Uploaded by shahtut

Мақола оид ба Педагогика

advertisement
Ҳалли мушкилоти кудакони имконияташон
маҳдуд дар замимаи таҷрибаи
пешқадами замон.
Истилоҳи ”Кудакони имконияти маҳдуд” дар замони њозира шаклњои нави
таваљљуњро талаб менамояд ва ҳаргиз маънои онро надорад, ки онҳо “проблемавӣ”
(душвортаълиму душвортарбия) мебошанд. Пештар масъаларо дар худи кудаки имконияти
маҳдуд медиданд. Вазифаи ҷомеаро дар он медиданд, ки ин мушкилии онҳоро то қадри
имкон ҳал кунанд - табобат кунанд, аз ҷиҳати иҷтимоӣ дастгирї кунанд бо таҳсилоти
мувофиқ таъмин кунанд, малакаҳои мувофиқро ташаккул диҳанд.
Дар замони муосир мо бо ин масъала ба тарзи дигар менигарем, андешаи ғолиб он
аст, ки проблема на дар худи кӯдак, балки дар ҷомеа аст. Агар шахс мустақилона роҳ гашта
натавонанд гуноҳи ӯ нест, гуноҳи мост, ки барояш муҳити солимро натавонистем муҳаё
кунем то ки бемонеа ҳаракат карда карда тавонад. Дар “Конвентсия оид ба њуќуќи
маъюбон”, ки аз Созмони Миллали Муттањид ќабул гардидааст, гуфта мешавад, ки: a) бо
дарназардошти он, ки мутобиқи принсипњои дар Оинномаи Созмони Милали Муттањид
эълонгардида эътирофи шарафи хос, њуќуќњои баробар ва ҷудонопазири њамаи аъзои
љомеа асоси таъмини озодї, адолат ва сулњ дар рўи замин мебошад, b) бо эътирофи он, ки
Созмони Миллали Муттањид дар Эъломияи умумии њуќуќи башар ва дар Паймонњои
байналмилалї доир ба њуќуќи башар эълон намуд, ки њар як инсон бояд бидуни тафовуте
тамоми њуќуќњо ва озодињои дар онњо зикргардидаро дошта бошад, с) бо тасдиќи
умумият, људонопазирї, вобастагии тарафайни ва бо њам робита доштани њамаи њуќуќњои
инсон ва озодињои асосї, инчунин зарурати ба маъюбон кафолат додани истифодаи пурраи
онњо бидуни табъиз, d) бо такя ба Паймони байналмилалї доир ба њуќуќи иќтисодї,
иљтимої ва фарњангї, Паймони байналмилалї доир ба њуќуќи фитрї ва сиёсї ва ҳуқуқи
шахсони имконияташон маҳдудро ба таҳсилот эътироф мекунанд”. [4, саҳ.2].
Дар айни замон онҳо барои ба даст овардани ҳадафҳои зерин саъй мекунанд:
таъмини рушди комили нерӯи инсонӣ, рушди шахсият, мутобиқшавии оқилона, ташкили
кӯмакҳои инфиродӣ чораҳо андеша шаванд. Ба омузиши забони имову ишора ва
ҳавасмандии
махсусияти забони ношунавоён
мусоидат мекунанд. Зимни суханони
корманди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Соҳима Муҳаббатова, айни ҳол, дар
Тоҷикистон зиёда аз 19 ҳазор кӯдакони имконияташон маҳдуд дар синни 16 ва аз он хурд
ба қайд гирифта шудаанд. Дигар сарчашма бошад, нишондодҳои зеринро меорад: 31 ҳазор
кӯдакони маъюб, шумораи умумии маъюбон дар кишвар бошад, 135 ҳазор нафарро ташкил
медиҳад. [6, саҳ.2].
Мувофиқи қонунгузории махсуси Тоҷикистон, Вазоратҳои маориф, тандурустӣ ва
меҳнат, ҳамчунин ҳифзи иҷтимоӣ ӯҳдадор ҳастанд, ки барои кӯдакони маъюб имконияти
таҳсил карданро дар мактабҳои оддӣ, махсус ё дар хона имконпазир гардонанд. Комиссияи
миллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон назорати иловагиро барои иҷроиши ин қонун
таъмин
менамояд.
Яке аз асосгузорони алифбо барои нобиноён Луи Брайл зодаи шањраки Кувре дар
Франсия буд. У баъди нобино шудан тадќиќоташро барои сохтани алифбо барои нобиноён
сар мекунад. Методи асосї дар он буд, ки у 6 нуќтаи асосиро бо назардошти алифбои
франсавї интихоб намуда ки њар нуќта сифр ва нуќтаи хотираи худро дошт. Соли 1829
году Луи Брайль китобчаеро интишор намуд, ки дар он оиди методњои худ маълумот дод.
. [1, саҳ.42].
Љумњурии Тољикистон низ яке аз аъзоёни конвенсия њисоб шуда бањри ба амал
баровардани он кушишњо карда истодааст, гарчанде ки њоло ба таври кофї нест. Раиси
Иттиҳоди миллии маъюбони Тољикистон Эсонбой Воҳидов мегуяд, ки дар кишварҳои
дилхоҳ
ҳар
як
даҳум
одам
ин
ё
он
маъюбиро
дорад.
«Агар ба назар гирем, ки дар ҷумҳурии мо зиёда аз 7 миллион одам зиндагӣ мекунад,
тақрибан
700
ҳазори
онҳо
маъюб
ҳастанд»,
-
мегӯяд
ӯ.
[6, саҳ.2].
Ҷамол Худододов, раиси Фонди кӯдаконаи «Эҳё» мегӯяд, ки сабаби маълумоти аниқ
надоштани омори расмӣ оид ба шумораи маъюбон дар он аст, ки ӯ ба нишондодҳои расмии
шахсоне,
ки
аз
рӯи
маъюбӣ
кӯмакпулӣ
мегиранд,
такя
менамояд.
Масалан, дар Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ (ВМБК) ҳамчун маъюб 850 нафар
кӯдак ба ҳисоб меравад, вале дар асл, маънидод мекунад Худододов, «шумораи онҳо чандин
бор зиёд мебошад, зеро аксари маъюбон аз минтақаҳои дурдаст шаҳодатномаи таваллуд
надоранд ва бинобар ин, дар мақомоти омор ба ҳисоб гирифта нашудаанд». [6, саҳ.3].
Нишондодҳои оморӣ оид ба маъюбоне, ки маълумот гирифта наметавонанд, вуҷуд
надоранд, гарчанде мансабдоре аз сектори таълимии вилояти Суғд ба IWPR моҳи май изҳор
намуда буд, ки новобаста аз шумораи умумии кӯдакони маъюб дар минтақа – 5 ҳазор нафар,
дар мактаб ва боғчаҳои махсусгардонидашуда зиёда аз 400 нафар кӯдак таҳсил доранд.
Системаи махсусгардонидашудаи таълим дар худ ҳам мактабҳои оддӣ ва ҳам
мактаб-интернатҳоро дарбар мегирад. Аз рӯи қонун, волидони кӯдаконе, ки дар хона
таълим меёбанд, барои гирифтани имтиёзҳо ва таъминоти моддӣ, ҳамчунин ба дастгирии
муассисаҳои маҳаллии таълимию тарбиявӣ ҳуқуқ доранд, мегӯяд Муҳаббатова.
Волидон ва фаъолон оид ба ҳуқуқҳои шахсони имконияташон маҳдуд мегӯянд, ки дар амал
дастурҳои қонун ё ба дараҷаи кофӣ иҷро намешаванд, ё ин ки тамоман иҷро намешаванд.
саҳ.3].
[6,
Аз рӯи тадқиқоти гузаронидаи Ҷамол Худододов ва фонди ӯ «Эҳё», ҳамчунин маркази
«Нур», дар ин қисми кишвар кӯдакони имконияташон маҳдуд танҳо дар мактабҳои оддӣ
таҳсил карда метавонанд. [6, саҳ.3].
Дар вазъи кунунї аз тарафи баъзе шахсони
саховатпеша, ташкилотњои хусусї, Донишгоњњо, донишкадањо ба ин масъала диќќати
зиёдтар дода мешавад. Ҳамзамон боз як муасиссаи махсуси филали ташкилоти ҷамъияти
“Дилҳои кушода” дар шаҳри Хоруғ бо сарварии Алимшоева М. кушода шуд , ки барои
донишҷуён боз ҳам барои бештар аз худ намудани кудакони имконияти маҳдуд маълумоти
донишҳои амалӣ – назариявӣ бештар пайдо намоянд. [5, саҳ.3].
Донишҷуёни донишгоҳи шаҳри Хоруғ шуъбаҳои дефектология, логопедия,
сурдопедагогика, олигофренопедагогика ҳама вақт бо маркази “НУР”, “Савоб” сару кор
доранд. Дар моҳи декабр бо иштироки донишҷуёни ин шуъбаҳо барои кудакони
имконияти маҳдуд дар меҳмонхонаи “Серена” соли навро бо дастгирии мудири
ассосиатсияи “Савоб” Нафасшоева Л. гузарониданд.
Волидайни ин фарзандон бисёр хушҳол буданд, ки ҷомеаи имрӯза ба мушкилоти
онҳо дасти ёриро дароз мекунад. Хурсандии кӯдакони дар баромади саҳначаҳо, афсонагӯї,
шеър,
матн, либосҳои идонаи Соли Навӣ ,мусиқи
ва рақс
як дунёи нави
фаромушнашударо мегузошт. Дар баробари ин кӯдакон пайваста рақсу бозї мекарданд.
Шодии кудакону наврасонро дар ин рӯз ҳадду канор набуд. Зеро ин навбат 20 нафар
кудакони имконияташон маҳдуд
соҳиби тӯҳфаҳои мухталифи солинавї, ҳар гуна
шириниҳо, ашёи хониш ва суҳбатҳои озоду самимї гардидаанд.
[3, саҳ.3].
Ҳамкорӣ дар таълиму тарбияи фарзанд падару модар, ки аввалин омӯзгорони
кӯдак буда, дар зиндагии ӯ нақши муҳим мебозанд.
Мо дар замони муосир зиндагӣ мекунем ва бояд диққати махсусро бо хусусиятҳои хоси
фардӣ талаботҳои кӯдак дода шуда пуртоқат ва барои кор бо кӯдакони иконияти маҳдуд
шавқу ҳавасҳоро дар онҳо бедор намоем.
Боиси ифтихору шарафмандист, ки вожаи омӯзгорро аҳли ҷомеа, хурду калон бо меҳру
эътиқод ва самимияти бепоён ба забон меоранд. Адибу нависандаи машҳури рус М
Горкий дар бораи хислати омӯзгор чунин нигоштааст:. “Омӯзгори бовиҷдон бояд тамоми
умр хонанда бошад, тамоми умр биомӯзад”. [2, саҳ.3].
Падару модарон омӯзгорони аввалини кӯдак буда, дар ҳаёти ӯ нақши муҳим
мебозанд. Барои боз ҳам баланд бардоштани нақши волидайн дар таълиму тарбияи
кӯдакони имконияти маҳдуд дошта ва рушди
ҳаматарафаи кӯдакон дар Ҷумҳурии
Тоҷикистон Қонун” Дар бораи маъсулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”
қабул карда шуд. [7, саҳ.3].
Барои татбиқи яке аз бобҳои муҳими қонуни мазкур-ҳамкории падару
модар ва
муассисаҳои томактабӣ маркази инкишофи кӯдакон фаъолиятҳои рузҳои падару модари
кудакони имконияти маҳдудият дошта, тавассути вохуриҳои алоҳида бо ҳар як падару
модар ба роҳ мондааст. Дар баробари ҳал шудани чунин супоришҳо, волидон ва омӯзгорон
имконият пайдо мекунанд, ки бо фарзандони худ ҳамкорӣ намуда аз лаёқат маҳорат ва
малакаҳои кудаконашон бархурдор гарданд.
Инкишофи кӯдак раванди ба вуҷуд омадани тағйироти миқдории( афзудани вазн,
ёзидони қад, такмил ёфтани ҳаракатҳо) ва сифат (ба вуҷуд омадани дигаргуниҳои ақлию
зеҳнї, иродавӣ, ахлоқӣ иҷтимоӣ, ҳиссӣ) буда, он натиҷаи таъсири омилҳои табии биологӣ
ва иҷтимоӣ мебошад.
Дар шароити ҳозира зарурияти муоина ва ташхиси сатҳи инкишофи кӯдакон ба миён
омадааст. Мақсади он аниқ намудан, баҳо додан ба натиҷаи корҳои таълиму тарбиявӣ
муайян
кардани пешравӣ ва идораи раванди инкишофи шахсияти кудак аст. Яке аз
асосгузорони педагоги бузурги рус К.Д Ушинский тавсия намуда буд; “Агар педагогика
инсонро аз ҳар ҷиҳат тарбия кардан хоҳад, он бояд ӯро аз ҳар ҷиҳат донад”. [9, саҳ.13].
Муоинаи педагогї-психологӣ раванди махсус ташкил карда шуда аз тарафи калонсолон
(волидайн, мураббӣ, духтури бачаҳо, дефектолог, логопед, равоншинос) аст, ки барои
муайян намудани идрок, тафаккур, нутқ ва дигар хусусиятҳои фардӣ - равонии кӯдакон
равона карда мешаванд. “Вазифаи муҳими
омӯзгор - логопед ва дефектология ин тайёр
намудани насли наврас ба таҳсил, касбомузӣ, фаъолият ва зиндагї кардан дар асри пур аз
дигаргуниҳои иҷтимоию фарҳангӣ, техникиву сиёсӣ мебошад”. [8, саҳ.2].
Кӯмаки падару модарон, махсусан дар татбиқи таҳсилоти фарогир хеле муҳим аст.
Пеш аз ҳама дар дастгирии маънавӣ ва психологӣ. Воқеан, робитаи падару модар ва
омӯзгор бояд мутақобила бошад. Кудакони имкониятҳояш маҳдуд, ки ба муошират танҳо
бо одамони наздики худ одат кардаанд, дар рузҳои аввал шахсони дигар ва муаллимонро бо
мушкилї қабул мекунанд. Ҳамаи мо ба хотири ояндаи дурахшони фарзандони мо, то ки
ҳамаи тифлакони хурду бегуноҳи имрӯза, ки ба мо умеду бовар доранд, фардо фақат ба мо
ташаккур гӯянд. Худо кунад, ки онҳо фардо зиндагии худро бо зиндагии ҳамсолони худ
муқоиса карда гуянд: “Мо ҳам мисли дигарон хушбахтем”
Адабиётњо:
1. Брайл Луи. https://www.pravmir.ru/lui-brajl-osleplyayushhee-velikolepie-nadezhdy/
2. Горкий М. «Мои университеты» М., 1923 г.
3. Гулбекова Гулру. Роҳҳои тарбияи кудакони имконияташон маҳдуд . “Омӯзгор” 5
август 2021
4. Конве́нция о права́х инвали́дов — конвенция, принятая Генеральной Ассамблеей
ООН 13 декабря 2006 года и вступившая в силу 3 мая 2008 года (на тридцатый день
после
присоединения
или
ратификации
двадцатью
государствами).
https://ru.wikipedia.org/wiki
5. Мирзосаидов Ҳ. Шароити иҷтимоии маъюбон беҳтар мегардад. “Бадахшон” 11
феврали 2021
6. Омӯзиши кӯдакони маъюб дар Тоҷикистон, “Омӯзгор” 30 сентябр 20 2009
7. Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму
тарбияи фарзанд». ш. Душанбе, 2 августи соли 2011, № 762
8. Қурбонова Парвина Ҷаҳониён ситоиши омӯзгор мекунанд. “Омӯзгор” 30 сентябр
2021
9. Ушинский К.Д. «Родное слово», М., 1865, https://megalektsii.ru/s17875t7.html
Аннотатсия
Дар мақола дар бораи шахсиятҳои имконияташон маҳдуд, тарзи усули кори педагогї
бо онњо ва дастгири онҳо аз тарафи ташкилотҳои ҷамъиятӣ, сохторҳои мақомоту иҷрояи
ҳокимияти давлатї, фаъолияти пурсамар аз тарафи омӯзгорон, донишҷуёни шуъбаҳои
логопедия ва дефектологияи донишгоҳи Хоруғ сухан меравад.
Калидовожаҳо: маъюб, тадбирҳои зарурӣ, имконияташон маҳдуд, фарогир, муошират,
ислоҳкунӣ.
Anontion
Thiz artile is about the disabld peope and their suppovtevs. Diffevent social organizations,
governmental sections employees of GBAO(Gorno Badakhshan Autonomous Region), teachers
and students of logopedics and defectology department of Khovog State Vniversity, and
voluteers are paying a lot of attention to meke the disabled peoplez life bettep. Als, there
were debates
and disussions about the social condition of disabled people.
Дастамбуева Парвина – омузгори кафедраи педагогика ва равоншиносии Донишгоњи
Давлатии ш. Хоруѓ.
Кучаи Ш.Шоќарѓизов, 736000 Хоруѓ, ВМКБ, Љумњурии Тољикистон
Teл.: (+992) 93 433 40 66 (м.);
Хоников Шахтут Мавлоназарович, - омузгори кафедраи педагогика ва равоншиносии
Донишгоњи Давлатии ш. Хоруѓ, -номзади илмњои педагогї
Кучаи Ш.Шоќарѓизов , 736000 Хоруѓ, ВМКБ,Љумњурии Тољикистон
Teл.: (+992) 93 106 68 41 (м.); shahtut@mail.ru
Download