Загрузил ruziev_7474

Нанотехнология

Реклама
НАНОТЕХНОЛОГИЯ
ВА
ДУРНАМОНИ ОН
НАНОХИМИЯ ИЛМИ ХЕЛЕ ҶАВОН БУДА, АЙНИ
ЗАМОН ЯГОН ИСТИЛОҲОТ ВА ЯГОН ТАСНИФОТ
БАРОИ ОМӮЗИШ НАДОРАД. БА АНДОЗАЕ ГУФТАН
МУМКИН АСТ, КИ НАНОХИМИЯ ҲОСИЛКУНӢ ВА
ХОСИЯТҲОИ
НАНОСИСТЕМАҲОИ
ГУНОГУНРО
МЕОМӮЗАД. ТАҲТИ КАЛИМАИ НАНОСИСТЕМА
ЗАРРАҲОИ ТО АНДОЗАИ 100 НМ ФАҲМИДА
МЕШАВАД.
ХУДИ
НАНОЗАРРАҲО
СИСТЕМАЕ
МЕБОШАНД, КИ АЗ ЗАРРАҲОИ МАЙДАТАРИН –
КЛАСТЕРҲО
ТАШКИЛ
ЁФТААНД.
АНДОЗАИ
КЛАСТЕРҲО АЗ 10 НМ ЗИЁД НАМЕШАВАД.
Таъсисоти нанокимиёвӣ
Ҳолати фазавӣ
Қутр, нм
Воҳиди
атомӣ
0,1-0,3
Миқдори атомҳо 1-10
Кластерҳо
Нанозарраҳо
Моддаи
компактӣ
0,3-10
10-100
аз 100 зиёд
10-106
106-109
аз 109 зиёд
Зарраҳо аз атомҳои газҳои коҳилӣ (инертӣ)
Чунин зарраҳо яке аз наноотаъсисоти одӣ ба ҳисоб мераванд.
Атомҳои газҳои инертӣ аз ҳисоби қабатҳои электронии пурраи худ
байни якдигар тавассути қувваҳои Ван-дер-Ваалси таъсири суст
доранд.
Нерӯи робитаҳо (бандҳо), яъне нерӯе, ки барои аз ин гуна
нанозарра кандани атомҳои алоҳида сарф мешавад, хеле кам аст.
Барои ҳамин онҳо то ҳароратҳои 10-100 К вуҷуд дошта метавонанд.
ЗАРРАҲОИ ФИЛИЗОТ (МЕТАЛЛҲО)
НАНОЗАРРАҲОИ ФИЛИЗОТ ҚОБИЛИЯТИ
ТАОМУЛИИ ХЕЛЕ ХУБ ДОШТА, БА СИФАТИ
КАТАЛИЗАТОР ВАСЕЪ ИСТИФОДА БУРДА
МЕШАВАД. НАНОЗАРРАҲОИ ФИЛИЗОТ СОХТИ
ОКТАЭДРӢ, ТЕТРАЭДРӢ, ИКОСАЭДРӢ ВА
ТЕТРАДЕКАЭДРӢ ДОРАНД.
Фуллерен
Фуллерен ба худ сохти бисёррӯяи
ковокро (дарунхолиро)
дорад, ки аз
атомҳои карбон таркиб ёфта, онҳо байни
худ бо робитаҳои ковалентӣ пайваст
шудаанд. Фуллерен намуди табиии карбон
буда,нисбат ба графит ва алмос баъдтар
кашф шудааст.
Фуллеренро барои ҳосил кардани равғанҳои нави молиданӣ ва рӯйпӯшкунии
зиддифраксионӣ, сӯзишвориҳои намуди нав, пайвастаҳои алмосмонанд, ки
мустаҳкамиашон зиёд аст, инчунин барои сохтани асбобҳои санҷанда (датчик)
ва барои тайёр кардани рангкунандаҳо истифода мебаранд.
Нанолӯлаҳо (нанотрубкаҳо)
Нанолӯлаҳo молекулаҳои
мураккаби дарунхолӣ (ковок) буда,
дорои зиёда аз 1000000 (1 Млн)
атомҳои карбон мебошанд.
Нанотрубкаҳо устувор буда, ҳангоми таъсири қувваҳои механикӣ «намедаранд»
ва «намешиканад». Аз ҳамин сабаб нанотрубкаҳоро барои тайёр кардани маводи
нави электроникӣ ва микроскопҳои мушоҳидакунанда васеъ истифода мебаранд.
Инчунин, аз нанотрубкаҳо манбаи нави нерӯ «ячейкаи сӯзишворӣ» сохтан
мумкин аст, ки онҳо нисбат ба батареяҳои одӣ хеле хуб кор мекунанд.
Ячейкаҳои сӯзишвории дар асоси нанотрубкаҳо сохташуда бо спирти
метил пур карда мешаванд, ки ҳангоми таомул аз он оксиген ва ҳидроген
канда мешавад. Дар натиҷа гармӣ ва ҷараёни электрики ҳосил мешавад.
Самаранокии
ин
раванд
аз
андозаи
катализатор
вобаста
аст
ва
нанозарраҳои платина, ки дар нанотрубка гузошта шудааанд, ҳамчун
катализатор
хизмат
Соли 2005 ширкати
NECмекунанд.
ноутбукҳое сохта буд, ки онҳо бо
ячейкаҳои сӯзишвории дарунсохт (встроенный) муҷаҳҳаз
гардонида шуда буданд. Вақти кории ин ноутбукҳо ҳамагӣ 5
соатро ташкил медод. Баъд соли 2006 мутахассисони ин
ширкат вақти кори ин ноутбукҳоро то 40 соат дароз карданд.
Дар замони ҳозира истеҳсоли чунин ячейкаҳои сӯзишвориро
якчанд ширкатҳо ба монанди Motorola, Casio, Sony, Hitachi ва
Samsung ба ӯҳда доранд.
Нанотрубкаҳо барои ҷамъ кардан ва
Таъсисоти асосии таҳқиқотҳои нанокимиёвӣ
нигох
доштани
ҳидроген
имконият
медиҳанд, ки он дар ояндаи наздик ба
сифати сӯзишвории аз ҷиҳати экологӣ тоза
ба
инсоният
барои
хидмат
ҳосил
(электроэнергия)
мерасонад.
кардани
дар
нерӯи
Нанозарраҳо
Фуллеренҳо
Кристалҳо, маҳлулҳо
Нанотрубкаҳо
Агрегатҳо, маҳлулҳо
Молекулаҳои
Маҳлулҳо, кристалҳо
Онҳо
сафеда
барқ
Молекулаҳои
муҳаррики
Наносистемаҳо
Хокистарҳо, гелҳо
полимер
Нанокристалҳои
Аэрозолҳо,
автомобилҳо дар ячейкаҳои сӯзишворӣ
ғайриузвӣ
коллоидӣ
имконияти
Митселаҳо
Маҳлулҳои коллоидӣ
Наноблокҳо
Ҷисмҳои сахт
гузариши
таомули
байни
ҳидроген ва оксигенро мухайё месозанд.
Дар ин вақт гази аз дохили муҳаррик
хориҷшаванда танҳо буғҳои об мебошад,
Пардаи
Ленгмюр- Ҷисмҳои
маҳлулҳои
бо
парда
Блочет
рӯйпушкардашуда
Кластерҳо дар газ
Аэрозол
Нанозарраҳои
Наворҳои наноструктурӣ
Усулҳои ҳосил кардани нанозарраҳо
Усулҳои гуногуни ҳосил кардани нанозарраҳо мавҷуд аст. Бо ин усулҳо
андоза, намуд ва сохти нанозарраҳоро муайян кардан мумкин мебошад.
Имкони дар алоҳидагӣ овардани ҳар якеи ин усулҳо номумкин аст.
Ҳамаи усулҳо аз рӯи асли таъсиркуниашон ба ду гурӯҳи калон ҷудо
мешаванд:
1. усули диспергатсионӣ – ё усули ҳосилкунии нанозарраҳо бо роҳи майда
кардани намунаҳои калон (макро-намуна);
2. усули конденсатсионӣ (тарокумӣ) – ё усули «тайёркунӣ»-и нанозарраҳо аз
атомҳои
Усулҳоиалоҳида.
шомили гурӯҳи якум раванди «аз боло ба поён» буда, дар ин
маврид ҷисми додашуда то зарраи хурдтарин, яъне нанозарра майда карда
мешавад. Ин яке аз усулҳои одии ҳосилкунии нанозарраҳо аз макроҷисмҳо
Усулҳои гурӯҳи дуюм, баръакс, «аз поён ба боло» мебошанд, яъне ҳосил
кардани нанозарраҳо бо роҳи якҷоя кардани атомҳои алоҳида. Ин тарзи
ҳосилкунӣ ба ҳодисаи тарокум (конденсатсия) асос карда
шудааст. Ҷисми
калони додашуда аввал ба буғ мубаддал карда мешавад ва баъд буғи
ҳосилшуда то андозаи зарурии нанозарра тарокум карда мешавад. Дар
натиҷа моддаи компактии ҳосилшуда ба ҳолати ултрадисперсӣ мубаддал
Масалан,
мегардад.дар усули тарокумӣ аввал монокристалро гудохта, то ҳарорати
буғшавиаш гарм мекунанд. Сипас буғҳои ҳосилшуда якбора хунук карда
мешавад. Ҳангоми хунуккунӣ нанозарраҳои ҳосилшуда бо ҳам тарокум шуда,
бо тартиби муайян дар наноагрегат ба ҷамъшавӣ сар мекунанд. Агар ин гуна
системаро ба ихтиёри худ гузорем, оҳиста – оҳиста дар агрегат сарҳадҳо
байни нанозарраҳо нобуд шуда, онҳо ба микрокристаллҳо табдил меёбанд. Бо
гузариши вақт аз лаҳзаи дар буғ пайдо шудани як миқдор нанозарраҳо то ба
100 нм расидани андозаи онҳо, ин система дар наноҳолат қарор дорад
Баъд мувозинат пайдо шуда, ҳосилшавии нанозарраҳо қатъ мегардад.
Агар ягон хел шароити сунъӣ барои бартараф кардани ин камбудӣ муҳайё
нагардад, зарраҳои пайдошуда низ метавонанд ба моддаи компактии аввала
Майда кардани
моддаҳо
то нанозарраҳо нафақат тариқи механикӣ ба амал
мубаддал
шаванд
.
оварда мешавад. Масалан, нанозарраҳоро бо роҳи майда кардани риштаҳои
филизӣ таҳти таъсири импулси ҷараёни баландшиддат ва дар атмосфераи
гази гелий ҳосил мекунанд
Майда кардани
риштаҳои филизӣ
таҳти таъсири
импулси ҷараёни
баландшиддат ва дар
атмосфераи гази
ҲОСИЛ КАРДАНИ НАНОЗАРРАҲОИ КАРБОНӢ
(фуллеренҳо ва нанотрубкаҳо)
Имрӯзҳо бошад чандин усулҳои гуногуни ҳосилкунии наноструктураҳои
карбонии андоза ва хосиятҳои гуногундошта омӯхта шудааст. Аммо моҳияти
ин усулҳо як хел аст: нанотрубкаҳо ва фуллерен дар натиҷаи табдилоти
кимиёвии маводи карбондор дар ҳароратҳои баланд ҳосил мешаванд.
Якчанд усулҳои маъмули онҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳем.
А) Бо камонаки барқӣ майда кардани
Ин яке аз усули паҳншудатарин буда, аз тарафи олим Кречмер пешниҳод
графит
шудааст. Ин раванд тариқи зайл ба амал оварда мешавад: дар камера гази
коҳилӣ (инертӣ)
пур карда шудааст ва байни электродҳои графитӣ бо
таъсири зарядҳои электрикӣ атомҳои гази ионизатсияшаванда месӯзад.
Катод ва деворҳои камера бо об ё нитрогени моеъ хунук карда мешавад.
Б) Бо усули лазерӣ майда кардани графит
Дар усули мазкур бо таъсири
лазерҳои бухоркунанда графит
дар сатҳи коллекторҳои хунук
тарокум
карда
мешавад.
Графити нишона (графитовая
мишень)
дар
лӯлаи
дарози
кварсӣ, ки дар дарунаш кӯраи
(печи)
силиндршакли
ҳарораташ 1273 К
карда шудааст.
аст, ҷойгир
Дар лӯлаҳо бо суръати муайян гази буферӣ (ҳелий ё аргон) ворид
мегардад. Графит бо нури лазерии энергияаш 140 мҶ, дарозии импулсаш 8 нс
ва қутраш кариб 1,6 мм нурборон карда мешавад. Маҳсули ин хокакуниро аз
қисми гарми камера гирифта, ба коллекторҳои хунуккунанда таҳшин
мекунанд. Дар таҳшини хосилшуда ба ғайр аз нанозарраи графит инчунин
Бо усули кимиёвӣ
таҳшинкунӣ аз фазаи буғӣ
фуллеренҳо ва В)
нанотрубкаҳо
низ мавҷуданд.
Барои дар саноат ҳосилкунии нанотрубкаҳои карбонӣ аз усули мазкур
истифода мебаранд, ки он ба таҳшинкунии термокимиёвии маводи карбонӣ
дар болои катализатори гарми филизӣ асос карда шудааст. Ин усулро
инчунин усули каталитии вайроншавии карбоҳидрогенҳо меноманд.
Омехтаи газҳои карбоҳидрогениро (асосан асетилен ва метан бо
нитроген) бо ёрии трубкаҳои кварсӣ ба дохили кӯраи ҳарораташ 970-1300 К
ворид мекунанд. Дар дохили лӯла бӯтаи (тигели) кварсӣ, ки бо катализатор,
яъне хокаи филиз пур карда шудааст, ҷойгир карда мешавад. Зимни
таомули кимиёвӣ газҳои карбоҳидрогенӣ бо таъсири атомҳои филиз вайрон
шуда, фуллерен ва нанотрубкаҳои қутраш 10 нм ва дарозиаш то якчанд
микронро ҳосил мекунанд. Параметрҳои ҳандасии (геометрӣ) нанотрубкаҳо
дар ин зина аз шароити гузариши раванд (вақт, ҳарорат, фишор, аз навъи
гази буферӣ ва ғайра), инчунин аз дараҷаи дисперснокӣ ва навъи
катализатор низ вобаста мебошад
Аз ин ҷо чунин бармеояд, ки дар
ҳамаи усулҳои ҳосилкунии фуллерен ва
нанотрубкаҳои карбонӣ маҳсулоти
ниҳоӣ дажғол (шлак) – дуда, қисмҳои
амморфии графит зимни истифодаи
катализаторҳои филизӣ – зарраҳои
филизот
мебошад.
Барои баланд
бардоштани сифати
маҳсулоти ҳосилшуда усулҳои гуногуни
тозакунӣ - ҳам механикӣ (полоиш
(филтр), бо усули ултрасадоӣ коркард
кардан, сентрафуга)
– ҳам кимиёвӣ (шустан бо моддаҳои аз ҷиҳати кимиёвӣ фаъол, гарм кардан ва
ғайра) истифода бурда мешавад.
ХОСИЯТҲОИ АҶОИБИ БАЪЗЕ НАНОЗАРРАҲО
Нуқра фаъолияти хуби зиддивирусӣ ва бактерисидӣ
дорад. Хосияти зиддимикробӣ доштани иони нуқра
ба одамон хеле барвақт маълум аст. Шояд ба Шумо
дар бораи хусусияти шифобахш доштани оби калисо
“оби муқаддас” («святая вода») маълум бошад, ки он
ҳангоми оби одиро аз дохили полои нуқрагӣ
гузаронидани мегиранд,. Ин об дар таркибаш
бактерияҳои касалиовар надорад (чи гунае ки дар
оби одӣ вуҷуд дорад). Барои ҳамин он обро солҳои
зиёд нигоҳ доранд, вайрон ва бадбӯй намешавад.
Ба ғайр аз ин дар ин об ғализати (консентратсия) ионҳои нуқра низ мавҷуд
аст, ки қобилияти безарар кардани бактерия ва микроузвҳои заҳролудро
дорад.
Муайян карда шудааст, ки нанозарраҳои нуқра нисбат ба иони нуқра
Ғайр аз ин фарқияти он аз антибиотикҳо дар он аст, ки танҳо вирусҳои
қариб ҳазор маротиба зиёдтар қобилияти зиддивирусӣ ва зиддимикробӣ
зарароварро нест карда, ба ҳуҷайра ягон зарар намерасонад.
Чунки пардаи микроузвиёти касалиовар аз сафедаҳои махсус таркиб
ёфтаанд, ки ҳангоми бо нанозарраҳо таъсир кардан онҳо бактерияро бо
оксиген таъмин карда наметавонанд. Дар натиҷа нерӯи микроузвиёт кам
шуда, мемирад.
Ҳоло барои ба сифати доруҳои фарматсевтӣ истифода бурдани нанозарраҳои
нуқра
таҳқиқотҳо
гузаронида
истодаанд.
Масалан,
ширкати
«Гелиос»
хамираҳои дандоншӯиеро истеҳсол карданд, ки дар таркибаш нанозарраҳои
нуқра дошта, дандонро аз ҳар гуна инфексияҳои зараровар муҳофизат
мекунад.
Нанозарраҳои нуқраро боз ба сифати маводи зидди шаро (антиаллергия) дар
шампун, крем, моддаҳои косметикӣ васеъ истифода бурда мешавад. Инчунин
онҳо дорои хосияти баланди электргузаронӣ буда, дар микроэлектроника
Серпентин
Нанотрубкаҳои серпентин дар саноат васеъ истифода бурда мешавад. Маводе
дар асоси нанотрубкаҳои серпентин истеҳсол шуданд, ки таркиби таъмиру
барқароркунӣ (ТТБ) ном доранд. Ин гуна моддаҳои (ТТБ) нанотехнологӣ қобилияти
барқарор кардани филизоти фарсудашударо (муҳаррики мошинҳо, ҷойҳои тарқиши
дастгоҳҳо ва механизмҳои гуногун ва ғайра) доранд. Агар онро ба картери
автомобилҳо резанд, мӯҳлати фарсудашавии муҳаррикро дароз мекунад.
Дар ҳолатҳои муқаррарӣ қисмҳои механикии муҳаррик оҳиста – оҳиста аз сабаби
соиш хӯрдан вайрон мешаванд. Аммо агар ба равғани он камтар ТТБ илова кунанд,
чунин раванд мегузарад: ҳангоми кор кардани қисмҳои механикии он бинобар
сабаби соиш хӯрдан гарм мешавад. Ин гармӣ хамчун катализатор барои пайваст
шудани нанозарраҳо ба ҷойҳои фарсудашудаи қисмҳои механикӣ хизмат мекунад.
Дар натиҷа ҷойҳои фарсудашудаи он бо қабатҳои муҳофизаткунандаи нанозарраҳо
Формулаи умумии серпентин Х2·3Si2O5(OH)4 (дар ин чо Х = Mg2+, Fe2+, Fe3+, Ni, Al,
Zn, Mn)
Нанозарраҳои силитсий
Нанозаррҳои силитсий хосияти хеле аҷоиб
доранд: агар онро ба болои ягон мавод рӯйкаш
кунанд, ин нанозарраҳо бо молекулаҳои моддаи
рӯйпӯшшаванда пайваст шуда, онро аз таъсири
ифлосӣ ва об нигоҳ медорад. Наномаводи
худтозакунанда, ки дар асоси нанозарраҳои
силитсий
сохта
шудаанд,
ҳамчун
муҳофизаткунанда ба болои шиша, плиткаҳо,
тахта ва ғайра рӯйкаш карда мешаванд. Об
бошад, бо осонӣ ҷорӣ шуда, ҳама ифлосиҳоро
тоза мекунад.
Алмазоид – нанозарраҳои оянда
Хосияти аҷоиби алмос аз давраи
пайдоишаш диққати олимонро ба худ
ҷалб мекард. Аввал ин, ки атомҳои
карбон байни ҳамдигар бо чор робитаи
устувори ковалентӣ дар панҷараи
кристалӣ пайваст шудаанд, ки ба алмос
усутвории зиёд мебахшад.
Он қобилияти дар фишори 1050 ГПа ва
ҳарорати 2073 К устувор буданро дорад. Дуюм,
ин кристали хеле қиммат аз атомҳои карбон
таркиб ёфтааст ва атоми карбон аз ҳама
элементи паҳншудатарин дар Замин буда,
қисми асосии таркиби нафт, газҳои табиӣ,
ангишт, графит, мағзи чӯб (древисина) ва
ғайраҳоро дарбар мегирад. Дар сайёраи Замин
миқдори карбон ба 6∙1018 тонна баробар аст.
Рушди нанотехнология барои ҳосил кардани нанозарраҳои алмос шароит
фароҳам овард. Нанозаррҳои алмосро алмазоид низ мегӯянд, ки аз кристалҳои
макроскопии алмос иборат аст ва дар он сохти тетраэдрии алмос бо ҳамдигар
пайваст шудаанд.
Чунин хиштчаҳои элементарии молекуларо адамантан (С10Н16) ном ниҳодаанд;
диамантан - С14Н20, триамантан - С18Н24.
Аввал ин пайвастаро фарзиявӣ гумон мекарданд, яъне аз моддаҳои гирду атроф
бо усули термокимиёвӣ ҳосилкунии он номумкин аст. Аммо соли 1957 онро дар
табиат ёфтанд – алмазоидро ҳатто аз таркиби нафт ҷудо карданд. Алмазоидҳо
метавонанд сохти фазоии гуногун дошта бошанд, вале ба ҳамаи онҳо ҳамин
хусусияти алмоси табиӣ хос аст: модули Юнг > 1050 ГПа, ҳарорати гудозиш - 2073
К, зиччӣ – 3500 кг/м3. Барои ҳамин маводе, ки аз алмазоид сохта шудаанд, хеле
Татбиқи ояндаи алмазоидҳо
Хосиятҳои алмазоид ба хосиятҳои алмос хеле наздик буда, дар ҳаёти
ҷамъиятии инсон хеле зарур аст. Пеш аз ҳама онро дар микро– ва
наноэлектроника, тиб, мошинсозӣ, коркарди филизот, авиатсия ва ғайраҳо ба
таври васеъ истифода мебаранд.
Наворҳои наноалмаз ва алмазоид барои
сохтани қисмҳои зарурии электроника, MEMS
ва NEMS, транзисторҳо истифода мешавад.
Наноалмазҳоро барои пардоз (сайқал) додани
маводи электронӣ ва оптикӣ, мошинсозӣ,
заргарӣ васеъ истифода мебаранд. Дар навбати
худ наноалмазҳо сифати маҳсулотҳои
моддаҳои полимерӣ - резина ва каучукҳоро
баланд
Масалан,мекунад.
агар наноалмазҳоро ба полимер ҳамроҳ
кунанд, устувории онро зиёд мекунад.
Инчунин наноалмазро ба таркиби равғанҳои молиданӣ ва моеъҳои
хунуккунанда
мекунад.
илова мекунанд, ки он кори матор ва муҳаррикро осон
Мушкилоти экологии нанотехнология
Тамаддуни инсонӣ шоҳиди бурду бохтҳои зиёд мебошад. Дар ҳар давраи
муайяни таърихӣ ба инсоният муяссар гардидааст, ки соҳиби кашфиётҳои
мухталиф гардад. Ин дастовардҳо дар давраи муайяни таърихӣ барои
пешрафти илму техника ва иқтисодиёт мусоидат намудааст. Гузашта аз ин
вақте рушди илму техника ба як зина боло мерафт он давраро даврони
инқилоби илмию техникӣ меномиданд. Вале як чиз мусаллам аст, ки бо
мурури вақт аён мегардид, ки ин инқилобҳои илмӣ дар назди қонунҳои табиӣ
ҳеҷанд. Агар ба инсон кашфиёти муайяне насиб мегардид ҳангоми татбиқи
амалии ин дастовард мушкилоти зиёдро барои муҳити атроф эҷод менамуд.
Масалан, дар даврони охирин инқилоби илмию техникӣ, яъне солҳои 70 – уми
асри гузашта ба инсоният истифодаи бемайлони захираҳои табиӣ, тавлифи
полимерҳо, бунёди иншоотҳои азим муяссар гардида бошад, пас баъди чанде
маълум гардид, ки мушкилоти эҷодкардаи инсон барои наслҳои минбаъдааш
Яке аз мушкилоти замони муосир ин масоили экологӣ мебошад, ки он
дар натиҷаи фаъолияти нодурусти инсоният ба амал омадааст. Партовҳои
корхонаҳои саноатӣ имрӯзҳо ҳамаро ба ташвиш овардааст. Полимерҳои аз
ҷониби инсон истеҳсолшуда аз як тараф мушкилоти зиёди ниёзмандии
одамонро ҳал карда бошад, аз ҷониби дигар партовҳои полимерӣ ҳам муҳити
обӣ ва ҳам хушкию ҳавои атмосфераро ба дараҷае заҳролуд кардааст, ки
имрӯз ҳалли ин мушкилот боиси нигаронии ҳамагон мебошад.
Шурӯъ аз охирҳои солҳои 90– уми асри гузашта ва дар замони муосир яке
аз дастовардҳои муҳими инсонӣ ин самти нисбатан нави илмию техникӣ –
нанотехнология маҳсуб мегардад. Имрӯзҳо доир ба бартарӣ ва норасоиҳои ин
самти ниҳоят муҳими технологияи муосир дар байни муҳаққиқон фикру
ақидаҳои гуногун ва дар баъзе ҳолатҳо мухолифи якдигар ҷой дорад. Бояд
ҳамин нуктаро зикр намоям, ки ҳар дастоварди ҷадид дар илму техника
ҷонибдор ва мухолифони худро дорад, вале баҳс дар сари он аст, ки боз
Чи хеле натиҷаи комёбиҳои инқилоби илмию техникии асри гузаштаро зикр
кардем.
Ба назари банда, ҳамаи кашфиётҳое ки дар амал татбиқ мешавад бояд барои
сайёра ва бошандагони он мушкилӣ эҷод насозад. Имрӯзҳо аллакай дар байни
олимон доир ба соҳаҳои нави технология, ба монанди: пикотехнология,
фемтотехнология, аттотехнология ва ҳатто квантотехнология фикру ақидаҳо
пешниҳод мегардад. Агар мо ба табиат рӯ оварем, пас мебинем, ки ҳамаи
раванҳои асосӣ дар пояи квантотехнология сурат мегирад, яъне тамоми
раванди ҳосилшавии биомасса бо иштироки диоксиди карбон (СО2), об (Н2О)
ва нури рӯшноӣ (кванти нури рӯшноӣ) мегузарад. Маълум аст, ки ҳамаи
полимерҳои табиӣ, чи полимерҳои олами наботот ва чи полимерҳои олами
ҳайвонот пас аз давраи муайян бе мушкилиҳои экологӣ ё ба дигар мавод
Шояд яке аз сабабҳои асосӣ ҳамин бошад, ки тавлифи полимерҳои табиӣ бо усули
табдил меёбанд ва ё аз ҷониби микроузвиёт азхуд карда мешаванд, яъне ба
квантотехнологӣ
сурат тавлифӣ
мегиранд?(синтезӣ)
Ҳатто агар
дар амал
татбиқ
кардани равандҳои
монанди полимерҳои
мушкилот
эҷод
намекунанд.
квантотехнологӣ ба инсон муяссар гардад, чунин меҳисобам, ки дар ин ҷода низ боз
мушкилиҳои нав пайдо хоҳанд шуд. Раванди квантотехнологӣ низ раванди пурасрор
ва мӯъҷизаосор мебошад.
Доир ба мушкилоти экологии равандҳои нанотехнологӣ дар
асоси пажӯҳишот олимон таъсири нанозарраҳоро ба саломатии
олами зинда, иқлим ва умуман муҳити атроф баён доштаанд.
Имрӯз дар илм мафҳуми наноэкология мавриди истифода қарор
дорад, ки маҳз ин дар бораи таҳдидҳои нанозарраҳо ибрози ақида
мекунад. Олами нанозарраҳо низ олами сеҳрангез буда, дар ин
зарраҳо бо роҳи нафас ба узвиёт ворид гардида, метавонанд
таъсири вайронкунӣ дошта бошанд.
Умуман, вазифаи муқаддаси ҳар муҳаққиқ аз он иборат аст, ки
дастовардҳои он барои инсон манфиатовар буда, ба муҳити атроф
Скачать