Uploaded by karamparpishoev

Муқаддима

advertisement
Тарбияи њуќуќии насли љавон – кори дастљамъист
Тарбия падидаи иљтимої, фарњангї, психологї ва педагогї буда, барои танзими њаёти инсон ва
пешрафти љамъият хизмат менамояд. Он њамчун фаъолияти махсуси маќсадноки инсон барои рушди шахс
ва ворид шудани инсон ба љараёни зиндагии воќеї ва бунёди њаёти маданї равона карда мешавад.
Маќсади њама гуна тарбия ќисми таркибии маќсаду вазифањои давлат ќарор мегирад, ки барои
амалї намудани манфиатњои давлат, љамъият ва њар як шањрванд равона карда мешавад. Давлат чунин
тартибу низомро љорї мекунад, ки барои њаёт ва фаъолияти инсон ва тарбияи миллии шањрвандон мусоидат
менамояд.
Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї
Рањмон тарбияи кӯдакону наврасон ва љавононро яке аз вазифањои муњими имрӯзу ояндаи давлат ва
љамъият њисоб мекунанд.
Љумњурии Тољикистон њамчун давлати мустаќилу соњибихтиёр дар марњилаи ташаккули давлати
демократї, њуќуќбунёд, дунявї ва ягона ќарор дошта, рушди минбаъдаи он ба тарбияи шахсиятњои дорои
сатњи баланди ахлоќї, дунёи пурғановати маънавї, фикру љисми солим, эњсоси баланди ватандӯстї ва
худогоњии миллї, риоягари ќонунњо, њуќуќњо, озодињо, зањматписанду зебопараст, сарфаю сариштакор,
ботањаммулу тоќатпазир, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эљодкор вобаста аст. Тарбияи чунин
шањрвандон вазифаи давлат, љамъият ва оила ба њисоб рафта, волоияти ќонун танњо бо њамин восита таъмин
карда мешавад.
Волоияти ќонун на танњо њадаф, балки воситаи њалли моњиятан тамоми мушкилоте, ки дар назди
љомеаи мо истодаанд ва муњимтар аз њама, фароњам овардани шароит барои њифзи њуќуќии њар як
шањрванди Љумњурии Тољикистон мебошад.
Дар тафаккури шахсони алоњида ягон муносибатњои њуќуќї дар амал татбиќ намегарданд, ки агар
он заминаи муносиби иљтимої-психологї надошта бошад. Огоњии њуќуќї яке аз омилњои муњимтарини
муаїянкунандаи дурнамои рушди сиёсии љомеа ва ташаккули давлати њуќуќбунёд ва шахси боэътимоди
амният ва њуќуќњои шањрвандии онњо мебошад.
Дар аїни замон дар мамлакати мо бояд муносибати нав ба тарбияи њуќуќї, њамчун яке аз асосњои
ќонуният ва тартиботи љамъиятї ташаккул ёбад. Охири садаи бистум, ки бо дигаргунињои пурталотуми
иљтимоию сиёсї, аз љумла пошхӯрии давлатдорї ва афзоиши амалњои ғаїриќонунии содиршуда хос буд,
замоне гардид, ки ба тарбияи њуќуќии шахс амалан ањамият дода намешуд. Дар њамин њол, Љумњурии
Тољикистон њамчун давлати њуќуќбунёд ва демократї танњо дар сурати баланд бардоштани сатњи фарњанги
њуќуќии ањолї, ташаккули идеалњои ќонуният дар шуури љамъиятї ва муносибат ба ќонун њамчун арзиши
умумибашарии љамъият ташаккул ёфт. Мусаллам аст, ки бе механизми самаранок ва муассири тарбия ба ин
њадафњо расидан ғаїриимкон аст.
Таърих нишон медињад, ки дар њамаи давлатњо барои пањн кардани аќидањо дар бораи ќонун ва
тартибот фаъолияти махсус гузаронида мешавад, ки барои он воситањои дар ихтиёрашон мављудбуда: дин,
адабиёт, санъат, мактаб, матбуот, радио, телевизион ва ѓаїра истифода мешаванд. Ба ибораи дигар, тарбияи
њуќуќї љузъи људонашавандаи вазифаи идеологии њар як давлат мебошад.
Солњои охир назарияи тарбияи њуќуќї аз љониби илми њуќуќшиносии ватанї ва хориљї фаъолона
тањия карда мешавад. Фаъолияти ба маќсад мувофик ва махсус ташкил кардашудаи тарбияи њуќуќї ва
тарбияи њуќуќии оммаи васеи халќ ва бешубња, таїёр кардани њуќуќшиносони касбї танњо дар шароити
демократияи њаќиќї имконпазир аст.
Љанбањои гуногуни тарбияи њуќуќї дар асарњои Е.В. Аграновская, П.П. Баранова, А.Б. Венгерова,
Н.В. Витрук, В.И. Гоїман, Н.Л. Гарнет, В.П. Казимирчук, Д. Керимова, Н.М. Кеїзерова, Б. Кистяковскиї, В.Н.
Кудрявсева, Е.В. Кузнетсова, Е. Лукашева, Н.И. Матузова, А.В. Мискевич, Б. Нерсесянс, В.В. Оскамитниї,
М.Ф. Орзих, Т.Н. Радко, А.Р. Ратинова, И.Ф. Рябко, В.П. Салникова, Л.П. Семитко, ва ѓаїрањо кор карда
шудаанд.
Проблемањои ташкили тарбияи њуќуќї дар њамаи давру замон бешубња актуалї буда, њалли
назариявї, њуќуќї ва амалии онњо обруи њуќуќро баланд мебардорад ва дар байни шањрвандон эњтироми
ќонунро тарбия менамояд. Барои инкишофи фаъолияти шањрвандї ва њуќуќї дар љомеа шароит фароњам
оваран ва дар њамаи зинањои муассисањои таълимї омузиши њуќуќро ташкил намудан, васеъ намудани
огањии ањолї аз ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ва дастрасии тамоми табаќањои ањолї ба иттилооти
њуќуќї, инчунин њамаи муассисањои давлатї ва ташкилотњои љамъиятиро ба њалли масъалањои тарбияи
њуќуќї чалб кунондан - рушди маданияти њуќуќии љомеаи Тољикистонро таъмин мекунад.
Дар љамъияти њозираи Тољикистон тарбияи њуќуќї вазифаи умумихалќї шуда истодааст, зеро
нишондињандањо ва сифати тањсилоти њуќуќии шањрвандон ба рушди кишвар бевосита таъсир мерасонанд,
ки ин барои рушди давлати њуќуќбунёду демократї, ки њадафи бунёди он дар моддаи 1 Конститутсияи
Љумњурии Тољикистон эълон шудааст, махсусан муњим аст.
Ташаккули шуури њуќуќии шахс маънои фароњам овардани чунин шароитро дорад, ки дар он
шањрвандон нисбат ба њуќуќ муносибати мусбї доранд. Тарбияи дурусти њар як фард боиси ба вуљуд
овардани љомеаи бофарњанг, аз љињати иљтимої фаъол ва њуќуќбунёд мегардад.
Ба аќидаи А.А.Кваша тарбияи њуќуќї аз интиќол, љамъоварї ва азхудкунии дониш оид ба
принсипњо ва меъёрњои њуќуќ, инчунин ташаккули муносибати мувофиќ ба њуќуќ ва амалияи татбиќи он,
1
ќобилияти истифода бурдани њуќуќњои худ, риояи ќонунњо ва иљрои вазифањо иборат аст. Дониши
гирифташуда бояд ба эътиќоди шахсї, ба муносибати ќатъї ба риояи ќатъии муќаррароти њуќуќї ва баъдан ба
эњтиёљоти дохилии риояи ќонун табдил дода шавад».
Науменкова К.В. дар маќолааш «Проблемањои тарбияи њуќуќии шањрвандон дар ибтидои аср»
ќайд мекунад, ки тарбияи њуќуќиро метавон њамчун маљмўи тадбирњое муайян кард, ки ба ташаккули
аќидањо, меъёрњо ва принсипњои њуќуќї нигаронида шудаанд, ки арзишњои фарњанги њуќуќии
умумиљањонї ва миллиро ифода мекунанд.
Тарбияи њуќуќї дар асари «Назарияи давлат ва њуќуќ» маънои «фаъолияти максадноки давлат,
ташкилотњои љамъиятї, шањрвандони алоњида дар бобати интиќоли тачрибаи њуќуќї; таъсири мунтазам ба
шуур ва рафтори шахс бо маќсади ташаккули аќидањои муайяни мусбї арзишњо, муносибатњое, ки риоя,
татбиќ ва истифодаи меъёрњои њуќуќиро таъмин мекунанд», дорад.
Як ќатор таърифњои тарбияи њуќуќї вуљуд доранд, вале њамаи онњо ба зарурати ташаккули ғояњо,
меъёрњо, принсипњои њуќуќї дар шахс, ки арзишњои фарњанги њуќуќии љањонї ва миллиро ифода
мекунанд, вобаста мебошанд. Пас тарбияи њуќуќї ташаккули муносибати боэњтиром ба ќонун, дарки ќонун
њамчун арзиши бузурги иљтимої, ташаккули њисси масъулиятшиносї, оштинопазирї ба худсарї, фасод ва
ѓайра мебошад.
Тарбияи њуќуќї бо њам зич алоќаманд буда, ба воситаи тарбияи њуќуќї — азхудкунии бевоситаи
дониш амалї мегардад. Тарбия бе таълим сурат намегирад ва тарбия ин ё он тарз таъсири тарбиявї дорад.
Тарбияи њуќуќї «роњи ифодаи берунї ва ташкили интиќоли маводи назариявии њуќуќї ба объекти таълим
мебошад».
Маќсади тарбияи њуќуќї ташаккули заминаи назариявии шуури њуќуќї ва фарњанги њуќуќї,
таъмини сатњи зарурии ба низом даровардани дониш дар бораи њуќуќ, инкишофи манфиатњои њуќуќї,
эњсосот, тафаккури њуќуќї, ташаккули љањонбинии илмии њуќуќї мебошад.
Бо ќабул шудани Стратегияи миллии рушди маорифи Љумњурии Тољикистон њуќуќ ба яке аз
фанњои афзалиятнок тасниф карда шуд, ки иљтимоикунонии хонандагонро таъмин намуда, асоси салоњияти
њуќуќии барои њаёти љомеаи муосир заруриро ташкил медињад. Аммо тарбияи њуќуќиро танњо ба
маърифати њуќуќї мањдуд кардан мумкин нест. Ин раванди мураккабест, ки бо дарки њуќуќу озодињои инсон
ва шањрванд, муќаррароти ќонунњои асосии амалкунанда алоќаманд аст. Бо мисолу идеалњо, таљрибаи
њуќуќї ва анъанањои он кишварњое, ки дар онњо сатњи њифзи њуќуќии шахсият ва аз ин рӯ, сатњи фарњанги
њуќуќї дар сатњи баланд ќарор дорад, шинос кардани шањрвандон муњим аст.
Њамин тариќ, тарбияи њуќуќї як раванди банаќшагирифта, назоратшаванда, муташаккил, мунтазам
ва маќсадноки таъсиррасонї ба шуур ва психологияи шањрвандон ба воситаи маљмӯи шаклњо, воситањо ва
усулњои гуногуни тарбияи њуќуќї, ки дар фаъолияти њуќуќии муосир мављуданд, буда, бо максади дар
шуури њуќуќии онњо ташаккул додани донишњои амиќ ва устувори њуќуќї, эътиќод, ниёзњо, арзишњо,
одатњои рафтори њуќуќї амали мешавад.
Бисёр арзишњои њуќуќї, ки дар меъёрњои ахлоќї асос ва паїдоиш доранд, аз љониби шахс дар
раванди амалњои гуногуни иљтимої тавассути шаклу роњњои дигари ѓаїри њуќуќї барои ташаккули шуури
љамъиятї аз худ карда мешаванд. Бо вуљуди ин, тарбияи њуќуќї инчунин эљоди воситањои махсуси интиќоли
арзишњои њуќуќї ба шуур ва њисси њар як шахс, табдил додани онњо ба эътиќоди шахсї ва дастури рафторро
дар бар мегирад.
Системаи тарбияи њуќуќї, аз як тараф, категорияњои гуногуни шањрвандони сохибмаълумот, аз
тарафи дигар, фаъолияти маќомоти давлатиро дар бобати ба амал баровардани вазифаи тарбияи њуќуќї фаро
мегирад.
Иттилои њуќуќї, яъне, маљмўи муаїяни маълумот дар бораи њуќуќ њамчун танзимгари муассири
муносибатњои иљтимої як навъ риштаи асосї мебошад, ки њамаи унсурњои сохтории механизми
баррасишавандаро бо тартиби паїдарпаї мепаївандад ва ба ин робита хусусияти дастурдињї медињад.
Шуури њуќуќии љамъиятї паїванди ибтидоии сохтории механизми тарбияи њуќуќї буда, шуури
њуќуќии шахсони босавод, ки бояд бо ғояњои дар шуури њуќуќии љамъият мављудбуда ғанї гардонида
мешавад.
Тарбияи њуќуќї љузъњои зеринро дар бар мегирад:

субъектњои маориф (маќомот, ташкилотњо, шахсоне, ки аз тарафи давлат махсус ваколатдор шудаанд,
ки фаъолияти њуќуќию тарбиявиро анчом медиханд);

объектхои тарбия (шањрвандони алоњида ё гуруњњои ањолии тахсилшуда);

– мачмуи чорабинихои тарбиявии њуќуќи дар шаклхои муаїян бо истифода аз воситањо ва усулњои
махсуси њуќуќї анљом дода мешавад.
Унсурњои асосии механизми тарбияи њуќуќї, пеш аз њама, шаклњо, роњњои мушахаси ташкили
раванди тарибия мебошанд.
1.
Таблиғоти њуќуќї – интишори аќидањо ва арзишњои муаїяни њуќуќї барои риояи меъёрхои хукук, ки
усулњои гуногуни таблиготро таъмин мекунанд, заруранд.
2.
Тарбияи њуќуќї - ин шакли тарбия хеле маъмул аст, вале бо сабабњои мустаќил на њамеша ба њамагон
мерасад ва дар ин маврид шакли дигар самараноктар аст.
2
Таљрибаи њуќуќї – сарфи назар аз он ки шахс барои пешбурди таблиғоти фаъол кӯшиш кунад, сарфи
назар аз он ки чї гуна ќуввањо ва воситањо људо карда шаванд, аммо агар таљрибаи њуќуќии судњо,
прокурорњо, маќомоти њифзи њуќуќ рӯякї бошад, яъне на њамеша даќиќ ва одилона бошанд, љомеаро
бовар кунондан имконнопазир мегардад, ки риояи ќонун зарурият аст, ѓаїр аз ин, аз њар нуќтаи назари
шањрванди ба ќонун итоњаткунанда басо фоиданок аст.
4.
Худтарбиякунї шакли самарабахштарини тарбия буда, мањз ба бошуурона ва ихтиёран дарк кардани
мукаррароти асосии њуќуќ аз љониби шахс мебошад.
Њама гуна шаклњои тарбияи њуќуќї њамчун ифодаи беруна барои ба расмият даровардани таъсири
тарбияи њуќуќї, ташкили мушаххаси берунии он амал мекунанд ва воситаи тарбияи њуќуќї бошад, манбаи
иттилооти њуќуќї буда, тавассути он тарбияи њуќуќї амалї карда мешавад.
Дар раванди тарбияи њуќуќї њамаи гурӯњњои мављудаи шаклњои тарбияи њуќуќї бояд фаъолона
истифода шаванд:

тањсилоти касбии њуќуќї (таълим ва тахсилоти махсус дар муассисањои тањсилоти олии касбї ва
миёнаи дорои намуди њуќуќї);

тарбияи њуќуќии ањолї (лексияњо ва кинолексияњои донишњои њуќуќї, шабнишинињо оид ба
масъалахои њуќуќ, машваратњои њуќуќии оммавї ва ѓайра);

тарбияи њуќуќии њуќуќвайронкунандањо аз љониби маќомоти њифзи њуќуќ (фаъолияти тарбиявии
њуќуќии суд, прокуратура, маќомоти корњои дохилї, адлия, адвокатура ва ѓайра).
Дар шароити хозира шаклхои гуногуни кори хукукй бо ахолй низ истифода мешаванд: таълими
умумии хукукй; таргиби конун бо ёрии воситахои ахбори омма; кори тарбияи хукукй вобаста ба чорабинихои
муайяни конституционй (референдум, интихобот ва гайра).
Системаи фаъолияти тарбияи њуќуќї ба воситаи семинарњо, омўзишњо, курсњои махсуси њуќуќї
амалї мешаванд, ки онњоро маќомоти давлатї ва љамъиятї њам дар асоси шартнома ва њам дар асоси буљет
ташкил мекунанд.
Шаклњои тарбияи њуќуќї тавассути воситањои ахбори омма сӯњбатњо дар мавзӯъњои њуќуќї,
«мизњои мудаввар»-и коршиносони соњаи њуќуќ, муњокимањо оид ба масъалањои мубрами муносибатњои
сиёсию њуќуќї, барномањои мавзӯии «Инсон ва ќонун», эродњои ќонунгузории нав аз љониби мутахассисон
ва ғ. амалї мешаванд.
Дар вактњои охир тамоюли мусбии таъсиррасонї ба ањолї махсусан љавонон тавассути барномањои
телевизионї мушохида карда мешавад. Аз љумла, барномањои: ------------------------------------- хело љолиб буда,
ба тарбияи њуќуќии ањоли мусоидат мекунанд.
Чунин усули тарбияи њуќуќї, аз афташ, на танњо њуќуќи мављудият дорад, балки хеле муассир аст,
зеро ташаккули шањрвандї ба таври ғайриоддї, дар шакле, ки барои тамошобинони маќсаднок фањмо ва
дастрас аст, сурат мегирад. Шояд бо чунин роњу усулњо тарбияи њуќуќии љавонон таъмин карда мешавад.
Мутаассифона, дар айни замон вазни ќиёсии кори оммавии њуќуќшиносї, аз љумла дар љои
истиќомати шањрвандон хеле кам шудааст. Ин кор, дар њаќиќат, танњо дар робита ба чорабинињои давраи
интихобот, сафарбаркунї ба хизмати Ватан - модар ва ё дигар чорабинињои конституционї зарурї ба амал
бароварда мешаванд. Дар баробари ин дар масъалаи тарбияи њуќуќии шањрвандон метавон дар чунин
шаклњои кори оммавии њуќуќшиносї, монанди пропагандаи лексионї, њар гуна лексияњо дар мавзуъњои
њуќуќї, њафтањо, дањрузањо, моњњои донишњои њуќуќї, конференсияњои илмию амалї, љамъомадхо ва
ѓайра инкишоф ёфта, истифода бурдан ба маќсад мувофиќ аст.
Камбудии љиддии имрӯзаи кори тарбиявї дар соњаи њуќуќ ин кам ташкил шудани чорабинињои
гуногун барои синни љавони ањолии мамлакат мебошад. Олимпиадањои њуќуќии мактабї, бањсњо дар
мавзӯъњои њуќуќ, ахлоќ, мањфилњои «Њуќуќшиноси љавон», «Фозилони њуќуќ» «Дӯстони полис» ва ғайра
хело кам, ё тамоман намегузаранд.
Марњалаи нави инкишофи давлатдории ватанї, таѓйир додани шаклњои моликият ва усулњои
танзими иктисодиёт зарурати аз нав дида баромадани шаклњои анъанавии тарбияи њуќуќиро такозо мекунад.
Вале дар ин бобат таљрибаи санљидашударо нигоњ дошта, инкишофи онро дар заминаи нави идтисодї, сиёсї
ва њуќуќї такмил додан лозим аст.
Дар шароити афзоиши љинояткорї, паст шудани њифзи иљтимоии шањрвандон аз њарваќта дида
зарур аст, ки истифодаи њуќуќњои муайяни шањрвандї, сиёсї, моликият њифз карда шаванд ва дар ин љо
рӯзномаю маљаллањо, филмњо, намоишњои театрї, таблиѓоти аёнї дар тарбияи њисси эњтиром ба њуќуќ ва
озодињои инсон наќши муњим мебозанд.
Унсури дуюми муњими механизми тарбияи њуќуќї усулњои гуногуни тарбияи њуќуќї — усулњо,
роњњои фањмондадињии аќидаю принсипњои сиёсию њуќуќї бо маќсади таъсир расонидан ба шуур ва
рафтори шахс ба манфиати ќонуният ва тартиботи њуќуќї мебошад. Омӯзиши ин усулњоро одатан
мутахассисони махсус тайёркардашудаи пропагандаи тарбияи њуќуќї мегузаронанд.
Тарбияи њуќуќї, - ин раванди пањн кардани донишњои њуќуќї ба баланд шудани маданияти
умумии њуќуќї ва маърифатнокии ањолї хизмат мекунад. Маќсади асосии тарбияи њуќуќї њамчун усули
таблиғи њуќуќї тарбияи эњтиром ба ќонун ва ќонуният њамчун арзиши инсонї дар байни ањолии васеи
мамлакат мебошад.
3.
3
Шаклњо, воситањо ва усулњои тарбияи њуќуќї њамчун механизми ташкилию методї амал
мекунанд, ки тавассути он субъектњои тарбияи њуќуќї ба шуури љамъиятї ва шахсият таъсир расонида, ба
онњо дар дарки принсипњо ва меъёрњои њуќуќї мусоидат мекунанд.
Дар асоси ин, тарбияи њуќуќї бояд ба ташаккули шуури њуќуќии шањрвандони Љумњурии
Тољикистон чунин маљмӯи меъёрхо равона карда шавад, ки иборатанд аз:

донистани низоми муќаррароти асосии њуќуќї, дуруст дарк кардани мазмун ва ањамияти онњо;

эњтироми амиќи дохилї ба хукук, ќонунњо, ќонуният ва тартибот;

ќобилияти мустаќилона дар амал татбиќ намудани донишњои њуќуќї, њамоњанг кардани рафтори
њаррӯза ва муносибати шахсї ба воќеият ва фаъолиятхои амали бо донишњои њуќуќии гирифташуда;

ќатъиян мутобиќ кардани одату рафтор бо донишњои њуќуќии андўхташуда;

масуният (иммунитет) - и ќавию устувори маънавии њуќуќї нисбат ба содир намудани њама гуна
вайронкунии меъёрњои њуќуќї.
Ташаккули давлати њуќуќбунёд ва љомеаи шањрвандї бе иштироки оммавии шањрвандон дар ин
раванд, мавќеъи фаъолонаи онњо дар њифзи њуќуќњои худ ғайриимкон аст. Тағирот дар њаёти Љумњурии
Тољикистон, ки дар охири асри 20 ба амал омад, боиси як ќатор мушкилоти мураккаб гардид, ки ба љавонон
низ таъсир расониданд.
Ин проблемахо аз инњо: бўњрони системаи таълиму тарбия, вайрон шудани институтњои
анъанавии иљтимої ва механизмњои муттасилии иљтимоию фарњангї, табаќабандии иќтисодии љомеа бо
ташаккули ќисми зиёди сокинони аз љињати иљтимої камбизоат, ки ба рафтори зиддиљамъиятї ва љинояткорї
майл доштанд иборат буданд. Тамоюлњои манфии рушди иљтимої, ноустувории вазъи љомеа боиси афзудани
таѓйироти иљтимої, деформатсияи шуури њуќуќї, махсусан дар байни ноболиѓон ва љавонон гардид. Њамаи
ин раванди мутобиќшавии љавононро дар шароити њозира хеле душвор гардонда, љустуљўи шаклњои
оптималии худшиносии шахсиятро таќозо дорад.
Дар чунин шароит маориф, маърифат, пањн намудани донишхои њуќуќї, дар байни тамоми ањолии
мамлакат инкишоф додани эњтиром ба ќонуният ва волоияти ќонун ањамияти калон пайдо мекунад. Аз ин
рӯ, дар њалли масъалањои тарбияи њуќуќии шањрвандони кишварамон ташаккули шуури њуќуќии насли
наврас мавќеи муњимро ишғол мекунад. Аммо, агар он бо фаъолияти маќсаднок оид ба тарбияи њуќуќии
љавонон дастгирї наёбад, наќши объективии тарбиявии њуќуќ ба ќадри кофї самаранок буда наметавонад.
Вазифаи тарбияи њуќуќии љавонон азхудкунии принсипњои асосї ва самтњои меъёрњои њуќуќї,
ташаккули тамоюли дурусти њуќуќї, на танњо дониши асосњои ќонунгузорї, балки ташаккул додани
эњтироми амиќ нисбат ба ќонун, ки ба эътиќоди шахсї, зарурат ва одати риояи ќонун табдил меёбад, иборат
аст.
Дар замони мо чунин далелро ба назар нагирифтан номумкин аст, ки фаъолияти мехнатии
мустаќилонаи писарону духтарон аксар вакт дер огоз мешавад, зеро онњо баъди хатми мактаб, омузишгоххои
касбй-техникй, коллечхо, литсейхо, техникумхо, донишкадахои олй наметавонанд аз руи ихтисосашон љои
кор пайдо кунанд. Љавононе, ки дар корњои муњими љамъиятї иштирок намекунанд, њисси
масъулиятшиносиашон мисли одамони калонсолон инкишоф намеёбад. Фаъолияти онњоро ба меъёрхои
зиддиљамъиятї: бадмастї, нашъамандї, машѓулиятњои бењуда ва њар гуна шаклњои љинояткорї равона
кардан мумкин аст. Хусусиятњои мавќеъи иљтимоии љавонон дар хислатњо ва мушкилоти хоси психологии
онњо инъикос меёбанд. Љавонон орзу доранд, ки дар љомеа мавќеи худро пайдо кунанд.
Ќабули ин интихоб дар љомеаи муосир аксар ваќт хеле душвор буда, ба интихоби касб, тамоюли аз
љињати иљтимої ањамиятнок ва идеали ахлоќї низ дахл дорад. Проблемаи интихоб ногузир фикру
мулоњизањо, шубњањо ва дудилагиро ба вучуд меоварад, ки хоси давраи наврасї мебошад. Бесабаб нест, ки
мањз дар њамин синну сол масъалаи мазмуни њаёт махсусан тезу тунд ба миён гузошта мешавад. Љавонон
бо камоли майл роњеро мељӯянд, ки имкон дињад њам мављудияти худ ва њам дурнамои рушди љомеаро
дарк кунад. Мањз њамин њолатњоро њангоми ташаккули шуури љамъиятию њуќуќии насли наврас бояд ба
назар гирифт.
Љавонон дар муњити тантанаи шуури њуќуќии чамъиятї тарбия ёфта, мухимтарин принсипи
рафтори одамонро дар љамъият — коллективизм аз худ мекунанд. Аммо коллективизм ва рафоќат баъзан дар
назари љавонон чун маќсади худ ба назар мерасад ва «мустаќилият»-и таъкидшуда аз калонсолон бо таѓирот
дар рафтор ё аќида дар дохили худи гурўњњои љавонон, ки дар он принсипи мисли њама будан амал мекунад,
пайваст мешавад.
Њангоми ба амал баровардани тарбияи њуќуќї дар байни љавонон танњо таъсири тарбиятгар аз
берун кифоя нест. Фаъолият ва саъю кушиши эљодии худи љавононро њавасманд кардан лозим аст. Илми
иљтимоию психологї муќаррар кардааст, ки муваффаќияти таъсири беруна на танњо ба муносибати одам ба
ин таъсир, балки ба муносибати ў ба худ, ба фаъолияти худ низ вобаста аст. Аз ин ру, шарти муњимтарини
ташаккули эътиќоди њуќуќї фароњам овардани имконият барои љавонписарон ва духтарон бо ёрии
ташкилотњои љамъиятї, оилањо, муассисањои таълимї, донишкадањои олї, коллективњои истењсолї ва
умуман давлат барои кори аз дасташон меомадагиро дар фаъолияти амалї иљро кардан ва бошуурона иштирок
кардан аст. Фаъолияти серсоњаи љамъиятиву сиёсї воситаи бењтарини дар љавонон тарбия намудани њисси
масъулият ва ќарзи шањрвандї, муносибати бошуурона ба вазифаи худ, оштинопазирї нисбат ба
њуќуќвайронкунињо, њодисањои гуногуни зиддиљамъиятї ва кирдорхои љиноятї мебошад. Дар баробари ин,
4
раванди дарк кардан ва бањодињии манфиатњои љамъиятии љавонон, ки дар ќонун ифода шудааст, метавонад
хеле тӯлонї бошад. Гузашта аз ин, манфиатњо метавонанд нодуруст, нопурра, дар сатњњои гуногун амалї
карда шаванд. Манфиати комилан амалинашуда метавонад боиси гузоштани њадафи бардурӯғ, усулњои
бадхоњонаи расидан ба он ва њатто ба љинояту љинояткорї оварда расонад.
Аз ин рӯ, омили муњими идеологии тарбияи њуќуќии љавонон ба писарону духтарон бо истифода
аз мисоли мушаххас дар санадњои меъёрии њуќуќї ба њам пайвастани манфиатњои љамъиятї ва хусусї
фањмонидани он мебошад. Љавонон дар муносибатњои љамъиятии худ њар ќадар бештар манфиатњои
мањдуди шахсї, балки манфиатњои љамъият, талаботи меъёрњои њуќуќї ва ахлокиро ба роњбарї гиранд,
дараљаи шуури онњо њамон ќадар баланд мешавад, одатњо ташаккул меёбанд, эътиќод ба риояи талаботи
ахлоќ, ќонун, инчунин муносибати оштинопазирона нисбат ба дигар вайронкунандагони ќонун ташаккул
меёбад.
Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ва дигар ќонунњои љорї манфиатњои љавононро њамчун
як гурӯњи иљтимої ва њар як љавони алоњида инъикос мекунанд. Ќувваи таъсири амалияи татбиќи њуќуќ ба
шуури њуќуќии љавонон аз бисёр омилњо муайян карда мешавад: нуфузи маќомоти њифзи њуќуќ, вазъи
ќонун дар кишвар ва минтаќа, эътимоднокї, асоснокї ва одилонаи санадњои меъёрию њуќуќї, ќарорњо ва
ғайра меафзояд. Тарбияи њуќуќї кодир аст, ки љавононро ба рафтори дуруст, ба интихоби мавќеи њуќуќии
барои љамъият фоиданок, ташаккули сифатњои муайяни шуури њуќуќї равана кунад.
Дар тарбияи наврасон ва љавонон интихоби оќилонаи шакл, восита ва усулњои таълим ањамияти
њалкунанда дорад, ки ин мураккабии худи илми педагогикаро мефањмонад. Системаи шаклу воситањоеро,
ки дар шароити њозира барои ба роњ мондани кори васеъ оид ба тарбияи њуќуќии љавонон татбиќ кардан
мумкин аст, бояд вобаста ба хусусиятњои синну соли хонандагон, вазъият ва муњити тањсил ё фаъолияти
наврасон муайян карда шавад.
Њамин тариќ, тарбияи њуќуќии љавонон як фаъолияти мураккаб ва гуногунљанба буда, дар якчанд
шакл зоњир мешавад, ки дар байни онњо:

тарѓиби ќонун аз тарафи воситањои ахбори оммавї: рўзномаву маљаллањо, радио, телевизион ва ѓайра.
Таблиғи њуќуќї дар воситањои ахбори омма яке аз воситањои муассири ташаккули шуури њуќуќии
љавонон мебошад. Дар баробари ин мазмуни он бояд чи ба талаботи љамъият дар самти васеи сиёсї ва
њуќуќии шахсони алохида, гуруњњои ичтимої ва њам ба дархост, эњтиёљот ва манфиатхњои
шањрвандон комилан мувофик бошад. Барои самаранок ба роњ мондани таблиғи њуќуќї донистани он,
ки дар шуури њуќуќии гурӯњњои љавонон кадом њадафњо аз истинод ба иттилооти њуќуќї бартарї
доранд, хеле муњим аст. Ин барои он зарур аст, ки пеш аз њама, дар ноил шудан ба онњо сањм гузоранд;
дуюм, агар ин маќсадњо дар гурўњњои алоњида мањдуд ва ё таъриф карда шаванд, худи мазмуни
тарѓибот ва гуногунии шаклњои он барои дар шуури хонанда, шунаванда, тамошобин васеъ шудани
онњо ёрї мерасонад.

нашри адабиёт оид ба масъалањои њуќуќї: китобчањо, шарњу тавзењти ќонунњо, таљрибаи њуќуќї ва
ғайра;

ташвиќоти шифоњии њуќуќї — лексияњо, сўњбатњо, машваратњо, шабњои саволу љавоб ва ѓайра. Дар
чунин вазъият фарогирии шунавандагон камтар бошад њам, вале имкониятњои бевосита бо
шунавандагон алоќа барќарор кардан, ба саволи мароќовар фавран љавоб гирифтан, мубодилаи афкор
ва ба мубоњиса дохил шудан мављуданд;

тарбияи њуќуќии шањрвандон — омузиши ќонунгузорї дар мактабњои маълумоти умумї, техникумњо
ва мактабњои олї ва ѓайра. Хусусиятњои мусбии ин шакл доимии шунавандагон, мављудияти
барномањо, семинарњо, имтињонњо, муттањид кардани як системаи ягонаи ба њам алоќаманди дониш;

тањсилоти касбии њуќуќї, ки мутахассисони соњаи њуќуќро тайёр мекунад (мактабњои њуќуќї,
факултетњо, курсњои махсуси такмили ихтисос ва ѓайра);

маълумоти њуќуќии аёнї: аксњои љинояткорон, рӯзномањои деворї, вараќањои љангї ва ғ.;

таъсири амалияи њуќуќї - фаъолияти ќонунгузории давлат, Суди конститутсионии Љумњурии
Тољикистон, кори судњо ва дигар маќомоти њифзи њуќуќ;

таъсири асарњои адабиёт ва санъат, ки ба проблемањои њуќуќии фильмхо, спектаклњои театрї, роману
повестњои нависандагони ватаниву хоричї бахшида шудаанд.
Тарбияи њуќуќї аз хурдсолї оғоз меёбад. Мактаб ва дигар муассисањои таълимї бояд таљрибаи
аввалини иштироки љавонон дар њаёти љамъиятї гарданд, тарбиягирандагони худро маќсаднок ба низоми
муносибатњои љамъиятї љалб намуда, дар онњо њисси шањрвандї, зарурати доштани мавќеи худро дар
зиндагї, ќобилият ва хоњиши баён кардани он, ѓамхорї на танхо дар бораи бењбудии худ, балки дар бораи
гул-гулшукуфии Ватан тарѓиб карда шавад.
Давраи кӯдакї чунин давраи ташаккули инсон аст, ки дар ин даврв дар аќлу равони кўдак пояи
мављудияти оќилонаи иљтимої гузошта шуда, хислатњои характер нишон дода ва инкишоф ёфта, фањмиши
шавќ зоњир мегардад, ирода ва саъю кӯшиш, писанд ва нописандї ташаккул меёбад. Дар мактаби ибтидої
кӯдак на танњо асосњои аќидањои илмї дар бораи олами атрофро ташаккул медињад, балки дар зењн аввалин
зуњуроти шањрвандї ба вуљуд меояд, категорияњои психологии вазифа, ӯњдадорї ва дарки њуќуќи шахс ба
манфиатњои муайян ташаккул меёбанд. Аз ин рӯ, дар нињоди ӯ тухми некї кошта, ӯро дар мафњумњои
5
наљиби номус ва виљдон, ахлоќу адолат, некиву инсондӯстї тарбия кардан лозим аст. Бе ин, њатто маълумоти
олї, ки баъдан мегирад, арзише надорад. Дар баробари ин, одам дар айёми кўдакї ба таъсири омилњои манфї
хеле осебпазир буда, ба даѓалї ва берањмї зуд осебпазир мешавад, таассуротпазирии баланд ва надоштани
таљрибаи зиндагї дар ў иттињодияњои нодурустро њангоми дарки шуур падидањои гуногун пайдо мекунанд.
Тамоми маљмўи шаклњои тарбия дар бачањо эњтиром ва мењру муњаббатро нисбат ба сохти сиёсї,
ба ќоидањои рафтори одамон ва тартиботи муносибатњои онњо, ба сарвати љамъиятї, руњи баробарњуќуќї,
бепарвої, оштинопазирї нисбат ба бадињо тарбия мекунад. Маљмўи тарбия метавонад аз:

вазъиятњои бозї бо унсурњои донишњои њуќуќї, корњои амалие, ки барои шиносої бо фаъолияти
маќомоти њифзи њуќуќ ва судї, маќомоти њифзи иљтимої нигаронида шудаанд;

бозихо, сўњбатњои профилактикї дар мавзуъхњои њуќуќи кудакон, тањлили вазъиятњои проблемавие,
ки кўдакон метавонанд ба онњо дучор шаванд, якчоя тартиб додани коидањои рафтор дар мактаб ва
ѓайра иборат бошанд.
Дар мактаб бо маќсади баланд бардоштани маданияти њуќуќии хонандагон, њуќуќњои шахсияти
кудак дар мактаб дарсњои анъанавии њуќуќї, викторинањо, вохўрињо бо намояндагони маќомоти њифзи
њуќуќ ташкил кардан мумкин аст. Арбитражњои бачагон, консултатсияњои њуќуќї, бозињои дорої мазмуни
њуќуќї, шаклњои фаъолонаи пропагандаи донишњои њуќуќї — хамаи ин шаклхои реалии баланд бардоштани
маданияти њуќуќии бачахо мебошанд.
Наврасон афроди хеле мураккабе њастанд, ки психологияи нимкӯдак - нимкалонсол, таассуротро
бо шавќу њавас фаро мегиранд, њама чизро дар зењни худ ислоњ мекунанд, ба одамони калонсол таќлид
мекунанд њамзамон аз хатоњои љиддї дур нестанд. Аммо онњо аллакай таљрибаи муайяни њаётї, нуќтаи
назар ва бањодињиро нисбат ба њодисаю воќеањои гирду атроф равшан нишон медињанд, камолоти муайяни
сиёсию шањрвандї, фањмидани вазифањои љамъиятии худро нишон медињанд. Онњо ба зуњуроти
зиддиятњои иљтимої, ба њодисахое, ки ба ташаккули аќидаю эътиќодњои њаќиќї ва мустањками њуќуќї халал
мерасонанд, низ њассосанд. Мањз дар њамин синну сол дар љавонон љањонбинї ташаккул ёфта, нисбат ба
нињодњои давлатї ва њуќуќї муносибати мусбат ё манфї ташаккул меёбад. Аз ин рӯ, кор бо љавонони мактаб
барои баланд бардоштани сатњи шуури њуќуќию сиёсї ва фарњанги њуќуќии онњо хеле муњим аст.
Тарбияи њуќуќї пеш аз њама аз ташаккул додани онњо дар асоси мафкураи њуќуќї, дарки дурусти
моњият ва вазифањои ташкили сиёсию њуќуќии љомеа, тарбияи эњтиром ба ќонун, ки манфиатњои
љамъиятро њимоя мекунад, зарурати риояи ќоидахои рафтори дар љамъият амалкунанда ва аз тарафи давлат
њифзшаванда дар онњо ташаккул меёбанд.
Дар хотима мехоњам ќайд намоям, ки саводнокии пасти њуќуќии ањолии љавони мамлакат боиси
афзоиши ташаннуљи иљтимої мегардад, ки дар муноќишањои шадиди сиёсї ва иљтимої зоњир мегардад.
Њамин тариќ, тарбия ва таълими њуќуќии љавонон роњи навсозии Љумњўрии Тољикистон хоњад буд.
Тарбияи њуќуќї фаъолияти маќсаднок оид ба интиќоли дастовардњо (арзишњо) дар соњаи њуќуќ аз
насл ба насл мебошад. Ба ин арзишњо идеалњои њуќуќї, ќонунгузории љорї ва таљрибаи њуќуќї,
механизмњои њалли низоъњо ва роњњои њифзи њуќуќу озодињо дохил мешаванд.
Тарбияи њуќуќї барои ташаккули сатњи баланди шуури њуќуќї ва фарњанги њуќуќии тамоми
љомеа дар байни шањрвандон даъват карда мешавад.
Ин маљмӯаи тадбирњоест, ки ба шуури шахс љорї намудани арзишњои демократии њуќуќї ва
ахлоќї, принсипњои њуќуќ, эътиќоди ќавї ба зарурият ва адолати меъёрњо нигаронида шудааст.
Тарбияи њуќуќї бо таълими њуќуќї зич алоќаманд аст, дурусттараш, тарбияи њуќуќї асоси он
мебошад.
1.
2.
3.
4.
5.
6.
7.
8.
9.
10.
Рӯйхати адабиёти истифодашуда
Азимов Ш. Государство и право Саманидов / Ш. Азимов. – Д.: Ирфон, 1999. — 168 с.
Бӯриев И. Б., Давлатов Ф. Ш., Расулов Ф. М. Методикаи таълими ҳуқуқ (Китоби дарсӣ барои мактабҳои
олии Тоҷикистон) / Таҳти назари академик, д.и.ҳ., проф. Ф. Т. Тоҳиров ва д.и.ҳ. Бӯриев И. Б.
Кваша А.А. Правовые установки граждан: Дис... канд. юрид. наук: 12.00.01/ А.А.Кваша -Волгоград. –
2002. – с.18.
Конститутсияи Љумњурии Тољикистон. Душанбе, 2014.
Назарова О.Ю. Теория и методика обучения праву: Методические рекомендации для студентов / ТГПУ,
2003. - 52 с.
Ойев Х., Сафаров Б. А. Механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. –
Д., 2013. – 256 с.
Раҷабов С., Ҳасанов С. Назарияи давлат ва ҳуқуқ. Д., Маориф, 1989. ‒ 284 с.
Сотиволдиев Р. Ш. Проблемаҳои назарияи давлат ва ҳуқуқ. Китоби дарсӣ. Ҷилди 2. – Д., 2010. ‒ 654 с.
Сотиволдиев Р. Ш., Шонасрудинов Н., Шарипов Т. Ш., Ғаюров Ш. Н. ва диг. Ҳуқуқ. Китоби дарсӣ
барои донишгоҳҳо ва донишкадаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 2011. – 418 с.
Тоҳиров Ф. Т. Инкишофи ҳуқуқ дар Тоҷикистон. Д.: 1994. – 125 с.
6
Download