаш
ба воќеањои Ќўќанд вобаста буд. Агар асоси ќуввањои зиддишўравиро босмачигарї ташкил медода бошад, ватани
босмачигарї водии Фарѓона ва асосгузори ин њаракат Мадаминбек ба њисоб меравад.
Яке аз вазифањои душвортарини Њокимияти Шўравї
дар охири соли 1918 мубориза бар зидди ќуввањои зиддишўравї ба њисоб мерафт. Сентябри соли 1918 атаман
39
Дутов роњи оњани Акмолинск-Оренбургро ишѓол намуда,
алоќаи Туркистонро аз Русия бурид. Дар Фарѓона сарварии «Артиши сафеди Туркистон»-ро Мадаминбек, ки дар
гузашта милисаи шўравї буд, ба зимма
гирифт. Инро ба назар гирифта, 28-уми сентябри соли 1918
дар Хуљанд митинги серодаме баргузор гардида, аз ин љо
барои барњам додани аксулинќилобчиёни Ашќобод 115 ва
ба Оренбург 250 нафар љанговар фиристода шуданд. Алоќа
барќарор гардид, вале дар шимоли Тољикистон дастањои
Эргаш амалиёти худро давом медоданд. Моњи январи
соли 1919 ба он гурўњи К. Осипов, ки дар гузаштаи наздик
Комиссари муваќќатии њарбии ЉМШС Туркистон буд ва
моњи январи соли 1919 дар Тошканд бо роњбарии ў исён сар
зада буд, њамроњ шуд. Дастаи Эргаш, ки 3-5 њазор нафарро
ташкил медод, 14-уми январи соли 1919 дењаи Сомѓорро торољ кард. Моњи марти њамон сол дењањои Исфона, Занбўра,
Дењмой, Сунбулоќ ва Чимѓонро ѓорат кард. Худи њамон
моњ Эргаш ба шањраки Сулукта њуљум кард, вале бо мадади
аскарони ба ёрї омада
Харитаи амалиёти љангии љабњаи Туркистон
(солњои 1918-1920)
40
шањрак муњофизат карда шуд. Дар волости Уралск дастањои
Мамадсолї ва Рањмон ќўрбошї даст ба ѓорат заданд.
Кумитаи иљроияи шўрои Хуљанд барои барњам додани
дастањои Эргаш якчанд тадбири таъљилї андешид. Дар љойњои муњимми уезд дидбонгоњњои низомї гузошта, дар тамоми гузаргоњњо иншооти мудофиавї сохтанд. 7-уми марти
соли 1919 мењнаткашони шањри Ўротеппа ќарор доданд, ки
барои мубориза бар зидди Эргаш њамаи ањолии шањрро сафарбар намоянд. Дар шањр Кумитаи њарбии инќилобї ташкил ёфт. Дар Ўротеппа, Шўроб барои мубориза бар зидди
ќуввањои зиддишўравї ситодњо таъсис дода, дар њама љо
дастањои нави яроќнок ташкил карда шуданд.
Дар тамоми шимоли Тољикистон моњи марти соли 1919
вазъи њарбї эълон гардида буд. Ќуввањои мусаллањи шимоли Тољикистон бар зидди ќуввањои зиддишўравї дар якљоягї бо ситоди љангии Фарѓона амал мекард.
Мастчоњ ба маркази зиддишўравї табдил ёфта буд.
Бањори соли 1919 баъди кушода шудани роњњои аѓба хавфи
ба воситаи Панљакент ба аморати Бухоро рафтани босмачиён афзуд. Шўрои Ўротеппа њамроњи шўроњои Хуљанд ва
Панљакент роњи босмачиёни Мастчоњро бастанї шуданд.
вале дастањои Эргаш ва Осипов ќуввањои онњоро шикаст
дода, боз аз сари нав Мастчоњро ишѓол намуданд.
Аввали апрели соли 1919 Дутов боз роњи оњани Акмолинск - Оренбургро ишѓол намуд. Боз хатти фронтњо тамоми сарњади Туркистонро печонда гирифт. Дар ин њолат
бо пешнињоди КИМ-и умумирусиягї барои њарчи хубтар
ташкил додани мубориза бар зидди аксулинќилобчиёну
босмачињо 7-уми апрели соли 1919 дар Туркистон дар њамаи
марказњои маъмурї шўроњои њарбї таъсис ёфтанд. Мењнаткашони Тољикистон аз њисоби ањолии шањрњои Хуљанд ва
Ўротеппа боз 138 нафар њизбиёнро ба љанг фиристоданд.
Ин дастгирї буд, ки дар њама љабњањо аксулинќилобчиёну
босмачиён шикаст хўрданд. Љабњаи Туркистон њам аз байн
рафт. Босмачигарии муташаккил њам рў ба таназзул нињод,
41
вале баъди дар Намангон шикаст хўрдани Мадаминбек ба
шимоли Тољикистон омадани ќуввањои зиддишўравї афзуда, дастањои нави босмачиёни мањаллї ташкил ёфтанд.
Ќуввањои зиддишўравї тамоми навъњои яроќњои хориљиро доштанд: милтиќњои системаи «Лиметфорд», «Рос
Рифм» (Канада), Лебел (Фаронса), «Слит Васон», «Колт»
(ИМА) ва ѓайра.
Яке аз дастањои калони ќуввањои зиддишўравї дастаи
Рањмонќулќўрбошї буд, ки дар ноњияи Ашт амал мекард. Ў
тобистони соли 1920 гўё таслим мешуда бошад, намояндагони уезди Хуљандро ба дењаи Ошоба барои гуфтушунид даъват намуд. Ба он љо сардори Комиссияи фавќулодаи Хуљанд
Мавлонбеков Бобобек, муовини ў Худяков ва раиси Кумитаи инќилобии волости Уралск А. Њасанов рафта буданд.
Онњоро Рањмонќул њабс карда, ба тањхона партофт ва як
њафта хўрок надод. Баъди ин воќеа бо супориши ташкилоти
њизбии Хуљанд таќрибан 100 нафар бой ва эшонњои калон
ба њабс гирифта шуданд. Ба онњо фањмонда шуд, ки агар намояндагони шўравї дар зарфи ду рўз аз дасти Рањмонќул
озод карда нашаванд, њамаи мањбусон ба ќатл расонида
хоњанд шуд. Мањбусон дар њайати Њамидхонтўраи хуљандї,
Њољї Абдуллохон домулло ва ќозї Сайидањмадхон њамчун
вакил ба назди Рањмонќул фиристода шуданд. Рањмонќул,
ки муриди Њамидхонтўра буд, Мавлонбеков, Худяков ва
Њасановро озод кард ва онњо ба Хуљанд баргаштанд.
Соли 1920 дастаи 3500-нафараи Ислом наќшаи аз Фарѓона омада, роњи оњани байни Хуљанду Драгомирово (Спитамени њозира)- ро таркондану ањолии онро торољ намуданро
кашид, вале аз дастањои ихтиёрии Љ. Зокиров, А. Рањимбоев, Њ. Усмонов шикаст хўрда аќиб нишаст.
Соли 1920 дар дењаи Ўртаќўрѓони Ўротеппа дастаи
Амонќул Тўябоев амал мекард. Дастањои ихтиёрии Бобо
Содиќов, Ато Рањимљонов бо њамроњии взводи пулемётчиёни М.М. Ткачев ўро ба муњосира гирифта, 80 сарбозашро
њалок ва дигаронашонро асир гирифтанд.
42
Сершумортарин дастањои зиддишўравии Ўротеппа
дастањои Холбўта, ќозї Тўра, Абдулќодирхон ба њисоб мерафтанд. Онњо бо ќуввањои зиддишўравии Фарѓона, Масчоњ
ва Љиззах робита доштанд. Аз љумла ќозї Тўра барои ќўрбошї шуданаш аз Ислом – ќўрбошии калони Фарѓона фотиња гирифта буд. Онњо инро истифода бурда, дар Ўротеппа
ва Нов даст ба торољгарї зада, баъзан дар атрофи Хуљанд
пайдо мегаштанд. Хавфи инро дида, Њокимияти Шўравї
моњи декабри соли 1920 ва аввали соли 1921 бо сардории
И.В.Кутс ва дастањои ихтиёрии Мулло Њайдар Ањмадбоев,
Р. Давлатов ва дигарон амалиёти љангии якљояро зидди ќўрбошиёни номбурда сар карданд. Дар натиља ќуввањои зиддишўравї дар ноњияи Ўротеппаю Шањристон шикаст хўрда,
Холбўта ва Абдулќодирхон ба Масчоњ гурехтанд. Онњо боз
се соли дигар муќовимати худро давом доданд. Њамин тавр,
соли 1920 дар шимоли Тољикистон ба ѓайр аз бекигарии
Масчоњ ба муќовимати зиддишўравї хотима дода шуда буд.
Мубориза бар зидди босмачигарї дар солњои 1921-1923.
Бо супориши Њукумати ЉМШС Туркистон њамаи фармондењони Артиши Сурх ба маќомоти њизбию шўравии уезди
Хуљанд барои нест кардани бекигарии Масчоњ тадбирњо
андешиданд. Моњи марти соли 1920 ќуввањоро дар дењањои
Ёрї, Дардар ва Урметан љамъ намуданд, ки аз дастањои ихтиёриён ва эскадрони 2-юми полки махсуси савораи сарњадии Самарќанд иборат буд. Ба онњо И.Ф.Кутс фармондењї
мекард. Аскарони сурх ва ихтиёриён бо талафоти калон
дењањои Фалѓару Рарзро озод намуданд ва мубориза бар
зидди бекигарии Мастчоњ ќатъ гардид. Ќушунњои њарбии
дар минтаќаи Масчоњ буда ба фронти Фарѓона љалб шуданд, чунки Њукумати Шўравї охири соли 1920 дар он љо
бар зидди Мадаминбек ва Монстров зарба тайёр карда буд.
Дар рафти ин зарбазанї дар Фарѓона Мадаминбеку Монстров ва дар Ўротеппа Холбўта шикаст хўрда, њамаи онњо
дар Масчоњ паноњ бурданд.
43
Ба Мастчоњ омадани Холбўта, собиќ афсари армияи
подшоњї Венедиктов, духтур Прохоров, инчунин боќимондањои дастањои Эргашу Мадаминбек ва зиёд шудани дастаи
бек Саид Ањмадхўља Масчоњро ба яке аз марказњои асосии
босмачиён табдил дод. Холбўта дастаи калони босмачиёнро
ташкил дод. Венедиктов бошад, нозири њарбии беки Масчоњ шуд. Њамин тавр, бо омадани унсурони зиддишўравї
босмачигарї дар Масчоњ ављ гирифт.
Њукумати ЉМШС Туркистон бо умеди пешгирї кардани
њамлањои босмачиёни Масчоњ ва барќарор намудани сулњ
августи соли 1922 бо иштироки бевоситаи Артиши Сурх,
милитсия ва ќўшунњои таъйиноти махсус (ЌТМ) ба барњам
додани дастањои босмачиёни Масчоњ шурўъ кард. Ба онњо
Ањмадбоев, А. Рањимбоев, А. Њусейнов, Њ. Усмонов ва сарфармондењи њарбии вилояти Самарќанд Лисовский сардорї
мекарданд. Гарчи њодисањои ба маќомоти шўравї таслим
шудани босмачиён зиёд шуда бошад њам, шумораи босмачиёни дастаи Холбўта соли 1922 аз 2 њазор зиёд буд. Артиши
Сурх баъди љанги пуршиддате барои Оббурдон Холбўтаро
шикаст дода, моњи апрели соли 1923 Масчоњро озод кард.
Холбўта ба Ќаротегин гурехт. Беки Масчоњ Саид Ањмадхўља таслим шуд. Бекигарии Мастчоњ барњам хўрд ва бо ин
љанги шањрвандї низ дар саргањи Зарафшону тамоми ноњияњои шимоли Тољикистон ба охир расид.
Савол ва супориш
1. Љанги шањрвандиро шарњ дињед.
2. Сабабњои љанги шањрвандии Тољикистонро номбар кунед.
3. «Ташкилоти њарбии Туркистон» чї гуна созмон буд?
4. Хусусияти љанги шањрвандии Тољикистонро шарњ дињед.
5. Сардорони аввалини дастањои зиддишўравиро номбар кунед.
6. Сабабњои асосии аз тарафи ањолї дастгирї ёфтани шўроњо дар
чист?
7. Дастањои босмачиёни шимоли Тољикистонро номбар кунед?
8. Барои чї босмачиён ба шањрњою шањракњо њуљум намекарданд?
44
9. Сабаби асосии таъсиси бекигарии Масчоњро фањмонед?
10. Барои чї бо барњам хўрдани бекигарии Масчоњ љанги шањрвандї дар шимоли Тољикистон ба охир расида њисобида мешавад?
§ 12. ЉАНГИ ШАЊРВАНДЇ ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ
КЎЊИСТОНИ БАДАХШОН
Оѓози љанги шањрвандї дар ВМКБ. Ба сар задани њаракати босмачигарї дар ВМКБ, пеш аз њама, пурзўр гардидани ќуввањои иртиљоии минтаќа, њаракати босмачигарї дар
водии Фарѓона, муваффаќиятњои љангии аксулинќилобиёни
Закаспий ва атаман Дутов, фаъолияти љосусони хориљї сабаб шуда буд. Босмачиёни Фарѓона роњи алоќаи Помирро
бо Туркистони Шўравї баста буданд, вале барои мењнаткашони ин љо ёрии иќтисодї ва њарбии ЉМШС Туркистон лозим буд. Аз тарафи дигар, Эсертон - консули дар Кошѓар будаи Англия бо бойњои мањаллї ва рўњониёни Помири Ѓарбї
ва Шарќї вохўрда, онњоро бар зидди Њокимияти Шўравї
бархезонда, барои ба даст даровардани њокимият роњи нест
кардани Комиссияи њарбї-сиёсиро, ки охири соли 1918 бо
сардории А. Холмаков ташкил ёфта буд, пеш гирифтанд.
Њокимияти Шўравї бо ташаббуси А. Холмаков сафи милитсияи халќиро аз њисоби мањаллиён зиёд карда, шахсони
шубњанокро аз он дур кард. Дидбонгоњњои сарњадї низ мустањкам карда шуданд, вале набудани робита бо Туркистони Шўравї вазъияти њарбии Помирро душвор менамуд.
Моњи июли соли 1919 бо дастури њукуматдорони Англия
дар Хоруѓ чор нафар фирории њарбии румин, ки аз Тирмиз
гурехта буданд, пайдо шуданд. Онњо аз дудилагии аъзои
њукумати мањаллї истифода бурда, А. Холмаков ва боз ду
нафари дигарро куштанд, ки ин ба Помир сар даровардани ќуввањои зиддишўравї, амири Бухоро ва Афѓонистонро
тезонид. Ба Помир дастаи полковник Тимофеев баргашт ва
моњи октябри соли 1919 ба Хоруѓ ворид шуд. Бо њамин Њокимияти Шўравї дар Помир муваќќатан барњам хўрд. Тамоми рўњониёни Бадахшон ва њокимони пештараи он ба та45
рафи Тимофеев гузаштанд. Дар Помир сохти кўњнаи амирї
барќарор гардид.
Рўњониёни дењањои Шоњдара ва Поршнев Саидмањмуду
Юсуфалишоњ ва Абдулѓиёсхон ба беки Дарвоз нома фиристода хоњиш карданд, ки њокимияти худро дар Помири Ѓарбї њам пањн намояд, вагарна онњо афѓонњоро даъват мекунанд.
Ба Хоруѓ намояндаи амири Бухоро рафта, барои омадани аскарони бухорої замина тайёр кард. Ў талаб кард,
ки милитсияи халќї ќалъаи Хоруѓро тарк кунад. Љавонони инќилобии ќалъа хоњиши муќобилат кардан доштанд,
вале сардори онњо Аќназар тарафдори супоридани ќалъа
буд. Љавонон Аќназар ва тарафдорони ўро аз вазифа дур
карда, худ ќалъаро тарк карданд, чунки муќобилат фоидае
надошт. Њабскунї ва азобу шиканљаи коркунони дастгоњи
шўравї ва хайрхоњони Њокимияти Шўравї сар шуд. Аз љумла муборизи фаъоли барпо намудани Њокимияти Шўравї
дар Помир А. Наврўзбеков моњи марти соли 1920 њабс карда
шуд. Ба азобу шиканља нигоњ накарда, ў рафиќони худро
фош накард ва аз марг дар натиљаи њуљуми Артиши Сурх
рањої ёфт.
Аскарони инќилобї дар дењањои дурдаст ва кўњњо пинњон
шуданд, то ки аз сари нав муборизаи зидди аксулинќилобиёнро оѓоз кунанд. Дар муддати ќариб се моњи мављудияти
сохти амирї зулму истибдод ба дараљае расонида шуд, ки
ањолии Помири Ѓарбї барои барњам додани сохти амирї
тайёриро сар карданд. Дар тайёрии шўриши яроќнок љавонони рўњияи инќилобидоштаи Хоруѓ ва дигар мањалњои
Шуѓнон фаъолона иштирок карданд.
Ќуввањои асосии аксулинќилоб дар ќалъа буданд ва
онро ишѓол кардан зарур буд. Барои иљрои ин маќсад 26-уми
июни соли 1920 бо иштироки 26 нафар аскарони сурх, милитсияи халќї ва љавонони рўњияи инќилобидоштаи Поршнев
маљлис барпо гардид. Дар маљлис наќшаи ишѓол намудани
ќалъаи Хоруѓ ва ба даст даровардани анбори яроќ кашида
46
шуд. 27-уми июн њуљум ба ќалъа оѓоз ёфт, ки барои он отряди 20-нафара сафарбар карда шуда буд. Аксари љанговарони он мањаллиён, аз љумла, Азизбек Наврўзбеков, Мирзобек
Бодуров, Таваккал Худойбердиев, Њазратшо Хиромоншоев,
Муборакшо Карамов, Карамхудо Элчибеков ва чанде дигарон бо сардории Хубоншо Наримоншоев буданд. Њамин
тавр, дар Шуѓнон аз сари нав Њокимияти Шўравї барќарор
карда шуд. Тамоми сардорони табаддулоти зиддишўравии
Помири Ѓарбї њабс карда шуданд. Ба Хоруѓ иштирокчиёни
фаъоли барпо намудани Њокимияти Шўравї Мадамир Абдуллоев, Руднев ва Вичич баргаштанд. Бо ёрии онњо сафњои
милитсия аз сари нав аз њисоби мањаллиён пурра карда шуд.
Ба милитсияи халќї Вичич ва ба корњои барќарор намудани
хољагї Руднев роњбарї мекарданд.
Барои барќарор намудани робита бо Туркистон милитсияи халќї намояндагони худро ба Тошканд фиристод.
Вазъияти бавуљудомадаро ба њисоб гирифта, Њукумати Туркистон ба босмачиёни Фарѓона зарбаи њалокатовар зада,
робитаро бо Помир барќарор намуд.
Моњи октябри соли 1920 барои њимояи сарњади Помири
Шўравї, бо сардории Семикин отряди 350-нафара ва моњи
сентябри соли 1921 бошад, отряди 200-нафара бо сардории
Дяков барои њимояи Помири Шарќї омаданд.
Бояд ќайд кард, ки дар Помир босмачигарии мањаллї
набуд, вале дар ин минтаќа дастањои босмачиёни Фарѓона
бо сардории Мадаминбек, Кўри Шермат ва дигарон бедодгарї мекарданд. Аз ин рў, муборизаи ањолии Бадахшон
бештар зидди аксулинќилобиёни дохилї дар симои гвардиячиёни сафеди рус ва рўњониёну ашрофи мањаллї равона карда шуд буд.
Сегонаи њарбї-сиёсї ва фаъолияти ў. Азнавбарпокунии
маќомоти Њокимияти Шўравї дар Помир то миёнаи соли
1921 давом кард. Барои њарчи тезтар љорї кардани ин њокимият, муњофизати он аз њуљуми душманон ва барои роњбарии умумї ба маќомоти њизбию шўравии Помир моњи
47
сентябри соли 1921 Сегонаи њарбї-сиёсї (дар њайати Шириншоњ Шоњтемур - намояндаи Помири Ѓарбї, А. Њусейнбоев - Помири Шарќї ва Т. М.Дяков – фармондењи отряди
сарњадї) ташкил ёфт. Бо фаъолияти ин Сегонаи њарбї-сиёсї
дар Помир маќомоти Њокимияти Шўравї дар шакли кумитањои инќилобї (ревкомњо) барќарор карда шуданд, ки то
соли 1922 дар тамоми Бадахшон вуљуд доштанд. Дар Помири Шарќї боќимондаи дастањои босмачиён (дастањои љосуси англис Мамадљумъа ва Зинченко) муќобилият мекарданд.
Дар Помир љанги шањрвандї дар нимаи дуюми соли 1921 ба
охир расида буд. Мамлакати дар гузашта мустамлика акнун
ќадам ба сохтмони сотсиализм нињод. Бадахшон ба давраи
аз нав барќарор кардани хољагии халќи худ сар кард, ки ин
раванд низ аз соли 1921 ва ба таври умумї аз соли 1922 сар
шуда буд.
Луѓат
1. Автономистњо – мафњумест, ки онро Њокимияти Шўравї
нисбати љонибдорони мухториятхоњони Туркистони Шўравї истифода мебурд.
2. Автономия – мафњумест, ки сохтори маъмурї ва давлатии
ЉМШС Туркистонро дар солњои 1917-1924 ифода мекард.
3. Автономияи Ќўќанд – њукумат, давлати буржуазиест, ки
декабри соли 1917 таъсис дода шуда буд. Баъд аз он ки моњњои
ноябр ва декабри соли 1917 Њокимияти Шўравї ташкилотњои
љамъиятї-сиёсии «Уламо» ва «Шўрои исломия»-ро пароканда
карду онњоро бо шўроњои намояндагони халќ иваз карданї шуд,
намояндагони ин ду ташкилот дар Ќўќанд љамъ омада, 9-12-уми
декабри соли 1917 Анљумани 1-уми фавќулодаи мусулмонони
Туркистонро гузаронида, Ќўќандро давлати соњибихтиёр - Мухторияти Ќўќанд эълон карданд. Он то 22-уми феврали соли 1918
вуљуд дошт.
4. Антанта – Иттифоќи сегонаи њарбии Русия, Фаронса ва Англия буд, ки маънои луѓавиаш «ризоят аз дил» аст.
5. Бозсозї – мафњуми сиёсї, иќтисодї ва маданї буда, беш-
48
тар њамчун сиёсати махсус дар даврањои гуногуни инкишофи
љамъият истифода мешуд. Солњои 20 - 30 асри ХХ ба маънии аз
љамъияти капиталистї ба сотсиализм гузаштанро ифода мекард.
6. Мухторият – калимаи арабї буда маънои луѓавиаш ихтиёркардашуда, соњибихтиёрист. Њамчун мафњуми сиёсї дар
солњои 20 асри ХХ њуќуќи худидоракунї, њалли мустаќилонаи
масъалањои давлатї дар доираи њуќуќњои худ буд.
7. Мухторияти шўравї – мафњуми сиёсии давраи шўравист.
Халќњое, ки дар доираи Ќонуни асосии шўравї дорои мухторият
буданд, ин мухторият ба онњо њуќуќи мустаќилона ба амал баровардани њокимияти давлатї ва худидоракунии васеи дохилї,
ташкили маќомоти њокимияти судї, маъмурї, мактабњо, муассисањои љамъиятию сиёсї, маърифатї ва забонро медод.
8. Отряд – дар солњои 20-ум дастаи њарбии аскарони сурх ва
ќисмњои њарбї буд. Отряди аскарони сурх, отряди ихтиёриён ва
баъдтар умуман отряд њамчун њарбиёни шўравї маълум буд.
9. Сегонаи њарбї-сиёсї (СЊС) – ташкилот, маќомоти њокимият дар Бадахшони солњои 1921-1924, ки охири соли 1921 дар
њайати 3 нафар: Ш. Шоњтемур – намояндаи Помири Ѓарбї, Њусейнбоев – намояндаи Помири Шарќї ва Дяков – намояндаи
дастаи сарњадии Помир ва КИМ-и Туркистон таъсис ёфта буд.
Маќсад ва вазифаи СЊС мустањкам кардани Њокимияти Шўравї
дар Бадахшон буд.
Савол ва супоришњо
1. Дар њаракати зиддишўравии Бадахшон кињо наќши асосиро мебозиданд?
2. Воќеаи марбут ба А. Холмаков ва Тимофеевро наќл кунед
ва шарњ дињед.
3. Сегонаи њарбї-сиёсиро барои чї сегона меномиданд?
4. Дар бораи таъсисёбї ва барњамхўрии бекигарии Мастчоњ
наќл кунед.
5. Даврањои асосии љанги шањрвандиро номбар кунед.
49
§ 13. ЊАРАКАТИ ЗИДДИШЎРАВЇ ВА ОЃОЗИ ЉАНГИ
ШАЊРВАНДЇ ДАР БУХОРОИ ШАРЌЇ
Оѓози љанги шањрвандї дар Бухорои Шарќї. Амалиёти
зиддишўравии Иброњимбек. Аввалин ташкилкунандагони
дастањои зиддишўравї дар Балљувон Давлатмандбой, дар
Кўлоб Ашўртўќсабо, дар Ќизилмазор (ноњияи Темурмалик)
Туѓайсарї, дар Лаќай (н. Рудакї) Иброњимбек, дар Дарвоз
эшони Султон ва дар Ќаротегин (Раштонзамин) – Фузайлмахсум буданд. Шиори асосии ќуввањои зиддишўравї ѓазавот буд. Рўњониён бошанд, ташвиќот мебурданд, ки халќ
барои онњо озуќаву лавозимот тайёр кунад.
Ќисми зиёди сардорони дастањои зиддишўравї одамони
бой, амалдор ва љинояткор буданд. Яке аз онњо Иброњим
Чаќабой буд, ки лаќаби “галу”, яъне дуздро дошт. Ў соли
1889 дар оилаи сардори авлоди эсанхољањо дар Кўктош таваллуд ёфтааст. Иброњим барои хизматаш аз беки Њисор
њуќуќи ба фоидаи худ гирифтани музди осиёбу обљувозњо ва
закоти 12 хољагиро соњиб шуда буд.
Дар Душанбе ў дар њузури амир Олимхон буд. Амирро
то Чубек гуселонида, худ ба хонаи падарарўсаш Абдуќайюм
ба дењаи Ќаросуви Данѓара рафт.
Воќеањои сиёсии соли 1921 баромадњои зиддишўравиро
тайёр намуданд, сарватмандон мустањкамшавии њокимияти халќиро дида, шўришро сар карданд. Моњи июли соли
1921 тамоми Бухорои Шарќиро шўришњо фаро гирифтанд.
Сараввал дастањои зиддишўравї амалиёти алоњида-алоњида
мегузарониданд, вале баъдтар ба фишори Артиши Сурх тоб
наоварда, бо саркардањои номдор Иброњим (Лаќай), Султон (Дарвоз), Фузайлмахсум (Ќаротегин), Хуррамбек (вил.
Сурхон) муттањид шуданд.
Иброњим дар аввал яке аз аъзои дастаи Ќайюмпарвоначї буд. Дар торољгарї зуд ном бароварда, сардори даста
шуд. Бо сардории ў охири моњи август босмачиён хостанд,
ки ќалъаи шањри Кўлобро ишѓол намоянд, вале њимоятгарони ќалъа хабардор шуда, мудофиаро ташкил карданд.
50
Рўзи 11-ум командири аскарони ќалъа Умарќул Саидов
ва Абдурањмон Ѓузакро ба Чўбек фиристод. Аз Чубек ёрї
омад. Босмачиён гурехтанд. Рўзи дигар бошад, 120 савораи
шамшердор ба Муъминобод равона шуда, дар роњ бо 600
босмачї вохўрданд. 80 кас кушта шуд. Босмачиён боз гурехтанд. Ин якумин шикасти калони босмачиён буд. Ин гурўњи
њарбї ба Файзобод омад. Иброњим бошад, Кўлобро забт
карда, аъзои Кумитаи инќилобии вилоятро ќатл кард. Ў
Давлатмандбой (тољик) ва Туѓайсариро (лаќай) дар Кўлоб
монда, худ ба Лаќай рафт. Дар Ќаротегин ва Дарвоз махсуми Фузайлу эшони Султон њам сохти аморатро барќарор
карданд.
Моњи сентябри соли 1921 дар Султонобод љамъомади
сардорони босмачиён баргузор шуд. Иброњимбек эълон намуд, ки Њокимияти Шўравї дар Ѓарму Кўлоб сарнагун карда шудааст. Намояндаи амир Ањмадбек гуфт, ки Англия бо
Њокимияти Шўравї љангро сар карданист. Амир њам нияти
бо ќуввањои калон ба Бухоро омаданро дорад. Ањмадбек
туњфаи амир – љойнамозеро, ки дар он “Ба муњтарам Муњаммад Иброњимбек тўќсабо” сабт шуда буд, ба Иброњим дод
ва минбаъд ў унвони “бек”-ро гирифт.
Иброњимбек бо маќсади муайяне дењаи Мазори Мавлоноро пойтахти худ интихоб карда, аз ин љо ба дењањои дуру
наздик дар бораи сар кардани “ѓазавот” ва барњам додани
гарнизонњои Артиши Сурх номањо мефиристод. То нимаи
августи соли 1921 дар Бухорои Шарќї Њокимияти Шўравї
фаќат дар дењањое боќї монда буд, ки гарнизони Артиши
Сурх мављуд буд. Ба ѓайр аз ин, ба ташкилёбии босмачигарї дар Бухорои Шарќї раиси КИМ-и ЉХШБ Усмонхоља
Пўлодхољаев ва бародараш Атоуллохоља, ки намояндаи
ЉХШБ дар Бухорои Шарќї буд, ёрии калон расониданд.
Онњо ба вазифањои масъули њукуматї душманони сохти
шўравиро таъйин мекарданд ва халќро зидди сохти шўравї
бармехезонданд.
51
Пўлодхољаев сардорони босмачиёнро ба дастгоњи идоракунї таъйин мекард. Бо онњо созишнома њам баст. Атоуллохўља ва Давлатмандбой 12-уми августи соли 1921 дар
Балљувон бо намояндагони босмачиёни Кўлоб, Ќаротегин,
Дарвоз, Њисор ва Вахш шартнома бастанд, ки аз 8 модда
иборат буд. Мувофиќи ин шартнома Артиши Сурх аз Бухорои Шарќї бароварда, ин вилоят ба ихтиёри босмачиён
гузошта мешуд. Дар созишнома дар бораи нест кардани
коркунони фаъоли кумитањои инќилобї низ сухан мерафт.
Аз љумла, бо фармони сардорони босмачиён душманони Њокимияти Шўравї аз мањбасњо озод ва унсурњои дигари аксуинќилобї ба мансабњои гуногуни шўравї таъйин
ва пешбарї шуданд. Дар асл ин шартнома барњам додани
Њокимияти Шўравиро дар Бухорои Шарќї дар назар дошт.
Тибќи ин шартнома тамоми Бухорои Шарќї аз ќўшунњои
русї тоза карда шуда, ба њайати њукумати марказї ва мањаллии Бухоро бештар одамони бонуфузи ањли дин бояд дохил
карда мешуданд. 12 нафар фаъолони шўравї, ки исму насабашон дар шартнома зикр шудаанд, љазо дода мешуданд,
вагарна шартнома эътибор пайдо карда наметавонист.
Баъди вохўрї Атоуллохоља ба Бухоро баргашта, ба љойи
худ Шоњзодаро таъйин кард ва ў дастањои нави босмачиёнро дар водии Вахш ташкил намуд.
Дар њаќиќат, баъди ин созиш муборизаи зиддишўравї
каме суст гардид. Ќисмњои “Экспедитсияи Њисор” ба Самарќанд бурда шуданд. Он ќуввањои њарбие, ки ба Бухорои
Шарќї оварда шуда буданд, отряди Њисорро иваз карда
наметавонистанд. Хулоса, неруњои зиддишўравї њамаљониба тайёрї дида, њуљумро ба Душанбе сар карданд. Њуљум
21-уми сентябри соли 1921 оѓоз шуд. Иброњимбек Душанберо ба муњосира гирифта, талаб кард, ки гарнизон таслим
шавад. Командири гарнизон Т.Морозенко, муовини ў Мухин ва консули генералии ЉШФСР дар Душанбе Нагорний
шањрро ба муњосира омода намуда, ќосиди худро барои ёрї
талабидан ба гарнизони Файзобод фиристоданд. Сарбозони
52
гарнизон дар муддати 22 рўз њуљуми пайдарњами Иброњимбекро зада гардонданд. 14-уми октябр 100 нафар аскари
сурх аз гарнизони Файзобод ба ёрї расиданд ва Душанберо
аз муњосира озод карданд.
Њамон рўзи 14 -октябр 100 нафар аскари сурх бо ду пулемёт ба дењаи Мазори Мавлоно њамла оварданд. Инро дида
Иброњимбек боз ба Душанбе њуљум намуд, вале шикаст хўрд
ва Мазори Мавлоноро тарк кард.
Моњи сентябри соли 1921 ба Бухорои Шарќї собиќ вазири мудофиаи Туркия Анварпошшо омад. Ў њуќуќи ба Бухоро омаданро бо ёрии Њукумати ЉХШБ гирифта буд. Дар
тамоми Бухорои Шарќї то декабри соли 1921 Њокимияти
Шўравї фаќат дар Душанбе боќї монда буду халос. Амир
9-уми декабр ба Иброњимбек фармон дод, ки Душанберо
забт намояд. Њамон рўз дар Душанбе хиёнат њам шуд. Мутасаддии фавќулодаи ЉХШБ дар Бухорои Шарќї Усмонхоља
Пўлодхољаев ба хотири командири гарнизон Т. Морозенко,
муовини ў Мухин ва консули њарбии ЉШФСР дар Душанбе Нагорний базм орост. Зимни суњбат намояндагони Њукумати ЉХШБ Пўлодхољаев, Алї Ризо, Фаррух Халил ва
Дониёр хостанд Морозенко, Мухин ва Нагорнийро маљбур
кунанд, ки ба фармони беяроќгардонии гарнизон имзо гузоранд. Вале онњо ба ин фармон имзо нагузоштанд. Бо фармони У. Пўлодхољаев ин се нафар њабс карда шуданд. Баъди
ин вай бо Алї Ризо аз ваколатњои худ истифода бурда, дар
беяроќкунии баталиони сеюми полки 7-уми гарнизони Душанбе иштирок кард. Аз амали Пўлодхољаев ва Алї Ризо
шахси номаълуме аз ањолии шањр ба баталиони 2-ум хабар
додааст. Аз ин рў, баталиони мазкур бонги хатар зада, ба
љанг омода гардид ва аскарони беяроќшударо яроќнок карданд. Дар њамин њолат Иброњимбек аз дењаи Шоњмансур ба
Душанбе њамла овард. Љанг се рўз давом ёфт. Гарнизони
550 - 600- нафара, ки аз чор тараф муњосира шуда буд, беамон љангид. Иброњимбек маљбур шуд, ки аќиб нишинад.
Дар ќатори онњо аъзои Комиссияи фавќулодаи ЉХШБ дар
53
Бухорои Шарќї њам ба Афѓонистон фирор карданд, аммо
вазъияти Душанбе бењ нагардид. Ќуввањои зиддишўравї тамоми атрофи Душанберо зери назорат гирифтанд. Нагорний бо Анварпошшо ва Иброњимбек мукотибаро сар кард.
Дар охир босмачиён ваъда доданд, ки агар гарнизон рафтан
хоњад, роњашро мекушоянд, ба шарте ки Душанберо тарк
кунад. Њатто ваъда доданд, ки барои аспњояшон ему хошок
њам медињанд. Ин воќеа 20-уми декабр ба вуќўъ пайваст ва
гарнизон ин талабро рад кард. Гарнизони Душанбе фаќат
баъди гирифтани фармон шаби 14 – 15-уми феврали соли
1922 шањрро тарк намуд ва 22-юми феврал ба Бойсун расид.
Дар тамоми Бухорои Шарќї Њокимияти Шўравї барњам
дода шуд. Анварпошшо дањњо табрикномаи мамлакатњои
хориљї ва шахсони алоњидаро ќабул кард. Моњи феврали соли 1922 ў ба Њукумати Шўравї дар бораи аз њудуди
ЉХШБ ва ЉМШС Туркистон баровардани ќўшунњои Артиши Сурх ва ба расмият шинохтани давлати ташкилмедодагии ў ултиматум (талаби тањдидомез) пешнињод кард.
Анварпошшо ба Сурхондарё рафт. Дар он љо дастаи зиддишўравии мулло Абдулќањњор амал мекард. Ќуввањои зиддишўравї аз омадани Анварпошшо рўњбаланд гардиданд.
Ин рўњбаландї ва бањамої вазъияти Бухороро зери хатар
гузошт. Дар тамоми Осиёи Миёна њаракати зиддишўравї
ављ гирифт.
Луѓат
1. Экспедитсияи Њисор - отряди њарби Њисорро меноманд, ки
октябри соли 1920 барои сарнагун кардани амир Олимхон дар водии Њисор ва барпо намудани Њокимияти Шўравї дар Бухорои
Шарќї аз тарафи Њукумати ЉХШБ аз њисоби ќўшунњои худ ва
Русияи Шўравї таъсис дода шуда буд.
2. Комиссияи фавќулодаи диктаторї (КФД) – маќомоти
њокимиятие буд, ки онро КИМ-и Љумњурии Бухоро марти соли
1922 дар Бухорои Шарќї таъсис дода буд. Вазифаи он татбиќи
њама ќарордодњои Њукумати Бухоро ва агар лозим ояд, ќабули
ќонунњои наву бекор кардани ќонунњои пештара буд. Ин комис-
54
сия доимї буда, њайати он тез-тез иваз карда мешуд ва њафтае
як маротиба ба њукумат гузориши хаттї медод. КФД дар асл як
навъи њокимияти мухтор њам буд. Ба њайати он маќомоти хољагї,
њарбї, иќтисодї, фарњангї, судї, маъмурї ва ѓайра дохил буданд.
Савол ва супоришњо:
1. Шарњи њоли Иброњимбекро наќл кунед.
2. Амалиётњои њарбии соли 1922 –и Иброњимбекро наќл кунед.
3. Анварпошшо кист ва чї хел ба Бухорои Шарќї омад?
4. Дар бораи ибтидои фаъолияти Анварпошшо дар Бухорои
Шарќї чиро медонед?
5. Раванди таъсисёбии маъракаи муборизаи зидди Анварпошшоро шарњ дињед.
§ 14. МАЪРАКАЊОИ ЗАРБАЗАНИИ ЗИДДИ
АНВАРПОШШО ВА БОСМАЧИГАРЇ ДАР СОЛЊОИ
1922 – 1923
Ташкили маъракаи мубориза бар зидди Анварпошшо.
Њукумати умумииттифоќї январи соли 1922 масъалаи таъсиси Комиссияи фавќулодаи диктаторї оид ба корњои Бухорои Шарќї, феврали соли 1922 масъалаи ба њайати ЊКР(б)
ќабул шудани ЊК Бухоро, 20-уми апрели соли 1922 масъалаи “Дар бораи фронти Туркистон”-ро, инчунин чорабинињои табдил додани Бюрои Сиёсии туркистонии ЊКР(б) ба
Бюрои осиёимиёнагии ЊКР (б)ва майи соли 1922 ташкил ёфтани корпуси 13-уми тирандозро аз њайати ќисмњои њарбии
бењтарини Русияи Шўравї (аз љумла, Армияи якуми савораи Будённий ва дивизияи 25-ми чапаевї) муњокима намуда,
ќарорњои дахлдор ќабул карда буд. Ин њама чорабинињое
буданд, ки дар миќёси Осиёи Миёна то он рўз њамто надоштанд. Ин тадбирњо маъракаи аввалини мубориза бар зидди
босмачигарї номида шуданд, ки дар асл мубориза бар зидди Анварпошшо буданд.
Ќуввањои зиддишўравї њам бекор нанишастанд. Ба
Анварпошшо муяссар гардид, ки ќўшуни 20-њазораи
босмачиёнро ба тариќи аврупої созмон дињад. Ќўшунњои
55
зиддишўравї акнун ситод (штаб), хадамоти интендантї
(танзими ќўшун) ва госпиталию лазаретї, аќибгоњиро дошт.
Ин шуъбањоро Орипов, Алї Ризо, Сурайё, махсуми Фузайл,
Њасан, Дониёр, эшони Султон сардорї мекарданд. Ситоди
Анварпошшо дар байни шањракњои Бойсуну Юрчї љойгир
буд. Бо ташаббуси ў дар дењаи Ќарасу анљумани муллову
эшонњо ва сардорони дастањои зиддишўравї даъват шуда
буд. Анљуман “ѓазавот”- љанги зиддишўравиро эълон кард.
Маъракаи якуми зарбазанї ба босмачигарї. Ташаббуси
љангиро Артиши Сурх ба дасти худ гирифт. Аввали моњи
июли соли 1922 ба дастањои зиддишўравии атрофи шањри
Бухоро, ки ба онњо Абдуќањњору Дониёр сардорї мекарданд, зарба зада шуд. Дониёр шикаст хўрда, ба Анварпошшо
њамроњ шуд. Ќўшунњои корпуси 13-ум ба ду ќанот – чап ва
рост таќсим шуда буданд. Ќаноти рост мебоист бо сардории
Никитин ба воситаи Шеробод – Кокайтї – Тирмиз – Ќубодиён – Ќўрѓонтеппа - Кўлоб то ба Балљувон ва ќаноти чап аз
Бойсун бо сардории Я. М. Мелкумов ба Дењнав - Њисор - Душанбе - Кофарнињон - Файзобод ва то ба Балљувон мебаромаданд. Дар њайати ќаноти чап гурўњи њарбие аз Самарќанд
ба сўйи Панљакент ва Мастчоњ њаракат намуда, саргањи Зарафшонро аз босмачиён озод мекард. Маќсад он буд, ки нагузоранд, то босмачиён пароканда шаванд ва ё ба хориља гурезанд. 15-уми июл ќанотњои росту чапи ќўшунњои шўравї
ба њаракат даромаданд. Анварпошшо дар атрофи Бойсуну
Кафриюн муќобилати сахт нишон дод, вале истодагарї карда натавонист. Ќўшунњои шўравї 16-уми июн Миршодї ва
17-уми июн Дењнаву Юрчиро ишѓол карданд. Анварпошшо бошад, ба воситаи гузаргоњи дараи Тангимуш ба водии
Сурхон аќиб нишаст ва аз вазири њарбии Афѓонистон ёрии
иловагї пурсид. Сабаби асосии мурољиати Анварпошшо ба
вазири њарбии Афѓонистон Нодирхон найрангњои Иброњимбек буд. Дар асоси ин талаб њукумати Афѓонистон дар муддати моњњои июн ва июл ба Анвар 800-нафар афѓонро фиристода буд.18-19 ва 20-уми июн дар атрофи дењаи Сариосиё
56
ва соњили дарёи Тўпаланг љангњои сахт ба вуќўъ омаданд
ва ба Анварпошшо талафоти зиёде расонида шуд. 30-юми
июни соли 1922 њукумати ЉХШБ ба њукумати Афѓонистон
нотаи эътирозї фиристод. Дар он ќайд шуда буд, ки ёриро
ба Анварпошшо ќатъ намояд. Аз муваффаќиятњои ибтидои
амалиёти худ истифода карда, ќаноти рости ќўшунњои корпуси 13-ум 1-уми июл сарњадро бо Афѓонистон дар водии
Вахш то Саройкамар баст, то ки ќўшунњои Анварпошшо ба
Афѓонистон нараванд ва ќўшунњои Афѓонистон ба Бухорои
Шарќї наоянд. Ќаноти чапи корпус бошад, 1-уми июл Регар, Њисор ва Ќўрѓонтеппаро ишѓол кард. Љанги сахт дар
дењаи Арѓамчини Ќаратоѓ шуд. Анварпошшо кўшиш кард,
ки Душанберо њимоя намояд ва ба ин тайёрї дид, вале онро
њимоя карда натавонист. 14-уми июли соли 1922 ќўшунњои
шўравї баъди задухўрди начандон калон Душанберо ишѓол
карданд.Ќўшуни Анварпошшо пароканда шуд. Дастањои
зиддишўравии Мастчоњ бо сардории Рањмондодхоњ ба ќаторкўњњои Њисор, босмачиёни Ќаротегину Дарвоз бо сардории махсуми Фузайл ва эшони Султон ба тарафи Янгибозор
ва боќимондаашон бо сардории Анварпошшо ба тарафи
Кўктош ва водии Лаќай парешон шуданд. Иброњимбек Анварпошшоро дар Кўктош гузошта, худаш ба кўњњои Рангон
баромада рафт. Анварпошшо ба воситаи аѓбаи Фахробод
ба водии Вахш ворид гардида, хост Ќўрѓонтеппаро ишѓол
намояд, вале аз тарафи полки 15-уми савора зарбаи сахт
хўрда, роњи Сангтўдаро пеш гирифт. Тактикаи љангии ўро
пай бурда, полки савораи 16-ум пеш аз вай ба Сангтўда
расид. Анварпошшо бо 5 њазор сарбоз ба Сангтўда шитофт,
вале гурўњи сарбозони Давлатмандбой ба оташфишонии
ќўшунњои шўравї тоб оварда натавониста, ќафо гашт. Аз
ин истифода бурда, ќўшунњои шўравї ба ќаноти чапи ќўшунњои Анварпошшо зарба заданд ва вай истодагарї карда
натавониста роњи Балљувонро пеш гирифт. Аммо ба ў муяссар гардид, ки ќўшунњои парокандагаштаи худро љамъ
оварад ва ба муњорибаи навбатї омода гардад. 17–19-уми
57
июли соли 1922 дар Балљувон љанги сахт шуд ва Анварпошшо шикаст хўрд. 20-уми июл Балљувон ишѓол карда шуд.
Барои задухўрди Балљувон полки савораи 15-ум номи полки
балљувониро гирифта буд. Анварпошшо бо 500 нафар сарбозаш, ки аксаран афѓон буданд, ба тарафи дењаи Обдара
аќибнишинї карда, дар айни замон наќшаи фирори худро ба
Афѓонистон тањия намуда, 4-уми августи соли 1922 кўшиш
кард, ки сафњои лашкари шўравиро рахна карда, ба воситаи
Бањорак ба хориља равад, вале натавонист. Полки 16-ум, ки
дар сари роњи ў ќарор дошт, ба њуљум гузашт. Анварпошшо
баъди панљумин дафъа захмдоршавиаш њалок шуд. Давлатмандбой њам кушта шуд. Ба як гурўњ босмачиён муяссар гардид, ки аз муњосира бароянд, вале онњо њам шикаст хўрданд.
Бо њамин ба фаъолияти босмачигарї бо сардории Анварпошшо хотима дода шуд.19-уми августи соли 1922 иљлосияи
КИМ-и умумибухорої ахборро дар бораи мањви Анварпошшо шунида, миннатдории худро ба Артиши Сурх баён
кард. Мољарои Анварпошшо ба охир расида бошад њам,
љанги шањрвандї ба охир нарасида
буд. Акнун ба арсаи сиёсї сарварони мањаллї баромаданд. Иброњимбек ќисми зиёди ноњияњои имрўзаи
Рўдакї, Ёвон, Абдурањмони Љомї;
махсуми Фузайл ва эшони Султон
Ќаротегину Дарвозро зери назорати
худ гирифта буданд.
Баъди шикаст додани Анварпошшо ќўшунњои шўравї ба мањв сохтани Иброњимбек сар карданд. Вале
вазъияти њарбї баъди ба Бухорои
Анварпошшо
Шарќї омадани афсари Туркия Сомї таѓйир ёфт.
Маъракаи дуюми зарбазанї ба босмачигарї ва ба охир
расидани љанги шањрвандї дар Тољикистон. Бо ташаббуси
Англия баъди шикаст хўрдани Анварпошшо дар Кобул дар
58
њузури Олимхон љамъомаде баргузор гардид, ки дар он сардорони босмачиён ва ташкилотчиёни он аз тарафи Афѓонистон Муњаммадэшон ва Эшонќозї, аз Тошканд- ќозї
Ќузуд ва Азимафандї, аз Фарѓона Ќориафандї, аз Бухоро Усмонхоља Пўлодхољаев ва Ориф Њомид, аз туркманњо
Мулломуњаммад иштирок доштанд. Ин љамъомад дар њайати Олимхон, У.Пўлодхољаев, Ќориафандї ва намояндагони њукуматњои хориљї маркази роњбарии босмачигариро
дар Осиёи Миёна ташкил дод ва инчунин Сомиро, ки яке
аз ёварони асосии Анварпошшо буд, сардори босмачиёни
Осиёи Миёна эълон кард. Моњи октябри соли 1922 Сомї ба
воситаи Ќалъаихум ба Дарвоз омад. Ў раќобати эшони Султон ва махсуми Фузайлро ба манфиати худ истифода кард.
Бештар бартарии махсуми Фузайл Сомиро водор кард, ки
тарафи вайро гирад. Бо супориши Сомї Фузайл ба Дарвоз
лашкар кашида, эшони Султон ва бародараш эшони Сулаймонро ба ќатл расонида, худро мири Ќаротегину Дарвоз
эълон кард. Дар навбати худ Фузайл Сомиро њамчун вориси Анварпошшо эътироф намуд ва дастаи 500 - 600-нафараи худро бо сардории бародараш Саъдон њамроњи Сомї
ба водии Кўлоб фиристод. Саркардањои босмачиёни Кўлоб
сараввал Сомиро эътироф накарданд. Вале баъди ба зани
бевамондаи Давлатмандбой хонадор шудану номи худро ба
Салимпошшо таѓйир доданаш босмачиёни водии Кўлоб ўро
эътироф карданд. Моњи декабри соли 1922 Салим Кўлобро
дар муддати 15 рўз ба муњосира гирифт. Захираи тирњои сарбозони горнизон тамом шуда истода буд. Дар њамин њолат
фармондењи гарнизон Голтсев ба аскари ќаторї Абдулназар фармон дод, ки пинњонї гарнизонро тарк карда, хабари
воќеаро ба гарнизони Кангурт расонад. Вале Салимпошшо
бо њуљумњои пай дар пай тавонист, ки гарнизони 60 - 70- нафараро мањв сохта, Кўлобро ишѓол намояд. Вай аскарони
сурхи боќимондаи бетиру маљрўњро ба ќатл расонид, вале
дар Кўлоб истодагарї карда натавонист, чунки Абдулназар
ба Кангурт расида, воќеаро ба аскарони полки 15-ум дер бо59
шад њам, расонда тавонист. Полки 15-уми савора Салимпошшоро аз Кўлоб ронд. Баъди ин шикаст Салимпошшо ба водии Њисор равона шуд. Дар аѓбаи Фахробод љанги сахте рўй
дод ва ў ба водии Њисор фуромада натавонист. Ў баъди забти Ќўрѓонтеппа (феврали соли 1923) ба дењаи Шўрёни Эсанбой омад ва Иброњимбек њам ба итоати ў даромад.
Дар ин љо ў љамъомади сардорони босмачиёнро гузаронида, аз њамин дења фармонњои худро ба њар тараф фиристодан гирифт.
Баъд аз чунин омодагињо Салимпошшо Иброњимбекро
дар водии Њисору Вахш гузошта, худ ба тарафи Ѓузору Ќаршї њаракат кард. Маќсади ин њаракат аз он иборат буд, ки
ба вай ќуввањои зиддишўравии Бухорои Марказї ва Ѓарбї
њам њамроњ шаванд. Ў барои бар зидди Њокимияти Шўравї
бархезонидани мардум ба дењањои атрофи Самарќанд њуљум
кард. Дар ваќти њуљум бо забони русї њарф мезаданд, то ки
нафрати мардумро нисбати русаскарњо ба вуљуд оваранд.
Вале сардорони босмачиён хато карданд. Акнун мардуми
тањљої ба найрангу фиребњои саркардањои њаракати зиддишўравї сарфањм мерафтагї шуда буданд. Дигар ин ки дар
байни ањолї тамоюли ба тарафи шўравї гузаштан сар шуда
буд, ки яке аз муваффаќиятњои калони мубориза бар зидди
ќуввањои зиддишўравї буд. Ба Салимпошшо муяссар нагардид, ки ќуввањои зиддишўравии Бухорои Марказї ва Ѓарбиро муттањид намояд. Дар моњи март Салимпошшо дар водии Ќаршї шикасти ќатъї хўрд ва як ќисми сарбозонаш аз
итоати ў баромаданд. Дар њамин вазъият Иброњимбек боз
шахсияти раќами аввал гардид. Баъди воќеаи Ќаршї Салимпошшо кўшиш кард, ки ба сарњад барояд, вале дар Келиф
шикаст хўрда, маљбур шуд, ки ба водии Њисор гурезад. Ин
нокомињо раќобати байни ќўрбошињоро барои аввалин шудан зиёд карда буд. Дар нимаи дуюми моњи май Салимпошшо ќўрбошињои Боботоѓ, Хонаќоњ, Файзободро ба Лаќай
даъват намуд ва њамаи онњоро ба соњили чапи дарёи Вахш
бурд. Ин дар вазъияте буд, ки Иброњимбек барои ба худ
60
тобеъ кардани ќўрбошињо имконияти бештаре дошт. Аввалан, дар ихтиёри ў то 5 њазор љангиён буданд. Сониян, то
њол Иброњимбек шикасти сахт нахўрда буд. Зиддияти байни
Салиму Иброњимбек аз як тараф, байни Иброњимбеку махсуми Фузайл аз тарафи дигар нагузошт, ки тамоми дастањои
босмачиён муттањид шаванд. Аввали моњи июн задухўрди
охирин бо Салимпошшо ба вуќўъ пайваст. Дар дењаи Аулкиик Иброњимбек полки дуюми савораи Туркистонро муњосира кард. Ба ин дења Салимпошшо њам бо ду њазор сарбоз
омада буд. Њар ду сардор њамдигарро тарсониданї буданд.
Фармондењи полк Панкеев зиддияти онњоро истифода бурда, ба тарафи дастањои Иброњимбек њамла овард. Полки
якуми савора бо сардории Мелников бошад, аз аќиби ќўшунњои Салим баромада, зарба зад. Иброњимбек ва Салим
шикаст хўрданд. Онњо дар муњорибаи Гулибулоќ, Бешбулоќ, Аулкиик ва гузаргоњи Ќизилќалъа (18 - 21- майи соли
1923) зиёда аз 800 нафарро талаф доданд. Баъди чандин шикастхўрињои дигар Салимпошшо 15-уми июли соли 1923 ба
воситаи гузаргоњи Хирманљой ба Афѓонистон фирор кард.
Дастаи 1,5-њазорнафараи Иброњимбек низ ба гурўњњои хурд
таќсим шуда, дар Боботоѓ, Лаќай ва Вахш парешон шуданд.
Шикаст хўрдани Фузайлмахсум ва ба охир расидани љанги шањрвандї дар Бухорои Шарќї. Моњњои июл - августи
соли 1923 Ќаротегин ва Дарвоз озод карда шуданд. Барои
озод кардани Ќаротегину Дарвоз экспедитсияи махсус ташкил дода шуда буд, ки бо номи “Отряди экспедитсионии њарбї, сиёсї-иќтисодї ва фарњангї” маълум аст. Экспедитсия
ду марказ дошт: Файзобод ва Ўротеппа. Ба гурўњи ўротеппаги Е.Н.Шветсов фармондењї мекард. Ў инчунин фармондењи гурўњи самарќандии экспедитсия њам буд. Фармондењи
гурўњи файзободї Баранов буд.
Шветсов босмачиёни саргањи Зарафшонро торумор намуда, ба воситаи гузаргоњи Дубурса ба соњили дарёи Сор61
буѓ фаромад. Дар дашти Хирсун ва Сиёњдара Холбўтаро
шикаст дода, дењаи Шингиличро ишѓол намуд.
Харитаи амалиёти зидди дастањои Анварпошшо
(июн-августи с. 1922)
Баранов бошад, махсуми Фузайлро дар Обигарм шикаст дода, дењањои тарафи рости Вахш (Алигалабон, Сичароѓ, Чорсада, Пумбачї) ва 29-уми июл Ѓармро озод намуд.
Барои Ѓарм љанги сахти 6-соата шуд. Махсуми Фузайл ба
Чилдара ва Тавилдара ќафо нишаста, ба Ќалъаихум гурехт.
11-уми август ќўшунњои экспедитсия Ќалъаихумро ишѓол
карданд. 12-уми август Фузайл Махсум дар наздикии Балљувон шикаст хўрда, њамроњи бародараш Саъдон ба Афѓонистон гурехт. Моњњои сентябр - октяри соли 1923 Иброњимбек боз ќуввањои зиддишўравиро муттањид карда, бо дастаи
5000-нафарааш дар Ёвону Дањанакиик амалиётро сар кард.
Дар задухўрдњои Ўрта, Ќайнар, Норин, Љончиќ шикаст хўрда, зиёда аз 1000-нафар босмачиро аз даст дод. Мањз дар њамин давра ќўшунњои шўравї нисбат ба босмачиён бартарии
зиёд доштанд. Дар њайати ќўшунњои шўравї дар Бухорои
Шарќї 5832 аскар бо 222 пулемёт амал мекарданд. Дар задухўрди Љончиќ Иброњимбек бо дастаи 3800-нафараи саворагонаш, ки дар ихтиёрашон 6 пулемёти дастї ва таќрибан 20 автомати англисї доштанд, ќўшунњои 1520-нафараи
шўравиро, ки 800 нафарашон шамшеру 720 нафарашон милтиќ ва 5 дастгоњи пулемётї, 16 пулемёти дастї доштанд, ба
муњосира гирифт, вале оќибат шикаст хўрд. Моњи декабри
соли 1923 дар Бухорои Шарќї камтар аз 1,5 њазор босмачї
62
боќї монда буду халос. Њамин тариќ, маъракаи дуюми зарбазанї, ки зидди Салимпошшо тайёр карда ва гузаронида
шуда буд, бо шикасти дастањои калони босмачиёни тамоми
Бухорои Шарќї ба анљом расид. Бо њамин љанги шањрвандї дар Тољикистон ба охир расид. Аммо амалиётњои зиддишўравї њоло давом меёфт. Дастањои зиддишўравї ба
дастањои ѓоратгарон табдил ёфта, хусусияти сиёсии худро
гум карда буданд.
Луѓат
1. Маъракаи зарбазанї - истилоњи њарбии солњои 20-уми асри
ХХ аст, ки онро њарбиёни шўравї дар рафти љанги шањрвандии
солњои 1918-1923 истифода кардаанд ва барои он маърака ном
гирифта буд, ки зидди босмачигарї њама ќуввањои низомї (њарбї, милиса, прократура, ќисмњои махсус), ташкилотњои љамъиятию сиёсї (њизб, итифоќи касаба, дастањои љангии ихтиёрї, вазоратњои соњавї) ва ањолиро сафарбар карда буданд.
2. Экспедитсияи Ќаротегин – њайати њарбї, сиёсї, иќтисодї ва
фарњангиеро мегўянд, ки соли 1923 Њукумати Љумњурии Халќии
Шўравии Бухоро ва ЉШФСР барои барњам додани дастањои
босмачиёни водии Ќаротегин ва мустањкам намудани Њокимияти
Шўравї дар ин минтаќа таъсис дода буд. Экспедитсия амалиёти
љангии худро аз Файзобод ва Мастчоњи Кўњї миёнаи тобистони
соли 1923 сар карда, 15-уми октябри соли 1923 анљом дод.
Саволњо
7. Шарњи њоли Фузайлмахсумро наќл кунед.
2. Салим кї буд ва дар бораи ў чї медонед?
63
§ 15. САБАБЊОИ ЃАЛАБАИ ЊОКИМИЯТИ ШЎРАВЇ
ВА ШИКАСТИ БАРОМАДЊОИ ЗИДДИШЎРАВЇ ДАР
ДАВРАИ ЉАНГИ ШАЊРВАНДЇ
Манфиати зањматкашонро тарафдорї ва њимоя кардани
Њокимияти Шўравї. Чї тавре аз муќовимати ќуввањои бо
њам зид маълум гардид, Њокимияти Шўравї дар њама њолат ба ќарору эъломияи худ нисбат ба мењнаткашон содиќ
монд. Дар рафти љанг босмачиён худро «њимоятгари мусулмонон, муљоњид, дар њимояи дину имони мусулмонон» эълон намуда, дар амал ба ѓорати мардум даст заданд, дар њељ
њолат ба бенавоёну камбаѓалон ёрї надоданд. Фаќат Њокимияти Шўравї ва аскарони сурхи шўравї ба ёрии онњо
омаданд, онњоро аз ѓорат гардидан наљот дода, дар киштукори зироат, хољагидориашон ёрї медоданд. Њатто њиссаи
хўрокашонро бо ѓоратшудањо таќсим мекарданд. Њукумати
Шўравї дар аксари њолатњо дењќононро аз андоз озод карда баъдан бо тухмию асбоби корї таъмин мекард. Њарбиён
бошанд, дар ваќти киштукору ѓунучини ѓалла ба дењќонон
ёрї мерасониданд, њашарњо ташкил медоданд.
Њукумати Шўравї дар барќарор кардани хонањои оташзада, пулу сардобањои вайрон кардашуда иштирок мекард.
Дењќонњою дењањои оташзадаро ба њимояи худ мегирифт.
Барои њимояи дењањои наздиљабњавї ќувва људо мекард. Њамаи ин амалњои Њокимияти Шўравї ањолиро ба худ љалб ва
аз босмачињою босмачигарї дур месохт.
Таърих ёд дорад, ки Њокимияти Шўравї ба дењќонони
љабрдидаи водињои Њисору Вахш, Данѓараю Кўлоб барои
аз гуруснагї баромаданашон бо ѓаллаи тухмї ёрї расонидааст. Њокимияти Шўравї сиёсати дастгирии дењќонони камбаѓал ва муборизаи зидди дењќонони бойро, ки босмачиёнро дастгирї мекарданду ёрї медоданд, пеш гирифта буд.
Дар ин давра ёрии њарбї, сиёсї ва иќтисодии Русияи Шўравї аз ањамият холї набуд. Дар ќисматњои асосии
Тољикистон ќўшунњои Русияи Шўравї амал мекарданд, ки
ќувваи асосии њимояи осоиштагии ањолии мањаллї буданд.
64
Бо туфайли Русияи Шўравї љомеаи љањонї њам барои
мањви босмачигарї ёрї додааст. Таърих ёд дорад, ки бисёр
халќњои мењнаткаши љањон бо шиорњои «Аз Русияи Шўравї
даст кашед» зидди њукуматњои худ ба кўчањо баромаданд ва
тавонистанд, ки ќўшунњои худро аз Русия бароваранд. Масалан, зањматкашони Англия тавонистанд, њукуматашонро
водор кунанд, ки ќўшунњои худро аз Закаспий ва Кавказ берун кунад.
Сабаби дигари ѓалаба аз болои босмачигарї сиёсати
пешгирифтаи Њокимияти Шўравї нисбат ба босмачиён ва
босмачигарї буд. Њокимияти Шўравї босмачиёни ќаторї
ва баъзе ќўрбошињои ихтиёран таслим мешудагиро авф карда, ба онњо ва ањолии дењањои ѓоратшуда ёрї дод, дењќононро аз њуљумњои ногањонї ва садди роњи корњои сањроии
онњо шудани унсурњои зиддиинќилобї њимоя кард.
Ба гуфтањои худ риоя накардани роњбарияти њаракати босмачигарї. Сабаби асосии шикасти њаракати зиддишўравї, пеш аз њама, ба туњмат ва дурўѓ асос ёфтани аќида ва амали босмачигарї буд. Ин туњмат, пеш аз њама, дар
аќидаи гўё Њокимияти Шўравї њукумати кофирон асту мусулмононро аз дин, урфу одат ва забонашон мањрум месохта бошад, зоњир шуда буд.
Идеологњои њаракати зиддишўравї бардурўѓ аќидаеро
пањн мекарданд, ки гўё шиорњои шўравї-болшевикии «Баробарї», «Бародарї», «Дин аз давлат озод мебошад», «Дўстї»
њама дурўѓанд ва онњо дар ибтидо тавониста буданд, ки
ќисми асосии ањолии дењотро ба тарафи худ кашида, зидди Њокимияти Шўравї хезонанд, аммо аз аввал Њокимияти
Шўравї содиќ будани худро ба шиору эъломияњояш собит
кард. Њокимияти Шўравї, аскарони сурх, болшевикњо ба
аќидаю эъломияњои худ содиќ монда, дар зиндагї онњоро
амалї месохтанд.
Босмачиён барои њимояи худ аз хиёнат ба халќу дини
худ даст намекашиданд. Љону дини ањолии осоишта барои
босмачиён њељ ќурбе надошт. Адлу инсоф нисбати ањолии
65
осоишта умуман истифода намешуд. Охирин луќмаи хўрок,
афзори корї, воситаи наќлиёт ва њатто фарзанди дењќон
моли шахсии босмачиён њисобида мешуд. Њатто љони ањолии минтаќањои долу зарби љангї моли босмачиён гардида
буданд. Онњо ањолиро њамчун сипари худ истифода мебурданд.
Бадтарин андешаи саркардањои њаракати зиддишўравї,
хиёнат ба халќу ватан буд. Онњо тайёр буданд, ки «озодии»
худро ба њар хоњишманди соњиби ин диёр шудан фурўшанд.
Бинобар ин, сабабњои шикастхўрии њаракати зиддишўравиро бо ин чанд хулоса баён кардан мумкин аст:
– тафовути гуфтор бо рафтор. Босмачиён худро њомии
халќу ислом эълон карданду даст ба ќатли мусулмонону ѓорати халќ заданд;
– фиреб додани босмачиёни ќаторї. Саркардањои босмачигарї гўё онњоро барои њимояи дину имон даъват кардаанд. Ин дурўѓу фиреб тез ошкор гардид ва њаракати босмачигарї суст шудан гирифт;
– раќобати байни сардорони босмачигарї барои њокимияти марказию мањаллї, ки босмачигариро аз муттањидшавї дур кард;
– њаќ будани муборизаи Њокимияти Шўравї барои нигоњ доштани диктатураи пролетарї ва њамаи он чизе, ки сабаби ѓалабаи Инќилоби сотсиалистї гардида буданд.
Њамин тариќ:
– љанги шањрвандї солњои 1918-1923-ро дар бар гирифта, дорои хусусиятњои худ буд; ин љанг маќсад ва заминаи
худро дошт;
– ќуввањои бо њамдигар размкунанда аз њар ду тараф аз
берун идора мешуданд;
– ќуввањои бо њамдигар размкунанда бањри њадафњои
сиёсии низомњои сиёсї (сотсиализми навтавлид ва капитализм) мељангиданд.
Дар масъалаи даврабандї бошад, љанги шањрвандии
солњои 1918 – 1923-и Тољикистон се давраро дар бар мегирад:
а) соли 1918 - охири соли 1920; б) тобистони соли 1921 – тирамоњи соли 1922; в) тирамоњи соли 1922–тирамоњи соли 1923.
66
Дар давраи якум љанг танњо шимоли Тољикистон ва Бадахшонро фаро гирифта буду таќдири он аз ѓалаба ё шикасти Њокимияти Шўравї ва Русия вобаста буд.
Давраи дуюм тобистони соли 1921 - тирамоњи соли 1922ро дар бар гирифта, самти асосии љанг зидди Анварпошшо
равона шуда буд. Дастањои Иброњимбек, Фузайл, эшони
Султон, Ѓаюрбек ва босмачиёни шимоли Тољикистону њатто туркманњо дар њамин давра фаъол гардиданд, ки инро
баъзењо бо омадани Анварпошшо алоќаманд мекарданд,
вале ин омили асосї набуд. Омили асосї мазњабу дин буда,
тољик асосан бањри њимояи дину мазњаб ва оилаи худ бархоста буд. Анварпошшо ба он љанбаи сиёсї доду халос.
Дар давраи сеюм Салимпошшо сабаби фаъолшавии
босмачигарї гардид, чунки ў мехост мањз ќуввањои зиддишўравиро муттањид созад. Ин ќуввањо танњо њадафи сиёсї доштанд. Њадаф барќарор кардани њокимияти амирї
буда, њимояи ислому мусулмонон шиор гашта буд.
Савол ва супориш:
1. Дар бораи амалиёти Иброњимбек наќл кунед.
2. Маъракаи муборизаро бар зидди Анварпошшо ва
Салимпошшо шарњ дињед.
3. Даврањои асосии љанги шањрвандиро номбар кунед.
4. Сабабњои асосии ѓалабаи шўроњоро аз болои босмачигарї
шарњ дињед.
5. Сабабњои шикастхўрии њаракати зиддишўравї кадомњоянд?
6. Сабабњои асосии ѓалабаи Њокимияти Шўравиро дар љанги
шањрвандї номбар кунед.
7. Оё босмачиён ќањрамонанд?
8. Оё босмачиён душмани халќи худ буданд?
§ 16. ВАЗЪИЯТИ ИЌТИСОДИИ ЉУМЊУРЇ ДАР
ДАВРАИ ЉАНГИ ШАЊРВАНДЇ
Сиёсати иќтисодии Њокимияти Шўравї. Сар задани љанги шањрвандї вазъи иќтисодии мамлакатро тамоман таѓйир
дод. Зарур омад, ки муваќќатан аз татбиќи он ќарорњою чо67
рабинињое, ки барои амалї гардонидани сиёсати иќтисодии
Њукумати Шўравї нигаронида шуда буданд, худдорї карда
шавад. Љанг вазифањои нави сиёсати иќтисодии мамлакатро
таќозо кард. Дар саноат Давлати Шўравї аз сиёсати љорї
намудани назорати коргарї аз болои истењсолот ва таќсимоти мањсулоти истењсолшуда ба фавран миллї кардани
корхонањое, ки ањамияти стратегї-њарбї доштанд, гузашт.
Дар асоси ќарори Шўрои уезди Хуљанд аз 24-уми марти
соли 1918-ум нуњ заводи пахтатозакунї, заводњои собунпазии дар шимоли Тољикистон буда миллї карда шуданд.
27-уми март барои ба кор андохтани ин заводњои миллишуда Шўрои Хуљанд дар бораи мусодираи захираи пахтаи
анборњои савдогарон ќарор ќабул кард. Моњи сентябр саноати чарм ва моњи майи соли 1919 корхонањои чармгарї,
шаробкашї, биноњои маъмурии ба бонкњою идорањои кони
нафти “САНТО”, конњои ангишти Сулукта ва Шўроб тааллуќдошта миллї карда шуданд. Аз њамаи корхонањои миллишуда танњо роњи оњани Хуљанд ва тамоми муассисоти ба
он марбут пурра кор мекард. Шабакаи роњи оњани Хуљанд
ба душворињои зиёди сўзишворї нигоњ накарда, борњои
њарбию хољагї ва мусофиронро мекашонд. Устохонањои
роњи оњан хуб кор мекарданд. Онњо баробари кори асосии
худ ба таъмири яроќу аслиња низ машѓул буданд. Конњои
ангишти Шўробу Сулукта ва нафти “САНТО” ба ѓайр аз
мавсими зимистон ќариб, ки пурра кор мекарданд. Заводњои пахтатозакунї, мевахушккунї, шишабарорї ќариб,
ки кор намекарданд. Баъзеи онњо фаќат аз соли 1923 ба кор
шурўъ карданд. Ин буд, ки нархи мањсулоти саноатї хеле
баланд рафт ва таъмини ањолї бо ашёи зарурии хољагї ба
зиммаи корхонањои њунармандї афтид. Њукумати Шўравї
дар барќарор намудани саноати њунармандї ёрии моддии
худро дар шакли ашёи хом ва ќарзи дарозмуддату бефоиз
мерасонд. Вале аз сабаби паст будани њосилнокии мењнати
њунармандон, талаботи ањолї бо мањсулоти корхонањои њунармандї пурра ќонеъ намешуд. Бинобар ин, ба ташкили
68
кооперативњо аз рўйи ихтисосу њунар оѓоз карданд. Соли
1920 аввалин кооператив бо номи “Бофанда” дар Хуљанд
таъсис ёфт. Солњои 1923-1924 кооперативњои њунармандї
хеле афзуда, дар тамоми њудуди Тољикистон амал карда,
шумораи зиёди њунармандонро муттањид намуда буданд.
Масалан, кооперативи “Бофанда”-и Хуљанд зиёда аз 1000
нафар, мўзадўзњои Хуљанд 100 нафар, артелњои пахтатозакунї ва пахташоназанї 440 њунарманд, 5 артели истењсоли
шоњї 83 нафар њунармандро дар бар гирифта буданд.
Аз соли 1920 сар карда давлат фармоишгари асосии корхонањои њунармандї гардид. Агар њунарманд мањсулоти истењсолкардаашро фурўхта наметавонист, давлат онро мехарид. Ин имкон дод, ки аввалан, њунармандї аз байн наравад
ва сониян, дар солњои 1917-1924 њунармандї соњаи асосии
бо мањсулоти саноатї таъмин намудани талаботи шањру
дењот гардад. Њиссаи саноат дар ташкили буљети давлат ва
шумораи коргарон зиёд набуд. Аксарияти ањолї дар дењот
зиндагї мекард. Тољикистон кишвари кишоварзї буд. Бинобар ин, љанг бештар ба ин соња таъсир кард. Барои њалли
масъалаи дењот дењќононро бо замин таъмин кардан даркор
буд. Дар солњои 1918-1920 доир ба ин масъала дар шимоли
Тољикистон якчанд чорабинињои амалї гузаронида шуданд.
Дар асоси “Декрет дар бораи замин” маќомоти таќсимоти
замин – кумитањои камбаѓалон таъсис дода шуд. Аз моњи
апрели соли 1918 то майи соли 1919 дар тамоми волостњои
шимоли Тољикистон ин кумитањо таъсис ёфта буданд. Дар
давраи аввал ин кумитањо ба мусодира кардани заминњои
помешикони рус ва феодалони калони мањаллї машѓул буданд.
Моњи декабри соли 1918 аз бойњои волости Ќистакўз 10
њазор таноб замини обї ва 5 њазор таноб замини лалмї, аз
бойи новї – Муњаммад Расулмахсум Ањмадхонов 90 ва аз
бойи дигари новї 284 таноб замин мусодира карда шуд. Заминњои ваќф њам мусодира карда шуда буданд. Љамъулљамъ
2,5 њазор десятина замин мусодира карда шуда буд. Ин за69
минњо ба њисоби 8-танобї ба њамаи чоряккорону иљоракороне, ки пеш ин заминњоро киштукор мекарданд, таќсим
карда шуда буд. Минбаъд мусодиракунии заминњои феодалї дар доираи сиёсати “коммунизми њарбї” давом ёфт.
Сиёсати “коммунизми њарбї”. Ин сиёсати ночори Њокимияти Шўравї барои њимояи худ буд. Асоси сиёсии
он њимояи диктатураи пролетариат бо яроќ бошад, асоси
иќтисодиаш таъмин намудани Артиши Сурх ва шањрњо бо
мањсулоти кишоварзї буд. Ин сиёсат дар асоси разверсткаи
(маљбурияти) озуќаворї гузаронида мешуд, яъне Њокимияти Шўравї ба тариќи маљбурї мањсулоти зиёдатии хўроквории дењќононро кашида мегирифт. Ба дењќон њамон ќадар
ѓалла мемонданд, ки барои хўроки солона ва тухмии ояндааш кифоя бошад. Барои амалї кардани ин сиёсат дастањои
озуќаворї њам таъсис дода буданд. Ин дастањо дења ба дења
гашта, бо ёрии дењќонон захираи ѓаллаи бойњоро кашида
мегирифт. Баъзан ѓаллаи миёнањолонро њам мегирифтанд.
Сиёсати “коммунизми њарбї” дар Тољикистон нисбат ба
Русия ва Туркистони русї фарќ дошт. Аввалан, ин сиёсат
аз охири соли 1919 љорї карда шуда буд ва сониян, сиёсати
разверсткаи шимоли Тољикистон аз маљбурият дида бештар
ба андоз монанд буд.
Сиёсати нави иќтисодї (СНИ) дар Тољикистон. Асоси
сиёсати нави иќтисодиро бозори озод ташкил медод. Шиори ин сиёсат “Кї киро?” буд, яъне сотсиализм ѓалаба мекунад ё капитализм. Давлати Шўравї аз љанги шањрвандї
бо иќтисодиёти фалаљгашта, корхонањои вайрон ва соњаи
кишоварзии харобгашта баромада истода буд. Давлат ин
корхонањои саноатиро бо ќувваи худ ба кор андохта наметавонист. Аз ин рў, аз сиёсати давлатигардонї даст кашида,
онњоро ба соњибонашон ва ё ба онњое, ки корхонаро ба кор
андохта метавонистанд, бо шартњои муайян баргардонид,
фурўхт ва ё иљора дод. Чунин корхонањо дар Тољикистон набуданд. Сиёсати нави иќтисодї дар Тољикистон дар ибтидо
бештар дењотро фаро гирифт. Давраи дуюми гузаронидани
70
ислоњоти обу замин сар шуд. Ин давра Бухорои Шарќиро
њам фаро гирифт.
Дар шимоли Тољикистон мебоист, ки њамаи заминњои
феодалию ашрофї мусодира мешуданд. Дар Бухорои
Шарќї ва Бадахшон бошад, заминњои амирї ва дастгоњи
амир (бекњо) мусодира мешуданд.
Дар уезди Хуљанд раванди бањисобгирии заминњои мусодирашаванда оѓоз ёфт. Ќисми зиёди заминњои шакли феодалї-ашрофї ба њисоб гирифта шуданд, вале дар Бухорои
Шарќї њоло ин корро кардан мумкин набуд, чунки солњои
1921 - 1923 дар ин љо љанги шањрвандї давом дошт. Агар дар
шимоли Тољикистон ва Бадахшон дар солњои 1921-1924 аксарияти дењќонони безамин соњиби замин гардида бошанд,
дар Бухорои Шарќї њалли масъалаи замин фаќат барои
дењќонони дар атрофи гарнизонњои шўравї сокиншуда оѓоз
ёфта буд, ки шумораи онњо њатто 1/100 дењќононро ташкил
намедод. Ягона таѓйироте, ки дар дењоти тољик ба назар мерасид, рў овардани дењќонони тољик ба Њокимияти Шўравї
буд. Мардуми дењањои љояшонро тарк карда, ба кўњу дарањо
ва Афѓонистон фироришуда боз бармегаштаанд. Чорабинињои Њукумати Шўравї доир ба таъмини дењќонон бо ѓаллаи кишт, чорвои корї ва олоти мењнат, ки дар солњои 1921
- 1924 гузаронида шуда буд, дар байни дењќонон дастгирї
ва хайрхоњиро ба вуљуд овард ва худи рафти љанг њам собит карда буд, ки Њокимияти Шўравї молу мулк ва амнияти
оммаро њимоя мекунад. Аскарони сурхи шўравии дар гарнизонњои Душанбе, Файзобод, Кўлоб, Чубек, Ќўрѓонтеппа,
Айваљ, Саройкамар ва дигар љойњо вуљуддошта дар корњои
сањрої ба дењќонон ёрї мерасониданд. Кормандони муассисањои давлатї ба њашарњои кишт ва љамъоварии дастранљи
дењќонон мебаромаданд. Дар давраи дуюми гузаронидани
ислоњоти обу замин сиёсати Њукумати Шўравї њам таѓйир
ёфта буд. Акнун сиёсати нав чунин шарњ ёфта буд: такя ба
дењќонони камбаѓал, иттифоќ бо дењќонони миёнањол, бетараф гузоштани дењќонони сарватманд, мубориза бар зидди
кулакњо.
71
Яке аз муваффаќиятњои сиёсати аграрии Њокимияти
Шўравї ба мењнати коллективона одат кунонидани дењќонон ба њисоб мерафт. Таљрибаи кооперативњои њунармандї
ба дењот њам таъсир кард. Соли 1921 њукуматњои Умумииттифоќ ва ЉМШС Туркистон дар бораи таъсис додани кооперативњои кишоварзї ќарорњо ќабул карданд.
Дар асоси ин ќарорњо
дар шимоли Тољикистон
дар солњои 1923 - 1924
11 кооперативи дењќонї
таъсис ёфт, ки њамаи
онњо истеъмолї буданд,
яъне аз давлат тухмї,
афзори хољагї, чорво,
њатто матоу пул ва ќарзи
Кўпрук аз болои дарёи Варзоб дар имтиёзнок мегирифтанд.
Аввалан, кооперативњо
дењаи Душанбе (с. 1923)
дар пахтакорї ва баъд
дар соњањои дигари кишоварзї пайдо шудан гирифтанд. Њамаи ин кооперативњои истеъмолї дар иттифоќи кооператсияи ноњиявии Хуљанд – “Мењнат” муттањид шуда буданд.
Ин иттифоќ 4, 7 њазор хољагиро муттањид мекард, ки 4 фоизи тамоми хољагињои дењќонони ноњияро ташкил медод.
Соли 1924 дар Хуљанд кооперативњои мелиоративї таъсис
ёфтанд, ки онњо њам аз ќарзњои имтиёзноки давлатї бархўрдор буданд. Шумораи кооперативњои мелиоративї дар соли
1924 ба 24 адад расида буд.
Њамин тариќ, солњои 1917 – 1924 на фаќат давраи
муњими инкишофи иќтисодї-иљтимоии дења, балки давраи
рў ба шўроњо, ба сотсиализм овардани дењќонони тољик њам
буд.
Луѓат
1. “Иттифоќи љуфтгарон” - ташкилоти касбию сиёсии пролетарњо ва нимпролетарњои дењоти Осиёи Миёна буд, ки соли 1920
бо номи “Ќўшчї” ташкил ёфта буд. Соли 1929 “Ќўшчї” ба “Ит-
72
тифоќи љуфтгарон” табдил ёфта, дар асл то соли 1932 вазифаи иттифоќи касабаи дењотро иљро карда буд.
2. Коммунизми њарбї – чорабинии аз ноилољии Давлати Шўравист, ки солњои 1918 – 1920 дар давраи аввали љанги
шањрвандї гузаронида шуда буд. Асоси сиёсии онро - њимояи
Њокимияти Шўравї, асоси иќтисодии онро развёрсткаи (маљбурияти) озуќавї ва асоси иљтимоии онро иттифоќи синфи коргару дењќон ва шањру дењаро мустањкам кардан ташкил медод. Ин
чорабинї ба сиёсати махсус табдил ёфта, дар Тољикистон амали
он аз охири соли 1919 оѓоз ёфта буд. Хусусияти хоси ин сиёсатро
дар Тољикистон аз маљбурият дида ба андоз монанд будани он
ташкил медод.
3. Кооператсия – калимаи лотинї буда, маънои луѓавиаш њамкорї дар фаъолиятест. Кооператсия шаклњои гуногун – истењсолї
(саноатї, аграрї), истеъмолї (матлуботї, ќарздињї, манзилї) дорад. Дар солњои 1918 – 1924 дар Осиёи Миёна кооператсияњои
истеъмолии мелиоративї (обёрї), ќарзї, хизмати техникї амал
мекарданд.
4. Кооператсияи истеъмолї – ташкилоти ёрирасони Давлати
Шўравї, ки ба хољагињои яккадаст ва њунармандон асбобу афзори корї, тухмї, техника ва ёрии њамаљонибаи агрономї, зоотехникї мерасонд. Ављи баланди таъсиси ин кооператсияњо асосан
ба давраи сиёсати нави иќтисодї (1921-1928) рост омада буд ва
аз њама намудњои дигари кооператсияњо оммавитар буда, ќариб
њамаи дењќононро дар бар гирифта буд. Хусусияти хосу оммавї
шуданаш, бештар дар назди давлат ва ташкилот ягон маљбурият
надоштани аъзоёнаш ба њисоб мерафт.
5. Кооператсияи обёрї (мелиоративї) – кооператсияњои аз
њама бештар дар дењот роњёфта буда, аксарияти истеъмолкунандагони обро дар бар мегирифтанд.
Савол ва супоришњо:
1. Љанг ба иќтисодиёти мамлакат ва ањолї чї гуна зарар меоварад?
2. Сиёсати “коммунизми њарбї”-ро фањмонед.
3. Сиёсати нави иќтисоди (СНИ)-ро шарњ дињед.
4. Шиори “Кї киро?” чї маъно дошт?
5. Ду давраи аввали ислоњоти обу замини шўравиро шарњ
дињед.
73
§ 17. ВАЗЪИЯТИ ФАРЊАНГ ДАР ДАВРАИ ЉАНГИ
ШАЊРВАНДЇ
Вазъи умумї. Дар соњаи фарњанг солњои аввали Њокимияти Шўравиро њамчун давраи таъсисёбї шарњ додан равост, чунки ба њама соњањои фарњанг асос гузошта, дар њама
соњањои њаёти љамъиятї маърифати фарњангї љорї карда
шуда буд. Ин масъала бештар дар муассисањои фарњангї
маориф, илм, адабиёт, санъат хубтар намоён буд.
Самти дигари чорабинињои фарњангї ташкили таълими
мактабї буд. Ба ин кор нозироти маориф роњбарї мекард.
Мактаб дар назди масљиду мадрасањо буд. Нозирот кори
мактабу мадрасањоро зери назорат гирифта, фаъолияти худро аз маоши муллоён – муаллимон сар кард. Барои бештар
ба таълим љалб намудани омма ин масъала ба муњокимаи
Анљумани (Ќурултойи) рўњониён, ки 18 – 20-уми июл дар
Душанбе доир гашта буд, пешнињод гардид. Уламо ва рўњониёни дарсгў ислоњоти мактаб ва кушодани мактабњои навро низ пешнињод карда буданд. Ин анљуман, ки дар кори он
намояндагони Сариосиё, Дењнав, Ќаратоѓ, Њисор, Султонобод, Файзобод, Душанбе, Ѓарм иштирок доштанд, ба раванди мактабкушоии шўравї таъсири хуби худро расонида буд.
Ин мактабњоро дар солњои 1918 – 1923 дар радифи мактабњои нави шўравї мактаби куњна меномиданд.
Давлати Шўравї давлати коргару дењќон ва шиори он ба
корњои идора кардани давлат њарчи бештар љалб намудани
намояндагони ин табаќањо буд. Ва ќадами аввалини Њукумати Шўравї барои амалї гардонидани маърифатноккунонии омма аз мактабу маориф шурўъ шуд.
Мактаб ва маориф. Ташкил додани низоми маорифи
халќї дар шароити Тољикистон кори осон набуд. Соли 1918
дар назди шўроњои мањаллии Хуљанд шуъбањои маорифи
халќї таъсис ёфтанд, ки аз болои кори мактабњо ва муассисањои фарњангию маърифатї назорат мекарданд. Дар навбати худ ин шўъбањои маорифи уездї ба Комиссариати
маорифи халќи уезди Хуљанд итоат мекарданд. То охи74
ри соли 1918 дар уезди Хуљанд 18 мактаби шўравї кушода
шуд. Соли 1919 шумораи онњо ба 73 адад расид. Ин мактабњо кўдакони то дувоздањсоларо ќабул мекарданд. Аз соли
1918 таъсиси курсњои муаллимтайёркунї шурўъ шуд. Чунин
курсњо дар Тошканду Самарќанд кушода шуда буданд. Низоми маориф ва мактаби шимоли Тољикистонро Комиссари
маорифи ЉМШС Туркистон роњбарї мекард. Соли 1921 Комиссариати маорифи халќи Бухорои Шарќї таъсис ёфт ва
аввалин мактабњои шўравї дар ин љо соли 1923 кушода шуда
буданд.
Дар шимоли Тољикистон, Помир, Бухорои Шарќї мактабњои кўњна то солњои 1925 – 1926 амал мекарданд, вале
Давлати Шўравї ин мактабњоро ба талаботу вазифањои нав
мутобиќ мекард. Аз соли 1920 сар карда, дар уезди Хуљанд ва
аз соли 1923 дар Бухорои Шарќї мактабњои шабонаю мактабњои мањви бесаводиро барои синни аз 13 то 45-сола кушоданд. Дар ин мактабњо аксари коркунони њарбї, шўроњо,
комсомол ва њарбиёни саводнок дарс мегуфтанд. Љињати
хоси мактабњо он буд, ки њар муаллим њамон алифбоеро меомўзонд, ки худ медонист. Аз ин рў, дар мактабњо омўзиши
алифбои арабї, кириллї ва лотинї ба роњ монда шуда буд.
Њокимияти Шўравї аз низоми маорифи куњна васеъ истифода бурд. Мактабњои куњна барњам дода нашуданд, баръакс,
бо ёрии давлат шумораи онњо зиёд гардида, ба расмият дароварда шуданд. Муаллимонашонро аз буљети маориф бо
маош таъмин мекарданд.
Дар мактабњои куњна муаллимон муллоњо буданд. Муаллимони мактабњои шўравї аз њисоби маорифчиёни куњна ва
аксаран аз њисоби хатмкардагони мактабњои муаллимтайёркунї буданд. Низоми маорифи љумњурї бе душворї набуд.
Мушкилии асосии маорифу мактаб нарасидани муаллимон,
биноњои таълимї ва набудани китобњои дарсї буд. Илољи бо
муаллим ва биноњои таълимї таъмин кардани онњоро ќисман ёфтанд. Муаллимонро ба воситаи курсњои кўтоњмуддати
муаллимтаёркунї, биноњои таълимиро дар ибтидо аз њисо75
би масљиду мадрасањо, њавлии сарватмандон таъмин намуданд. Вале ин биноњо ба талаботи мактаби шўравї љавобгў
набуданд. Дар њудуди Тољикистон то соли 1917 ягон бинои
махсуси мактабї вуљуд надошт. Мактабњои русї – мањаллие,
ки дар Хуљанду Хоруѓ амал мекарданд, аз яктогї синфхона
иборат буданд. Соли 1918 дар Хуљанд, Ўротеппа ва Конибодом, соли 1921 дар Душанбе, соли 1923 дар Ќаратоѓ, соли
1924 дар Кўлоб, Ѓарм, Ховалинг ва Њоит аз њисоби биноњои
маъмурии пешина ё хонањои сарватмандони фироркарда ва
ё масљиду мадрасањо мактаб кушода буданд. Аз соли 1920
сар карда, сохтмони биноњои махсуси мактабњо сар шуд.
Солњои 1921 – 1924 чунин биноњо дар Хуљанд, Ўротеппа,
Конибодом, Панљакент, Ќаратоѓ, Душанбе, Кўлоб ва Ѓарм
сохта шуда буданд, вале шумораи онњо он ќадар зиёд набуд.
Агар шумораи мактабњои шўравиро бо мактабњои амалкардаи куњна муќоиса кунем, чунин натиља мегирем: дар шимоли Тољикистон дар солњои 1923 – 1924 ба њар як мактаби
шўравї 82 мактаби куњна ва ба як талабаи мактаби шўравї
30 талабаи мактаби куњна рост меомад. Шумораи мактабњои
куњна то соли 1924 2477 адад ва мактабњои шўравї бошад 31
ададро ташкил медод. Дар соли хониши 1924 – 1925 дар уезди Хуљанд 27 мактаби шўравї амал мекард, ки 2400 талабаро
фаро гирифта буд. Дар њамин давра дар Бухорои Шарќї 7
мактаби шўравї амал мекард, ки 152 талабаро фаро гирифта
буд. То соли 1924 мактабњои шањрї чорсола ва дењотї дусола буданд.
Љињати хоси мактабњои солњои 1918 – 1924 хусусияти
иљтимої доштани таълим буд, яъне мактабњо ба талаботи
миллї ва иљтимої мутобиќ карда шуда буданд. Синфњо ба
духтаронаю писарона људо буданд. Мактабњо дузинагї буданд. Зинаи аввал кўдакони 9 – 13-сола ва зинаи дуюм наврасони 13 – 17- соларо дар бар мегирифт. То соли 1924 дар
Хуљанд як мактаби зинаи якум вуљуд дошт, ки дар он ходимони намоёни давлатї ва донишмандони маъруфи тољик,
ба мисли Б.Ѓафуров, З.Раљабов, Љ. Расулов, Б. Додобоев,
М.Вањобов, С.Умаров, С. Раљабов тањсил кардаанд.
76
Дар Тољикистон мактабњои коммунањои мењнатї њам
вуљуд доштанд. Дар ин мактабњо асосан кўдакони бепарастор ва ё кўдакони оилањои серфарзанд мехонданд. То соли
1923 дар уезди Хуљанд 5 адад ва Шањристон 1 адад чунин
мактабњо мављуд буд. Њамаи ин мактабњои коммунањо баъдтар ба интернатњо табдил дода шуданд. Соли 1923 – 1924 дар
Бухорои Шарќї 4 мактаб – интернат дар шањри Душанбе,
шањри Кўлоб, ноњияи Ѓарм ва дењаи Ќаротоѓ кушода шуд.
Барои мактабњои шўравии тољикї аввалин барномаи
тахминии таълимї моњи ноябри соли 1918 пешнињод шуда,
2-юми декабри соли 1919 тасдиќ гардида буд. Мактабњо забони ягонаи таълимї ё адабии тољикї надоштанд. Бинобар
ин, соли 1922 дар назди Комиссариати маорифи халќи Туркистон шуъбаи тољикї бо маќсади тањияи китобњои дарсї
ва таълимї таъсис ёфт. Раиси он Ю. Нисормуњаммадов буд.
Ин шўъба вазифа дошт, ки меъёрњои асосии забони адабии
тољикиро муќаррар намояд, яке аз лањљањои забони тољикиро асос карда луѓат, савтиёт ва сарфу нањви онро ба њам
мутобиќ намояд, то ки бо ин забон китобњои дарсї таълиф
шаванд. Аз рўйи ин талабот соли 1922 Муњаммадсаид Собит китоби дарсии «Ибтидои тањсил», Саидризо
Ализода «Соли аввал» ва
соли 1923 Нисормуњаммадов «Алифбои тољикї»-ро
нашр карданд. Соли 1923
«Рањнамои њисоб»-и Нисормуњаммадов, китобњои
Сохтмони бинои интернат
аз забони русї тарљумашудар Ѓарм (с. 1924)
даи «Ибтидои љуѓрофияи
Туркистон», «Масъалањо аз арифметика барои синфњои 1
- 2»-и Ленкова ва «Роњбари бесавод» нашр гардида буданд.
Њамаи ин китобњо дар чопхонањои Тошканду Самарќанд ба
табъ расида буданд.
77
Муассисањои фарњангї. Ба муассисањои фарњангию маърифатї – китобхонањо, ќироатхонањо, чойхонањои сурх, гўшањо ва мизњои сурх, клубњо, осорхонањо, матбуот, нашриёт,
кинонамоишдињї, радиошунавонї, театрњо дохил мешуданд, ки дар мањви бесаводии ањолї ва маърифатнок гардидани љомеа наќши муњим бозида буданд. Аз ин муассисањои
маърифатї китобхонањо љойи махсусро ишѓол менамоянд,
чунки тољикон дар гузаштаи дур њам аз китоб истифода мебурданд. Анъанаи ташкили китобхонаи љамъиятї дар Тољикистон ба асри ХХ рост омада, он њам тавассути русњо дар
Осиёи Миёна роњ ёфта буд ва барои ањолии русзабони Туркистон таъсис дода шуда буд.
То барпошавии Њокимияти Шўравї дар Тољикистон
як китобхонаи оммавї аз маъмурияти њукумати муваќќатї
дар назди Сарраёсати уезди Хуљанд мерос монда буд. Аввалин китобхонањои оммавї дар Хуљанд соли 1918, дар Хоруѓ
соли 1921, дар Душанбе соли 1921, дар Панљакент, Ќаротоѓ,
Кўлоб, Ѓарм, Саройкамар солњои 1923 – 1924 кушода шуданд. Ин китобхонањоро њарбиёни Артиши Сурх ва баъдтар њукуматњои мањаллї ташкил доданд. Дар давоми солњои
1918 – 1924 фонди китобхонањо аз њисоби ёрии китобхонањои
марказии Русияи Шўравї ва нашриётњои алоњидаю туњфањои шахсї пур ва мураттаб мешуданд. Китобхонањо њам
дар ташвиќу тарѓиби маърифат ва саводомўзї сањми худро
гузоштанд. Китобхонањо на фаќат ба ташвиќи китоб машѓул
буданд, инчунин барои бесаводон хонишњо, мањфилњои сиёсї ва маърифатї ташкил мекарданд.
Чойхонањои сурх. Кори маърифатї – сиёсї ба воситаи
чойхонаи сурх њам бурда мешуд. Дар шимоли Тољикистон
яке аз љойњои серодами истироњатї чойхонањо буданд. Ин
муассисаро маќомоти маърифатї хуб истифода бурданд.
Дар чойхонањо «Гўшањои сурх», таъсис доданд. Дар ин гўшањо аввал рўзномањо, баъд маљаллаю китобњо њам гузошта
мешуданд. Дар ин гўшањо суњбатњо, рўзномахонињо, китоб
хонињо њам сурат мегирифт. Чойхонањо љойи хуби ташвиќот
гардида буданд.
78
Моњи марти соли 1921 дар Душанбе ва Регар чойхонањои
сурх кушода, дар он љо корњои ташвиќотию тарѓиботї ба роњ
монда шуда буд. Тамоми кори ташкилию фаъолияти чойхонањои сурх ба зиммаи намояндаи Комиссияи фавќулода ва
Шўрои њарбї – инќилобии экспедитсияи Њисор гузошта
шуда буд. Дар кори ташвиќотию тарѓиботї аъзои ташкилоти вилоятии њизби коммунистии сараввал Њисор ва баъдан
Душанбе кори зиёде карданд.Фаъолияти онњо аз фањмонда
додани маќсаду мароми Њокимияти Шўравї иборат буд.
Ин кор бо роњњои гуногун – ташкили суњбатњо, бањсњо, мањфилњо, хонишњо гузаронида мешуд.
Клубњо. Пайдоиши клубњо њам дар Тољикистон ба ибтидои Њокимияти Шўравї рост меояд. Аввалин клубњо дар
назди гарнизонњои њарбии Хуљанд (соли1920) ва дар Душанбе (соли 1922) таъсис ёфта буданд, ки асоси театрњои минбаъда гардиданд.
Мањфилњои њаваскорон, дастањои њаваскорони санъат ва
театри сањнавї. Халќи тољик њамеша њаваскорони санъат
дошт, вале ин њаваскорон мустаќилона фаъолият карда, одатан ба як њунар – овозхонию мусиќї, ширинкорї, ќиссагўйї,
раќси якка машѓул буданд. Дар ибтидои Њокимияти Шўравї
чунин њаваскорон ба ташкили мањфилу дастањои њунарї ва
намоишї шурўъ карданд. Аввалин дастањо дар назди раёсати ќисмњои њарбї (гарнизонњо) ва «Хонаи дењќон», соли 1917
дар гарнизони Хуљанд ва соли 1922 дар гарнизони Душанбе дар байни аскарони сурх таъсис ёфта буданд. Соли 1919
дар Хуљанд мањфили драмавї – мусиќии ѓайринизомї таъсис
дода шуд, ки ба як дастаи калони шашмаќомхонону навозандагон табдил ёфта буд. Соли 1919 дар Ўротеппа, соли 1920
дар Исфара мањфилњои театрї таъсис ёфта буданд. Ин мањфилњо аввалин намоишњои тољикї ва песањои худро ба сањна
мегузоштанд. Саромадони сањнаи театри миллии тољик дар
Хуљанд А. Вањњобов, А. Сатторов, Х. Умаров, дар Исфара А.
Бобоева, Н. Саидов буданд. Намоишномањои аввалини ин
79
мањфилњо «Муборизаи синфї» ва «Ќироатгари Ќуръон» ба
њисоб мераванд.
Луѓат
1. Мактаби куњна – мактабњои баъди инќилоб дар баробари
мактаби шўравї дар назди масљиду мадрасњо амалкунандаро меномиданд. Ин мактабњо то соли 1929 вуљуд доштанд. Вазифаи
асосии онњо ба хонандагон ёд додани хондану навиштан буд. Барои мактабњои куњна барнома ва китобњои дарсї тайёр карда мешуд. Ин мактабњо батадриљ ба мактабњои шўравї табдил ёфтанд
ва ё хонандагонаш ба мактабњои шўравї љалб шуданд.
2. Мактаби мањви бесаводї – дар Тољикистон дар солњои 1918
– 1937 мактабњоеро мегуфтанд, ки дар онњо калонсолон (аз 17-сола
боло) ба омўхтани хату алифбо љалб карда шуда буданд. Маќсаду
таъйиноти онњо ёд додани хондану навиштан ба хонандагон буд.
Мактабњои мањви бесаводї одатан шабона кор мекарданд. Дар он
љое, ки имконияти рўзонаи таълим вуљуд дошт, чунин мактабњо
кушода мешуданд. Ављи баланди фаъолияти мактабњои мањви бесаводї ба солњои 1924 – 1930 рост омада буд.
3. Мактаби шўравї – низоми таълими нав ва таълими алтернативиро нисбат ба низоми таълим ва маорифи тоинќилобї меномиданд. Аввалин мактабњои шўравї дар Хуљанд, Конибодом,
Исфара, Ўротеппа, Панљакент (1918), Хоруѓ (1921), Душанбе, Ќаротоѓ, Кўлоб, Ѓарм (соли 1923) кушода шуда буданд. Мактабњои
аввал то моњи январи соли 1919 ба шўроњои маорифи халќ ва аз
моњи январи соли 1919 ба Комиссариати маориф ва шуъбањои уездию волостї ва ноњиявии он итоат мекарданд. Мактабњои аввалини шўравї ду дараља доштанд. Дар мактаби дараљаи 1-ум бачањои
8 – 13 сола ва дар мактаби дараљаи 2-юм наврасони 13 – 17– сола
тањсил мекарданд. Муњлати тањсил дар мактаби дараљаи 1-ум 5
сол ва дар мактаби дараљаи 2-юм 4 сол буд.
Саволњо
1. Раванди ташаккулёбии маорифи тољикро наќл кунед.
2. Аввалин мактабњои шўравї кай таъсис ёфтаанд?.
3. Мактаби шўравиро шарњ дињед.
4. Дар бораи муассисањои маданї-фарњангї маълумот дињед.
5. Дар бораи аввалин мањфилњои њаваскорон ва фаъолияти
онњо наќл кунед.
80
§ 18. ЗАРУРАТИ ТАЌСИМОТИ МИЛЛИЮ
МАЪМУРИИ ОСИЁИ МИЁНА
Пешнињод оид ба масъалаи таќсимот. Дар давраи шўравї
дар Осиёи Миёна се маротиба ба таќсимоти миллию маъмурї сар карда, гузаронидани ду бори охираш муяссар гардида буд. Бори аввал солњои 1918 – 1920 кўшиши ба округњои
миллї таќсим кардани Љумњурии Туркистонро сар карданд.
Барои ба амал баровардани ин маќсад бисёр тарафњои таќсимотро омўхтанд. Масалан, масъалаи љуѓрофияи миллии
Туркистон, муайян кардани минтаќањои яклухти сукунати
миллатњои он, имкониятњои ин миллатњо оид ба доштани
кадрњои роњбарикунанда ва масъалањои дигарро омўхта
буданд. Аз њама кори зиёд дар ин давра дар масъалаи таъсис додани комиссияњои таќсимот, зеркомиссияњои он ва
ба вуљуд омадани афкори умум дар масъалаи комиссияњои
миллї анљом дода шуд. Маълум буд, ки дар Туркистон туркнажодњо – туркманњо, ќирѓизњо, ќазоќњо, ќароќалпоќњо ва
эрониаслњо – тољикон, форсњо, балуљњо сукунат доштанд.
Барои аксари туркнажодњо – ќараќирѓизњо, туркманњо ва
ќароќалпоќњо ва њатто бо номи умумии туркњои Осиёи Марказї - ўзбекњо њам комиссияњои миллї таъсис дода шуд, вале
барои тољикон не.
Баробари камбудињои фањмиши љамъиятї ва давлатї
дар атрофи комиссияи тољикон ва сохтори маъмурии минбаъдаи он дар рафти таќсимоти Туркистон аќидаи дуруст
њам роњ ёфт. Ин аќида имконнопазирии таќсимот дар њамон
давра буд, яъне дарк карданд, ки заминањои сиёсї, иќтисодї
ва фарњангии таќсимот њанўз тайёр нашудааст. Дар солњои
1921 – 1923 заминањои сиёсї, иќтисодї ва фарњангии таќсимоти миллї тайёр шуд. Феврали соли 1920 Љумњурии Хоразм ва сентябри соли 1920 Љумњурии Бухоро таъсис ёфтанд,
ки онњо њам сермиллат буданд. Њайати миллии онњо њам ба
мисли Туркистон аз туркнажодњою эронинажодњо иборат
буд. Дигар ин ки дар ин муддат ягонагии сиёсї, њарбї ва
81
иќтисодии њамаи љумњурињо ба вуљуд омада буд: ягонагии
њарбї дар вуљуд доштани Артиши Сурхи ягонаи шўравї;
ягонагии иќтисодї дар вуљуд доштани сохтори ягонаи иќтисодї дар симои Шўрои Олии Хољагии Халќ ва ягонагии сиёсї дар сохтори шўравї ва сотсиалистї будани онњо зоњир
мегардид. Хулоса, зарурати иљтимої, фалсафї ва сиёсии
таќсимот пухта расида буд.
Ташаббускори гузаронидани таќсимоти миллї – маъмурии Туркистон њукуматњои Русия ва Туркистон буданд. Таќсимот аз боло бо ёрии фармон гузаронида мешуд. Табиист,
ки ин таќсимот њамаи масъалањои марбут ба ин њодисаро ва
пеш аз њама хусусиятњои миллии ањолию минтаќаро дуруст
ва бекамукост на фаќат њал карда наметавонист, балки ба
њисоб њам гирифта наметавонист.
Ибтидои маъракаи гузаронидани таќсимоти миллї аз
ќарори Комиссияи туркистонї январи соли 1920 «Дар бораи
људокунии Туркистон ба 3 округи мустаќил бо нишонањои
миллї» сар шуда буд, вале дар њамон ибтидо дар ќарор дарљ
ёфта буд, ки људокунии Туркистон ба ќисмњо кори фаврї ва
бечунучаро буда наметавонад. Моњи июни њамон сол Комиссияи туркистонї дар телеграммаи худ ба Њукумати Русияи Шўравї ќайд карда буд, ки аз сабаби набудани кадрњои
роњбарикунандаи миллї ва суст будани иќтисодиёти Туркистон гузаронидани таќсимоти миллї имконнопазир аст,
вале њукуматњои Русия, Туркистон ва Комиссияи туркистонии КМ РКП(б) гузаронидани таќсимотро имконпазир
њам фањмида буданд. Масалан, В.И.Ленин дар эродњои ба
ќарори Комиссияи туркистонї пешнињодкардааш дар июни
соли 1920 навишта буд:
«Супорида шавад, ки харитаи (этнографї ва ѓ.) Туркистон бо њиссањои Ўзбекия, Ќирѓизия ва Туркмения тартиб
дода шавад».
Ба Комиссияи туркистонии таќсимот КМ ЊК(б)Р роњбарї мекард. Аз њуљљатњои рафти кори таќсимоти Туркистон бармеояд, ки њукумати Туркистон, Комиссияи тур82
кистонии КМ ЊК(б)Р ва њукумати ЉФШСР гузаронидани
таќсимотро бармањал медонистанд. Инро бо он асоснок
мекарданд, ки ЉМШС Туркистон аз љињати иќтисодї суст,
аз љињати сиёсї номуътадил ва ба кадрњои даркорї бисёр
муњтољ аст, вале худи аќидаи таќсимоти миллї дар байни
халќњои Туркистон аз мадди назари Њукумати Шўравї дур
нашуда буд ва дар ин масъала таѓйироти калон ба амал
омад. Моњи феврали соли 1920 дар Хева ва сентябри њамон
сол дар Бухоро љумњурињои халќї таъсис ёфтанд, ки онњо
њам сермиллат буданд ва зарурати гузаронидани таќсимоти миллї дар ин љумњурињо пеш омад. Аввалан Бухоро ва
Хоразм љумњурињои халќї буданд. Онњо акнун роњи ѓайрикапиталистии тараќќиётро пеш гирифта буданду Туркистон бошад, давлати сотсиалистї буд. Гуногуншакл будани
сохтори иќтисодї ва сиёсии онњо имкони гузаронидани
таќсимотро намедод. Дигар ин ки вазъияти сиёсї – љанги
шањрвандии оѓозёфта ба ин кор монеъ шуда буд, аммо Бюрои осиёмиёнагии КМ ЊК(б)Р барои гузаронидани таќсимоти миллї маъмурии ин се љумњурї ба таъсиси комиссияњои миллї шурўъ кард. Комиссияњои таќсимкунии ўзбекї,
туркманї, ќирѓизї, ќароќалпоќї, њатто арманию форсї таъсис дода шуданд, вале комиссияи тољикї таъсис наёфт.
Њолати ифодаи манфиатњои тољикон дар ЉМШС Туркистон ва ЉХШ Бухоро. Дар соли 1921 – 1923 барои гузаронидани таќсимот шароитњои мусоиди њарбї, иќтисодї
ва сиёсї ба миён омада буд. Мубориза бар зидди њаракати босмачигарї ягонагии њарбиро ба миён овард. Артиши
Сурхи Шўравї ва артиши Бухорою Хоразм зери яккафармондењї ќарор доштанд. Барои њамкории иќтисодии байни
ин љумњурињо ташкилоти махсус – Шўрои иќтисодии осиёимиёнагї таъсис дода шуда буд. Шўро иќтисодиёти Осиёи
Миёнаро бо дигар љумњурињои шўравї мепайваст. Дар ин
муддат Љумњурињои Шўравии Халќии Бухоро ва Хоразм
њам барои гузаштан ба сохтори сотсиалистї наздик шуда
буданд, яъне заминаи гузаронидани таќсимоти миллию
83
маъмурї ба вуљуд омада буд. Зарурати ин таќсимотро чунин
масъалањо ташкил медоданд:
1. Таъмини пурраи њуќуќњои халќњои Осиёи Миёна барои худмуайянкунї то ташкили Љумњурии Шўравии Сотсиалистї, Љумњурии Мухтор ва ё Вилояти Мухтор.
2. Боз њам наздик кардани шўроњо бо оммаи халќ, љалб
кардани оммаи зањматкаши халќиятњои Осиёи Миёна ба
идора кардани давлат ва мустањкам намудани сохти Давлати Шўравї.
3. Асосњои мустањками сулњи байни миллатњоро дар
заминаи њамкорињои наздику бародарона ва дўстии байни
халќњои Осиёи Миёна ташкил додан.
4.Тезонидани суръати ташаккулёбї ва инкишофи
миллатњои сотсиалистии ўзбекњо, тољикон, туркманњо,
ќирѓизњо ва ќароќалпоќњо, инкишофи минбаъдаи иќтисодиёту фарњанги шаклан миллию мазмунан сотсиалистии онњо.
5. Зарбаи ќатъї расонидан ба миллатгароёни буржуазї
ва шовинизми бузургдавлатї, баланд бардоштани худшиносии синфии мењнаткашон ва пурзўр кардани мубориза
бар зидди истисморгарон.
6. Барњам додани ќафомонии иќтисодии Осиёи Миёна
ва фаъол гардонидани халќњои он барои сохтмони сотсиализм.
Маќсад аз таќсимот њалли масъалаи миллї ва дар амал
татбиќ намудани ќарорњои Њокимияти Шўравї доир ба баробарии воќеии халќњои шўравї буд. Халќњои Туркистони
Шўравї ва Љумњурињои Халќии Шўравии Бухорою Хоразм
аз тамоми њуќуќњои конститутсионї бархўрдор буданд, вале
миллї намудани сохтори сиёсии онњо ба эъломияњои Русияи
Шўравї рост намеомад. Аз ин рў, таќсимоти Осиёи Миёна
дар иљрои ин эъломияњо мисоли хубе шуда метавонист. Аз
дигар тараф, њељ яке аз љумњурињои Осиёи Миёна љумњурии
миллї набуд. Масалан, 66,5% њамаи ўзбекњо, 43,2%-и туркманњо, 47,7% -и њамаи тољикон дар њайати Љумњурии Туркистон буданд. Ањолии Бухороро бошад, 21,2% ўзбекњо, 26,5%
84
- туркманњо ва 52,3% - тољикон ташкил медоданд. Дар њайати Хоразм 13% ўзбекњо, 29,8% туркманњо ва боќимонда
ќазоќу, ќирѓизу, форс буданд, яъне дар њељ яке аз ин љумњурињо ба ѓайр аз ЉХШБ њељ яке аз халќњои мањаллї бартарии
куллї надоштанд. Таќсимоти Осиёи Миёна зери назорат ва
роњбарии бевоситаи Бюрои Сиёсии КМ ЊК(б)Р гузаронида
мешуд. Дар љойи дуюм аќидаи Бюрои осиёимиёнагии КМ
ЊК(б)Р ва КМ њизбњои коммунистии Туркистон, Бухоро ва
Хоразм меистод. Ќарорњои Бюрои Сиёсии КМ ЊК(б)Р њамчун рањнамои барномаи амалиёти комиссияњо ва зеркомиссияњо њисобида мешуд. Ќарорњои ЊК Туркистон, Бухоро ва
Хоразмро муњокима кардану ба онњо ислоњоту иловањо даровардан мумкин буд.
Аз моњи феврал то апрели соли 1924 КМ ЊК Туркистон,
Бухоро ва Хоразм масъалањои таќсимоти Осиёи Миёнаро
муњокима карда, ќарорњои дахлдор ќабул карданд. Њукумати Шўравї бар он аќида буд, ки гузаронидани таќсимоти
миллию маъмурї на фаќат ба хотири сиёсати миллии дар
арсаи байналхалќї пешгирифта ва бо маќсади зиёд шудани тарафдорони ў гузаронида мешавад, балки ин таќсимот
худшиносии милии халќњоро баланд ва фаъолияти сиёсию
мењнатии онњоро дар мустањкам намудани сотсиализм ќавї
мегардонад.
Луѓат
1. ВКП(б) – (Всесоюзная Коммунистическая Партия большевиков) – Њизби Коммунистии Умумииттифоќии болшевикњо аз
соли 1925 то соли 1956 чунин номида мешуд. Вай меросхўри РПК(б) – 1918 – 1925 ва РСДРП – 1903 – 1918 буд. Солњои 1956 – 1990
КПСС (Коммунистическая Партия Советского Союза) – Њизби
Коммунистии Иттињоди Шўравї номида мешуд.
2. СССР (ИЉШС) – типи давлати диктатураи пролетариат,
ки дар асоси шартномаи тарафайни байни ЉШФС Русия, ЉШС
Украина, ЉШС Белорус ва ИЉШСЗ (Иттифоќи Љумњурии Шўравии Сотсиалистии Закавказия) 31-уми декабри соли 1922 таъсис
ёфта буд. Тољикистон њамчун Љумњурии Мухтор соли 1925 ва
85
њамчун Љумњурии њафтуми соњибихтиёри шўравї аз соли 1931 ба
њайати (СССР) дохил шуда буд.
3. Таќсимоти миллию марзии Осиёи Миёна таќсимоти миллї-марзии солњои 20-уми асри ХХ буд, ки он дар се давра:
1917-1920, 1920-1924 ва 1924-1929 гузаронида шуда буд. Ташаббускори давраи аввалаш Давлати Шўравї буда, маќсадаш ба њудудњои миллї људо кардани Русияи Шўравї, РСФСР(ЉШФСР)
ва ЉМШС Туркистон буд. Ташаббускори давраи дуввум њам
Давлати Шўравї буду маќсадаш амалї сохтани ваъдањо доир ба
њалли масъалаи миллї дар Русияи Шўравї ва СССР (ИЉШС)
ва зиёд намудани шумораи давлатњои сотсиалистї дар арсаи байналмилалї буд. Ташаббускори даври сеюми таќсимот Тољикистони Мухтор, Ќирѓизистон ва Ќароќирѓизистон буданд.
Савол ва супоришњо
1.Зарурат ва сабабњои гузаронидани таќсимоти миллию њудудии солњои 1917 – 1924-ро шарњ дињед.
2.Ташаббускори таќсимот кї буд ва чї мехост?
3.Раванди таъсисёбии комиссияњои миллиро шарњ дињед.
4.Барои чї комиссияи таќсимоти тољикї таъсис наёфт?
5.Мухторият чист?
6.Барои тољикон кадом воњидњои мухториро (вилоят,
љумњурї) раво дониста буданд ва барои чї?
7.Таќсимот характери миллиро гирифта буд ё сиёсиро?
8.Ба њайати Тољикистон кадом ќисматњои ЉМШС Туркистон
ва ЉХШ Бухоро дохил гардида буданд?
§ 19 - 20. РАВАНДИ ТАЪСИСЁБИИ ЉУМЊУРИИ
МУХТОРИ ШЎРАВИИ СОТСИАЛИСТИИ
ТОЉИКИСТОН
Раванди ташаккулёбии мухторият. Сохтори давлатдорї ва маъмурии Тољикистони Шўравї дар њайати Љумњурињои Туркистон ва Бухоро ба вуљуд омада буд. Округњои
(уездњои) Хуљанд, Ўротеппа, ќитъаи (участкаи) Панљакент
ва волостњои Исфараю Ашти Туркистон ва Бухорои Шарќии
Љумњурии Бухоро кайњо њудудњои маъмурию миллї гардида буданд. Асосан минтаќањои Бухорои Шарќї, ки аз вилоятњои Душанбе, Сариосиё, Кўлоб, Ѓарм ва Ќўрѓонтеп86
па иборат буданд, њоло аз моњи феврали соли 1921 њамчун
њудуди маъмурии мухтор вуљуд доштанд. Онро намояндаи
Фавќулодаи ЉХШБ идора мекард. Аз 8-уми январи соли
1922 бошад, КИМ-и умумибухорої барои идора кардани
он Комиссияи фавќулодаи диктаторї оид ба корњои Бухорои Шарќиро таъсис дод, ки ба њайати он шўрои иќтисодї,
шуъбаи назорати давлатї, шуъбаи адлия бо шўрои ќозињо,
шуъбаи замину об, шуъбаи сохтмон, саридораи наќлиёт,
шуъбаи маорифи халќ, муассисањои тандурустї, таъминоти бехатарї, комиссияњои молия, озуќаворї ва трибунали
њарбї дохил буданд. Комиссияи фавќулодаи диктаторї дар
Бухорои Шарќї аз номи Њукумати олии љумњурї – КИМ-и
умумибухорої амал мекард.
Сабаби асосии ташкили ин гуна сохтор вазъияти фавќулодаи ин минтаќа вобаста ба љанги шањрвандї буд. Аз ин
рў, ба Комиссияи фавќулодаи диктаторї ваколатњои номањдуд њам дода шуда буд.
Аз љумла:
а) баровардани декретњо ва фармонњои бекор ва иваз
кардани ќонунњои амалкунанда, ки мувофиќи тартиботи
умумї ќабул шудаанд;
б) ќабули ќарорњои фавќулода доир ба њама соњањои њаёти давлатї;
в) гирифтани тамоми навъи парвандаи љиноятї аз тафтишоти судии умумї ва барои муњокимаи судї додан ба
трибунали њарбии Комиссияи фавќулодаи диктаторї ва
агар зарур бошад, то њукми паррондан муќаррар намудан;
г) сабукдўш кардан аз мансаб, њатто аз вазифаи интихобї ва бо салоњдиди худ дар љойи он таъйин намудан, инчунин барњам додани муассисањое, ки дар Бухорои Шарќї
фаъолият доштанд;
д) њабс кардан ва аз њудуди Бухорои Шарќї рондани
шахсони гунањкор, сарфи назар аз вазифаашон.
Дар вилоятњо кумитањои инќилобии вилоятї ва дар назди онњо мутасаддиёни шуъбањои молиявию хољагї, коммуналию сохтмон ва шуъбаи нигоњдории тартибот амал
мекард. Дар туманњо кумитањои инќилобии туманї ва дар
87
назди онњо шуъбањои нигоњдории тартибот ва ќозихона
амал мекард. Дар кентњо кумитањои инќилобии кентї ва
дар назди онњо намояндаи шуъбаи нигоњдории тартибот ва
ќозихонаи кентї буданд. Дар љамоатњо мингбошї ва дар
дењањо оќсаќолон амал мекарданд. Вазифаи амлокдор њоло
њам вуљуд дошт ва асосан ба масъалаи муайян кардану рўёнидани андоз аз ањолї ва супоридани он ба давлат машѓул
буд.
Њамаи ин маќомот ба њолати сиёсии давраи љанги
шањрвандї мувофиќ карда шуда буданд. Соли 1923 дар
мањаллањои аз босмачигарї озодшуда кўшиши гузаронидани интихобот ба шўроњо карда шуд, вале бо сабаби бесаводии сиёсии мардум интихобот натиљаи дилхоњ надод. Моњи
майи соли 1924 КИМ-и Бухоро «Дар бораи шўрокунонии
Бухорои Шарќї» ќарор ба имзо расонд. Дар асоси њамин
ќарор 7-уми июли соли 1924 Комиссияи фавќулодаи диктаторї барњам дода шуд, ба љойи он КИМ-и Бухорои Шарќї
дар њайати 19 нафар узв ва 7 нафар президиуми он таъсис
ёфт. КИМ-и Бухорои Шарќї аз шуъбањои ташкилї- маъмурї, коммуналї, маориф, зироат, машваратї, иќтисодї
ва шўрои ќозиён иборат буд, яъне то таќсимоти соли 1924
њудуди Бухорои Шарќї њамчун њудуди маъмурии мухтор
бо маќомоти идорию маъмурї, иќтисодию сиёсї ва њуќуќї
ташшакул ёфта буд.
Равиши гузаронидани таќсимот. Баъди ташкилёбии
љумњурињои халќии шўравии Хоразм ва Бухоро марњалаи
дуюми таќсимоти миллию маъмурї дар тамоми Осиёи Миёна шурўъ гардид, аммо то охири соли 1923 дар ин масъала пешравї дида намешуд, чунки Бухороро њалќањои љанги
шањрвандї печонида, масъалаи босмачигарї њал нагардида
буд. Соли 1924 боз масъалаи таќсимот пеш гузошта шуд,
вале комиссияи тољикї њанўз њам таъсис наёфта буд. Фаќат
ба њайати комиссияи ўзбекї як намояндаи тољикон – Чинор
Имомовро њамроњ карданд. То ин муддат дар њар се љумњурии шўравии Осиёи Миёна масъалањои забони миллии бо
ном халќњои хурд – туркманњо, ќазоќњо ва ќирѓизњо њал
шуда, ба онњо њуќуќи бо забони модарии худ ташкил кар88
дани мактаб ва коргузории давлатї муњайё карда шуда буд.
Аммо дар бораи забони тољикї ва мавќеи он њарфе гуфта
нашуд. Баръакс, дар Бухоро забони давлатї, таълим ва коргузорї узбекї ва туркманї эълон шуда буд. Нашри рўзномањои тољикї ќатъ гардид. Њатто њуљљатгузории Комиссияи
фавќулодаи диктаторї оид ба Бухорои Шарќї, ки дар Душанбе амал мекард, ба забони ўзбекї (чаѓатої) буд.
Аз моњи феврал то апрели соли 1924 КМ ЊК Туркистон,
Бухоро ва Хоразм масъалањои таќсимоти Осиёи Миёнаро
муњокима карда, оид ба розигии худ ва гузаронидани таќсимот ќарорњои дахлдор ќабул намуда, ба Бюрои Сиёсии
ЊК(б)Р пешнињод карданд. 5-уми апрели соли 1924 КМ
ЊК(б)Р масъалаи таќсимотро муњокима намуда, ќарорњои
КМ њизбњои коммунистии љумњурињои Осиёи Миёнаро маъќул донист. 28-уми апрели соли 1924 Бюрои осиёимиёнагии
КМ ЊК(б)Р гузоришњои њукуматњои Туркистон, Бухоро ва
Хоразмро шунида, гузаронидани таќсимотро дар Осиёи Миёна ба маќсад мувофиќ донист. Бюрои ташкилии КМ ЊК(б)Р
4-уми июни соли 1924 маљлиси худро гузаронид ва ќарори
Бюрои осиёимиёнагии КМ ЊК(б)Р дар бораи гузаронидани
таќсимотро муњокима ва лоињаи ќарорњои КМ ЊК(б)Р-ро
«Дар бораи таќсимоти миллию маъмурии љумњурињои Осиёи
Миёна» тасдиќ намуд. 12-уми июн бошад, КМ ЊК(б)Р «Дар
бораи таќсимоти миллии љумњурињои осиёи Миёна» ќарор
ќабул карда, инчунин сохтори Тољикистонро њамчун Вилояти Мухтор дар њайати ЉШС Ўзбекистон муайян кард. Дар
ин кор таъсири дасти душманони халќи тољик њувайдо буд.
15-уми июни соли 1924 Бюрои осиёимиёнагї тезисњо
«Дар бораи таќсимоти осиёи Миёна»-ро ќабул кард, ки он
њам сохтори сиёсии Тољикистонро њамчун Вилояти Мухтор
муќаррар карда буд.
Ин ќарор дар тамоми њудудњои тољикнишин муњокима ва
дастгирї карда мешуд, вале сохтори Тољикистон њамчун Вилояти Мухтор шањрвандони бедори тољикро ќонеъ накард.
Мактубњои зиёде аз номи шахсони алоњида ва коллективњои
мењнатї ба унвони Бюрои осиёимиёнагии КМ ЊК(б)Р,
њатто ба Њукуматњои Русияи Шўравї ва СССР ИЉШС фи89
ристода шуда буд. Дар онњо таъкид карда мешуд, ки нисбат
ба тољикон ва сохтори минбаъдаи миллии онњо ба хатоњову каљравињо роњ надињанд, чунки аз рафти ин таќсимот ва
пайдо шудани мафњуми маъмурии Вилояти Мухтор барои
тољикон маълум буд, ки њуќуќњои тољикон мањдуд карда мешаванд.
Ба њар њол мактубу барќияњои намояндагони халќи
тољик ба њукумати СССР (ИЉШС) ва КМ ЊК(б)Р ва Комиссияи Марказии таќсимоти миллию марзї таъсир расонд.
Дар њимояи њуќуќи халќи тољик русњо (Зелинский, Андреев,
Семенов), ќазоќњо (Т.Рисќулов, Ханљанов), поляк (Миклашевский), тотор (Г.Сафаров) ва дигарон сањм гузоштанд,
вале онњо натавонистанд, ки аќидаи зеркомиссияњои миллї
ва Комиссияи Марказии таќсимотро таѓйир дињанд. Онњо
тавонистанд, ки тољикњоро њамчун халќи бумї ва ќадим шиносонанд ва давлатдории сотсиалистии ўро таъмин намоянд. Ин буд, ки моњи сентябри соли 1924 таќсимоти миллию
маъмурии Осиёи Миёна раванди амалї ва ба њукми ќонун
даромадаро гирифт.
Таъсисёбии Љумњурии Мухтори Шўравии Сотсиалистии Тољикистон. Чї тавре ки мушоњида кардем, аз соли 1919
то бањори соли 1924 масъалањои сохтори сиёсї, маъмурї,
иќтисодї ва њудуди Тољикистон њалли худро ёфта, ба давраи таъсисёбии амалї расида буд. Фаќат ин андешањоро дар
доираи ќонун ба расмият даровардан лозим буд. Ташаббускори ин масъала Њукумати Бухорои Шарќї гардид. Масъалаи таъсисдињии Љумњурии Тољикистонро тамоми ањолии
Бухорои Шарќї дастгирї мекарданд. Ин буд, ки аз 1-ум то
5-уми сентябри соли 1924 дар Душанбе Анљумани якуми намояндагони халќи Бухорои Шарќї шуда гузашт, ки маќоми
олии њокимияти давлатии Бухорои Шарќї буд. Анљуман
КИМ-и Бухорои Шарќї ва Президиуми онро интихоб кард.
Раиси Президиуми КИМ-и Бухорои Шарќї Нусратулло
Махсум (Лутфуллоев) интихоб гардид.
90
16-уми сентябр сессияи (иљлосияи) фавќулодаи КИМ-и
Туркистон, 20-ум ва 29-уми сентябр Анљуманњои V умумибухорої ва умумихоразмии шўроњо дар бораи таќсимоти
миллию маъмурї розигии худро доданд. Барои гузаронидани ин таќсимот аз намояндагони љумњурињо ва вилоятњои
навтаъсис Комиссияи њудудљудокунии марказї таъсис ёфт.
Ба ин комиссия Бюрои осиёимиёнагии КМ ЊК(б)Р роњбарї
мекард. Ин комиссия ба људокунии сарњадњои миллии нав
ташкил меёфтагї, инчунин ба таќсимоти амвол, захирањои
иќтисодї њам машѓул буд. 11-уми октябр Бюрои Сиёсии
КМ ЊК(б)Р баромади раиси Комиссияи Бюрои Сиёсии КМ
ЊК(б)Р В.В. Куйбишевро дар бораи таќсимоти миллии Осиёи Миёна шунида, муњокима намуд ва лоињаи таќсимоти њудудї ва молу амволро байни љумњурињову вилоятњо тасдик
кард. Бюрои Сиёсї дар асоси маърўзаи В.В. Куйбишев ва
номањои халќи тољик зарурати таъсиси Љумњурии Мухтори
Шўравии Сотсиалистии Тољикистонро дар њайати Ўзбекистон маъќул донист. Ин нишондод асоси ќарори 14-уми октябри соли 1924 гардид.
14-уми октябри соли 1924 сессияи дуюми Кумитаи Марказии умумирусиягї (КИМУ) масъалаи таќсимоти Осиёи
Миёнаро муњокима намуда, ќарори КИМ-и ЉМШС Туркис-
Харитаи маъмурии ЉМШС Тољикистон
91
тонро дар бораи аз њайати ЉШФСР (РСФСР) баромаданаш
тасдиќ кард. Доир ба таќдири халќи тољик њам чунин ќарор
ќабул кард: «5. Дар асоси иљро намудани изњороти хоњиши
оммаи коргарон ва дењќонони халќи тољик, ба халќи тољик
њуќуќи аз њайати ЉМШС Туркистон баромадан ва таъсис
додани Љумњурии Шўравии Сотсиалистии Тољикистон дода
шавад». Чї тавре дидед, то рўзи ин ќарор сухан танњо дар
бораи Вилояти Мухтори Тољикистон мерафт. Мањз сессияи дуюми КИМУ воњиди Вилояти Мухторро ба Љумњурии
Мухтор иваз кард.
27-уми октябри соли 1924 КИМ-и СССР (ИЉШС) бо
ќарори худ хоњиши њукуматњои Туркистон, Бухоро ва Хоразмро дар бораи таќсимот ва ќарори сессияи дуюми КИМУ
аз 14 октябри соли 1924 дар бораи таъсис ёфтани ЉМШС
Тољикистон тасдиќ кард ва ин ќарорњо 27-уми октябри соли
1924 њукми ќонунро гирифтанд. Моњи майи соли 1925 Тољикистон ба воситаи Ўзбекистон ба њайати СССР (ИЉШС)
дохил гардид, яъне санаи таъсисёбии ЉМШС Тољикистон
14-уми октябр буда, ќонунї гардидани он 2-юми октябри
соли 1924 аст.
Љумњурии Мухтори Шўравии Сотсиалистии Тољикистон аз њисоби ноњияњои имрўзаи Истаравшан, Ѓончї,
Шањристон, Айнї, Масчоњи Кўњї ва Панљакенти ЉМШС
Туркистон ва вилоятњои Душанбе, Ќўрѓонтеппа, Кўлоб ва
Ѓарми Бухорои Шарќии ЉШСБ таъсис ёфт. Њудуди Тољикистон 135620 километри мураббаъ ва ањолиаш 739503 нафарро ташкил медод. Аз њисоби Туркистон 135665 нафар
ва аз Бухоро 603858 нафар ањолї ба њайати Тољикистон дохил шуданд. Њудуди Туркистониаш ду вилоят – Ўротеппаю
Панљакент ва Бухороияш 4 вилоят – Душанбе, Ќўрѓонтеппа,
Кўлоб ва Ѓармро ташкил медод. Баъдтар моњи декабри соли
1924 ба њайати Тољикистон њавзаи Помир њамроњ карда шуд,
ки 2-юми январи соли 1925 ба Вилояти Мухтори Бадахшони
Кўњї табдил дода шуд.
Таъсисёбии Љумњурии Мухтори Шўравии Сотсиалистии Тољикистон ибтидои эњёи давлатдории миллии њазор
сол пеш аз байн рафтаи тољикон гардид. Ба туфайли њамин
92
љумњурї номи халќи тољик њам аз сари нав ба арсаи њастї даромад. Ин бузургтарин комёбї ибтидои њамаи имкониятњои
минбаъдаи халќи тољик ва давлатдории миллии он буд, ки
халќи тољик аз давраи шўравї ба даст дароварда буд. Онро
пос дошта ва инкишоф додан зарур буд. Њоло њам имкониятњои муњайёкардаи Давлати Шўравиро бањри истиќлолу
рушди минбаъдаи халќу љумњурї истифода бурдан мумкин
буд. Ин вазифаро мебоист сарони мо – њукумати навбунёди
он Кумитаи Инќилобии ЉМШС Тољикистон иљро мекарданд.
Оё њукумати Тољикистон ва халќи тољик имкониятњои
додаи сиёсати миллии собиќ СССР (ИЉШС) ва имкониятњои конститутсионии муњайёкардаи Давлати Шўравиро
истифода бурда тавонистанд ё не? Имрўз љавоб ба ин савол гуногун аст. Њар њизб, њар гурўњу њар фарде аз доираи
мафкураи фарњангї ва бархўрдориаш аз ин масъала њарф
мезанад. Вале таърих худ гувоњ аст, ки вазъияти иќтисодї,
сиёсї, фарњангї ва умуман њастии халќи тољик дар асрњои
ХI – ибтидои асри ХХ чї сурате дошт. Дар асрњои ХIХ ва
ХХ халќњоро бештар аз рўйи љуѓрофияи сиёсиашон ва миллаташон мешинохтанд. Таъсиси ЉМШС Тољикистон танњо
ќарору таќсимоти сиёсии одии шўравї набуд. Ин љасорати Давлати Шўравї, сиёсати мардњои фидої, муборизаи
халќ буд. Дар таърихи сиёсии халќи тољик баъди давлати
Сомонињо ва то имрўз аз таъсисёбии ЉМШС Тољикистон
дида, воќеаи бузурги фарањбахш ва таќдирсози дигаре набуд. Ташаббускору муайянкунандаи таќдири халќу давлати
Тољикистон кї буд, кадом сиёсатдору сиёсате буд, ки ин ќадар лутф кард, зеро агар таќсимоти соли 1924 гузаронида
намешуд, яќинан мо тољикон бедавлат ва беном мемондем.
Мо ба мисли эрониёни Бухорову Самарќанд ва дар њолати
бењтаринаш ба мисли тољикони Ўзбекистон махлут шуда мерафтем. Бунёди истиќлолияти миллии Тољикистон аз соли
1924 аст ва натиљаи сиёсати миллии Њукумати Шўравию
љонфидоињои намояндагони миллии њамон замон мебошад.
93
Барои тољикон ањамияти аз њама калони таќсимоти миллию маъмурии соли 1924 дар он буд, ки тољиконро
соњибдавлат гардонд. Ба ин васила истиќлолияти миллии
тољикон амалї гардид, вале аз тарафи дигар, ин таќсимот
парешонии халќи тољикро боз зиёдтар намуд. Агар аз ин
пештар тољик ба њайати Русия, Бухоро ва Афѓонистон дохил бошад, акнун дар њайати Ўзбекистон, Ќирѓизистон,
Афѓонистон ва Тољикис- тон боќї монд.
Дар натиљаи таќсимоти миллию маъмурии соли 1924 имконияти њуќуќии таъсис додани Љумњурии Мухтори Шўравии Сотсиалистии Тољикистон дар њайати ЉШС Ўзбекистон ба вуљуд омад. Барои ташкили њукуматњои љумњурињои
навтаъсис, то охири ноябри соли 1924 кумитањои инќилобии
Туркманистон ва Ўзбекистон таъсис ёфтанд. 5-уми декабр
рўзи эълон гардидани ЉШС Ўзбекистон ба њисоб мерафт.
Луѓат
1.Комиссияи тољикии таќсимот – комиссияе буд, ки соли 1924
барои гузаронидани таќсимоти миллию маъмурии Осиёи Миёна
таъсис ёфта буд, дар њолате, ки баъзе комиссияњои миллї (ўзбекї,
туркї, ќароќирѓизї) њанўз солњои 1919 – 1921 таъсис ёфта буданд.
Саволњо ва супориш
1.Мухторияти Тољикистон аз кадом масъала сар шуд?
2. Куљоро Бухорои Шарќї мегуфтанд?
3.Комиссияи фавќулодаи диктаторї чї гуна комиссия буд?
4.Анљумани якуми намояндагони халќи Бухорои Шарќї кай
доир гашт ва кадом масъалањоро њал кард?
5.Рўзи ташкилёбии ЉМШС Тољикистон кадом рўз ба њисоб
меравад?
6.Таъсисёбии маќомоти идории ЉМШС Тољикистонро шарњ
дињед.
ДАРСИ ТАКРОРЇ
Ин дарсро дар синфњое, ки соатњояшон ба рўзи оѓози
тањсил рост меоянд ба дарси «Рўзи дониш» људо мекунанд.
Агар ба «Рўзи дониш» рост наоянд, дар дарси асосї ба њамон мавзўе, ки талабагон онро хуб њазм накарда буданд ва
ё умуман ба дарси такрори мавзўъњои гузашта њамроњ мекунанд.
94
МАВЗЎИ 2. ТОЉИКИСТОН ДАР ДАВРАИ
МУХТОРИЯТ
§ 21. ВАЗИФАЊОИ НАВБАТИИ ЊУКУМАТ ВА
ХАЛЌЊОИ ЉМШС ТОЉИКИСТОН
Мушаххас ва муайян гардидани вазифањои њалталаби њукумату халќ. 26 ноябри соли 1924 КИМ-и ЉШС Ўзбекистон
Кумитаи инќилобии Љумњурии Тољикистонро њамчун њукумати муваќќатии љумњурї,
дар давраи то баргузоргардии Анљумани таъсисии
шўроњои ЉМШС Тољикистон созмон дод. Ба њайати Президиуми Кумитаи
инќилобии ЉМШС Тољикистон Нусратулло Махсум (раис), Б.Додобоев, Р.
Н. Махсум (Лутфулоев)-раиси Бобољонов, А.Ёрмуњаммакумитаи Инќилобии ЉМШС
дов, Ш.Шоњтемур, А.М.
Тољикистон бо аъзои Кумитаи
Дяков ва дигарон дохил
инќилобї.
шуданд.
Кумитаи инќилобии ЉМШС Тољикистон 7-уми декабри
соли 1924 ба мењнаткашони Тољикистон мурољиат кард. Дар
он мурољиатнома кумита аз таъсисёбии ЉМШС Тољикистон хабар дода, вазифањои аввалиндараљаи фаъолияти худро эълон дошт, барномаи барќарор кардани хољагии халќ,
инкишофи фарњанг, тамоман барњам додани босмачигариро пешнињод кард.
Аввали моњи феврали соли 1925 Њукумати Тољикистон
аз Тошканд ба Душанбе – пойтахти ЉМШС Тољикистон кўчида, бо фармони худ аз 5-уми феврал ба тамоми ањолї дар
бораи ќатъ гардидани фаъолияти КИМ-и Бухорои Шарќї
хабар дод. 15-уми марти соли 1925 дар гирдињамоии ботантанаи умумихалќии ањолии Душанбе ва атрофи он њукумати
Тољикистон эъломияи (декларатсияи) таъсисёбии Љумњурии Мухтори Шўравии Сотсиалистии Тољикистонро эълон
кард.
95
Вазифањои
асосии
њукумати
навтаъсиси
ЉМШС Тољикистон –
аз роњбарї, идоракунї,
ташкил намудани равандњои нави сиёсї, иќтисодї
ва иљтимоию фарњангие,
ки онро инќилобњои сотсиалистии солњои 19171924 ба пеш гузошта
Иштирокчиёни митинги эълон кар- буданд, иборат буд. Ин
дани таъсисёбии ЉМШС Тољикистон равандњо соњањои зерин(13.03.1925)
ро дар бар мегирифтанд:
- роњбарї кардан ба раванди аз хусусияти эъломї доштани Њокимияти Шўравї ба хусусияти иљтимої гирифтани
он, яъне шиносонидани Њукумати Шўравї њамчун њукумати
халќї. Чунин раванд характери сиёсї дошт. Онро бояд њизбе, муассисае, ташкилоте, љамъияте роњбарї мекард, яъне
дар сохтмони њизбї вазифаи асосї њизбро аз ташкилоти сиёсї ба њизби ташкилотчї ва роњбар табдил додан буд;
- барќарор намудани хољагии халќи аз љанги шањрвандию босмачигарї харобгардида ва ба вуљуд овардани асосњои иќтисодиёти сотсиалистї, ки он акнун ба иќтисодиёти
иљтимої рў оварда буду шиори асосиаш «Кї киро?» буд.
Онро ба манфиати сотсиализм њал кардан лозим буд;
- наздик кардани шўроњо ба омма, ки гузаронидани
маъракањои интихоботї, милликунонии дастгоњњои идорї
(тайёр кардани кадрњои аппаратњои шўравї, гузаронидани
ислоњоти маъмурию сиёсї, аз љумла таќсимоти њудуд) ва ба
шакли нави маъмурї - вилоят, ноњия, шўроњои дењотї ва
шањру шањракњо људо шуданро талаб мекард;
- амалї намудани ислоњоти њамаи соњањои њаёти фарњангї, бахусус системаи маориф ва ба хизмати халќу манфиати
Давлати Шўравї тобеъ кунонидани онњо.
Солњои 1924-1929 дар сиёсати байналмилалї солњои
устуворгардии ду сохт - сохти сотсиалистї ва капиталистї
96
ба њисоб мерафт. Кризиси сиёсие, ки љањонро фаро гирифта
буд, як гурўњ давлатњоро ба роњи тараќќиёти сотсиалистї ва
гурўњи дигареро ба эътироф кардани ин њолат овард. Ављи
њаракатњои инќилоби љањонї хомўш гардид. Капитализм ба
маљрои худ ва сотсиализм ба маљрои худ ворид гашт. Муборизаи яроќноки байни ин ду система ба раќобати иќтисодї ва љанги сард табдил ёфт. Љањони капиталистї СССР
(ИЉШС)-ро ба муњосираи иќтисодї гирифта буд. Њукумати
СССР (ИЉШС) бе њељ гуна гузашт ва сархамкунї дар пеши
капитализм ба идеалњои худ устувор монд. Принсипњои
идеологї, синфї ва омиёна имконияти сарфи назари баъзе
масъалањоро намекард, бо вуљуди он ки доњии ин принсип
гуфта буд, ки «… ба бесаводии худ иќрор шуда, аз капитализм омўзем». Ин идеологияро Њизби Коммунистї ва Њукумати СССР (ИЉШС) барои сиёсати дохилию хориљии
њамаи љумњурињои собиќ СССР (ИЉШС) раво дониста, риояи онро талаб мекарданд, яъне авзои сиёсию љамъиятии
ЉМШС Тољикистон ба авзои СССР (ИЉШС) ва Љумњурии
Ўзбекистон вобастагии ногусастанї дошт.
Сиёсати њељ гуна гузашт накардан ба капитализмро, ки
СССР (ИЉШС) пеш гирифта буд, дар СССР (ИЉШС) на
њама мепазируфтанд. Аз ин рў, дар татбиќи ин сиёсат аќидањои дигар њам буданд, мисли бухаринчигї, зиновевчигї,
тротскийчигї, гурўњи коргарї ва ба замми њамаи инњо, дар
Тољикистон љадидї њам буд. Њизби њукмрон - ВКП(б) њамаи
онњоро душманони халќ эълон карда муборизаи беамонро бо онњо сар кард. Зери шиор ва маъракањои тозакунии
сафњои њизб мутахассисони соњањои гуногуни хољагии халќ
ва роњбарони болаёќати хољагї аз идора кардани давлату ташкили истењсолот дур карда шуданд. ВКП(б) органи
махсуси худро - Комиссияи ревизионии худро дошт ва ин
комиссия зери мафњумњои «суст будани љанбаи идеологї»
њукуматњои миллї, њизбњои таъсисёфтаистодаи миллї ва бо
кадрњои сиёсї таъмин намудани онњо, зиёиёни њизбї, коргарї ва илмии тољикро бо ин ё он «тамѓањо» гунањкор карда,
ба мустаќилона идора кардани љумњурї, корхона ва муасси97
са роњ намедод, ки ин аксаран сабаби пастравии кор мегардиданд. «Душманони СССР (ИЉШС)» душманони воњид
буданд ва онњоро «меёфтанд». Дар тамоми зинањои њизбї,
давлатї онњоро «пайдо» мекарданд. Солњои 1924-1929 яке
аз вазифањои Њукумати ЉМШС Тољикистон аз рўйи нишондоди боло мубориза бо душманони «чап»-у, «рост», оппортунизму тротскийчигї ва љадидизм буд. Самараи ин мубориза, њаќ донистану њаќ шуморидани мафкураи марксизми
љанговар, назарияи ленинизму сталинизм ва тарафдороии
онњо буд. Замона аќидаи алтернативиро намепарварид. Яккањизбї, вале фаќат њизби коммунистї ва сиёсати коммунистї њукмрон буд.
Ин авзои идеологї бо роњбарии њизби њукмрон - Њизби
Ќоммунистони болшевик идора ва амалї мегашт. Тољикистон бошад, чунин њизбро доро буд.
Мафкураи љамъиятї (идеологияи марксистї-ленинї-сталинї) дастгоњи пањнкунанда ва татбиќкунандаи худ - њизбро ва њизб бошад, давлатдории коммунистиро ба вуљуд
овард. Ин дастгоњ бо салоњияти худ органњоеро таъсис дод,
ки љомеаро идора кунанд. Ин органњо чун диктатураи њизбї дар њама соња: дар маъмуриятњои њифзи давлату љомеа,
ташкилу идораи истењсолот рўйи кор омаданд. Дар ин система бе пешбарии њизб на роњбарон ва на баъзан аъзоёни
ќаторї ба вазифа намерасиданд. Ин система органњои њукуматии ќонунбарор - Кумитаи инќилобии ЉМШС Тољикистон ва Президиуми он; органи иљроия - Шўрои Комиссарони Халќї, вазорату кумитањо ва шўроњои дигари тобеи
онњо; ташкилотњои оммавї - иттифоќњои касаба, љавонон,
пешоњангњоро фаро гирифта буд.
Савол ва супориш
1. Вазифањои навбатии Кумитаи инќилобии ЉМШС Тољикистон ва халќњои он аз чї иборат буд?
2. Ташкилотњои њизбии округи Хуљанд ва Бухорои Шарќии
солњои 1917 – 1924-ро шарњ дињед.
98
§ 22-23. АВЗОИ СИЁСИЮ ЉАМЪИЯТИИ ЉМШС
ТОЉИКИСТОН
Авзои сиёсии љумњурї. Баъди таќсимот ва таъсисёбии
давлатњои нави миллї - ЉШС Туркманистону Ўзбекистон
ва ЉМШС Тољикистон њам вазъияти сиёсии халќњои ба њайати Тољикистон дохилгардида душвор монд. Ин душворињо
њам табиї буданду њам натиљаи сиёсат. Табииаш он буд, ки
њанўз њам љумњурї ором набуд. Дар Тољикистон зиёда аз
80 дастаи босмачиён бо њайати зиёда аз 5 њазор нафар боќї
монда буданд, њанўз њам душмани асосии иљтимоигардонии љомеа - бою кулакњо ва рўњониёни сарватманд пурзўр
ва дар камин буданд, њоло њам душманони хориљии сотсиализм аз маќсади мањв сохтани ин сохтор даст накашида буданд. Аммо бо рў овардани ањолї ба сохтори шўравї,
аз босмагигї даст кашида зидди он ба љанг даромадани як
ќисми босмачиён, вазъияти њукуматро хуб ва таъсири онро
пурзўртар кард. Ин њолат дар натиљаи ќонуну ќарорњо оид
ба босмачиёни собиќ ва афви таслимшудањо ба вуљуд омада буд. Душвории дигари вазъияти сиёсї, ки онро сиёсати
нодурусти таќсимоти миллию маъмурии соли 1924 ба вуљуд
оварда буд, њанўз њам пароканда ва дар њайати чанд љумњурии навтаъсис мондани тољикон буд: 40% ањолии Ўзбекистон, 10% ањолии Туркманистон, 5% ањолии Ќирѓизистон
ва 1,5% ањолии Ќазоќистонро тољикон ташкил медоданд.
Њалли ин масъала тамоми давраи мухториятро фаро гирифта бањсу талошњои зиёдеро талаб мекард.
Сохтмони њизбї. Дар шимоли Тољикистон аз моњи майи
соли 1917 сар карда, сараввал дар байни коргарони руси
роњњои оњани Хуљанд, Урсатевск, Драгомирово, конњои ангишту нафти Сулукта, Шўроб, САНТО ва дар заводи озокерити Хилковою чандин дењањои руснишини атрофи Хуљанду
Ўротеппа ташкилотњои ибтидоии Њизби Комунистї таъсис
ёфтанд. Ин ба таъсисёбии ташкилотњои њавзагию уездии
Њизби Коммунистии минтаќа имконият дод. Њамон соли
1917 ташкилотњои њавзагии Њизби Коммунистии Хуљанд,
99
Ўротеппа, Шўроб ва уездии Хуљанд таъсис ёфтанд. Њамаи
ташкилотњои њизбии уезди Хуљанд ба њайати ЊК Туркистон
дохил буданд. Маќоми олии ташкилотњои њизбии шимоли
Тољикистон анљумани уездии њизб буд. Аввалин ва охирин
анљумани уездии Њизби Коммунистии Хуљанд моњи декабри соли 1917 доир гашта буд. Минбаъд онро конфронс номиданд. Аз соли 1918 сар карда, ташкилоти уездии њизбии
Хуљанд номи ташкилоти њизбии округии округи Хуљандро
гирифт, чунки соли 1918 дар ЉМШС Туркистон таќсимоти
нави маъмурї гузаронида шуда, уездњо ба округњо табдил
дода шуданд.
Дар Помир аввалин ташкилоти ибтидоии Њизби Коммунистї тобистони соли 1921 аз њисоби аскарону афсарони
отряди сарњадбонони минтаќаи Помир таъсис ёфта буд, ки
он њам ба ЊК Туркистон дохил буд. Дар њайати он намояндагони ањолии мањаллї њам буданд, ки Х. Кирмоншоев,
К. Элчибеков, Х. Боќиев, С. Абдуллоев ва И. Исмоилов аз
љумлаи онњоянд. Фаќат моњи октябри соли 1929 Њукумати
љумњурї дар Помир гурўњи номзадии ЊК-ро таъсис дод, ки
аз болои он ташкилоти њизбии сарњадбонон назорат мекард.
Дар Бухорои Шарќї њам аввалин ташкилоти ибтидоии ЊК дар њайати ЊК Туркистон аз њисоби њарбиён бањори соли 1921 таъсис ёфта буд. Дар баробари ин, ташкилоти ЊК Бухоро њам дар Бухорои Шарќї Бюрои марказии
ташкилиро таъсис дода буд, ки яке аз вазифањояш таъсиси
ташкилотњои њизбї буд. Соли 1923 бошад, ЊК Бухоро ба
љойи Бюрои марказии ташкилї Бюрои ташкилии КМ ЊК
Бухороро таъсис дод, ки он то декабри соли 1924 амал кард.
Моњи декабри соли 1924 Бюрои ташкилии ЊК (б) Ўзбекистон дар Тољикистон ташкил ёфт, ки он ташкилоти вилоятии
ЊК Тољикистонро дар њайати ЊК Ўзбекистон таъсис дод ва
назорат мекард. Маќоми олии ташкилоти њизбии вилоятї
конфронси ташкилоти вилоятии њизбии Тољикистон буд.
Баъди таъсисёбии ЉШС Тољикистон ин ташкилот номи
Њизби Коммунистии Тољикистонро гирифт. Анљумани
100
муассисони он моњи июни соли 1930 дар Душанбе баргузор
шуд. Маќоми олии ин њизб анљумани ЊК Тољикистон буд.
Котибони аввалини ташкилоти вилоятии њизбии Тољикистон А.Т.Шервонї, Чинор Имомов, С. М. Соколов ва нахустин котиби аввали ЊК Тољикистон Њусейнов Мирзодовуд
Боѓир ўѓлии озарї (1894-1938) буданд.
Созмони љавонон. Созмони љавонон ташкилоти љамъиятї-сиёсии коммунистони љавон буд. Он соли 1918 таъсис
ёфта, соли 1924 номи Комсомоли лениниро гирифта буд. Аввалин ташкилоти комсомолии Тољикистон аз њисоби коммунистони љавон – русњои сокини Тољикистон, соли 1918
таъсис ёфта, ба њайати Иттифоќи коммунистии љавонони
Туркистон дохил буд. Соли 1921 дар Бухорои Шарќї низ ин
ташкилот аз њисоби аскарони сурхи љавон ташкил ёфт.
Баъди таќсимоти соли 1924 дар ЉМШС Тољикистон њам
ташкилоти комсомолии вилоятї таъсис ёфт. 27-уми октябри
соли 1925 дар Душанбе Конфронси якуми комсомоли Тољикистон барпо гардид. Ин рўз рўзи таъсисёбии комсомоли
љумњурї њисоб меёбад. Конфронс ташкилоти вилоятии комсомолии љумњуриро таъсис дода буд, ки то соли 1930 амал
кард. Соли 1930 Анљумани якуми Комсомоли Тољикистон
ташкилоти худро Иттифоќи ленинии коммунистии љавонони Тољикистон (ИЛКЉТ) номгузорї ва эълон кард.
Шўроњо. Яке аз вазифањои асосии Кумитаи Инќилобии
Тољикистон гузаштан аз кумитањои инќилобї ба шўроњо
буд. Барои расидан ба ин маќсад интихоботи шўроњои
мањаллї ва марказиро гузаронидан лозим буд. Дар назар
буд, ки соли 1925 интихобот ба шўроњои мањаллї ва љумњуриявї гузаронида мешавад.
Моњњои октябр ва ноябри соли 1925 дар минтаќањои аз
босмачиён озодшудаи Тољикистон интихобот ба шўроњои
мањаллї: дењотї, ноњиявию вилоятї гузаронида ба ташкили
Кумитањои иљроияи шўроњои дењотї, ноњиявї ва вилоятї
шурўъ карда шуд. Вале ин интихобот бе тайёрии лозима гузаронида шуда, дар баъзе љойњо фаќат 10-15% интихобку101
нандагон иштирок карданду халос. Аз ин рў, бойњо
тавонистанд, ки дар чунин
љойњо намояндагони худро
интихоб намоянд. Дар љое,
ки ин њолат шуда буд, Њокимияти Шўравї натиљаи
интихоботро бекор карда, боз аз сари нав куми- Бинои Назорати тандурустии
тањои инќилобиро таъсис
ЉМШС Тољикистон
дод. Анљумани шўроњои
ЉМШС Тољикистон, ки моњи ноябри соли 1925 бояд даъват мешуд, ба таъхир гузошта шуд. Фаќат дар Помир натиљаи интихобот мусбат буд. Дар он љо Анљумани вилоятии
шўроњо шуда гузашт ва њокимият аз Кумитаи инќилобї ба
Кумитаи иљроияи вилоятї гузашт.
Соли 1926 ба Тољикистон коркунони зиёди шўроњо
аз љумњурињои дигар омаданд. Онњо аз шўроњои мањаллї
сар карда, то шўроњои љумњуриявї кор мекарданд. Барои
бо кадрњои зарурї таъмин кардани сохтори шўроњо дар
Душанбе курсњои кўтоњмуддати коркунони шўро кушода
шуда буд. Мактабњои олии Ўзбекистон ва Россия њам барои
Тољикистон кадрњои баландихтисоси низоми шўроњоро тайёр мекарданд. Музаффариятњои мубориза бар зидди босмачигарї умуман савияи маърифати сиёсии мардуми тољикро
баланд гардонида буд ва ислоњоти обу замини эълонкардаи
Њукумати Шўравї дилгармии мењнаткашонро ба зиндагї
ва сохти нав устувортар гардонид. Инро ба назар гирифта,
моњи августи соли 1926 Кумитаи Инќилобии ЉМШС Тољикистон дар бораи аз сари нав гузаронидани интихобот ба
шўроњои мањаллї ќарор ќабул кард. Моњњои октябр - ноябри соли 1926 интихобот ба шўроњои мањаллї гузаронида
шуд. Натиљаи интихоботи соли 1926 нисбат ба солњои пешин хеле фарќкунанда буд.
Шахсоне, ки аз ќувваи кории дигарон истифода мекар102
данд ва бой буданд, аз њуќуќи интихоботї мањрум карда
шуданд. Ин дафъа дар љумњурї, дар баъзе вилоятњо 35% ва
дар дигар љойњо то 80% њуќуќи интихоб доштагон иштирок карданд. Дар њељ як минтаќа намояндаи бойњо аз 20%
зиёд овозњоро гирифта натавонист. Њайати синфии шўроњо
чунин буд: батракњо – 11,7%; камбаѓалон – 39,4%; миёнањолон – 35,9% ва боќимондагон – 13%, яъне аксари шўроњо
шўроњои камбаѓалону миёнањолон шуданд. Аз сабабе, ки
шароити давра њам такя ба дењќонони миёнањол ва мубориза
бар зидди бойњоро талаб мекард, чунин њокимияти мањаллї
Давлати Шўравиро ќонеъ мегардонид ва имконияти даъвати Анљумани љумњуриявии шўроњоро низ муњайё сохта буд.
Барои гузаронидани анљуман корњои зиёди пешакї
анљом дода шуданд. Моњи июли соли 1926 дар назди Кумитаи Инќилобии ЉШС Тољикистон Комиссияи ташкилї оид
ба тайёрї ва аз нав интихоб намудани шўроњо ва гузаронидани Анљумани таъсисии шўроњо ташкил карда шуд. Љамъомади аввалини ин комиссия 30-юми июл баргузор гардида,
дар он наќшаи кории комиссия, сохтори комиссияњои интихоботї тасдиќ ва гурўњи махсус барои тањияи масъалањои
Анљумани таъсискунандаи шўроњо ташкил дода шуд, инчунин, шумораи намояндагон аз њар як вилоят ба Анљумани
умумитољикистонии шўроњо муќаррар карда шуд.
8-уми август маљлиси дуюми Комиссияи ташкилї доир
гардид, ки дар он тартиби кори анљуман њаллу фасл шуд ва
лоињаи ќарори Кумитаи Инќилобии љумњурї аз 14-уми август «Дар бораи гузаштан ба њокимияти интихоботї» муњокима карда, маъќул дониста шуд. Њамон рўз комиссия хабари даъват кардани Анљумани якуми таъсисии шўроњо ва
маъракаи интихобот ба шўроњои намояндагони коргарону
дењќонон аз поён то болоро эълон кард.
Масъалаи тайёрї ба анљуман чандин маротиба дар
маљлисњои Кумитаи Инќилобии љумњурї ва Бюрои ташкилии ЊК (б) Ўзбекистон дар ЉМШС Тољикистон муњокима шуда буд. 26-уми октябр Президиуми Кумитаи Инќи103
лобии љумњурї рўзномаи кори Анљумани якуми таъсисии
шўроњои ЉМШС Тољикистонро тасдиќ кард. Моњи ноябр
бошад, Пленуми дуюми Бюрои ташкилии ЊК (б) Ўзбекистон доир ба ЉМШС Тољикистон ахбори комиссияи ташкилиро дар бораи гузаронидани анљуман шунида, маъќул
донист. Анљумани якуми шўроњои ЉМШС Тољикистон мувофиќи пешнињоди комиссияи ташкилї, ќарордоди Кумитаи Инќилобии љумњурї ва пешнињоди Бюрои ташкилии
ЊК (б) Ўзбекистон бояд аз 1-уми
то 12-уми декабри соли 1926 дар
Душанбе мегузашт.
Анљуман кори худро 1-ум
декабри соли 1926 дар бинои
«Хонаи дењќон», ки дар яке аз
гўшањои Боѓи маърифат ва истироњати марказии шањри Душанбе љойгир буд, оѓоз намуд. Дар
анљуман 336 намоянда аз њамаи
минтаќањои љумњурї иштирок
доштанд. Дар ќатори мардњо 12
Занњо, вакилони анљуман
зан, аз љумла 4 нафарашон тољик
(Муњтарама Иброњимова ва Саида Зокирова), 1 ўзбек, 1
эронї ва 6 рус иштирок доштанд.
Анљуманро раиси Кумитаи Инќилобии Тољикистон
Нусратуллоњ Махсум кушод. Аъзои раёсат дар њайати 39
нафар интихоб карда шуданд.
Анљуман инчунин 69 намояндаро ба Анљумани шўроњои
ЉШС Ўзбекистон ва 6 намояндаро ба Шўрои Миллатњои
назди КИМ-и ИЉШС интихоб намуд.
Анљуман КИМ-и ЉШС Тољикистонро дар њайати 97 нафар узв ва 37 номзад ба узвият интихоб кард.
Маљлиси аввалини сессияи якуми КИМ-и ЉШС Тољикистон 12-уми декабр шуда гузашт. Маљлис Презизиуми КИМ
ва Њукумати Тољикистон – Шўрои Комиссарони Халќї
(Совнарком)-ро таъсис дод. Нусратулло Махсум раиси Пре104
зидиуми КИМ ва Абдулќодир Муњиддинов раиси Шўрои
Комиссарони Халќї интихоб ва тасдиќ шуданд.
Њамин тариќ, дар таърихи халќи тољик бори нахуст
маќомоти идорї ва њокимияти демократї интихоб карда
шуданд.
Луѓат
1. Авзои љамъиятию сиёсї – мафњуми фалсафї, таърихї, сиёсї
буда, њолати сиёсии љамъиятро дар назар дорад ва вазъияти њизбї
(њизбњо), ташкилотњои љамъиятї, њаракатњои љамъиятї ва сиёсати давраро дар бар мегирад.
2. Сохтмони њизбї – мафњуми сиёсї-њизбї буда, раванди
тањаввулоти њизбњои сиёсиро дар назар дорад.
3. Кумитањои инќилобї – шакли идоракунии сиёсии солњои
1917-1926 дар њудуди Тољикистон аст, ки аз тарафи Њукумати
Шўравї таъсис дода шуда буданд. Солњои 1917-1924 чунин кумитањо дар саргањи Зарафшону Помир ва солњои 1921-1926 дар
Бухорои Шарќї амал мекарданд.
Савол ва супоришњо
1. Авзои љамъиятию сиёсии солњои 1924-1926-ро шарњ дињед.
2. Дар бораи таъсисёбии ташкилоти њизбии Тољикистон наќл
кунед.
3. Интихобот ба шўроњои солњои 1925-1926-ро шарњ дињед.
4. Ќарорњои Анљумани муассисони шўроњои ЉМШС Тољикистонро номбар кунед.
5. Мазмуни декларатсияњои ќабулкардаи анљуманро гўед.
6. Фарќи кумитањои инќилобї аз шўроњо дар чї буд?
§ 24-25. АЗНАВБАРЌАРОРКУНИИ ХОЉАГИИ ХАЛЌИ
ЉМШС ТОЉИКИСТОН
Мубориза барои њалли масъалаи аграрї. Масъалаи
аграрї то соли 1924 њалли худро наёфта буд. Дар давраи
ислоњоти обу замини солњои 1922 - 1923 заминњои шакли
помешикї-феодалї фаќат дар шимоли Тољикистон мусодира шуда буду халос. Ќисми асосии замин њоло њам дар дасти сарватмандон ва рўњониёни заминдор боќї монда буд.
Агарчи шартњои иљораи замин, чорводорї, њиссакорї, муз105
дурї ва мењнати кироя бекор карда шуда бошад њам, аксари
дењќонони безамину камзамин њоло њам ба иљора, чоряккорию њиссакорї рў меоварданд.
Баъди таъсиси ЉМШС Тољикистон њалли масъалаи кишоварзї яке аз масъалањои
рўзмарраи њукуматї шуда
буд, вале аз набудани маълумоти даќиќ дар бораи
миќдори заминњои мусодирашуда ва ба маќомоти
Њокимияти Шўравї сар даровардани бойњо њалли ин
масъала бо душворї пеш меДењќон бо омоч шудгор
рафт. Масалан, дар шимоли
карда истодааст
Тољикистон дар солњои 1921
- 1923 камтар, вале дар солњои 1925 - 1926 аксарияти дењќонон ба кашида гирифтани заминњои бойњо тайёр буданд ва
соли 1926 ислоњоти заминро асосан ба охир расониданд.
Дар Бухорои Шарќї бошад, то соли 1928 ин масъаларо пеш
нагузоштанд. Гузаронидани онро, чї Њукумати умумииттифоќ ва чї љумњурї бармањал њисобиданд. Бо вуљуди он дар
ин раванд ќитъањои хеле зиёди аз кишт бозмондаро ёфта, ба
камбаѓалон таќсим карда доданд. Барои њалли ин масъала
соли 1926 судњои (комиссияњои) обу замин таъсис ёфт. Њалли масъалаи кишоварзї дар аз худ кардани заминњои нав
бештар ояндадор буд. Ин гуна заминњо бештар дар водињо
буданд. Соли 1927 аввалин 460 хољагии камзамини вилояти
Њисор ба водии Вахш кўчида, соњиби 4-5 – гектарї замин
шуданд. Ин раванд баъдтар дар тамоми Тољикистон густариш ёфта, аз дигар ноњияњои водии Ўротеппа,Хуљанд,Конибодому Ашту Исфара, Панљакент ва ноњияњои Фарѓона ба
водии Вахш зиёда аз 8030 оила кўчонида шуд. Ѓайр аз ин,
таќрибан 7000 оила муњољири дохилї (аз дењаи худ ба дењаи
њамсоя) шуда, њар кадомашон соњиби 4-5-гектар замин, њайвони корї гардиданд. Давлат муњољиронро бо њама чиз таъ106
мин мекард. Ин муњољиркунї ихтиёрї гузаронида мешуд ва
маќсади асосиаш дењќононро бо замин таъмин намудан буд.
Дар соњаи кишоварзї, њалли масъалаи заминњои ваќф
низ дорои ањамияти иљтимої буд, чунки даромади андози
ин заминњо асосан ба кисаи рўњониён ворид мешуд. Соли
1925 барои идораи ин заминњо шуъбањои ваќф дар назди
Комиссариати маориф таъсис ёфта, акнун андози заминњои
ваќф барои харљи маориф ва фарњанг сарф мешуд. Андози онњо дањяки њиссаи њосилро ташкил медод, ки аз андози
шўравї хеле фарќ дошт. Фарќи он боз ба фоидаи дењќонон
буд, зеро агар онњо пеш аз замони шўравї аз дањяк то сеяки њиссаи њосилро месупорида бошанд, акнун њамаашон
танњо дањяки њосилро месупоридагї шуданд. Соли 1927 заминњои ваќф аз муассисањои динї људо карда шуда, ба дасти
онњое, ки заминро кор мекарданд, њамчун иљораи давлатї
дода шуданд. Моњи январи соли 1928 бошад, андози ваќфњо
ба андози замини давлатї баробар карда шуд. Фаќат 1-уми
феврали соли 1929 заминњои ваќфї ба ихтиёри шўроњои
мањаллї гузошта шуданд. Заминдории ваќфї тамоман аз
байн рафт. Аммо дар ќисмати Бухорои Шарќї њоло њам
масъалаи замин њал нашуда монда буд. Агарчи Анљумани
якуми шўроњо моњи декабри соли 1926 ва феврали соли 1927
КИМ-и ЉМШС Тољикистон ќарорњоро дар бораи ислоњоти
обу замин ќабул карда буд, вале ба хулосае омад, ки њоло гузаронидани он аз имкон берун аст. Фаќат бањори соли 1929
Њукумати Тољикистон ба гузаронидани ислоњоти обу замин
иљозат дод, вале аз сабаби он ки њамон сол дар Иттињоди
Шўравї њаракати коллективонї сар шуда буд, гузаронидани ислоњоти заминро чорабинии зиёдатї њисобиданд, яъне
ислоњоти обу замин гузаронида нашуда, дењоти тољикро ба
муттањидкунии хољагидорї оварданд.
Њолати дењоти Тољикистонро љадвалњои зерин хубтар
инъикос мекунанд.
107
ЉАДВАЛИ
нишондињандањои саршумори чорво дар соли 1919 ва 1925
Солњо
1919
1925
Асп
Гов
Гўсфанд
Буз
56000
7663
15000
5000
5000000
120000
2500000
300000
ЉАДВАЛИ
нишондињандањои майдони кишт дар солњои 1919 ва 1925
1
2
3
4
5
6
Намуди зироат
ба њисоби га
Майдони умумии кишт
Кишти лалмї
Кишти обї
Гандум
Шолї
Пахта
Соли 1919
Соли 1925
648,6
330,7
317,9
398,6
32,3
34,9
304,5
235,7
66,7
206,7
7,9
1,8
Кооператсиякунонии истењсолот. Кооператсия гуфта,
њамкорї дар назар дошта мешавад. Сиёсати кооператсиякунонии шўравї бошад, њамкории умумии одамон барои
фаъолияти якљояи хољагидорї буд, ки дар кишоварзї, саноат, матлубот, савдо, кредит ва ѓайра љорї карда шуда
буд. Маќсади асосии кооператсиякунонї таљриба кардани
њамкории дењќонон дар корњои сањрої, тарбияи истењсолї,
омўзондани таљрибаи пешќадам ва ба кори коллективона
одат кунонидани дењќон буд. Ин сиёсат њадафи иќтисодї
њам дошт. Дењќонони камбаѓал ќудрати гирифтани ќарзњои
фоиздорро надоштанд. Барои он ки онњо ќудрати пардохти
ќарзро пайдо кунанд, онњоро ба њамкорї кардан дар иљрои
ин ё он кор (муттањид кардан) сар карданд. Масалан, њамкорї ё муттањид карданро барои нигоњ доштани канал ва ё
љўйборе, дар анљом додани кишти зироат ва ѓайра. Дар ин
сурат давлат ба онњо бе ягон шарте асбоби корї, тухмї ё пул
108
ќарз медод ва ќарзгиранда дар назди давлат ягон ўњдадорї
надошт. Шахси ќарзгиранда узви ягон кооператив буданаш
шарт (њатмї) буд. Чунин кооперативњоро кооперативњои
истеъмолї меномиданд. Соли 1924 дар Тољикистон њамагї
11 кооперативи истеъмолї мављуд буд. Бо сабаби бо ин ќарз
дар назди давлат њељ вобастагї надоштанашон то аввали
соли 1926 21% хољагињои дењќонї ба ин кооперативњои мелиоративї дохил гардида буданд. Дар љойи дуюм кооперативњои пахтакорї меистоданд. Хизмати молиявии кооперативњоро бонки кишоварзї иљро мекард. Ин кооперативњо то
соли 1927 созмонњои поёнию болоии худро ташкил доданд.
Кооперативњои обёрї ба Сарраёсати хољагии оби љумњурї
итоат мекарданд, аммо корперативњои пахтакорї бошанд,
ба Сарраёсати «Пахтасоюз» тобеъ буданд.
Аз соли 1927 сар карда, кооперативњо аз фаъолияти истеъмолї ба фаъолияти таъминотї ва фурўш гузаштанд.
Мањсулоти истењсолкардаи дењќононро фурўхта медоданд
ва онњоро ба ивази мањсулоти ба кооператив додаашон бо
молњои истеъмолии зарурї таъмин мекарданд. Ин шакли
кооперативњо ба мустањкамшавии савдои давлатї ва системаи мањсулоттайёркунї оварда, миёнаравонро танг карда
баровард. Пеш миёнаравон мањсулоти дењќонро аз нархи бозор арзон харида, бо нархи бозор ба давлат месупориданд.
Акнун байни давлат ва дењќон робитаи бевосита барќарор
гардид, ки ба манфиати њар ду тараф буд.
Аз соли1928 сар карда, байни саноат ва дењќонон шакли
нави муносибати моливазкунї – контрактатсия (шартнома)
ба вуљуд омад. Саноат бо дењќонон шартнома мебаст, ки
дењќонон (асосан кооператорон) фалон навъи мањсулоти кишоварзиро истењсол кунанд ва он мањсулоти истењсолшударо корхона бо нархи на паст аз нархи бозор харида мегирад.
Ин шакли шартнома ба дараљае дењќононро њавасманд
кард, ки то миёнаи соли 1929 57,6% хољагињои дењќонї ба
он дохил гардида буданд. Пахтакорї тамоман шартномавї
шуда буд.
109
Таѓйироти дигари дар соњаи кишварзї ба вуљуд омада
аз аввали соли 1928 пайдо шудани кооперативњои истењсолї
буд. Аввалин шуда ба ин намуди фаъолият кооперативњои
пахтакорию кирмакпарварї гузашта буданд. Охири соли
1928 соњањои дигари дењот низ ба кооперативњои истењсолї
гузаштанро оѓоз карданд.
Сиёсати аграрии пешгирифтаи Њукумати Шўравї ба
пешравии њамаи соњањои хољагии ќишлоќ сабаб шуд. Пеш аз
њама, ин ба соњаи обёрї дахл дорад. Ба ин соња солњои 19251929 5 млн. сўм људо карда шуда буд. Бо ин маблаѓ каналњои
аз кор баромада пурра барќарор ва корњои тадќиќотию лоињакашии обшоркунии водињои Вахшу Њисор гузаронида
шуд. Барои дењќонон низ 3,7 млн. сўм ќарзи имтиёзнок дода
шуд. Масоњати заминњои обии љумњурї дар давраи мухторият 75 њазор гектар зиёд гардида буд.
Аз соли 1925 сар карда, бо техникаи нав таъмин кардани
соњаи кишоварзї оѓоз ёфт. Ба љумњурї ба миќдори хеле зиёд
плуг, сихмола, тухмипошакњо оварда шуданд. Дар љумњурї
ду отряди трактории њар кадомашон дорои 3 трактор ба
хизмати дењќонон банд буданд, ки баъдтар асоси стансияњои мошинї-тракторї – МТС (машинно-тракторные станции)-њо гардиданд. Соли 1928 дар љумњурї акнун 4 МТС
(Хуљанд, Пахтаобод, Саройкамар, Шањритус), 17 пункти
агрономї, 21 стансияи истифодаи шартномавии техника ва
нуќтаи иљораи мошинї - техникї таъсис дода шуда буд.
Сиёсати андози шўравї њам ба манфиати камбаѓалону
миёнањолон равона карда шуда буд. Дар Тољикистон андози
замини шўравї бори аввал соли 1927 љорї гардида буд, ки
њамон њам Бадахшонро фаро нагирифта буд. Минбаъд њам
вазъияти дењќононро ба назар гирифта, солњои 1927-1928
хољагињои пахтакор аз ќарзњои пештара озод карда шуданд.
Соли хољагии 1928-ум 35%, соли 1929-ум 51% хољагињои
љумњурї аз андози хољагии ќишлоќ озод карда шуданд, вале
дар солњои 1917–1929 заминдорони калон ва дењќонони бой
андози заминро бо пуррагї супорида буданд. Њатто соли
110
1929 барои бойњо андози шахсї муќаррар карда шуда буд,
ки њиссаи он аз миќдори замини дар ихтиёр дошташ вобаста
буд. Заминаш бисёр бошад, фоизи андоз њам баланд буд.
Аз ин рў, баъзе заминдорон аз як ќисми заминњои худ даст
кашиданд.
То соли 1929 истењсолоти хољагии ќишлоќ дар аксари
соњањо ба дараљаи тоинќилобї расид. Бори аввал дар хољагии ќишлоќ њисоботи оморї соли 1927 љорї гардид. Њамон
сол љумњурї 27 њ. тонна пахта истењсол кард.
Саноат ва њунармандї дар ЉМШС Тољикистон. Дар давраи мухторият вазъи саноати Тољикистонро шарњ додан
хеле душвор аст, чунки саноати фабрикию заводиаш он ќадар зиёд набуд. Њамагї 22 корхонаи типи заводу фабрикї
вуљуд дошт. Њамаи онњо дар округи тољикии Хуљанд љойгир буданд. (Округи Хуљанд солњои 1924–1929 дар њайати
Ўзбекистон буд). Дар ќисмати љанубї ва марказии љумњурї
ѓайр аз як стансияи дизели барќии шањри Душанбе, ки барои бо барќ таъмин намудани радиостансияи Тољикистон
сохта шуда буд, дигар корхонаи типи заводу фабрикї вуљуд
надошт.
Дар солњои 1925 - 1929 дар Тољикистон 8 заводи пахтатозакунї (дар Саройкамар, Шањритус, Љиликўл, Ќўрѓонтеппа, Кўлоб ва Душанбе) сохта шуд. Калонтарини онњо
заводи пахтатозакунии Душанбе-3 буд, ки дар он њамаи
корњо ба таври механикї
иљро карда мешуд. Шумораи коргарони корхонањои
саноатї дар соли 1929 њамагї 1146 нафарро ташкил
медод. Дар њамин солњо дар
округи Хуљанд заводи пахтатозакунї (соли 1926), дар
Заводи пахтатозакунии Душанбе
Ўротеппа
(Истаравшан)
заводи шаробкашї (1927), заводи меватозакунии Конибодом (1928), заводи меваю шарбати Ќистакўз (1928), осиёби
111
механикии Ѓўлакандоз (1928) сохта шуданд. Агар саноати
онваќтаи Тољикистонро ба соли 1913 муќоиса кунем, он 8,2
баробар афзуда буд.
Дар солњои 1926 - 1929 роњи оњани Тирмиз - Душанбе
сохта шуд, ки дар њаёти иќтисодии Тољикистон наќши бенињоят калон бозид. Ин роњ Тољикистонро бо дигар љумњурињо пайваст, кашонидани борњои саноатї ва мусофиронро
осон кард. Соли 1928 дар роњњои автомобилгарди љумњурї
њамагї 18 автомашинаи боркаш кор мекард. Дар дарёи Ому
пароходи «Тољикистони сурх» ва ду киштии моторї њаракат
мекарданд.
Охири соли 1928 ва соли 1929 роњњои автомобилгарди
Душанбе –Ќўрѓонтеппа - Кўлоб ва Душанбе – Тутќавул Кўлоб сохта ба истифода дода шуданд.
Ба ѓайр аз сохтмони корхонањои саноатї њукуматњои
мањаллї ва марказии Љумњурии Тољикистон бо барќарор
кардани корхонањои вуљуддошта њам машѓул буданд. Истењсоли ангишт ба 46% ва нафт ба 110% соли 1913, коркарди
пахта ба 4,5 њазор тонна нах расонида шуда буд. Соли 1927
дар Хуљанд фабрикаи бофандагї аз нав ба кор сар кард,
вале талаботи ањолиро бо мањсулоти саноатї – асосан матоъ, пойафзол, асбобу анљоми корї ва рўзгор корхонањои
њунармандї таъмин мекарданд. Дар Тољикистон то охири
соли 1929 зиёда аз 1300 њунарманд дар устохонањои давлатї
ва таќрибан 4,5 њазор њунарманд дар устохонањои шахсї кор мекарданд. Бофандагї, ресандагї, рангуборкунї,
кафшдўзї, оњангарї, заргарї касбњои асосии њунармандон
буданд. Давлат ба муттањид кардани онњо низ шурўъ карда
буд. Давлат дар маркази њамаи ноњияњо яктогї артели њунармандї кушода, таъмини онњоро бо ашёи хом ба зиммаи
худ гирифта буд. Баъзе аз ин артелњо то кунун њам вуљуд
доранд. Баъзеи онњо баъдтар ба фабрикањои давлатї табдил
дода шуданд.
112
Луѓат
1. Кооперативи истењсолї – кооперативи молистењсолкунандагони хурд, харидорон, кормандони соњаи кишоварзї, коргарон, хизматчиён, косибон буд. Ин кооперативњо пеш аз инќилоб
дар Русияи Марказї дар намуди иттифоќњои марказии љамъиятњои матлубот, хариду фурўши мол, артелњои равѓанкашї, кооперативњои ѓалладона, иттифоќи кишоварзї амал мекарданд ва
дар соли 1917 такягоњи инќилоб њам гардида буданд.
2. Кооперативњои захира кардани мол – ташкилотњое, ки
солњои 1923-1928 амал мекарданду ба захира кардани мол – мањсулоти кишоварзї ва саноат машѓул буданд. Ин кооперативњо бо
шартњою нархњои гуногун мањсулотро аз ањолї харида, барои захира ба давлат месупориданд.
3. Кооперативњои харидуфурўш – ташкилотњои махсуси Давлати Шўравї буда, ба харидуфурўши мањсулоти кишоварзон ва
њунармандоне, ки истењсол мекарданду, фурўхта наметавонистанд, машѓул буданд. Маќсади давлат дастгирї кардани истењсолкунандагон буд. Фаъолияти ин кооперативњо ба солњои 19261929 рост меояд.
4. Кооперативи кишоварзї – њамчун кооператив муттањид намудани дењќонон бо маќсади харидан ва истифода бурдани таљњизоти кишоварзї, парвариши чорво, фурўш ва аз нав кор кардани
мањсулоти кишоварзї, ќарзгирии имтиёзнок, тарѓиби донишњои
агрономї буда, њанўз пеш аз Инќилоби Октябр ташкил ёфта буд.
Муассисањои ин кооператив соли 1918 «Союзкартошка», «Союзканаб», кооператсияи ѓаллаю дон, муассисаи меваю сабзавот ва
ѓайрањо буданд. Кооперативњо дар тамоми давраи солњои 20 - 30юми асри ХХ вуљуд доштанд.
5. Кооперативњои ќарздињї (кредитї) – ташкилотњои Давлати
Шўравї буда, ба додани ќарзњои гуногуни имтиёзноку беимтиёзи
наќдї ба ањолии шањру дењот (асосан камбаѓалон) машѓул буданд.
Дар Тољикистон ин кооперативњо аз соли 1923 амал мекарданд.
6. «Пахтасоюз» – соли 1927 таъсис ёфта, ташкилоти роњбарикунандаи умумииттифоќии тайёр кардани пахта барои корхонањои ресандагї ва пахтатозакунї буд. «Пахтасоюз» дар
Тољикистон шуъбањои худро дошт.
113
Савол ва супоришњо:
1. Мушкилињои азнавбарќароркунї аз чињо иборат буданд?
2. Муносибати Давлати Шўравиро нисбат ба моликият шарњ
дињед.
3. Аввалин ширкатњо ва кооперативњоро номбар кунед.
4. Кадом хелњои кооперативњоро медонед?
5. Корхонањои саноатии дар солњои 1925 - 1929 сохташударо
номбар кунед.
6. Аввалин хатти роњи оњани Бухорои Шарќї кай сохта шуда
буд?
7. Сиёсати Давлати Шўравї нисбат ба њунармандї ва њунармандон чї гуна буд?
8. Артели њунармандї чист?
§ 26-27. МУБОРИЗАИ СИНФЇ ДАР ЉУМЊУРИИ
ТОЉИКИСТОН ДАР ДАВРАИ МУХТОРИЯТ
Ду маъракаи зарбазанї бар зидди Иброњимбек. Масъалаи
аз њама муњими сиёсии солњои 1925-1929 мубориза бар зидди дастањои торољгари зиддишўравї буд, ки љомеаи онрўзаи
шўравї онњоро босмачї эълон карда буд. Њамаи босмачиён
танњо душманони халќи худ ва њатто шўроњо њам набуданд.
Бадбахтии онњо дар он буд, ки сохти навро ќабул карда натавониста, њам худро ќурбон карданду њам ќурбонињои зиёд
оварданд. Соли 1925 дар њудуди
Тољикистон 48 дастаи босмачиён
амал мекарданд, ки калонтарини онњо дастањои Иброњимбек –
таќрибан 650 нафар, Бароттўќсабо – 150 нафар, Эгамбердї – 100
нафар, Мулло Зиёвуддин – 80 нафар, Рањмондодхоњ – 100 нафар,
Дониёр – 80 нафар сарбоз доштанд. Иброњимбек кўшиш кард,
ки онњоро муттањид намояд. Аз
ин рў, ў 31-уми декабри соли 1924
Иброњимбек
дар Њисор љамъомади ќўрбоши114
ёни лаќайро гузаронида, масъалањои мубориза бар зидди
шўроњо ва таъсиси дастањои нави зиддишўравиро пеш гузошт.
Аз 1-ум то 9-уми январи соли 1925 зери фармондењии
Иброњимбек 650 нафар босмачї дар водии Сурхону Ќашќадарё барои пурра кардани сафњои худ амалиётњои љангї
гузарониданд. Ў мехост, ки босмачигариро дар ин минтаќа
вусъат бахшад, вале ба маќсадаш нарасид. Агарчи ў ба љанг
намедаромад, вале аскарони корпуси 13-ум ўро дунболагирї карда, дар 9 рўз 14 маротиба ба љанг кашиданд. Камии ќуввањои худро њис карда, ў боз ба Њисор баргашт ва
28-уми январи соли 1925 дар дењаи Тўдаи Њисор љамъомади
ќўрбошиёнро гузаронида, розигї дод, ки то тобистон баъзе
дастањои њарбиаш пароканда шаванд. Худ ба Кўлоб рафта, ба ѓорату ќатли тарафдорони Њокимияти Шўравї сар
кард. Моњи марти соли 1925 Иброњимбек дењањои Љайрон
ва Гузари Малики Кўлобро ѓорат кард. Амалњои Иброњимбекро дида, Кумитаи Инќилобии љумњурї њолати љангї эълон намуд ва ба омодасозии маъракаи мубориза бар зидди
Иброњимбек шурўъ кард.
Дар ин маърака тамоми
ќўшунњои корпуси 13ми тирандоз, милитсия,
ќисмњои таъйиноти махсус (ЌТМ), дастањои ихтиёрии «Калтакдорони
сурх», маќомоти њифзи
њуќуќ, саломатї ва мао- Дастаи ихтиёрии дењаи Эсанбойи
ноњияи Рўдакї
рифу фарњанг иштирок
доштанд. Дастањои ихтиёрии Юлдошкомандир (Соњибназаров), Муќим Султонов, Ќувондиќ Тошев, Ќаракомандир
Алимов, Ќарахон Сардоров, Ќаршиоќсаќол Одинаев, Кенља
Зиёев ва дањњо дигарон дар ин маърака иштирок карданд.
Моњњои март июли соли 1925 ќўшунњои шўравї 267 муњориба гузаронида, дастањои зиддишўравиро парешон карданд.
Аз 48 дастаи аввали сол тобистон 31 даста боќї монда буд,
115
ки шумораи умумии онњо аз 500 нафар зиёд набуд. Моњи
июни соли 1925 вазъияти њарбї бекор карда шуд, вале торумор кардани дастањои босмачиён давом ёфта, то охири сол
боз 18 дастаи дигар пароканда карда шуд. 25 ќўрбошї ва
237 босмачї ихтиёран таслим шуданд.
Иброњимбек дар яке аз мурољиатномањои худ ба ањолии
Бухорои Шарќї навишта буд: «Мо дар Бухорою Фарѓона
ва Самарќанд ѓалаба мекунем. Мусулмонон ошўб доранд ва
ором нестанд… Њоло бошад, болшевикњо танњо мондаанд
ва вазъияти онњо бенињоят душвор гардидааст… Ба болшевикњо барои ќўшун, барои милиса одам надињед ва њељ гуна
дастгирї накунед. Ба дастањои ќўшунњои мусулмонї дохил
гардед».
Вале ба њамаи ин нигоњ накарда, дар Бухорои Шарќї
бар зидди Иброњимбек садњо дастањои ихтиёрї пайдо шуда
буданд.
Маълумоти љадвали зерин аз 4 кенти (ноњияи) Бухорои
Шарќї гувоњи ин гуфтањоянд:
№
1.
2.
3.
4.
Номи кентњо
кумитањо
Шумора
аъзо
дастањо
Шумора
аъзо
Ёвон
Султонобод
Лоњур
Арал
2
3
2
4
24
40
30
60
3
3
2
2
1000
90
50
70
Љамъ
11
154
10
1210
Зимистони соли 1926 Иброњимбек бо тамоми мањораташ,
Амир Олимхон бо хазинааш ва љосусони байналмилалї бо
найрангњояшон дастањои нави босмачиёнро ташкил дода, дар
Ќаратоѓу Файзобод, Вахшу Кўлоб ва Ќаротегин ба амалиётњои људогона сар карданд. Таљрибаи соли 1925 боз ба кор
омад. Њукумати Тољикистон маъракаи дуюми зарбазаниро
бар зидди Иброњимбек ташкил кард. Дар ин давра агарчи шу116
мораи гарнизонњои Артиши Сурх аз 107 ба 100 адад фуромада
бошад њам, шумораи дастањои ихтиёрї, отрядњои худмуњофизаткунї, калтакдорони сурх хеле афзуда буд. Ин буд, ки дастаи
Рањмондодхоњ, ки дар атрофи Душанбе амал мекард, пурра
пароканда карда шуд. Ин муваффаќият боз аз он сабаб ба даст
омад, ки дастањои миллии низомї таъсис ёфта буданд. Акнун
дар њайати корпуси 13-ми тирандоз полки миллии тољикї
амал мекард. Дар натиља то моњи апрел аксари њудуди водии
Њисор (ба ѓайр аз ноњияи Лаќай–тољик, ки ќаламрави имрўзаи
ноњияњои Рўдакї ва Ёвонро дар бар мегирифт), Вахшу Кўлоб
аз дастањои зиддишўравї озод карда шуданд. Иброњимбек дар
кўњњои Боботоѓу Тераклитоѓ бо анборњои худ боќї монда,
асосан ба ѓорати дењањои аз гарнизонњо дур машѓул буд. Ин
имконият њам барои Иброњимбек мањдуд карда шуд. Аз њисоби њарбиён дар атрофи паноњгоњњои Иброњимбек 100 дастаи
хурди зудамал ташкил дода шуд, то ки ба њама амалњои ѓоратгаронаи ў дар ваќташ љазо дода шавад. Хусусияти дигари
маъракаи зарбазанї ба босмачигарии соли 1926 он буд, ки Њокимияти Шўравї баробари мањв сохтани босмачиёни ашаддї маќсади мањв сохтани одамони ба онњо ёрии молї, љонї
ва хабарї мерасондагиро њам дошт. Маќомотњои дахлдори
давра зиёда аз 390 гумонбаршударо мавриди тафтиш ќарор
дода, 208 нафарашонро ба љазои ќатл њукм карда, боќимондаашонро бадарѓа карданд. Дар натиља дастањои босмачиён
бе хўроку лавозимоти љангї монданд. Иброњимбек намояндаи
худро барои фањмондани вазъият ба Афѓонистон фиристод,
вале ба љавоби он мунтазир нашуда ва беоќибатии кори худро
пай бурда, 21-уми моњи июни соли 1926 ба воситаи гузаргоњи
Бешкаппа њамроњи таќрибан 20 нафар наздикони худ ба Афѓонистон фирор кард.
Барои чї ба Иброњимбек муяссар гардид, ки дар муддати
кўтоњ дастаи сершуморе љамъ оварад? Аввалан, барои ин ки
ў бисёр доно ва маккор буд. Воситањои ахбори бисёр дошт
ва гуноњу ќадри њар як шахсеро, ки ба худ љалб карданї буд,
медонист. Ў марди шуљоъ буд. Аз марг наметарсид, аз њама
117
пеш ба љанг медаромад ва аз њама охир аз майдони љанг мебаромад. Аз тамоми яроќњои замона бехато тир мепарронд.
Њар хел аспро ром карда метавонист. Дурўѓро намепазируфт, вале барои њадафи худ хеле хуб истифода мекард. Дар
њар як дењаи водињои Њисору Вахш ва Кўлоб одамони худро
дошт. Њаќиќату адолатро мепарастид, вале нисбат ба душманонаш рањму шафќат надошт. Аз ў метарсиданд. Дурўя
набуд, то ба охир ба аќидаи худ содиќ монд.
Мубориза бар зидди Фузайлмахсум. Баъди шикасти соли
1923 Фузайлмахсум ба Афѓонистон гурехта, ба њуљуми оянда
тайёрї дид. Бо дастгирию дасисањои Англия ва Афѓонистон
12-уми апрели соли 1929 аз минтаќањои сарњадии Тољикистону Афѓонистон аз Хоруѓ то Айваљ дар 13 мањал босмачиён сарњадро вайрон карда, ба хоки Тољикистон даромаданї
шуданд. Фаќат ба дастањои Кўри Шермат ва Иброњимбек
муяссар гардид, ки бо дастањои нисбатан калон ба хоки
Тољикистон дохил гарданд. Кўри Шермат аз сарњад гузашта, Ванљ ва Иброњимбек Ќалъаихумро ишѓол намуданд.
Дастањои дигари хурди 30-50 – нафара дар минтаќањои дигари Тољикистон њам кўшиши аз сарњад гузаштанро карданд, вале аксаран торумор гардиданд. Ба баъзењо муяссар
гардида буд, ки њадафи тири сарњадбонон нагарданд. Ќисме
аз онњо дар байни мардум паноњ бурданд ва чанди дигаре ба
дастањои Иброњимбеку Кўри Шермат пайвастанд. Фузайлмахсум ва Кўри Шермат њангоми амалиёти худ коркунони
маќомоти шўравї, њизбї, маориф, молия, почта ва ѓайрањоро бе суду санљиши пешакї ва берањмона ќатл карданд. Фузайл 19-уми апрел Тавилдара ва 20-уми апрел Ќалъаи Лаби
Обро забт намуд. Баъди ишѓоли Њоит се нафар аввалин муаллимањои њоитї – Сайрамбибї Ќосимова, Маълумбибї
Гадоева ва Оламбибї Абдуллоеваро ба дор кашид. Дар
Њоит сарбозони худро ба 500 нафар расонида, ба Ѓарм равона шуд.
Дар њамин давра, дар аксари дењањои водии Ќаротегин
душманонони сохти нав дар масљиду маъракањо ташвиќу
118
тарѓиби ба Фузайл ёрї доданро оѓоз карданд. Вазъияти
минтаќањои болооби Ќаротегин бисёр муташанниљ гардида буд. Агар ба Фузайл забти Ѓарм муяссар мегардид, яќинан ањолии зиёде аз атрофи Ѓарм ба ў њамроњ мешуданд.
Аз рўйи маълумоти махфї дар масљидњои дењањои Нимич,
Ќалъанак, Навдї, Ѓарми Боло, Белгї, Шул, Ќазнок, Кањдара, Навдонак ва дигарњо одамони зиёди худию бегона љамъ
омада, интизори касе ва ё амале буданд. Водї ва љумњуриро
њарбузарби калону тўлонї интизор буд.
Рўй додани њамаи ин воќеањо аз набудани ќисмњои низомии касбї дар минтаќа, беназорат ва бе иттилооту маълумоти муфассал мондани њукуматњои мањаллию марказї ва
оммаи халќ гувоњї медињад. Бинобар ин Њукумати Љумњурии Мухтори Шўравии Сотсиалистии Тољикистон ин масъаларо зери назорат гирифт ва барои ёрии амалї расонидан
њама имкониятњоро истифода бурд. Аз љумла ба тариќи таъљилї аз Душанбе бо фармони сарфармондењи округи њарбии
Осиёи Миёна П.Е.Дибенко ва командири бригадаи алоњидаи савора Т.Т.Шапкин бо сардории А.И.Бенко ба Ѓарм як
эскадрон фиристода шуд. Аз њисоби гарнизони Кўлоб њам
як дастаи савора ба воситаи Тавилдара роњи Ѓармро пеш
гирифт. Дар Ѓарм бошад, аз њисоби коркунони муассисањои
давлатї ва муаллимон бо сардории Ф. Гутовский ва Ф. А. Мокритский ду отряд ташкил карда шуд, ки яке аз 18 нафар ва дигаре
аз 9 нафар иборат буд. Дастаи 18-нафара бо
сардории Ф. Гутовский ба љанги зидди Фузайл баромада, дар дењаи Нимиљ ба муњосира афтод ва дар љанги нобаробар њалок
гардид. Дар њайати ин отряд муаллимон
Абдуљаббор Муњаммадов, Носир Умаров,
Абдулло Ќосимов, Абдулањад Рањимов, Шапкин Т.Т
Њикмат Ѓанї, Абдусалом Исломов, Убайдулло Ѓайнуддинов дохил буданд. Отряди 9-нафара аъзои
худро то 45 нафар расонида, бо босмачиён 22-юми апрел дар
119
наздикии Ѓарм рў ба рў гардида, љангкунон ба Ѓарм аќибнишинї кард. 23-юми
апрел Фузайл як ќисми Ѓарм ва отряди
Ф. Мокритскийро ба муњосира гирифт.
Муњофизон то 29-уми апрел њама захирањои тирро сарф карда буданд ва ба
тарк кардани Ѓарм тайёрї медиданд. Дар
њамин вазъият пагоњии 29-уми апрел дар
таљрибаи њарбии Ќуввањои Мусаллањи
Шўравї аввалин экспедитсияи њарбии њавої ба Ѓарм фиристода шуд. Аввалин
2 самолёт, ки дар онњо командири бриКаримљон
гада Т.Г.Шапкин ва Комиссари бригада
Хусейнзода
А.Т.Федин бо чор нафар аскари сурх ва 4
пулемёт савор буданд, дар њамвории наздикии Ѓарм фуруд омада, ба љанг даромаданд. Њамон рўз
боз 40 аскари сурх ба воситаи самолёт ба Ѓарм расиданд.
Зарбаи асосиро ба босмачињо самолётњо заданд. Аз тез парвозкунї, овоз ва тирпарронии пулемётњои самолёт босмачиён ба воњима афтода, роњи гурезро пеш гирифтанд. Аз
Кўлоб отряди 50-нафара ба Тавилдара расида омад. Дар
якљоягї аскарони сурх дастаи Фузайлмахсумро таъќибкунон то сарњад рафтанд. 9-уми майи соли 1929 Фузайлмахсум
бо 12 нафар навкараш ба Афѓонистон фирор кард.
Дар љанги зидди Фузайлмахсум 15 нафар омўзгор, аз
љумла Каримљон Њусейнзода, Яњё Олимї, Алиакбар Њасанов, Сайфулло Алиев кушта шуданд. Њоло дар дењаи Нимич
ва маркази ноњияи Ѓарм оромгоњи бародарии њимоятгарони Ѓарм аз њуљуми Фузайл Махсум боќист.
Луѓат
1. Маъракаи зарбазанї ба босмачигарї – солњои 1921 – 1923
зидди босмачиён маъракањои зарбазанї ташкил карда шуда, дар
рафти онњо мољарои Анварпошшо ва меросхўри ў Салимпошшо
бартараф карда шуда буд.
2. Ќўрбошиёни Лаќай – сардорони дастањои босмачиёни њудуди имрўзаи ноњияи Рўдакї дар назар дошта мешавад.
3. Вазъияти њарбї – њолате буд, ки дар он ќонуну ќоидањои
давраи љанг амал мекарданд.
120
Саволњо
1. Марњалањои мубориза бар зидди Иброњимбекро баён кунед.
2. Чаро Фузайл шикаст хўрд?
3. Дар бораи шикасти Фузайл дар Ѓарм чї медонед?
4. Сабабњои асосии ѓалаба бар зидди босмачигарї кадомњоянд?
§28. ФАРЊАНГИ ТОЉИКИСТОН ДАР ДАВРАИ
МУХТОРИЯТ
Маориф ва мактаб. Дар давраи шўравї низоми ташаккулёфтаи маорифи халќї ба вуљуд омад, ки ба он Комиссариати маорифи халќ роњбарї мекард. Комиссариат ваколатњои
таъсис додану таъмин кардани мактабњоро бо бино, маводи
таълимї, муаллим ва назоратро ба ўњда дошт. Комиссариат
дар вилоятњо, округњо ва ноњияњо шўъбањои худро дошт. Аввалин вазирони маорифи ЉМШС Тољикистон Аббос Алиев
ва Юсуфризо Нисормуњаммадов буданд.
Дар солњои 1924 - 1929 дар ЉМШС Тољикистон нисбат
ба солњои гузашта пешравии кори мактаб њис карда мешуд.
Ин пешравї ќабл аз њама дар сохтмони биноњои мактаб ба
назар мерасид. Аз сабаби он ки љумњурї сиёсати ба таълими њатмї гузаштанро пеш гирифта буд, амалї шудани он
пеш аз њама, ба мављудияти биноњои таълимї вобаста буд.
Аз ин рў, солњои 1926 - 1929 дар љумњурї њашари умумихалќї барои сохтани биноњои мактабї гузаронида шуд. Дар
ин солњо шўрои дењоте набуд, ки дар он мактаби нав бунёд
нагардида бошад. Ин мактабњо аз 4 то 7 синфхона доштанд,
вале ин маънои онро надошт, ки њамаи кўдакони синни мактабї бо тањсил фаро гирифта шуда бошанд. Масалан, соли
1926 њамагї 3% кўдакони синни мактабї тањсил мекарданду
халос. Соли 1927 – 5,6%, соли 1928 – 11, 8%-и онњо ба мактаб
љалб карда шуда буданд.
Тањсили дузинагї боќї монда, фаќат шумораи мактабњо
зиёд шуда буд. Дар тамоми дењоти Тољикистон мактабњои
зинаи аввали дусола ва сесола њам вуљуд доштанд. Тамою121
ли табдил додани мактабњои зинаи аввал ба мактабњои 3,4
ва 5-сола сар шуда буд. Мактабњои зинаи дуюм бошанд, ба
шаш-дањсола табдил ёфтанд.
Таъйиноти онњо ва низоми маорифи халќ на танњо додани маълумоти умумї, балки ба шогирдон тарбияи иљтимої,
касбї ва сиёсию маърифатї додан низ буд.
Комиссариати маорифи халќи ЉМШС Тољикистон аз
соли 1925 сар карда, љорї намудани таълими њатмиро сар
кард. Барои ин ба њисоб гирифтани талаботи оянда зарур
буд ва ин кор талабот ба синфхонањою муаллимонро њам
муайян мекард. 12-уми декабри соли 1926 Њукумати Тољикистон «Дар бораи љорї намудани таълими умумии мењнаткашон дар ЉМШС Тољикистон» декларатсия ќабул кард. Ин
декларатсия њуќуќи њамаи шањрвандонро барои гирифтани
тањсилоти ройгон таъмин мекард. Мутобиќи он сохтмони
мактабњои шўравї низ сол то сол зиёд мешуд. Ба ин раќамњо
таваљљуњ кунед: соли 1925 дар Тољикистон 31 мактаб, соли
1926 - 67, соли 1927 - 155 ва соли 1928 - 317 мактабу 8 интернат амал мекард. Аз љумла шумораи мактабњои занона соли
1928 ба 10 адад расида буд. Аз шумораи умумии мактабњо
228-тоашон мактабњои тољикї, 38-то ўзбекї, 3-то туркманї,
3-то ќирѓизї, 2-то ќазоќї ва 43-то мактаби русию яњудї ва
арманї буданд. Агар дар 31 мактаби соли 1925 таќрибан 900
талаба тањсил мекарда бошад, дар 317 мактаби соли 1928 –
12325 нафар талаба бо тањсил фаро гирифта шуда буд. 90 дарсади талабагон фарзандони камбаѓалону
миёнањолон буданд. Таълими шўравї шаклан ва мазмунан аз таълими мактабњои
усули куњна фарќ дошт. Он дар асоси барнома ва китобњои дарсии нав љорї карда
шуда буд. Дар солњои 1925 - 1929 барои
мактабњои тољикї доир ба фанњои ботаника, љуѓрофия ва алгебра китобњои дарсї нашр гардиданд, ки асосан китобњои
Раљаббибї
тарљумавї буданд. «Алгебра»-и Киселёв,
Бобокалонова
ки то нимаи солњои 50-ум хизмат кард,
122
«Ќоидањои морфологии забони тољикї»-и С.Манофзода,
«Физиология» ва «Љањони нав»-и Р. Њошим, ки дар њаёти
мактаб наќши муњим бозиданд, аз љумлаи онњо буданд.
Дар солњои 1924 - 1929 интернатњо њам чун як шакли фарогирии наврасон бо таълим боќї монданд. Шумораи онњо
зиёд гардида, дар соли 1929 ба 20 адад расида буд.
Маориф ва мактаби Тољикистон фидоиёни зиёд дошт.
Аббос Алиев, Яњё Олимї, Ю.Нисормуњаммадов, К.Њусейнзода, Н.Розиќов, Њамроќул Ќўзиев, Абдулвоњид Раќиев, Абдуѓаффор Сатторов, Муллољон Саидмуродов, Б. Азизї, К.
Дайламї, Њ. Неъматуллоев, Д. Суњайлї,
Д. Тўраев, К. Убайдуллоев, Н. Шакарбеков, Њ. Мусрифшоев, Ш. Мамадшоев,
Чилабибї Њошимова, Сайрамбибї Ќосимова, Маълумбибї Гадоева, Оламбибї
Абдуллоева, Алиакбар Њасанов ва садњо
дигаронро номбар кардан мумкин аст, ки
дар рушду нумўи соњаи маориф сањми арзанда гузоштаанд. Мактаби шўравї роњи
душвору пуршараферо дар маърифатнок- Анвар Њасанова
кунонии халќи тољик тай кард. Мактабу муаллимони шўравии солњои 20-ум ба таъќиби сахти муллоњо ва душманони
маорифи халќ дучор шуда буданд. Муллоњо барои он ки
мардум фарзандонашонро ба мактаб надињанд, мактабњои
шўравиро муассисаи бидъат ва муаллимонашонро кофир эълон мекарданд. Њатто муаллимонро ќатл њам карданд. Дар
байни онњо К.Њусейнзода, Я.Олимї, А.Њасанов, С.Алиев, А.
Муњаммадов, Н.Умаров, Њикмат Ѓанї, А.Исломов, У.Гайнуддинов,
М. Саидмуродов, С.Ќосимова,
М.Гадоева, О.Абдуллоева ва дањњо дигарон њастанд, ки номашон дар таърихи маорифи Тољикистон бо њарфњои заррин
сабт шудааст.
Њамин тариќ, то соли 1929 низоми мунтазами маориф
ва мактаби шўравї пайдо шуд, вале Љумњурии Тољикистон
њоло њам мактаби олї надошт. Барои Тољикистон кадрњои
маълумоти олидошта дар Самарќанд, Тошканд, Москва,
123
Санкт-Петербург ва Боку тайёр карда мешуданд. Дар донишгоњњои шањрњои номбурда бо маќсади омода кардани
кадрњои зиёди педагогї ва инженерию техникї љойњои махсус (квота) људо карда шуда буд. Дар ин самт Дорулфунуни муаллимтайёркунию Донишгоњи давлатии Осиёи Миёнаи Тошканд ва Донишгоњи коммунистии халќњои Шарќи
Москва хидмати зиёде кардаанд.
Берун аз квота бисёр мактабњои олии Москваю
Санкт-Петербург ва Ќазон њам аз њисоби љавонони
Тољикистон кадр тайёр карда ба ин љо мефиристоданд.
Муассисањои фарњангї-маърифатї. Солњои 1924 - 1929
давраи ташаккули пурраи муассисањои фарњангию-маърифатии Тољикистон ба њисоб меравад. Шумораи китобхонањои оммавї ба 16 адад расид. Шумораи клубњо дар охири соли 1929 ба 32 адад расида, 8-тоашон клубњои касбї
буданд. Охири соли 1929 дар тамоми марказњои вилоятњо
клубњо кушода шуданд. Љумњурї соњиби 8 клубу 24 муассисаи клубї буд. Дар шимоли Тољикистон 6 клуби касбї
амал мекард. Муассисањои дигари фарњангию маърифатии
ба фаъолияту вазифаи клубњо наздик «Хонаи дењќон» ва
«Ќасри дењќон» буданд. Вазифаи асосии ин њар ду муассиса
тарбияи фарњангию маърифатї ва касбии коргарону дењќонон буд. Ин клубу муассисањо ба тарѓиби таљрибаи пешќадам њам сарукор доштанд. Клубу хонањои дењќонон ба ташкили мањфилњои њаваскорони санъат, инчунин ба намоиши
кинофилмњо машѓул буданд. Дар ин кор «Хонаи дењќон»-и
Душанбе кори хеле муњимро ба анљом мерасонид. Масалан,
намоишњои олоти нави кишоварзї ва умуман техникаи кишоварзиро ташкил мекард. Дар «Хонаи дењќон»-и Душанбе
сањнаи доимии намоиш вуљуд дошт. Дар ин солњо фаъолияти осорхонањо низ барои баланд бардоштани маърифати
ањолї дар Хуљанду Душанбе оѓоз гардида буд ва биноњои
махсус барои осорхонањо људо шуда буданд.
Театр. Ташаккулёбии театри касбии тољик њам ба солњои
1924 - 1929 рост меояд. Солњои 1925 - 1929 дар Хуљанд, Ўротеппа (Истаравшан), Исфара, Конибодом, Панљакент, Ду124
шанбе, Ќаратоѓ, Кўлоб, Ќўрѓонтеппа, Ѓарм, Њоит, Хоруѓ
театрњои халќї таъсис ёфта буданд. Аввалин дастаи театрии
миллї дар назди маъмурияти «Хонаи дењќон» соли 1927 бо
ташаббус ва роњбарии Њаким Карим таъсис ёфта, мањфили
мусиќї-драммавї ном дошт. Дар заминаи он 7-уми ноябри
соли 1929 аввалин театри касбии тољик таъсис ёфт, ки њоло
Театри академии драмавии ба номи Абулќосим Лоњутї ном
дорад. Дар Тољикистон то соли 1929 32 клубу 4 кинотеатр
(дар Душанбе, Хуљанд, Ўротеппа ва Конибодом), 16 китобхонаи умумї ва 9 дастгоњи кинонамоишдињї фаъолият мекарданд, ки асосан дар марказњои маъмурї амал мекарданд ва ба
марказњои маишию маърифатї табдил ёфта буданд.
Санъати кино. Санъати кинои Тољикистон њам дар охири солњои 20-ум ба вуљуд омад. Навори аввалини киночиёни
тољик «Омадани поезди аввалин» ба њисоб меравад, ки онро
киножурналист В. Кузин ба навор гирифта буд. Соли 1929
якчанд навори «Тољикистони Шўравї» сабт шуда буд.
Адабиёт. Дар солњои 20-ум адабиёти шўравии тољик
ташаккул ёфт. Мактаби адабии классикии тољик барои ташаккулёбии адабиёти шўравии тољик заминаи хубе буд.
Дар саргањи он ќаламкашони машњур меистоданд. Устодон
С. Айнї ва А. Лоњутї, ки поягузорони адабиёти асри ХХ
тољик гардиданд, шахсиятњои маъруфтарини њамин давраанд. Эљодиёти онњоро љомеаи љањонї пазируфтааст ва эътироф кардааст. Асарњои С. Айнї «Одина», «Намунаи адабиёти тољик», «Материалњо дар бораи инќилоби Бухоро»,
шеърњои Лоњутї, ки ба солњои 20-ум дахл доранд, аз маѓзи
дили халќи мењнаткаш эљод шудаанд.
Дар охири солњои 20-ум дар ќатори С.Айнї, А.Лоњутї,
ба арсаи адобиёт П.Сулаймонї, М.Рањимї, М.Аминзода, С.
Љавњаризода, А. Дењотї, Љ. Икромї, Б. Азизї, М.Турсунзода, Али Хуш ва дигарон бо асарњои худ ворид шуда буданд,
ки адабиёти тољик бо номи онњо фахр дорад.
Илм. Дар солњои 20-ум дар Тољикистон якчанд муассисаи илмї њам ташкил ёфта буд, ки ба солњои 1924 - 1929 рост
меояд. Аввалин муассисаи илмї осорхона буд. Соли 1924
125
дар Душанбе осорхонаи таърих ва санъати тасвирї кушода шуда буд. Соли 1926 Маркази эпидемиологї-санитарии
Душанбе, соли 1929 боѓи ботаникии Помир, соли 1929 Донишкадаи тадќиќоти илмии назди ШКХ ЉШС Тољикистон
таъсис дода шуд, ки баъдтар ба муассисаи илмї-тадќиќотии
соњавии љумњурї табдил ёфт.
9-уми январи соли 1925 бо ташаббуси Кумитаи Инќилобии ЉМШС Тољикистон дар Тошканд «Љамъият барои омўзиши Тољикистон ва халќияти эронии бурунмарзии он» таъсис ёфта буд. То соли 1929 ин љамъият се маљмўа (1925,1927,
1928) аз чоп баровард, инчунин ин муассисаи илмї бо ёрии
АФ СССР дар солњои 1917 - 1929 зиёда аз дањ экспедитсияи
илмї (бо сардории М.С.Андреев, О.А.Сухарева, И.И.Бездека, Е.Н.Павловский, Д.И.Шербаков, А.Е.Ферсман) ва як экспедитсияи байналмилалии СССР ва Германияро дар Помир
ташкил кард, ки дар рафти онњо наботот, њайвонот, захирањои табиї ва мењнатии Тољикистон тадќиќ карда шуданд.
Дар ин солњо дар тадќиќи илмњои гуманитарї њам берун аз
љумњурї кори зиёде ба сомон расонида шуд. Асосан доир ба
бостоншиносї (археология), мардумшиносї (этнография) ва
осори хаттии гузашта маводи зиёде љамъоварї карда шуда
буд.
Дар солњои 1924 - 1929 матбуоти миллии тољик ташаккул
ёфт. Дар Тољикистон акнун рўзномањои “Бедории тољик”,
ки соли 1929 ба “Тољикистони сурх” табдил дода шуд, “Советский Таджикистан”, “Ќизил Тожикистон”, маљаллањои
“Дониш ва маданият”, “Роњбари дониш” нашр мегардиданд.
Љумњурии Тољикистон соли 1925 соњиби нашриёти миллии худ – Нашриёти давлатии Тољикистон гардид, ки дар
нашри китобњои дарсї, сиёсї, илмї, бадеии солњои 1925 1929 сањми босазое гузошт.
Ислоњоти алифбо. Дар тамоми давраи солњои 1917-1928
дар њудуди Тољикистон аз се алифбо: арабї, кириллї ва лотинї истифода мебурданд. Њатто дар мактабњои таълими
њамагонї ва шабонаи мањви бесаводї њам аз ин се алифбо
126
истифода бурда мешуд. Њокимияти Шўравї сиёсати саросарии мањви бесаводиро пеш гирифта, аз њама навъњои таълим
(мактаби куњна, шўравї ва мањви бесаводї) истифода мекард.
Талабот ба омўзгор, китобњои дарсї ва аёниятњои таълимї
зиёд гардид. Саноати полиграфї ва нашриёти њамонваќтаи
љумњурї ќудрати бо алифбои арабї ќонеъ кардани ин талаботро надошт. Дигар ин ки усули таълими алифбои арабї
душвор буд. Боз чанд омилњои дигаре буд, ки њукумат роњи
ислоњотро пеш гирифт. Баъди бањсњои тўлонї ба хулосае
омаданд, ки ислоњоти алифбо гузаронида шавад ва алифбои
лотиниасоси нави тољикї омода карда шуд. Соли 1929 гузариш ба ин алифбо дар низоми маориф, мактаб ва нашриёт ба
охир расид, яъне сабаби асосии ба алифбои лотинї гузаштандушвории саноати нашр ва полиграфия дониста шуда буд.
Ташаккули матбуот ва полиграфияи шўравии тољик. То
Инќилоби Октябр дар њудуди Тољикистон ягон рўзномаю
маљалла ва китоб нашр
намешуд ва нашриёт њам
вуљуд надошт. Аз соли
1917 то соли 1924 бо забони тољикї рўзномањо
пайдо шуданд, вале дар
Самарќанду Бухоро ва
Тошканд нашр мегардиМашварати аъзи раёсати
данд. Аввалин чопхона дар
њудуди Тољикистон чопхо- лотинигардонии алифбои тољикї.
Дар байн раис Обид Исматї
наи корпуси 13-уми тирандоз буд, ки барои аскарони сурх њар гуна њуљљату коѓаз, аз
љумла рўзномаи «По босмачу»-ро нашр мекард. Маводди
нашрї барои Тољикистон дар Самарќанду Тошканд, Бухорою Когон ва Ќазону Москва нашр мегардид.
Луѓат
1. Тањсили зинагї – шакли дузинагии тањсилоти солњои бистуми шўравї буд. Зинаи аввал маълумоти ибтидої ва зинаи дуюм
маълумоти миёна медод. Муњлати тањсил дар зинаи аввал 2-4 сол
ва дар зинаи дувум њам 2 - 4 сол буд.
127
2. «Љамъияти омўзиши Тољикистон ва халќњои эронии бурунмарзии он» – ташкилот, муассисаи илмї буд, ки сарраёсати он дар
Тошканд ва шуъбањояш дар Самарќанду Бухоро ва Хуљанду Душанбе амал мекарданд. Аъзои ин љамъият њамаи соњањои Тољикистон ва халќиятњои эронинажодро тадќиќ мекарданд.
3. Ислоњоти алифбо – таѓйири алифбо, ки соли 1929 гузаронида шуд.
4. Алифбои лотиниасоси тољикї – алифбое, ки солњои 1929 –
1939 ба љойи алифбои арабиасоси тољикї љорї гардида буд.
5. Алифбои кириллиасоси тољикї – алифбое ки, имрўз дар
љумњурї љорист. Ин алифбо дар Осиёи Миёна аз солњои 60-ми
асри ХIХ корбаст мешуд ва аз соли 1939 њамчун алифбои давлатї
мавриди истифода аст.
Саволва супоришњо:
1. Таълими мактабњои шўравї чї гуна буд?
2. Шаклњои мактабњои солњои 20-умро номбар кунед ва шарњ
дињед.
3. Ба муассисоти фарњангї – маърифатї чињо дохил мешуданд?
4. Аввалин театри касбии тољик кай таъсис ёфт?
5. Муассисањои илмии солњои 20-ро номбар кунед.
6. Сабабњои ба алифбои лотинї гузаштанро шарњ дињед.
§ 29. ТАЪСИСЁБИИ ЉУМЊУРИИ ШЎРАВИИ
СОТСИАЛИСТИИ ТОЉИКИСТОН
Аз мухторият ба соњибихтиёрї. Дар њаёти љамъиятию сиёсии Тољикистони мухтор раванди таъсисёбии ЉШС Тољикистон яке аз воќеањои муњими дорои ањамияти сиёсї, иќтисодї, маданї ва байналхалќї ба њисоб меравад.
Солњои 1925 - 1929 чї Њукумати Тољикистон ва чї ањли љамоатчигии љумњурї дар бораи беадолатињои таќсимоти соли
1924 ба Комиссариати халќи миллатњо ва њукумати СССР
(ИЉШС) мактубу мурољиатњои зиёде фиристода буданд. Ин
масъала боиси бањси махсуси Бюрои осиёимиёнагии КМ ЊК(б),
Комиссариати халќи миллатњо гардид, вале ба осонї њал карда
нашуд. Њукумати Тољикистон ин масъаларо бо роњи консти128
тутсионї дар доираи ќонунњои асосии ЉМШС Тољикистон,
ЉШС Ўзбекистон ва СССР (ИЉШС) њал кард. Пантуркизм то
ба љое боло рафта буд, ки њангоми додани шањодатномањои
таваллуд ва шиносномањо дар солњои 1925 – 1926 ва гузаронидани рўйхатгирии ањолии соли 1926 сиёсати ўзбек гардонидани
тољикони Бухоро, Самарќанд, Кармина, Љизах, Ќўќанд, Тошканд ва ѓайрањоро пеш гирифта, њатто зўрї ва тањдидро (агар
худро ўзбек нагузаронанд, онњоро ба Тољикистон бадарѓа мекунанд) њам раво донистанд. Аз соли 1925 сар карда, тадриљан
мактабњою синфњои тољикиро ба ўзбекї табдил додан гирифтанд, њатто ба мактабњои тољикї муаллимони ўзбекзабонро
мефиристодагї шуданд. Ба ин сиёсат бештар ањолии округи
Хуљанд эътироз карданд ва аз тариќи роњи оњани Хуљанд гузаштани оќсаќоли Иттињоди Шўравї М.И.Калининро истифода
бурда, ќатораи ўро маљбуран боздошта, хоњиш намуданд, ки
округи онњоро аз Ўзбекистон људо кунанд. Оќсаќоли Умумииттифоќ ба ќисме аз мардуми округи Хуљанд - Конибодом,
Исфара ва Ашт барои таъсиси ноњияњои мухтор ёрї дод, вале
масъалањои асосии иктисодї, сиёсї ва миллии ин минтаќа њал
нашуд ва ин минтаќа боз ба њайати Ўзбекистон баргашт. Њамаи ин масъалањоро дар доираи ќонун њал кардан лозим буд.
Барои њалли масъалаи миллї хулосањои илмии В.В. Бартольд
ва И.А.Зелинский њам далели ќотеъ нашуданд.
Дар сиёсати инкишофи мухторияти Точикистон њукуматњои Тољикистону Ўзбекистон, такя ба фаъолияти њукумати Умумииттифоќ карданд.
Анљумани дуюми шўроњо хоњиши мењнаткашони округи
Хуљанди ЉШС Ўзбекистонро дар бораи аз њайати Ўзбекистон баромада, ба њайати ЉМШС Тољикистон дохил шудан
ба назар гирифта, ќарор ќабул кард, ки дар бораи ба њайати Тољикистон баргардондани округи Хуљанд ба Анљумани сеюми шўроњои Ўзбекистон мурољиат намояд. Ин ќарор дар асоси декларатсия дар бораи таќсимот ќабул карда
шуда буд. Дар он омада буд, ки то ба охир расидани љанги
шањрвандї њудуди тољикнишини уезди Хуљанд дар њайати
Ўзбекистон мемонад. Инак, љанг тамом шуда, барќароркунї
анљом ёфта буд ва давраи иљрои ќонун њам расид. Ќарори
129
Анљумани дуюми шўроњои ЉМШС Тољикистонро Анљумани сеюми шўроњои ЉШС Ўзбекистон 25-уми майи соли 1929
муњокима намуда, дар бораи ба Тољикистон баргардондани округи Хуљанд ќарор ќабул кард. Ин ќарор Њукумати
умумииттифоќро водор кард, ки њуќуќњои конститутсионии
Тољикистонро ба инобат гирад, чунки бо њамроњ гардидани
округи Хуљанд се шарти конститутсионии таъсиси љумњурии мустаќил иљро шуда буд. Ањолии Тољикистон акнун аз
1 млн. зиёд, он бо ду љумњурии хориљї – Чин ва Афѓонистон
њамсарњад буд ва зиёда аз нисфи ањолиашро тољикон ташкил медоданд. 12-уми июни соли 1929 Президиуми КИМ-и
СССР (ИЉШС) баъди муњокимаи њисоботи њукумати Тољикистон дар бораи аз њайати ЉШС Ўзбекистон баромадани
ЉМШС Тољикистон ва таъсис додани љумхурии иттфоќии
мустаќилу комилњуќуќ ва ба њайати СССР (ИЉШС) дохил
шудани он ќарор ќабул кард, инчунин ќарор кард, ки ин
масъала ба муњокимаи анљумани шўроњои Ўзбекистон ва
Президиуми КИМ-и Ўзбекистон гузошта шавад. Њукумати
умумииттифоќ барои њалли ин масъала ду моњ муњлат муайян намуд, вале дар амал баргардондани округи Хучанд то
аввали моњи сентябри соли 1929 кашол ёфт.
13-уми июни соли 1929 КИМ-и ЉШС Ўзбекистон ќарори аз хайати Ўзбекистон људо кардани Тољикистонро ќабул
карда, бо сардории Юлдош Охунбобоев Комиссияи махсуси
таќсимоти амволро таъсис дод.
Њамин масъалаи људо шудан аз њайати Ўзбекистон ва
ба њайати СССР (ИЉШС) дохил шудани Тољикистонро
Президиуми КИМ-и Тољикистон 11-ум ва 24-уми августи
соли 1929 муњокима намуда, ќарор ќабул кард, ки Љумњурии
Шўравии Сотсиалистии Тољикистон таъсис дода шавад.
4-уми сентябри соли 1929 санади ба ЉМШС Тољикистон
баргардонидани округи Хуљанд ба имзо расид. 11-уми сентябр КИМ-и ЉМШС Тољикистон људо шудани Тољикистон
аз Ўзбекистон ва ба њайати СССР (ИЉШС) хамчун љумњурии мустаќил дохил шуданро зарур шуморида, ќарор кард,
ки барои њалли масъалаи мазкур 15-уми октябри соли 1929
Анљумани фавќулодаи шўроњои ЉМШС Тољикистон даъват
130
карда шавад.
Анљумани III фавќулодаи шўроњои ЉШС Тољикистон ва
ќарорњои он
Ташкилёбии ЉШС Тољикистон танњо як ќарору њисобот
набуд. Ин масъалаи миллї, сиёсї ва байналмилалї њам буд,
ки нозукињои миллию сиёсї њам дошт.
15-уми октябри соли 1929 Анљумани фавкулодаи сеюми шўроњои ЉМШС Тољикистон дар Душанбе ба кор сар
кард. Дар кори анљуман намояндагони њамаи минтаќањову
халќњои љумњурї, намояндагон аз љумњурињои иттифоќї
ва Њукумати умумииттифоќ иштирок доштанд. Яке аз ќарорњои аввалини анљуман дар бораи таъсисёбии Љумњурии
Шўравии Сотсиалистии Тољикистон буд, ки дар матни он
омадааст:
«…Анљуман ќарор мекунад:
1. Анљумани III фавќулодаи ЉМШС Тољикистон ќайд
мекунад, ки дар натичаи ёрии њамаљониба, мадад ва роњбарї
аз тарафи пролетариати иттињод дар шахсияти њукумати иттифоќї, маќомоти осиёимиёнагї ва њукумати Ўзбекистон,
инчунин тавассути сиёсати дурусте, ки њукумати ЉМШС
Тољикистон мегузаронад, Тољикистон хеле пеш рафт ва дар
масъалањои фарњанг, хољагї ва сиёсї мустањкам гардид.
2. Анљумани фавќулодаи шўроњо махсусан ќайд мекунад,
ки пешрафтњои ба даст овардашуда ва таъсисёбии љумњурии иттифоќии Тољикистон самараи гузаронидани сиёсати
дуруст ва пайвастаи миллии пролетариати инќилобист, ки
барои нест кардани њама гуна зулми миллї, барњам додани
нобаробарии феълии хољагї ва мадании байни миллатњои
гуногун ва худмуайянкунии миллии онњо равона карда шудааст.
Луѓат
1. Енукидзе Авел Сафонович - Котиби Президиуми КИМ-и
СССР (ИЉШС), ки ќарори Анљумани III фавќулодаи шўроњои
ЉМШС Тољикистонро дар бораи таъсис додани Љумњурии Шўравии Сотсиалистии Тољикистон ба њукумати СССР (ИЉШС) хонда
дода, њозиронро ба таърихи гузаштаи халќи тољик шинос гардонид. Ин баромадро рўзномаи «Правда Востока» 13-уми декабри
131
соли 1929 чоп карда буд. Дар он аз љумла омадааст: «Тољикон аз
ќадимтарин халќњои Осиёи Миёна буда, гузаштаи боифтихор ва
абармардњои зиёд доранд».
2. Комиссияи конститутсионї - гурўњи корї, комиссияе буд,
ки бо ќарори њукумат барои тањияи матни конститутсия таъсис
дода шуд. Дар Тољикистон чунин комиссияњо солњои 1926, 1929,
1936, 1976, 1991 бо ќарорњои маќомоти дахлдор таъсис ёфта буданд. Раиси Комиссияи конститутсионии ЉМШС ва ЉШС Тољикистон дар солњои 1926 - 1929 ва 1929 - 1931 Нусратулло Махсум
(Лутфуллоев) буд.
Саволњо
1. Шартњои асосии таъсисёбии љумњурии соњибихтиёри
шўравї чињо буданд?
2. Округи Хуљанд барои чї ба Ўзбекистон њамроњ карда шуда
буд?
3. Округи Хуљанд барои чї ва кай ба ЉМШС Тољикистон
баргардонда шуд?
4. ЉШС Тољикистон дар кадом маќомотњо сурат гирифта буд?
5. Аз таќсимоти соли 1929 Тољикистон чї бурдњо карда буд?
§30. ДАРСИ ТАКРОРЇ
Ин дарс ба мисли дарсњои такрории дигар ба омўзиши
мавзўи дуруст азхуднашуда ва ё такрори мавзўи дуюми китоби дарсї бахшида мешавад.
§31. ДАРСИ САНЉИШИ ТЕСТЇ
Ин дарс ба давраи љамъбасткунии нимсолаи аввали соли
хониш рост меояд ва ташкили санљиши тестї аз рўйи барнома дар назар аст, яъне санљиши тестї њатмист. Бинобар ин,
саволномањои тестї дар охири матни китоби дарсї љой дода
шудаанд.
ТЕСТЊО
1. Зарурати баъди инќилоб таъсис додани њукумати навро муайян намоед.
А) Бе ин амал маќсади инќилобро амалї кардан душвор
мегардид. В) Њукумати пештара пароканда шуда буд. С)
Њукумати пештара фирор карда буд. Д) Маќсад он буд, ки
њукуматњои дигар њукумату давлати навро эътироф кунанд.
132
2. Фарќ ва умумиятњои таъсиси њукуматњои Русияи
Шўравї ва Туркистонро ёбед.
А) Фарќи аввал миллї, дувум бегона, умумияти аввал
пролетарї, дувум буржуазї. В) Фарќи аввал дар Русия,
дувум дар Туркистон ва умумияти аввал дар асоси наќшаи
ягона, дувум њамчун таќлид ба марказ. С) Фарќи аввал муташаккилона, дувум пароканда, умумияти аввал ва дуюм
њокимияти халќї. Д) Фарќи аввал њадафњои умумирусигї
дувум умумирусиягї ва туркистонї, умумият њар ду пролетарї(авомї).
3. Дар таъсиси њукумати аввалини Русияи шўравї кадом
фраксияњою њизбњо иштирок доштанд?
А) Фраксияи болшевикњою эсерњо ва њизбњои болшевикию меншевикї. В) Фраксияњои коргарию дењќонї ва
њизбњои кадетњою сотсиалистњо. С) Њељ фраксияю њизб. Д)
Фаќат болшевикњо.
4. Дар таъсиси њукумати Туркистон кадом фраксияњо ва
њизбњо иштирок доштанд?
А) Њељ фраксия ва њизб набуд. В) Фаќат болшевикњо. С)
Максималистњо, меншевикњо, болшевикњо ва њизби РСДРП(б). Д) Љадидњо.
5. Маќомоти идораи кишвари Туркистон кадомњо буданд?
А) Генерал-губернатор (1867-1917), Комиссари Кумитаи
иљроияи кишварии њукумати муваќќатї (март-ноябри 1917),
Шўрои кишварї, Комиссариати маљбуриятњои њарбї, комиссариатњои соњавї. В) Шўрои губернаторњо, Департаменти кишварї, Шўрои Вазирон. С) Комиссари њарбии кишвар,
Комиссари кулли кишвар, Парламенти кишвар. Д) Шўрои
олии кишвар, Шўрои губернаторњо, Сенати кишвар.
6. Маќомоти идораи уезди Хуљанд ва ќитъаи Помир кадомњо буданд?
А) Шўрои уездї ва ќитъавї. В) Кумитаи иљроияи уездї
(1866-1917) ва комиссари ќитъавї, Кумитаи иљроияи уездии
њукумати муваќќатї. С) Шўрои волостњо ва ќитъавї. Д) Комиссари уезд ва ќитъа.
133
7. Маќомотњои навташкили шўравии уезди Хуљанд ва
ќитъаи Помирро муайян кунед?
А) «Шўрои уламо» ва «Шўрои исломия». В) Шўрои њунармандон ва Шўрои ќитъавї. С) Шўрои уездии коргарону
аскарњо ва Шўрои аскарњои сарњадї. Д) Мухторияти уездї
ва ќитъавї.
8. Эъломияњои аввалини Њокимияти Шўравиро ёбед?
А) Эъломияи хуќуќи халќњои Русия ва Эъломияи
њуќуќњои халќи зањматкаш ва мазлум. В) Декрет дар бораи
замин ва Декрет дар бораи судњо. С) Декрет дар бораи савдо
ва Декрети сулњ. Д) Конститутсияи Русияи шўравї ва Ќонун
дар бораи захирањои табиї.
9. Мурољиатномањои аввалини Њокимияти Шўравиро
муайян кунед?
А) “Мурљиатнома ба халќи афѓон”, “Мурољиатнома ба
халќњои Украин”. В) “Мурљиат ба афсарон”, “Мурољиат ба
афсарони подшоњї”. С) Мурољиатнома ”Ба њамаи шўроњо”,
“Ба њамаи мусулмонони Русия ва Шарќ”. Д) Мурољиатнома
“Ба коргарони роњи оњан”, “Ба маорифчиён”.
10.”Эъломияи њуќуќњои халќи зањматкаш ва мазлум”
кай ќабул шуда буд?
А) 25.10.1917. В) 27.11.1919. С) 13.12. 1917. Д) 3.01.1918.
11. Идораю маќомотњои марказии аморати Бухороро
људо созед?
А) Амир, Шўрои вазирњо, ќозиюлќузот, муфтї. В) Амир,
бекњо, раисњо. С) Амир, ќушбегї, ќозикалон. Д) Амир, ќушбегї, Шўрои дарбор.
12. Артиши Сурхи Шўравї кай таъсис ёфта буд?
А) Декабри соли 1917. В) Январи соли 1918. С) Феврали
соли 1918. Д) Марти соли 1918.
13. Судњои куњнаи Тољикистон кай барњам дода шуда
буданд?
А) Баробари Инќилоб. В) Декабри соли 1917. С) Марти
соли 1918. Д) Мувофиќи нишондоди «Декрет дар бораи судњо» аз 22-юми ноябри соли 1917, охири соли 1919.
134
14. Судњои нави шўравї чї ном доштанд ва кай таъсис
ёфта буданд?
А) Судњои халќї (шўравї). В) Судњои коргарї. С) Судњои коргарию дењќонї. Д) Судњои демократї.
15. Милисаи шўравї кай таъсис ёфта буд?
А) Ноябри соли 1917. В) Декабри соли 1917. С) Январи
соли 1918. Д) Марти соли 1918.
16. Оё медонед, ки дар ибтидои Њокимияти Шўравї ќабул ба милиса ва хизмати њарбї чї тавр сурат мегирифт?
А) Ба воситаи пешнињоди ариза. В) Ба воситаи ташкили
озмун. С) Ба воситаи худпешнињодкунї дар назди комиссияи њарбии шўроњо. Д) Ба воситаи даъвати њатмї.
17. Вазифањои назорати коргариро муайян кунед?
А) Назоратро аз болои истењсолоти љамъиятї ва таќсими мањсулот ба манфиати давлат ташкил ва пурзўр кардан.
В) Њимояи иќтисодии коргарон. С) Садди роњи ѓорати корхона шудан. Д) Барои давлатї кардани корхона мусоидат
кардан.
18. Маќсади љамъиятигардонии истењсолотро шарњ дињед.
А) Иљрои яке аз талаботи инќилоб. В) Барњам додани сармоядории калон ва таъсиси истењсолоти љамъиятии сотсиалистї. С) Љазои сармоядоронро додан. Д) Зиёд кардани истењсолот.
19. Аввалин ислоњоти обу замини шўравї кадом солњо
гузаронда шуда буд?
А) 1917-1918. В) 1917-1918. С) 1918-1920. Д) 1920-1924.
20. Барои чї ислоњоти замини солњои 1918-1920 Тољикистон
ислоњоти замину об номида шуда буд?
А) Барои он ки ислоњоти замину об буд. В) Барои он ки
замину обро дар бар мегирифт. С) Дар «Декрет дар бораи
замин» бо њамин ном омада буд. Д) Барои он ки дар Тољикистон об њам моликияти хусусї буд.
21. Нахустин љумњурии шўравї дар Осиёи Миёна кай
ташкил ёфта буд?
А) Љумњурии Мухтори Шўравии Сотсиалистии Туркистон, апрели соли 1918. В) РСС Ўзбекистон, 14-уми октябри
135
1921. С) РСС Туркманистон, 14-уми октябри соли 1922. Д)
РАСС Тољикистон, 14-уми октябри соли 1924.
22. Кай, бо кадом маќсад ва бо роњбарии кї дар Помир
Кумитаи умумипомирї ташкил шуда буд?
А) Декабри соли 1919 бо маќсади барќарор намудани
Њокимияти Шўравї бо роњбарии Ш. Шоњтемуров. В) Декабри соли 1919 бо маќсади барќарор намудани Њокимияти
Шўравї бо роњбарии П. Воловик. С) Декабри соли 1919 бо
маќсади барпо намудани Њокимияти Шўравї бо роњбарии
А. Элчибеков. Д) Декабри 1919 бо маќсади барпо намудани
Њокимияти Шўравї бо роњбарии А. Дяков.
23. Намудњои асосии љангњоро муайян кунед?
А) Љангњои мустамликавї, ќабилавї, байнидавлатї. В)
Љангњои забткорона (таљовузкорї), њимояткорона (аз таљовуз), шањрвандї (гражданї). С) Љангњои империалистї, партизанї, бањрї. Д) Љангњои ќитъавї, њавої, ракетї.
24. Љангњои шањрвандї боз бо кадом номњо ёдоварї мешаванд?
А) Љанги дохилї, берунї, ќавмї. В) Љанг барои њукумат,
вазифа, мансаб. С) Љанги шањрвандї, бародаркушї. Д) Љанги минтаќавї, байниќавмї. 25. Туркистони русї гуфта чї дар назар дошта мешавад?
А) Минтаќаи љуѓрофиро дар Осиёи Миёна. В) Њамаи минтаќањое, ки туркњо сукунат доштанд. С) Туркзабонњои насрониро. Д) Ќаламрави генерал-губернатории Туркистонро.
26. Сабабњои љанги шањрвандии солњои 20-уми асри
ХХ-ро ёбед. А) Баргардондани имтиёзњои аз дастрафта ва
таќсим карда натавонистани њокимият. В) Гуногунњизбї
дар таъсиси њукумати нав. С) Инќилоб ба ин меоварад. Д)
Иљрои хоњиши империализми љањонї.
27. Ташкилоти аксулинќилобии њарбии Туркистон чї
ном дошт?
А) Олаш-Орда. В) Ташкилоти њарбии Туркистон. С)
Шўрои исломия. Д) Мухторияти Ќўќанд.
28. Аввалин ташкилкунандаи дастаи босмачигарї кї
дониста мешавад? А) Мамадсолї. В) Кўри Шермат. С) Мадаминбек. Д) Анварпошшо.
136
29. Босмачиён худро чї (кї) меномиданд, муайян кунед.
А) Размкунанда. В) Љанговар. С) Босмачї. Д) Муљоњид.
30. Љанги шањрвандї чї гуна љанг аст?
А) Љангест байни ду ќувваи сиёсии ба њамдигар зид дар
як мамлакат барои њокимияти сиёсї. В) Љангест барои њокимият. С) Љангест байни ду гурўњи ќуввањо. Д) Љанги байни
одамон.
31. «Ташкилоти њарбии Туркистон» чї гуна ташкилот буд?
А) Ташкилоти њарбиёни Туркистон. В) Ташкилоти махфии зиддиинќилобї дар ЉМШС Туркистон. С) Ташкилоти њарбии афсарони ба истеъфобаромадаи Туркистони. Д)
Њизби сиёсии њарбиёни Туркистон.
32. Хусусияти љанги шањрвандии Тољикистонро муайн
созед?
А) Ба чунин љангњои дигар монанд буд. В) Дар намуди
ѓоратгарї амал кард. С) Шакли босмачигарї дошт. Д) Бо
шиори динї баромад кард.
33. Сардорони аввалини дастањои зиддишўравии Тољикистонро номбар кунед.
А) Анварпошшо, Сурайё Афандї, Сомї, Исматќўрбошї. В) Кўри Барот, Рањмондодхоњ, Тоњирпонсад, Аъзам. С)
Холмаков, Мулло Тош, Мулло Шараф, Эргаш. Д) Холбўта,
Иброњимбек, Фузайлмахсум, эшони Султон.
34. Сабабњои асосии аз тарафи ањолї дастгирї ёфтани
шўроњо дар чї буд?
А) Рост омадани рафтор бо гуфтори шўроњо. В) Тафовут
дар рафтору гуфтори босмачиён. С) Бисёрї будани тарафдорони шўроњо. Д) Кам будани босмачињо.
35. Сардорони дастањои босмачигарии минтаќаи Суѓдро
номбар кунед.
А) Ашўртўќсабо, Усмонхоља, Исохоља, Ниёзбек, Барот.
В) Исмат, Эргаш, Холбўта, Њомид, Рањмонќул. С) Авлиёќул, Остонаќул, Туѓайсарї, Рањмондодхоњ, Аъзам. Д) Давлатмандбой, эшони Султон, Ќайюмпарвоначї.
36. Турккомиссия кай ва бо кадом маќсад таъсис дода
шуда буд?
137
А) Октябри соли 1919 бо маќсади барпо намудани Њокимияти Шўравї. В) Октябри соли 1919 барои мустањкам намудани музаффариятњои Инќилоб ва гузаронидани таќсимоти миллї-маъмурї. С) Соли 1924 барои ташкили маърака
зидди босмачигарї. Д) Соли 1917 барои ташкили шўриши
мусаллањона.
37. Кумитаи инќилобии Бухоро кай ва бо сардории кї
ташкил ёфта буд?
А) 2-юми сентябри соли 1920 бо сардории Ф. Хољаев.
В) 14-уми сентябри соли 1920 бо сардории А. Муњиддинов.
С) 14-уми октябри соли 1920 бо сардории В. Куйбишев. Д)
14-уми сентябри соли 1920 бо сардории А. Њољибоев.
38. Китобхонаи миллии Тољикистон кай кушода шуда
буд ва ба номи кї буд? А) Соли 1924 ба номи В.И. Ленин.
В) Соли 1929 ба номи И.В. Сталин. С) Соли 1933 ба номи А.
Фирдавсї. Д) Соли 1941 ба номи А. Сино.
39. Милисаи тољик кай таъсис ёфта буд?
А) Соли 1924 бо таъсиси РАСС Тољикистон. В) Соли
1929 бо таъсиси РСС Тољикистон. С) Соли 1918 бо таъсиси
ЉШС Туркистон. Д) Ноябри соли 1917 бо таъсиси Шўрои
Комиссариати халќии уезди Хуљанд.
40. Барои чї босмачиён ба шањрњою шањракњо њуљум намекарданд?
А) Шањрњо ба муќовимат тайёр ва муташаккил буданд.
В) Шањрњо посбонњои доимї доштанд. С) Босмачиён барои
дар шањр љанг кардан таљриба надоштанд. Д) Аз шањрињо
чизи ѓорат мешудагї кам буд.
41. Сабаби асосии таъсиси бекигарии Масчоњро дар чї
мебинед?
А) Кўњистон будани Масчоњ. В) Суст будани Њокимияти
мањаллии Шўравї. С) Хоњиши мардуми Масчоњ. Д) Набудани ќуввањои дигар.
42. Барои чї бо барњам хўрдани бекигарии Масчоњ љанги шањрвандї дар вилояти Суѓд ба охир расида њисобида
мешавад?
А) Барои он ки дастањои босмачиён кам мешаванд. В) Барои
138
он ки бекигарии Масчоњ барњам хўрд. С) Барои он ки босмачигарии минбаъда характери сиёсии худро гум карда буд. Д)
Барои он ки Масчоњ маркази босмачигарии вилояти Суѓд буд.
43. Дар њаракати зиддишўравии Бадахшон кињо наќши
асосиро мебозиданд?
А) Босмачињо, рўњонињо, бойњо. В) Рўњониён, њарбињо,
афѓонњо. С) Босмачињо ва њарбиён. Д) Босмачињои Фарѓонаю Бухоро, сафедгвардиячиёни рус ва асирони њарбии румину венгер.
44. Сегонаи њарбї-сиёсии Помир кай ва барои чї ташкил ёфта буд?
А) Сентябри соли 1921 барои тезтар барќарор кардани
Њокимияти Шўравї. В) Ноябри соли 1918 барои барпо кардани Њокимияти Шўравї. С) Декабри соли 1919 барои ба
даст гирифтани ташаббус. Д) Январи соли 1925 барои таъсиси Њукумати Мухтор.
45. Воќеаи марбут ба А.Холмаков ва Тимофеев ба чї далолат мекунад?
А) Ба бастани шартнома. Б) Ба иштирокчии табаддулоти Помир будан. В) Ба роњбари ягон муасисса будан. Г) Ба
сарњадчиёни Помир будан.
46. Љанги шањрвандии солњои 20-уми асри ХХ
Тољикистон ба чанд ва кадом даврањо људо мешавад?
А) Ба ду давра: солњои 1918-1920 ва 1921-1924. В) Ба се
давра: солњои 1918-1920; 1920-1922; 1923-1924. С) Ба се давра: бањори соли 1918-охири соли 1920; тобистони соли 1921
– тирамоњи соли 1922; Тирамоњи соли 1922 – тирамоњи соли
1923. Д) Ба як давра: солњои 1918-1924.
47. Ќарор «Дар бораи таќсимоти миллии љумњурињои
Осиёи Миёна» кай ќабул шуда буд?
А) 28-уми апрели соли 1924. В) 4-уми июни соли 1924.
С) 15-уми июни соли 1924. Д) 12-уми июни соли 1924.
48. Сегонаи њарбї-сиёсии Помирро барои чї «сегона»
меномиданд?
А) Барои он ки дар њайати 3 нафар таъсис ёфта буд.
В) Барои он ки аз њайати 3 ќисмати Помир таъсис ёфта буд.
139
С) Барои он ки аз њайати 3 њизб таъсис ёфта буд. Д) Номи
махфии иттифоќе буд.
49. Љанги шањрвандии Тољикистон кадом солњо шуда буд?
А) Солњои 1918-1923. В) Солњои 1918-1924. С) Солњои
1918-1922. Д) Солњои 1918-1920.
50. Иброњимбек кї буд?
А) Босмачї буд. В) Солњои 1921-1923 сардори дастаи
босмачиёни ноњияи Лаќай-тољик ва солњои 1924-1926 сардори босмачиёни Бухорои Шарќї. С) Ќањрамони љанги
шањрвандии солњои 1918-1923. Д) Раиси Кумитаи инќилобии Кўктош.
51. Анварпошшо аз куљо буд ва барои чї ба Бухорои
Шарќї омада буд?
А) Аз Эрон ва барои ёрї ба босмачигарї. В) Аз Озорбойљон ва барои ёрї ба Њокимияти Шўравї. С) Аз Туркия
ва барои сардорї ва вусъат бахшидан ба босмачигарї. Д) Аз
Афѓонистон ва барои љанг бо шўроњо.
52. Маъракаи муборизаи зидди Анварпошшо кай гузаронида шуда буд?
А) Солњои 1921-1922. В) Солњои 1922-1923. С) Солњои
1921-1924. Д) Соли 1922.
53. Анварпошшо кай ва дар кадом ноњияи љумњурї
кушта шуда буд?
А) 4-уми августи соли 1922 дар Балљувон. В) 4-уми сентябри соли 1922 дар Ховалинг. С) 4-уми августи соли 1922 дар
Кўлоб. Д) Сентябри соли 1922 дар Сангтўдаи Данѓара.
54. Салим (Сомї) кї буд, ки номаш дар таърих гирифа
мешавад?
А) Мубориз барои мустањкам кардани шўроњо. В) Гумоштаи империализми байналхалќї, сардори босмачигарии
соли 1923 дар Бухорои Шарќї. С) Ќўрбошии Иброњимбек.
Д) Атташеи Туркия дар Љумњурии Туркистон.
55. Њайати иљтимоии босмачиёнро кињо ташкил медоданд?
А) Рўњониён ва бойњо. В) Бойњои собиќ, рўњониён ва миёнањолон. С) Намояндагони њукумати пештара ва кулли фирефташудаи бою, рўњонию, камбаѓал. Д) Бою кулакњо.
140
56. Ќањрамонњои љанги шањрвандии солњои 1918-1923ро номбар кунед.
А) А.Рањимбоев, А.Муњиддинов, А.Њусейнбоев, Ч.
Имомов. В) Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, М.
Шогадоев, М.Эркаев. С) С.Айнї, Б.Ѓафуров, А.Алиев, А.
Муњиддинов. Д) Муќим Султонов, Юлдош Соњибназаров,
Абдулло Ёрмуњаммадов, Њайдар Усмонов.
57. Сабабњои асосии ѓалабаи Шўроњоро аз болои босмачигарї ёбед.
А) Њаќ будани гуфтору рафтори шўроњо ва аскарони сурх.
В) Ноњаќ будани гуфтору рафтори босмачињо. С) Бартарии
ќуввањои шўравї. Д) Суст будани њаракати босмачигарї.
58. Сабабњои шикастхўрии њаракати зиддишўравиро нишон дињед.
А) Њаќ будани гуфтору рафтори шўроњо ва аскарони сурх.
В) Ноњаќ будани гуфтору рафтори босмачињо. С) Бартарии
ќуввањои шўравї. Д) Суст будани њаракати босмачигарї.
59. Оё босмачиён ќањрамонанд: ња ё не ва барои чї? А)
Ња, барои ба њимояи сарзамини худ бархестанишон. В) Ња,
барои љасораташон. С) Не, барои њарчи тезтар аз ќашшоќї
баромадани мамлакат садди роњ шудан. Д) Не, барои бо Њокимияти Шўравї љангидан.
60. Оё босмачиён душмани халќи худ буданд: ња ё не ва
барои чї?
А) Не, саркардањои онњо бо намояндагони халќи худ, ки
Њокимияти Шўравиро ќабул карда буданд, љангида буданд.
В) Не, онњоро бо фиреб зидди халќи худ бурда буданд ва
чун дарк карданд, аз босмачигарї аксаран даст кашиданд.
С) Не, дар ибтидо онњо барои њокимият не, барои њимояи
дини худ-ислом баромада буданд, вале аз маърифати пасти
сиёсии онњо истифода бурда, онњоро зидди њукумати ќонунї
бурда тавонистанд. Д) Ња, бо ќатлу ѓораташон, аз бунёдкорї
дур кардани халќу њукумат, ќурбонињои зиёд оварданашону
худ ќурбон шуданашон.
61. Сиёсати “коммунизми њарбї” чиро дар назар дошт?
А) Њимояи инќилоб аз саботажу ќањтї ба воситаи љорї
141
намудани маљбуриятњои (разверсткаи) озуќаворї. В) Бо
роњи њарбї њимояи давлатро. С) Таъмини озуќа ба воситаи
эълони диктатураи њарбї. Д) Њукуматро ба дасти њарбиён
супоридан.
62. Сиёсати нави иќтисодї (СНИ) чиро дар назар дошт?
А) Њимояи инќилоб аз саботажу ќањтї ба воситаи ба
љойи маљбуриятњои (разверсткаи) озуќаворї љорї намудани
андози озуќаворї ва савдои озод. В) Бо роњи бекор кардани
коммунизми њарбї њимояи давлатро таъмин кардан. С) Таъмини озуќа ба воситаи эълони андоз. Д) Њукуматро ба дасти
њарбиён бозгардонидан.
63. Шиори “Кї киро?” чї маъно дошт?
А) Раќобати (бозори) озоди саноату хољагии ќишлоќ. В)
Раќобати (бозори) озоди сотсиализму капитализм дар шароити дар дасти сотсиализм ќарор доштани њамаи воситањои
таъсиррасонї. С) Кулак камбаѓалро ё камбаѓал кулакро.
Д) Савдогар истењсолчиро ё истењсолгар савдогарро.
64. Даврањои ислоњотњои обу замини шўравиро муайян
кунед.
А) 1917-1920, 1921-1924, 1924-1937. В) 1917-1924, 19241929, 1929-1937. С) 1918-1920, 1921-1923, 1926-1929. Д) 19171936, 1937-1958, 1959-1991.
65. Аввалин мактабњои шўравии Тољикистон дар куљо
ва кай таъсис ёфтаанд?
А) Дар Душанбе соли 1923. В) Дар Хоруѓ соли 1924. С)
Дар Хуљанд соли 1918. Д) Дар Ўротеппа соли 1918.
66. Аввалин мањфилњои њаваскорони Тољикистон дар
куљо ва кай кушода щудаанд?
А) Дар Исфара соли 1921. В) Дар Исфисор соли 1920. С)
Дар Ўротеппа соли 1920. Д) Дар Хуљанд соли 1919.
67. Кай асари Ќањрамони Тољикистон С. Айнї «Намунаи адабиёти тољик» дар Москва нашр гардид?
А) Соли 1926. В) 15-уми декабри соли 1999. С) 5-уми январи соли 2001. Д) 8-уми сентябри соли 1997;
68. Аввалин театри касбии тољик кадом сол ташкил ёфтааст?
А) Соли 1924 дар Хуљанд. В) Соли 1926 дар Ўротеппа.
142
С) Соли 1932 дар Конибодом. Д) Соли 1929 дар Душанбе;
69. Љанги шањрвандї чист?
A) Љанг ба хотири ѓасби кишвари бегона. В) Љанг ба
хотири ба даст овардани њокимияти сиёсї. С) Муќовимати
ду гурўњи сиёсии ањолии як кишвар барои соњиб шудан ба
њокимияти сиёсї. Д) Ихтилофоти байни давлатњои њамсоя.
Мафњуми «босмачї» кадоме аз ин маъноњоро дорад?
A) Фидої. В) Мубориз. С) Муљоњид. Д) Њимоятгар.
70. Љумњурии Мухтори Шўравии Сотсиалистии Тољикистон кай ташкил ёфтааст?
А) 14-уми октябри соли 1924. В)15-уми марти соли 1923.
С) 31-уми декабри 1923. Д) 22-уми ноябри соли 1922;
71. Дар мубориза бар зидди Олмони гитлерї чанд нафар
тољикистониён ба унвони «Ќањрамони Иттињоди Шўравї»
сазовор гардиданд?
А) 14 нафар. В) 54 нафар. С) 8 нафар. Д) 60 нафар
72. Раиси нахустини њукумати Тољикистони шўравї кї буд?
А) Абдурањим Њољибоев. В) Абдулќодир Муњиддинов.
С) Шириншоњ Шоњтемур. Д) Нусратулло Махсум;
73. Дар ноњияњои Ашт, Конибодом, Исфара кай ва баъди кадом воќеа Њокимияти Шўравї барпо карда шуд?
A) 13-уми декабри соли 1917 баъди барњам додани
«Шўрои исломия». В) Феврали соли 1918 баъди барњам
додани «Мухторияти Ќўќанд». С) Марти соли 1918 баъди
барњам додани «Дружинаи халќии русї». Д) Ноябри соли
1918 баъди барњам додани «Уламо»;
74. Пешвоёни асосии дастањои босмачиёни Бухорои
Шарќиро муайян кунед?
A) Авлиёкулбек, Ашўртўксабо, Кўри Барот. В) Иброњимбек, Анварпошшо, Фузайлмахсум, Давлатмандбой, эшони
Султон. С) Ќайюм парвоначї, Хуррамбек, Мулло Тоњир. Д)
Салимпошшо, Туѓайсарї, эшони Султон.
75. Дар замони шўравї дар Тољикистон чанд маротиба
ислоњоти алифбо гузаронида шуд?
А) 3 маротиба, солхои 1924, 1926, 1940. В) 1 маротиба,
соли 1928. С) 2 маротиба, солхои 1928-1929, 1940. Д) 4 маротиба, солхои 1929, 1930, 1940, 1946;
143
76. Љумњурии Мухтори Шўравии Сотсиалистии Тољикистон кай ташкил ёфтааст?
А) 14-уми октябри соли 1924. В) 15-уми марти соли 1923.
С) 31-уми декабри соли 1923. Д) 22-юми ноябри соли 1922;
77. Инќилоби сотсиалистї чист?
A) Навъи олї ва баландтарини инќилоби иљтимої мебошад. В) Навъи баланди инќилоби буржуазї мебошад. С)
Навъи олии инќилоби буржуазї-демократї мебошад. Д)
Инќилоби феодалиро меноманд;
78. Љанги шањрвандї дар Тољикистони баъдинќилобї
кадом солњо љараён гирифтааст?
A) Солњои 1920-1924. В) Солњои 1918-1923. С) Солњои
1921-1923. Д) Солњои 1922-1924;
79. Аввалин НБО (ГЭС)-и Тољикистон дар куљо ва кай
ба кор андохта шудааст?
А) Варзоби боло дар шимоли Душанбе соли 1937.
В) Ќайроќќум дар Сирдарё соли 1958. С) Варзоби поён соли
1960. Д) Норак дар Вахш соли 1972.
80. Аввалин поезд кай ба Душанбе омадааст?
А) 11-уми сентябри соли 1929. В) 12-уми апрели соли
1927. С) 25-уми октябри соли 1925. Д) 7-уми ноябри соли
1930. Е) 26-уми октябри соли 1993;
81. Кадом сол Душанбе пойтахти Љумњурии Тољикистон
эълон гардид?
А) Октябри соли 1924. В) Декабри соли 1924. С) Январи
соли 1926. Д) Октябри соли 1929. Е) Сентябри соли 1939;
82. Санаи барпокунии Њокимияти Шўравиро дар Душанбе муайян кунед.
A) 24-уми феврали соли 1921. В) 21-уми феврали соли
1921. С) 27-уми феврали соли 1921. Д) 15-уми марти соли
1921.
83. Кадом солњо шањри Душанбе номи Сталинободро
дошт?
A) Солњои 1928-1960. В) Солњои 1929-1962. С) Солњои
1929-1961. Д) Солњои 1930-1953.
84. Отряди ихтиёрї тањти сарварии кї Иброњимбекро
дастгир намуд?
144
А) Муќим Султонов. В) Бобохон Њамдамов. С) Љўра Зокиров. Д) Хубоншо Кирмоншоев;
85. «Дружинаи халкии русї» дар кадом минтаќаи кишвари Туркистон амал мекард?
A) Дар Панљакент. В) Дар Тошканд. С) Дар Ўротеппа.
Д) Дар Самарќанд;
86. Созмони «Шўрои исломия» чї гуна ташкилот буд?
A) Ташкилоти зиддиинќилобї буд. В) Моњи марти соли
1917 ташкил ёфта, ѓояњои панисломї ва пантуркистиро
тарѓиб менамуд. С) Созмони тоторњои Осиёи Миёна буд. Д)
Соли 1918 ташкил ёфта, «Мухторияти Ќўќанд»-ро созмон
дод;
87. Сохтмони кадом канал соли 1931 шурўъ гардид?
А) Вахш. В) Фарѓона. С) Њисор. Д) Сомѓор.
88. Раиси нахустини Кумитаи Инќилобии Бухороро муайян кунед. A) Абдулќодир Муњиддинов. В) Файзулло Хољаев. С) Чинор Имомов. Д) Нусратулло Махсум.
89. Соли 1922 барои мустањкам намудани Њокимияти
Шўравї дар Бухорои Шарќї боз кадом маќомоти иловагии
муваќќатї таъсис дода шуда буд? A) Комиссияи њарбии сегона. В) Комиссияи фавќулодаи диктаторї. С) Мухторияти
Ќўќанд. Д) Комиссияи муваќќатї;
90. Ба њайати Сегонаи њарбї-сиёсии Помир кињо дохил
буданд? А) Шириншо Шоњтемуров, А.Њусейнбоев, М.Дяков. В) Тимофеев, Воловик, Холмаков. С) А. Рањимбоев, М.
Ткачев, Ф. Колесов. Д) М. Андреев, Б. Бартолд, С. Тимофеев.
91. Бухоро кай ва дар кадом анљуман Љумњурии Халќии
Шўравї эълон карда шуд? A) 6-8-уми октябри соли 1920
дар Ќурултойи (Анљумани) якуми умумибухорої. В) 6-уми
сентябри соли 1920 дар анљумани V ЊК Бухоро. С) 11-уми
сентябри соли 1920 дар љаласаи Шўрои нозирони халќї. Д)
14-уми сентябри соли 1920 дар маљлиси Кумитаи Инќилобии
умумибухорої.
92. Гумоштагони давлатњои хориљї, ки зидди шўроњо
мечангиданд, кињо буданд? A) Иброњимбек, Давлатманбой.
145
В) Фузайлмахсум, эшони Султон. С) Хуррамбек, Рањмонќул.
Д) Анварпошшо, Сомї (Салим).
93. Кадом сол Њокимияти Шўравї дар шањрњои Конибодом ва Исфара барпо гардида буд? А) Соли 1917. В) Соли
1918. С) Соли 1919. Д) Соли 1920.
94. Кай СССР (ИЉШС) ташкил гардида буд? A) Моњи октябри соли 1917. В) Моњи ноябри соли 1918. С) Моњи марти
соли 1919. Д) Моњи декабри соли 1922.
95. Ташаббускори таќсимоти миллї-марзии соли 1924
кї(њо) буд? А) Файзулло Хољаев, А.Рањимбоев. В) Њизби
коммунистї ва Њукумати Шўравї. С) С.Айнї, Б.Ѓафуров.
Д) Ўзбекистон, Туркистон.
96. Барои гузарондани таќсимот кадом маќомотњо таъсис ёфта буданд? А) Шўрои њамоњангсози таќсимот. В) Комиссияи њамоњангсози таќсимот. С) Комиссияњои миллии
таќсимот. Д) Шўрои миллии таќсимот.
97. Барои чї комиссияи таќсимоти тољикї дер таъсис
ёфт? А) Тољикон дер талаб карданд. В) Њукумати давру замон нахост. С) Аксари тољикон берун аз хоки шўравї монда
буданд. Д) Тољикони мансабдори манкурт нахостанд.
98. Мухторияти сиёсї чист? А) Њолатест, ки воњиди сиёсии минтаќаеро эътироф мекунанд. В) Њолатест, ки воњиди миллии минтаќаеро эътироф мекунанд. С) Њолатест, ки
воњиди љуѓрофии минтаќаеро эътироф мекунанд. Д) Њолатест, ки воњиди сиёсї, миллї, љуѓрофии минтаќаеро эътироф
мекунанд.
99. Барои тољикон кадом воњидњои мухториро (вилоят, љумњурї) раво дониста буданд ва барои чї? А) Вилояти
Мухтор, чунки душмани бисёр дошт. В)Љумњурии Мухтор
барои камшумор буданашон. С) Љумњурии Мухтор барои
бетарафии мардумашон. Д) Љумњурии Мухтор аз беадолатињои комиссияњои таќсимот.
100. Соли 1924 кадом љумњурињои Осиёи Миёнаро таќсим карда буданд? А) РАСС Туркистон, РСС Бухоро, РСС
Хива. В) РСФСР, РАСС Туркистон, ЉХШ Бухоро. С) ЉХШ
146
Бухоро, ЉХШ Хива, ЉШС Туркистон. Д) Туркманистон,
Ќирѓизистон, Ўзбекистон.
101. Кадом ќисматњои ЉМШС Туркистон ба Тољикистон
дохил шуда буд? А) Ќисматњои фарѓонагї. В) Ќисматњои Зарафшонї. С) Ќисматњои округи Хуљанд ва ќитъаи сарњадии
Помир. Д) Ќисмати Сирдарё.
102. Кадом ќисматњои ЉШС Бухоро ба ЉМШС Тољикистон дохил гардида буданд? А) Бухорои Ѓарбї. В) Бухорои
Марказї. С) Бухорои Шарќї. Д) Бухорои Љанубї.
103. Бухорои Шарќї гуфта куљоро медонистанд ва медонанд? А) Ѓарбии ВМКБ (Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон). В) Тољикистони Љанубї ва Марказиро. С) Водињои
Вахшу Њисорро. Д) Ќаротегину Дарвозро.
104. Комиссияи фавќулодаи диктаторї чї гуна комиссия буд, барои чї ва кай таъсис ёфта буд? А) Комиссияи муваќќатї барои гузаронидани интихобот соли 1926. В) Комиссияи давлатї оид ба корњои Бухорои Шарќї соли1922.
С) Комиссияи давлатї барои гузаронидани ислоњоти замин,
соли 1918. Д) Комиссияи вилоятї барои баргардонидани
округи Хуљанд ба њайати РСС Тољикистон соли 1929.
105. Анљумани якуми намояндагони Бухорои Шарќї кай
доир гашт ва кадом масъалањоро њал кард? А) Соли 1924,
масъалаи таќсимотро. В) Соли 1926 масъалаи интихоботро.
С) Соли 1926 масъалаи ташкилии анљумани якуми шўроњоро. Д) Соли 1929 масъалаи таъсиси РСС Тољикистонро.
106. Ташкилоти њизбии округи Хуљанд кай таъсис ёфта
буд? А) Марти 1917. В) Ноябри 1917. С) Декабри 1917. Д)
Марти 1918.
107. Комитетњои Инќилобии ЉМШС Тољикистон кадом
солњо фаъолият карда буданд? А) 1917-1929. В) 1921-1929.
С) 1924-1929. Д) 1924-1941.
108. Интихобот ба шўроњои солњои 1925-1926 кадом масъалаи асосиро њал карда буд? А) Аз комитетњои инќилобї ба
шўроњо гузаштанро. В) Таъсиси њукуматњои мањаллиро. С)
Маъракаи навбатии интихоботро. Д) Аз идорањои давлатї
дур кардани бойњоро.
147
109. Њуљљатњои Анљумани якуми таъсисии шўроњои
ЉМШС Тољикистонро номбар кунед. А) Ќонун дар бораи
озодии занњо, Мурољиат ба халќњои Афѓонистон. В) Эъломияњо, ќарорњо, мурољиатномањо. С) Лоињаи наќшаи азнавбарќароркунии мамлакат. Д) Ќонун дар бораи судњо.
110. Декларатсияњои ќабулкардаи Анљумани якуми
шўроњои умумитољикистонї чиро эълон карда буд? А) Муваффаќиятњоро дар муборизаи зидди босмачигарї. В) Рафти ислоњоти обу заминро. С) Таъсисёбии ЉМШС, ќўшунњои
миллї, миллї гардондани захирањои табиї ва љорї кардани
таълими умумиро. Д) Гузаронидани ислоњоти обу заминро.
111. Фарќи кумитањои инќилобї аз шўроњо дар чї буд?
А) Дар ном. В) Кумитањои инќилобиро њарбиён ташкил медоданду шўроњоро њизбиён. С) Њељ фарќе надштанд.
Д)
Кумитањои инќилобиро таъйин мекарданду шўроњоро интихоб.
112. Дар солњои 20-уми асри ХХ чї гуна кооперативњо
вуљуд доштанд, муайян кунед? А) Кооперативњои истеъмолї,
харидуфурўш, ќарздињї, истењсолї. В) Кооперативњои саноатї, хољагии ќишлоќ, њунармандї. С) Кооперативњои давлатї ва хусусї. Д) Кооператсияњои хизматњои маишї, бонкї.
113. Корхонањои саноатии дар солњои 1925-1929 дар
љумњурї сохташуда кадомњо буданд? А) Комбинатњои бофандагии Душанбе ва Хуљанд. В) Фабрикаи «Бофанда»-и
шањри Хуљанд, роњи оњани Тирмиз-Душанбе. С) Заводњои
арматурабарории Душанбе, агрегати Исфара. Д) ГЭС-и Варзоб, заводи нони Душанбе.
114. Аввалин роњи оњани Бухорои Шарќї кай сохта шуда
буд? А) Солњои 1920-1926. В) Солњои 1924-1929. С) Солњои
1926-1929. Д) Солњои 1929-1932.
115. Марњалањои мубориза бар зидди Иброњимбекро
муайян кунед. А) Солњои 1920-1924, 1924-1926,1926-1931. В)
солњои 1922-1923, 1924-1926,1929-1931. С) Охири тобистону
авали тирамоњи 1921, охири тирамоњи соли 1921-тирамоњи
соли 1923, солњои1924-1926, бањори соли 1931. Д) 1921-1931.
148
116. Дар хотираи мардум аз бадкирдорињои Фузайл то
ба имрўз чињо бештар боќї мондааст?. А) Ному ватанаш.
В) Ривоятњо дар диёраш. С) Сабти бадињояш дар китобњо.
Д) Ќатли 3 муаллимаи њоитї ва ќабристонњои бародарии
дењаи Нимичу шањраки Ѓарм.
117. Шаклњои мактабњои солњои 20-умро номбар кунед. А) Мактабњои нав(шўравї), куњна, мањви бесаводї.
В) Мактабњои наву куњна. С) Мактабњои усули наву љадидї.
Д) Мактабњои русї-мањаллї.
118. Аввалин театри касбии тољик кай ва дар куљо таъсис ёфта буд ва њоло кадом аст? А) 1924 дар Хуљанд театри
ба номи Камоли Хуљандї. В) Соли 1929 дар Душанбе Театри ба номи А.Лоњутї. С) Соли 1933 дар Душанбе театри ба
номи С.Айнї. Д) Соли 1936 дар Душанбе театри ба номи
Маяковский.
119. Муассисањои илмии солњои 20-уми Тољикистонро
номбар кунед. А) Надошт. В) Филиали тољикистонии АИ
СССР. С) Донишкадаи илмї-тањќиќотии назди Њукумати
Тољикистон, Љамъият барои омўзиши Тољикистон ва эрониёни берун аз он. Д) Экспедитсияњои илмии мардумшиносї бо
роњбарии Семенов ва Андреев.
120. Сабабњои ба алифбои лотинї гузаштанро муайян
созед. А) Дар алифбои арабиасоси тољикї дидани диндории
омма. В) Таќлид ба Озарбойљон. С) Њарчи тезтар ва бо харољоту ваќти камтар барњам додани бесаводї.
121. Шартњои асосии конститутсионии таъсисёбии љумњурии соњибихтиёри шўравї чињо буданд? А) Шумораи ањолї
(аз 1 млн. зиёд), њудуди муайяну яклухт доштан, бо ягон давлати хориљї сарњад доштан. В) Дар давраи таќсимот фаъолу
иштирокчї будан. С) Дар комиссияњои миллии таќсимот тарафдори зиёд доштан. Д) Сиёсатро ба њисоб гирифтан.
122. Округи тољикии Хуљанд барои чї ба Ўзбекистон
њамроњ карда шуда буд, шарњи дурусттарашро ёбед? А) Се
атрофашро њудудњои Ўзбекистон ињота мекард. В) Барои
он ки Тољикистон Љумњурии мустаќил нагардад, ўзбекгаро149
ён даъво мекарданд, ки гўё Бухорои Шарќї барои ба њаёти
осоишта гузаштан њоло тайёр нест, аммо округи Хуљанд баробари Ўзбекистон барои ба њаёти осоишта гузаштан тайёр
аст ва то давраи њалли масъалаи босмачигарии Тољикистон
Хуљанд муваќќатан ба Ўзбекистон дохил карда шавад. Бо ин
роњ њам талаботи конститутсия риоя шуду халќи шуморааш
аз 1 млн. нафар зиёд тибќи конститутсияи соли 1924-и СССР
њаќ дошт, ки на љумњурии мухтор, балки љуњурии мустаќил
шавад) њам Тољикистон Мухтор гардид. С) Таќсимгарон њамин хел лозим дониста буданд. Д) Ноњаќињои бешуморе барои тољикон шуда буд.
123. Округи Хуљанд барои чї ва кай ба ЉМШС Тољикистон баргардонда шуда буд? А) Иљрои ваъда, октябри 1929.
В) Иљрои ваъда, сентябри соли 1929. С) Баъди талошњои зиёди Њукумати Љумњурї ва њисоботњо назди Њукумати СССР
(ИЉШС), 4-уми сентябри соли 1929. Д) Баъди таќсимоти
ЉШС Ўзбекистон, 1929.
124. Ба муассисањои фарњангї – маърифатї чињо дохил
мешаванд, муайян кунед? А) Ќасрњо ва хонањои маданият. В) Муассисањои кино ва телевизион. С) Театрњо, клубњо
боѓњои истироњатї. Д) Театрњо, клубњо, ќасрњо ва хонањои
маданият, китобхонањо, осорхонањо, боѓњо, гулгаштњо.
125. ЉШС Тољикистон чандумин љумњурї шуда, ба њайати СССР (ИЉШС) дохил гардида буд? А) Њафтумин. В) Шашумин. С) Панљумин. Д) Чорумин.
126. Аз таќсимоти соли 1929 Тољикистон чї бурдњо карда буд, асосињояшро ёбед. А) Дар фаъолияташ соњибихтиёр
гардид. В) Соњибихтиёр гардид, каме њудудашро зиёд намуд, барои тараќќиёти ояндааш имконияти бештаре гирифт.
С) Имконияти бо таъйиноти асосї сарф кардани буљет зиёд
гардид. Д) Овози ўро дар минбарњо мешунавидагї шуданд.
127. Шарњи бењтари мафњуми саноатикунониро муайян
намоед. А) Корхонањои саноатї сохтанро ифода менамояд.
В) Рушди саноатро талаб мекард. С) Мамлакатро аз таъсири техника ва технологияи хориљї ба воситаи сиёсати инкишофи босуръати хусусан саноати вазнин, инчунин саноати
сабук баровардан буд. Д) Сарвати давлат ва халќро зиёд мекард.
150
МАВЗЎИ 3. ТОЉИКИСТОН ДАР ДАВРАИ
АНЉОМЁБИИ СИЁСАТИ БУНЁДИ АСОСЊОИ
ЉОМЕАИ СОТСИАЛИСТЇ
§ 32. СИЁСАТИ ШЎРАВИИ САНОАТИКУНОНИИ
МАМЛАКАТ ДАР ДАВРАИ ГУЗАРИШ БА ЉОМЕАИ
СОТСИАЛИСТЇ
Мазмун ва фањмиши љамъиятии саноатикунонї. Саноатикунонї сиёсати махсуси Давлати Шўравї буд, ки њукумат
роњи ба вуљуд овардани умуман саноати сотсиалистиро ва
хусусан саноати вазнинро пеш гирифта буд. Саноатикунонии мамлакат дар солњои 30-юм њадафњои миллї, њудудї
ва љумњуриявї надошта, балки њадафи сиёсии сохтани сотсиализм дар тамоми љумњурињои СССР (ИЉШС) буд, яъне
саноатикунонии СССР (ИЉШС) њамчун сиёсат, ба вуљуд
овардани саноати вазнини ватание буд, ки давлатро бояд
аз таъсири технологияи беруна њимоя ва талаботи хољагии
халќи худро ба воситањои истењсолоту моли саноати ватанї
таъмин мекард. Дар татбиќи ин сиёсат моњияти иќтисодї,
сиёсї ва иљтимоии самараи саноатикунонї ба њисоб гирифта шуда буд, вале моњияти минтаќавї ва миллии самараи
саноатикунонї ба инобат гирифта нашуда буд. Ин камбудї
заминаи сиёсї надошт. Он бештар заминаи танќисии иќтисодї ва баъдан касбию технологї дошт. Саноатикунонї
маблаѓи калон, неруи илмї, техникї, касбї ва захирањои
табииро талаб мекард. Танќисии молиявї хоси њама минтаќањо ва љумњурињо буд, вале неруи илмї, техникї, касбї
ва захирањои табиї дар њамаи минтаќањо ва љумњурињои собиќ СССР (ИЉШС) якхела набуд.
Дар давраи саноатикунонї дар СССР (ИЉШС) корхонањое сохта шуданд, ки бунёд намудани онњо шарт ва
зарур буд, вале имкони сохтани корхонаи саноати вазнин
дар њамаи минтаќањои СССР (ИЉШС) вуљуд надошт. Њукумати СССР (ИЉШС) њарчи арзонтар сохтан, зуд ба кор
андохтани корхонаро њадафи асосии худ ќарор дода, баъзан њадафњои минтаќањои миллиро њам ба назар гирифта
буд. Аз љумла, дар Тољикистон корхонањои саноати вазнин
– истењсолкунандаи таљњизот сохта нашуд, чунки Тољикис151
тон буљети бунёд кардан, неруи технологию синфи коргари ташаккулёфта ва интеллигентсияи техникии ба сохтану
ба кор андохтани чунин корхонањои калони саноати вазнин
ќодирро надошт. Аз ин рў, корхонањои саноати вазнин дар
љойњое сохта шуданд, ки аввалан, манбаи неруи технологї,
захирањои табиї ва синфи коргари техникї доштанд. Чунин имкониятро боз њамон марказњои саноатии пештара
Маскав, Донбасс, Кузбасс, Сибири Ѓарбї, Урал доштанд
ва боз дар њамон минтаќањо корхонањои саноати вазнини
СССР (ИЉШС) сохта шуда буд. Дар Тољикистон дар давраи сиёсати саноатикунонї асосан корхонањои саноати сабук – саноати хўрокворї, бофандагї, корхонањои коркарди
ашёи хоми саноатї сохта шуда буд. Як љињати хоси саноатикунонии Тољикистон он буд, ки ин сиёсат ба ѓайр аз сохтани корхонањои саноатї инчунин њадафи ба вуљуд овардани
синфи коргари миллии Тољикистонро њам дар назар дошт.
Љињати дигари саноатикунонии Тољикистон аз саноати сабук сар кардани саноатикунонии љумњурї мебошад. Фарќи
дигари саноатикунонии љумњурї дер оѓоз ёфтани он ва аз
рўйи наќшањои панљсола гузаронидани он буд. Саноатикунонии мамлакат дар асоси ќарори Анљумани Х1У ВКП(б)
соли 1925 сурат гирифта буд. Ин анљуман анљумани саноатикунонї ном гирифта буд.
Наќшаи саноатикунонии Тољикистон. Чї тавре аз дарси
гузашта маълум гардид, масъалаи саноатикунонии мамлакат
њанўз аз ибтидои фаъолияти Њукумати Шўравї вуљуд дошт
ва назари он њукумат он буд, ки Русия ва СССР (ИЉШС) боз
то дер давлати аграрї боќї хоњанд монд. Дар доираи сиёсати саноатикунонии СССР (ИЉШС) тибќи наќша ЉМШС
Тољикистон њамчун минтаќаи бо ашёи хоми саноатї таъминкунандаи минтаќањои саноатии СССР (ИЉШС) дониста
шуда буд, вале оид ба саноатикунонии Тољикистон њамчун
сиёсати махсуси ба халќњои (љумњурињои) пешќадами СССР
(ИЉШС) баробар кардани халќу саноати тољик аз соли 1927
сухан оѓоз ёфту амал дар асоси директиваи панљсолаи якуми тараќќиёти хољагии халќи Тољикистон сар шуд. Наќшаи амалии саноатикунонии Тољикистонро аз баромади А.
Њољибоев дар маљлиси Президиуми КИМ-и Шўрои РАСС
Тољикистон дида метавонем. Дар он оид ба сохтани корхо152
нањои саноатие, ки бояд дар асоси ашёи хоми љумњурї кор
мекарданд, сухан рафтааст. Ба наќша гирифта шуда буд, ки
корхонањои зерин сохта шаванд: осиёбњо (заводњои орд), анборњои ѓалла (элеваторњо), заводњои коркарди шолї, пивопазї, муассисањои истењсоли шоњї, коркарди пўст, собунпазию равѓанкашї, коркарди оњан (механикї), полиграфї,
хишт, неругоњњои барќи обї (ГЭС). Ин андешањо асоси наќшаи панљсолаи якуми тараќќиёти хољагии халќи љумњурї
барои солњои хољагии 1928/1929–1932/1933 гардида буданд.
Дар наќшаи панљсолаи якум номгўйи соњањои саноат бештар гардида, соњањои асосии он мушаххас ва номгўйи мањсулоти онњо аниќ карда шуда буданд.
Буљети умумии панљсолаи якуми ЉМШС Тољикистонро
ЉШС Ўзбекистон муайян карда буд ва он барои тараќќиёти
љумњурї њамагї 271,4 млн. сўмро соли 1928 ташкил медод,
ки 18% буљети умумии Ўзбекистонро дар бар мегирифт. Барои саноатикунонии Тољикистон њамагї 25,2 млн. сўм људо
шуда буд. Вале ба саноати Тољикистон зиёда аз 82 млн. сўм
сарф гардида буд, ки аз њисоби маблаѓгузории Њукумати
СССР (ИЉШС) ва љумњурињои бародарї буд.
Сохтмони комбинати
шоњибофии Хуљанд (с. 1931)
Намуди умумии комбинати
бофандагии Душанбе. (с.1939)
Дар панљсолаи дуюм (1933-1937) ба саноати љумњурї
370,81 млн сўм људо карда шуда буд, ки нисбат ба панљсолаи якум 14 баробар зиёд буд. Маблаѓгузорињои Њукумати
СССР (ИЉШС) ва љумњурињои бародар низ дар назар буд.
Њамаи ин имконият дод, ки соњањои асосии саноати
љумњурї муайян гарданд. Дар давраи панљсолањои якум ва
дуюм дар Тољикистон сохтмони 42 корхонаи нав ва таљњизонидани тамоми корхонањои куњна ба наќша гирифта шуда буд.
Соњањои асосии саноати вазнини љумњурї инњо буданд:
153
корхонањои коркарди металл (заводњои механикї) ва
истењсоли металл (асосан металлњои рангаи Ќарамазор); саноати кўњї (конњои маъдан, сўзишворї); саноати барќ (неругоњњои барќи обї ва дизелї).
Дар саноати сабук заводњои пахтатозакунї, фабрикањои
ресандагї, бофандагї, дўзандагї, рангуборкунї, хўрокворї, корхонањои нонпазї, ширу панир, нўшокињои спиртию беспирт, ќаннодї, равѓанбарорї, шарбатњои мевагї,
коркарди мева, гўшт; дар саноати сохтмон заводњои хишт,
оњак, ранг, коркарди чўбу тахта буданд. Маќсад аз саноатикунонии љумњурї тањкурсї гузоштан ба саноати љумњурї ва
соњањои асосии он барои дањсолањои минбаъда буд.
Луѓат
1. Саноатикунонї - калимаи сермаънї буда, дар илмњои љомеашиносї бо се маънї истифода мешавад:
а) сохтани корхонањои типи заводу фабрикї;
б) сохтани корхонањои истењсолкунандаи таљњизоту мошин;
в) њамчун сиёсати махсуси давлатї барои њалли масъалае ё
умуман масъалањои саноат, истифода мешавад. Дар таљрибаи
љањонї саноатикунонї дар ду шакл истифода шудааст: саноатикунонї њамчун раванди табиии соња ва саноатикунонї њамчун сиёсати махсус. Дар матни ин китоб саноатикунонї њамчун сиёсат
истифода мешавад.
2. Панљсола – наќшањои кўтоњмуддати барои 5 сол пешбинишавандаи тараќќиёти хољагии халќро меномиданд. Панљсолаи
аввал солњои хољагии 1928/1929-1932/1933 ва дувум солњои 1933
- 1937-ро дар бар мегирифт.
Савол ва супоришњо
1. Мафњуми «саноатикунонї»-ро шарњ дињед.
2. Саноатро ба соњањо људо намоед.
3. Саноати истењсолкунандаи воситањои истењсолотро шарњ
дињед.
4. Дар Тољикистон кадом соњањои саноат вуљуд дошт?
5. Барои чї дар сиёсати саноатикунонии мамлакат барои
Тољикистон саноати сабукро пешбинї карда буданд?
154
§ 33. СОЊАЊОИ АСОСИИ САНОАТИ ЉУМЊУРЇ ДАР
РАВАНДИ СИЁСАТИ САНОАТКУНОНИИ
МАМЛАКАТ
Саноати хўрокворї. Ба саноати хўрокворї њамаи он корхонањое дохил мешуданд, ки мањсулоти тайёр ва нимтайёри
ѓизої истењсол мекарданд: нон ва мањсулоти нонї, гўшт ва
мањсулоти гўштї, ширинињо, панирњо, равѓанњои истеъмолї, нўшокињои спиртдору беспирт, шарбатњои меваю
сабзавот, ѓалла ва мањсулоти ѓаллагї, меваи тару хушк, чорво ва мањсулоти чорво, парандапарварї ва мањсулоти он ва
ѓ. Аз рўйи наќшањои панљсолањои 1 ва 2 дар Тољикистон
корхонањои нонпазї дар шањри Душанбе, шањрњои Хуљанд,
Исфара, Кўлоб, Ќўрѓонтеппа, Панљакент ва дар маркази њамаи ноњияњои љумњурї сохта ба кор андохта шуда буданд.
Дар солњои саноатикунонї саноати коркарди мева ва
истењсоли шарбатњои гуногуни мевагї, заводњои шаробкашї рушд ёфтанд, чунки ашёи хом барои ин корхонањо
вуљуд дошт. Дар Душанбе, Хуљанд, Ўротеппа, Панљакент,
Конибодом, Исфара, Регар, Њисор, Янгибозор (Вањдат),
Ѓарм, Кўлоб, Ќўрѓонтеппа, Шањритус заводњои машруботи
спиртї ва корхонањои шарбатњои мевагї сохта, ба кор андохта шуда буданд.
Ќарор шуда буд, ки саноати коркарди пахта ба дараљаи
лозима инкишоф дода шавад, то ки коркарди тамоми чигити пахта дар Тољикистон анљом ёбад, истењсоли равѓани
пахта ва собун ба роњ монда шавад. Дар Душанбе, Янгибозор (Вањдат), Регар, Ќўрѓонтеппа, Кўлоб, Хуљанд, Исфара
заводњои равѓани пахта ва дар Душанбе заводи собунпазї
сохта ба кор андохта шуданд. Сохтмони заводњои коркарди
шири Душанбе ва Хуљанд, фабрикањои панири Душанбе ва
Хуљанд, камбинати гўшти Душанбе ва Хуљанд (сохтмонашон оѓоз ёфта буд), заводњои орди шањри Душанбе, Янгибозор, Хуљанд сохта шуда буданд.
Сохтмони корхонањои саноатї. Сохтмони корхонањои
саноатї дар солњои 30-юм аз рўйи наќшањои давлатии панљсолањои якум (1928-1932), дуюм (1933-1937) ва сеюм (1938155
1942) амалї карда шуда буд. Маблаѓгузорї ба соњаи саноат
аз панљсола ба панљсола бамаротиб зиёд мегардид. Масалан, дар панљсолаи якум ба саноат њамагї 25,2 млн. сўми
соли 1928, ки 14% маблаѓгузорї ба панљсоларо ташкил медод, људо шуда бошад, дар панљсолаи дуюм он ба 371,4 млн.
сўм расонда шуд , ки ќариб 27% маблаѓи умумиро ташкил
дода буд. Корхонањои саноатии Тољикистон дар панљсолаи якум ба маблаѓи 51 млн. сўм ва дар панљсолаи дуюм ба
маблаѓи 187 млн. сўм мањсулот истењсол карда буданд. Дар
панљсолаи сеюм бошад, њиссаи маблаѓи барои саноат људошуда аз 50% маблаѓи умумї боло рафт.
Саноати маводди сохтмонї. Эхтиёљ ба маводди сохтмонї
пеш аз њама, зарурати сохтани корхонањои истењсоли хишт,
санг ва мањсулоти чўбу тахтаро пеш овард. Дар солњои 19291938 заводњои хишти шањри Душанбе (соли 1929), Кўлоб
(1931), ноњияи Шањринав (1932), Пролетар (1932), шањри
Хуљанд (1936), Исфара (1936), Панљакент (1936), ноњияи
Шањритус (1936) ва Кўктош (1936); заводњои истењсоли маводди сохтмонии Душанбе (1930), Исфара (1931), комбинати чўбу тахтаи Душанбе (1938), заводи асфалти Душанбе (1938), заводи истењсоли сафолакњои бомпўши Душанбе
(1939), заводи сементи Душанбе (1939), заводи оњаки Помири Шарќї (1940) сохта ба кор андохта шуданд.
Саноати бофандагї. Дар солњои 1929 - 1938 дар Тољикистон бо сабаби вуљуд доштани имкониятњои моддї (ашёи
хом ва ќувваи корї) саноати бофандагї, пеш аз њама, саноати абрешим хеле тез инкишоф ёфт. Дар наќшаи панљсолаи
якум сохтмони фабрикањои абрешимресии Хуљанду Душанбе пешбинї шуда буд ва он соли 1930 оѓоз гардид. Њаёт
исбот кард, ки Тољикистон дар ривољ додани корхонањои
истењсоли матоъњои абрешимї имкони бештар дорад. Дар
панљсолањои дуюм ва сеюм ин ду корхонаи абрешимресї ба
комбинатњои абрешим табдил ёфтанд. Комбинати абрешими шањри Хуљанд ба ќатори корхонањои калонтарини истењсоли матои абрешимии СССР (ИЉШС) дохил шуд. Ин њар
ду корхона – комбинати шоњибофии Хуљанд ва фабрикаи
156
шоњибофии Душанбе солњои 1931-1935 сохта ба кор андохта шуданд. Хуљандињо дар собиќ СССР (ИЉШС) аввалин
шуда, бо дастгоњ бофтани шоњиро ба роњ монданд. Солњои
1929-1938 дар Тољикистон истењсоли матоъњои пахтагин
њам пеш рафт. Сохтмони комбинати бофандагї ва фабрикаи трикотажии Душанбе давом ёфт. Аввалин фабрикаи
ресмонресии ресмонњои пахтагин – комбинати бофандагии
Душанбе соли 1932 ба кор дароварда шуд. Солњои панљсолаи дуюм фабрикањои бофандагї ва рангуборкунии корхона ба кор сар карданд. Комбинати бофандагии Душанбе
калонтарин корхонаи саноати бофандагии матоъњои пахтагини Осиёи Миёна ба њисоб мерафт.
Дар солњои 30-юми асри ХХ саноати чарм ва пойафзоли
љумњурї низ инкишоф ёфт. Солњои 1929-1937 заводи чарми
шањри Душанбе (1930-1935), фабрикаи пойафзоли Душанбе (1935), фабрикаи пойафзоли Хуљанд (1936) ба кор шурўъ
карданд. Соли 1934 фабрикаи дўзандагии Душанбе (баъдтар Иттињодияи дўзандагии ба номи Зайнаббибї) ба кор сар
кард.
Саноати пахтатозакунии љумњурї хеле пеш рафт. Њамаи заводњои пахтатозакунї аз нав љињозонида шуданд.
Љумњурї дорои 10 заводи пахтатозакунї – Душанбе-2,
Кўлоб-2, Ќўрѓонтеппа-2, Саройкамар-1, Хуљанд-2, Шањритус-1 буд, ки дар соли 1938 нисбат ба соли 1928 чор баробар зиёд пахта тоза карданд. Солњои панљсолањои якум ва
дуюм заводњои равѓанкашии Ќўрѓонтеппа ва Кўлоб, заводи
орди Янгибозор (1936), Ќўрѓонтеппа (1932) ба кор сар карданд. Дар солњои 30-юм заводњои шаробкашии Шањринав,
Душанбе, Ѓарм, Кўлоб, Хуљанд, Ўротеппа, заводњои нони
Душанбе, Хуљанд, Ќўрѓонтеппа, заводњои механикї ва таъмири автомобили шањрњои Душанбе, Хуљанд, Ќўрѓонтеппа
сохта ба кор андохта шуданд.
Саноати вазнини љумњурї ва масъалањои он. Ба саноати
вазнини љумњурї асосан заводњои механикї (дар Душанбе,
Ќўрѓонтеппа, Хуљанд, Исфара ва Конибодом) мансуб бу157
данд. Сохтмони неругоњњои
барќи обии Варзоби Боло,
Хоруѓ ва Вахшу Норак ба
наќша гирифта шуданд. Ду
неругоњи аввалро пештар
сохта ба кор андохтанд, вале
сохтмони неругоњњои Вахшу Норак бо сабабњои техникї таъхир ёфт. Неругоњњои Неругоњи барќи обии (НБО) Варзоб (Варзоб ГЭС) с. 1937
хурди дизелї дар назди корхонањои сохташаванда ва ё
минтаќањои саноатї сохта мешуданд.
Саноати кўњї. Дар Тољикистон дар солњои 30-юм чї дар
доираи саноатикунонї ва чї дар рафти иљрои панљсолањо ба
корњои љустуљўйи геологї ањамияти калон дода шуда буд. Дар
солњои 1930-1937 дар Тољикистон Комиссияи илмии тољикї
(1930-1931), экспедитсияњои помирї (1929-1931), экспедитсияи комплексии Тољикистон (1932), экспедитсияи комплексии тољикї – помирї (1932-1937) амал мекарданд ва ба кофтукови захирањои табиї ва мењнатии Тољикистон машѓул
буданд. Дар њайати ин экспедитсияњо то 72 даста олимони
шўравї (дар ИЉШС њамагї 144 дастаи љустуљўйї мављуд
буд) фаъолият доштанд, ки то 1000 узвро дар бар гирифта
буданд. Дар натиљаи фаъолияти ин экспедитсияњо захирањои табиии Тољикистон кашф ва роњњои истифодаи онњо
муайян карда шуда буд. Љињати муњимтарини фаъолияти ин
экспедитсияњо муайян намудани соњањои ояндадори саноати љумњурї барои солњои наздик ва ояндаи дур буд. Конњои
зиёде дар тамоми минтаќањои Тољикистон кашф карда шуданд, вале аз онњо якчанд конњое, ки бештар ањамияти умумииттифоќї доштанд, ба кор андохта шуданд (фабрикаи
маъдантозакунї дар Консой, комбинати металлургияи кўњї
дар кони Такелї, ки асосан ба истењсоли металњои ранга
машѓул буд, ба кор андохта шуд). Ба тариќи механикї парма кардани чоњњо ва ба ин тарз ба кор андохтани чоњњоро
ба роњ монда, чоњњои нафти “КИМ” ва Нефтобод (1934), ба
158
истифода дода шуданд. Кони ангишти Шўроб васеъ карда, дар он шахтањои нав сохта шуданд. Истењсоли ангишт
дар Панљакент, Зиде, тиллошўї дар минтаќањои Дарвоз ва
Даштиљум ба роњ монда шуд. Саноати кўњї дар Тољикистон
дар давраи саноатикунонї ривољ ёфт. Соњаи асосии он саноати сўзишворї буд. Истењсоли нафт аз 11 њазор тоннаи
соли 1930 дар соли 1937 ба 28 њазор тонна расид. Истењсоли
ангишт дар як кони Шўроб аз 13 њазор тоннаи соли 1928 ба
19 њазор тонна расид. Солњои 30-юми асри ХХ дар инкишофи саноати кўњии љумњурї солњои кофтукову љустуљўњо буд.
Мавзеъњои асосии захирањои табиидошта тањќиќ ва захирањои онњо муайян карда шуда буданд.
Дар солњои 30-юм ба истењсоли энергияи барќї ањамияти калон дода шуд. Дар ин солњо сохтмони неругоњњои
барќи обии (НБО) Варзоби Боло (7,5 Квт), Вахш, Пулисангин (50 њ. кВт) ва неругоњњои зиёде ба наќша гирифта шуда
буд. Солњои 1932-1937 НБО-и Варзоби Боло сохта ба кор андохта шуд, вале НБО-њои Вахш ва Пулисангин бо сабабњои
муайяни техникї сохта нашуданд. Ба љойи онњо НБО-њои
байниноњиявї дар тамоми минтаќањои Тољикистон – дар
Душанбе, Хуљанд, Ќўрѓонтеппа,Кўлоб, Конибодом, Панљакент, Ўротеппа, Файзобод, Ѓарм, Хоруѓ, њамагї 39 неругоњи
барќи обї ва дизелї сохта шуд. Тамоми неругоњњои дизелии пештара аз нав таљњизонида ва пуриќтидортар карда
шуданд. Дар натиља истењсоли барќ дар љумњурї 1,6 баробар афзуд, яъне аз 15 млн. кВт соли 1932 дар соли 1937 ба
24,8 млн. кВт расид. Акнун барќро на фаќат дар шањрњою
корхонањо, балки дар марказњои ноњияњову дењањо њам истифода мебурдагї шуданд. Чароѓзоркунии умумии шањру
шањракњо ва дењањо сар шуд.
Дар солњои 30-юм дар љумњурї 20 соњаи саноати нав
(мошинсозї, коркарди металл, пойафзол, либосдўзї, гўшт,
њасиб, равѓан, шарбати мева, бофандагї, ресандагї, масолењи сохтмонї, чўбу тахта), ки дорои 273 корхонаи хурду
калон буданд, амал мекарданд. Барои сохтани ин корхонањо 50 млн. сўм сарф шуда буд, ки 20,5% маблаѓгузории
159
љумњуриро барои хољагии халќ ташкил медод. Инкишофи
солонаи саноати Тољикистон дар солњои 1929-1938 21%-ро
ташкил дода буд. Дар њолате, ки ин нишондод дар Иттињоди Шўравї 16,9%-ро ташкил медод.
Луѓат
1. Экспедитсия – калимаи лотинї буда, маънои луѓавиаш фиристодан аст. Дар матни китоб ба маънои гурўњи тањќиќї ва омўзишї омадааст.
2. Комиссияи илмии тољикї-помирї – комиссияе, ки солњои
1931-1932 ба кофтукови захирањои табиии Тољикистон машѓул
буд.
3. Комиссияи илмии Помир – комиссияи илмие, ки солњои
1833-1937 ба омўзиши захирањои табиии Помир машѓул буд.
Савол ва супориш
1. Соњањои асосии саноати Тољикистон дар давраи саноатикунонї кадомњо буданд?
2. Душворињои саноатикунонии Тољикистонро шарњ дињед.
3. Соњањои афзалиятдоштаи саноати Тољикистон кадомњо буданд?
4. Минтаќањои саноатии Тољикистонро номбар кунед ва
шарњ дињед.
5. Муваффаќиятњои саноатикунониро шарњ дињед.
§ 34. СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ТАЙЁР КАРДАНИ
СИНФИ КОРГАРИ ЉУМЊУРЇ
Тавсифи умумї. Азбаски њанўз дар лоињаи панљсолаи
якуми рушди хољагии халќи Тољикистон сохтмони корхонањои зиёде ба наќша гирифта шуда буд ва баъзеи онњо бояд
бо техникаю технологияи нав кор мекарданд ва саноати
љумњурї низ серсоња гардида буд. Эњтиёљ умуман ба коргарони ихтисосманд ва хусусан ихтисосњои нав зиёд мегардид.
Аз ин сабаб лозим омад, ки тайёр кардани онњо низ ба сиёсат табдил дода шавад. Ин масъала мавзўи бањсњои зиёди
анљуманњои I, II, III, IV Њизби Коммунистии Тољикистон,
160
Шўроњои IV ва V-и Иттифоќњои касаба ва слётњои пешќадамони саноат гардида буд. Дар рафти ин бањсњо роњњои
асосии тайёр кардани синфи коргари миллї кашф ва интихоб гардид. Роњњои асосии он ба таври шогирдї, бригадавї,
истењсолї – таълимї ва мактабї буданд.
Сиёсати давлатии тайёр кардани синфи коргари касбї.
Дар тамоми солњои 30-юм дар Тољикистон синфи коргарро
бо роњи омўзондани коргарони нав аз њисоби ањолии шањру
дењот тайёр мекарданд. Усули омода сохтани онњо дар курсњои кўтоњмуддат дар мактабњои махсус (ФЗО. ФЗУ) ба таври
бригадавї ва инфиродї буд. Сиёсати бо кор таъмин намудани наврасон ќотеона гузаронида мешуд, яъне корхонањо вазифадор буданд, ки аз 8 то 20% љойи кори худро барои наврасон људо кунанд. Онњо дар мактабњои номбаршуда њунар
меомўхтанд. Самти асосии сиёсати давлатии тайёр кардани
синфи коргар дар њайати синфи коргари љумњурї ба вуљуд
овардани бартарии ањолии мањаллї ба њисоб мерафт, чунки
њайати он то соли 1929 аксаран аз аврупоињо иборат буд. Аврупоињо дар бригадањои махсуси мутахассисон љамъ омада
буданд. Коргарони мањаллї фаќат корњои ёрирасонро иљро
мекарданд. Лозим дониста шуд, ки ин сохтор вайрон карда
шавад. Ба бригадањои мутахассисон коргарони бетахассусро
њамроњ намуда, дар рафти кори амалї мањаллиён њам ихтисосеро ёд мегирифтанд. Ин усулро усули истењсолии тайёр
кардани коргар меномиданд. Бо ин усул пеш рафтан мумкин нашуд. Соли 1930 аввал курсњои махсуси тайёр кардани
коргарони ихтисосњои бинокорї кушода шуданд. Ин кор ба
зиммаи Комиссариати халќии мењнат гузошта шуда буд. Ба
касбомўзї пеш аз њама бекорони дар ќайди биржаи мењнат
буда ва наврасону ноболиѓон љалб карда мешуданд. Њаќќи
таълим аз њисоби вазоратњо ва биржаи мењнат буд. Њукумати умумииттифоќ низ барои тайёр кардани кадрњои ихтисоси сохтмончї (хиштчин, андовагар, дуредгар, бомпўш)
соли 1930 ќариб 5,5 њазор сўм људо карда буд. Таълимгоњи
“Установка” ба тайёр кардани ихтисосњои ронанда, тракторчї, коргарони алоќа, саноат, роњи оњан, харрот, моши161
нистњои роњи оњан сар кард, вале аз рўйи дархостњои вазорату муассисањо маълум гардид, ки ин таълимгоњ он миќдор
ихтисосмандонро тайёр карда наметавонад. Соли 1930 дар
назди конњои САНТО, Шўроб, роњи оњан, саноати шоњибофї, “Тољикдавлатсохтмон” мактабњои шогирдии фабрикию
заводї кушода шуданд. Таълимгоњи “Установка” ба Љамъияти сањњомї табдил ёфт ва соли 1931 дар Душанбе, Хуљанд,
Ўротеппа, Кўлоб шуъбањои худро кушод. Соли 1931 бошад,
мактабњои шогирдии ихтисосњои оммавї кушода шуданд.
75-80%-и шогирдони њамаи ин мактабњо мебоист аз мардуми малаллї мебуд. Солњои 1931-1932 курсњои кўтоњмуддати
комбинати шоњибофии Хуљанд, кони ангишти Шўроб, заводи хишти Душанбе, Сарраёсати наќлиёти боркашонї ба
курсњои доимоамалкунанда табдил ёфтанд.
Як самти махсуси сиёсати тайёр кардани ихтисосњои
коргарї истифодаи коргарони мавсимї буд. Барои њарчи
пурсамартар истифода бурдани ин ќувва њатто июни соли
1931 декрети махсуси КИМ ва ШКХ СССР (ИЉШС) баромада буд. Коргарони мавсимї асосан аз дења буданд ва њар
тобистону зимистон шумораи онњо зиёд мешуд. Вазоратњо
ва муассисањои сохтмонї онњоро њам ба њисоб гирифта, аз
љумлаи онњо кадрњои коргарї тайёр мекарданд. Онњоро
бештар дар сохтмонњои роњњо, корхонањои саноатї, муассисањои коммуналї истифода мебурданд. Дар њолати набудани имконияти ба корхона љалб кардани њунармандон давлат сиёсати кооператсиякунонии онњоро пеш гирифта, то 1
январи соли 1932 10000 њунармандро ба ин ё он кооператив
муттањид намуд. Аз њисоби онњо устохонањои умумї таъсис
дода шуда буданд, ки њунармандро ба истењсолоти љамъиятї - сотсиалистї наздик мекард. Њукумат роњи дигари дар
марказ (Русия, Ўзбекистон) тайёр кардани кадрњои коргариро њам истифода мебурд. Он ихтисосњои коргарие, ки
дар Тољикистон тайёр карданашон душвор буд, дар Русия
ва дигар љумњурињо тайёр карда мешуданд, яъне дар солњои
1930-1932 дар љумњурї беш аз 9000 коргари ихтисоснок тай162
ёр карда буданд, ки 2000 нафарашонро наврасон ташкил медоданд.
Солњои 1933-1937 ба тайёр кардани коргарони баландихтисос факултањои коргарї, техникумњои саноатї ва сохтмонии Душанбе ва полиграфии Хуљанд сар карданд, вале
саноати љумњурї њоло на фаќат бо коргарони ихтисосдор,
балки одї њам пурра таъмин набуд. Дар љумњурї дар сохтмонњою истењсолот ќариб 4000 коргар намерасид. Масалан,
дар соли 1933 барои бунёди НБО-и Варзобу корхонаи масолењи сохтмонии Харангон ќариб 1800 коргар, барои Консой
ва Шўроб зиёда аз 200 коргар, соли 1934 барои Нефтобод
ќариб 170 коргар, барои комбинати шоњибофии Хуљанду
фабрикаи шоњибофии Душанбе 900 коргар намерасид. Аз
ин рў, солњои 1934-1936 дар љумњурї мактабњои ШФЗ (шогирдии фабрику заводї) дар назди корхонаи нафти Нефтобод, шоњибофии Хуљанд, матбаањои Душанбе ва Хуљанд,
фабрикаи дўзандагии Душанбе, чоњњои нафткашии КИМ
кушода шуданд. Дар НБО-и Варзоб, комбинати полиграфї,
фабрикаи дўзандагї, заводи механикї бо роњњои инфиродї
ва бригадавї зиёда аз 1000 коргар тайёр карда шуда буд.
Теъдоди синфи коргари љумњурї ба 22145 нафар расид, ки
нисбат ба соли 1932 10,5 њ. зиёд буд.
Як хусусияти дигари ташаккулёбии синфи коргари тољик
аз њисоби занњо зиёд шудани он буд, зеро дар Тољикистон
бештар корхонањое сохта мешуданд, ки ба мењнати зан ва
малакаи касбии он мувофиќат мекарданд. Дар корхонањои
пиллакашї, ресмонресї, дўзандагї, бофандагї, коркарди
мева ва хўрокворї, ки аз њама бештар сохта мешуданд, асосан дасти зан даркор буд, яъне хусусияти истењсолот њайати
љинсии синфи коргари љумњуриро муайян месохт.
Луѓат
1. Шогирдї – усуле буд, ки њар як усто шогирд, ёвар дошт ва
ба ў касби худро ёд медод.
2. Бригада – гурўњ, даста. Дар матн ба маънои бригадаи истењсолї омадааст.
163
3. Усули бригадавї – усуле буд, ки дар истењсолот ва ё сохтмон ба як гурўњи одамон як касбро (хиштчин, андовачї, дуредгар, рангмол, шишабур, сандалисоз...) меомўзонданд.
4. Истењсолию таълимї – усуле буд, ки шањрванд дар як њолат
њам шогирд буду њам истењсолкунанда, яъне дар рафти истењсолот касберо аз худ мекард.
5. ФЗУ (фабрично – заводские училища) – Омўзишгоњњои фабрикавї – заводї(ОФЗ) .
Савол ва супоришњо:
1. Зарурати тайёр кардани синфи коргари миллиро фањмонед.
2. Душворињои тайёр кардани синфи коргари тољикро баён
кунед ва шарњ дињед?
3. Муассисањои тайёр кунандаи синфи коргари солњои 30юмро номбар кунед?
4. Корхонањои барои худ коргар тайёр мекардагиро номбар
кунед.
5. Хусусиятњои тайёр кардани синфи коргари солњои 30-юми
асри ХХ-ро муайян созед?
§ 35. МУСОБИЌАИ ИСТЕЊСОЛЇ ДАР ДАВРАИ
БУНЁДИ АСОСЊОИ ЉОМЕАИ СОТСИАЛИСТЇ
Аз шанбегињои коммунистї ба мусобиќаи мењнатї. Синфи коргари тољик њоло дар ибтидои Њокимияти Шўравї ба
мусобиќаи мењнатї шинос буд. Ин мусобиќа, ки дар намуди
шанбегињои коммунистї бо ташаббуси коргарони пешќадам дар солњои ављи љанги шањрванди (соли 1919) ва минбаъд гузаронида мешуд, дар тарбияи коргарон дар истењсолоти љамъиятии сотсиалистї сањми босазое гузошта буд.
Мањз дар солњои 1919-1928 мусобиќаи фаъоли синфи коргар
муносибати мењнатии синфи коргар ва истењсолотро таѓйир додан гирифт. Мусобиќа дар солњои 30-юм ба мењнати
софдилона, самаранок ва муносибати нави љамъиятї табдил ёфт. Сабаби асосии ин табдилёбї аввалан, табдилёбии
худи истењсолот ва муносибатњои истењсолї буд. Коргарони
шўравї ба натиљаи мењнати худ њавасманд буданд, чунки ин
натиља на фаќат ба маоши онњо, балки тамоми зиндагиашон
164
таъсири мусбат мерасонд. Дар ташкили чунин мусобиќа
машваратњои истењсолии коргарон роли калон бозиданд.
Барои хуб кор кардан, њарчи бисёр истењсол кардан, сарфа
намудани ваќт ва истифодаи самараноки ваќту таљњизот як
њаракати оммавие сар шуд, ки бо номи мусобиќаи сотсиалистї машњур гардид. Коргарон дар ин мусобиќаи сотсиалистї иштирок намуда, бо идора кардани истењсолот шинос
мешуданд. Баробари шиносої дар онњо њисси масъулият
барои кори муассиса ва муносибати ѓамхорона ба он ташаккул меёфт. Дар машваратњои истењсолии коргарон њам
ташаббуси нави пешќадамони истењсолот муњокима гардида, дастраси оммаи васеи коргарон гардонида мешуд. Мусобиќа њосилнокии мењнатро баланд ва нишондињандањои
сифатии корро бењтар мегардонд.
Мусобиќаи сотсиалистї мањсули давраи саноатикунонї
набуд. Ин мусобиќа њоло дар давраи азнавбарќароркунии
хољагии халќ барои сарфаи мањсулот, ќувваи барќ, олоту
анљом сар шуда буд ва натиљањои хуб њам дода буд. Акнун
дар солњои саноатикунонї шаклу усулњои нави мусобиќаи
сотсиалистї ба миён омада истода буданд, ки тамоми коргаронро фаро мегирифтанд, чунки натиљаи ин мусобиќањо,
пеш аз њама ба манфиати худи онњо нигаронида шуда буд.
Шаклњои мусобиќа. Мусобиќа байни коргарон оммавитарин шакли мусобиќа буда, байни коргарон дар звено,
участка, сех, фабрика, завод, комбинат ва дар алоњидагї
гузаронда мешуд. Њар як мусобиќакунанда уњдадорї мегирифт, ки чї кори иловагие ѓайр аз кори асосиаш иљро намояд, то ки сабабгори зиёдшавии мањсули мењнаташ гардад.
Ин ё дар шумора ё дар сифат ё дар арзиши асосии мањсулот
зоњир мегардид.
Мусобиќа байни сехњо. Ин шакли мусобиќа байни коргарони сехњои алоњидаи корхона гузаронда мешуд. Агар сехњо
як раванди корро ташкил медоданд, шартњои шартнома њам
якхела (њам дар шумора ва њам дар сифат) мешуданд. Агар
сехњо тахассуси њархела дошта бошанд, шартњои шартнома
одатан дар фоиз муќаррар мегардид.
165
Мусобиќа байни фабрикаю заводњо. Дар ин шакли мусобиќа коргарони фабрикаю заводњо (фабрика бо фабрика, завод бо завод) мусобиќа карда, шартњои мусобиќа дар
фоиз муќаррар карда мешуд.
Ин се навъи мусобиќаи мењнатї (сотсиалистї), мусобиќаи вилоятї, кишварї ва љумњуриявї буданд. Боз мусобиќа байни коргарони корхонањои њамтипи иттифоќї њам
буд, яъне коргарони як соњаи саноати љумњурї коргарони
њамкасби худро дар љумњурињои дигар ба мусобиќа даъват мекарданд. Дар њама њолат тарафњои мусобиќакунанда
шартнома имзо мекарданд. Ќарордодњои шартнома аз тарафи комиссияи махсус назорату тафтиш карда мешуд ва
љамъбаст мегардид. Натиљаи љамъбасти онњоро дар маљлиси якљоя ё ба намояндагони тарафњо эълон менамуданд.
Мусобиќаи мењнатї њоло дар ибтидои ташкилаш камбудињо дошт. Заминаи асосии ин камбудї аз надоштани
таљрибаи ташкил ва гузаронидани чунин чорабинињо иборат буд. Аз ин рў, дар ибтидо баъди бастани ќарордод рафти иљрои онро ба њоли худ гузошта, њељ кас ба он масъулияти
шахсї њис накард. Баъдтар ба хулосае омаданд, ки барои роњбарї ба мусобиќа ситод лозим аст. Аз соли 1929 сар карда дар љумњурї амали ситоди роњбарии мусобиќаи мењнатї
(сотсиалистї) оѓоз ёфт. Масъалањои ташкилї, усул, роњбарї
ва бењтар гардонидани ташаббускории коргарон дар њамаи зинањои роњбарї (маъмурияти сех, корхона, вазорат ва
љумњурї) борњо муњокима шуда буданд. Мусобиќа шаклњои
нав гирифт. Њаракати стахановчигї, изотовчигї ва дањњо
номњои дигаре њастанд, ки дар солњои панљсолаи дуюм ба
мусобиќаи мењнатї шўњрати нав бахшида буданд. Њарчанд
дар ин раванд баъзе сохтакорињои љузъї вуљуд дошт, вале
барои кулли коргарони мамлакат ин ташаббус навоварї,
мењнати содиќона барои худу ватани сотсиалистиашон буд.
Мусобиќаи мењнатї дар саноат. Мусобиќаи мењнатї
хоси њамаи даврањои инкишофи љамъият буд ва њаст. Одамон дар њама соњаи њаёту љамъияташон ботинан бо њамдигар мусобиќа доштанд ва ин мусобиќаро дар солњои 30-юми
асри ХХ Њокимияти Шўравї ба арсаи сиёсї баровард. Маќ166
сади асосии ташкили ин мусобиќа тарбияи мењнатї, баланд
бардоштани мањорат ва малакаи мењнатии коргарон, эстетикаи мењнат, ёд додани таљрибаи пешќадам, омўзонидани
техника, омўзонидани бисёрихтисосї, баланд бардоштани
њосилнокии мењнат, маоши синфи коргар ва ѓайрањо буданд, яъне ташкили мусобиќа љанбањои иљтимої, фарњангї
ва њатто сиёсї дошт.
Мусобиќаи мењнатї (сотсиалистї) аз соли 1935 сар карда, характери умумихалќиро гирифта, бо номи «Њаракати
стахановї» машњур гардид. Алексей Стаханов – ангишткани
Донбасс вазифаи њаррўзаи худро дар як баст то 14 баробар
иљро мекардагї шуд ва дар СССР (ИЉШС) тарафдорону
пайравони зиёде пайдо кард. Аз љумла, дар Тољикистон пайравони ў дар конњои Консой Умурзоќов, Муратов, Масленников, дар Шўроб Назаршо Назаршоев, Ќаландар Тошбеков, дар заводи механикии Душанбе Богомолов, дар чоњњои
нефти “КИМ” Лягаев ва Кузнетсов, дар депои Душанбе машинист Максимов, дар комбинати шоњибофии Хуљанд Бисоро Мараљабова, Назокат Шокирова, Алибоева, Устобоева, дар заводи пахтаи Душанбе К. Яъќубов, К. Норматов, И.
Додобоев ва садњо дигарон буданд, ки наќшањои худро дар
як баст 5-14 баробар зиёд иљро карда буданд. Дар њаракати стахановчигии солњои 30-юм 100% синфи коргари тољик
иштирок дошт. 60%-и иштирокчиён унвони стахановчиро
гирифта буданд. Барои ба ин ном сазовор шудан коргар мебоист супориши солонаи худро барзиёд иљро мекард. Дар
комбинати шоњибофии Хуљанд соли 1936 514 стахановчї кор
мекарданд. Стахановчиён љамъомаду маљлисњо ва машваратњои зиёде гузаронида, таљрибаи худро дастраси умум
мегардониданд. Њатто ба участкањои ќафомонда гузашта онњоро ба пешќадамон баробар мекарданд. Мусобиќаи
мењнатии солњои 30-юм на шиор, балки њаёти воќеии синфи
коргар буд. Муносибатњои истењсолии сотсиализм саноати
солњои 30-юмро мустањкам ва устувор намуд.
Масъалањои иљтимоии синфи коргар. Њалли масъалањои
иљтимоии синфи коргар ба ѓайр аз тайёр кардани љойи кор
боз ба чандин масъалањои дигар - баланд бардоштани да167
раљаи фарњангию-техникии коргарон, баланд шудани шуурнокии сиёсї ва фаъолгардии онњо дар њаёти љамъиятї-сиёсии љумњурї, бењ гардидани вазъияти моддии коргарон ва
ба сиёсати давлатї табдил ёфтани амалигардонии ин масъалањо вобаста буд.
Масъалаи ба вуљуд овардани љойи кору бо коргарони
касбї таъмин намудани истењсолот, сиёсати давлатие буд,
ки дар тамоми давраи саноатикунонї давом кард. Дар тамоми солњои 1928 - 1938 барои саноати Тољикистон 15 њазор љойи корї ба вуљуд оварда шуда буд. Акнун вазифа
меистод, ки дараљаи моддию техникии онњо баланд бардошта шавад. Барои ин пеш аз њама бесаводиро дар байни
коргарон барњам додан лозим буд. Аз соли 1930 вазоратњои
дахлдори соњањои саноат бо Вазорати маориф шартномањо
имзо намуда, ба кушодани мактабу курсњои мањви бесаводии коргарон сар карданд. Дар солњои 1929-1932 зиёда аз
20000 коргар мактабу курсњои мањви бесаводиро хатм карда буданд. Саводнокї ва маърифатнокї синфи коргарро ба
баланд бардоштани малакаи касбиаш водор кард. Вай ба
мањфилњои гуногуни техникї рафт. Њаракат барои аз худ
кардани минимуми техникї ду дараља дошт. Дараљаи якум
барои коргарони нав ба кор омада ва дараљаи дуюм барои
коргарони дар истењсолот кор карда истода муќаррар шуда
буд. Минимуми дараљаи дуюм донишу малакаи зиёдеро талаб мекард. Коргароне, ки ба дараљаи дуюм имтињон месупориданд, баъди ваќти корї ба таври њатмї дар љамъияти
махсуси “Барои аз худ кардани техника” мехонданд. Дар
Душанбе ин љамъият 19 курси таълимї ва 57 мањфил, дар
Хуљанд ќариб 90 курсу мањфил дошт. Зиёда аз 4,5 њ. нафар
коргарон аъзои ин љамъият буданд. Ин буд, ки шумораи
баъзе ихтисосњо мисли њаррот, челонгар, пармагар, ронанда, трактористњо дар љумњурї 6,7 баробар зиёд гардид.
Луѓат
1. Мусобиќаи истењсолї – як навъи ривољ додани кор ба воситаи мусобиќа, ки зодаи сотсиализм буд. Дар солњои саноатикунонї ва коллективонї аввал њамчун ташаббус ба амал омад ва
168
баъд ба сиёсати давлатї табдил ёфта, бо номи мусобиќаи сотсиалистї машњур гардид.
2. Мусобиќаи сотсиалистї – як навъ мусобиќаи мењнатї – истењсолие буд, ки дар солњои 30-юми асри ХХ дар СССР (ИЉШС)
ташаккул ёфта, ба яке аз воситањои пешрафти истењсолот табдил
ёфт. Ављи баланди ин мусобиќа номи «стахановчигї»-ро гирифта
буд, ки солњои тўлонї амал кард.
3. Стаханов – Стаханов Алексей Григоревич (1905-1977) навовари саноати истихрољи ангишт. Дар як баст наќшаро то 14 баробар иљро мекард. Њатто 19. 09. 1935 дар як баст (5 соату 45 даќиќа)
227 тонна ангишт канда буд, ки 29,9 баробари наќша буд.
4. Њаракати стахановї – њаракат ва ташаббуси мењнатии
солњои 30-40 асри ХХ буд, ки маќсад аз он њосилнокии мењнат ва
навовариро дар истењсолот зиёд кардан буд.
5. Шанбегии коммунистї – як навъ кори ихтиёрї ва бемузди
мењнаткашони шўравї дар давраи ављи љанги шањрвандї буд бо
даъвати В.И.Ленин дар бораи бењтар кардани кори роњњои оњан
12.04.1919 дар депои Москва-сартировочнаяи роњи оњани Москва-Ќазон пайдо шуда, ба шанбегињои умумироссиягї табдил
ёфта буд. Ин њаракатро Ленин дар маќолааш “Ташаббуси бузург” хуб шарњ додааст.
Саволњо
1. Шаклњои мусобиќањои мењнатии солњои 30-юми асри ХХро муайян кунед ва шарњ дињед?
2. Шанбегињои коммунистиро шарњ дињед?
3. Масъалањои синфи коргарро шарњ дињед?
4. Стахановчигї ва њаракати стахановиро шарњ дињед?
5. Стахановчиёни тољикистониро номбар кунед ва шарњ
дињед.
§ 36. СИЁСАТИ ШЎРАВИИ КОЛЛЕКТИВОНИИ
ХОЉАГИИ ЌИШЛОЌИ ЉУМЊУРЇ ВА
ХУСУСИЯТЊОИ ОН
Тавсифи умумии масъала. Мафњум, маќсад ва сиёсати муттањидгардонии хољагињои дењќонї, ки дар солњои
20-30-юми асри ХХ бо номи коллективонї машњур буд,
њамдигарро пурра мекунанд, яъне муттањид кардани хоља169
гињои яккадасти дењќонї ба хољагињои дастаљамъии (колективии) истењсолї коллективонидани соњаи кишоварзї
номида мешавад. Ин сиёсатро Њокимияти Шўравї аввал
њамчун назария, баъд њамчун амалия гузаронида буд, яъне
коллективонидан се давраро аз сар гузаронидааст: солњои
1918-1927, 1928-1932, 1933-1937. Давраи аввал – солњои 19181927 давраи ибтидои коллективонї буда, бештар бо номи
кооператсиякунонї маълум аст, ки њам ислоњоти замин ва
њам таљрибаи таъсиси хољагидории шўравиро дар шаклњои
хољагињои шахсї, давлатї ва коллективию иљоравї дарбар
гирифта, барои коллективонии саросарї замина тайёр кард.
Баъди ќабул шудани декрет дар бораи замин, солњои 19181921, 1921-1923 ислоњоти обу замин гузаронида шуд ва хољагидории шахсию коллективї – ТОЗ-њо, артелњо, коммунањо,
совхозњо барои интихоби оянда таљриба карда шуданд,
яъне солњои 1918-1923 ин раванд бо ќонуну низомномањо
таъмин ва дар солњои 1923-1927 таъсиси кооператсияњои
истеъмолї(асосан кооператсияњои обёрї) оѓоз шуд, ки ќариб 100% хољагињои дењќониро дарбар мегирифт ва таъсиси
ТОЗ-њо, артелњо, коммунањо ва савхозњо давом ёфт.
Коллективонидани соњаи кишоварзї яке аз рукнњои
сохтмони сотсиализм дониста мешуд ва то сар шудани сиёсати давлатии коллективонї (с.1929) дар Тољикистон 22
артели кишоварзї, 55 ТОЗ ва якчанд совхозу (советское хозяйство) сотсхозњо (социалистическое хозяйство) вуљуд доштанд. Барои њарчи тезтар њал кардани масъалаи бењбудии
иќтисодї ва маишии дењќонон, самаранок истифода бурдани замин, техника, агротехникаи кишоварзї ва њалли сиёсати аграрии шўравї коллективонидани хољагињои яккадаст
ба хољагињои дастаљамъї (коллективї) зарур дониста шуд.
Аз соли 1928 Њукумати Тољикистон ба амалї кардани ин сиёсат сар кард.
Солњои 1928-1932 сиёсати коллективонї сараввал зери
шиори кооператсиякунонї давом ёфта, аз кооператсияњои
истеъмолї ба кооператсияњои истењсолї бо номњои «Пахтасоюз», «Кирмакпарварї», «Боѓдорї», «Сабзавоткорї»,
170
«Чорводорї», «Ѓаллакооператсия» сар шуд, ки он то соли
1929 давом ёфт. Аз соли 1929 то соли 1932 сиёсати гузариш
ба ТОЗ-њо, артел, совхоз, сотсхоз ва коммунањо пеш гирифта шуд. Ин давра бештар бо номи коллективонии соњаи кишоварзї маълум аст. Солњои 1933-1937 коллективонї зери
сиёсати сохтмони колхозї гузаронида шуд, ки шакли асосии
он барои Тољикистон аввал ТОЗ-њо ва соли 1936 артелњои
кишоварзї дониста шуда буд. Соли 1937 бошад, оинномаи намунавии артелњои хољагии ќишлоќ ќабул гардид, ки
тибќи он њама шаклњои хољагии коллективї (ТОЗ-њо, артелњо, коммунањо) - колхоз (коллективное хозяйство) номида шуданд. Мувофиќи маълумоти оморї соли 1937 зиёда аз
60% хољагињои дењќонии љумњурї ба колхозњо љалб шуда
буданд. Аз ин рў, соли 1936 коллективонї умуман ва сохтмони колхозї махсусан, ѓалабакарда эълон шуда буд.
Принсипњои асосии коллективонии соњаи кишоварзї.
Барои амалї кардани ин сиёсат шартњои асосии коллективонї: принсипи ихтиёран ба колхоз дохил шудан ва усули
ихтиёрии интихоби шакли он (ТОЗ, артел, коммуна) эълон
шуда буд. Барои Тољикистон шакли асосии коллективњои
истењсолии кишоварзї ТОЗ-њо (ширкати якљояи коркарди
замин) тавсия дода шуда буд. Барои гузаронидани коллективонї шумораи калони тарѓибгарону масъулони коллективонї сафарбар шуда буданд. Аз љумла, 87 нафар аз љониби
Њукумати умумииттифоќ ва њазорњо нафар аз худи Тољикистон сафарбар шуда буданд. Коллективонидан ба маъракаи
сиёсї, иќтисодї ва фарњангї табдил ёфт. Ин сиёсат хусусиятњои умумї ва хоси коллективонии Тољикистонро муайян
кард, ки инњоанд:
1. Гуногуншаклї ва дар муњлати дарозтар гузаронидани
ин маърака (Дар водињои пахтакор таъсиси артелњои кишоварзї ва дар ќисмати кўњистон ба ТОЗ-њо гузаштанро дар
назар дошт).
2. Суст будани таъсири кулак дар њайати иљтимоии дењоти тољик (аксари дењќонони тољикро батракон, камбаѓалон
ташкил медоданд). Дар Русия бошад аксари дењќононро
миёнањолон ташкил медоданд. Ин њолат агар аз як тараф ба
171
суръатёбии коллективонї сабаб шуда бошад, аз тарафи дигар, бетараф гузоштани миёнањолон дар хољагињои ѓалла ва
чорвопарварии кўњї суръати коллективониро суст мекард.
Ин хусусиятњо ба рафти коллективонї таъсири манфии худро расонд. Барои маќомоти мањаллї ва болоии шўравї ин
боиси сарфи ваќт ва харљи маблаѓи зиёдатї гардид.
Хусусиятњои коллективонии дењоти тољик. Хусусияти
асосии сиёсати коллективонии Тољикистон, пеш аз њама, ба
охир нарасидани ислоњоти замин, аксари дењќононро ташкил додани камбаѓалону иљоракорон, паст будани маънавиёти хољагидорию иќтисодии дењќонон, тайёр набудани
дењоти тољик ба муттањидгардонии мењнат ва таќсимот, суст
будани таъсири кулакњо дар дењоти Тољикистон, њоло њам
пурзўр будани шарњи динии моликият ва заминдорї умуман, дер сар задани сиёсати коллективонї ва дер давом кардани он буд. Њамаи ин шарњи дурустро талаб мекунад.
1. Аз сабаби он ки љанги шањрвандї ва босмачигарї дер
давом кард, Њокимияти Шўравї њам ислоњоти заминро ба
таъхир андохт.
2. Ваќте ки замин моликияти давлатї эълон шуду онро
ба соњибони асосиашон њамчун иљораи якумра эълон карданд, аксарияти дењќонони тољик бе замин монданд, чунки
то ин ваќт соњиби замин набуданд, иљоракор буданд.
3. Аз сабаби он ки маънавиёти хољагидории ањолї паст
буд, онњо њуќуќи якумраи иљоракориро ба љойи соњиби замин будан дарк мекарданд ва худро соњиби замин мешумориданд. Чунки онњо њуќуќи худро ба фарзандонашон мерос
мегузоштанд, вале дар асл онњо соњиби замин набуданд.
4. Барои он ки онњо худ соњиби воќеии замин набуданд, моњияти муттањидкунии заминро фањмида наметавонистанд.
5. Аз сабаби он ки дар Тољикистон хољагидории кулакї
(хољагии ба техникаи кишоварзї асосёфта, дар амал буржуазияи дењот) кам буд, дењќони тољик таъсири онро њис намекард ва ба муттањидшавї тайёр набуд.
172
6. Њоло њам дењќони тољик зери шарњи динии моликият
ба замин буд: аќидаи «моликият ба замин доди Худост ва ба
он дастдарозї кардан гуноњ аст» њукмрон буд.
7. Дар СССР (ИЉШС) коллективонии саросарї бањори
соли 1929 сар шуда, асосан соли 1932 ба охир расида бошад,
дар Тољикистон то соли 1937 давом ёфта буд.
Луѓат
4. Коопратсиякунонї - сиёсати махсуси Давлати Шўравї, ки
солњои 1917 - 1937 гузаронида шуда буд. Кооператсикунонї чї
саноат ва чї хољагии ќишлоќро дар бар гирифта, ду давраро аз
сар гузаронидааст: солњои 1917 - 1926 давраи истеъмолї, яъне
кооперативњо аз давлат техника, тухмї, нурї ва дигар маводди
лозимаро мегирифтанд, вале дар назди давлат уњдадорие надоштанд; солњои 1927 - 1937 то соли 1945 давраи истењсолї, яъне онњо
њатман бояд ягон чиз истењсол мекарданд.
1. Коллективонии соњаи кишоварзї – сиёсат, мафњуми сиёсї
ва чорабинињои махсуси Давлати Шўравї аст, ки дар Тољикистон аз соли 1917 то ибтидои солњои 40-ум гузаронида шуда буд.
Коллективонии соњаи кишоварзї ќисми таркибии ѓалабаи сотсиализм дар дењот буда, зина ба зина гузаронида шуда буд. Коллективонї то соли 1927 њамчун раванди табиии ислоњоти аграрии
Давлати Шўравї, солњои 1929 - 1932 њамчун сиёсати ба хољагињои
коллективї љалб кардани дењќонони яккадаст ва солњои 1933-1937
њамчун сохтмони колхозї гузаронида шуда буд. Њамчун мафњуми
сиёсї солњои 1928-1937-ро дар бар мегирифт.
2. Коммуна – як намуди колхозњоро мегуфтанд, ки солњои
1918-1933 таъсис дода шуда буданд ва шакли олии хољагињои
коллективии соњаи кишоварзиро ташкил медоданд. Дар коммуна
њама чиз – замин, асбобу анљоми корї, хонањои истиќоматї, чорво, парандањои мањсулдињанда, пасандозњо муттањид карда шуда
буданд.
3. Совхоз – дар солњои 1918-1945 як намуди хољагињои давлатии дењотро мегуфтанд, ки дар онњо њама чиз – замин, олоти
мењнат, тухмї аз они давлат буда, дар он мењнат муттањид карда
шуда, дењќонон ба ивази мењнаташон маошро бо мол ва пул мегирифтанд.
173
4. ТОЗ (Товарищество по общественной обработке земли) –
ширкати коркарди љамъиятии замин, иттињодия ё рафоќати байнињамдигарии коркарди заминро мегуфтанд, ки солњои 1918-1937
вуљуд дошт. ТОЗ инчунин як намуди хољагидории коллективї
(колхозї) буда, шакли оммавитарини онњо колхозњои солњои
1921-1932 буд. Хусусияти хоси ТОЗ-њо одигии онњо буданд.
Дар ТОЗ-њо ба ѓайр аз муттањидшавии мењнат њама чиз шахсї
буд. Дењќонони дар ТОЗ-њо муттањидшуда ба тариќи њашар дар
киштукори сањрої иштирок мекарданд. Шартњои кор ва таќсимоти мањсулот дар низомномањои ТОЗ-њо, ки аз соли 1923 вуљуд
дошт, зикр ёфта буд.
Савол ва супоришњо:
1. Мафњуми «коллективонї» чист?
2. Сиёсати коллективонии шўравиро шарњ дињед.
3. Шартњои коллективониро номбар кунед ва шарњ дињед.
4. Шаклњои колхозњои ибтидои давраи коллективониро номбар кунед ва шарњ дињед.
5. Кулакњо кињо буданд ва чї тавр хољагии онњоро барњам
доданд?
§ 37. РАВАНДИ КОЛЛЕКТИВОНИИ ХОЉАГИИ
ЌИШЛОЌИ ЉУМЊУРЇ ДАР СОЛЊОИ ПАНЉСОЛАИ
ЯКУМИ ТАРАЌЌИЁТИ ХОЉАГИИ ХАЛЌ
(1928/1929 -1932/1933)
Сиёсати саросар (њатмї) гузаронидани коллективонї.
Сиёсати коллективонии солњои 1927-1929-ро њамчун сиёсати таъсиси хољагињои истењсолї дар дењот номидан мумкин
аст. Дар СССР (ИЉШС) ба сиёсати саросар (њатмї) гузаронидани коллективонї бањори соли 1929 оѓоз карда буданд.
Тољикистон ба ин сиёсат тайёр набуд, чунки њанўз њам дар
ин љо ислоњоти замин пурра ба охир нарасида буд. Таъсири
бою кулакњо низ њоло зиёд буд. Дар охири соли 1929 дар
Тољикистон њамагї 251 колхоз, ки 5421 хољагиро муттањид
мекард, вуљуд дошт. Ин миќдор колхозњою хољагињои мут
174
тањидшуда ќариб 2% шумораи умумии хољагињои яккадастро ташкил медоданд.
Дар Тољикистон ба сиёсати саросарї ва њатмии ба муттањидшавї гузаштан соли 1930 оѓоз гардида буд. Барои гузариш аввал татбиќи ин сиёсатро дар чор ноњияи љумњурї–
Саройкамар (Панљ), Ќубодиён, Чиптўра (Шањринав), Арал
(Абдурањмони Љомї) ва округи Хуљанд њамчун таљриба эълон карданд. Маќсад он буд, ки ин ноњияњоро ба такягоњи
оянда барои саросарї гузаронидани коллективонї табдил
дињанд.
Барои ба амал баровардани ин маќсад ба Тољикистон
87 нафар аз 25-њазорнафариёни умумииттифоќ, дањњо бригадањои шефї аз Москва, Иваново-Вознесенек, Санкт-Петербург, Тошканд ва садњо пешќадамони ташкилотчии
љумњурї сафарбар шуда буданд. Ин номбаршудањо дар ташкилу мустањкам кардани хољагињои навтаъсис иштирок карданд. Њамин иштирок буд, ки коллективонї аз бањори соли
1930 суръат гирифт. Соли 1930 соли ТОЗ-њо эълон карда
шуд. Охири моњи май дар љумњурї 526 колхоз вуљуд дошт,
ки ќариб 28 њазор хољагиро (13,1%) муттањид мекард. Аз ин
њисоб зиёда аз 500 колхозаш ТОЗ-њо буд, ки 95% колхозњоро ташкил медоданд. Барои хуб ба роњ мондани кори ТОЗњо соли 1930 оинномаи намунавии ТОЗ-њо ќабул гардид, ки
дар асоси оинномањои ТОЗ-њои таъсисёфта тањия шуда буд.
Њукумат њам тарафдори суръат гирифтани коллективонї
будани худро бо ќарори махсус эълон карда буд. Аз љумла
ќайд шуда буд, ки соли 1931 дар пахтакорї 50% пахтакорон ба колхозњо љалб карда мешаванд. Аз ин рў, соли 1931
маъракањои якмоња ва думоњаи сохтмони колхозї ташкил
карда ва гузаронда шуданд. Дар натиља дар аввали соли
1932 дар љумњурї 2554 колхоз вуљуд дошт, ки 45% хољагињои
камбаѓалону миёнањолро дар бар мегирифт. Дар пахтакорї
бошад колхозњо 76 % хољагињоро муттањид мекарданд ва
84, 2 % майдонњои киштро дар бар мегирифтанд.
Омилњои ба раванди коллективонї таъсиррасонанда
инњо буданд:
175
1. Ёрии техникии давлат бештар ба корњои душвори
дењќонї - шудгор расонида мешуд. Соли 1929 дар Тољикистон 4 (МТС)-и (Стансияи мошину тракторњо)-и дорои 41
трактор вуљуд дошту соли 1932 19 (МТС)-и (Стансияи мошину тракторњо) дорои 1284 трактор, ки дастёри дењќонон
гардида буданд.
2. Ба корњои дењќонї љалб намудани мењнати занњо ва
њамчун дењќонзан-колхозчизан эътироф кардани онњо. То
соли 1929 занњо дар хољагї кор мекарданд, вале аъзои хољагї
њисоб намешуданд. Музди мењнати онњоро ба музди мењнати мардњои аъзо њамроњ мекарданд. Аз соли 1930 онњоро аъзои хољагї ва њаќќи мењнат мегирифтагї карданд. Звеноњо
ва бригадањои алоњидаи занона бо роњбарии занони фаъола
таъсис ёфтанд. Занњо ба ќувваи кории сањро табдил ёфтанд.
3. Баландтар гардидани њосилнокии зироати колхозњою
совхозњо назар ба хољагињои мустаќил, яккадаст. Хољагињои
мустаќил њарчанд кўшиш карданд, ки таљрибаи колхозњоро
дар хољагии худ љорї намоянд, вале истењсоли мањсулотро
ба дараљаи хољагињои коллективї - колхозњо расонда натавонистанд. Манфиати иќтисодї онњоро маљбур кард, ки ба
колхоз дохил шаванд.
4. Ёрии давлату шефњо ба соњаи пахтакорї, дар кофтани
каналњо ва бунёд намудани системаи обёрї, ташкили истењсолоти колхозї, ба роњ мондани њисобу китоби хољагї – ин
њама тадбирњое буданд, ки кори дењќонро осон, њосилнокии
мењнаташро баланд ва пеш аз њама, давутоз ва мущкилињои
ўро кам карданд. Бинобар ин, таваљљуњи дењќонон ба колхозњо зиёд мегардид.
5. Ќарору санадњои меъёрии њуќуќие, ки раванди коллективониро танзим мекарданд инњо буданд: ќарори Пленуми КМ ВКП (б ) «Дар бораи Комиссариати халќии замини иттифоќї» аз ноябри соли 1929, ки оид ба оќибати зўран
коллективонидани њољагињои бою кулакии Тољикистон буд,
ќарори КМ ВКП(б) Тољикистон «Оид ба наќшаи сохтмони
колхозї барои соли 1929-1930» аз 10-уми декабри соли 1929,
ки оид ба мустањкамкунии идораи колхозњо бањс мекард; ќа176
рори Бюрои осиёмиёнагии КМ ВКП(б) «Оид ба вазифањои
Бюрои осиёмиёнагї дар бораи коллективонии саросарї » аз
январи соли 1930, ки оид ба маљбурї гузаронидани коллективонї дар округи Хуљанду ноњияњои Саройкамар, Ќубодиён, Арал, Чиптўра бањс мекард; ќарори КМ ВКП (б) «Оид ба
мубориза зидди каљравињо ва роњи пешгирифтаи њизб дар
њаракати коллективонї», ки аз вайрон кардани принсипи
коллективонї бањс мекард; ќарори КМ ВК(б) Тољикистон
«Дар бораи мустањкам кардани колхозњо» аз моњи майи соли
1930, ки дар бораи мустањкам кардани колхозњо аз љињати
ташкилї, раёсат, њисобу китоб ва бо кадрњо таъмин намудани онњо бањс мекард. Њафтањо, моњњои сохтмони колхозие,
ки солњои 1930 - 1931 гузаронида шуда буданд, низ дар рафти коллективонии хољагии ќишлоќ наќши муайян бозиданд.
Ноњияњои пешќадам дар коллективонї инњо буданд:
Нов - 95,1%, Ќубодиён -87,4 %,Шањринав 86,6%, Арал 77,1%,Конибодом - 71,3% . Соли 1932 коллективонї дар пахтакорї пурра анљом ёфт.
Соли 1932 соли муваффаќиятњо дар раванди коллективонї дониста шуд, чунки ба коллективонї дењќонони миёнањол љалб гардиданд, ки шумораи онњо хеле зиёд буда,
56 % шумораи умумии хољагињои дењќононро ташкил медод.
Бо вуљуди ин пешравињо, рафти коллективонї дар Тољикистон нисбат ба СССР (ИЉШС) сусттар буд. Сабабаш кам
будани коргарон дар њайати умумии ањолї дониста мешуд,
яъне таљриба нишон дод, ки дар куљое синфи коргар вуљуд
дошт, дењќонон осонтару бештар ба колхозњо дохил мешуданд. Дар ин раванд коргарон ба дењќонон ёрї медоданд.
Коргарон бештар дар шањрњо ва атрофи корхонањое, ки дар
шањракњо вуљуд доштанд, зиндагї мекарданд. Аз ин рў, сабаби дуюми суст будани сохтмони колхозї дар Тољикистон
кам ва хурд будани шањрњо дониста шуда буд. Барои њамин
њам дењќонони тољик аксаран ба суст будани таъсири ёрї ва
дастгирии коргарон ва коллективонї дар як давра рў ба рў
шуда буданд.
Колхозњои солњои панљсолаи якум њар кадом њамагї
177
8-17 хољагї (оила, њавлї) ва 30-70 гектар заминро муттањид
мекарданд, ки ба њисоби миёна ба њар колхоз 13,1 оила ва
47,7 гектар замин рост меомад.
Луѓат
1. 25- њазорнафарањо – мафњумест, ки дар рафти коллективонї
ба вуљуд омада буд ва шахсњоеро дар назар дошт, ки Њокимияти
Шўравї онњоро (асосан коркунони дастгоњи њизбию шўравї ва
њизбиёни фаъоли сертаљрибаро) аз корњои (вазифањои) асосиашон озод намуда, барои ёрї додан ба раванди коллективонї ба
дењот фиристонида буд. Шумораи онњо сараввал 25 њазор нафар
буд. Аз ин рў, онњоро 25-њазорнафара меномиданд.
2. МТС – Стансияи мошинї-тракторї (машинно-тракторные
станции).
Супоришњо
1. Сиёсати саросар коллективониданро фањмонед.
2. Сабабњои асосии ба рафти коллективонї таъсир расондаро
шарњ дињед.
3. Њайати иљтимоии колхозњои ибтидои давраи коллективониро шарњ дињед.
4. Ноњияњои пешќадами коллективониро номбар кунед.
5. Душманони сохти колхозї кињо буданд, номбар кунед.
§ 38. СИЁСАТИ ШЎРАВИИ СОХТМОНИ КОЛХОЗЇ
ДАР СОЛЊОИ ПАНЉСОЛАИ ДУЮМИ ТАРАЌЌИЁТИ
ХОЉАГИИ ХАЛЌИ ЉУМЊУРЇ
(1933 - 1937)
Тавсифи умумї. Чї тавре дар боби 29 ќайд шуд, давраи сеюми коллективонї бо номи сохтмони колхозї маълум буда, дар Тољикистон асосан солњои 1933-1937-ро, яъне
солњои панљсолаи дуюмро дар бар гирифта буд. Хусусияти
хоси ин давра ва ё сохтмони колхозиро аввалан саросар гузаштан ба колхозњо (ТОЗ-њо ва артелњо) ташкил медоду баъдан табдил ёфтани (додани) ТОЗ-њо ба артелњои хољагии
ќишлоќ. Акнун онро бо номи умумии сиёсати коллективонї
ном мебаранд. Хољагињои солњои охири панљсолаи дуюм
178
бо ду ном - колхоз, ки дар он хољагињои яккадаст муттањид
шуда буданд ва совхоз (советское хозяйство), ки онро давлат ташкил медод, маълум мебошанд. Фарќи асосии колхозу совхозро принсипњои (шаклњои) ташкилї, моликиятдорї
ва узвияти аъзоёнаш ташкил медод, яъне колхозњо дар натиљаи муттањидшавии хољагињои дењќонии яккадаст бо замину асбобу афзори зироаткориашон ва бо њуќуќи таќсими
мањсулоти бадастомада аз рўйи миќдори (њаљми) кори иљрошуда, ки ба воситаи рўзи мењнат чен карда мешуд, таъсис
меёфтанд. Аъзои онњоро колхозчї меномиданд. Совхозњоро бошад давлат аз њисоби замин, олоти мењнати худ таъсис
медод. Дар совхозњо дењќонон дар асоси шартнома бо муайян намудани маош барои кори дар 8 соат иљрошаванда ба
кор ќабул мешуданд. Аъзои совхозњоро дењќон нею коргар
меномиданд. Дењќони колхозї умед ба њосил дошту коргари
совхоз ба маош.
Раванди сохтмони колхозї дар рафти коллективонї. Чї
тавре дар дарсњои ќаблї ќайд шуда буд, дар ибтидои сиёсати сохтмони колхозї 85 % хољагињои дењќонї ба колхозњо
(ТОЗ - 41,04,% артел - 42,05%, коммунањо 0,09 %, совхозњо
1,82 %) муттањид карда шуда буданд. Танњо 15% дењќонон
њанўз њам чун хољагињои яккадаст фаъолият доштанд, ки
15% шумораи умумии дењќононро ташкил медоданд, яъне
шакли асосии колхозњо ТОЗ-њо ва артелњои хољагии ќишлоќ
буданд, ки 83,9% миќдори умумии хољагињои дењќониро
ташкил медоданд. Њукумат аз соли 1930 сар карда, ТОЗ-њоро чун шакли бењтарини колхозњо эътироф ва тавсия карда буд. Дар давраи гузариш ба коллективонии саросарии
солњои 1931-1932 њукумат сиёсати сохтани ТОЗ-њо ва табдил
додани артелњои хољагии ќишлоќро ба ТОЗ-њо пеш гирифта буд. Дар охири давраи сиёсати сохтмони колхозї бошад,
давлат сиёсати ташкил додани артелњои хољагии ќишлоќ ва
табдил додани ТОЗ-њою коммунањоро ба артелњои хољагии
ќишлоќ пеш гирифта буд. Барои ин маќсад дар солњои 19331934 дар Тољикистон аз њисоби коммунистони ботаљриба 34
шуъбаи сиёсї дар назди МТС ва совхозњо кушода шуданд.
179
Вазифаи шуъбањои сиёсї тарѓибу ташвиќи дењќонони яккадаст ба колхоз, мустањкам кардани дастгоњи колхозї (раёсат, идораи колхозї, ки то охири солњои 80-ми асри ХХ
правленияи колхозї номида мешуданд), тоза кардани раёсати колхозњо ва худи колхозњо аз кулакњо, ташкили кори
њисобу китоб дар колхозњо буд. Шояд маълумоти њамин
шуъбањои сиёсї буд, ки фаъолияти Њукумати Тољикистон
мавзўи муњокимаи КМ ВКП(б) гардида буд. Тоза кардани сафњои њизб, раёсатњо то ба колхозњо ва њатто аъзоёни
колхозњо (колхозчиён) аз унсурњои бою кулакї ба хатоњои
љиддї оварда буданд. Ноњаќ дењќонони зиёди асилро ба
бою кулак мансуб дониста, аз вазифањои роњбарию узвияти колхоз озод мекарданд ва љазо њам медоданд. Ин амал
нисбати аъзои Њукумати љумњурї њам раво дониста шуда
буд. Аз љумла, Котиби якуми ЊК(б) Тољикистон Њусейнов,
раиси КИМ Нусратулло Махсум, раиси ШКХ А.Њољибоев,
ки гўё аз беназоратии онњо ба сафњои њизбу њукумат ва хољагињо унсурњои душмани сохти сотсиализм-кулаку бойњо роњ
ёфта, бо нигоњ доштани баъзе имтиёзњо бори асосии андози шартиро ба гардани камбаѓалон партофта бошанд. Ин
шахсиятњо аз вазифа озод карда шуда буданд.
Солњои 1933-1937 бо зиёд гардидани техникаи МТС
њосилнокии хољагињои коллективї баланд гардид ва сиёсати сохтмони колхозї таѓйир ёфт. Ин таѓйирот бештар
дар ташкили хољагидории колхозї буд. Таљрибаи ташкили мењнату музди мењнат, усули кор (инфиродї, звеногї,
бригадавї) шаффофию њавасмандии дењќонони колхозиро баланд кард. ТОЗ-њо хизмати худро карданд. Оинномаи
намунавии ТОЗ-њо мењнати дастљамъонаи коллективиро ба
вуљуд овард. Аз соли 1934 сар карда, ТОЗ-њою коммунањо
ба артелњои хољагии ќишлоќ табдил ёфтан гирифтанд, чунки хољагии сотсиалистї шуданашонро њам исбот карданд.
Устави намунавии артелњои хољагии ќиш-лоќ, ки дар асоси
пешнињодњои анљуманњои 1,2,3 колхозчиёни пешќадам ва
анљуманњои 1 ва 2 колхозчиён тањрир ва мукаммал гардида
буд, онро аз аввали соли 1937 ба шакли хољагињои дигар
180
ТОЗ-њою коммунањо раво дониста, њамаи шаклњои хољагидорї артели хољагии ќишлоќ ном гирифт. Сохтори асосии
колхозњоро артелњои хољагии ќишлоќ ташкил медоданд. Аз
соли 1935, гузариши ТОЗ-њо ба оинномаи артелњои хољагии ќишлоќ сар шуда, соли 1937 ба саросар гузаштан ба он
оѓоз ёфта, соли 1938 анљом ёфт. Дар Тољикистон дар солњои
панљсолаи дуюм сохтмони колхозї пурра ѓалаба карда 90 %
хољагињо ва 98 % замини кишти љумњуриро дар бар гирифта
буданд.
Дар ин давра њосилнокии пахта дар љумњурї ба 16,1
сентнер (баландтарин њосил дар СССР, ѓалла ба 9,2 сентнер
расида буд. 22% колхозњо соњиби фермањои говњои љўшої
гардида, саршумори чорвои калон 40 % , асп 25 % ва чорвои
хурд 2 баробар афзуда, даромади умумии колхозњо ба 38,9
миллион расида буд. Давраи гузариш аз феодализм ба сотсиализм ба охир расида, сотсиализм дар дењоти Тољикистон
њам ѓалаба кард.
Луѓат
1. Колхозчї (колхозник,колхозница) - ибораи мураккаби
сертаркибаи русї- тољикии кол-хоз-чї(кол-коллективное(муттањид,дастљамъї), хоз (хозяйство-хољагї ва чї –бандаки калимасози тољикист). Узви хољагии дастљамъиро колхозчї, (колхозник)
меномиданд.
2. Шуъба(њо)и сиёсї- созмони махсус барои ташкил додани
колхозњо дар назди МТС-њо, ки дар солњои 1933-1935 амал мекарданд. Солњои 1936-1941 онњо ба шўъбаи махсус-шўъбаи хољагии
ќишлоќи ноњиявї табдил дода шуданд.
Савол ва супоришњо
1. Сабабњои асосии ба сохтмони колхозї рў овардани Њукумати Шўравиро фањмонед.
2. Колхозњои давраи коллективонї дар асоси кадом њуљљатњо
таъсис ва фаъолият мекарданд?
3. Умумият ва фарќи байни оинномањои ТОЗ-њо, артелњо ва
коммунањоро шарњ дињед.
4. Ѓалабаи сотсиализмро дар дењот муайян намоед.
181
§ 39. РАВАНДИ ТАШАККУЛИ МУЗДИ МЕЊНАТИ
КОЛХОЗЧИЁН ДАР РАФТИ СОХТМОНИ КОЛХОЗЇ
Баробармузддињї аз рўйи шумораи хўрандањо дар хољагї
(оила). Аз сабаби он ки таљрибаи мењнати коллективї њамчун шакли нави муносибатњои истењсолї ба роњ монда шуда
буд, он њаќќи мењнат доданро њам таќозо мекард. Ин усули
музди мењнат додан дар хољагињои фермерии ИМА њанўз
дар асри Х1Х таљриба шуда буд. Шаклњои баробарњаќдињї
ба аъзоён, аз рўйи шумораи хўрандањо њаќ додан, аз рўйи
шумораи аъзо њаќ додан, аз рўйи миќдори ваќти кор дар
сањро њаќ додан, аз рўйи њаљми кори иљрошуда музд додан
вуљуд дошт.
Дар солњои 1918-1927 дар артелу коммунањо додани музди мењнат дар асоси баробарии иљтимої – аз рўйи шумораи
хўрандањо љорї буд, яъне хонаводањое буданд, ки 5-6 нафар
ќувваи корї доштанду њамаашон дар корњои сањрої кор
мекарданд ва барои њамон 5-6 нафар музди мењнат мегирифтанд. Аммо хонаводае њам буд, ки аз 5-6 нафар иборат
буду як нафарашон ќобилияти корї дошт ва њамон як нафар
дар корњои сањрої иштирок мекард, вале барои 5-6 нафар
хўранда аз мањсулоти истењсолкардаи хољагї(колхоз)њаќ
мегирифт. Ин тарзи њаќдињї ва таќсими мањсулоти истењсолшуда норозигиро ба миён меовард. Дар ин бора њазорњо арзу шикоятњо ва њалномањои судие, ки дар бойгонињо
вуљуд доранд, шањодат дода метавонанд. Аз њама бештар ин
усули музддињї њавасмандиро аз байн мебурд.
Баробармузддињї аз рўйи иштирок дар корњои сањрої.
Солњои 1928-1931 дар артелњои хољагии ќишлоќ (колхозњо)
музди мењнат аз рўйи иштироки бевоситаи дењќонон дар
корњои сањрої таљриба шуд ва њавасмандии аъзои артели
хољагии ќишлоќро баланд кард, вале камбудии дигареро
ошкор кард: аъзоёни хољагї баробар кор кунанд њам, њаљми
кори иљрокардаашон баробар набуд, яъне баъзењо дар сањро
хуб ва босамар мењнат мекарданду баъзењо фаќат иштирок
доштанд, вале хуб кор намекарданд. Бинобар ин, ин тариќи
њаќдињї њам камфаъолиятї ва њам танбалиро эљод кард.
182
Раванди ташаккули музди (њаќќи) мењнати колхозчиён.
Њаќдињї аз рўйи иљрои кори амалиро њукумат аз соли 1932
сар карда, аввал њамчун таљриба ва аз бањори соли 1932 њамчун воситаи асосии таќсими даромад, ба амалї кардан оѓоз
намуда буд. Њукумат барои иљрои корњои сањрої номгўй ва
меъёрњоеро тартиб дода буд, ки барои кори як рўзи сањрої
пешнињод шуда буданд ва дењќоне, ки чанд нормаро иљро
мекард, ба номи ў њамон ќадар рўзи мењнат мегузарониданд:
як норма як рўзи мењнат, се норма се рўзи мењнат, яъне норма бо рўзи мењнат ва рўзи мењнат аз рўйи њаљми кори иљрогардида муайян карда мешуд. Иштирок дар корњои сањрої
то миёнаи соли 1932 ба тариќи бригадавї (дастагї) ва минбаъд ба тариќи звеногї (нимдастањо) сурат мегирифт. Оинномаи намунавии ТОЗ-њо ва артелњои кишоварзї њам тањия
шуда буд. Музддињї ба мењнат аз рўйи рўзи корї ва њаљми кори иљрогардида муайян гардида буд. Дар як рўз чанд
нормаи коре, ки иљро мешуд, њамон ќадар музди мењнат гузаронида мешуд. Дењќонони колхозї музди мењнаташонро
асосан ба тариќи пешпардохт бо мол (натура) ва ќисман бо
пул мегирифтанд. Колхозњои пахтакор агар наќшаро иљро
мекарданд, ба њар як рўзи мењнаташон аз 6 то 10 кг гандум,
то 1кг шолї, 100-150 грамм равѓан, 50-60 грамм чой, 130-140
грамм ќанд, 0,20-0,25 метр газвор, 5-7 сўм пул мегирифтанд.
Колхозчї ё аъзои оилаи ў ба њисоби миёна соле то 450 рўзи
мењнат кор мекарданд, ки ин миќдор рўзи мењнат ба хољагии ў тахминан 3500 кг гандум, 200-250 кг биринљ, 45-65 кг
равѓани пахта, 22-25 кг чой, 60-70 кг ќанд,100 метр газвор,
2700 сўм пул ва дигар чизњо даромад меовард. Масалан, колхози «Пахташиркат»-и ноњияи Шањринав соли 1931 ба њар
як рўзи мењнат 9,1 кг гандум, 505 грамм равѓан, 440 грамм
картошка, 7 сўму 95 тин пул дода буд.
Савол ва супоришњо
1. Баробарњаќдињиро шарњ дињед.
2. Камбудињои баробарњаќдињиро барои иштирок дар
корњои сањрої шарњ дињед.
3. Шаклњои њаќдињиро дар колхозњои ибтидои коллективонї муайян намоед.
183
4. Рўзи мењнат чист?
5. Њаќдињї ба воситаи рўзи мењнатро шарњ дињед.
§ 40. АЗНАВСОЗИИ СОТСИАЛИСТИИ ХОЉАГИИ
ЌИШЛОЌ ВА КАЉРАВИЊО ДАР РАФТИ
СОХТМОНИ КОЛХОЗЇ
Азнавсозии хољагии ќишлоќ ќисми таркибии коллективонї. Азнавсозии сотсиалистии хољагии ќишлоќ ќисми
таркибии наќшаи давлатии сохтмони сотсиализм дар мамлакат буд, ки маќсади асосии он барњам додани моликияти
хусусї бо роњи таъсис додани моликияти колхозї-кооперативї-коллективї (љамъиятї) буд. Сабаби асосии сиёсати
коллективонии хољагии ќишлоќро пеш гирифтани Њукумати Шўравї асосан ин буд, ки хољагињои шахсии дењќонї ќудрати бо ашёи хоми хољагии ќишлоќ таъмин кардани саноати тараќќикардаистодаи шўравиро надоштанд. Ин њолатро
дида, синфи коргар ва корхонањои саноатие, ки бо ашёи хоми
хољагии ќишлоќ кор мекарданд ва ё талаботњои истењсолию
истеъмолии худро ќонеъ мегардониданд, хољагии ќишлоќро
ба шефї гирифтанд. Шањр дењот ва дењќононро бо техника
ва молњои саноатии ниёзи мардум, дења бошад, шањрњо ва
саноатро бо хўрокворї ва ашёи хоми саноатї таъмин карданро ба ўњда гирифтанд. Аввалин чунин шартномаи тарафайн байни коргарони саноати бофандагї ва пахтакорон
ноябри соли 1929 баста шуда буд. Баъдтар ин намуди шартномањо тамоми соњањои хољагии ќишлоќро фаро гирифт,
вале бе коллективонидани дењот ин шартњоро иљро кардан
мумкин набуд, чунки душворињои зиёде вуљуд доштанд. Дар
љумњурї яке аз ин душворињои коллективонї гуногунсоња
будани хољагии ќишлоќ ва дар дараљањои гуногуни иљтимої
ќарор доштани дењаю дењќонон буд. Минтаќањо ва ноњияњои гуногуни Тољикистон ба соњањои гуногуни хољагидорї
машѓул буданд. Минтаќањои шимол (вилояти Суѓд) ва марказу љануби Тољикистон асосан ба зироаткорї ва баъд ба
чорводорї, вале Помир ва минтаќањои кўњистони љумњурї
184
аввал ба чорводорї ва баъд ба зироаткорї банд буданд. Аз
ин рў, дараљаи тайёрии ин минтаќањо њам ба муттањидшавї
якхела набуд. Дар шимоли љумњурї дар рафти ислоњоти обу
замини солњои 1925-1927 ба заминдории феодалї хотима
дода шуда бошад, ин ислоњот ќисматњои дигари љумњуриро
умуман фаро нагирифт ва гузаронида нашуд. Дар ин минтаќањо то ибтидои соли 1929 њанўз њам асоси хољагидориро
моликияти шахсї ба замин ташкил медод. Дар ин минтаќа
хољагидории коллективї њамагї 1,5% хољагињоро дар бар
мегирифт.
Барои тезонидани ин суръат соли 1928 дар љумњурї 4
МТС-и дорои 41 трактор дар ноњияњои Арал, Шањритус,
Шањринав ва Саройкамар ба кор сар карданд. Коллективонї ба сиёсат ва маъракаи сиёсї, иќтисодї, иљтимої ва мадании Давлати Шўравї табдил ёфта буд. Барои тезондани
суръати коллективонї тадбирњои сабук кардани андозњо,
ќарздињї (кредит), ба заминњои нав муњољир кардани (кўчондани) оилањои безамину камзамин, сохтмонњои иншоотњои обёрї, бо техникаи нав таъмин намудани дењот ањамияти
калон доштанд. Дар татбиќи амалии сиёсати коллективонї
гузаронидани маъракањои мустањкамкунии колхозњо(1931),
думоњаи колективонї (1930-1931), аз сиёсати коллективонї
ба сиёсати сохтмони колхозї гузаштан, ќабули оинномаи
намунавии ТОЗ-њо(1932), анљуманњои колхозчизанони
пешќадам(1935) ва колхозчиён(1935) ва оинномаи намунавии хољагии ќишлоќ(1936) наќши асосї бозида буданд.
Каљравињо дар рафти муттањидсозии хољагињои дењќонї.
Каљравињои асосї аз вайрон кардани шартњои асосии коллективонї – ихтиёрї ба колхоз дохил шудан, ихтиёрї интихоб кардани шакл (ТОЗ, артел, коммуна) ва муњлати он
(дар шароити Тољикистон ин мўњлат то миёнаи соли 1933
муќаррар шуда буд), шахсони муваќќатї ва бегона будани мутасаддиёни гузаронидани коллективонї ва баъдан, ташкили мусобиќа байни ин мутасаддиён иборат буд.
Хоњиши ѓалаба дар чунин мусобиќањо ба каљравињо оварда
буд.
185
Дар Тољикистон шарти асосии ихтиёрї маънои онро
дошт, ки дењќонон аз се шакли пешнињодгардидаи колхозњо,
(ТОЗ, артели хољагии ќишлоќ ва коммунањо) кадомашро,
ки хоњанд, њамонашро интихоб кунанд ва ташкил дињанд.
Њукумат нисбат ба њамин масъала диди худашро дошт:
ТОЗ-њоро пешнињод карда буд. Шарти сеюм – муњлати ба
охир расондани сиёсати коллективонї буд, ки онро бањори соли 1932 муќаррар карда буданд. Дар тамоми давраи
коллективонї аксаран ин се шарт вайрон карда мешуд: ба
љойи шарти ихтиёрї - зўрї, ба љойи шарти интихоби ТОЗњо, артелњои хољагии ќишлоќу коммунањо пешнињод мешуданду муњлатњои коллективонї риоя намегардиданд. Аз ин
љост, ки эътирозњои дењќонї ва суиќасдњо ба љони шахсони
расмї, мутасаддиёни коллективонї, ки солњои 1930 - 1935
дар ноњияњои Конибодом, Ќубодиён, Хољамастону(њоло
Абдурањмони Љомї) Шањринав ва дигарњо шуда буданд, то
ба дараљаи истифода аз яроќи оташфишон оварда буданд.
Натиљааш дањњо ќурбоншудагон буданд. Баробари ин, боз
њазорњо чорвоњои корї ќасдан кушта шуда, садњо анборњои
хољагињо ѓорату оташ зада шуданд.
Дар раванди татбиќи сиёсати коллективонї сањми мутасаддиёни ин маърака, асосан, биступанљњазорнафариён кам
набуд. Дар Тољикистон аз љониби њукумати умумииттифоќ
87 нафар ва садњо инструкторони дохилии таљрибаи кори
ташкили колхозњо дошта кор мекарданд. Њамаи онњо роњбарони муваќќатї буда, то замони дар колхозњо муттањид
кардани зиёда аз 66% дењќонони минтаќаи фиристодашудаашон фаъолият карда, сипас ба љойњон пештараи худ бармегаштанд, яъне баргаштанашон ба раванди коллективонї
вобаста буд. Ин меъёре буд, ки баъди ноил гаштан ба он
коллективонї ба охир расида њисобида мешуду ташкилотчиаш ѓолиб. Ин боиси мусобиќа гардид ва мусобиќагаронро ба суистеъмол аз вазифа њам бурда расонд. Оќибати он
марги дањњо чунин мутасаддиён мисли Зайнаббибї Ќурбонова аз ноњияи Рўдакї, Мирзо Ризо аз ноњияи Шањринав,
186
Р.Њамроњбоев аз ноњияи Конибодом ва Г.К.Безгин аз биступанљњазорнафариён гардида буд.
Луѓат
1. Азнавсозї – азнавсозї дар матн ба маънои азнавсозии сотсиалистї омада, таъсиси хољагињои характери истењсолоти сотсиалистї доштаро дар назар дорад.
Савол ва супориш
1. Азнавсозии дењоти солњои 30-ми асри ХХ чињоро дар назар
дошт?
2. Шаклњои колхозњои солњои панљсолањои якум ва дуюмро
номбар кунед ва шарњ дињед
3. Ќурбоншудагони давраи сиёсати коллективониро номбар
кунед
§ 41. СОЊАЊОИ АСОСИИ ХОЉАГИИ ЌИШЛОЌ ДАР
ДАВРАИ СИЁСАТИ КОЛЛЕКТИВОНЇ
Тавсифи умумї. Хољагии ќишлоќи Тољикистон таърихан серсоња буд. Ќариб, ки њама навъњои ѓалла, мева, чорпо, парандањои хонагї кишту парвариш карда мешуданд.
Вале њар минтаќа дар њама давру замон соњањои асосии худро дошт, ки онро талаботи истеъмолии мањал ва бозори
дохилии мамлакат муайян мекард. Зироаткорї, боѓдорї ва
чорводорї бештар ба боздењи иќтисодии онњо асос ёфта
буданд, яъне дењќон он навъи ѓалла, мева, чорвоеро кишту
парвариш мекард, ки аз он њосили дилхоњ гирифта тавонад.
Аз ин рў, минтаќањои Тољикистон њоло аз асри миёна сар
карда, кайњо ба шаклњои истењсолии тахассусї гузашта буданд ва ин истењсолоти тахассусї дар давраи нав – сохтмони сотсиализм њам истифода мешуд. Дар Тољикистон дар
нимаи аввали асри ХХ кишти ѓалладонаи навъњои гандум,
љав , љавдор, шолї, нахўд, наск, лўбиё, љуворї, мош, арзан,
заѓир, кунљид ва ѓайрањо; аз зироатњои полизї харбуза тарбуз, каду, пиёз, карам; аз мевањо зардолу, чормаѓз, ангур,
тут, себ, олуча; аз њайвонот буз, гўсфанд, гов, асп, хар навъњои асосї ба њисоб мерафтанд. Пахта ва пилла њам дар
187
иќтисодиёту маишати тољикон ањамият дошт. Пахтаи љойдорї - ѓўза ва кирмак кишту парвариш мекарданд, ки хоси
њама минтаќањои Тољикистон буданд, вале фаќат барои
риштану бофтан ба онњо баъди 10-15 сол рў меоварданд.
Дар даврони шўравї пахтакорї ва кирмакпарварї ба
соњањои афзалиятноки зироат ва касб табдил ёфтанд.
Пахтакорї. Пахтакорї дар иќтисодиёти дењоти тољик
мањз дар давраи шўравї, дар солњои 30-ми асри ХХ, махсусан дар давраи сиёсати коллективонии дењот, маќоми хосса
пайдо карда, ба ашёи хоми стратегї ва саноатї табдил ёфт.
Тољикистон ба яке аз љумњурињои асосии истењсолкунандаи
пахта ихтисос дода шуда буд. Ин ихтисос њама истењсолкунандагонашро аз њама гуна имтиёзњои давлатї бархўрдор
гардонда буд. Маблаѓгузории даркорї, низ аз љумлаи ин
имтиёзњо буд, ки бе он ин соњаро ба дараљаи даркорї ривољ
додан мумкин набуд.
Пешомади инкишофи пахтакории Тољикистон дар наќшањои панљсолањои якуму (1928/29-1932/33) дуюм(1933-1937)
дарљ гардида буданд. Ба наќша гирифта шуда буд, ки дар
љумњурї истењсоли пахта дар охири панљсолаи дувум ба 80
њазор тонна расонда мешавад. Барои ба ин маќсад расидан
ба наќша гирифта шуда буд, ки шабакањои обёрии вуљуддошта васеъ ва пурра карда шуда, шабакаи обёрии нави водии Вахш, ки мебоист 94 000 гектар заминро обшор мекард,
инчунин канали магистралии Вахш сохта ба кор андохта мешуд. Дар сохтмони ин иншоот тамоми мамлакати шўравї
ва мутахассисони хориљї иштирок доштанд. Барои бунёди
канали Вахш 155,5млн.сўм сарф гардида буд, ки ќудрати
буљети Тољикистон ба он дар дањсолањо намерасид. Канали
Вахш махсули дўстии халќњо, њамкории љумњурињои собиќ
Иттињоди Шўравї буд. Ин канал водии гарм ва хушкро ба
водии тиллої, водии истењсоли пахта табдил дод. Дар водии
Вахш, мањз ба хотири обу њосилнокии заминаш, соли 1929
Маркази тадќиќотии пахтакорї ташкил дода шуд.
Тољикистон соли 1927 27 њ.т., соли 1928 38,6 њ.т., соли
1929 37,1 њ.т. пахта истењсол карда буд, ки њосилнокии он аз
188
њар гектар 7 – сентнериро ташкил медод. Солњои 1929-1932
кишти пахта ба 119,6 њ.га (ба љойи 52,2 њ.га соли 1928) расонда шуда буд, вале њосилнокии он аз 6,5 сентнерї то ба 4,1
сентнер кам гардида буд, яъне ќариб 3 сентнер аз як гектарро ташкил медод. Истењсоли пахта соли 1932 48,9 њ.тоннаро
ташкил дода буд.
Соли 1935 љумњурї 80555 т., соли 1936 зиёда аз 120000 т.,
соли 1937 зиёда аз 178000 т. ва соли охири панљсолаи дувум
183000 т. пахта истењсол намуда аз рўйи њосилнокї дар мамлакати шўравї ба љойи якум баромад.
Ѓаллакорї. Ѓаллакорї яке аз соњањои асосии хољагии
ќишлоќи Тољикистон ба њисоб мерафт ва то соли 1929 истењсоли он ба дараљаи тоинќилобї расонида шуда буд. Соли
1913 дар њудуди Тољикистон таќрибан 413 њ.га замин кишт
ва таќрибан 200-202њ.т. ѓалла истењсол мешуд. Кишти ѓалла сол ба сол зиёд ва њосилнокии он баланд мегардид. Соли
1932 дар љумњурї 573,7 њ.га кишт ва 383,3 њ.т. ѓалла рўёнда шуда, њосилнокии ѓалла аз 7,7 сентнери соли 1932 ба 9,2
сентнер дар соли 1937 расид. Соли 1937 истењсоли ѓалладона
ба 488,1 њ.т. расонда шуд.
Аз соли 1938 сар карда, дар љумњурї истењсоли ѓалла дар
заминњои обї тамоюл ба камшавї ва дар заминњои лалмї
тамоюл ба зиёдшавиро гирифт. Дигар ин ки Тољикистон ба
ивази пахта аз љумњурињои Русия ва Украина ѓаллаи зиёде
мегирифтагї шуду истењсоли ѓаллаи хўроквориро кам кард.
Минбаъд љумњурї фаќат ѓаллаи техникї кишт мекардагї
шуд.
Чорводорї. Чорводорї соњаи дуюми хољагидории ањолии
Тољикистон ба њисоб мерафт. Дар солњои љанги шањрвандї
саршумори чорвои љумњурї бенињоят кам гардида буд. Баъди љанг њам ин раванд тамоюл ба камшавї дошт. Тадбирњои
давлат бо роњи ќисме аз ањолиро аз андози чорво озод кардан, сари роњи камшавии саршумори чорворо гирифта бошад
њам, бе дастгирию ёрии давлат саршумори онро зиёд кардан
душвор буд. Як роњи зиёд кардани саршумор ташкили чорводории љамъиятї (кооперативї-коллективї) дониста шуда буд.
189
Дар солњои 20-ми асри ХХ дар Тољикистон чорводории
љамъиятї ќариб, ки вуљуд надошт. Чорводории љамъиятї
хоси давраи коллективонии дењот буд ва њаст, чунки ба колхозњои навтаъсиси ѓаллакору пахтакор иљозати доштани
миќдори муайяни чорво њам дода шуда буд. Дигар ин ки
аз соли 1930 сар карда, дар љумњурї хољагињои чорводор
њам таъсис ёфта буданд. Аз тарафи дигар, кўшиши таъсиси колхозњои чорводор ва тарѓиботи зидди сиёсати кооператсиякунї ва коллективонї ба умуман несткунии чорво ва
хусусан чорвои корї боис гардид. Аксари ањолї дар давраи
сиёсати саросар гузаштан ба ТОЗ-њо њамчун эътироз ќасдан
даст ба забњи чорвои корї зада буданд. Ин ќасд дар солњои
минбаъда сабаби кам шудани кишт ва душворї дар маъракаи шудгор гардид.
Солњои 1932-1937 барои ташкили колхозњои чорводорї
Њукумати умумииттифоќї ба Тољикистон ба воситаи чорвои зинда ёрии амалї расонида буд. Ба љумњурї аз Русия,
Украина ва Ќазоќистон чорвои зиёде оварда шуда буд, вале
аз надоштани таљрибаи хољагидорї саршумори онњоро нигоњ дошта натавонистанд. Фаќат аз соли 1936 сар карда,
дар љумњурї раванди афзоиши чорводории љамъиятї оѓоз
гардид. Сабаби асосии ин раванд ќарори Њукумати Шўравї
дар бораи барои њар як колхоз ба таври њатмї доштани ду
фермаи чорводорї гардида буд: як фермаи молї ва як фермаи ширї. Фермаи молї фермаи чорвои хурд (бузу гўсфанд)
ва фермаи ширї чорвои калон-говњои љўшої буд. Барои ин
маќсад соли 1935 колхозу дењќонон аз давлат 2497 њ. сўм ёрї
гирифта буданд. Баробари ин, давлат корњои зиёдеро оид
ба хизмати зоотехникию зооветеринарї ба роњ монда буд.
Дар натиља саршумори чорво соли 1937 ба 2135000, чорвои
калони шохдор ба 500,1 њ. ва чорвои хурд ба 1634900 сар
расида буд.
Соњањои дигари хољагидорї. Сиёсати нодурусти андози
боѓот дар солњои 1917-1932 бисёр боѓњоро аз байн бурда буд.
Бинобар ин, аз соли 1935 сар карда, сиёсати давлатї нисбати
боѓњои шахсї ва љамъиятї таѓйир ёфта, андози тафриќавї
190
љорї гардид. Дар натиља дар солњои 1936-1937 боѓњо 60,7%
зиёд гардида, масоњати умумии онњо ба 24,6 њ. га расид. Дар
љумњурї дењќонони 9 совхоз ба боѓдорї машѓул буданд.
Дар солњои 30-м кирмакпарварї њам ба соњаи даромадноки иќтисодї табдил ёфта буд. Истењсоли пилла аз 619550
килои соли 1932 ба 1360797 килограмм дар соли 1937 расида
буд.
Луѓат
1. Ферма – аз фирмаи англисї маънои истењсолот, хољагии
яксоњаро ифода мекунад.
Супориш
1. Сабабњои асосии васеъ шудани кишти пахтаро шарњ
дињед.
2. Аввалин колхозњои миллионери Тољикистонро номбар
кунед.
3. Омилњои асосии рушди чорводориро номбар кунед.
§42. АВЗОИ ЉАМЪИЯТИВУ СИЁСИИ ЉУМЊУРЇ ДАР
СОЛЊОИ 30-ЮМИ АСРИ ХХ
Сохтмони шўравї. То охири солњои 20-ум сохтори
шўравї њамчун сохтори сиёсии давлатдорї бештар дар шакли њуќуќї (юридикї) вуљуд дошт, на дар амал (воќеият). Ин
сохтор аз тарафи оммаи халќ акнун раванди бемайлони дар
амал ќабул шуданро гирифта истода буд.
Дар солњои 30-юми асри ХХ баъди гузаронидани сиёсати љонноккунонии шўроњо ин сохтор (шўравї) дар њамаи зинањо (дења, љамоати дењот, ноњия, вилоят ва љумњурї)
аз тарафи оммаи халќ эътироф ва шинохта шуд. Сиёсати љонноккунонии шўроњо боиси ва ба омма наздик гардидани шўроњо гардид. Муваффаќияти назарраси сохтмони шўравї фаъолгардии иштироки зањматкашон дар
маъракањои интихоботї дар њамаи зинањо ва барои њама
сохторњо буд. Интихоботњо оњиста-оњиста ба маъракаи сиёсию халќї табдил меёфтанд. Ин њолат дар натиљаи назорати
даркории омма аз болои фаъолияти шўроњо ба даст омада
191
буд. Дар навбати худ шўроњо тамоми фаъолияташонро барои њарчи хубтар роњбарї кардан ба талабгузорињои омма
равона мекарданд.
Сиёсати
демократикунонии низоми интихоботии
шўроњо пеш гирифта шуд.
Асосан ин баъди ќабули конститутсияи сотсиализми ѓолиб ва ќабули ќарор “Дар бораи азнавсозии кори шўроњо
ба муносибати љорї гардиБинои Президиуми Шўрои
дани конститутсияи нав” ба
Олии ЉШС Тољикистон (с.1939) амал омад. Намояндагони
халќ сари њар чанд ваќт дар назди интихобкунандагони худ
њисобот медодагї шуданд. Таљрибаи бозпас хондани намояндагоне, ки аз ўњдаи иљрои вазифаи худ намебаромаданд,
љорї гардид. Талабот ба шўроњо хеле зиёд шуд. Аз ин рў,
шўроњњо њам барои бењ кардани фаъолияташон њамчун
маќоми идорї ба омўзиши сиёсии кормандони худ ањамият
дода, курсњои кўтоњмуддати (якмоња, думоња, шашмоња ва
яксола) тайёр кардани кадрњои шўравиро таъсис доданд. Ин
Бинои КИМ-и ЉШС Тољикистон (с.1936)
курсњо асосан дар назди КИМ-и ЉШС Тољикистон таъсис
ёфта буданд.
192
Шўроњо асоси сиёсии љумњурї гардида, њамчун њокимияти мењнаткашон хусусиятњои характерноки зеринро доро
буданд: онњо аз њамаи ташкилотњои дигари давлатї оммавитар ва демократитар буданд; онњо корњои идора кардани
мамлакатро ба амал бароварда, оммаи халќро бо дастгоњи
њокимияти давлатї мепайвастанд. Шўроњо моњиятан ташкилоти интернатсионалии давлатї буда, мароми ягонагии
бародаронаи мењнаткашони миллатњои гуногунро амалї
мегардонданд.
Дар солњои 30-юм шўроњо дар ташкили фаъолияти омма
мањорати баланд нишон доданд. Ин мањорати ташкилотчигии шўроњо дар давраи гузаронидани сиёсати саноатикунонии мамлакат ва коллективонии соњаи кишоварзї баръало
њис шуда буд. Соли 1937 бошад, баъди ќабули конститутсияи сотсиализми ѓолиб, шўроњо мебоист кори худро ба
тариќи нав ташкил медоданд. Шўроњо агар аз як тараф ба
асоси сиёсии љумњурї табдил ёфта бошанд, аз тарафи дигар,
раванди номатлуби зери таъсири њизб мондан ва ба њизб
тобеъ гардидани шўроњо њам аз њамин давра сар шуда буд.
Ин амалро аз таъсис ёфтани гурўњњои (ташкилоти) њизбии
шўроњо (шўрои олї, шўроњои вилоятї, ноњиявї, љамъиятї)
пай бурдан мумкин буд. Њизбикунонии шўроњоро Њизби
Коммунистї њамчун чораи пешгирї кардани каљравињою
бесарусомонињои бењуда ва зиёдатї шарњ медод. Тадриљан
фаъолияти шўроњо бо сиёсати ЊК мутобиќ карда шуд. Оќибати ин сиёсат он гардид, ки шўроњо њамчун њокимияти
давлатї рафта-рафта ба шуъбаи Њизби Коммунистї табдил
ёфтанд.
Сохтмони њизбї. Дар солњои 30-юм ЊК(б) Тољикистон
ягона њизби сиёсї буд ва дар асл чун њизби њукмрон амал мекард. Ташкилёбии ЊК(б) Тољикистон ба ташкилёбии ЉШС
Тољикистон вобаста буд. Бо ташкилёбии ЉШС Тољикистон
ташкилоти њизбии он њам бояд мустаќил - љумњуриявї мегардид. Инро ба назар гирифта, моњи ноябри соли 1929 Бюрои Сиёсии КМ ВКП(б) ЊК(б)Ўзбекистон дар бораи табдил
193
додани ташкилоти вилоятии тољикистонии ЊК(б) Ўзбекистон ба ЊК(б) Тољикистон ќарор ќабул кард. 10-уми декабри соли 1929 Бюрои Иљроияи Кумитаи вилоятии тољикистонии ЊК(б) Ўзбекистон дар асоси ќарори номбурда дар
бораи ташкилоти њизбии љумњуриро ЊК(б) Тољикистон ва
Комитети вилоятии њизбро КМ ЊК(б) Тољикистон номидан
ќарор ќабул кард. Дар 1 январи соли 1930 ЊК(б) Тољикистон
аз 7 ташкилоти њавзавї (округї) (Ѓарм, Душанбе, Кўлоб,
Ќўрѓонтеппа, Панљакент, Ўротеппа, Хуљанд) ва ташкилоти њизбии ВМБК иборат буда, 3848 коммунист (1939 узв
ва 1909 номзад) дошт ва њайати иљтимоии онро 39,2% коргарон, 33,3% дењќонон ва 27,5% намояндагони касбу кори
дигар ташкил медоданд. Анљумани якуми таъсисии ЊК(б)
Тољикистон 6 - 15 июни соли 1930 дар Душанбе доир гашт
ва њайати КМ ЊК(б)-ро тасдиќ кард. М. Д. Њусейнов котиби
аввал ва Ш. Шоњтемур котиби дуюм интихоб шуданд. Моњи
январи соли 1934 Анљумани II ЊК(б) Тољикистон баргузор
гардид. Котиби аввали ЊК(б) Тољикистон Г. И. Бройдо интихоб шуд. Соли 1934 Г. И. Бройдо сабукдўш ва С. К. Шадунтс (солњои 1934 - 1936) котиби аввали ЊК(б) Тољикистон
интихоб гардид.
Моњи августи соли 1937 Анљумани сеюми ЊК(б) Тољикистон доир гашт. Ў.Ашўров котиби аввали ЊК(б) Тољикистон интихоб шуд.
7 - 24-уми июни соли 1938 Анљумани чоруми ЊК(б) Тољикистон доир шуд ва Д. З. Протопопов котиби аввали ЊК(б)
Тољикистон интихоб гардид.
22 - 27-уми феврали соли 1939 Анљумани панљуми ЊК(б)
Тољикистон доир шуд. Акнун дар њайати ин њизб, баъди
борњо тоза кардани сафњои худ таќрибан 8281 узв боќї монда буд.
Агар ба рафти фаъолият ва масъалањои дар анљуману
пленумњои њизб муњокимашуда ва ќарорњои ќабулшудаи
онњо назар афканем ин њизб дар солњои 30-юм ба тамоми
каљравињою камбудињояш нигоњ накарда, чун њизби сар194
вар, ташаббускор, бунёдгар љилвагар мегардад. Таърих гувоњ аст, ки он тамоми имкониятњо ва неруи худро истифода
бурда, бисёр корњоро ба манфиати халќу давлат анљом дода
тавонист. Њизби Коммунистї бо тамоми ноќисињои фаъолияташ ва бадкорињои маълумаш бо халќ, бо зањматкашон
якљо буд ва омма онро пешвои худ эътироф карда буд. Ягонагии њизбу халќ дар амал вуљуд дошт.
Созмони љавонон. Созмони љавонон, ки комсомол ном
дошт, дар солњои сохтмони сотсиализм ба ёвари Њизби
Коммунистии Љумњурии Тољикистон табдил ёфта, дар тарбияи ахлоќию мењнатї ва фаъолгардонии насли наврас ба
њаёти сиёсии љумњурї сањми босазое гузошта буд. Дар навбати худ комсомоли Тољикистон ба як созмони пурнуфузе
дар њаёти сиёсию иќтисодї, фарњангию маънавии љумњурї
табдил ёфта буд. Комсомолони љумњурї чун бунёдгарони
љамъияти сотсиалистї дар сафњои пеши сиёсати саноатикунонии мамлакат, коллективонидани дењот, мубориза барои
мањви бесаводї, зидди босмачигарї, вайронкорињои иќтисодию сиёсї ва фарњангию маърифатї ќарор доштанд. Онњо
50% муаллимони солњои 30-ми асри ХХ, раисони колхозњо,
сардорони сохтмонњо, фармондењони ќисмњои низомї, сардорони бригадањои бинокорону дењќонони колхозї буданд.
Дар давраи сохтмони сотсиализм Комсомоли Тољикистон аз љињати ташкилї њам таѓйир ёфт. Охири соли 1929
дар љумњурї зиёда аз 400 ячейкаи комсомолї амал мекард.
Анљуманњои 1-ум(1930) ва 2-юми(1932) Комсомоли Тољикистон дар назди љавонон вазифањои азими созандагї - иштирок дар сохтмону маъракањои сиёсиро гузошта буд, ки љавонон аз ўњдаи иљрои онњо сарбаландона баромада буданд.
Аз љумла, онњо сохтмонњои азими давр - канали Вахшро ва
коллективониро умуман ба шефї гирифтанд. Комсомоли
Тољикистон дар саросари љумњурї мањфилњою мактабњои
мањви бесаводї кушода, ташаббускори “Њафтаи кўмаки
љамъиятї ба мактаб”, ”Якмоњаи мањви бесаводї”, “Нест
бод бесаводї!” буд.
195
Савол ва супоришњо:
1. Шўроњоро дар њаёти љумњурї фањмонед?
2. Кадом воќеа сабаби маќоми љамъиятии худро аз даст додани шўроњо гардида буд, муайян кунед.
3. Солњои баргузоргардии анљуманњои 1-У ЊК(б) Тољикистонро номбар кунед.
4. Анљумани таъсисии Комсомоли Тољикистон кадом сол
шуда буд ва кадом масъаларо муњокима карда буд, наќл кунед?
5. Номи дуруст ва пурраи ташкилоти љавонони солњои 30-ми
љумњуриро муайян намоед?
43. ТАЪЌИБОТИ СИЁСИИ СОЛЊОИ 30-МИ АСРИ ХХ.
ТАЪЌИБКУНАНДАГОН ВА ТАЪЌИБШАВАНДАГОН
Таъќиботи сиёсї. Зери шарњи нодурусти гўё бо пурзўршавии сохтмони сотсиализм муборизаи синфї њам зиёд мешавад, дар солњои 30-юм аслан таъќибкунии равшанфикрон
ављ гирифт. Тозакунии сафњои Њизби Коммунистї, Иттифоќњои касаба, љавонон, иттињодияњои касабавї ва ташкилотњои оммавиро пеш гирифтанд, ки ин таъќибкунии сиёсии
солњои 30-юм буд. Таъќибкунандагон асосан Њизби Коммунистї ва таъќибшавандагон њама аъзоёни љамъият буданд.
Дар Тољикистон душмани синфї ва мафкуравии шўравї
вуљуд дошт, вале ин душман дар њамаи соњањои њаёти љамъиятї набуд. Онро “кофта меёфтанд”. Барои ёфтани он “тройка” таъсис ёфта буд ва ин “тройка” касеро, ки мехост, душман эълон мекард. Ин “тройка”-њо дар њама соњањои њаёти
љамъиятї таъсис ёфта буданд. Фаъолияти “тройка”-њо ба он
овард, ки аз њайати њукумат, ташкилоту муассисањо, колхозу совхозњо, заводу фабрикањо, аз байни олимону духтурон,
муаллимону мураббиён, љавонон, оњангсозону адибон, аз
њама категорияњои љамъиятї ва касбу њунар “душманони
синфї”-ро меёфтанд ва ба љазоњои гуногун – ќатл, бадарѓа,
зиндон мањкум мекарданд. Ягон соњае, касбе, њунаре, фаъолияте набуд, ки аз онњо “душманро” наёфта бошанд, вале на
њамаи онњо душман буданд. Бегуноњони љабрдида аќаллият
196
бошанд њам, кам набуданд.
Мо ба шахсиятњо рў меоварем. Дар байни онњо раиси
Шўрои Комиссарони Халќ А.Њољибоев, котиби якуми КМ
ЊК(б) Тољикистон М. Њусейнов, раиси КИМ-и ЉШС Тољикистон Нусратулло Махсум, роњбарони ташкилоти њизбии
љумњурї И. Бройдо, К. Шадунтс, Ч. Имомов, раиси КИМ
Ш.Шоњтемур, сардори њукумати Тољикистон А.Рањимбоев, комиссарњои халќї Б.Додобоев, К.Тошев, В.Павлов,
И.Исмоилов, А.Носиров, арбобони фарњанг. Б.Ясенский,
С.Ализода, Б.Азизї, Ѓ.Абдулло, Р. Њошим, рўзноманигорон М.Њасанов, Ќ. Терегулов, М.
Нурмуњаммадов ва дигарон буданд.
Њар кадом аз ин номбаршудагон
шахсиятњои маъруфи Тољикистон
буданд.
Таъќибшудагон.
Нусратулло
Махсум (Лутфуллоев). Ў 1 июли
соли 1881 дар дењаи Чашмаи Ќозии ноњияи Ѓарм, дар оилаи дењќони камбаѓал ба дунё омадааст. Нусратуллои љавонро азоби зиндагии
кўњистон маљбур сохт, ки хеле барваќт ба мардикорї равад. Солњои
Нусратулло Махсум
мардикории вай дар шањри Ќўќанд
ба давраи пурталотуми муборизањои сиёсї рост омад ва ў
иштирокчии бевоситаи њодисањои солњои 1905-1907 ва минбаъда гашта, обутоби сиёсї ёфт.
Аз соли 1920 Н. Махсум дар сафи аввали муборизони
роњи озодї ва барпокунандагони Њокимияти Шўравї дар
Бухорои Шарќї љой гирифт. Солњои 1921-1924 дар вазифањои масъул – мутасаддии таъмини озуќаи аскарони сурх
дар водии Ѓарм, раиси Кумитаи Инќилобии вилоят Ѓарм,
раиси Кумитаи фавќулодаи диктатории ЉХШБ дар Бухорои Шарќї, раиси Кумитаи Марказии Иљроияи Бухорои
Шарќї ва пас аз таъсиси Љумњурии Мухтори Шўравии Сот197
сиалистии Тољикистон раисии Кумитаи Инќилобии ЉМШС
Тољикистон фаъолият карда, дар поягузории сохтори нави
давлатдории шўравии тољик сањми бузург гузошт.
Моњи декабри соли 1926 пас аз таъсиси Кумитаи Марказии Иљроияи Тољикистон Нусратулло Махсум раиси он
интихоб гардид ва то охири соли 1933 ЉШС Тољикистонро
сарварї намуд.
Нусратулло Махсум тамоми донишу мањорати ташкилотчигии худ- ро ба таъсиси маќомоти мањаллии њокимият, бозгардонидани фирориён, барќарорсозии хољагињои
харобгашта равона сохт. Самти дигар ва хеле пурањамияти фаъолияти ин сиёсатмадори оќил мубориза бањри ба
даст овардани истиќлолияти Тољикистон дар њайати СССР
(ИЉШС) буд. Бо дарназардошти ањамияти ин иќдом барои
ояндаи миллат, Н. Махсум бо њамроњии њампешагони худ
Ш. Шоњтемур, А. Њољибоев, Ч. Имомов ва А. Муњиддинов
тайи ин солњо ба маќомоти марказї мактубу дархостњои
зиёд ирсол намуда, дар як ваќт корњои ташвиќотиву тарѓиботиро ба роњ монданд ва соли 1929 ба маќсади хеш расиданд. Тољикистон ба љумњурии мустаќил табдил ёфт. Ќисме
аз сарзаминњои тољикнишин ба Тољикистон баргардонида
шуданд.
Солњои 1929-1933 њамчун сарвари Тољикистон Нусратулло Махсум диќќати асосиро ба масъалањои мустањкам
намудани маќомоти мањаллии иљроия ва судї, ба мењнати
љамъиятї фаро гирифтани занон, бунёди саноати миллї ва
ѓ. равона кард. Хизмати Нусратулло Махсум бахусус дар
љобаљогузории ќувваи кории љумњурї ва ба кор андохтани
заминњои асрњо бекорхобида, сохтмони роњњои мошингар
ду иншоотњои обї ва нахустин корхонањои барќї дар Тољикистон бузург аст.
Њизматњои шоёни Нусратулло Махсум (Лутфуллоев)
бо се ордени Љумњурии Халќии Шўравии Бухоро, бо орденњои “Байраќи Сурхи Мењнат”-и ЉШС Ўзбекистон ва
ЉШС Тољикистон ва бо ордени “Байраќи Сурх”-и Иттињо198
ди Шўравї ќадр шудааст.
Дар ибтидои солњои 30-юм Иттињоди Шўравиро мављи
таъќиботи роњбарони њизбиву давлатї ва ходимони намоёни илму фарњанг фаро гирифт, ки ин гирдоб Нусратулло
Махсумро низ ба коми худ фурў кашид. Бо туњмати ноњаќ,
моњи декабри соли 1933, Нусратулло Махсумро аз вазифаи раиси КИМ-и ЉШС Тољикистон сабукдўш намуда, ба
факултаи илмњои љамъиятии Академияи тарњрезии СССР
(ИЉШС) фиристонданд ва соли 1937 њамчун “душмани
халќ” ба њабс гирифта, баъд парронданд. Танњо 9-уми январи соли 1958 Коллегияи њарбии Суди Олии СССР (ИЉШС)
парвандаи Нусратулло Махсумро аз нав баррасї намуда, аз
сабаби содир накардани љиноят ўро сафед кард ва номи вай
аз нав дар сањифањои таърихи муосири Тољикистон љойгоњи
сазовори хешро соњиб шуд.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ба сифати яке аз поягузорони давлати муосири тољик дар радифи бузургмардони миллат абадї љой гирифт. Њамин хизматњои шоистаи
ўро ба њисоб гирифта, бо ќарори Пре-зиденти ЉТ Нусратулло Махсум (Лутфуллоев), моњи июли соли 2006 бо унвони
«Ќањрамони Тољикистон» сарфароз гардонда шуд ва соли
2009 дар зодгоњаш пайкараашро гузоштанд.
Шириншоњ Шоњтемур соли 1899 дар дењаи Поршневи ВМКБ, дар оилаи дењќони камбаѓал таваллуд шудааст.
Фаъолияти мењнатиаш аз 13-солагї оѓоз ёфтааст. Солњои
1914-1919 дар корхонањои шањри Тошканд кор карда, бо
болшевикон шинос гардид. Соли 1919 ба Хуљанд омада, дар
маъракаи љамъоварии хўрокворї (продовольственная развёрстка) иштирок кард. Соли 1921 дар њайати Комиссияи
њарбию сиёсї ба Помир фиристода шуд. Солњои 1921-1922
раиси Кумитаи Инќилобї, 1922-1923 раиси Комиссияи њарбї-сиёсии ќитъаи сарњадии Помир, солњои 1923-1924 дар
дастгоњи КМ ЊК Туркистон њамчун роњбари сексияи коммунистї оид ба Тољикистон буд. Дар њукумати ташкилдодаи Анљумани якуми умумитољикистонї солњои 1926-1927
вазифаи комиссари халќии молияи љумњуриро адо кард.
199
Соли 1929 Донишгоњи коммунистии мењнаткашони Шарќи
Москваро хатм кард. Солњои 1929-1932 дар вазифањои котиби масъули Кумитаи њизбии вилоятии Тољикистон, котиби 2-юми КМ ЊК(б) Тољикистон ва солњои 1933-1937 раиси
КИМ ЉШС Тољикистон кор кард. Аз соли 1925 то 1937 узви
КИМ-и СССР (ИЉШС) буд. Солњои 1937-1939 дар ихтиёри
КМ ВКП(б) ва бо квотаи КМ ВКП(б) дар мактаби олии њизбї тањсил кард. Дар ваќти тањсил њабс ва ба душмании халќ
мањкум ва парронда шудааст. Баъдтар сафед карда шуд ва
соли 2006 барои хизматњои шоёну барљастааш бо унвони
«Ќањрамони Тољикистон» сарфароз гардонда шудааст.
Луѓат
1. Тройка - мафњуми сиёсии солњои 30-ми асри ХХ, ки њамчун
чорабинї барои тозагии њизбу шўроњо ва њукумат дар њама зина
таъсис дода шуда буд ва одатан ба ин “тройка” сарвари муассиса,
корхона, идора, раиси итифоќи касабаи муассиса, корхона, идора
ва котиби њизбии муассиса, корхона, идора дохил буданд. Маънии «Тройка» ба тољикї «Сегона» мебошад.
2. Таъќиби сиёсї - мафњуми сиёсии солњои 30-40-уми асри
ХХ, ки нисбати шахсњо “Тройка”-њо раво дониста ва ба љазоњои
гуногун, то ќатл татбиќ гардида буданд.
3. Таъќибкунандагон - Њизби Коммунистї ва њукумати коммунистии он давра.
4. Таъќибшавандагон - тамоми љомеаи давра.
Савол ва супоришњо:
1. Мафњуми “Тройка”-ро фањмонед?
2. Маќсадњои асосии таъсиси “Тройка”-ро наќл кунед?
3. Таъќибшавандањо кињо буданд, шарњ дињед?
4. Рузгори роњбари аввалин Њукумати Шўравии Тољикистон
– Нусратулло Махсумро наќл кунед?
5. Дар бораи Ширинщоњ Шоњтемур маълумот дињед?
6. Таъќибкунандагон кињо буданд, фањмонед?
200
§44. МУБОРИЗАИ СИНФЇ ДАР СОЛЊОИ
30-ЮМИ АСРИ ХХ
Мубориза зидди дастањои муташаккили босмачигарї.
Дар ибтидои солњои 30-юм њоло њам босмачигарї давом
меёфт. Дастањои хурди босмачиён вуљуд доштанд. Хавфи аз
Афѓонистон зада даромадани дастањои калон боќї монда
буд. Њоло њам таъќиб намудани коркунони сохторњои њизбї, шўравї, хољагї ва љамоатчигї вуљуд дошт, аммо онњо
дигар хатаре ба њастии љумњурї ва сотсиализм надоштанд.
30-юми марти соли 1931 гумоштаи империализми байналмилалї Иброњимбек дар њудуди ноњияи Фархор аз Афѓонистон ба марзи Тољикистон зада даромад. Дар нуќтањои
дигари сарњадии Тољикистон дастањои Эгамбердї (400 нафар), Муллошариф (300 нафар) сарњадро вайрон карда ба
ёрии Иброњимбек омаданд. Ин дастањо бо тезї пахш карда, барњам дода шуданд. Муллошариф асир афтод. Ќањрамонии бемислу монандро дар рўзњои аввал сарњадбонон
нишон доданд. Баъзе дидбонгоњњо дар њайати 3 - 6 нафар
сарњадбон бо дастањои 300-400-нафара ба љанг даромада, то
нафаси охирини њаёт љангидаанд.
Ба муборизаи зидди Иброњимбек дар ќатори Артиши
Сурх дастањои ихтиёрии зиёде њамроњ шуданд. Фармондењони ин дастањои ихтиёрї Абдулло Ёрмуњаммадов, Ѓиёс Таѓоймуродов, Љўраќўл Темуров, Муллошариф Рањимов, Муќим
Султонов, Юлдош Соњибназаров, ки таљрибаи калони љангї доштанд, дар ин мубориза ќобилияти љангии
худро
нишон доданд. Ба Иброњимбек 8-уми апрели соли 1931 дар
дењаи Найзабулоќ, 19-уми апрел дар наздикии Ёвон ва моњи
май дар ќаторкўњњои Боботоѓ зада шуд. Дар барњам додани
дастаи Иброњимбек 439 дастаи калтакдорони сурх, ки шумораи умумии онњо то ба 4 њазор нафар мерасид, иштирок доштанд. Онњо дар тоза кардани дашту дарањои кўњи Боботоѓ
иштирок намуданд. Аэропланњо дар кофтану назорат кардани самтњои њаракати дастањои Иброњимбек васеъ истифода бурда шуданд. Охирин шикасти Иброњимбек моњи июни
201
соли 1931 дар Бойсун ба вуќўъ
пайваст. Иброњимбек пурра шикаст хўрда, роњи гурезро пеш
гирифт, вале 23 июни соли 1931,
њангоми аз дарёи Кофарнињон
дар дењаи Хољабулбулон гузаштанаш дастгир гардид. Бо ќарори Суди Олии СССР (ИЉШС)
Иброњимбек парронда шуд.
Солњои 1931-1932 ошўбњои
зиддишўравї дар нуќтањои гуногуни Тољикистон ба вуќўъ
омад. Аз љумла дар моњи майи
соли 1931 дар Шањринав, июли
А. Валишев, М. Султонов,
соли 1931 дар Далёни Боло ва А. Васильев - иштирокчиёни
Нов, Ўротеппа ва Шањристон, дастгиркунии Иброњимбек
Палдорак, соли 1932 дар Мас(1931)
чоњ бо сардории Љумъа ва дар
Љиргатол бо сардории Аъзам шўришњо шуда буданд. Шўриши Аъзам яке аз дарозмуддаттарини онњо буд.
Аъзам Њодиев соли 1931 сардори милитсияи округи
Ѓарм буд. Аз рўйи баъзе маълумоти то ба мо омада расида, ў
аз вазифаи худ суиистеъмол намуда ба ришвагирї даст зада,
ба мањкама кашида мешавад. Суди округи Ѓарм аз рўйи
парвандањои тафтишотї ўро ба љазои ќатл њукми ќатл-паррондан мањкум мекунад. Колегияи суди Олии РСС Тољикистон аризаи даъвогии ўро дида баромада, њукми ќатлашро
бекор карда, ба мурофиаи нав тавсия медињад. Мурофиаи
нав ўро ба мўњлати 10 сол њукми зиндон кардан мебарорад.
Ў бо ќурбошии ба мўњлати 10 сол мањкумшуда Исломмирохур дар зиндони Ѓарм забон як карда ду посбони зиндонро
кушта яроќњои онњоро гирифта, ба назди Иброњимбек мегурезанд ва ба дастаи он њамроњ мешаванд. Иброњимбек, ки
акнун ба хоки Тољикистон зада дармада буд, Аъзамро хуб
истиќбол намуд ва сардори ќуввањои зиддишўравии тамоми
202
Ќаротегин таъйин кард. Ин таъйинот барои Аъзам фахру
инъому њокимият њам буд. Аъзам бо чанд нафари мисли худаш сардорони босмачињои минтаќањои њамљавори Ќаротегин (Янгибозору, Файзободу, Обигарм) ба води Ќаротегин
рафта, аз Обигарм сар карда, то Пумбачї (маркази ноњияи
собиќ Комсомолобод) њама кўпрукњоро оташ мезанад, фаъолони њизбию шўравї ва маъмурони хољагињою муасиссаю
идорањоро ќатл мекунад. Аз амалњои ў њукумати округи
Ѓарм хабардор шуда, дар њама дењшўроњо ва дењахое, ки
мактаб доштанд, ба ташкили дастањои калтакдорон ва ихтиёриён сар кард.
Ташаббускори дастањои калтакдорони сурх роњбарони
њизбию комсомолї, муаллимњо, коркунони комиссариатњои
харбї, мудирони шуъбањои маориф, молия, раисони љамоатњои дењањо буданд. Њамзамон њукумати округи Ѓарм аз
амалиёти Аъзам ба Њукумати Тољикистон хабар дода, ёрї
пурсид.
Дар ин муддат дастањои калтакдорони сурх роњњо ва
кўпрукњои асосии сари роњи босмачиёнро зери назорат гирифтанд. Коркунони масъули Ѓарм Н.Эркаев, Н.Н.Ершов,
Њ.Шарифов, М.Саъдуллоев ва Алиев ба мактабњо рафта,
муалимону фаъолони дењањоро ба мубориза даъват намуданд. Муаллим З.Њомидов дар Навдонак, А.Шарифов дар
Калонак, шоир Алихуш дар Ќазноќ ташвиќот мебурданд.
Ин буд, ки ањолї босмачиёнро дар њама љо бо калтаку сангњо пешвоз гирифтанд. Аъзам ба тарафи Ѓарм њаракат карда
натавониста, барои аз шикасти пурра рањої ёфтан, маљбур
шуд, ки аз канори дењаи Навдонак ба тарафи Тавилдара гузарад. Дар дењаи Ёзѓанд љамъомади ањолии атроф шуда гузашт, ки бо таъсиси дастањои ихтиёрї анљом ёфт. Дастањои
ихтиёрии ин минтаќањо њам Аъзаму тарафдоронашро бо
калтаку санг пешвоз гирифтанд. Дастаи ихтиёриёни минтаќа бо роњбарии мудири шуъбаи маорифи Тавилдара
Н.А.Кисляков, сардори ГПУ Волгин ва С.П.Соболев наќшаи мањви Аъзамро кашиданд. Дар ин ваќт Аъзам ба чанд
203
вањшониятњои хунин даст зад: дар дењаи Чилдара муаллима
Сангак(Санчагул) Хушбахтова, фаъоли комсомолии дења
Муллоакбар Муминовро ба тариќи вањшиёна ва чанд нафари дигарро ќатл кард, то ки мардумро тарсонад. Аз ин
кирдори ў дастањои ихтиёрї огоњї ёфта, роњи Чилдараро
пеш гирифтанд. Аъзам аз љанг худдорї карда, аз дења ѓайб
зад. Дере нагузашта дастањои ихтиёрї ўро дар дењаи Булќоси Ѓарм диданд. Ў дар ин љо таваќќуф накарда, шабаш ба
посбонони бунгоњи Њоит њуљум намуда, котиби ташкилоти
комсомолии ноњияи Њоит Љўраев ва сардори шуъбаи кофтукови љиноятии ноњия Мирзоевро дар онљо дастгир ва ќатл
кард. Коммунист Наимовро дар лаби дарёи Оби Кабуд парронданї мешавад, вале ў аз нияти Аъзам пай бурда худро ба
дарё партофта наљот меёбад ва ба навбатдори милисаи Њоит
хабари ба Њоит њуљум кардани Аъзамро мерасонад. Кумитаи ноњиявии њизбї ва дигар органњои ќудратии ноњия, ки
дар њолати омодабош ќарор доштанд, ба тариќи таъљилї ба
муњориба баромада, Аъзамро пешгирї намуданд. Аъзам ба
муќовимати њимоятгарон тоб наоварда, ба дењаи Ярхич ќафонишинї карда, раиси шўрои Ярхич Каримро ќатл намуда, ба Љиргатол гурехт. Дастаи ГПУ ва ихтиёриёни ташкилоти њизбии округии округи Ѓарм, ки бо сардории Величко
ба имдоди Њоит омада буданд ва њар ду дастаи 80 нафара
њам ба Љиргатол равон шуданд. Аъзам ба њуљуми дастањои
ѓармї тоб наоварда, ба њудуди Ќирѓизистон гурехта, паноњ
бурд. Дар Ќирѓизистон аз њисоби тољикон ва ќирѓизњо 16
дастаи хурду калони љангї таъсис дода, бо ќисмњои хурдхурд ба њудуди ноњияњои сарњадии Ѓарму Масчоњ, Њоиту
Масчоњ ва Љиргатолу Лахшу Ќирѓизистон ворид шуданд.
Њукумати Шўравї роњњои аѓбањои Дашти Хирсон ва дењаи
Дубурсаро зери назорат гирифта, њамроњшавии Аъзамро
бо босмачиёни Масчоњ пешгирї кард. Аъзам ба маќсад нарасида, ба Љиргатол баргашт. Аз ин наќшаи ў пай бурда, бо
сардории сардори шуъба ГПУ-и округи Ѓарм Шестопалов
дастаи имдодї ба Љиргатол фиристода шуд. Ин даста, ки
204
чанд соат пеш аз њуљуми Аъзам ба ќалъаи Љиргатол расида буд, ба муњосираи Аъзам афтод. Тамоми хатњои алоќаи
ноњияро одамони Аъзам аз кор бароварда буданд. Шестопалов хабари муњосираро ба Ѓарм, ки интизораш буданд,
расонда натавонист. Вазъиятро дида ба мустањкамкунии
ќалъа ва бо обу хўрок таъмин намудани муњофизону занњою
кўдакони ќалъа, ки 200 нафарро ташкил медоданд, пардохт.
Аъзам њама атрофи ќалъаро ба 16 сардори дастањои худ
људо намуда, зери тир ќарор дода, обро ба ќалъа баст. Њимоятгарон бе обу хўрок монданд. Маљбур зери тирборонкунии дастањои Аъзам њимоятгарон аз анбори нонпазї орд ба
даст оварданї шуданд.
Ба Шестопалов Отаев-комиссари отряд ва чанд нафари дигар як бор муяссар гардид, ки якхалтагї орд биёранд,
вале бори дуюм ба баъзењо, аз љумла ба Шестопалов ва раиси шўрои дењаи Лахш Асомиддинов зинда баргаштан муяссар нагардид, њар ду аз тири Саидмергани аз дењаи Хоља
тавоф њалок гардиданд. Величко роњбариро ба зима гирифт.
Муњосирон таклифи таслим шуданро рад карданд. Аъзам
ќасди љони њама муњосираон кард. Оби ба ќалъа мерафтагиро, ки ќатъ карда буд, зањролуд карда ба ќалъа сар дод, вале
духтур нўшидани онро баъди санљидан манъ кард. Занњои
кўдаки ширмакдошта аз ташнагию гуруснагї беширу бемадор шуда буданд. Њимоятгарњо њам аз бехобию гуруснагї
мондаю лоѓар гардида буданд. Дар њамин њолат, 24 октябр,
ќўшунњои имдодї – 2 эскадрони нопурраи дивизияи 20-уми
савораи кўњгард ва самолётњо дар атрофу њавои Љиргатол
пайдо шуда, ба ќир кардани босмачиён оѓоз карданд. Аъзам шикаст хўрда, ба Лахш аќибнишинї кард, вале лањза ба
лањза одамони худро талаф дода, худаш тавонист, ки пинњон
шавад. Исёни Аъзам Њодиев њам пурра шикаст хўрд. Фаќат
соли 1935 ба ОГПУ-и вилояти Ѓарм муяссар гардид, ки
Аъзамро дастгир ва ќатл намояд. Дар Раштонзамин сулњу
оромї тантана кард.
205
Луѓат
1. Муборизаи синфї – шакли муборизаеро гўянд, ки гоње бо
силоњ (шўриш, инќилоб, табаддулот), гоње бе силоњ (ошўб балво,
эътироз, петитсия, роњпаймої, корпартої, коршиканї, пешнињоди хаттии арзу шикоятњо) дар заминаи манфиатњои синфї ба амал
меомаданд ва меоянд.
Саволњо
1. Сабабњои мољароњои солњои 1931-1932-и Тољикистонро
фањмонед.
2. Сабабњои мољарои соли 1931-и Иброњимбекро фањмонед?
3. Сабабњои ошўби соли 1932-и Аъзамро фањмонед?
4. Дар шикасти мољароњои солњои 1931-1932 кадом ќуввањо
наќши асосиро бозиданд, шарњ дињед.
§ 45-46. ИНЌИЛОБИ МАДАНЇ ДАР ТОЉИКИСТОН
Мафњуми инќилоби маданї. Инќилоби маданї дар асри
ХХ аз дигаргунињои бузург ва пешрафтњои бемислу монанд
дар соњаи маориф, илм, тандурустї, муассисањои фарњангию маърифатї (театр, клуб, китобхона, нашриёт, полиграфия, радиофикатсия, кинонамоишдињї) ба вуљуд овардани
кадрњои миллї иборат буд. Мафњуми инќилоби маданї инчунин мафњуми сиёсї буда, ба рўзгори халќи тољик њамроњи
Давлати Шўравї ворид гардид ва як ќисми сиёсати махсуси
шўравї дар бунёди љомеаи сотсиалистї дониста мешавад.
Ќисми асосии инќилоби мадании шўравиро (сотсиалистиро) ба вуљуд овардани тафаккури марксистї-ленинї
ташкил медод ва ин тафаккур сиёсати давлатии Њокимияти Шўравї гардида буд. Љанбаи мафкурравии (идеологии)
он ба вуљуд овардани маданияти шаклан миллию мазмунан сотсиалистї буд. Инќилоби маданї дар Тољикистон аз
барпошавии Њокимияти Шўравї оѓоз ёфта, аввал маорифи
халќї ва баъд бо баробари ба вуљуд овардани иќтисодиёти
сотсиалистї тамоми соњањои њаёти маданиро фаро гирифта, дар солњои 30-юм ба таъсиси маорифи халќї, таълими
њатмии њамагонии ройгон, муассисањои зиёди фарњангии ба
хизмати халќ нигаронидашудаю њуќуќи баробари истифода
206
аз хизмати ин муассисањо ва ташаккули зиёиёни миллї дар
њама соњањои њаёти љамъиятї ба охир расид. Тољикистон дар
ташаккули маданияти шаклан миллию мазмунан сотсиалистии худ дар 20 соли аввали Њокимияти Шўравї роњи њазорсолаи баъзе халќњои љањонро тай карда, дар бисёр соњањои
њаёти маданї ба мисли маориф, тиб, санъат, адабиёт, њуќуќ,
имконияти ба халќњои пешќадами љањон баробар гардиданро ба даст оварда буд.
Маориф ва мактаб. Ќисми асосї ва махсуси инќилоби
маданиро маориф ва мактаб ташкил медод.
Ба маорифи халќ муассисањои тарбияи томактабї (боѓчањои бачагона, яслињо), њама гуна мактабњои маълумоти
умумї, омўзишгоњњои касбњои техникї, мактабњои миёнаи
махсус, техникум, мактабњои олї, шаклњои гуногуни таълими касб ва ташкили ихтисоси кормандон дохил мегардиданд.
Маорифи халќи Тољикистон мањсули давраи сотсиализм
буда, ташаккулёбии он ба солњои 20-ум рост меояд. Маорифи халќи шўравї дар асоси сентрализми демократї ташаккул ёфта, мутамарказ гардида буд. Маќомоти идории
он Вазорати маориф ва шуъбањои маорифи комиљроияњои
вилоятї, шањрї ва ноњиявї буданд. Дар Тољикистон таълими њатмї дар асоси ќарори КИМ ва ШКХ СССР (ИЉШС)
аз 14-уми августи соли 1930 ва КИМ ШКХ ЉШС Тољикистон аз 11-уми октябри соли 1930 сараввал дар соли хониши
1931-1932 дар шањрњои Душанбе, Хуљанд ва Ўротеппа љорї
гардидааст. Таълими њатмї маълумоти ибтидоиро дар назар дошт. Маълумоти њатмии тањсил дар шањрњои Душанбе,
Хуљанд ва Ўротеппа њафтсола ва боќимондааш мактабњои
дараљаи 1-ум ва 2-ум љорї карда шуда буд. Фарогирии наврасони 7-8-9-сола ба мактаб соли 1933 пурра ба охир расид.
Шумораи мактабњо аз 336 адади соли 1928 ба 2519 адад ва
шумораи хонандагон мутаносибан аз 13 њазор ба 125 њазор
ва муаллимон аз 543 ба 3795 нафар расид. То соли 1933 мактабњо дусола буданд, яъне синфњои 1 ва 2 кор мекарданд.
207
Синфњои 3 ва 4 хонандаи доимї надоштанд. Бинобар ин,
дар баъзе мактабњо синфњои 3 ва дар аксари мактабњо синфњои 4 хонанда надоштанд.
Аввалин мактаби миёна дар дењоти Тољикистон соли
1934 кушода шуда буд. Соли 1936 шумораи онњо њамагї
ба 6 адад расида буд. Соли хониши 1938-1939 дар љумњурї
4200 мактаби гуногун амал мекард, ки 83 ададаш мактабњои
7-сола ва 18 ададаш мактабњои миёна (дањсола) ва боќимонда мактабњои ибтидої буданд. Дар ин мактабњо 225 њ. хонанда тањсил мекарданд.
Ба ѓайр аз мактабњои таълими њатмии умумї боз мактабњои мањви бесаводї ва шабона низ фаъолият мекарданд.
Дар солњои тањсили 1938-1940 дар Тољикистон дар мактабњои шабона 3307 нафар хонанда тањсил дошт ва 1482 нафар
онњоро хатм карданд.
Сиёсати мањви бесаводї ба он овард, ки соли 1939 дар
Тољикистон аз њар 1000 нафар ањолї 170 нафараш хонанда буд. Саводнокии ањолї дар Тољикистон ба 82,8% расида
буд. Дар њолате, ки дар њамин давра дар Њиндустону Туркия
ин нишондињандањо 12% ва 18%-ро ташкил медоданд.
Дар солњои 30-юм дар Тољикистон донишкадањои педагогии Душанбе (с.1931), Хуљанд (с. 1932), Донишкадаи кишоварзии Тољикистон (с.1934), Донишкадаи тиббии Тољикистон (с.1937), Академияи сабзавоту меваи Хуљанд фаъолият
мекарданд. Дар ќатори ин мактабњои олї боз 28 мактаби
миёнаи махсус ва техникум, комбинатњои педагогии Душанбе (2), Хуљанд (2), Конибодом, Ѓарм, Нов, Ўротеппа, Панљакент, Хоруѓ, Кўлоб, Шањринав фаъолият доштанд. Соли
1939 дар Тољикистон Анљумани аввалини муаллимони аълочї барпо гардид, ки дар он 350 нафар намоянда иштирок
доштанд.
Соли 1939 гузариш ба алифбои кириллї сар шуд, ки бо
китобњои дарсї таъмин намудани љумњуриро осон кард.
Илм. Мањви бесаводї, низоми рушдёфтаистодаи маорифи халќ ва зарурати тадќиќу омўзиши њамаљонибаи Тољи208
кистон, ба таъсиси экспедитсияњою муассисањои илмї боис
гардид.
Дар солњои 30-юм дар Тољикистон бригадаи АФ СССР
(ИЉШС) ва экспедитсияи комплексии Тољикистону Помир,
ки то 700 олиму муњаќќиќро дар бар мегирифт, ба омўзиши
њаматарафаи таърих, љуѓрофия, адабиёт, санъат, захирањои
табиї, захирањои мењнатї (ќувваи корї) ва ѓайраи Тољикистон машѓул буданд. Экспедитсияи комплексии Тољикистону Помир ќариб дањ сол фаъолият дошт. Бо пешнињоди
ин ташкилотњо ва ташаббуси Њукумати Тољикистон аввали соли 1933 дар Душанбе базаи тољикистонии АФ СССР
(ИЉШС) ба фаъолият шурўъ кард. Асоси ин муассисаи илмиро АФ СССР (ИЉШС) гузошта, дар тайёр кардани кадрњои илмии љумњурї сањми арзанда гузошт. Ин база асоси
АИ Тољикистон гардида буд. Дар база олимони машњури
давр С.Ф.Олденбург, А.Ф.Иоффе, Д.Н.Прянишников, А.Е.
Ферсман, Е.Н.Павловский, Н.А.Кисляков, Д. Фанян ва дигарон кор мекарданд.
Зери роњбарии ин олимон аввалин дастаи олимони
шўравии тољик ба соњаи илм ќадам нињоданд. Дар байни
онњо: З.Ш.Раљабов, Б.И. Искандаров, Б. Ѓ. Ѓафуров буданд,
ки баъдњо то ба дараљаи ходимони машњури илми шўравї
сабзида расиданд.
Муасиссањои фарњангї. Санъат. Самти дигари инќилоби маданї сиёсати ба вуљуд овардани санъати шаклан миллию мазмунан сотсиалистї буд. Сиёсати маќсадноки Њукумати Тољикистон барои баланд бардоштани фарњанги халќ
ва аз рўйи наќша бемайлон баланд шудани фаъолияти муассисањои фарњангї–маърифатї театрњо, театрњои кинонамоишдињї, клубњо, китобхонањои оммавї, нашриёт ва пањн
намудани китоб, ки аз тарафи давлат маблаѓгузорї мешуд,
ба инкишофи соњањои гуногуни санъат мусоидат кард.
Дар Тољикистон дар солњои 1930-юм се театри касбї,
филармонияи давлатї, ансамбли раќсии миллї, оркестри
симфонї, хонаи эљодиёти халќ, театри опера ва балет фаъ209
олият дошт. Њукумати Тољикистон барои рушди санъат харољоти калон мекард. Барои њамаи соњањои фарњанг 627,5
млн. сўм људо карда шуда буд, ки нисбат ба соњаи саноат ва
кишоварзї зиёдтар буд. Театри пешќадами љумњурї Театри
драмавии љумњурї дар Душанбе (њоло ба номи А. Лоњутї)
буд. Дар сањнаи он асарњои “Шоњнома”, “Исён”-и Фурманов, “Мубориза”-и У. Усмонов, “Душман”-и Љ. Икромї дар
иљрои њунармандон Туњфа Фозилова, Софя Тўйбоева, Саидов, М. Ќосимов ва дигарон ба сањна гузошта шуда буданд.
Дар назди ин театр соли 1933 гурўњи мусиќї таъсис ёфта буд,
ки бо консертњои худ дар ноњияњою колхозњо мекард. Дар
солњои 30-юм дар ноњияњои Хоруѓ, Ѓарм, Кўлоб, Панљакент, Ќўрѓонтеппа, Ўротеппа, Исфара, Њисор љамъ 12 театри халќї таъсис дода шуда буд. Ин театрњоро мактабњои
мусиќии Душанбе ва Хуљанд бо кадрњо таъмин мекарданд.
Њунармандони ин театрњо асосан аз дастањои њаваскорони
санъат пур мешуданд, ки шумораи онњо хеле зиёд буд. Онњо
дар назди театрњою клубњо амал мекарданд ва бо омма хеле
наздик буданд. Намоишномањот хурди бештар якпардагиро
ба халќ манзур мекарданд. Солњои 30-юм озмунњои театрї,
хофизон (соли 1937), мусиќачиён њам гузаронида шуда буд.
Фалакхонњою гўрўѓлихонњои зиёде, ба монанди А. Љўраев,
Њикмат Ризо ва дигарон ба сањнаи калон баромаданд.
Санъати кинои тољик ќадамњои аввалини худро мегузошт. Солњои 30-юм филмњои «Даъват», «Муњољир»,
«Як рўзи колхоз», «Хоруѓ», «Тољикистони офтобї», «Худои зинда», «Ваќте ки амирон мемиранд» ба навор гирифта
шуд. Дар охири солњои 30-юм дар Тољикистон зиёда аз 140
нуќтаи кинонамоишдињї фаъолият дошт.
Матбуот. Матбуот њам як соњаи бонуфузи инќилоби
маданї њисоб мешуд, чунки воситаи дорои имкониятњои
зиёди таъсиррасонї ба њаёти љамъиятию сиёсї ва иќтисодию маданї буд. Матбуоти тољик дар солњои 30-юм нашри
китобњо, маљаллањо, рўзномањо ва плакатњоро дар бар мегирифт. Саноати полиграфии Тољикистонро Нашриёти
210
давлатии Тољикистон ва 34 матбааи хурду калони ноњиявї
ташкил медод. Ин соња ќудрат дошт, ки талаботи љумњуриро бо китобњои дарсї, адабиёти бадеї ва матбуоти даврї ба
њадди аќал таъмин намояд. Дар солњои 30-юм полиграфистони тољик зиёда аз 10.000 номгўй китобро бо теъдоди 50
млн. нусха аз чоп бароварданд.
Дар Тољикистон дар охири солњои 30-юм 83 номгўй рўзнома (7 номгўй рўзномаи љумњуриявї, 51 номгўй рўзномаи
ноњиявї ва 25 бисёртиража) бо теъдоди 17 њазор нусха ва 7
номгўй маљалла нашр мешуд. Дар байни рўзномањо: «Тољикистони сурх», «Маориф ва маданият», «Коммунист Таджикистана», «Пионери Тољикистон» ва маљаллањои «Шарќи
сурх», «Барои адабиёти сотсиалистї», «Болшевики Тољикистон» бо теъдоди зиёд нашр мешуд.
Дар охири солњои 30-юм дар Тољикистон 416 китобхонаи оммавии дорои 260 њ. нусха китоб амал мекард. Соли
1933 китобхонаи оммавї-илмии љумњуриявии ба номи А.
Фирдавсї таъсис ёфт. Дар љумњурї 2 осорхона (дар Душанбе ва Хуљанд) фаъолият мекард.
Адабиёт. Дар солњои 30-юм
назму насри шўравии тољик дар
заминаи мазмунан сотсиалистию
шаклан миллї инкишоф меёфт.
Ба арсаи адабиёт адибони љавони зиёде бо асарњои мазмунан
нав ворид шуданд. Дар ќатори
С.Айнї, А.Лоњутї, П.Сулаймонї,
М.Рањимї, А. Дењотї, А.Исматї,
С.Љавњаризода, номњои М.Турсунзода, Љ.Икромї, Р.Љалил, М.
Миршакар, Њ.Карим, Њ.Юсуфї,
Алихуш ва дањњо дигарон дохил
Садриддин Айнї
шуданд. Соли 1934 Иттифоќи нависандагони Тољикистон таъсис ёфт ва нашрияи он маљаллаи «Барои адабиёти сотсиалистї» буд.
211
Асарњои устод С. Айнї: очерки «Колхози коммунизм»
(1934), повестњои «Мактаби кўњна» (1936), романи «Ѓуломон» (1934), достони «Љанги одаму об» (1937), устод
А. Лоњутї «Тољу байраќ» (1935), «Пули Вахш» (1935), «Дар
соњили Днепр» (1936), либреттои «Коваи оњангар» (1937), М.
Турсунзода песаи «Њукм» (1936), «Хазон ва бањор» (1937), Љ.
Икромї повести «Ду њафта» (1933), драмаи «Мављњои музаффарият» (1933), манзумаи «Орзу» ва шеъру таронањои
зиёди А.Лоњутї, М.Турсунзода, М. Миршакар, С.Љавњаризода, М.Рањимї, А.Дењотї, М.М.Аминзода, Њ. Юсуфї ва
дањњо дигарон нашр гардиданд.
Адабиёти тарљумавї низ хеле зиёд гардид. Асосан
асарњои адибони классикњои рус (Пушкин, Лермонтов, Тургенев, Чехов, Салтиков-Шедрин, Некрасов, Маяковский)
ва љањонї (Балзак, Драйзер, Гримм, Лондон) тарљума ва
нашр мешуданд. Њамин тариќ, дар солњои 30-юм дар њаёти
мадании ЉШС Тољикистон пешравињои бемислу монанд ба
амал омад: Тољикистон соњиби муассисањои илмии миллї,
дорои санъати шаклан миллию мазмунан сотсиалистї, шохањои зиёди муассисањои фарњангї, театр, клуб, китобхона,
осорхона, нуќтањои радиошунавонию кинонамоишдињї ва
иншооти варзишї гардид, яъне инќилоби маданї ба вуќўъ
омад ва амалї карда шуд.
Луѓат
1. «Барои адабиёти сотсиалистї» – маљаллаи адабии Иттифоќи нависандагони Тољикистон буд, ки ба љойи «Роњбари дониш» (солњои 1927-1932) аз моњи августи соли 1932 то соли 1938
нашр мешуд. Аз соли 1938 бо номи «Шарќи сурх» ба чоп мерасид.
2. Пионер – калимаи фаронсавї буда, маънои луѓавиаш –
оѓозкунанда аст. Њамчун мафњуми иљтимої - пионер узви созмони љумњуриявї ва умумииттифоќии пионерии ба номи В. И.
Ленинро мегуфтанд. Ин созмон дар собиќ СССР (ИЉШС) соли
1922 ва ташкилоти љумњуриявии пионерии Тољикистон соли 1925
таъсис ёфта буд. Ба ин ташкилот ташкилоти Иттифоќи Ленинии
Коммунистони Љавони љумњурї роњбарї мекард.
212
3. «Пионери Тољикистон» – нашрияи созмони љумњуриявии
пионерї буд, ки аз соли 1932 чоп мешуд.
Саволњо
1. Инќилоби маданї чист ва чињоро дарбар гирифта буд.
2. Рўзномањо ва маљаллањои солњои 30-ро ном баред.
3. Дар Тољикистон кай таълими њатмии њамагонї љорї карда
шуд?
4. Мактабњои солњои 30-ро шарњ дињед.
5. Театрњои касбии солњои 30-юмро номбар кунед.
6. Аз санъаткорони солњои 30-юм кињоро медонед?
7. Мактабњои аввалини олии Тољикистон кадомњоянд?
8. Адибони солњои 30-.юм ва асарњои онњоро номбар кунед.
§ 47. ЭЪЛОНИ АНЉОМЁБИИ СОХТМОНИ
ЉАМЪИЯТИ СОТСИАЛИСТЇ ДАР ТОЉИКИСТОН.
ЃАЛАБАИ ПУРРАИ СОТСИАЛИЗМ
Раванди сохтмони сотсиализм. Дар солњои 20-30-юми асри
ХХ сохтмони љамъияти сотсиалистї њам барнома њам шиори
давлату халќи шўравї буд ва ин барнома зина ба зина иљро
карда шуд. Дар солњои 20-ум љамъияти сотсиалистї аз рўйи
нишонањои њуќуќї сохта шуда буд. Сотсиализм њамчун сохтори љамъиятї амалан дар солњои 30-юм сохта шуд. Сохтмони љамъияти сотсиалистї ба рафти амалї гардидани сиёсати
саноатикунонии мамлакат, коллективонии соњаи кишоварзї
ва гузаронидани инќилоби маданї сахт марбут буд. Дар ин
се самт дар солњои 20-ум дар Тољикистон заминањои ќонунии онњо тайёр шуда буд. Дар солњои 30-юм бошад, ин сиёсат дар амал татбиќ шуд. Сиёсати баробарии воќеии халќњои
шўравї, ки ба ёрии бародарона ва беѓаразонаи халќњои СССР
(ИЉШС) ва дўстии халќњо, интернатсионализми пролетарї
асос ёфта буд, имконият дод, ки раванди љамъиятию сиёсї,
иќтисодию фарњангии халќњои ќафомонда суръат гирад тезонад ва маишати онњо ба дараљаи зиндагии халќњои пешќадам наздик шавад. Њатто дар масъалањои њуќуќї баробарии
воќеии халки тољикро бо њама халќњои СССР (ИЉШС) пурра
таъмин гардид ва ин њуќуќу њолат дар Конститутсияи Давлати Шуравї ва љумњурї ба расмият дароварда шуд.
213
Дар солњои 30-юм дар Тољикистон саноату кишоварзї
рў ба тараќќї нињода, маданияти шаклан миллию мазмунан
сотсиалистї бунёд карда шуд. Фарњангу маърифати халќи
тољик на танњо дар заминаи анъанањои фарњангии худ тараќќи мекард, балки аз тамаддуни умумибашарї њам бархўрдор мешуд. Сотсиализм дар њама соњањои њаёти љамъиятї ба
муваффаќиятњои чашмрас ноил гардида буд, яъне саноати
сотсиалистии ба моликияти давлатї-умумихалќї ва соњаи
кишоварзии ба моликияти кооперативї – колхозї асосёфта ва маданияти шаклан миллию мазмунан сотсиалистї бунёд гардида буд. Сотсиализми сохташудаи солњои 30-юм ба
маънавиёту тафаккури љамъиятии њамон давра мувофиќ буд
ва эътироф гардида буд. Ин ѓалабаро Конститутсияи сотсиализми ѓолиби СССР (ИЉШС), ки 5 декабри соли 1936 ќабул шуда буд, эълон ва мустањкам кард. Сотсиализм асосан
сохташуда ва ѓалабакарда эълон шуд. Ин ѓалаба аз нуќтаи
назари сиёсї маънои онро дошт, ки дигар дар дохили љамъияти Тољикистон ќуввањои барњамзанандаи љамъияти сотсиалистї намонда буданд. Аз нуќтаи назари дар љумњурии
Тољикистон иќтисодиёти сотсиалистї (саноат ва кишоварзии
сотсиалистї) бунёд гардида буд. Аз нуќтаи назари маънавию
маърифатї ва фарњангї маданияти шаклан миллию мазмунан сотсиалистї ба вуљуд омада буд. Аз нуќтаи мафкуравї
бошад, мафкураи марксистї - ленинии диктатураи пролетарї
(вале на њамаи пролетарњо, балки њизбиёни пролетарї) дар
дарку шарњи сотсиализм њукмрон гардида, дар Конститутсияи (с.1937) ЉШС Тољикистон таљассум ёфта буд.
Конститутсияи сотсиализми ѓолиби Тољикистон. Дар њудуди Тољикистон аз соли 1918 сар карда сохтори конститутсионии давлатдорї вуљуд дошт, вале то соли 1929 Тољикистон
Конститутсияи худро надошт. Дар ќисмати туркистонии Тољикистон (вилоятњои Суѓд ва Помир) аз соли 1918 то соли 1924
Конститутсияи Љумњурии Мухтори Шўравии Сотсиалистии
Туркистон ва дар ќисмати Бухорои Шарќии он аз соли 1921 то
соли 1924 Конститутсияи Љумњурии Халќии Шўравии Бухоро
214
ва аз соли 1924 то соли 1929 конститутсияњои СССР (ИЉШС)
ва ЉШС Ўзбекистон амал мекарданд. Њукумати Тољикистон
ва халќи тољик аз ин конститутсияњо њамаљониба бархўрдор
буд. Њамаи ин конститутсияњо аз Конститутсияи ЉШФСР (то
соли 1924) ва СССР (ИЉШС) аз соли 1924 маншаъ гирифта
буданд, вале фарќ доштанд. Масалан, Конститутсияи Бухоро
дар муайян намудани шакли давлатдорї нисбат ба Конститутсияи ЉШФСР ва ЉМШС Туркистон фарќ дошт. Ин фарќ
аз сохтори халќї-шўравии Бухоро бармеомад. Вале конститутсияњои минбаъдаи љумњурї дар муайян намудани сохтори
давлатдорї, њаёти љамъиятию сиёсї ва иќтисодї фарќи љиддї
надоштанд. Љињати хоси њамаи конститутсияњои то соли 1929
амалкардаи Тољикистон вазифаи таъмин намудани диктатураи пролетариат дар асоси шўроњо буд.
Аввалин конститутсияи миллии Тољикистон ин Конститутсияи ЉМШС Тољикистон аст, ки моњи октябри соли 1929
ќабул шуда буд, вале аз сабаби дар њамон моњи октябри соли
1929 таъсис ёфтани ЉШС Тољикистон ќарор дода шуд, ки
Конститутсияи ЉШС Тољикистон тањия карда шавад ва комиссияи конститутсионї ташкил карда шуд. Конститутсияи
ЉШС Тољикистон мебоист табдилёбии ЉМШС-ро ба ЉШС
Тољикистон аз нуќтаи назари њуќуќї ба расмият медаровард.
25-уми феврали соли 1931 Анљумани 4-уми умумитољикистонии шўроњо Конститутсияи ЉШС Тољикистонро ќабул ва
љорї кард. Дар моддаи якуми он навишта шуда буд «Конститутсияи мазкури ЉШС Тољикистон, ки онро Анљумани III
фавќулодаи шўроњои Тољикистон дар бораи таъсис додани
ЉШС Тољикистон эълон кардааст, аз «Декларатсияи њуќуќи
мењнаткашон ва халќњои истисморшуда»-и эълонкардаи
Инќилоби Октябр бармеояд. Моддаи дуюм дар бораи маќсад
ва вазифаи ЉШС Тољикистон – мањв сохтани буржуазия ва
барњам додани истисмори одам аз тарафи одам буд».
Дар моддаи сеюм оид ба сохтори љумњурї сухан мерафт,
ки он давлати сотсиалистии диктатураи пролетариати ба иттифоќи синфи коргару дењќон асосёфта ва дар асоси шўроњои
215
намояндагони коргарон, дењќонон ва аскарони сурх амалкунанда буд. Конститутсияи соли 1931 вазифаи пештараи
“таъмин”-и диктатураи пролетариатро ба вазифаи “ваколат
додан” иваз кард. Ин конститутсия Тољикистони Шўравиро
њамчун давлати соњибихтиёр дар њайати СССР (ИЉШС) тасдиќ намуда, принсипњои сохтори давлатдории сотсиалистї ва
сохтори љамъиятии онро таъмин намуд. Бо мурури саноатикунонї ва коллективонии сухан мерафт, кишоварзии љумњурї
зарурати тањрири Конститутсияи соли 1931 пеш омад ва он
соли 1934 аз нав тањрир карда шуд. Бештар ќисмњое, ки ба моликиятдорї – ба замин дахл доштанд, тањрир карда шуданд.
5-уми декабри соли 1936 Конститутсияи сотсиализми ѓолиби СССР ИЉШС ќабул шуд. Дар асоси он Конститутсияи сотсиализми ѓолиби ЉШС Тољикистон тањия гардид, ки
онро комиссияи махсуси таъсисдодаи КИМ шўроњои ЉШС
Тољикистон тањия намуда буд. Онро 1 марти соли 1937 Анљумани IV фавќулодаи шўроњои ЉШС Тољикистон муњокима ва
ќабул кард. Конститутсия ѓалабаи сотсиализмро дар Тољикистон эълон карда,
рукнњои асосии сотсиализм шакли хољагидории сотсиалистї ва
моликиятдории сотсиалистиро ба замин, фабрикаю заводњо, конњо,
наклиёт ва воситањои
дигари асосии истењсолот, барњам задани
истисмори одам аз та- Кўчаи ба номи Ленин (њоло Рўдакї) с.1937
Майдони истгоњи Роњи оњан
рафи одам, бекорї, табдил додани мењнат њамчун вазифа ва кори виљдонии њар як
шањрванди ќобили мењнат, њуќуќ ба мењнат, истироњат ва
маълумот гирифтанро дар ќонунї гардонд. Конститутсияи
соли 1937 љамъияти Тољикистонро аз ду синф коргару дењќон
ташкилёфта эълон кард.
216
Дар Конститутсия њуќуќ ва озодињои васеи шањрвандон
инъикос карда шуда буд:
1. Њуќуќњои иљтимої-иќтисодї: њуќуќ ба мењнат, ба истироњат, ба маълумот ва хизмати тиббии ройгон, ба таъминоти
моддї дар пиронсолї, инчунин дар њолати гум кардани ќувваи љисмонї ва беморї.
2. Њуќуќњои сиёсї ва озодињои демократї: баробарњуќуќии њамаи шањрвандон, баробарии воќеии зану
мард, њимояи њадафњои ќонунии инсони шўравї, озодии сухан, матбуот, маљлису гирдињамоињо, намоишњои кўчагї ва
таъмини њуќуќи муттањидшавї дар ташкилотњои љамъиятї,
иттифоќњои касбї, љамъиятњои кооперативї, ташкилотњои
љавонон, ташкилотњои варзишї ва муњофизї, љамъиятњои
фарњангї.
3. Њуќуќу озодињои шахсї: њуќуќи шахс ба моликият, дахолатнопазирии моликияти шахсї ва манзил, озодии виљдон
ва нигоњ доштани сирри мукотиба.
Луѓат
1. Комсомол (Иттифоќи Коммунистии Љавонон) – Комсомоли
Тољикистон то соли 1940 шаш анљумани (1930, 1932, 1932 ва 1940)
худро гузаронида буд.
2. Њизби Коммунистии Бухоро (ЊКБ) – њизби сиёси, њокимиятхоњи Бухоро, ки аз љадидони моњи апрели соли 1917 дар Туркистон
таъќибшуда ташкил ёфта буд. Ин њизб расман аз моњи апрел то декабри соли 1918 таъсис ёфта буд. Аввал моњи апрел дар Тошканд
маљлиси муњољирони бухорої шуда гузашт, ки дар бораи таъсис додани Њизби Коммунистии Бухоро ќарор ќабул кард. Сентябри 1918
дар Тошканд Кумитаи Марказии муваќќатии ЊКБ таъсис ёфт. Ноябри соли 1917 дар Тошканд Анљумани 1-уми таъсисии ЊКБ шуда
гузашт, ки дар он Кумитаи Марказии ЊКБ интихоб карда шуд.
Азимљон Яъќубов раис интихоб шуд. Декабри соли 1918 КМ ЊКБ
Барномаи ЊКБ-ро тањия кард ва маќсади наздиктарини худ сарнагун кардани аморати Бухороро эълон дошт. ЊКБ то охири соли 1924
вуљуд дошта, 8 анљумани худро 1-Х1. 1918, 2- VI. 1919, 3-ХII. 1919,
4- VIII. 1920, 5-II. 1921, 6-ХII. 1921, 7-ХI. 1922, 8-I. 1924 гузаронидааст. Ходимони машњури ин њизб – Ф. Хољаев, А. Муњиддинов, А.
Яъќубов, С. Њусейнов, А. Њољибоев буданд.
217
3. Њизби Коммунистии Тољикистон моњи июни соли 1930 дар
Анљумани 1-уми таъсисияш ташкил ёфта буд. Асоси ин њизбро ташкилоти њизбии вилоятии тољикистонии ЊК Ўзбекистон (дар солњои
1925-1929) ва ташкилотњои њизбии Хуљанду вилояти Самарќанди
ЊК Туркистон (дар солњои 1917-1924) ва ташкилотњои вилоятии ЊК
Бухоро (дар солњои 1921-1924) ташкил доданд. Ходимони машњури
њизбии ЊК Тољикистон А. Рањимбоев, Ч. Имомов, М. Њусейнов, Г.
И. Бройдо, С. К. Шадунтс, Ў. Ашўров, Д. З. Протопопов буданд.
4. Ѓалабаи сотсиализм – мафњуми илмї, назариявї, њизбї, иљтимої, иќтисодї ва мадание буд, ки солњои 1917-1936 њамчун назарияи
марксистии љамъиятї ва солњои 1937-1970 њамчун мафњуми илмї,
назариявї ва иљтимоии амалигашта дониста мешуд. В. И. Ленин
таъмини ѓалабаи сотсиализмро дар њалли масъалањои саноатикунонии сотсиалистї, коллективонии соњаи кишоварзї ва инќилоби маданї шарњ дода буд, яъне мебоист моликияти умумихалќї-давлатї
ва кооперативї – колхозии ба муносибатњои истењсолию тафаккури сотсиалистї асосёфта бунёд мегардид. Ин се масъала дар солњои
1925-1936 иљро шуд ва сотсиализм асосан сохташуда эълон гардид.
Савол ва супоришњо
1. Сохтори сиёсии Љумњурии Тољикистонро шарњ дињед.
2. Муборизаи синфии солњои 30-юмро шарњ дињед?
3. “Тройка” чист? Таъќибкунандагон ва таъќибшавандагон
кињо буданд?
4. Њизби Коммунистии Тољикистон кай анљумани таъсисии худро гузаронд?
5. Аз ходимони њизбї ва давлатии солњои 30-юм кињоро номбар
карда метавонед?
6. Конститутсияи ЉШС Тољикистон кай ќабул шуд?
7. Ѓалабаи асосан ва пурраи сотсиализм чї маънї дорад?
8. Конститутсияи сотсиализми ѓолиби Тољикистон кай ќабул
карда шуд?
9. Конститутсияи сотсиализми ѓолиби Тољикистонро шарњ
дињед.
218
§ 48. ТОЉИКОНИ БЕРУНМАРЗЇ ДАР ДАВРАИ
ГУЗАРИШИ ТОЉИКОНИ ШЎРАВЇ БА
СОТСИАЛИЗМ(1917-1937)
Тољикони берунмарзї дар давраи ташаккулёбии давлати
миллии шўравї. Чї тавре ки маълум аст раванди барпошавии Њокимияти Шўравї тамоми ќаламрави тољикнишинро фаро нагирифт ва гирифта њам наметавонист. Инќилоби
сотсиалистї фаќат ќисматњои тољикнишини Русияро фаро
гирифта буд. Ќариб нисфи тољикон дар ќаламрави Афѓонистон мезистанд. Афѓонистон њам дар талоши бунёди љомеаи
сармоядорї буд. Амонуллохон, ки соли 1919 бо дастгирии
халќњои Афѓонистон ба сари кудрат омада буд, ислоњоти зиёди иќтисодї, сиёсї, фарњангї ва миллиро пеш гирифт. Дар
ин раванди тањаввулоти Афѓонистон тољикон наќши фаъол
доштанд. Дар ин тањавулот истиќлолияти Афѓонистон аз Англия (28.02.1919), ки онро њама ќавму ќабилањои мамлакат
мехостанд, љойи махсусро ишѓол мекард. Ин истиќлолиятро
Амонуллохон 3-юми март дар мактубаш ба унвони Ноибуссалтанати Англия дар њиндустон Љелмсфорд ва 14-уми апрели 1919 дар изњороташ дар њузури сафири Англия дар Кобул
эълон кард. Ин воќеањо ба љанги сеюми эълоннакардаи англису афѓон овард ва заддухўрдњои ѓайрифаъол то ноябри
соли 1921 давом ёфтанд. Дар ин давра Русияи Шўравї Афѓонистонро њамчун давлати соњибис- тиќлол ба расмият шинохт, ки барои истиќлолияти амалии Афѓонистон беањамият
набуд. Дар њайати њукумати Амонуллохон тољикон дар њамаи соњањои давлату њаёти сиёсї иштирок ва наќш доштанд.
Тољикон Ѓуломњайдари Чархї, Муњаммадвалихони Дарвозї
ва чанди дигаре аъзои њукумат буданд ва дар раёсатњои зиёде
фаъолият мекарданд. Дар асоси «Низомномаи асосии давлати олии Афѓонистон», ки онро апрели соли 1923 Луя Љирга (Шўрои Олї) дар Љалолобод эълон кард, њамаи сокинон
ва табаќањои Афѓонистон сарфи назар аз мансубияти ќавмї,
иљтимої, эътиќоди динї ва мазњабї дар назди ќонун баробар
ва аз озодињои шахсї бархўрдор эълон шуданд.
Тољикони Афѓонистон, ки бо тољикони шўравї роби219
тањои хешу таборї ва рафтуомад доштанд, аз воќеањои сиёсии
Бухорои Шўравї барубї огоњ ва таъсисёбии ЉМШС Тољикистонро бо табрикот ва хушнудї истиќбол карданд.
Тољикони берунмарзї дар давраи инкишофи Тољикистон
аз мухторият ба соњибихтиёрї. Баъди таќсимоти соли 1924 парокандагии сиёсии халќи тољик боз бештар гардид. Аз се ду
њиссаи тољикон берун аз давлати миллии худ - ЉМШС Тољикистон монда буданд. Аксари кулли тољикони љањон дар ќаламрави Эрону Афѓонистон зиндагї мекарданд. Аз нисфзиёди
тољикони шўравї(ЉШС Туркистон ва ЉХШ Бухор) бошанд,
дар њайати Ўзбекистон, аз се як њисаашон ба ЉМШС Тољикистон ва ќисми зиёдашон дар Туркманистону Ќазоќистон ва
Ќирѓизистон монданд.
Тољикони Эрон (Хуросон, Сиистон, Форс) аз давраи Сафавиён то ба Ќољору Пањлавињо худро форс (тољик) мехонданд
ва љањониён онњоро њамчун миллати форс шинохтанд. Ин ном
номи тамоми ањолии Эрон гардид, ки дигар аз тољик будани
онњо њељ касе ва давлате талабу дархост накард.
Тољикони Афѓонистонро њамсоягони шарќу љанубашон,
аз давраи Дуррониён сар карда, бо номи дарињо (даризабонњо)
мешинохтагї мешаванд ва онњо дар нимаи аввали асри ХХ
њам бо њамин ном монданд, вале баъди хуруљу њукмронии
амир Њабибуллоњи Калаконї, машњур бо тахаллуси Бачаи
Саќо (Саќов) ва ба сари њокимият омадани Нодиршоњ(с. 929)
мавќеъ ва њуќуќњои тољикони Афѓонистон ба мањдудкунї сар
коранд ва ин ба сиёсат табдил ёфт. Дар натиљаи ин сиёсат аксарияти тољикони соњибмансаб аз вазифа ронда, заминњояшон
бо нархњои ночизе ба паштунњо фурўхта шуданд. Вале ба широфаи зиёд будани шумораашон онњо, њамчун халќ боќї монанд ва забонашон низ њамчун забони давлатї аз байн нарафт.
Дар солњои 20-ми асри ХХ байни тољикони шўравию Эрон
дигар алоќањои хешутаборї ва њамќавмию миллї намонда
буд. Тољикони Хуросону Сиистон ва Форс пас аз канда шудани алоќа дар асрњои ХУ1-Х1Х бештар бо номи форсњо, њамчун бегона ва ѓайри тољик шинохта шуданд ва њар ду њамдигарро форсзабону эронинажод эътироф доштанд.
220
Дар њамин давра алоќањои хешутаборї ва омадурафти тољикони ду соњили дарёи Панљ, агарчи сарњадњои сиёсї
онњоро људо карда бошад њам, идома дошт. Вале бо љорї гардидани низоми нави сарњадї ва бо сабабњои сиёсї робитањои
байни тољикони соњили Панљ ба душворї рў ба рў шуд окибат ба пурра ќатъ гардид. Сарфи назар аз ин људоињои сиёсї,
дар солњои 20-ми асри ХХ тољикони Афѓонистон тољик будани худро фаромўш накарданд. Дар фањми ќавму нажодии
онњо тољику дарї ба як маъно боќї монд.
Тољикони шўравї бошанд, аввалан аз таќсимоти соли
1924 ба хотири соњибдавлат шуданашон њам ифтихорманд ва
њам монданашон дар њайати давлатњои дигар њайрон
доштанд. буданд, вале ба њалли дурусти масъалаи миллї боварї
доштанд. Дар њудудњои Ўзбекистон тамоми ањолии шањрњо
ва водињои Сир, Аму, Зарафшон, Ќашќа, Сурхон (Ќашќадарё
ва Сурхондарёи имрўзаи Ўзбекистон) ва дар Ќирѓизистон Ўш
ва атрофи он, дар Туркманистон водињои Мурѓобу Тенљен
(вилояти Марв) ва шањри Чорљўй бо атрофаш, дар Ќазоќистон шањри Чимкент ва атрофаш тољикон бартарии куллї доштанд. Агарчи тољикони шўравї дар њуќуќу ваколатњо дар
доираи ќонун баробарї доштанд, вале солњои 1925-1929 ба
падидаи номатлуби миллатгароии пантуркистии аз љониби
њукуматњои давр њимоя шаванда дучор гардиданд. Ин сиёсат
нисбати тољикони Ўзбекистон ќотеона амалї карда шуда,
90%-и тољикон ба ўзбек табдил доданд. Ин ба хотири он карда шуда буд, ки дар Ўзбекистон аз њисоби тољикон бартарии
халќи умуман дар таърих вуљуд надош- таи ўзбекро созанд
ва сохтанд. Ўзбекњо њамчун халќият – ба маънои кулли туркзабонњои Осиё, ки шумораи онњо то ба 98 ќавм мерасад, њоло
аз асри Х1У бо номи Ўзбекхонињо (дурусташ юзбекхонињо,
юзбасќоќињо (юз ба туркї сад аст ва басќоќ ба маънои муѓули
њоким, бек) маълуманд. Аз сабабе, ки сиёсати пантуркистии
солњои аввали асри ХХ барои тамоми Аврупо ва Русияю Эрон
маъќул набуд ва ин нописандї аз сиёсати ташкили империяи Улуѓ Туркистони Камол Отатурк ба миён омада буд, дар
солњои 20-уми асри ХХ таъсиси боз як давлати туркии баро-
221
бари Туркия, Туркманистон њатто бо номи Туркистон мантиќ
надошт. Вале бо номи ўзбек (ки ба маънои умумии чун араб,
ки ба 14; форс, ки ба 7; славян, ки ба 7; хитой, ки ќариб ба 40
ва њинду, ки ба 36 ќавму халќ људо мешаванд), ташкил кардани давлати туркї барои пантуркистњои шўравї душворие
надошт. Яќинан, њељ яке аз ќавмњои туркии Ўзбекистон оянда
бартарии ањолии љумњурии ояндаро ташкил дода наметавонист, њама ќавмњои ба Ўзбекистон дохил буда худро ўзбекистонї хонда метавонистанд, вале аз ќавмияти худманѓит, барлос, юз, марќа, лаќай, минг, нўѓай, найман, ќарлуќ, ќатаѓан,
сарай кенегес, кангли, кипчоќ, љалоир, хитой (чаѓатой), киёт,
кутчи, ќирќ уруѓ, љети уруѓ… даст намекашид. Дигар ин ки бо
њељ як аз ин номњо дар доираи сиёсати миллии шўравї давлат
ташкил додан аз имкон берун буд. Асоси миллии Ўзбекистонро бояд ўзбекњо ташкил медоданд, вале аз њисоби кадом халќ?
Ин халќ тољикон шуданд, ки дар солњои1925-1929 ќисми зиёди онњоро зўран дар шиносномањояшон ўзбек навиштанд.
Ин раванд дар солњои зикршуда, тољикони дар њудуди Туркманистон маскунбударо њам каму беш фаро гирифта буд. 90%
тољикони Туркманистон ё туркман ва ё форс эълон шуданд.
Тољикони Ќазоќистону Ќирѓизистон, ки Ќароќирѓизистон ном
доштанд, њоло бо зўран махлутшавї дучор нашуда буданд.
Луѓат
1. Берунмарзї - калимаи мураккаб буда маънои берун аз марзи
давлатро ифода мекунад.
2. Тољикони берунмарзї – ба маънои тољиконе, ки берун аз
марзи ЉМШС Тољикистон чї дар хориљи СССР (ИЉШС) ва чї
дар љумњурињои шўравї умр ба сар мебурданд.
Савол ва супоришњо
1. Дар ибтидои асри ХХ тољикон дар њайати кадом давлатњо
сукунат доштанд?
2. Таќсимоти соли 1924 бештар ба муттањидшавии кулли тољикон мусоидат кард ва ё бештар ба парокандагии сиёсии онњо?
3. Тољикони кадом давлат тољик будани худро фаромўш карда
буданд?
4. Тољикони кадом давлат зўран махлут гардонда шуда буданд?
222
ФАСЛИ 2
ТОЉИКИСТОН ДАР СОЛЊОИ СИЁСАТИ СОХТМОНИ СОТСИА ЛИЗМИ ТАРАЌЌИЁФТА Ё ЃАЛАБАИ
ПУРРА ВА ЌАТЪИИ СОТСИАЛИЗМ (1938-1958)
МАВЗЎИ 4. ЉШС ТОЉИКИСТОН ДАР АРАФА ВА
ДАВРАИ ЉАНГИ ДУЮМИ ЉАЊОНЇ
(1938 – 1945)
§ 49. ТОЉИКИСТОН ДАР ОЃОЗИ СОХТМОНИ
СОТСИАЛИЗМИ ТАРАЌЌИЁФТА
Тавсифи умумї. Бо ќабули Ќонуни асосии сотсиализми
тараќќиёфта як давраи томи таърихи сотсиализм ва шўравї
хотима ёфт, яъне наќшаи муайянкардаи барномаи дуюми
Њизби Коммунистї ва аввалин њукумату халќи шўравї - гузариш аз капитализм (дар шароити Тољикистон аз феодализм) ба сотсиализм анљом ёфт. Давраи нави таърихи сотсиализм, ки онро марксизм – ленинизм давраи батадриљ,
оњиста-оњиста гузаштан аз сотсиализм ба коммунизм медонист, оѓоз гардид. Вазифаи ин зинаи сотсиализм бунёди љомеаи баробарии иљтимої дар муносибатњои байнињамдигарии шахсиятњою гурўњњои иљтимої, фаровонии неъматњои
моддї њамкории софдилона ва ба манфиати љомеа равона
кардани муносибатњои истењсолию иљтимої буд. Асосњои
њуќуќии ин давраро Конститутсияи сотсиализми ѓолиби 5
декабри соли 1936 ќабулкардаи СССР (ИЉШС) ва Конститутсияи сотсиализми ѓолиби РСС Тољикистон (1937) муќаррар карда буданд.
Вазифањои панљсолаи сеюм дар соњаи саноат. Наќшаи
ин панљсола дар асоси пешрафти илмию иќтисодї, сиёсї
ва назариявии марксистї тањия шуда буд ва инкишофи босуръати њамаи соњањои хољагии халќ ва њаёти љамъиятиро
дар бар мегирифт.
Моњи феврали соли 1939 Анљумани У ЊК(б) Тољикистон
наќшаи панљсолаи сеюмро муњокима ва ќабул кард. Дар на223
зар дошта шуда буд, ки дар ин панљсола корњои зерин иљро
карда мешаванд:
- васеъ кардани саноати маъдани кўњии шимоли Тољикистон (металлњои рангаи комплекси Ќарамазор);
- ба истифода додани комбинати саноати кўњии Такоб;
- зиёд кардани истењсоли нафт ва ангишт;
- сохтмони НБО-и Варзоби Поён ва Харангон;
- сохтмони якчанд корхонањои нав ва азнавсозии корхонањои вуљуддоштаи саноати сабук; васеъ намудани базаи истењсолии саноати пахтатозакунї дар заминаи саноати умумииттифоќї.
Баробари ин дар љумњурї бояд саноати мањаллї ва кооператсияи истењсолї рушд меёфт, ки вазифаи онњо таъмин
намудани ањолї бо моли ниёзи мардум буд.
Дар соњаи кишоварзї бошад, вазифа гузошта шуда буд,
ки базаи истењсолию техникии кишоварзї ва њосилнокии
мањсулоти кишоварзї баланд бардошта шуда, шабакањои
обёрї васеъ ва азхудкунии заминњои нав дар водии Вахш
давом дода шавад. Дар соњаи фарњанг бошад, вазифаи асосии панљсола из баланд бардоштани маърифати фарњангию
маънавии зањматкашон иборат буд.
Синфи коргари тољик аз ибтидои соли 1939 ба иљро
намудани наќшањои панљсола шурўъ кард. Коркунони
НБО-и Варзоб ба тамоми коргарони љумњурї мурољиатнома ќабул намуда, онњоро ба мењнати зарбдорона барои
иљрои наќшаи панљсола даъват карданд. Ин ташаббус номи
«мусобиќаи сотсиалистї ба шарафи панљсолаи сеюм»-ро гирифт. Кўњканони Шўроб, нафтчиёни Исфара, бофандагони
Хуљанду Душанбе, шарбатистењсолкунандагони Конибодом, коргарони заводњои пахтатозакунї мунтазам меъёри
истењсолии худро 1,5 - 2 баробар иљро мекарданд. «Идораи
якчанд дастгоњ» ва «Омўхтани якчанд ихтисос» шакли нави
мусобиќа шуда буд.
Дар солњои 1940-1941 дар саноати љумњурї ба истифодаи
захирањою масолењи мањаллї, истењсоли мањсулоти саноа224
тии мавриди ниёзи умумии мардумон оварда шуд. Ба наќша
гирифта шуда буд, ки дар ин соња дар љумњурї ба воситаи
кооператсияњои истењсолї 27 корхонаи гуногуни истењсоли
молњои сермасрафи ниёзи мардум сохта шавад. Моли истењсолкардаи ин соња мебоист 3,1 баробар зиёд мегардид.
Дар солњои 1938-1941 дар љумњурї корхонањои зерин:
комбинати маъдани кўњии Такоб, кони нави ангишт дар
Шўроб, НБО-и Хоруѓ, сехи нав дар комбинати гўшти Душанбе, заводњои пахтаи Регар ва Мелниково, фабрикаи
пойафзор, заводњои сафолакњои бомпўшии Душанбе ва
Исфара, пивопазї ва сементи Душанбе пурра ба кор дароварда шуданд. Корхонаи нефтистењсолкунии «КИМ» аз нав
таљњизонида шуд. Заводи озекеритї дар Селроњ гардид. Дар
натиља истењсоли ангишт аз 18 ба 204 њазор тонна, нефт аз
26,6 ба 29,8 њазор тонна, истењсоли шоњї аз 200 ба 254 тонна, пойафзори чармин аз 139 ба 455 њазор љуфт, истењсоли
матои пахтагин аз 0,1 ба 0,2 миллион метр, истењсоли равѓан
аз 2470 тонна ба 3054 тонна, истењсоли ќувваи барќ аз 37, 3
ба 62,1 миллион кВт расонида шуд. Шумораи синфи коргар
139 њазор нафарро ташкил дод. Барои таъмини хуби соња
бо ќувваи корї соли 1940 дар Тољикистон Кумитаи давлатии захирањои мењнатї бо 5 таълимгоњаш-таъсис ёфта буд,
вале њанўз њам дар корхонањои саноатї асоси синфи коргари миллї аќаллият буд. Коргари тољик дар сохтмонњои иншоотњои саноатї, бинокорї, роњсозї, совхозњо ва саноати
бофандагї бартарї дошт. Љумњурї ба љумњурии саноатї-аграрї табдил ёфта буд, вале саршавии Љанги Дуюми Љањон
(1-уми сентябри соли 1939) инкишофи бемайлони саноати
љумњуриро ба таъхир андохт.
Солњои 1938-1941 наќшаи давлатии саноатикунонии Тољикистон њамчун ќисми таркибии саноати СССР
(ИЉШС) таѓйир ёфт. Ин таѓйирот асосан дар ањамият додан ба корхонањои мањсулоташон ањамияти умумииттифоќї дошта, суст шудани назорат ба таъмини корхонањои
мањсулоташон ањамияти мањаллї дошта буд. Ин муносибат
225
ба он овард, ки корхонањои тобеи вазоратњои дахлдори умумииттифоќї ќариб пурра истифода мешуданду мањаллї не.
Хољагии ќишлоќ дар солњои пешазљангї. Ба шароити
давраи љанг нигоњ накарда, хољагии ќишлоќ њам босуръат
паи мерафт. Кишти њамаи навъњои зироат ба 807 њазор гектар, расонда шуд, ки назар ба соли 1937 20 њазор гектар зиёд
буд. Кишти пахта бошад, 4 баробар афзуда, њосилнокии он
ба 18 сентнер аз њар гектар расонида шуд. Саршумори чорвои љумњурї њам хеле афзуд.
Нишондињандањо
(ба њисоби њазор)
Солњо
1916
Чорвои калони шохдор 800,5
Бузу гўсфанд
2296,5
Замини кишт
490,3
1937
500,1
1634,9
787,0
1940
580,1
2179,3
807,1
Дигаргунии чашмрас дар чорводорї ба амал омада буд.
Ин њам бошад, ба вуљуд овардани чорводории љамъиятї –
колхозї буд. Њиссаи ин хољагии чорводорї дар њаљми умумии
соња: чорвои калони шохдор 20%, гўсфанд 44 % ва буз 16 % -ро
ташкил медод.
Дар инкишофи хољагии ќишлоќ наќши њалкунандаро
Стансияњои мошинї-тракторї – МТС-њо мебозиданд. Дар
љумњурї соли 1940 51 МТС-и дорои 3407 трактор буд. Ин
МТС-њо 23 % шудгори тирамоњї, 41 % шудгори бањорї, 5 %
кишти ѓалладона, 82% кишти пахтаро анљом дода, ва фаќат 6
% њосили ѓалладонаро љамъоварї мекарданду бас. Дигар њамаи корњо ба тавридасти анљом дода мешуд.
Дар солњои 1938-1941 дар љумњурї корњои калони обёрикунї гузаронида шуда буд. Ба тариќи њашари умумихалќї
канали калони Фарѓона, ки як ќисми (46 км) навбати якуми
он, ба њудуди ноњияњои Исфараю Конибодом мегузашт, дар
муњлати 25 рўз кофта шуд. Зимистони соли 1939-1940 навбати
226
дуюми канали калони Фарѓона дар 50 рўз кофта шуд. Ќисмати тољикистонии он 79 км буда, дар кофтанаш то 50 њазор нафар њашарчї иштирок доштанд. Соли 1940 канали шимолии
Фарѓона кофта шуд, ки ќисмати тољикистонии он 60 км буда,
асосан ноњияи Аштро дар бар мегирифт. Соли 1940 бо њамин
усули канали калони Њисор кофта шуд.
Дар солњои пешазљангї шабакањои обёрии водии Вахш
њам бењтар карда шуданд. Ин ба пешравии њама соњањои хољагии ќишлоќ мусоидат кард. Натиљаи ин пешрафт аз иштироки Тољикистон дар Намоишгоњи комёбињои хољагии халќи
СССР (ИЉШС) хубтар аён мегардад. Соли 1939 дар намоишгоњ 288 колхози љумњурї ва 1488 нафар пешќадамони хољагии ќишлоќ иштирок доштанд. Соли 1940 бошад, 409 колхозу
3459 нафар пешќадамон ширкат варзиданд. Бисёрии пешќадамон бо ордену медалњои СССР (ИЉШС) ва Номоишгоњи
комёбињои хољагии халќ(НКХХ) мукофотонида шуда буданд.
Њаёти фарњангии Тољикистон. Вазифаи асосии маорифи
халќи љумњурї дар солњои панљсолаи сеюм гузаштан ба таълими њатмии 7-сола дар дењот, таълими 10-сола дар шањрњо
ва барњам додани бесаводї дар байни калонсолон буд. Дар
арафаи Чанги Бузурги Ватанї дар ин соња ќадамњои аввалин
гузошта шуда буданд. Дар љумњурї дар соли хониши 19401941 2628 мактаби дорои 303 њазор хонанда вуљуд дошт. Аз
ин миќдор 66 мактаби миёнаи дорои 3, 6 њазор хонанда амал
мекард. Мактабњо дар ин давра нисбатан хубтар бо омўзгорону воситањои таълимї таъмин гардида буданд. Дар барњам
додани бесаводї дар байни калонсолон њам кори зиёде карда
шуд. Дараљаи саводнокии ањолї аз 3,8 % соли 1926 ба 82,8 %
дар соли 1939 расида буд. Дар мактабњо соли 1938 таълими
њатмии забони русї љорї гардида, соли 1940 ислоњоти алифбо
гузаронида шуда, алифбои кириллиасоси тољикї љорї гардид.
Дар солњои 1938-1941 шумораи мактабњои олї њам зиёд
гардид. Дар 6 мактаби олии љумњурї 8 њазор донишљў тањсил
мекард.
227
Дар њаёти илмии љумњурї њам пешрафтњо дида мешуд.
Соли 1941 Базаи тољикистонии АФ СССР (ИЉШС) ба Шуъбаи тољикистонии АФ СССР (ИЉШС) табдил ёфта, дар донишкадањои тадќиќотии он доир ба омўзиши канданињои
фоиданок, парвариши растанињои хољагии ќишлоќ, навъњои
нави пахта ва чорвои мањсулдењ, тадќиќи таърих ва осори
адабии халќи тољик корњои зиёде ба анљом шуда буд.
Дар љумњурї хизмати тиббї пеш мерафт. Дар хизмати
ањолї 121 касалхона, 222 муассисаи амбулаторї-муолиљавї,
273 нуќтаи ёрии фелдшерї-амбулаторї, 53 муассисаи машваратии занону кўдакон ва табибони зиёде хизмат мекарданд.
Санъати тољик њам бештар хусусияти оммавї пайдо карда ба соњаи талаботи маънавии омма табдил ёфт. Оњангсозони тољик З. Шањидї, Ф. Солиев, Н. Пўлотов, Ш. Бобокалонов, А. Камолов, њунарпешагон Т. Фозилова, С. Тўйбоева,
Г. Баќоева, Р. Ѓолибова, А. Бурњонов ном бароварда буданд.
Театри тољик њам ба намоишномањои операи «Шўриши
Восеъ», «Коваи оњангар», «Ду гул» ва песаи «Камбаѓалї айб
нест» машњур гардида буданд. Дар солњои 1938-1941 дар
љумњурї 81 рўзнома, 9 маљалла, 401 китобхона, 23 театр, 512
муассисаи клубї, 114 дастгоњи кинонамоишдињї дар хизмати халќ ќарор дошт.
Раванди корњои сохтмонї ва истењсолии љумњурї далолат бар он дошт, ки наќшањои панљсола ва маќсади асосии
халќи шўравї – таъмини ѓалабаи пурра ва ќатъии сотсиализм дар мамлакат иљрошавандаанд, вале вазъияти байналмилалї ва оѓози Љанги дуюми љањон дар наќшањои шўравї
таѓйироти куллї ворид сохт.
Луѓат
1. Сотсиализми тараќќиёфта - мафњуме буд, ки дар радифи
сотсиализми ѓолиб ворид гардид ва фањмонид, ки сотсиализм боз
зинањои дигар, аз љумла тараќќиёфта пешрафтатар, комилтар,тараќќикардатар њам дорад.
2. Ѓалабаи пурра ва ќатъї - мафњуме буд, ки дар радифи пурра
ва асосии сотсиализм ба вуљуд омада буд.
228
Бо ибораи ѓалабии ќатъии сотсиализм он маъни дар назар дошта мешуд,ки акнун капитализми љањони сотсиализмро маѓлуб
кардаву барњам дода наметавонад.
Савол ва супоришњо
1. Вазифањои навбатии сотсиализм аз чї иборат буд?
2. Мафњуми сотсиализми тараќќиёфтаро шарњ дињед.
3. Мафњуми ѓалабаи пурра ва ќатъии сотсиализмро шарњ
дињед.
4. Вазифањои панљсолаи сеюмро номбар кунед.
5. Пешрафтњои сотсиализмро дар солњои 1938 - 1939 исбот кунед.
§ 50. САБАБЊОИ АСОСЇ ВА РАВАНДИ САР ЗАДАНИ
ЉАНГИ ДУЮМИ ЉАЊОНЇ
Омили зиддиятњои байни давлатњои капиталистї. Буњрони иќтисодие, ки солњои 30-юм љањони капиталистиро фаро
гирифта буд, давлатњоро ба роњи милитаристии тараќќиёт
овард. Пеш аз њама Олмон, Италия ва Љопон ин буњронро
бо роњи њарбигардонии иќтисодиёт сабук паси сар карданд,
вале љањони капиталистї ба худ наомада, соли 1937 боз
буњрони нав сар зад. Ин дафъа ИМА, Фаронса њам таъсири
онро бештар њис карданд. Олмон, Италия, Љопон бошанд,
боз роњи яроќнокшавии бошитоб ва тайёр кардани љангро
пеш гирифта, таъсири буњронро камтар эњсос карданд.
Солњои 1938 - 1939 Олмон Австрияро забт намуда, вилояти Судети Чехославакияро ба худ њамроњ кард. Љопон
бошад, дар Чин ва Муѓулистон љангро сар карда, вазъияти байналмилалиро вазнинтар гардонд. Дар ноором гардидани вазъияти байналмилалї њукуматњои ИМА, Фаронса,
Англия њам «кумак» карда буданд. Дидаю дониста онњо
сари роњи фашизмро нагирифтанд. Баръакс, ба зидди СССР
(ИЉШС) равона кардани фашизм ва миллитаризмро тарафдорї карданд, яъне давлатњои капиталистї зиддиятњои худро бо роњи љанг андохтани Олмон бо СССР (ИЉШС) њал
карданї буданд. Аз ин рў, њукумати СССР (ИЉШС)-ро зарур буд, ки муносибату мавќеи байналмилалии худро муай229
ян созад. То соли 1939 СССР (ИЉШС) бо Чин, Муѓулистон,
Полша, Чехословакия, Англия, Фаронса, ИМА шартномањои гуногун дошт, вале ин шартномањо садди роњи фашизм шуда натавонистанд ва наметавонистанд. Тањдиди
љанги љањонї воќеї буд ва меъмори асосии он Олмон ва баъд
Англияю Фаронса ва ИМА буданд. СССР (ИЉШС) хост иттифоќи (коалицияи) зидди фашизмро аз њисоби давлатњои
муќтадир ИМА, Фаронса ва Англия ва баъзе дигарњо (Полша, Чехословакия, Руминия) ташкил дињад. Ин масъала дар
сатњи вазирони корњои хориљии ин мамлакатњо муњокима
шуда буданд, вале ба амалї гардидани ин наќша њељ яке
аз онњо накўшиданд, баъракс, Фаронса, Англия, ИМА ба
Олмон фањмонданд, ки ба амалї гардидани наќшаи ибтидоии васеъ шудани сарњади Олмон (аз њисоби Австрия ва
Чехословакия) халал намерасонанд. Ва њамин тавр њам шуд.
Бе эълони љанг 12 марти соли 1938 Германия ќўшуни 300-њазораашро ба Австрия дароварда , 13-уми март Австрияро
як ќисми Олмон эълон кард. Бетарафии Фаронса ва Англия
дасту пойи Олмонро кушод. Ќурбонии ояндаи давлатњои
муќтадир Чехословакия гардид. Дар вилояти Судети Чехословакия ањолии олмонизабон зиндагонї доштанд. Миллатгароёни ин вилоят бањори соли 1938 бо талаби ба њайати
Олмон дохил шудан баромад карданд. Ин вилояти саноатии калонтарини Чехия буд. Олмон талаби онњоро маъќул
ёфт ва барои татбиќи амалии он тайёрии њарбї њам диди,
вилояти Судет- ро ишѓол кард. Бо њамин усул соли 1938
ибтидои соли 1939 Олмон даъвои мулкњои алоњидаи Полша
(Дансиг), Белгия (Эпел-Малмида), Фаронса (Элзасу-Лотарингия) кард. Аз ин њам ќатъитар 15-уми марти соли 1939
зери фишори Гитлер њукумати Чехословакия аќди ба тобеиати Олмон дохил шуданро имзо кард. Чехия ва Моравия ба
протекторат ва баъд тамоман ба Олмон њамроњ карда, Словакия ба мустамлика табдил дода шуд. Закарпатие Украина
ба њайати Венгрия гузашта, Чехословакия њамчун давлат аз
байн рафт. Дар ин давра њам ягона давлате, ки бо чораби230
нињои мушаххас барои сари роњи чунин њодисањоро гирифтан баромад мекард, СССР (ИЉШС) буд. Њукумати СССР
(ИЉШС) ба њамроњкунии Австрия ва таќсими Чехословакия
эътироз намуда, њатто ёрии худро пешнињод карда буд, вале
њукуматњои Чехословакия ва Полша ин ёриро истифода накарданд. Бештар њукуматњои Ѓарб мекўшиданд, ки мошини
њарбии Олмонро зидди СССР (ИЉШС) равона кунанд.
Омили зиддиятњои байни сотсиализму капитализм. Англия ва Фаронса мехостанд, ки дар Европа бе иштироки
СССР (ИЉШС) таносуби ќуввањоро бо иттифоќи Олмон дар
мувозинат нигоњ доранд ва бо Олмон «дўст» монанд. Онњо
бо Полша, Руминия ва Юнон шартномаи ёрии њамдигарї
дар њолати сар задани љанг бо яке аз тарафњоро бастанд,
Аммо ин сари роњи Олмонро нагирифт. Олмон моњи апрели соли 1939 Италия ва Албанияро забт намуда, шартномаи
олмону-англисї ва олмону –полшагии солњои 1934-1935-и
худро дар бораи ба њамдигар њуљум накардан бекор эълон
кард. 22-юми майи соли 1939 бо Италия шартномаи «Пакти
пўлодин»-ро имзо кард. Бо ин пакт таносуби ќуввањо дар
Аврупои Ѓарбї ва Марказї пурра ба фоидаи иттифоќи Олмон ва Италия анљом ёфта буд, вале Ѓарб ин таносубро ба
љанги зидди СССР (ИЉШС) табдил доданї шуда, аз пешнињодоти СССР (ИЉШС) дар ташкил додани бехатарии
коллективона зидди фашизм бо њар роњ дур мешуд. Намояндагони вазоратњои корњои хориљї ва мудофиаи СССР
(ИЉШС) шартњою наќшањои иштироки худро дар таъмини бехатарии Европа чї дар гуфтушунидњои алоњида ва чї
дар муштарак баён карда буданд. СССР (ИЉШС) уњдадорї
мегирифт, ки агар Олмон бо Фаронса ва ё Англия љанг сар
кунад, тайёр аст, ки ба онњо кумаки низомї расонад, вале
Ѓарб ягон варианти маъќули ёрї ва иштироки худро дар
њолати ба СССР (ИЉШС) ва њамсояњои наздибалтикии он
њуљум кардани Олмон пешнињод накарда, баръакс, то июни
соли 1939 бо намояндагони гуногуни Олмон гуфтушуниди худро давом доданд. Њатто ба тањияи наќшаи њамла ба
СССР (ИЉШС) ёрї њам расонданд. Англия бо Љопон июни
231
соли 1939 шартномаи дахолат накардан ба корњои Љопон
дар Чинро баст. Њатто бо ташаббуси Ѓарб Љопон августи
соли 1938 дар кўли Њасан (ИЉШС) ва июли соли 1939 дар
Халхин-Гол (Муѓулистон) ба маќсади сар кардани љанги калон дасиса ташкил кард. Дар ин њар ду дасиса Љопон
шикаст хўрд. Наќшаи ташкили бехатарии европоии пешнињодкардаи Фаронса ва асосан Англия, бехатарии Латвия,
Фаронса ва Эстонияро дар назар надошт. Дар њар њолат
ин давлатњо метавонистанд аз тарафи Олмон забт гарданд
ё барои бо ИЉШС љангро сар кардан, мавќеъ (платсдарм)
шаванд. Дар њар њолат СССР (ИЉШС) мехост, ки уњдадорињое, ки тарафайн мегиранд, барои њама тарафњо баробар бошанд. Фаронса ва Англия талаб мекарданд, ки ёрии
иќтисодї ва њарбии СССР (ИЉШС) дар њолати аз тарафи
Олмон ё ягон давлати дигари зери таъсири Олмон буда бо
онњо сар мекарда бошад њатмї бошад, вале ёрии иќтисодї
ва њарбии онњо ба СССР (ИЉШС) дар њолати сар задани
љанги Олмон ва СССР (ИЉШС) њатмї, вале агар он љангро иттифоќчиёни Германия сар кунанд, аниќ набуд. СССР
(ИЉШС), ки таљрибаи чунин ёрии бо Чехословакияро медонист, ин тариќи шартномаи бехатарии коллективонаро
намехост. СССР (ИЉШС) њам њадафњои худ ва њам љумњурињои њамсояи ѓарбии худ аз Балтика то Бањри Сиёњро дар
назар дошт. Ин назари Ѓарб дар рафти гуфтушунидњои москвагии августи соли 1939 бо њайати намояндагони њарбии
Англия ва Фаронса маълум гардид. Маълум аст, ки гуфтушунидро њукуматњои Фаронса ва Англия барои ба бунбаст
(кучаи сарбаста) бурдани СССР (ИЉШС) истифода карда
буданд. Њайати намояндагони онњо ваколати имзо кардани ягон њуљљатро надоштанд. Аз ин рў, Иттињоди Шўравї
гуфтушунидро ќатъ кард.
Дар муддате, ки Иттињоди Шўравї бо Фаронса ва Англия гуфтушунид мекард, Олмон ба њукумати Иттињоди
Шўравї се маротиба мурољиат карда, фањмонд, ки байни
онњо масъалае нест, ки њал нагардад. Њатто иброз дошт, ки
Олмон тайёр аст дар бораи бехатарии СССР (ИЉШС) аз
232
Балтика то Бањри Сиёњ гуфтушунид кунад. Вале то 29-уми
август соли 1939 СССР (ИЉШС) ин таклифњоро рад мекард.
Фаќат баъди эњсоси он ки гуфтушунид бо Англия ва Фаронса ба ягон натиља намеорад ва СССР (ИЉШС) дар њолати
танњої бо Олмон ва Љопон рў ба рў мемонад, гуфтушунидро
бо Олмон оѓоз намуд ва дар бораи дар муњлати 10 сол ба
њамдигар њуљум накардан шартномаро ба имзо расонид. Ин
шартнома таљовузи Љопон ва Олмонро ба СССР (ИЉШС)
муваќќатан ба таъхир андохт. Олмон 1-уми сентябри соли
1939 ба Полша њуљум кард. Дар асоси шартномаи вуљуддошта 3-юми сентябр Англия ва Фаронса ба љанги зидди
Олмон даромаданд, вале љанги фаъолона нашуд. Олмон
Полшаро ба осонї шикаст дод. Њуљум ба Полша ибтидои
Љанги дуюми љањон гардид.
Луѓат
1. «Пакти пўлодин» - шартномаи байни Олмон ва Италияро аз
моњи майи соли 1939 меноманд, ин давоми «Пакти зидди коминтерн»- и соли 1937 буд.
Савол ва супоришњо
1. Сабабњои асосии Љанги Дуюми Љањонро номбар кунед.
2. Њадафњои Олмонро шарњ дињед.
3. Њадафњои Англия чї буданд?.
4. Њадафњои Италия, Фаронса ва Љопонро шарњ дињед.
5. Барои чї Англия ва Фаронса дар ташкили иттифоќ зидди
Олмон кашолкорї карданд?
6. Барои чї СССР (ИЉШС) бо Љопон ва Олмон шартномаи ба
њамдигар њуљум накарданро баст?
§ 51. ИШТИРОКИ ТОЉИКИСТОНИЁН ДАР
НАБАРДЊОИ АВВАЛИ ЉАНГИ ДУЮМИ ЉАЊОНЇ
(ОКТЯБРИ СОЛИ 1939 - МАРТИ СОЛИ 1940)
Тољикистониён дар озод намудани Украинаи Ѓарбї, Беларуси Ѓарбї ва Молдоваи Ѓарбї. 1-уми сентябри соли 1939
Љанги дуюми љањон сар шуд. Сабаби саршавии љанг аз сари
нав таќсим кардани љањони таќсимшуда буд. Ташаббускори
233
ин таќсимот Олмони фашистї ва иттифоќчиёни ў – Италия ва
Љопон буданд. Бањонаи саршавии љанг њуљуми Германия ба
Польша гардид. СССР (ИЉШС) њам ба ин љанг њамроњ шуд.
Њадафњои асосии ба ин љанг њамроњ шудани СССР (ИЉШС)
баргардонидани Беларуси Ѓарбї, Украинаи Ѓарбї ва Бессарабияи Ѓарбї ба њайати Беларус, Украина ва Молдова буд.
Ин њудудњо соли 1918 мувофиќи шартномаи Версал ва Брест
ба њайати Полша, Венгрия, Руминия ва Олмон дохил гардида
буданд. Акнун СССР (ИЉШС) аз вазъияти байналмилалии
ба вуљудомада истифода бурда, ин минтаќањоро баргардониданї шуд. Баъди ба љанги зидди Олмон дохил шудани Англия
ва Фаронса СССР (ИЉШС) њам бе эълони љанг ќўшунњои
худро ба Беларуси Ѓарбї, Украинаи Ѓарбї ва Бессарабияи
Ѓарбї даровард. Ба њаракати ќўшунњои шўравї дар ин минтаќа миллатгароён муќобилат нишон доданд, вале ќўшунњои
шўравї бе ягон душвории њарбї минтаќањои номбурдаро
ишѓол намуданд. Дар ин љангњои кўтоњмуддат, ки асосан бо
миллатгароёни Украин бо роњбарии С.Бендера сурат гирифта буд, намояндагони Тољикистон њам иштирок доштанд. Аз
љумлаи онњо Неъмат Ќаробоев, Њодї Кенљаев, Фатњулло Ањмадов, Амиралї Саидбеков, Ўрунбек Яъќубов, Олим Њакимов ва садњо дигаронро номбар кардан мумкин аст, вале тафсилоти корномањои љангии солњои 1939-1940-и онњо њанўз
њам омўхта нашудаанд. Њамаи номбаршудагон дар солњои
1943-1945 ба унвони «Ќањрамони Иттињоди Шўравї» сазовор гардидаанд.
Тољикистониён дар Љангњои Финляндия ва ёрї ба табаддулоти Наздибалтика. Агарчи оид ба љангномаи тољикистониён дар љангњои соли 1939 дар Украинаи Ѓарбї, Беларуси
Ѓарбї ва Бессарбия воќеаи аниќеро наќл кардан душвор
аст, вале оид ба фаъолияти љангномаи љангии онњо дар рафти љанги СССР (ИЉШС) бо Финландия (ноябри соли 1939марти соли 1940) маълумотњои кўтоњ мављуданд. Ин љангро Иттињоди Шўравї барои бехатар гардонидани шањри
Ленинград (Санкт-Петербург) њангоми њамлаи ногањонии
234
финњо сар карда буд. Чунин хатар вуљуд
дошт, чунки Финландия ба минтаќаи
(платсдарми) љангии Олмон дар сарњади
СССР (ИЉШС) табдил ёфта буд. Финњо
бо ёрии Олмон ба љанги зидди СССР
(ИЉШС) тайёрии бевосита дида истода
буданд. СССР (ИЉШС) хост масъалаи
бехатар гардонидани пойтахти шимолиаш – Ленинград (Санкт - Петербург-ро)
бо роњи осоишта њал кунад. Њукумати Иттињоди Шўрави пешнињод кард, Ќаробоев Неъмат
ки Финландия дар шимоли Ленинград
(Санкт-Петербург) дар масофаи 60 км сарњади худро ба шимол барад ва њамин ќадар замин аз минтаќањои дигар ба ў
људо карда мешавад, вале ин масъала хушї ба хушї њалли
ва 28-уми ноябри соли 1939 ќўшунњои шўравї љангро сар
карданд. Дар ин љанг тољикистонињо њам иштирок доштанд.
Якеи онњо алоќачии њарбї Неъмат Ќаробоев буд. Дар дафтари корномањои Неъмат Ќаробоев чандин лањзањои корнамоии љангии ў сабт аст. Вай дар рафти љанги зиёда аз семоња
чандин бор ба вазъияти душвор рў ба рў шуда, мардонавор
аз уњдаи њалли онњо баромадааст. Боре дастаи чандин карат
зиёди душманро маѓлуб сохт. Дафъаи дигар дар њолати љанги сахт алоќаи байни ќисмњоро барќарор намуд. Дар муњорибае дар ваќти барќарор намудани хатти алоќа ба 5 тан
аскарони фин рў ба рў шуда, бо граната онњоро мањв сохт.
Дар љанг барои шањрчаи Виборг, ки аввали моњи марти соли
1940 рўй дода буд, Неъмат Ќаробоев љасорати њарбї ва мардонагї нишон дода, бо фармони Президиуми Шўрои Олии
СССР (ИЉШС) аз 21 марти соли 1940 ба унвони «Ќањрамони Иттињоди Шўравї» сарфароз гардонда шуд. Ў аввалин
тољикест, ки ба чунин унвон сарфароз гардидааст. Дар ќатори љанговарони дигари шуљоъ фарзанди дигари Тољикистон, ронандаи танк Усмон Акрамов низ буд.
Июни соли 1940 дар рафти интихобот ба парламент ба
235
сари њукуматњои Латвия, Литва ва Эстония ќуввањои пешќадам ва хайрхоњи зањматкашон омаданд. Ин парламентњои
нав аз номи халќњои худ ба Њукумати СССР (ИЉШС) бо
хоњиши ба њайати Иттињоди Шўравї ќабул кардани онњо,
мурљиат карданд. Иттињоди Шўравї Августи соли 1940
талаби парламентњои ин љумњурињоро ќонеъ кунонида, бо
маќсади таъмини бехатарии сарњадњои ѓарбии худ ва даъвати њукуматњои Латвия, Литва ва Эстония ќўшунњои худро
вориди ин љумњурињо кард, ки дар њайати онњо њам намояндагони Тољикистон буданд.
Воќеањои солњои 1939-1940 агарчи барои СССР (ИЉШС)
њамчун воќеањои босамари сиёсї буданд, вале мамлакатро
аз љанги тан ба тан бо фашизми љањонї озод накарданд.
Луѓат
1. Ќањрамони Иттињоди Шўравї- унвони олии фахрї. буда,
соли 1934 таъсис ёфта буд ва барои хизмати барљаста, корнамої
ба нафъи љамъият ва давлат дода мешуд. Ин унвои аз ордени
Ленин, «Ситораи тилло» ва Ифтихорномаи Президиуми Шўрои
Олии СССР (ИЉШС) иборат буд.
Саволњо:
1. Љанги дуюми љањон аз кадом воќеа оѓоз ёфта буд?
2. Маќсади асосии СССР (ИЉШС) дар ибтидои љанг аз чї (њо)
иборат буд?
3. Аз тољикистониён кињо дар озод намудани сарњадњои ѓарбии СССР (ИЉШС) иштирок кардаанд?
4. Барои чї Иттињоди Шўравї ба Финландия њуљум кард?
5. Дар љанги Финландия кадом фиристодањои Тољикистон
ќањрамонї нишон додаанд?
236
§ 52. ТОЉИКИСТОН ДАР МУЊОРИБАЊОИ
ДАВРАИ АВВАЛИ ЉАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНЇ
(22-ЮМИ ИЮНИ СОЛИ 1941 - СЕНТЯБРИ СОЛИ 1941)
Сабабњои асосии сар задани Љанги Бузурги Ватанї. Сабаби асосии сар задани љанги байни Олмони фашистї ва
CCCР (ИЉШС), ки он ба Љанги Бузурги Ватанї табдил ёфт,
пеш аз њама вуљуд доштани зиддияти байни сохторњои сиёсї, иќтисодї, иљтимої, фарњангии байни сотсиализму капитализм буд. Империалистони Аврупову Осиё ва Амрико
Љанги дуюми љањонро оѓоз намуда, тавонистанд, ки онро
ба љанги зидди сотсиализм-равона созанд. Сабабњои дигари Љанги Бузурги Ватанї инњо ба њисоб мерафтанд: ёрии
амалии СССР (ИЉШС) ба њама гуна иттињоди зидди фашистї ё зиддиолмонии давлатњое, ки њоло ба њуљуми фашизм дучор нагардида буданд; дар њамон соли 1941 танњо
мондани СССР (ИЉШС). Аз љињати дигар, бе шикасти
СССР (ИЉШС)Олмон наметавонист, ки дар Аврупо наќшањои худро амалї созад. Шикасти Иттињоди Шўравї ба
Олмон имконият медод, ки муќобилияти њарбї ва сиёсию
байналмилалии Англия ва ИМА-ро бо осонї њал намояд.
Сабаби дигари ин љанг фароњам омадани шароити мусоид
барои Олмон буд, ки онро ба љанги зидди СССР (ИЉШС)
њидоят мекарданд.
Дар ибтидои љанг. Субњи 22 июни соли 1941 Олмони фашистї бо ќувваи зиёди њарбї ба Иттињоди Шўравии њуљум
кард. Дар њайати ин лашкар ќўшунњои Венгрия, Италия,
Руминия ва Финландия њам буданд. Дар як ваќт Олмони
фашистї дар масофаи зиёда аз 3000 км сарњадро вайрон
карда, ба хоки Иттињоди Шўрави зада даромад Ќуввањои
њарбии Олмон он ваќт аз 5,5 миллион аскар, 3712 танк, 4950
самолёти љангї, 47260 тўп ва миномёт иборат буд. Олмони фашистї љанги барќосоро гузаронида, дар муддати то 2
моњ ќўшунњои асосии Иттињоди Шўравиро шикаст доданї
буд. Олмони фашистї ба он умед дошт, ки љанги ногањонї
237
ва барќосо Иттињоди Шўравиро пароканда ва шикасти њарбии онро метезонад, вале он ба нияти худ нарасид. Баръакс,
њуљуми ањдшиканона Артиши Сурхи Шўравиро љасуртару
дўстии халќњоро ќавитар гардонид. Ягонагии ќўшуну халќ
љабњаю (фронту) аќибгоњро мустањкамтар кард. Њамаи
халќњои Иттињоди Шўравї ва Артиши Сурхи ќањрамони он
аз даќиќањои аввал ба дифои Ватан бархостанд. Дар тамоми
хатти набардњо аз бањри Балтика то бањри Сиёњ ќўшунњои
шўравї ба љанг даромаданд. Дар байни онњо тољикон њам
буданд. Дар ибтидои љанг, ки моњњои июн-сентябри соли
1941-ро дар бар мегирад, ќўшунњои шўравї љангњои мудофиавї карда, аз сабаби нобаробарии ќувва ќафо менишаст.
Љангњои калон ва ќањрамонона дар ин муддат дар Брест,
Вилнюс, Смоленск, Киев, Одесса, Севастопол ва ѓайрањо
шуданд. Љанговарони тољик Акобир Мањмудов, Мањмадљон
Абдувалиев, Шукур Рањмонов ва шояд садњои дигар, љангро дар Брест оѓоз намуда, ќањрамонона њалок гардиданд.
Дар таърихи Љанги Дуюми Љањон ќалъаи Брест забтнашуда
ва гарнизони он маѓлубнашуда ба њисоб меравад.
Аз рўзњои аввали љанг Н. Мирзоев ва А.Тошматов дар
Украинаи Ѓарбї, Саидов, Э. Рўзиев, Њ. Кенљаев (баъд
Ќањрамони Иттињоди Шўравї) М. Олимљонов дар Белорус, А. Њољибоев, М. Ёров дар Наздибалтика, Бобиев Мирзоалї дар Ќрим, К.Хушвахтов дар Молдова, Ш.Назаров
дар сарњади Финландия, Х.Пўлодов ва Р.Сангинов дар ќушунњои Бањри Шимол ва С.Музаффаров дар киштии минабари «Решительный» мељангиданд. Љангномаи њамаи номбаршудагон дар таърихи ибтидои љанг сабт шудааст.
Аз корнамоињои фиристодагони Тољикистон дар ибтидои љанг Г.Нуровро, ки 23 июни соли 1941, дар соњили дарёи
Прут, бо тўпи худ танки душманро мањв сохт, Њодї Кенљаев
ро, ки дар њимояи шањри Лвов ќањрамонї нишон дода, сазовори медали «Барои шуљоат» гардидааст, метавонд ном
бурд. Р.Абдуллоев, Љ.Абдуллоев, Д.Абдурашитов, Д.Таѓоев, Р.Авдиев, С.Аслонов, Б.Алиев ва садњо дигарон ишти238
рокчиони муњорибаи Смоленск буданд, ки яке аз муњорибањои хунини ибтидои љанг буд. Дар санаи 3 - 8-уми июли
соли 1941 тўпчии ўротеппагї Муњаммадї Иброњимов дар
мањаллаи Плещенатсаи Минск ќањрамонии бемислу монанд
нишон дода, дар як муњориба 14 автомошина ва 6 танки
душманро аз кор баровард. Барои ин корнамої ўро бо ордени Ленин мукофотониданд, ки аввалин љанговари тољикест,
ки ба чунин мукофоти олї сарфароз гардидааст.
Эргаш Рўзиеви хуљандї, ки ў њам тўпчї буд, дар ваќти
аќибнишинї њамроњи 11 нафари дигар ба муњосира афтода, 13 шабонарўз дар аќибгоњи душман љанги тан ба тан
карда, аз муњосира баромад. Барои ин корнамої ва љасоратњои минбаъда, ў аз дасти маршал Чойболсан мукофоти
олии Муѓулистон - ордени «Ситораи Ќутб»-ро гирифта буд.
Р.Исмоилов, А.Азимов, Љ.Назаров ва дањњои дигар дар њимояи Одесса иштирок доштанд. Н. Илёсов бошад, њамроњи
њамяроќонаш дар гарнизони зеризаминии (корхонаи сангрезакунии) Азимушкаи Керч зиёда аз 4 моњ муќобилият нишон дод.
Номи фарзандони тољик: А.Собиров, К.Хушвахтов,
А.Ќаландаров, Ш.Назаров ва њазорон нафари дигар дар
таърихи ибтидои љанг сабт аст, яъне дар ибтидои љанг корнамоињои тољикистониёнро дар њамаи сарњади зиёда аз 3
њазор киллометраи мамлакат дидан мумкин аст. Мутаассифона, таърихи муфассали иштироки тољикистониён дар ибтидои љанг њанўз њам навишта нашудааст.
Луѓат
1. «Ватан-модар даъват мекунад!» - шиор- плакати давраи
Љанги Бузурги Ватании солњои 1941-1945, ки дар њама љойњои
љамъиятї ва корхонањо часпонда шуда буд.
2. «Ватани сотсиалистї дар хатар аст» - ин љумла шиори солњои
љанги граждании солњои 1918-1920 буд, ки онро В.И.Ленин навишта буд. Ин шиор солњои 1941-1945 њам истифода шуда буд.
3. Гитлер - насаби аслиаш Шикелгрубер Адолф (20.04.1889майи 1945) роњбари њизби миллї - сотсиалистии Олмон (19191945), сардори давлати фашистии Олмон (1933-1945).
239
Савол ва супоришњо:
1. Барои чї Олмони фашистї 22 июни соли 1941 љангро сар
кард?
2. Тољикистонињо дар кадом муњорибањои аввали љанг иштирок доштанд?
3. Барои чї ќўшунњои шўравї аќибнишинї мекарданд?
4. Барои чї ин љангро «Љанги Бузурги Ватанї» номиданд?
5. Сохтмонњои калони ба тариќи њашар сохташударо дар
арафаи Љанги Бузурги Ватанї номбар кунед.
6. Дастовардњои њаёти фарњангиро дар арафаи Љанги Бузурги
Ватанї номбар кунед.
§53-54. ИШТИРОКИ ТОЉИКИСТОНИЁН ДАР МУЊОРИБАЊОИ КАЛОНТАРИНИ ДАВРАИ ОЃОЗ ВА
МУСТАЊКАМКУНИИ ДИГАРГУНИЊОИ ЌАТЪЇ ДАР
РАФТИ ЉАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНЇ
(СЕНТЯБРИ СОЛИ 1941-АПРЕЛИ СОЛИ 1943)
Муњорибаи барои Москва (сентябри соли 1941-апрели
1942). Олмони фашистї ба самти љангии Москва ањамияти
махсус дода, наќшаи «Љанги барќосо» (Блицкриг)-и худро
амалї карданї буд. Ањамияти муњорибаи назои Москваро
Њукумат ва халќи собиќ СССР (ИЉШС) бахубї дарк карда
буданд ва ба он тайёрии имкондоштаро њам дида буданд.
Муњорибаи назои Москва на фаќат ањамияти минтаќавї,
балки ањамияти љањонї њам дошт. Натиљаи муњорибаи
назди Москва ба чандин савол давра – баќои сотсиализм ва
фашизм њамчун сохтори давлатї ва сиёсат ба љањониён љавоб медод.
Олмони фашистї ба љабњаи марказї, ки маќсад аз он
ишѓоли Москва - пойтахти Иттињоди Шўравї ва буд,
ќисмњои яккачини њарбии аз љињати таљрибаи љангї, яроќу
аслиња бартарии куллї доштаи худ- ро, ва бо фармони ќабул накардани њељ гуна гуфтушунид ва таслим равона карда,
ин наќшаи худро «Тайфун» номгузорї карда буд (ба маънои
«барќвор, боди шадид»).
240
Сарфармондењии Ќуввањои Мусаллањи Олмон барои забти Москва 1,8 млн.
ќўшун, 1700 танк, 1790 самолёт, 14 њазор
тўпи худро ба кор андохта буд. Њуљум барои Москва 30-юми сентябр оѓоз гардида
душман дар баъзе минтаќањо то ба масофаи 17 км ба Москва наздик омада буд.
Њатто баъзе командирони душман ба хешу
аќрабо ва дўстони худ хабари ѓалабаро
Сталин И.В.
њам навишта буданд ва дўстонашонро ба
маъракаи паради ѓалаба даъват карда буданд. Фашизм мехост, ки СССР (ИЉШС)-ро дар назди давлатњои њомии худ
хору залил нишон дињад ва бо ин бартарии комили худро
дар идораи минбаъдаи љањон таъмин намояд. Ин равандро
ботинан набошад њам, зоњиран њукуматњои Англия, ИМА
ва Фаронса њам барои њадафњои ояндаи худ интизор буданд. Аз ин рў, ин њукуматњо гарчи бо фашизм дар набард
буданд, бо бетарафии худ нисбати таљовузи Олмон ба Иттињоди Шўравї, ба Олмон имконият доданд, ки ин љанги беадолатонаро оѓоз намояд. Мусаллам он аст, ки Ѓарб мехост
Олмонро дар љанги зидди Иттињоди Шўравї бемадор сохта
ва баъд онро ба шартњои барои худ мувофиќ маљбур созад.
Ѓарб бехабар аз он буд, ки рўњияи итињоди халќњои дар мубориза ва дар асоси баробарї, бародарї, дўстї, ягонагии
иќтисодию сиёсї ба вуљуд омадаро шикастану аз байн бурдан мумкин нест. Ба муњофизати Москва тамоми халќњои
шўравї борхостанд. Роњбарияти Иттињоди Шўравї ба њама
душворињо нигоњ накарда, тавонист, ки ба душман зидди
душман 1250 њазор љапговар,7600 тўп, 990 танк, 677 самолёт
ва љасорату ватандўстии бемислу монанди шўравиро муќобил пеш гузорад. 19-уми октябр дар Москва њолати муњосира эълон гардид. Аз тамоми минтаќањои СССР (ИЉШС)
ба Москва ќуввањои имдодї омаданд. Дар ин муњорибањо
фиристодагони Тољикистон њам сањми худро гузоштанд. Аз
Љумла дивизияи 20-уми савораи дар Тољикистон таъсисёфта
241
низ иштирок дошт. Ин дивизия дар набардњои роњи Волоколамск корнамої нишон додааст. Ваќте ки як гурўњ танкњои
немис хати фронтро рахна карда, ба роњи Волоколамск (њозира хиёбони Ленинград) баромаданд, дивизия фармон гирифт, ки танкњоро нобуд созад ва аз уњдаи иљрои ин фармон
бо сарбаландї баромад. Дар муњорибаи назди Маскав 150
нафар аскару афсарони ин
дивизия ба мукофотњои
гуногун сазовор шудаанд. Барои ќањрамонї
дар ин љанг тўпчии шуљоъ
Муњаммадї Иброњимов,
ки дар як муњориба 16 техникаи љангии душманро
аз кор баровард бо ордени
Ленин мукофотонида шуд. Байраќи љангии дивизияи 20 -уми
Адиби умедбахши тољик
Саворагарди кўњї
Абдушукур
Пирмуњаммадзода ќањрамонона, љангида њалок гардид. С.Улуѓзода,
Р. Љалилов, И.Обидов, Б.Искандаров низ, ки шахсиятњои
машњури солњои 50-90 асри ХХ љумњурї буданд, иштирокчии ин муњорибањо буданд. Дар рафти ин заддухўрдњо Олмони фашистї ва думравони онњо шикасти чашмраси то кунун надидаро диданд.
Муњорибаи Сталинград (17.7.1942-2.2.1943). Муњорибаи
Сталинград машњуртарин набарди солњои Љанги Бузурги
Ватанї буда, ба ду давра – давраи мудофиавї (17.7.1942 18.11.1942) ва давраи њуљум (18.11.1942 -2.2.1943) људо мешавад. Дар ин муњориба аз њар ду љониб зиёда аз 3,6 млн.
аскару афсар, 60,2њ. тўпу миномёт, 7300 самолёт иштирок
доштанд. Олмон мехост, ки бо роњи аз маркази сўзишворї
ва ѓалла мањрум кардани Иттињоди Шўравї ва Русияи Марказї Сталинградро шиѓол намуда, барои шикасти дар назди
Москва хўрдани ќасос гирад. Вале боз њамон дўстии халќњо
ва ягонагии њарбию иќтисодї ин наќшаро њам барбод дод.
242
Дар маъракањои љангии барои Сталинград Олмони фашистї ва шарикони ў зиёда аз 900 њазор аскар, 2 њазор танк, зиёда аз 10 њазор тўп, 3 њазор самолётро талаф доданд. Дар
худи шањри Сталинград ин талафот ба зиёда аз 300 њазор
расида буд. Талафоти Иттињоди Шўравї аз Олмон зиёдтар - 1,1млн. нафарро ташкил дода буд. Фиристодагони
Тољикистон дар тамоми давраи ин набард иштирок кардаанд. Корнамоии «Хонаи Павлов» њам бе номи тољик набуд.
Дар ќатори 18 љанговари «Хонаи Павлов», ки командирашон сержант Павлов буд, Ањмад Турдиеви тољик њам буд.
Фиристодагони Тољикистон О. Холматов, Б. Сиддиќов, А.
Њакимов, К.Каримов, Б. Бегматов, Н. Мирзоев, И.Назаров,
Њ. Рањимов, Ф. Ниёзї, С. Иброњимов, М. Муќимї, Т. Љўраев, А. Эшматов, А. Устоев ќањрамонї нишон додаанд. Дар
ин муњориба колоннаи танкии «Колхозчии Тољикистон» ва
эскадриляи «Колхозчии Тољикистон», ки бо пули љамъовардаи колхозчиёни Тољикистон сохта шуда буданд, ба љанг
даромаданд. Анвар Ќаландарови ѓармї дар ин муњорибањо
њамчун командири танки вазнини «КВ» љангидааст. Ў бо
ордену медалњои «Љанги Ватанї»-и дараљаи 1, «Ситораи
Сурх» ва «Барои муњорибаи Сталинград» сарфароз гардонида шудааст.
Дар рафти амалиёти љангии баъди Сталинград тољикписар Мањмадшариф Шарипов дар озод кардани шањри Харков корнамоии бемислу монанд нишон додааст. Ў бо тани
худ нуќтаи оташфишони (ДОТ)-и душманро пўшондааст.
Рўњияи љангии тољикистониёнро мактуби мењнаткашони
аќибгоњ бо номи «Мактуб ба љанговарони тољик аз халќи
тољик», ки онро устод С.Айнї навиштаву зери он 390000
мењнаткаши тољик имзо гузошта буданд, омадааст:
«Фарзандон, шавњарон, бародарони азиз, љанговарони
диловари мо!
… Ваќте ки мо калимаи Ватанро дар забон меорем, дар
пеши назари мо на танњо водии зархези Вахш, на танњо
боѓњои себу зардолузори Ленинобод, на танњо кўњњои
243
барфпўши сарбафалакпечидаи Помир, балки манзарањои
рангоранг ва кабуди љангалистон ва дарёњои сероби Русия, мављи хўшањои гандуми майдони Украина, канорањои
рўњафзои бањри Сиёњ, кўњњои афсонавии Ќафќоз ва гањвораи Револютсияи Октябр - шањри азими Ленин (Ленинград)
низ љилва менамоянд.
Шумо дар куљое, ки мубориза кунед, хоњ дар соњилњои
дарёи Дон, хоњ дар сањроњои Украина, хоњ дар гирду атрофи Ленинград, Шумо Сталинобод, канорањои дарёи Панљ,
кўњњои Помир, водию сањроњои Вахш ва Ленинободро
муњофизат менамоед.
Мардписарони халќи тољик!
Шумо авлоди бобоњои бузурги худ мебошед, ки онњо ба
муќобили истилогарон ва ѓоратгарони аљнабї бањодурона
љангидаанд.
Ваќте ки арабњо дар асри У111 ба сарзамини мо њуљум
оварда, мехостанд ба тани халќи мо либоси сиёњи мотам
пўшонанд, тољикон бо сардории лашкаркашњои худ Абўмуслим, Тањмоспи Хуљандї, Ибни Муќаннаъ чандин сол
машъали шўришро фурўзонда љангиданд. Темурмалики
Хуљандї ва Мањмуди Торобї ба муборизаи халќ ба муќобили муѓулњои бадхашми истилогар роњбарї намуданд.
Мо фахр мекунем, сарфароз мешавем, ки дар миёни
Шумо монанди Ќањрамони Союзи Советї Неъмат Ќаробоев, ордендорон Муњаммадї Иброњимов, Ѓозї Рашидов,
Давронов, Шукрулло Шоев ва бисёр љанговарони дигари
ба њамаи мамлакат машњур њастанд.
Бовар кунед, ки мо њам дар фронти мењнат њељ аќиб намемонем. Мо љонсупорона мењнат карда истодаем, ки мамлакат ва Армияи Сурхи љонољонамонро аз њама чизи зарурї
таъмин намоем. Занон, модарон ва хоњарони Шумо дар баробари мардон ихтисосњои шавњар, фарзанд ва бародарони
ба фронт рафтаашонро бо муваффаќият аз худ карда, бо тамоми ќуввваи худ ба Армияи Сурх ёрї расонда истодаанд,
ки душмани палидро торумор кунад…
Љанговарони пањлавони мо! Шердилона ба пеш ќадам
244
занед, писарони мањбуби Тољикистон! Бо ќањрамонї, шуљоатмандии бењад, ватандўстии шуълавари худ рўзи ѓалабаи
мо ва маѓлубияти душманро наздик кунед. Мо боварии комил дорем, дур нест он рўз, Армияи Сурхи ќањрамони мо…
одамхўрони гитлериро бакуллї торумор менамояд.
Марг ба истилогарони немис!»
Имзо: љамъ 390 њазор. 20.02.1943, «Правда»
Луѓат
1. «Ё марг, ё ѓалаба!» - даъват, шиори аскарону афсарон ва
партизанњои шўравї, ки аз 22-юми июни соли 1941 машњур гардид. Бо ин шиор аскарони алоњида, взвод, рота, баталён, полк,
дивизия ва фронтњо ба љанг медаромаданд.
2. Колоннаи танкии «Колхозчии Тољикистон» - колоннае, ки
бо пули хайрияи колхозчиёни Тољикистон сохта шуда буд. Ташкили чунин колоннаро бори аввал колхозчиёни вилояти Тамбови ЉШФСР пешнинињод карда буданд. Ин пешнињод аз тарафи
Њукумат ва халќ дастгирї ёфта, ба маъракаи умумихалќие табдил ёфт. Онро коргарон, зиёиён, љавонон, пионерњо дастгирї
намуданд. Бо маблаѓи хайрияи тољикистониён колоннаи танкии
«Колхозчии Тољикистон», «Муаллими халќи Тољикистон», «Кооператори саноатии Тољикистон», батареяи тўпандози «Колхозчии райони Ленинобод», эскадриляи «Тољикистони советї», тўпи
«Пионери Тољикистон» ба фронт фиристода шуданд.
3. Колоннаи танкии «Комсомоли Тољикистон», ки бо пули
хайрия ва музди соату рўз ва њафтаю моњњои аз рўзи кори муќаррарии комсомолон зиёдатї сохта шуда буд, дар муњорибаи Сталинград ба љанг даромада буд.
Савол ва супоришњо:
1. Дар бораи муњорибаи назди Москва ва иштироки тољикон
наќл кунед .
2. Сањми тољиконро дар муњорибаи Сталинград шарњ дињед.
3. Љангномаи Ањмад Турдиевро наќл кунед?
245
§ 55-56. ТОЉИКИСТОНИЁН ДАР МУЊОРИБАЊОИ
ДАВРАИ БА АНЉОМ РАСИДАНИ ДИГАРГУНИЊОИ
ЌАТЪЇ ДАР РАФТИ ЉБВ
а) Муњорибаи Курск (5 июл-23 августи соли 1943). Ин
љанги мудофиавии ќўшунњои шўравї буд. Олмон дар камонаки Курск 900 њазор аскар, 2700 танк, зиёда аз 6 њазор тўп, 3
њазор миномёт ва 2 њазор самолётро ба љанг дароварда буд.
Муњориба дар ду давра – давраи љангњои мудофиавї (5-23
июни соли 1943) ва давраи њуљум (12 июл-23 августи соли
1943) шуда гузаштааст. Маќсади ќўшунњои фашистї ќасос
гирифтан барои шикастњои ќаблї ва пеш аз њама, пешгирии
шикасти рўњии аскарони худ њам буд, чунки дар байни аскарону афсарони немис то рафт боварї ба ѓалаба кам шуда
истода буд. Ин ѓалаба метавонист рўњияи ќўшунњои фашистиро мисли пештара
боло бардорад. Сарфармондењии олии
Олмон, бештар ба танкњои типпи нави
«Тигр» ва «Пантера»-и худ ва самолётњои нави типи «Фокке-Вульф» ва фикри ѓалате, ки гуё ќўшунњои шўравї аз
маъракањои паёпайи пешин хаста шуда
бошанд, такя дошту ќушунњои шўравї
ба таљрибаи андўхтаи маъракањои љанЊамзаалиев Исмоил
гии ќаблї.
Дар муњорибаи Курск ќўшунњои
шўравї нисбати душман гарчи бартарии зиёде доштанд,
вале муњорибаро аз њимоя оѓоз кардани муњорибаро афзал ёфтанд. Баробари ин,
сарфармондењони муњориба, раванди њуљуми ќўшунњои
душманро пай бурданд ва наќшаи пешвозу зарбаи дурустро
тањия карда тавонистанд.
Душман 5-уми июл бо ќушуни 900 њазор нафара, ки дар
ихтиёраш 2700 танк, зиёда аз 6 њазор туп, 3 њазор миномёт ва
2 њазор самолёт буд, ба њуљум гузашт ва мехост, ќўшунњои
246
шўравиро ба муњосира гирифта, мањв созад. Гитлерчиён дар самти Курск Орёл тавонистанд то 85 км. Пеш раванд, вале дар
самтњои Тула ва Белгород аз 10-12 км беш
пеш рафта натаванистанд. Дар Прохоровка љанги танкї шуд, ки аз њарду љониб 1500
танк иштирок дошт. Ќўшунњои шўравї дар
ин давра душманро бемадор сохта, 12-уми
Кенљаев Њодї
июл ба њуљуми љавобї гузашта душманро
торумор намуданд ва шањрњои стратегии Белгород ва Харковро озод карданд. Муњорибаи Курск њам бо ѓалабаи беназири ќўшунњои шўравї ба анљом расид.
Дар муњорибаи Курск тољикон корнамоињои бемислу
монанд нишон доданд. Аз љумлаи онњо 8-10-уми июл дар
нуќтаи Безимянный Исмоил Њамзаалиев корнамої нишон
дод. Ба бартарии зиёди тўпу танки душман нигоњ накарда, ў
бо тирњои нишонраси тўпи худ душманро аз самти муњофизат худ гузаштан намонд, дањњо техника ва садњо љангиёни
душманро мањв сохт. Чунин корнамоиро дар самти дигари
муњорибаи Курск Њодї Кенљаев нишон дода буд. њар ду ба
унвони «Ќањрамони Иттињоди Шўравї» сазовор шуданд.
Номњои љанговарони тољик А. Ќањњорї, А. Яќубов, К. Назаров, В. Мањмадов, Р. Хушвахтов, С. Њасанов, С. Шарипов, Д.Алимов вирди забонњо гардидаанд. Дар ин муњориба
лётчики тољикистонї Иван Душкин низ ба унвони «Ќањрамони Иттињоди Шўравї» сазовор гардида буд.
Дар муњорибаи Курск дар њайати полки 1849-ми артиллерияи ќиркунандаи зиддитанкї Саттор Гаффоров мељангид.
љанговар ордену медалњои љангии августии соли 1943-уми
худро соли 1968 гирифт. Дар њайати дивизияи 5-уми тирандоз дар самти Орёл Убайдулло Муродови Њисорї корнамої
нишон дода буд.
Дар муњорибаи Курск июли соли 1943 18 нафар сарњадбонони отряди сарњадии Помир дар њайати дивизияи
162-юми тирандози осиёимиёнагї корнамоии бе мислу мо247
нанд нишон доданд. Онњо дар ќитъаи муњофизатии худ то
тири охирин љангида, баъди он ба љанги тан ба тан даромаданд ва ќисме онњо бо бастањои граната худ ва душманони
ба онњо њамлакунандаро тарконданд, вале душманро аз њудуди муњофизати худ гузаштан намонданд.
Муњорибаи Ленинград (01.07.1941-10.08.1944). Муњорибаи Ленинград зиёда аз 1125 рўз ва муњосираи Ленинград
900 рўз (аз 8.09.1941 то 18.01. 1944) давом ёфта, дар муддати
зиёда аз 3 сол ќўшунњои зиёди (ќариб 20%) душманро нигоњ медошт. Дар ин муњориба ќариб 50 дивизияи душман
торумор шуд. Дар ин давра зиёда аз 1 миллиону 200 њазор
ленинградињо аз хунукию гуруснагї фавтидаанд. Фаќат аз
моњи ноябри соли 1941 то октябри соли 1942 аз гуруснагї
ќариб 642 њазор нафар ањолии шањри Ленинград фавтид. Аз
ноябри соли 1941 дар рўйи яхи кўли Ладога роњи автомобилгард сохта шуд, ки «Роњи њаёт» ном гирифта, Ленинградро бо мамлакат мепайваст. Ба воситаи ин роњ зиёда аз 550
њазор нафар аз муњосира бароварда , 361 њазор тонна бор
кашонда шуд.
Дар байни љанговарони муњофизи Ленинград номи Тешабой Одилов њамчун
мергани бомањорат машњур гардид. Ў бо
милтиќи снайперии худ фашистони зиёдро нобуд карда буд. Дар ин муњориба
фарзандони Тољикистон: М. Шокиров,
С. Бурњонов, С. Мухторов бо ордену медалњои љангї мукофотонида шуданд.
Дар ин муњориба 3 бародар - тољикписарон Бањриддин, Зайниддин ва Муњаммад Эрйигитов Тўйчї
Осимовњо иштирок доштанд. Дар рафти
муњорибаи Ленинград тољикистонї Тўйчї Эрийгитов 5 октябри соли 1943 корнамоии А. Матросовро такрор намуда,
бо тани худ нуќтаи оташфишонии (ДОТ)-и душманро пўшонидааст. Баъди маргаш ба унвони «Ќањрамони Иттињоди
Шўравї» мушарраф гардидааст.
248
Тољикистон ба гуруснагони Ленинград
ёрии калони пулї ва хўрокворї фиристод.
Аз љумла фаќат соли 1943 2,225 њазор сўм
пул, ќариб 130 тонна ѓалла, 130 тонна сабзавот, 80 тонна меваи тару хушк ва 2250
сар чорво фиристода буд.
Муњорибаи Днепр (август-декабри соли
1943). Дар ваќти љангњои соњили Днепр ва
убури он муњорибањои сахту шадиде шуЌосимов Њайдар
данд. Аз ду љониб ќариб 4 миллион аскар,
64 њазор тўпу миномёт, 4,5 њазор танк,
ќариб 5 њазор самолёт ба љанг дароварда
шуда буд. Ташаббус дар дасти ќўшунњои
шўравї буд. 26-уми август ќўшунњои
фронти марказї ба љанг даромада, охири
сентябр ба соњили дарёи Днепр расида,
соњили чапи онро озод намуданд. 12-уми
октябр амалиёт барои озод кардани Киев
ва соњили рости Днепр сар шуд. Дар на- Турдиев Саидќул
тиљаи амалиёти якљоя душман то 450 километр дур партофта шуда, шањрњои Киев,
Запороже, Днепропетровск озод карда
шуданд. Дар ин муњорибањо ба 2438 нафар
унвони «Ќањрамони Иттињоди Шўравї»
дода шуд, ки 11 нафарашон фиристодагони Тољикистон, аз љумла, С. Турдиев, Б.
Давлатов, Ў.Яъќубов, Д. Азизов, Њ. Ќосимов ва дигарон буданд.
Дар рафти муњорибањои нимаи дуюми Азизов Домулло
соли 1943 дар баланд гардидани рўњияи
љангии љанговарони тољик, ќабули «Мурољиатномаи митинги зиддифашистии намояндагони мењнаткашони Ўзбекистон, Туркманистон, Тољикистон, Ќазоќистон, Ќирѓизистон» наќши калон бозид. Ин мурољиатнома њам ба
249
љанговарон ва њам ба аќибгоњ бахшида шуда буд, ки матни
онро мухтасаран меорем.
«Халќњои њамсоя!
Бародарони ќирѓиз, тољик, ќазоќ, туркман ва ўзбек, саломи гарми моро ќабул намоед!
Халќњои бародарї!Дар ин љанги озодкунї ва боадолат
њар як љанговари Армияи Сурх аз њар миллате, ки бошад,
ватани советии худ, замини азизи худ, хонаи падари худ, оилаи худро муњофизат менамояд.
Фарзандони љанговари мо бо љанговарони халќњои бародари советї дар як саф истода, душмани моро ќир карда, заминамонро аз ќўшунњои фашистии немис тоза карда
истодаанд.
Халќњои азизи бародарї!
Мо на барои ѓуломї, балки барои озодї, на барои ашк,
балки барои хушбахтї таваллуд ёфтаем!Мо авлоди муборизони роњи пуршарафи озодї-авлоди Муќаннаъ,…Љалолиддин, Восеъ, Манас, Амонгелдї ба аљдоди ќањрамонамон
сазовор буда, монанди онон фидокорона ва диловарона бар
зидди сагони девонаи гитлерї барои тамоман торумор карда шудани онњо мубориза бурда истодаем ва мебарем… »
Саволњо:
3. Дар муњорибаи Курск аз тољикистонињо кињо ќањрамонї нишон
додаанд?
4. Аз корнамоии љангии тољикистониён дар муњорибањои Ленинград ва Днепр чї медонед?
5. Дар муњоритањои соли 1943 кињо ба гирифтани унвони « Ќањрамони Иттињоди Шўравї сазовор шуданд?
250
§ 57. ИШТИРОКИ ЉАНГОВАРОНИ ТОЉИКИСТОНЇ
ДАР МУЊОРИБАЊОИ ДАВРАИ АНЉОМЁБИИ ЉАНГИ
БУЗУРГИ ВАТАНЇ (ЯНВАРИ 1944 - 9 МАЙ 1945)
Муњорибањои солњои 1944-1945. Солњои 1944-1945 дар
таърихи Љанги Бузурни Ватанї ва Љанги дуюми љањон, ки
њамчун давраи ба охир расидани љанг маълум аст, фиристодагони Тољикистон њам сањми худро гузоштаанд. Ин солњо
дар њайати ќўшунњои шўравї зиёда аз 10 њазор фиристодагони Тољикистон мељангиданд. Љангњои асосї соли 1944
ва 1945 барои озод намудани Украина, Беларус, Молдова,
Полша, Чехословакия, Венгрия, Булѓория, Югославия ва
шикасти худи фашизм дар Олмон мерафт. Дар озод кардани Украина фиристодаи Тољикистон Исмат Шарипов корнамої нишон дода, ба унвони «Ќањрамони Иттињоди Шeравї» сарфароз гардид.
Дар озод намудани Беларус С.Сейтвелиев, Чўтак Ўрозов, Фатњулло Ањмадов
корнамоињо нишон дода, сазовори унвони
«Ќањрамони Иттињоди Шўравї» гардида
буданд.
Дар муњорибањо барои озод намудани
Наздибалтика тољикписар Сафар Амиршоев ќањрамонї нишон дод. Ў дар муњорибаи назди Фолвари Лион моњи июли соли Сафар Амиршоев
1944 бо батареяи худ бо 15 танки «Тигр»
ва «Пантера»-и немисњо ба љанг даромада, 5 танкро мањв
намуд ва дигаронашро ба ќафонишинї маљбур сохт. Дар ин
муњориба Сафар Амиршоев њалок гардид. Баъди фавташ ба
ў унвони «Ќањрамони Иттињоди Шўравї» дода шуд. Њоло
ќабри ў дар шањри Жетмарияи Литва буда, гаубитсаи ў низ
бо 63 сўрохї то соли 1995 боќї буд.
Барои иштирок дар муњорибањои Наздибалтика тољикон
Рањим Каримов, А.Рањматов, А.Сафаров, Б.Чориев, К.Ќодиров ва садњо дигарон бо ордену медалњои љангї мукофотонида шудаанд.
251
Аз моњи октябри соли 1944 сар карда, ќўшунњои Шўравї
ба њудудњои Полша ва баъдтар Чехословакияю Венгрия ва
Булѓория дохил гардиданд. Дар њудуди Полша (Лањистон)
Олим Њакимов ба унвони «Ќањрамони Иттињоди Шўравї»
мушарраф гардидааст. Взводи ў дар муњорибаи наздикии
дењаи Старая Варшава 4 танк ва дањњо аскари душманро
мањв сохта, 30 аскару 4 афсарро асир гирифт. Фатњулло
Ањмадов низ ќањрамонона љангида, ба гирифтани унвони
«Ќањрамони Иттињоди Шўравї» сазовор гардид. Дар љангњои Полша Назар Шафиев, А. Рафиев, П. Нуров, шоир Њабиб Юсуфї корнамоињо нишон доданд. Барои фатњи Одер
Рањимбой Рањматов ва Тўйчї Назаров низ сазовори унвони
«Ќањрамони Иттињоди Шўравї» гардиданд. Дар Чехословакия тољикписар Эргаш Шарипов дар муњориба барои
Прага корнамої нишон дода, сазовори унвони «Ќањрамони
Иттињоди Шўравї» гардид.
Моњњои январ-марти соли 1945 ќўшунњои шўравї ба
њудуди Олмон расида, апрел-майи соли 1945 Берлинро ба
муњосира гирифтанд. Дар ин муњориба тољикистонињо њам
сањми худро гузоштанд. Аз фиристодагони Тољикистон
дар муњорибаи Берлин Ф.Ф.Чепурин унвони «Ќањрамони Иттињоди Шўравї»-ро гирифтааст. Пўлод Атоев барои
штурми рейхстаг ва Ањмадљон Рўзиев барои дар дарвозаи
Бранденбург овехтани Байраќи Сурх ба гирифтани ордени
«Шараф» сазовор гардиданд. Аз муњорибаи Берлин номњои
љанговарон Мастибек Тошмуњаммадов, Исмоил Бурњонов,
Ќаландар Њаитов ва садњо дигарон маълуманд.
Љанговарони тољикистонї дар давраи ба охир расидани
Љанги дуюми љањон (июн-сентябри соли 1945). 9 май Љанги
Бузурги Ватанї, ки 46 моњу13 рўз, ё 1418 рўз давом кард,
бо ѓалабаи пурраи халќи шўравї анљом ёфт. Љанг дар ќитъаи Аврупо њам ба охир расид. 24-уми июни соли 1945 дар
майдони Сурхи Москва Паради Ѓалаба доир гашт. Њама
байраќњои љангї ва фахри олмонї пеши роњбарияти Давлати Шўравї сарозер партофта шуд, вале дар Осиё љанг њоло
252
њам ба охир нарасида буд. Охири моњи июн ва аввали августи соли 1945 дар Потсдам Конференсияи байналмилалї
бо иштироки давлатњои ѓолиб – СССР (ИЉШС), Англия,
ИМА ва Фаронса баргузор гардида, ќарори дахлдор барои њалли масъалаи Япония (Љопон) ќабул шуд. Иттињоди
Шўравї ба иттифоќчиёну принсипњои њамкорї бо шарикони њарбии худ содиќ монда, 9-уми август бо Япония љанг
сар кард. Тољикон њам дар торумори Японияи милитаристї
иштирок кардаанд. Дар рафти ин љанг муњорибањои калон
дар Манљурия шуда буданд, ки фиристодагони Тољикистон
Обид Собиров, Чароѓ Ќодиров, Саидов корнамоињо нишон
дода, бо ордени «Байраќи Сурх» мукофотонида шуданд.
Японияи (Љопони) милитаристї ба фишори ќўшуни
шўравї ва Артиши халќии Чин тоб оварда натавониста,
2-юми сентябри соли 1945 акти таслимшавии имзо бечунучароро намуд. Бо њамин Љанги дуюми љањонї, ки 6 солу 1
рўз (2220 рўз) давом ёфт, ба охир расид.
Дар Љанги дуюми љањонї занони тољик њам иштирок
кардаанд. Ойгул Мањмадљонова, ки лётчики њавопаймоёни
бомбаандози шабпарвоз буд, 93 парвози љангї анљом дода,
борњо корнамої нишон додааст. Вай барои ќањрамонї бо
ордени Ленин гардонда сарфароз шудааст. Зани тољик, афсари хизмати тиббї Шањрї Њайдарова, духтур С.М. Ниёзова ва садњо дигарон иштирокчии набардњои љанги хонумонсўз буданд.
Дар љабњањои Љанги Бузурги Ватанї зиёда аз 200 њазор
шањрванди Тољикистон иштирок намуда, 54 нафарашон ба
гирифтани унвони «Ќањрамони Иттињоди Шўравї» сазовор гаштаанд, ки 14 нафарашон тољик буда, 18 нафарашон
дорандаи ордени «Шараф»-и дараљаи сеюм мебошанд. 34
њазор нафар бо ордену медалњои гуногуни СССР (ИЉШС)
мукофотонида шудаанд. Хулоса, Тољикистон дар торумори
Олмони фашистї ва Японияи милитаристї сањми худро гузоштааст. Ин сањмгузорї боиси ќурбонии зиёда аз 59 (мувофиќи баъзе расонањо 90) њазор тољикистонї гардидааст.
253
Луѓат
1. Дарвозаи Бранденбург - яке аз дарвозањои майдони марказии шањри Берлин, ки бинои њукуматї - рейхстаг он љо буд.
Саволњо:
1. Фиристодагони Тољикистон дар кадом муњорибањои охири
Љанги дуюми љањон иштирок кардаанд?
2. Ќањрамонњои давраи охири љангро номбар кунед.
3. Аз иштирокчиёни љангњои Японияи милитаристї кињоро
номбар карда метавонед?
4. Љанги дуюми љањон кай ба охир расидааст?
5. Барои чї 2 сентябрро рўзи ба охир расидани Љанги дуюми
љањон медонанд?
6. Дар Љанги Бузурги ватанї чї ќадар фиристодагон аз Тољикистон иштирок кардаанд?
7. Халќи тољик дар рафти љанг чанд нафар фарзанди худро
талаф додааст?
§ 58. ИШТИРОКИ ТОЉИКИСТОНИЁН ДАР
ЊАРАКАТЊОИ ПАРТИЗАНЇ ВА МУЌОВИМАТЊОИ
ЗИДДИФАШИСТЇ
Дар солњои 1941-1945 тољикон дар њаракатњои партизанї њам иштирок доштанд. Онњо аксаран дар ибтидои
љанг аз муњосира баромада натавониста ва ё аз «лагерњои
марг»-и фашистї гурехта, ба дастањои партизанї дохил
шудаанд. Њатто Љўрабой Умаровро яке аз ташкилкунандагони отряди партизании ботлоќзори Кобрини Полесе ва
М. Тоњировро дар дењаи Юшкевичи шањри Кричев мењисобанд. Номи тољиконро дар рўйхати 53 соединенияи партизанї дучор шудан мумкин аст: Рањмат Ќаландарови ёвонї, Х.Азимови хуљандї дар вилояти Житомири Украина;
Ашўр Арбобов ва Зариф Мирзорањимов дар њайати отряди А. Фёдоров, Г. Ризоев, Малик Назаров дар соединенияи Я.Е.Мелник, Умарљон Олимљонови хуљандї дар бригадаи 4–уми партизании Ленинград, Ашўрбой Раљабов дар
Брянск, Ќулї Бозоров дар Смоленск, И. Шарифов дар Твер,
А. Ањмадов дар Ставропол, Н. Назруллоев дар Ќрим, ба254
родарон Љўра Рањимљонов(ќабраш дар станитсаи Лукомл
воќеъ аст) ва Муъмин Олимљонов дар бешазорњои Борисово
ва Лепели Беларус, дар дењаи Жартайкаи вилояти Витебск
Эргаш Саидов бо њамроњии Константин Заслонови машњур,
Њољимир Давлатови душанбегї дар бригадаи партизании
«Гроза»-и Витебск, дар Могилёв аз дењаи Шулмаки ноњияи
Рашт Исмат Юсуфов, дар атрофи шањри Бобруйск Ањрор
Исматов, дар атрофи Брест Маќсуд Холов, дар Толочинои
Пасикарпат Карим Додобоев, Раимбердї Љeраев ва Акмал
Узоќов, дар бригадаи партизании ба номи Сталини вилояти
Витебск Салим Љўраев, дар отряди ба номи Чапаеви Доманковичи Полесйе Остон Хољаев, дар вилояти Пинск Шукур
Рањмонов, дар бешаи Кобижи Беларуссия Самад Рањмонов,
дар соединенияи партизании генерал А.Н.Сабуров Мадалї
Дўсматов, дар отряди партизании дењаи Жмеранкаи Карпат
Саидњомид Комилов партизанї карда, њама бо ордену медалњои партизанї мукофотонида шудаанд.
Дар давраи љанги хонумонсўзи солњои 1941-1945 номи
генерал Ковпак ва дивизияи ковпакчиён вирди забони љанговарон буданд. Дар њайати ковпакчиён тољикистониён
Маљид Саидов аз дењаи Сариёзи Кўлоб, Њайталї Каримов
аз дењаи Ќўруќи Варзоб, Љонмањмад Бобоев аз дењаи Чорбоѓи Варзоб ва Сўфї Нуров љангидаанд. Њама номбаршудагон бо орденњою медалњои љангї мукофотонида шудаанд.
Партизанњо дар аќибгоњи душман асосан ба корњои диверсионї - халал расонидан ба фаъолияти таъмини босуботи њаракати ќўшунњои душман, ба таъмини яроќу аслиња,
хўрок ва сарулибос, ба Олмон кашондани моли ѓоратшуда
ва ањолии дар асорат монда машѓул буданд. Баъзан парти- занњо дар њамкорї бо ќўшунњои фронтї ба љанг медаромаданд. Партизанњо дар барбод додани бисёр наќшањои
љангии душман сањми асосиро бозидаанд. Дар минтаќањои
забтшудаи Иттињоди Шўравї зиёда аз 2000 дастаи партизанї нї бо њайати зиёда аз 1,1 млн. партизан амал мекарданд. Онњо беш аз 1,6 млн. аскарону политсайњои душманро
255
мањв кардаанд. Њаракати партизанї як ќувваи бузург дар
таъмини ѓалаба аз болои фашизм гардида буд. Партизанњо
њазорњо вагонњои тиру тўп ва озуќаи барои фронт таъйиншудаи душманро чаппа карда, њазорњо анборњои тиру тўп
ва озуќаи онњоро оташ зада, њазорњо асиронро аз ба асирї
бурдан рањонида, садњо шањру њазорњо дењањоро аз душман
озод кардаанд.
Дар солњои љанг љанги бо ном релсї, ќаторавї бисёр
машњур гардида буд, ки мазмунаш, пеш аз њама, озуќа лавозимоти аз Олмон барои ќўшунњои дар набард буда овардашаванда ва амволи аз њудудњои забтшуда ѓораткардаи ба
Олмон мефиристодагии душманро ба даст даровардан буд.
Агар ин кор амалї нашуданї бошад, баъд вайрон кардани
кўпрукњои роњи оњан, таркондани узелњои асосии роњњои
оњан ва роњњо, умуман, мањв кардани ќаторањои бордори
душман хоњ ба Олмон равона бошанд, хоњ ба минтаќањои
љанг буд. Ин намуди љанг бо номи “љанги ќасос” ва “ќасосгирї” њам маълум аст. Ин љангњоро партизанњо њамчун
ќасос барои амалњои вањшиёнаи бемислу монанди фашизм
анљом медоданд.
Луѓат
1. Њаракатњои озодибахш - њама гуна муќовимати халќњои
ба асорати Олмон афтида, ки Фаронса, Югославия, Юнон, Албания, Булѓория, Словакия, Польша, Норвегияро фаро гирифта
буд, дар назар аст.
2. Мањбасњои марг - Њабсхонањое, ки барои ќатли асирони
ба марг мањкумшуда, инчунин хонањои барои одамсузї сохташуда дар назар аст, ки баъзан бо номи “ХОЛОКОСТ” ёд мешаванд.
Саволњо:
1. Калимаи «партизан» ва «њаракати партизанї»-ро шарњ
дињед?
2. Сабаби асосии партизанї кардани тољикистониёнро муайян
кунед?
3.Чанде аз партизанњои тољикистониро ва мањалњои амали
онњоро номбар кунед?
256
§ 59. ТОЉИКИСТОНИЁН ДАР ЊАРАКАТЊОИ
ОЗОДИБАХШИ ХАЛЌЊОИ АВРУПО
Дар давраи Љанги дуюми љањонї дар аксарияти давлатњои забткардаи Олмон ва иттифоќчиёнаш њаракатњои
муќовимат (озодихоњї) ба вуљуд омада, дар шикасти фашизми аврупої наќши худро бозида буданд. Ин њаракати муќовимат, пеш аз њама, ватанхоњони фаронсавиро дар Алљазоир ва дигар халќњои забтгардидаи Аврупоро њам берун аз
ватанашон фаро гирифта буд. Вале баъди мувафаќиятњои
ќўшунњои Иттињоди Шўравї, ќуввањои муќовиматкунандаи Югославия, Италия, Фаронса, Албания, Македония ба
ватани худ ворид гардида, номи “ќуввањои озодибахш”-ро
гирифтанд. Ба ин ќуввањои озодибахш, њаракати ватанхоњони пинњонкор ва гурезањои њарбии аз лагерњои љазодињии
сершумори олмони љон ба саломат бурда њамроњ шуданд.
Дар Италия, Фаронса, Юнон, Булѓория, Словакия, Польша, Норвегия ва Югославия ин њаракат ба њадде ќувва гирифта буд, ки баъзан ба фронти муќовимат табдил меёфт.
Тољикистониёнро дар аксари ќуввањои муќовимати ин
халќу давлатњо дидан мумкин буд. Масалан, аз лагерњои
мењнатии дар њудудњои Олмон, Полша, Дания, Италия,
Норвегия буда, ба тољикистониёни зиёде муяссар гардида
буд, ки гурехта ба гурўњњои муќовимати ин ё он давлатњо
дохил шуда, бо фашизм љанганд. Дањњо нафар тољикон бо
номи «Иван - Тољик» сазовори мукофотњои миллии Польша (Лањистон), Италия, Югославия, Фаронса ва Норвегия
гардидаанд. Тољикистониён Виктор Алексеенко ва Вартан
Петросян, Абдухон Шарифов, Абдулло Њомидов, Ќодир
Рањимов, Неъмат Мањмудов, Атоулло Убайдуллоев дар њайати ќўшунњои озодибахши Фаронса; Њайдар Ниёзов, Машариф Бўриев, Тоњир Маъмуров,Љумъабек Љарбахов, Назар Ќайюмов, Абдувосит Тошматов, Мамадљон Додобоев,
Абдуњомид Рањмонов, Назар Ќайюмов, Бекназар Турдиназаров дар Югославия; њамчун гарибалдичиёни тољик Содиќ
Ќодиров, Љўра Рустамов, Анвар Яњёев, Бобољон Мањкамов,
257
Мирсаид Абдуллоев, Шариф Самадов, Алиќул Назаров ва
С.Каримов дар Италия, ва М.Ањмадов дар Булѓория, Њодибой Шодиев, Малик Ашўров, Дењќон Солиев, Неъмат
Ёќубов, Ашўр Њайдаров, Ёќуб Шокиров, Ќањњор Саидов,
Муњаммад Меликов, Сўфї Нуров, Маљид Саидов, Ашўрбой
Љўраев, Њ. Муњаммадљонов ва дањњои дигарон дар Польша,
Самад Рањмонов, Салоњиддин Тошмуродов аз Шерободи
Хатлон, Ашраф Ашўров аз Шайхбурњони Хуљанд, Саидхоља Мамадови хуљандї, Машариф Аминов, Абдуњамид
Каримов, Сангин Гадобоев, Шарифљон Рањимов, Самандар
Рањимов дар исёни Словакия зидди Олмон ва фашизм љангидаанд. Номи њамаи ин муќовиматгарон дар таърихи ин
давлату халќњо сабт аст.
Дар лагерњои марг ва мењнатї. Дар солњои љанг фашизм
барои халќњою давлатњои забткардааш лагерњои (гирдоварии мањбусони сиёсї, асирони њарбї ва ањолии зиёди ба
сифати ќувваи корї асиргирифта дар тамоми минтаќањои
забтшуда 55 контслагер, 7205 маркази мењнатї, 371 марказ
барои гурезагон, 2071 њабсхона, 506 гетто ва њазорњо шуъбањои онњоро таъсис дода буданд. Њар лагер тахассуси худро дошт, ки ба дараљаи айб ва ё хавфи мањбус вобаста буд.
Дар Дахау, Заксенхаузен, Освентсим-1 ва Освентсим-2, Бухенвальд, Флоссенбург, Нёенгамме, Маутхаузен асосан ба
марг мањкумшудагон љойгир буданд. Дањшати мањбасњои
марг - ХОЛОКОСТЊО то њол аз хотирњо фаромўшнашудааст.
Дар лагерњои мењнатї њам аз сабаби бад будани шароити
мењнату љойи хоб ва хўрок ќариб њар мањбуси сеюм њалок мегардид. Ин мањбусонро њамчун ќувваи арзони корї истифода мебурданд. Барои њамин њам ба шароити маишии мањбусони корї њељ ањамият намедоданд. Расми чунин мањбусон
далели гуфтањост. Фарќи мањбасњои мењнатї аз мањбасњои
марг гурехтан дар он буд, ки аз мањбасњои мењнатї гурехтан
мумкин буду аз мањбасњои марг бисёр душвор буд. Аз мањбасњои мењнатї ба њазорњо тољикистониён муяссар гардида
258
буд, ки гурезанд. То њол таърихи ќариб сад нафари онњо ба
мо маълум асту бас. Њамаи онњо баъди гурехтан ба дастањои
муќовимати ин ё он халќњо њамроњ шуда, љангидаанд. Овозаи дањшатњои лагерњои контсетратсионї њануз њам аз ёди
љањониён сутурда нашудааст.
Тољикистониён аз лагерњои марг њам гурехтаанд. Масалан, аз байни 27 асири аз Освентсим гурехта тавонистагї тољик Неъматулло Ќобилов (раќами шахсиаш 9951) њам
буд. Ўро баъди аз таъќиб рањої ёфтан бо ду автомати немисї, вале мондаю бемадор гурўњи озодихоњони поляк меёбанд ва ба њудуди Чехословакия мегузаронанд. Неъматулло
Ќобилов ба исёнгарони словак њамроњ шуда, то озод гардидани сарзамини Словакия љанг кардааст. Сомеъ Љалиловро,
ки ў њам мањбуси Освентсим буд, ќўшунњои шўравї озод
карда буданд. Котов Сергей Дмитриевич, ки солњои дароз
дар ноњияи Рўдакї омўзгор буд, низ мањбуси мањбаси Бухенвальд буд. Аз мањбасњои марги Олмон аз рўйи маълумотњое,
ки мо дар даст дорем, ба тољикистониён Холма Додобоев,
Љалил Шодиев, Мардон Мансуров њам озод шудан муяссар гардидааст. Аз тољикистониён асирони зиёде, ба шиканљањои асирї тоб наоварда, мисли полковник Боймирзо
Њаит ба Ватан хиёнат карда, ба дастањои зиддишўравии бо
ном «Легиони туркистонї» дохил шуда буданд. «Легиони
туркистонї», ки аз њисоби асирони мусулмони Иттињоди
Шўравї таъсис дода шуда буд, дар муњорибањои зидди ќўшунњои шўравї фаъолона иштирок дошт.
Луѓат
3. «Легиони туркистонї» - Олмони фашистї дар солњои 19411943 аз њисоби асирони мусулмони шўравї «Легиони туркистонї»-ро ташкил дода, онро дар љанги зидди Иттињоди Шўравї
истифода бурда буд.
4. Гетто - геттоњо мањалњои махсус буданд, ки фашистон онњоро барои халќњои чун яњудиён, полякњо кушода буданд ва мехостанд онњоро аз ќавмияту забон ва арзишњои миллиашон мањрум
созанд.
5. Партизан - иштирокчии дастаи муќовимати зидди исти-
259
лои немисњо дар солњои Љанги Бузурги Ватанї дар назар дошта
мешавад.
6. Њаракати партизанї - ин њаракати муќовиматгарон бар
зидди истилогарон дар солњои Љанги Бузурги Ватанї аст.
Савол ва супоришњо:
4. Мањбасњои марги фашистиро номбар кунед?
5. Гурезањои мањбасњои марги фашистиро номбар кунед?
§ 60. АЌИБГОЊ ДАР ХИЗМАТИ ЉАНГ.МЕЊНАТИ
ФИДОКОРОНАИ ХАЛЌЊОИ ТОЉИКИСТОН ДАР
СОЛЊОИ ЉАНГИ ДУЮМИ ЉАЊОНЇ
Ба давраи љангї мутобиќ гардондани хољагии халќ. Сиёсати саноатикунонии пешазљангии Тољикистон имконият
дод, ки дар давраи љанг иќтисодиёт њарчї тезтар ба манфиату талаботи љанг мутобиќ гардонда, таносуби мављудаи инкишофи соњањои алоњидаи истењсолот таѓйир дода шавад.
Ин кори осон набуд, вале иќтисодиёти ба муносибатњои
истењсолии сотсиалистї (умумихалќї-давлатї) асосёфтаи
наќшавї имкон дод, ки дар сохтори ќуввањои истењсолкунанда ва захирањои мењнатї таѓйироти љиддї ба амал бароварда шавад. Бо назардошти талаботи давраи љанг, саноати
электроэнергетика, сўзишворї , абрешим, дўзандагї, чарму пойафзор, гўшт, равѓанкашї, консерва ва матоъ соњањои
асосї ва ањамияти давлатию стратегї доштаи љумњурї эълон шуда буданд.
Дар соњаи кишоварзї мебоист истењсоли ѓалла ва саршумори чорво ба дараљае зиёд карда мешуд, ки њам талаботи
љумњурї ва њам фронтро ќонеъ гардонад.
Дар рўзњои аввали љанг саноати дўзандагї, коркарди металл, шоњибофї, сўзишворї, консервабарорї ва истењсоли
спирт ба саноати њарбї тобеъ карда шуданд. Баъзе корхонањо таљњизонида шуда, ба истењсоли ќисмњои эњтиётї ва
тиру тўп, минањои зиддитанкї ва минањои шинокунанда сар
карданд. Охири соли 1941 Кумитаи давлатии эвакуатсионии
Тољикистон таъсис ёфт, ки вазифааш ќабул, васл ва ба кор
андохтани корхонањои аз минтаќањои љанг ва ё наздиљан260
гї кўчонидашуда иборат буд. Ин корхонањо дар Душанбе,
Хуљанд, Исфара, Конибодом васл карда шуда буданд. Аз
нарасидани ќуввваи корї ва инженеранд техникњо, муаллимон, давлат ба баъзе соњибкасбњо имтиёз љорї кард, то
ки онњоро ба љанг даъват накунанд. Рўзњои истироњату рухсатии мењнатї бекор ва рўзи кории хатмии 10-соата љорї
карда шуд. Тољикистон ба вазъи њарбї гузашт. Шиорњои
ибтидои љанг «Ватан-Модар даъват мекунад» ва «Ватани
сотсиалистї дар хатар аст» шиорњои асосї гардида буданд.
Вазъияти иќтисодии љумњурї. Саноат. Дар солњои Љанги
Бузурги Ватанї тамоми ќувваи мењнаткашони Тољикистон
бањри ѓалаба бар душман равона карда шуда буд. Љавобан
ба шиори «Њама чиз барои фронт, њама чиз барои ѓалаба»
мардуми љумњурї зарбдорона мењнат мекард. Дар он солњо
истењсоли молњои саноатї ва кишоварзї афзун гардид. Дар
вазъияти мушкили љанг сохтмони НБО-и Варзоби Поён давом дошт. Заводи «Трактродетал», заводњои шир дар Душанбе ва Хуљанд ба кор даромаданд. Њамагї дар солњои
љанг 20 корхонаи саноатї ба кор даромад. Шумораи коргарон аз 31 њазор дар соли 1940 то 32, 200 дар соли 1945 афзоиш ёфт.
Саноати бофандагї аз њисоби ба кор андохтани комбинати бофандагии Душанбе (1942-1945) истењсоли матоъ 12
баробар, раѓану паниру шир 4,4 баробар афзуд. Истењсоли
мањсулоти дўзандагї , шоњиворї, чарму пойафзор, гўшту
корсерва, равѓан муттасил зиёд мешуд. 50 %-и мањсулоти
умумии саноатиро саноати сабук ташкил медод, ки њиссаи
саноати хўрокворї ба 31,2 % њаљми умумии мањсулоти саноатї ва ё 62,4% мањсулоти саноати хўроквориро ташкил
медод. Дар саноати хурокворї бошад, 5,3 њиссааш ё 60% ба
саноати ордкашї ва шаробкашї рост медод. Саноати хўроквории љумњуриро 71 корхонаи калон ташкил медод, ки аз
љумлаи онњо корхонањои равѓан 13, орду спирту пивокашї
8, консерва 4, шаробкашї 4, гўшт 8, нонпазї 26-то буданд.
Дар ин корхонањо 56 % синфи коргари љумњурї кор мекард.
261
Кишоварзї. Дар солњои љанг маблаѓгузорї ба соњаи кишоварзї ќариб 5 баробар кам шуд. Бо сабаби ба корњои њарбї љалб шудани техника ва наќлиёти ПМТ (МТС)-њо иќтидори техникии онњо паст фуромад. Пахтакорї кам шуду
ѓаллакорї, боѓдорї, кирмакпарварї ва чорводорї зиёд гардид. Аз нарасидани техника, ќувваи корї ва нурињо њосилнокии зироатњои кишоварзї паст шуд. Ба њамаи ин душворињо нигоњ накарда, Тољикистон мебоист худро бо ѓалла
таъмин мекард ва ба фронт њам ёрї медод. Дењотро занони тољик, мўйсафедон, наврасон ба шефї гирифтанд. Занњо
касбњои мардона – тракторчї, ронанда, љуфтрониро азбар
намуданд. Агарчи истењсоли пахта аз 172 њазор тоннаи соли
1940 ба 58 њазор тонна дар соли 1943 фуромада бошад њам,
мењнати пахтакорони љумњуриро Њукумати умумииттифоќ
њамчун ѓалабаи мењнатї эътироф карда буд. Дењоти Тољикистон эњтиёљи минималии худро бо ѓалла таъмин мекардагї шуд.
Агар дар њаёти сиёсии Тољикистон пешгоњ фронт бошад,
дар њаёти иќтисодию мењнатї аќибгоњ њам фронт буд, фронти корнамоињои мењнатї. Дењќонони тољик дар ин фронт
њам муваффаќиятњо ба даст оварда буданд.
Ёрї ба фронт. Ёрии аќибгоњ дар Љанги Бузурги Ватанї
омили асосии ѓалаба буд. Ин ёрї дар таъмин бо ќувваи зинда – одам, лавозимоти љангї, маводи ѓизої ва дастгирии
рўњиявї таљассум меёфт, яъне ягонагии фронту аќибгоњ
кори њаёту мамоти њамаи халќњо, аз љумла тољикистониён
гардида буд. Оѓози онро августи соли 1941 гуфта метавонем, чунки 3 августи соли 1941 Њукумати СССР (ИЉШС)
сар шудани Љанги Бузурги Ватаниро эълон кард.
Аввалин ќадами халќи тољик дар масъалаи ёрї ба фронт
ба шефї гирифтани Артиши Сурх буд. Њазорњо љавонписарону духтарон ва калонсолон аризаи ихтиёрї ба љанг рафтанро навишта буданд. Фаќат соли 1941 10 њазор нафар ихтиёрї ба фронт рафтанд.
Соли 1941 барои Тољикистон ба андозаи 1 миллион сўм
коѓазњои бурднок – заём ,ки бо номи заёми љангї машњур
262
гардида буд бароварда шуда буд. Ањолї онро харидорї
карда, хоњиш намуд, ки барои Тољикистон боз ба миќдори 1
миллион сўм (дар эквивалент ба ќурби соли 1961) ќоѓазњои
бурднок људо карда шавад.
Соли 1942 дар мамлакат бо даъвати колхозчиёни Тамбов барои сохтани техникаи љангї љамъоварии маблаѓ сар
шуд. Мењнаткашони Тољикистон барои таъсиси эскадриляи
«Тољикистони советї» 35, 2 миллион сўм ва барои ташкили колоннаи танкии «Колхозчии Тољикистон» 84 миллион
сўм љамъ оварданд. Ин њавопаймо ва танкњо аз муњорибаи
Сталинград сар карда, дар тамоми муњорибањои минбаъда
иштирок доштанд.
Ёрї ба фронт њамаљониба буд. Баъзењо пули калон, баъзењо зару зевар ва баъзењо аспи љангии худро (Замонов, Латифов, Соњибназаров) ба «Фонди љанг» супорида буданд.
Зани тољик ба фронт дастпўшаку љуробњою, либоси гарм
бофтаю дўхта мефиристод.
Ба Тољикистон ба тариќи фаврї госпиталњо, ятимхонањо кўчонда оварда шуда буданд. Шиори «Њама чиз барои фронт, њама чиз барои ѓалаба» шиори хушку холї набуд. Мењнаткашони Тољикистон ин шиорро њамчун шиори
муњориба ќабул карда буданд. Инро аз матни «Мактуби
халќи тољик ба љанговарони тољик», ки соли 1943 эълон
карда шуда буд, дарёфтан мумкин аст. Халќ ба љанговарон
ваъда дода буд, ки барои таъмини љанговарон бо яроќу аслиња, хўрок ва либос, њамаи чороњоро мебинад вале аз онњо
ѓалабаро талаб дорад.
Ин мактубро, ки 390 њазор шањрванди Тољикистон имзо
карда буданд, 20 марти соли 1943 рўзномаи «Правда» чоп
кард. Ин мактуб рўњияи љангии љанговарони Тољикистонро
баланд бардошта буд. Ањолї ба «Фонди љанг» 147 миллион
сўм, 45 207 њазор сўмина ќоѓазњои бурднок, 532 њазор либоси гарм,123830 пуд туњфа, ки 151 вагонро ташкил медод, фиристодааст. Ин аст, ки њазорњо мењнаткаши тољик бо медали
«Барои мењнати шуљоатмандона дар Љанги Бузурги Ватании 1941-1945» мукофотонида шудаанд.
263
Луѓат
1. «Ба љойи шавњарон, бародарон, ва писарони ба фронт рафта кор мекунем» - њаракати умумихалќї буд, ки дар ибтидои Љанги Бузурги Ватанї сар шуда, ба шиори мeйсафедону кадбонињо ва
љавонони ноболиѓ табдил ёфта буд.
2. Барои худ ва он љавон - њаракати умумихалќї, ки дар истењсолот ба љойи як норма иљрои ду нормаро дар назар дошт.
3. Ёрї ба фронт - шиори Давлат ва халќи Шўравї, ки њадаф аз
он фронтро бо љанговарони бо асосњои таълими њарбї шинос, ќўшунро бо сарулибос , яроќ, хўрокворї ва лавозимоти љангї таъмин кардан буд. Асоси ин ёриро мењнати љангї –ду ва зиёда аз он
нормаро иљро кардан ташкил медод.
4. Заёми љангї - ќоѓазњои ќиматноке, ки солњои љанг бароварда шуда буданду халќ онњоро њамчун ќарз вале маљбурї харидорї
мекард ва дастгирии умумихалќиро њам ёфта буд.
5. Фанди мудофиа - чорабиние буд, ки соли 1941 барои дастгирии саноати њарбї ва ќўшун таъсис дода шуда буд. Ин фонд аз
њисоби пули наќд, ќоѓазњои ќиматнок ва ашё амал мекард.
6. «Њама чиз барои фронт, њама чиз барои ѓалаба» - шиори
халќи шўравї, ки маќсад аз он таъмини ѓалаба аз љониби ќушунњои шўравї буд.
Саволњо:
1.Ёрии аќибгоњ ба фронт дар чињо зуњур меёфт, наќл кунед?
2.Ягонагии фронту аќибгоњро бо далелњо фањмонед?
3.Ба њолати њарбї мутобиќ кардани мамлакатро шарњ дињед?
4.Халќњои Тољикистон ба кадом миќдор заёми љангї хоридорї карда буданд?
5.Тољикистониён ба фонди мудофиа чї ќадар маблаѓ гузаронида буданд?
§ 61. МУАССИСАЊОИ ФАРЊАНГЇ ДАР
ХИЗМАТИ ЉАНГ
Мактаб дар солњои Љанги Дуюми Љањон. Вазъияти мактабро дар солњои Љанги дуюми љањонї ба ду давра солњои
1939-1941 ва 1942-1945 људо кардан зарур аст. Дар давраи
ибтидои љанг мактабњои Тољикистон ба ягон таѓйироти
љиддї дучор нагардиданд. Баръакс, мактаб љойи тарбияи
264
њарбї-ватанпарварии шўравї ќарор гирифта буд. Шумораи
мактабњои тањсилоти њамагонї (асосан мактабњои њафтсола) зиёд мегашт. Агар дар соли хониши 1938-1939 шумораи
чунин мактабњо 157 ададро ташкил дода бошад, соли хониши 1940-1941 ба 778 адад расида буд. Шумораи талабагони
синфњои ибтидої соле ду баробар меафзуд, вале аз охири
соли 1941 сар карда, аз нарасидани муаллим, асбобу анљоми
таълимї, сарулибоси мактабї дар синфњои болої шумораи
талабагон кам шуд. Ин сабаб дошт. Аввал ин ки хонандагони синфњои болої њамчун ќувваи ёрирасони оила ба корњои
сањрої ва саноат љалб карда шуда буданд. Њукумати Тољикистон ва маќомоти дахлдори соња ин њолатро медонистанд
ва зери назорат гирифтанд. Аввалан ба каму зиёд будани
хонандагон нигоњ накарда, аксари мактабњои ибтидоиро ё
ба мактабњои 7 сола ва ё ба шуъбањои мактабњои 7 сола табдил доданд. Бо сару либос ва лавозимоти таълимиву ќисман хўрок таъмин намудани талабагонро ба воситаи буљети давлатї ва таъсиси фонди ёрии маориф ба роњ мон-данд.
Талабагони синфњои 9-10 аз пардохтани њаќќи таълим озод
гардиданд, шумораи интернатњо аз 7 адади соли 1941 ба 13
адад дар соли 1943 ва 23 адад дар соли 1945 расид. Аз соли
тањсили 1943 сар карда, барои наврасони дар истењсолот
коркунанда мактабњои таълими шабона кушоданд. Фаъолияти ташкилотњои љавонони (комсомолии) мактаббачагону муаллимонро пурзўр намуда, ба онњо вазифањои калони
ташкилотчигї доданд. Барои таъмини мактабњо бо муаллимон курсњои кўтоњмуддати муаллимтайёркунї кушода, давлат тамоми харљу сарфи онро ба зимма гирифт. Ин курсњо
одатан тобистон дар ваќти таътили тобистона амал карда,
ба онњо хатмкунандањои синфњои болої љалб карда мешуданд. Чунин курсњоро дар солњои 1943-1945 зиёда аз 4000 нафар хатм карда буданд. Барои таълими забони русї омўзгорони аз Белорус, Украина ва Русия муњољиршуда љалб карда
мешуданд. Шумораи онњо аз 420 нафар кам набуд. Буљети
давлатии маориф њам он ќадар таѓйир наёфт. Буљети мао265
риф соли 1941-180,4 миллион, соли 1942-125 миллион, соли
1944- 186,1миллион, соли 1945-219 миллионро ташкил дод.
Муњимтар аз њама он буд, ки ќонуни асосии таълими умумї
таѓйир наёфт.
Њукумат ба маорифи љумњурї ёрии њамаљонибаи худро
мерасонд, вале ин њама чорабинињо сари роњи камшавии
шумораи хонандагони мактабњои тањсилоти њамагониро
гирифта натавонист. Масалан, соли тањсили 1941-1942 дар
синфњои 1- 4 254 њазор талаба тањсил дошт. Солњои минбаъдаи тањсили 1941-1942 - 213њазор, 1942-1943 - 196 њазор,
1943-1944 - 178 њазор, 1944-1945 - 158 њазорро ташкил медод,
ки ќариб 100 њазор талаба кам шуда буд. Ин камшавї на аз
сабаби набудани контингент, балки аз нарасидани сару либос ва пеш аз њама вазнин шудани шароити моддии оилањои
хонандагон ба амал омада буд. Дар баъзе мактабњо камшавии шумораи хонандагон то 40-50 %-ро ташкил медод.
Дар ибтидои љанг дар љумњурї 13306 муаллим дарс медоданд. Аз ин њисоб 8469 нафарашон маълумоти миёнаи
нопурра доштанд. Аз 2-юми июн то 25-уми октябри соли
1941-5000 муаллим ба фронт рафтанд, аксари онњо маълумоти олї ва миёнаи педагогї доштанд. Љойи ба фронт рафтагонро дар давоми солњои 1941-1945 зиёда аз 2100 хатмкардаи мактабњои олї ва миёнаи педагогї, таќрибан 4,5 њазор
хатмкунандаи курсњои кутоњмуддат ва таќрибан 421 нафар
эвакуатсияшудагон ишѓол карда буданд.
Бо ќарори махсуси Њукумати умумииттифоќ аз соли тањсили 1943 сар карда, барои муаллимон имтиёзи давлатии ба
фронт нагирифтани муаллим љорї карда шуд. Ин имконият
дод, ки мактабњо бо муаллимон каму беш таъмин бошанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар тамоми солњои љанг мактабњои
Тољикистон нисбат ба мактабњои минтаќањои наздифронтии мамлакат, на фаќат хубтар кор карданд, балки дар кори
ёрии аќибгоњ ба фронт сањми босазои худро њам гузоштанд.
Илм, адабиёт ва санъат дар хизмати љанг.
Илм. Илми љумњурї њам дар ѓалаба бар фашизми љањонї
266
сањми худро гузошта буд. Маркази
илмии љумњурї Шуъбаи тољикистонии АФ СССР буд, ки аз ибтидои љанг самти асосии фаъолияти
худро барои мустањкам гардонидани иќтидори њимоявии мамлакат ва
ёрии њамаљониба ба фронт равона
карда буд. Дар ин кор ќарори ШКХ
љумњурї аз сентябри соли 1941 «Дар
бораи бозсозии кори Шуъбаи тољикистонии АИ СССР» наќши муњим
бозид. Ин ќарор самтњои асосии
илми љумњуриро барои дарёфти
Павловский. Е.Н.
мавзеъњои нави ашёи барои саноати љумњурї ва баланд бардоштани њосилнокии мењнат дар
саноат ва хољагии ќишлоќ муайян карда буд. Кормандони
пажўњишгоњи геология истихрољи ангишти Зиддї, Тошќўтанро ба роњ монда, конњои Киштут, Заврон ва Зањматободро кашф карданд. Захираи сурб дар Ромит кашф шуд.
Истењсоли волфрам, сурма, нуќра, сурб, чинї ва булўри
кўњї дар Помир сар карда шуд. Олимони соњаи тиб-паразитологњо ва зоологњои Тољикистон корњои зиёдеро доир ба
масъалаи доруворї ба анљом расонида, пешгирии эпидемияњоро тадќиќ карданд.
Таърихчиён дар мавзўъњои ватанпарварию ќањрамонї
асарњо эљод карданд. Асарњои устод Садриддин Айнї «Исёни
Муќаннаъ» ва «Ќањрамони халќи тољик Темурмалик», Бобољон Ѓафуров ва Н. Прохоров «Халќи тољик дар мубориза
бањри озодї ва истиќлолияти ватани худ» (соли 1944) аз чоп
баромаданд.
Моњи апрели соли 1944 дар Душанбе Сессияи илмї бахшида ба 15-солагии таъсисёбии ЉШС Тољикистон шуда гузашт,
ки дар он зиёда аз 60 маърўза шунида шуд. Дар байни маърўзачиён олимони намоён Бобољон Ѓафуров, М,С.Андреев,
Е.Н.Павловский, И.Н.Антипов- Каратаев ва дигарон буданд.
267
Адабиёт. Адабони тољик дар таърихи 27.06.1941 дар мактуби кушоди худ эълон доштанд, ки мо њам худро ба фронт
даъватшуда мешуморем ва тайёрем, ки ба даст яроќ гирифта, дар сафи пеши муњориба бошем. Ањли ќалам њам
кору фаъолият ва эљодиёти худро ба давраи љанг мутобиќ
карданд. Як гурўњ ќаламкашон ихтиёрї ба фронт рафта,
бо яроќу сухан ба љанг даромаданд. Њабиб Юсуфї, Сотим
Улуѓзода, Фотењ Ниёзї, Боќї Рањимзода, Абдушукур Пирмуњаммадзода, Њаким Карим, Ашўрмат Назаров, Њабиб
Ањрорї, Лутфулло Бузургзода, Муњиддин Фарњат, Абдуљаббор Ќањњорї ќаламкашони љанговар гардиданд.
Аз байни онњо Њабиб Юсуфї, Њаким Карим, Лутфулло
Бузургзода ва Абдушукур Пирмуњаммадзода ќањрамонона
њалок гардиданд.
Каламкашони дигар устодон Садриддин Айнї, Абулќосим Лоњутї, Мирзо Турсунзода, Љалол Икромї, Рањим
Љалил, Абдусалом Дењотї асарњои зиёди ќањрамонї офариданд. Дар байни онњо «Кањрамони халќи тољик Темурмалик» ва «Исёни Муќаннаъ»-и устод Садриддин Айнї, достони «Ѓалабаи Таня»-и утод Абулќосим Лоњутї, «Писари
Ватан»-и Мирзо Турсунзода машњуртарин асарњои давраиљангии адибони тољик ба њисоб мераванд.
Гурўњи њунарпешагони Тољикистон дар Сталинград (с.1942)
268
Санъат дар хизмати љанг. Санъати Тољикистон њам кори
худро ба шароити давраи љанг мутобиќ карда буд. Дар
соли 1942 дар љумњурї 21 муассисаи театрї амал мекард, ки
дар байни онњо 5 театри аз минтаќањои љанг кўчонидашуда
(Театри мусиќї - мазњакавии Ленинград, театри шањри Воронеж, копеллаи «Димка»-и Украина, оркестри симфонии
Киев, Театри лўхтаки Днепропетровск) фаъолият доштанд.
Охири соли 1941 як гурўњ хатмкардагони студияи драммавии тољики назди ГИТИС-и Москва ба театри Тољикистон њамроњ шуданд. Соли 1941 бинои нави Театри опера
ва балет ба истифода дода шуд. Аввалин намоишномањои
давраиљангї дар сањнаи Театри ба номи Абулќосим Лоњутї
«Ба љанг»-и Е. Ёќубљонов ва В. Зелеранский, «Хонаи Нодир»-и Љалол Икромї, «Дар оташ»-и Сотим Улуѓзода буд.
Театри давлатии опера ва балет мазњакаи мусиќии «Розия»,
либреттои «Тоњир ва Зуњро»-и Мирзо Турсунзодаро ба сањна гузошта буд. Театрњои дигари љумњурї њам дар мавзўи
љанг намоишномањои сањнавї тањия карданд.
Санъаткорони тољик кори њарбї-ватанпарвариро хуб ба
роњ монда, гурўњи театри фронтиро таъсис доданд, ки ба
театри фронтии тољик табдил ёфт. Ин театр дар фронтњои
Волхов, Марказї, Ѓарбї, Беларус ва садњо госпиталњо бо
барномањои худ баромад карда, рўњияи љанговаронро баланд мебардошт.
Санъати кинои тољик њам худро ба давраи љанг мутобиќ карда, якчанд навори љангї, аз љумла, якчанд филми
кўтоњро бо номи «Саргузаштњои нави Швейк» ба навор гирифт. Баъди ба Душанбе кўчида омадани «Союздетфилм»,
«Тољикфилм» дар њамкорї бо он филмњои «Ќасами Темур», «Лермонтов», «Рамз дар назди Сокол» ва чанди дигарро ба навор гирифт. Дар байни онњо филмњои дарозметражи «Фарзанди Тољикистон» ва «Киноконсерти тољик»
њам буд.
Дар маљмўъ, санъати тољик дар тарбияи ватанпарварию ватандўстї, дўстии байни халќњо, бародарї сањми худро гузошт.
269
Саволва супоришњо:
1.Олимони Тољикистон ба кадом шохањои илм ањамият медоданд ва барои чї?
2.Адибони љанговари тољикро номбар кунед.
3. Ягон асари љангии адибони љангноманависро шарњ дињед.
4.Аз фаъолияти таеатри фронтии тољик ва њунарпешањои он
маълумот дињед.
ДАРСИ ТАКРОРЇ
Ин дарс асосан ба такрори мавзўъњои давраи Љанги Бузурги Ватанї бахшида шавад. Хуб мешавад, агар муаллим
маълумотњои мањалро бо номи «Њамдиёрони мо дар давраи љанг» номгузорї кунаду, аз љангномањои фронти љангию мењнатї ќиссањо кунад.
Соатњои захиравї. Таъйиноти ин соатњо асосан барои он
рўзњое мебошад, ки ба љашну маъракањо рост меоянд. Агар
дар соли хониш љадвали дарсњои дарси таърихи халќи тољик
ба идњою љашнњо рост наоянд, муаллим ин соатњоро барои
такрор ва ё машќњо бо саволномањои тестї бахшад.
ТЕСТЊО
1. Шарњи бењтари мафњуми саноатикунониро муайян кунед А) Корхонањои саноатї сохтанро дар назар дошт; Б) Инкишофи саноатро талаб мекард; В) Мамлакатро аз таъсири
техника ва технологияи хориљї ба воситаи сиёсати рушди
босуръати хусусан саноати вазнин ва сабук дар маљмўъ баровардан буд; Г) Сарвати давлат ва халќро зиёд мекард.
2. Саноатро ба соњањои асосї људо намоед. А) Саноати
истењсолї ва истеъмолї; Б) Саноати кўњї ва барќї; В) Саноати њарбї ва гражданї; Г) Саноати вазнин ва сабук.
3. Ба саноати истењсолкунандаи воситањои истењсолот
кадом навъи корхонањо дохил мешавад? А) Корхонањое,
ки таљњизот истењсол мекунанд; Б) Корхонањое, ки дастгоњу
олот истењсол мекунанд; В) Корхонањое, ки ќисмњои эњтиётї
истењсол мекунанд; Г) Корхонањое, ки мањсулот истењсол
мекунанд.
270
4. Барои чї дар сиёсати саноатикунонии мамлакат барои Тољикистон саноати сабукро пешбинї карда буданд?
А) Њамин хел таќсимот шуда буд; Б) Захирањои табиї, ќуввањои корї, неруи техникї ва иќтисодиёти Тољикистон ба
њамон мусоидат мекард; В) Саноати вазнин вуљуд доштани
коргарони техникиро талаб мекард, Тољикистон онро надошт; Г) Саноати вазнин захирањои дастраси ашёи хом ва
энергетикиро талаб мекард, ки Тољикистон онро надошт.
5. Соњаи асосии саноати Тољикистони давраи саноатикунониро муайян кунед. А) Саноати вазнин; Б) Саноати истихрољи маъдан кўњкорї; В) Саноати сабук; Г) Саноати хўрокворї.
6. Душворињои саноатикунонии Тољикистонро номбар
кунед. А) Ба саноатикунонї зарурат набуд; Б) Иќтисодиёти Тољикистон хусусияти аграрї дошт; В) Синфи коргари
касбї, ќадрњои инженери ва буљети зарурї вуљуд надоштанд; Д) Синфи коргар камшумор буд.
7. Соњањои афзалиятдоштаи саноати Тољикистонро муайян кунед. А) Саноати шираворї; Б) Саноати роњсозї;
В) Саноати сохтмонї; Г) Саноати хўрокворї ва коркарди
пахта(бофандагї).
8. Шаклњои мусобиќањои мењнатии солњои 30-юми асри
ХХ-ро муайян кунед? А) Шанбегињои коммунистї, њаракати стахановчигї, мусобиќа байни коллективњои мењнатї;
Б) Шарт бастан байни коргар ва коргарон барои бисёр ва
хуб кор кардан; В) Њунари худро ба воситаи мусобиќа собит
кардан; Д) Дањонї ва хаттї.
9. Шарњи шанбегињои коммунистиро ёбед. А) Болшевикњо шанбегињоро барои зиёд кардани музди мењнати коргарон ташкил карда буданд; Б) Ба рафти барќароркунии
баъдиљангї ва инкишофи минбаъдаи истењсолот мусоидат
кардан. В) Њукумати Шўравї онро барои зиёд кардани мањсулоти корхона ташкил карда буд; Г) Маъмурияти корхонањо онро ба манфиати корхона ташкил карда буд.
10. Стахановчигї ва њаракати стахановї чист? А) Амалиёти зиддидавлатї бо роњбарии Стаханов; Б) Коршиканї
271
ва саботаж бо роњбарии Стаханов; В) Њаракат барои чандин
баробар зиёд иљро кардани нормањои истењсолї ва шакли
мусобиќаи мењнатї дар солњои 30-уми асри ХХ; Г) Як навъ
ёрї дар давраи инќилоби фарњангї.
11. Мафњуми коллективонї чист? А) Муттањид кардани чизе, соњае; Б) Коллективи одамон. В) Ташкил кардани
коллективе, ташкилоте; Г) Муттањид кардани воситањои истењсолот ва мењнат бо маќсади зиёд кардани истењсоли мањсулоти хољагии ќишлоќ дар дењот, ки шаклњои гуногунро
дошт.
12. Шартњои (принсипњои) коллективониро номбар кунед. А) Ихтиёрї ба ягон намуди коллектив дохил шудан;
Б) Маљбурї дохил шудан; В) Шартнома бастан; Г) Аъзоњаќї
супоридан.
13. Шаклњои колхозхои ибтидои давраи коллективониро номбар кунед. А) Ширкат, кооператив; Б) ТОЗ, артел,
коммуна, совхоз; В) Пахтакор, шоликор, ѓаллакор; Г) Пахташиркат, шолиширкат.
14. Кулакњо кињо буданд ва чї тавр хољагии онњоро
барњам доданд? А) Бойњои дења, хољаги онњоро мусодира
карданд; Б) Буржуазияи дењот, љазоњои гуногун гирифтанд;
В) Дењќонони асилу бой, ки мењнати кирояро дар хољагии
худ истифода мебурданд. Хољагиашонро мусодира ва худашонро бадарѓа карданд; Г) Онњо заминдорони калон буданд.
15. Сиёсати саросар коллективонї чиро мефањмонд? А)
Љо-љо таъсис додани колхозњо. B) Таъсиси шаклњои нави
хољагидориро. С) Ќабул кардани ќонунњои навро оид ба замин. Д) Барњам додани хољагидории шахсї ва роњ кушодан
ба хољагидории коллективиро.
16. Ноњияњои пешќадами коллективонии Тољикистонро
номбар кунед. А) Конибодом, Ќубодиён, Арал (Абдурањмони Љомї); B) Водии Њисор; C) Водии Вахш; Д) Помир.
17. Сабабњои асосии ба сохтмони колхозї рў овардани
сиёсати коллективониро муайян кунед. А) Хоњиши Њукумати давр; B) Таљрибаи ТОЗ-у артелњо дар самаранок истифо
272
да бурда тавонистани замин. C) Осон шудани идоракунии
колхоз. Д) Кулакро њамчун синф барњам додан.
18. Колхозњои давраи коллективонї дар асоси кадом
њуљљатњо таъсис дода мешуданд ва фаъолият мекарданд? А)
Кодекс дар бораи замин ва оинномањо; B) Ќонун дар бораи
замин ва низомномањо; C) Ќонун дар бораи истифодаи замин
ва оиннома (устав)-и намунавии колхозњо, Д) Оинномањо.
19. Умумият ва фарќи байни оинномањои ТОЗ-њо, артелњо ва коммунањоро ёбед. А) Умумияту фарќашон маълум
нест. B) Умумияташон дар ном, фарќашон -номњояшон, C)
Умумияташон шахсї буданашон, фарќашон – давлатї карда
шуданашон. Д) Умумияташон дар хољагии дастаљамъї буданашон ва фарќашон дар шакли моликияташон.
20. Ѓалабаи сотсиализмро дар дењот муайян намоед
А) Ѓалабаи сохти колхозї. B) Пайдо шудани колхозњои миллионер, C) Серсоња гардидани колхозњо. Д) Ќабули конститутсияи сотсиализми ѓолиб.
21. Рўзи мењнат чї буд? Шарњашро ёбед. А) Як рўз кор
кардан. B) Андозаи муайяни кор, ки барои як рўзи корї муайян карда шуда буд. Њар касе чанд чунин андозаро иљро мекард, њамон миќдор рўзи мењнат мегирифт: як андоза 1 рўзи
мењнат, се андоза 3 рўзи мењнат. C) Рўзњое, ки мењнат кардан
њатмї буд. Д) Њафтаи кориро дар назар дошт.
22. Шарњи асосии дар давраи сиёсати коллективонї васеъ шудани кишти пахтаро ёбед. А) Њукумат маљбур мекард.
B) Фаќат барои пахтакорї замин иљора дода мешуд. C) Ба
колхозњою хољагињои пахтакор имтиёзњо дода мешуданд.
Д) Пахта даромади хуб медод.
23. Аввалин колхозњои миллионери Тоxикистон колхозњои кадом соња буданд? А) Соњаи ѓаллакорї. В) Соњаи
кирмакпарварї. C) Соњаи боѓдорї. Д) Соњаи пахтакорї.
24. Кадом воќеа сабаби маќоми љамъиятии худро аз даст
додани шўроњо гардида буд, муайян кунед. А) Дар назди
ташкилотњою муассисањо ва хољагињо таъсис додани ячейкаю ташкилотњои ибтидоии њизбї. B) Баъди таъсисёбии ЊК
273
Тољикистон. C) Баъди ќабули Конститутсияи сотсиализми
ѓолиб; Д) Баъди кори Анљумани V шўроњо.
25. Анљумани 1 ЊК Тољикистон кадом сол баргузор гардида буд? А) Декабри соли 1929. B) Июни соли 1930. C) Январи соли 1934. Августи соли 1937.
26. Аввалин котиби ЊК Тољикистон кї буд ва кадом
солњо котибї карда буд? А) А.Т.Ширвонї, солњои 1924 - 1926.
B) Чинор Имомов, солњои 1926 - 1929. C) Њусейнов Мирзодовуд Боѓирўѓлї, солњои 1930 - 1934. Д) С.М. Соколов, солњои
1929 - 1930.
27. Анљумани таъсисии комсомоли Тољикистон кадом
сол шуда буд ва кадом масъаларо муњокима карда буд?
А)
Соли 1925, масъалаи ташкилиро. B) Соли 1929, масъалаи
ба шефї гирифтани сохтмонњои панљсоаи якумро. С) Соли
1930, масъалаи таъсисиро. Д) Соли 1934, масъалаи саноатикунониро.
28. Номи дуруст ва пурраи ташкилоти љавонони солњои
30-юми љумњуриро муайян намоед. А) Комсомоли Тољикистон, В) Љавонони Тољикистон. С) Иттифоќи љавонони
Тољикистон, Д) Иттифоќи коммунистии љавонони Тољикистон.
29. Мафњум ва маќсадњои асосии таъсисии «Тройка»-ро
муайян кунед. А) Сегона, барои тоза кардани сафњои њизб,
шўроњо ва роњбарияти њама маќомотњо буд. И) Сегона, барои идораи корхона, хољагї, муассиса буд; С) Сегона, дар
мурофиаи судї корбаст мешуд. Д) Сегона дар идораи ќўшун
ба кор мерафт.
30. Таъќибшавандањо кињо буданд, муайян кунед? А)
Роњбарияти њизбии љумњурї. В) Кулли љомеа. С) Роњбарияти шўравї. Д) Роњбарияти њизбу њукумат.
31. Таъќибкунандагон кињо буданд, ёбед. А) Роњбарияти њизбии љумњурї. В) Кулли љомеа. С) Роњбарияти шўравї.
Д) Роњбарияти њизбу њукумат ба воситаи сегонањо.
32. Сабабњои мољарои соли 1931 Иброњимбек чињо буданд? А) Маъракаи навбатии империализми љањонї зидди
274
СССР (ИЉШС). В) Аблањии Иброњимбек. С) Хоњиши хўљаинњои ў. Д) Хоњиши ќўрбошињояш.
33. Сабабњои мољароњои солњои 1931-1934 Тољикистонро ёбед. А) Маъракаи навбатии империаизми љањонї зидди СССР (ИЉШС). В) Мувафаќќиятњои Њукумату халќњои
Тољикистон дар сохтмони сотсиализм ва хусусан дар коллективонї. С) Кўшиши ба даст даровардани њокимият. Д) Фиребхўрии навбатии сардорони дастањои босмачї.
34. Инќилоби маданї чист ва кадом солњоро дар бар гирифта буд? А) Муваффаќиятњо дар соњаи маориф дар солњои
1918 - 1937. В) Муваффаќиятњо дар соњаи фарњанг дар солњои
1918 - 1937. С) Таъмини дигаргунињои ќатъї дар фарњангу
маърифати љомеъа дар солњои 1917 - 1937. Д) Муваффаќиятњо дар соњаи фарњанг дар солњои 1918 - 1937.
35. Дар Тољикистон кай таълими њатмї љорї шуда буд?
А) Соли 1930. В) Соли 1931; С) Соли 1932;Д) Солњои 19331934.
36. Театрњои касбии солњои 30-юми Тољикистонро номбар кунед. А) Театри давлатии академии драмавии тољик ба
номи А.Лоњутї, Театри давлатии академии опера ва балети
ба номи С.Айнї, Театри давлатии драмаи русии ба номи
В.В.Маяковский, Театри љумњуриявии мусиќї – мазњакавии
Хуљанд; В) Театри љумњуриявии драма ва мазњакаи русии
шањри Чкаловск, Театри драмавї – мусиќии Конибодом,
Театри драмавї мусиќии Кўлоб, Театри драмавї – мусиќии
Хоруѓ.Театри драмавї мусиќии Конибодом; С) Театри
давлатии академии драмаи тољик ба номи А.Лоњутї, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнї,
Театри драмаи мусиќии Конибодом.
37. Санъаткорони солњои 30-юмро људо кунед. А) Љўрабек Муродов, Одина Њошимов, Зафар Нозимов. В) Ѓ.Ѓуломалиев, Њ.Ќосимов, А. Љўраев, Тўњфа Фозилова, М.Ќосимов, Њикмат Ризо; С) А.Њамроњќулов, А. Бобоќулов, А.
Назриев, О. Орифов, А.Муллоќандов; Д) Д.Саидмуродов, Н.
Раупова, Р. Шалоэр.
38. Мактабњои аввалини олии Тољикистонро номбар
275
кунед. А) Донишгоњи миллї, Донишкадаи санъат, Донишгоњи техникї; В) Донишгоњи аграрї, Донишкадаи иќтисодї,
Донишкадаи тарбияи љисмонї, Донишгоњи славянї;С) Донишгоњњои педагогии Душанбе ва Хуљанд; Д) Донишгоњи
тиббии Душанбе, Донишгоњи давлатии Рашт, Донишгоњи
давлатии Кўлоб.
39. Адибони машњури солњои 30-.юми асри ХХ-ро номбар кунед? А) Айнї, Лоњутї, Љ.Икромї, Р.Љалил; В) Туѓрал,
Асирї, Ранља, Турсунзода. С) Суњайлї, Азизї, Њ.Карим,
Ѓ.Абдулло; Д) Ф.Ниёзї, Г Сафиева. Ш.Лоиќ, Б.Собир, Ф.
Муњаммадиев.
40. Аз роњбарони Тољикистон кињо дучори таъќиботи сиёсї гардида, чун «душманони халќ» кушта шуданд?
А)
Абдурањим Њочибоев, Нусратулло Махсум, Шириншо Шоњтемур, Абдулќодир Муњиддинов. В) Н. Абдинов, С. Носиров, Њ . Боќиев. С) Ш. Раљабов, С. Айтаков, А. Охунбоев, Ч.
Имомов. Д) Файзулло Хољаев, Акмал Икромов;
41. Асарњои «Ѓуломон», «Тољу байраќ», «Ду њафта»,
«Шодї» ба ќалами кадом аз инњо таалуќ доранд? А) С.Айнї, С. Љавњаризода, С.Табаров, А.Мирзоев, Љ.Икромї; В)
С.Айнї, А.Лоњутї, Љ.Икромї, Р.Љалил. С) С.Айнї, М.Миршакар, Б.Рањимзода, Алихуш, Р,Љалил. Д) С.Айнї, Ранља,
М.Балљувонї, Љ.Икромї, Р.Љалил.
42. Панљ ходими машњури њизбї ва давлатии солњои 30юми љумњуриро муайян кунед. А) Т. Ўлљабоев, Љ.Расулов,
М.Холов, М.Рањматов, Н. Додхудоев. В) У. Ашўров, И.Давлатов, С) Эмомалї Рањмон, Абдуллои Нурї, М. Убайдуллоев, Ќ.Мањкамов, Р.Набиев; Д) Нусратулло Махсум, Шириншоњ Шоњтемур, М.Шогадоев, У.Ашўров, А.Алиев.
43. Конститутсияи ЉШС Тољикистон кай ва дар кадом
маќомот ќабул шуда буд? А) Феврали соли 1931 дар Анљумани 1У шўроњои ЉШС Тољикистон. В) Июни соли 1930
дар Анљумани 1 ЊК Тољикистон. С) Январи соли 1934, дар
Анљумани 11 ЊК Тољикистон. Д) Июли соли 1930 бо ќарори
КИМ ШКХ ЉШС Тољикистон.
44. Ѓалабаи пурраи сотсиализм чї маънї дошт?
276
А) Иљрои барномаи сохтмони љомеаи сотсиалистї; В) Асосан таъмин гардидани заминањои иќтисодї, сиёсї, фарњангї ва маънавии сотсиализм. С) Иљрои наќшаи шиори «Кї
киро?»; Д) Иљрои наќшаи НЭП.
45. Конститутсияи сотсиализми ѓолиби Тољикистон кай
ќабул шуда буд? А) Марти соли 1937, дар Анљумани У1
шўроњои ЉШС Тољикистон. В) Январи соли 1934, дар Анљумани 11 ЊК Тољикистон. С) Августи соли 1937 дар Анљумани 111 ЊК Тољикистон. Д) Дар Анљумани 11 колхозчиёни
пешќадам.
46. Тољикони кадом давлат тољик будани худро фаромўш
карда буданд ва фаромўш кардаанд? А) Њељ давлат. В) Эрон.
С) Афѓонистон. Д) Ўзбекистон.
47. Тољикони кадом давлатњо зўран махлут гардонда шуда буданд? А) Эрон, Афѓонистон. В) Ўзбекистон ва
Туркманистон. С) Ќазоќистон ва Ќирѓизистон. Д) Чин ва
Њиндустон.
48. Вазифањои панљсолаи сеюмро муайян кунед. А) Тараќќї додани иќтисодиёти љумњурї. В) Ба вуљуд овардани
базаи сотсиализми баркамол. С) Ба вуљуд овардан, наздик
кардани ѓалабаи пурра ва ќатъии сотсиализм. Д) Некуањволии љомеаро баланд бардоштан.
49. Сабабњои асосии Љанги дуюми љањонро муайян кунед. А) Пањн гардидани фашизм ва милитаризм. В) Интиќомхоњии Олмон аз раќибони худ. С) Сари роњи инќилобњои
сотсиалистии дар Аврупо тайёршудаистодаро гирифтан.
Д) Таќсими љањони таќсимшуда ва раќобати байни капитализму сотсиализм.
50. Њадафњои Олмон дар солњои 30-юм чї буд? А) Таќсими љањони таќсимшуда ба хотири њукмронии љањонро ба
даст гирифтан. В) Аз Фаронса, Чехия, Полша кашида гиритани заминњои Элзас, Лотарингия, Судет, Дансиг ва ѓ.
С) Фашизму милитаризмро дар љањон пањн кардан;
Д) СССР (ИЉШС)-ро аз байн бурдан.
51. Италия, Фаронса, Љопон дар солњои 30-юм чї њадаф
доштанд? А) Сари роњи зинаи навбатии инќилобњои иљти277
моии љањониро гирифтан. В) Ќусури бохти худро дар Љанги якуми љањон бо роњи аз сари нав таќсим кардани љањон
баровардан. С) Баргардондани њудудњои соли 1918 аз даст
рафтаашон. Д) Дар арсаи байналмилалї маќомњои худро
барќарор кардан.
52. Барои чї Англия ва Фаронса дар ташкили иттифоќ зидди Олмон кашолкорї карда буданд? А) Мехостанд
Олмонро зидди СССР (ИЉШС) равона созанд. В) Боварї
доштанд, ки Олмон ба онњо њуљум намекунад. С) Аввал
масъалањои дохилии худро њал карданї буданд. Д) Маслињати ИМА-ро интизор буданд.
53. Барои чї СССР (ИЉШС) бо Љопон ва Олмон шартномаи ба њамдигар њуљум накарданро баста буд? А) Чунки
Англия ва Фаронса бо СССР (ИЉШС) шартнома набаста
буданд. В) Бо Олмон ва Љопон забон ёфта буд. С) Барои ба
таъхир андохтани оѓози љанг. Д) Барои танњо намондан.
54. Љанги дуюми љањон аз кадом воќеа оѓоз ёфта буд? А)
Аз ба сари њокимият омадани њукуматњои фашистї. В) Ба
сари њокимият омадани Адолф Гитлер. С) Аз воќеањои Судету Австрия. Д) Холо аз ба сари ќудрат омадани фашизм, вале
њуљљатан, аз њуљуми Олмон ба Полша.
55. Маќсади асосии СССР (ИЉШС) дар ибтидои љанг аз
чї (њо) иборат буд? А) Аз боздоштани душман аз њаракати барќосо. В) Дар сарњад шикаст додани душман. С) Роњи
сулњро љустан. Д) Гуфтушунидро оѓоз кардан.
56. Тољикистониёни дар озод намудани сарњадњои ѓарбии СССР (ИЉШС) иштирокдоштаи ба мукофотњои давлатї сазоворгаштаро муайян кунед. А) Амиралї Саидбеков,
Ўрунбек Яъќубов. В) Садњо нафар иштирок кардаанд, вале
то њол шахсони сазовори мукофот гашта пурра аниќ нашудаанд. С) Неъмат Ќаробоев, Усмон Акрамов. Д) Фатњулло
Ањмадов, Сафар Амиршоев, Исмат Шарипов.
57. Дар љанги Финландия кадом фиристодањои Тољикистон ќањрамонї нишон дода буданд? А) Амираї Саидбеков, Ўрунбек Яъќубов. В) Садњо нафар иштирок кардаанд,
вале то њол сазовори мукофотгашта пурра аниќ нашудаанд.
278
С) Неъмат Ќаробоев, Усмон Акрамов. Д) Њодї Кенљаев,
Фатњулло Ањмадов.
58. Олмони фашистї 22-юми июни соли 1941 чї амалро
анљом дода буд? А) Бо СССР (ИЉШС) шартномаи ба муддати 10 сол ба њамдигар њуљум накарданро баста буд.
В) Ба Полша њуљум карда буд. С) Рейхстагро оташ зад. Д) Ба
СССР (ИЉШС) ањдшиканона њуљум кард.
59. Тољикистонињо дар кадом муњорибањои давраи аввали ЉБВ иштирок доштанд, муайян кунед? А) Дар Брест,
Минск, Смоленск, Вилнюс. В) Киев, Москва, Ленинград, Севастопол. С) Украина, Беларус, Молдова. Д) Латвия, Литва,
Эстония.
60. Барои чї ќўшунњои шўравї аќибнишинї мекарданд?
А) Ногањонї будани њуљум. В) Ќуввањо баробар набуданд;
С) Таъсири хиёнати баъзе ќўшунњои сарњадї. Д) Танќисии
яроќу аслиња.
61. Барои чї љанги солњои 1941-1945-ро Љанги Бузурги
Ватанї номидаанд? А) Барои он ки дар ватани худ мељангиданд. В) Ин љанг барои њимояи Ватани худ буд. С) Љанге,
ки барои њаёту мамот, буду нобуди Ватан бурда мешуд. Д)
Барои он ки ба гарданаш бор карда буданд.
62. Сохтмонњои калони ба тариќи њашар сохташудаи
арафаи Љанги Бузурги Ватаниро људо намоед. А) НБО-и
Варзоб, Системаи обёрии Вахш. В) Канали Варзоб, роњи
оњани Тирмиз-Душанбе. С) Вокзали Душанбе, Комбинати
бофандагии Душанбе. Д) Каналњои калони Фарѓона-1 ва 2,
Њисор ва роњи мошингарди Душанбе -Хоруѓ.
63. Дар муњорибаи Москва аз тољикистониён кињо ќањрамонї нишон дода буданд? А) М.Иброњимов, А.Пирмуњаммадзода, С.Улуѓзода. В) Б.Искандаров, Э.Рўзиев, Н.Илёсов;
С) Њ.Кенљаев, А.Турдиев, Н.Ќарабоев; Д) Д.Азизов,Э.Шарипов, Т. Эрйигитов.
64. Сана ва даврањои муњорибаи Москваро муайян кунед.
А) Санааш соли 1941-1942 ва даврааш тирамоњи 1941 ва зимистони 1942. В) Санааш 30 сентябри 1941-20 апрели 1942 ва
даврањояш: 30.09-05.12; 05.12.1941-20.04.1942; С) Тирамоњи
279
соли 1941-бањори соли 1942; Д) Нимаи дуюми соли 1941-аввали бањори соли 1942.
65. Сањми даќиќтари тољиконро дар муњорибаи Сталинград дар чї мебинед? А) Дар иштирок кардани онњо. В) Дар
корнамоии љанговаронашон, ёрии бо техника ва хўрокворию либос ба муњофизон расонданашон. С) Дар њамраъйии тољикистониён нисбат ба воќеаи мудњиш. Д) Дар хабари
расонањои Тољикистон аз муњорибањо.
66. Ањмад Турдиев дар куљо ва чї корнамоие кардааст?
А) Дар Волхов худро ба ДОТ-и душман партофтааст. В) Дар
муњорибаи Москва чанд танки душманро аз ќатор баровардааст. С) Дар Сталинград яке аз муњофизони «Хонаи Павлов» буд. Д) Иштирокчии отрядњои партизанї буд.
67. Муњорибаи Сталинград кай шуда буд? Даврањои
онро муайян кунед. А) Июли соли 1942 – феврали 1943. Даврањои маъракааш соли 1942 ва соли 1943. В) (17-уми июли
соли 1942 - дуюми феврали соли 1943. Даврањои мудофиавї
17 – уми июл – 18 - уми ноябри соли 1942 ва њуљум 19 - уми
ноябри соли 1942 – 2 -юми феврали соли 1943, С) Тирамоњи
соли 1942-зимистони 1943. Д) Нимаи дуюми соли 1942-аввали соли 1943.
68. Дар муњорибаи Курск аз тољикистонињо кињо ќањрамонї нишон додаанд? А) Саидќул Турдиев, Домулло Азизов. В) Чўтак Ўрозов, Сафар Амиршоев. С) Олим Њакимов,
Ќудрат Ќайюмов. Д) Исмоил Њамзаалиев, Њодї Кенљаев;
69. Дар муњорибаи Ленинград кадом тољикистониён корнамоињо нишон додаанд? А) Тўйчї Эрйигитов, бародарон
Осимовњо, Тешабой Одилов. В) Эргаш Шарипов, Олим Њакимов. С) Саидќул Турдиев, Исмат Щарипов. Д) Домулло
Азизов, Неъмат Ќаробоев.
70. Дар муњорибаи Днепр кадом тољикистонињо ќањрамонї нишон дода буданд? А) Ањмад Турдиев, Тешабой Одилов. В) Саидќул Турдиев, Домулло Азизов. С) М.Иб-роњимов, Њабиб Юсуфї. Д) Ф.Ањмадов, Р.Рањматов.
71. Ќањрамонњои тољикистонии дар озод кардани Украина иштирок кардаро муайян намоед. А) Т.Одилов, А.Ќалан280
даров, А.Турдиев; В) Исмат Шарипов, А.Гордеев. Б.Давлатов. С) Г.Ѓуломшоев, О. Хусравов, С.Юсупов; Д) Ф.Аминов,
М.Ќулиев, М.Бобољонов.
72. Ќањрамонњои тољикистонии барои озод кардани Беларус њиссагузоштаро муайян кунед. А) Т.Одилов, А.Ќаландаров, А.Турдиев. В) М.Иброњимов, Њабиб Юсуфї. С) Чўтак
Ўрозов, С.Сейтвалиев; Д) Г.Ѓуломшоев, О. Хусравов, С.Юсупов;
73. Ќањрамонњои тољикистонии дар муњорибањои Наздибалтика иштирокдоштаро муайян кунед. А) Саидќул Турдиев, Домулло Азизов; В) Ањмад Турдиев, Тешабой Одилов.
С) Г.Ѓулом- шоев, О. Хусравов, С.Юсупов; Д) Сафар Амиршоев, А.Димитриев, В.А.Андреев.
74. Ќањрамонњои тољикистонии дар муњорибањои барои
озод кардани Аврупо иштирокдоштаро муайян кунед. А)
Рањимбой Рањматов, Тўйчї Назаров, Эргаш Шарипов. В)
Саидќул Турдиев, Домулло Азизов; С) Ањмад Турдиев, Тешабой Одилов. Д) Сафар Амиршоев, А.Димитриев, В.А.Андреев.
75. Оё тољикон партизанї кардаанд ва дар куљоњо? А)
Кардаанд, вале далелњо пурра љамъоарї нашудаанд. В) Партизанї кардани тољикон дар руйхати 53 соединенияи партизании Украина, Беларус ва Русияи Ѓарбї ба ќайд гирифта
шудааст. С) Партизанї накардаанд. Д) Партизанї кардаанд,
вале бо номи халќи дигар ва аксаран бо номи Иван ё Иван
– тољик.
76. Љанги дуюми љањон кай ба охир расидааст? А) 22-юми
июни соли 1941. В) 9-уми майи 1945. С) 2-юми сентябри соли
1945. Д) 24-уми июни соли 1945.
77. Барои чї 2-юми сентябрро рўзи ба охир расидани Љанги дуюми љањон медонанд? А) Барои он ки амалиётњои њарбї ќатъ карда шуданд. В) Барои он ки амрикоињо Љопонро
дар Океани Ором шикаст дода буданд. С) Барои он ки Љопон
2-юми сентябр њуљљати таслимшавиро имзо карда буд; Д) Барои он ки ќўшунњои иттифоќчиён ќўшунњои Љопонро пурра
шикаст дода буданд.
281
78. Дар Љанги Бузурги Ватанї чї ќадар фиристодагон аз Тољикистон иштирок кардаанд? А) 150 њазор нафар.
В) 175 њазоз нафар. С) 190 њазор нафар. Д) Аз 190 то 250 њазор нафар.
79. Халќи тољик дар давраи Љанги Бузурги Ватанї чанд
нафар фарзанди худро талаф додааст? А) Таќрибан 60 њазор
нафар. В) 65 њазор нафар. С) 70 њазор нафар. Д) 75 њазор нафар.
80. Сабабњои асосии партизанї кардани тољикистониёнро муайян кунед. А) Њирси кунљковї. В) Аз муњосира баромада натавонистан ва ё аз мањбас гурехтан. С) Дар ваќти
ќафонишинї роњгум задан. Д) Аз ќисмњои њарбии худ људо
шудан ва ё ќафо мондан.
81. Мањбасњои марги фашистиро, ки дар онњо тољикистониён њам буданд, номбар кунед. А) Дахау, Заксенхаузен,
Освентсим-1 ва Бухенвалд, Флоссенбург, Нёйенгамме, Маутхаузен. В) Майданек, Треблинка, Собибур, Ораниенбург;
С) Дансиг, Мюнхен, Берлин, Освентсим-2; Д) Мюнхен, Собибур,Нейенгаме, Олшан.
82. Тољикистонињои аз мањбасњои марги фашистї гурехта тавонистаро номбар кунед? А) Сомеъ Xалилов, Котов
Сергей Димитриевич; В) Холмад Додобоев, Xалил Шодиев;
С) Неъматулло Ќобилов; Д) Мардон Мансуров.
83. Ёрии аќибгоњ ба фронт дар чињо зуњур меёфт? А) Дар
навиштани мактубњо ба фронт. В) Фиристодани туњфањо ба
фронт. С) Ташкили митингњои эътирозї барои ањдшикании
немисњо. Д) Таъсиси фонди љанг, харидани заёмњои љангї,
љамъоварї ва ба фронт фиристодани хўрокворї ва лавозимоти љангї.
84. Халќњои Тољикистон ба кадом миќдор заёми љангї
харидорї карда буданд? А) 45207 њазор сўм. В) 147 млн. сўм.
С) 54,1 млн. сўм. Д) 60 млн.
85. Тољикистониён ба «Фонди љанг» чи ќадар маблаѓ гузаронида буданд? А) 45207 њазор сўм. В) 147 млн. сўм. С)
54,1 млн.сўм. Д) 60 млн.
282
86. Адибони љанговари тољикро номбар кунед? А) Фотењ Ниёзї, Сотим Улуѓзода, Боќї Рањимзода, Њаким Карим, Њабиб Юсуфї. В) М.Турсунзода, Љ.Икромї, Р.Љалил,
А.Дењотї. С) Муъмин Ќаноат, Гулназар Келдї, Абдусалом
Дењотї. Д) Константин Симонов, Дмитрий Кратов.
87. Чанд асари адибони љангноманависи давраи
љангро муайян кунед. А) «Мављњои Днепр», «Вафо», «Писари ватан». В) Ѓалабаи «Таня», «Хонаи Нодир», «Дар оташ».
С) «Ќањрамони халќи тољик Темурмалик», «Исёни Муќаннаъ». Д) «Суруши Сталинград», «Фарзандони Хатин».
88. Чанд нафар тољикистониён Ќањрамони Итињоди
Шўравї гардида буданд ва чанд нафарашон тољик буданд?
А) 54(14). В) 62(18). С) 64(18). Д) 54(18).
89. Занњои тољикистонии љанговарро номбар кунед?
А) Ойгул Муњммадљонова, Н.Лобковская; В) Шањрї Њайдарова, С.Ниёзова. С) С.Сангинова, И.Ќурбонова; Д) Р.
Фозилова, Р.Якубова.
90. Тољикистон ќањрамонњои ЉБВ-ии худро ёд дорад? А)
Ња, њар сол 9-уми май. В) Ба номи онњо кўчањо, мактабњо
ва дењањо гузошта шудаанд. С) Номњояшон дар сањифањои
таърих њаст. Д) Дар зодгоњи аксарияташон пайкараю нимпайкарањояшон гузошта шудааст.
283
МУНДАРИЉА
Сарсухан...................................................................................3
ФАСЛИ 1
ТОЉИКИСТОН ДАР ДАВРАИ БУНЁДИ АСОСЊОИ
ЉОМЕАИ СОТСИАЛИСТЇ. ГУЗАРИШ АЗ
ФЕОДАЛИЗМ БА СОТСИАЛИЗМ (1917-1937)
МАВЗЎИ 1. ТОЉИКИСТОН ДАР ДАВРАИ БУНЁДИ
ДАВЛАТИ МИЛЛЇ - ШЎРАВИИ СОТСИАЛИСТЇ
(1917-1924)
§ 1. Ташкилёбии сохтори идорањои давлатии
Њокимияти Шўравї................................................................5
§ 2. Њуљљатњои аввалини љомеасозии Њокимияти
Шўравї....................................................................................9
§ 3. Мазмун ва муњтавои эъломияњо ва мурољиатномањои аввалини Њокимияти Шўравї.......................................13
§ 4. Раванди барњам додани идорањои давлатии куњна.......17
§ 5. Раванди таъсиси маќомотњои нави Њокимияти
Шўравї...................................................................................20
§ 6-7. Чорабинињои аввалини иќтисодии Шўравї
дар Тољикистон......................................................................23
§ 8. Сабабњои асосии њаракати зиддишўравї ва љанги
шањрвандии солњои 1918 - 1923 дар Тољикистон.................29
§ 9. Оѓози њаракати зиддишўравї ва љанги шањрвандии
солњои 1918 - 1923..................................................................33
§ 10 -11. Мубориза зидди ќуввањои зиддишўравї дар
вилояти Суѓд дар солњои 1918 - 1923....................................38
§ 12. Љанги шањрвандї дар Вилояти Мухтори
Кўњистони Бадахшон.............................................................45
§ 13. Њаракати зиддишўравї ва оѓози љанги шањрвандї
дар Бухорои Шарќї...............................................................50
§ 14. Маъракањои зарбазании зидди Анварпошшо ва
босмачигарї дар солњои 1922 – 1923....................................55
§ 15. Сабабњои ѓалабаи Њокимияти Шўравї ва шикасти
баромадњои зиддишўравї дар давраи љанги шањрвандї...64
284
§ 16. Вазъияти иќтисодии љумњурї дар давраи љанги
шањрвандї..............................................................................67
§ 17. Вазъияти фарњанг дар давраи љанги шањрвандї.........74
§ 18. Зарурати таќсимоти миллию маъмурии Осиёи
Миёна ....................................................................................81
§ 19 - 20. Раванди таъсисёбии Љумњурии Мухтори
Шўравии Сотсиалистии Тољикистон...................................86
МАВЗЎИ 2. ТОЉИКИСТОН ДАР ДАВРАИ
МУХТОРИЯТ
§ 21. Вазифањои навбатии њукумат ва халќњои ЉМШС
Тољикистон.............................................................................95
§ 22-23. Авзои сиёсию љамъиятии ЉМШС Тољикистон......99
§ 24-25. Азнавбарќароркунии хољагии халќи ЉМШС
Тољикистон...........................................................................105
§ 26-27. Муборизаи синфї дар Љумњурии Тољикистон
дар давраи мухторият..........................................................114
§28. Фарњанги Тољикистон дар давраи мухторият............121
§ 29. Таъсисёбии Љумњурии Шўравии Сотсиалистии
Тољикистон .........................................................................128
§30. Дарси такрорї..............................................................132
§31. Дарси санљиши тестї....................................................132
МАВЗЎИ 3. ТОЉИКИСТОН ДАР ДАВРАИ
АНЉОМЁБИИ СИЁСАТИ БУНЁДИ АСОСЊОИ
ЉОМЕАИ СОТСИАЛИСТЇ
§ 32. Сиёсати шўравии саноатикунонии мамлакат дар
давраи гузариш ба љомеаи сотсиалистї.............................151
§ 33. Соњањои асосии саноати Љумњурї дар раванди
сиёсати саноаткунонии мамлакат.......................................155
§ 34. Сиёсати давлатии тайёр кардани синфи коргари
Љумњурї................................................................................160
§ 35. Мусобиќаи истењсолї дар давраи бунёди асосњои
љомеаи сотсиалистї.............................................................164
285
§ 36. Сиёсати шўравии коллективонии хољагии
ќишлоќи љумњурї ва хусусиятњои он................................169
§ 37. Раванди коллективонии хољагии ќишлоќи
љумњурї дар солњои панљсолаи якуми тараќќиёти
хољагии халќ (1928/1929 -1932/1933) .................................174
§ 38. Сиёсати шўравии сохтмони колхозї дар солњои
панљсолаи дуюми тараќќиёти хољагии халќи
љумњурї (1933 - 1937)...........................................................178
§ 39. Раванди ташаккули музди мењнати колхозчиён
дар рафти сохтмони колхозї...............................................182
§ 40. Азнавсозии сотсиалистии хољагии ќишлоќ ва
каљравињо дар рафти сохтмони колхозї............................184
§ 41. Соњањои асосии хољагии ќишлоќ дар давраи
сиёсати коллективонї..........................................................187
§42. Авзои љамъиятиву сиёсии љумњурї дар солњои
30-юми асри ХХ...................................................................191
43. Таъќиботи сиёсии солњои 30-ми асри ХХ.
Таъќибкунандагон ва таъќибшавандагон.........................196
§44. Муборизаи синфї дар солњои 30-Юми асри ХХ........201
§ 45-46. Инќилоби маданї дар тољикистон........................206
§ 47. Эълони анљомёбии сохтмони Љамъияти
сотсиалистї дар тољикистон. Ѓалабаи пурраи
сотсиализм............................................................................213
§ 48. Тољикони берунмарзї дар давраи гузариши
тољикони шўравї ба сотсиализм(1917-1937)......................219
ФАСЛИ 2
ТОЉИКИСТОН ДАР СОЛЊОИ СИЁСАТИ СОХТМОНИ
СОТСИА ЛИЗМИ ТАРАЌЌИЁФТА Ё ЃАЛАБАИ
ПУРРА ВА ЌАТЪИИ СОТСИАЛИЗМ (1938-1958)
МАВЗЎИ 4. ЉШС ТОЉИКИСТОН ДАР АРАФА ВА
ДАВРАИ ЉАНГИ ДУЮМИ ЉАЊОНЇ
(1938 – 1945)
§ 49. Тољикистон дар оѓози сохтмони Сотсиализми
тараќќиёфта.........................................................................223
286
§ 50. Сабабњои асосї ва раванди сар задани Љанги
Дуюми Љањонї.....................................................................229
§ 51. Иштироки тољикистониён дар набардњои аввали
Љанги дуюми љањонї (октябри соли 1939 - марти
соли 1940)............................................................................233
§ 52. Тољикистон дар муњорибањои давраи аввали
Љанги Бузурги Ватанї (22-юми июни соли 1941
сентябри соли 1941).............................................................237
§53-54. Иштироки тољикистониён дар муњорибањои калонтарини давраи оѓоз ва мустањкамкунии дигаргунињои ќатъї дар рафти Љанги Бузурги Ватанї
(сентябри соли 1941-апрели соли 1943)..............................240
§ 55-56. Тољикистониён дар муњорибањои давраи ба
анљом расидани дигаргунињои ќатъї дар рафти ЉБВ ......246
§ 57. Иштироки љанговарони тољикистонї дар
муњорибањои давраи анљомёбии Љанги Бузурги
Ватанї (январи 1944 - 9 май 1945)......................................251
§ 58. Иштироки тољикистониён дар њаракатњои
партизанї ва муќовиматњои зиддифашистї......................254
§ 59. Тољикистониён дар њаракатњои озодибахши
халќњои Аврупо....................................................................257
§ 60. Аќибгоњ дар хизмати љанг.Мењнати фидокоронаи
халќњои Тољикистон дар солњои Љанги дуюми љањонї....260
§ 61. Муассисањои фарњангї дар хизмати љанг .................264
Тестњо...................................................................................270
287
НОЗИМ ЊАКИМОВ
ТАЪРИХИ
ХАЛЌИ ТОЉИК
Китоби дарсї барои синфи 10-уми
муассисањои тањсилоти умумї
Муњаррир
Мусањњењ
Муњаррири
техникї
Тарроњ
Юлдош Шерматов
Мењрї Саидова
Зафар Саъдуллоев
Иќбол Сатторов
Ба чоп 05.01.2017 иљозат дода шуд. Коѓази офсет.
Чопи офсет. Андоза 60х90 1/16. Љузъи чопї 18,0.
Адади нашр 100000 нусха.
Супориши № 17/2017.
Муассисаи нашриявии «Маориф»-и
Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон.
734024, ш. Душанбе, кўчаи Ањмади Дониш, 50.
E-mail: [email protected]
Дар матбааи ЉДММ «Душанбе – принт»
ба табъ расидааст
Скачать