Uploaded by cafarova-o

Моя столица

advertisement
РУЗИ ПОЙТАХТ
Аҷаб шаҳри дилороӣ Душанбе,
Хаёлам зеби дунёӣ Душанбе
Ҳар шанбеи севуми моҳи апрел дар Душанбе Рӯзи пойтахтро
таҷлил мекунанд. Таърихи Душанбе ҳамчун пойтахти Тоҷикистон
тӯлонӣ нест ва ба соли 1924 – соли таъсиси ин ҷумҳурӣ мекашад.
Аммо дар ин зери 90 сол Душанбе то куҷо тавонист ба як пойтахти
комил ва ба истилоҳ ба “Каъбаи дилҳо” ва шаҳри умеди ормонҳои
мардуми тоҷик табдил биёбад? Оё наслҳое, ки дар ин шаҳр ба воя
мерасанд,
худро
дар
воқеъ
душанбегӣ
мешуморанд?
Душанбе, ки Лоиқ Шералӣ “шаҳри ободон”-у “шаҳри озодон”
тавсифаш мекард ва Бозори Собир “Дохундаобод”-аш меномад, дар
88 соли пеш бо ҳамагӣ як кӯчаи кӯтоҳи хокӣ, ки ҳоло хиёбони
Рӯдакист,
рисолати
пойтахти
комилан
нави
тоҷикони
Мовароуннаҳрро ба дӯш гирифт ва инак шаҳре шудааст бо зери 1
миллион
аҳолӣ.
Аммо чаро Душанбе? Чаро Қаротоғ не, ки дар солҳои 20 хеле
бузургтар аз Душанбе буд? Ё Ҳисор, ки дар аҳди аморат маркази
бекигарӣ буд? Академик Муҳаммадҷони Шакурӣ, ки 70 соли умраш
дар Душанбе гузаштааст, мегӯяд: “Ҳама медонист, бояд шаҳри наве
бояд сохт. Бухоро аз даст рафт, Самарқанд аз даст рафт, Хуҷанд ҳам то
соли 1929 аз Тоҷикистон набуд. Тоҷикистон ягона ҷумҳурии Шӯравӣ
буд, ки шаҳр надошт. Бархе мегуфт, Қаротоғ пойтахт шавад, баъзеҳо,
ки Душанбе. Дар охир, шароити ҷуғрофӣ ва табиии Душанбе беҳтар
ба назар намуд ва Душанберо интихоб карданд барои пойтахт.”
Душанбе шахри калонтарини чумхурй, маркази илму фарханг
пойтахти Точикистон мебошад. Ин шахри зебову дилоро таърихи
худро дорад. баъди Инкилоб, яъне соли 1924 дар Осиёи Миёна
таксимоти миллии марзй сурат гирифт. Халкхои минтака ба
давлатхои хурди миллй таксим гаштанд. Аз чумла, точикон низ
пойтахти давлати худро аз Бухоро ба Душанбе оварда, онро маркази
Точикистон эълон доштанд.
Халки точик аз ин бохти таърихй рухафтода нашуда, бахри
эъмори Душанбеи азизаш камари химмат баст. Охиста- охиста дехаи
хурди Душанбе симои худро дигар карда, тадричан ба шахри бузург
мубаддал гашт. Баъди чумхурии иттифокй ном гирифтани он
эьтибори Душанбе афзуда, соли 1929 номи Сталинободро гирифт.
Соли 1961 аз нав номи кадимааш баркаpop карда шуд.
Душанбе шаҳри зебо ва калонтарини тоҷикон буда, имрӯз
пойтахти Тоҷикистони азизамон мебошад. Ҳамаи мо медонем, ки
Душанбе пеш аз Инқилоби Октябр як деҳаи хурдакаки камаҳолӣ буд.
Бо вуҷуди хурд буданаш дар Бухорои Шарқӣ бо бозорхои калони
хариду фурӯши мол маълуму машҳур буд. Одамон аз гирду атроф ва
кӯҳистонҳои
дурдаст
ба
ин
ҷо
омада
молу
маҳсулоташонро
мефурӯхтанду маводи рӯзғорро харида бармегаштанд.
Аз сарчашмаҳои таърих маълум аст, ки дар охири асри 19 ва
аввали асри 20 дар Душанбе қалъаи мир, қозихона, дорухона,
шифохона ва чойхонаҳо амал мекарданд. Мардум ба соҳаҳои
кишоварзӣ, ҳунармандӣ, пахтакорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ, оҳангарӣ,
кулолгарӣ, чармгарӣ ва ғайра машғул буданд.
Аз соли 1924 Душанбе ҳамчун пойтахти Тоҷикистон шинохта
шуд. Душанбе рӯз ба рӯз тараққӣ карда ба маркази нави иқтисодию
сиёсӣ ва фарҳангии тоҷикон мубадал гашт. Барои пешрафт ва
тараққиёти пойтахт бунёди роҳҳои мошингард, роҳи оҳан, фурудгоҳу
роҳҳои ҳавоӣ лозим буд. Мардуми заҳматкаши Душанбе, ноҳияҳои
гирду атроф ва халқҳои бародар дар як муддати кӯтоҳ ин шаҳро обод
карданд, ки биноҳои боҳашамати замонавӣ, бунёди корхонаҳои
саноатӣ, марказҳои бузурги фарҳангӣ то ҳол зеби пойтахт мебошанд.
Роҳи тӯлонӣ то тафаккури шаҳрӣ
Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ:
То оғози ҷанги соли 1992 Душанбе як пойтахти “типикӣ” буд бо
аксари аҳолии русзабон дар маркази шаҳр ва мардуми бумие, ки
асосан дар канораҳои ноободи шаҳр зиндагӣ мекард. Вале аз ин мулк
қариб саросар кӯч бастани русзабонҳо дар солҳои 90 ин таносубро
комилан дигар кард ва фавҷи азими мардуми бумӣ аз рустоҳо ба
пойтахт
рехт.
Бархе мегӯянд, табдили мардуми аврупоӣ ба аҳли русто
Душанберо
“қишлоқи
калон”-е
кардааст,
ки
ҳанӯз Отахони
Латифӣ мегуфт. Аммо ба назари бисёриҳо, пойтахти Тоҷикистон
маҳз баъд аз ҳамин марҳала симои барҷастатари миллӣ гирифт ва
“тоҷикитар” шуд. Бо ҳама урфу одатҳое, ки сокинони наваш аз русто
овард ва бо он ҳама шӯру ғавғои селаи кӯдакон, ки муҳити қаблан
орому сокити Душанберо иваз кард. Ҳатто бо ҳамон ғарамҳои партову
кӯчаҳои пур аз пӯчоқи офтобпараст ё кӯрпаҳои тоҷикие, ки барои
шамол додан дар балконҳои биноҳои бисёрқабата меовезанд.
Маҳмуди Кабирӣ, равоншинос ва раҳбари маркази “Маъонӣ”
мегӯяд: “Замоне ки мардуми русзабон рафт ва мардуми деҳот омад, як
муддат фарҳанги деҳот фарҳанги ин шаҳр шуд. Ҳоло зинаи аввал тай
шуд ва мардум дар 10-12 сол одоби шаҳрдориро ёд гирифтанд ҳам аз
кинову ҳам аз ҳамсояҳо ва ҳам аз тарбия. Вале агар ин чиз дар шакл ва
рафтор эҳсос шавад, ҳанӯз дар тафаккур ҷо нашудааст. Барои ин бояд
сериалҳои вижа таҳия кунанд, лекин на дар он формати панду
насиҳати пешина, ки дар мардуми мо мӯд буд, дигар наметавонад
ҷавобгӯи талаботи имрӯз бошад.”
Душанбе дар давоми 90-соли мавҷудияти Ҳукумати Шӯравӣ аз
як деҳаи хурди назарногир ба як шаҳри азиму зебои саноатӣ табдил
ёфт. Заводу фабрикаҳо, комбинату, иншоотҳои гуногун қомат
афрохтанд.
Марказҳои бузурги илмию фарҳанг, Иттифоқи нависандагони
Тоҷикистон, Академияи илмҳои Тоҷикистон, театри опера ва балети
ба номи устод Айнӣ, театри академии драмавии ба номи Абулқосим
Лоҳутӣ, мактабҳои нави замонавӣ бунёд гардиданд. Донишгоҳу
донишкадаҳои
олӣ
бунёд
шуданд,
ки
ҳазорон
мутахассисони
баландихтисосро тайёр намуда ба хизмати халқ равона намуданд. Дар
натиҷа Душанбе яке аз мар¬казҳои бузурги илмию фарҳангии
Тоҷикистон гардид.
Халки точик дар тули таърихи чандхазорсолаи худ шахру
пойтахтхое бунёд кардааст, ки мавриди таваччухи оламиён будаанд.
Суннатхои шахрдорй ва санъати меъмории онхо, ки хусусиятхои
миллй ва умумибашарй доранд, то замони мо бокй мондааст.
Душанбе бархак меросдори онхост. Имруз, ки Точикистон
хамчун давлати мустакилу демократй аз чониби чомеаи чахонй
шинохта шудааст, масъулияти шахрдорй низ ба тадрич меафзояд,
зеро
акнун
Душанбе
пойтахти
давлати
мустакилу
комилхукук мебошад. Хамаи моро зарур аст, ки бо кадри сарвати
пойтахт ва моликияти давлатй - об, фазо, барк, богу дарахтзор,
гулбогу чаманхо, рох, наклиёт, мучассамахои бузургон, оромгох,
зиёратгоххо
расида,
дар
ин
шахри
дилоро
чароги сидку сафоро фурузон нигох, дорем.
Нагардам сер аз руйи Душанбе,
Нигохам меравад суйи Душанбе.
Ба максад мерасад оне ки нушид,
Гулоби синаи чуйи Душанбе.
Душанберо барҳақ шаҳри ҷавонӣ меноманд, зеро ин шаҳр маҳз
бо дасти ҷавонони боору номуси халқи тоҷик бунёд гардидааст.
Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ шаҳри азизи мо Душанбе аз ҳама
бештар зарар дида бошад ҳам дар як муддати кӯтоҳ бо азму талош ва
заҳматхои сокинони он барқарор гардид. Биноҳои баландошёнаи
замони нав қомат рост карданд, ки симои шаҳрро боз ҳам зебову
дилоротар гардониданд.
Сад шукри истиқлол, ки Тоҷикистонро дигар давлатҳо ҳамчун
давлати соҳибистиқлолу хуқуқ-бунёду демократӣ шинохтанд ва бо он
робитаҳои дипломатӣ барқарор намуданд. Дар шаҳри Душанбе
сафоратхонаҳо, марказҳои илмию фархангӣ ва мақомотҳои давлатию
ғайридавлатии мамлакатҳои хориҷӣ фаъолият доранд.
Ҳамаи мо шоҳиди он гаштем, ки шаҳрдорӣ ва ҳамаи сокинони
шаҳри Душанбе ҷашни таърихӣ, 80-солагии шаҳри Душанберо чи
тавр
чашн
гирифтанд.
Ба
ин
муносибат
якчанд
иншоотҳои
баландошёна, гулгашту хиёбонҳои тозаю зебо бунёд гаштанд. Мо боз
аз он ифтихор мекунем, ки Душанбе ҳамчун шаҳри сулҳ эълон
гардидааст.
Вақте, ки мо ҳамарӯза дар кӯчаҳои он қадам мегузорем,
гулгашту хиёбонхои шукуфони он ба дили мо шодию фараҳ
мебахшад. Мардуми шаҳр пайваста барои ободии шаҳр ва тозагии он
кӯшиш мекунанд. Ҳар сол барои боз ҳам зеботару дилчасптар
намудани кӯчаю хиёбонҳои шаҳр, дар фасли баҳорон ниҳолу
дарахтони ороишӣ, гулҳои рангоранг мешинонанд.
Шукронаи ваҳдат ва тинҷию оромӣ, ки Душанбе рӯз то рӯз
симои худро дигар мекунад. Бииноҳои зебои замонависохт имрӯзҳо ба
ҳусни зебои шаҳр ҳусни тозае зам мекунад.
Имрӯз пойтахти давлати тоҷикон шаҳри Душанбе яке аз
марказҳои
муттаҳидсозандаи
тоҷикону
форсизабонони
гардидааст.
Душанбе хонаи осоиши дил,
Маро дурӣ зи ту корест мушкил.
ҷаҳон
Чу пайвандаст чонамро маконат,
Ки пайванданд бо ҳам обу ҳам гил.
Душанбе маркази Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри пайвандгари
дилҳо, макони меҳру шавқат, маскани тоҷикони бузург аст. Душанбе
кишварест, ки барои аз хурд то бузурги ин сарзамин Ватан аст. Ватане,
ки дар канори бузургаш ба дунё омадаему бузург гаштаем. Ватане, ки
мисли модари ғамхор дӯсташ медорем. Меҳане, ки сар то сар гулгулшукуфону ободу зебову бофароғат аст.
Душанбе маркази дунёи тоҷик бӯстони ту,
Ҷаҳони хуррамиву шабчароғи тоҷикони ту.
Ту маъвои диливу маъхази кони равонӣ ту,
Душанбе мулки шоирзодаиву достонӣ ту.
Душанбе бузургшаҳрест, ки тоҷиконро чун миллати бузургу
номдор, маркази умеду армон аст. Даме, ки дар кӯчаҳои ин шаҳри
бузург қадам мезанем, беихтиёр аз зебогии муҳити атрофаш ҳаловат
мебарем. Даме, ки мардуми меҳмоннавозу бофарҳанги дорои
маданияти баланди шаҳрвандонашро вомехӯрем, беихтиёр нидо
мекунем:
Назар кардам зи рӯи меҳру шавқат рӯи оламро,
Душанбе ҳастиву ҷону тавони ту.
Ҳама дороият рӯҳи равон бахшад бузургонат,
Макони сад бузургу паҳлавони ту.
Душанбе макони мардони хирад, занони ба ору номус ва
тифлакони дилшоду бахтиёр аст. Мавзеест, ки саросар дилфиребу
дилоро ва бешубҳа мафтункунанда. Душанбе шаҳрест зебову дилоро
ва макони мардумони меҳмоннавоз, олиҳиммат ва сарбаланду
номдор:
Эй дӯст, биё баҳри томошои Душанбе,
Бешубха, ту ҳам мешавӣ шайдои Душанбе.
Имрӯз ҳамчун бошандаи кӯчаки ин сарзамини бузург моро
лозим меояд, ки бо тамоми бузургиҳояш онро васфу ситоиш намоем,
зеро он бузургмеҳанест, ки дилу дидаҳоро қарину барҷост. Душанбе
маконест, ки саросар гулрезу гулбасару машҳуру дилорост. Биноҳои
серошёна, қасру толорҳои барҳаво, театру донишкадаҳои бузург,
биноҳои маъмуриву фарҳангӣ, илова бар ҳамаи ин маркази сиёсию
фарҳангӣ ва иқтисодӣ буданаш Душанберо даҳчанд зебову овозадор
мегардонад.
Душанбе фахри даврони ҳар як бошандаи ба ору номуси ин
сарзамини дилорост. Даме, ки дар эҷодиёти ин ё он адиби бузург
васфи ин боғшаҳри дилкушоро мутолиа менамоем, метавон гуфт, ки
Душанбе даҳчанди ин ситоишҳову фузунтар аз ҳамаи арзишҳост,
зеботар аз ҳамаи зебогиҳои олам аст, ки ақли бинандаро мафтун
мегардонад.
Хуршед мекашад сар аз шонаи Душанбе,
Нуру зиё бирезад бар хонаи Душанбе.
Шеҳрест пурфасона ин боғшаҳри зебо,
Дилро барад ҳамеша афсонаи Душанбе.
Душанбе
дар
қалби
тоҷикону
тоҷикистониён
монанди
нигинест, ки дар ҳар нигоҳ шӯълапошӣ мекунад. Пиру барнои ин
сарзамини ҳамешабаҳор мисоли парвона гирди шабчароғи ягонаи ин
шаҳри дилоро дар гардишанд. Дарҳои меҳмонхонаҳои бузурги
Душанбешаҳр ҳамчун кошонаи умеду армон ҳамеша ба сӯи меҳмонон
боз буда, фарзандони неку фарзонаи он бо фарри ориёӣ бо ҳусну
шавқати каёнӣ онро ҳусни шоҳона мебахшанд.
Ин шаҳр шаҳри бахт аст, ин шаҳри тоҷу тахт аст,
З-ин рӯ ҳамеша гӯем, шукронаи Душанбе.
Оре, шукронаи Душанбе, ки мо бошандаи ин макони
гулбасарем. Шукронаи мардуми фарҳангии он, ки ифтихори миллати
бузурги тоҷиканд. Фарзандони ҷаҳонгарди ин боғшаҳри дилкушо
ҳамеша аз дуриҳои дур васфи кишвари маҳбуб карда, озодагии обу
ҳаво, гулу гиёҳҳои онро дар дил мепарваранд:
Дар дил ҳаваси оби Душанбе бошад.
Дил моили Варзоби Душанбе бошад.
Оинаи хушнамои шабҳои висол,
Оинаи маҳтоби Душанбе бошад.
Боиси ифтихор ба тамоми ситоишҳо ин боғшаҳри дилкушо ва
макони санъатҳои волову мардону занони ҳимматбаланд мо тоҷикони
асилро ватан гардида, аз дилу ҷон бо тамоми ҳастиву зӯру тавон
мебояд ҳар як гулу гиёҳ ва сангу обу хоки онро парастиш кард.
Хулоса, Душанбе ҳамчун маркази бузурги Тоҷикистони азизу
соҳибистиқлол, ҳар рӯзу ҳар соат дар айни шукуфтанҳост ва рӯз то рӯз
онро ободу зебо, бофароғату дилнишин дидан метавон. Кист он
бузургдиле, ки аз обу ҳавою дилнишиниҳои ин макони азалӣ бебаҳра
монд? Кист он родмарде, ки қудрати бузурги ин сарзаминро бо
мардумони ба ору номусаш дастгир набуд? Нест нафаре, нест тоҷике,
ки бузургии ин макони шаҳдрезро эҳсос накарда бошад.
Нест лаҳзае, ки бӯи атромези Душанбеи дилнишин қалби
саршор аз меҳру муҳаббат ва машоми муаттари димоғи мардумашро
шефта нагардонда.
Туӣ номусу нангу номи миллат,
Нишоне аз ниёгонӣ – Душанбе.
Касе, ки бо ту созад, дар намонад?
Дилат ёбад ба осонӣ Душанбе!
1+
Download